UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Al-Jumua - Tajik Translation by Khoja Mirov


يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ ٱلۡمَلِكِ ٱلۡقُدُّوسِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ

Аллоҳро тасбеҳ мегӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, Аллоҳ, ки фармонраво, подшоҳи олам пок аз ҳама айб, пирӯзманд ва дар тадбир ва санъаташ бо ҳикмат аст
Surah Al-Jumua, Verse 1


هُوَ ٱلَّذِي بَعَثَ فِي ٱلۡأُمِّيِّـۧنَ رَسُولٗا مِّنۡهُمۡ يَتۡلُواْ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِهِۦ وَيُزَكِّيهِمۡ وَيُعَلِّمُهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَإِن كَانُواْ مِن قَبۡلُ لَفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ

Ӯст Аллоҳ, ки дар миёни арабҳои бесавод, ки хонда наметавонистанд, на китоб ва на рисолате доштанд, паёмбаре аз худашон фиристод, то оёташро бар онҳо бихонад ва онҳоро аз ақидаҳои ботил ва ахлоқи бад покиза созад ва ба онон китоб (Қуръон) ва ҳикмат (Суннат) биёмӯзонад. Ва агарчи пеш аз ин биъсати Расули акрам онҳо дар гумроҳии ошкор буданд
Surah Al-Jumua, Verse 2


وَءَاخَرِينَ مِنۡهُمۡ لَمَّا يَلۡحَقُواْ بِهِمۡۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

Ва низ ин паёмбар фиристода шудааст бар гурӯҳи дигаре аз онҳо, (аз фарзандони Одам), ки ҳанӯз бо онҳо напайвастаанд ва ба зудӣ дар оянда ба дунё хоҳанд омад. Ва Ӯст пирӯзманд бар ҳама чиз ва ҳаким дар гуфтор ва корҳояш
Surah Al-Jumua, Verse 3


ذَٰلِكَ فَضۡلُ ٱللَّهِ يُؤۡتِيهِ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ ذُو ٱلۡفَضۡلِ ٱلۡعَظِيمِ

Ин биъсати Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар мардуми араб ва ғайри араб фазлу неъмати Илоҳӣ аст, ки ба ҳар кӣ хоҳад, медиҳад ва Аллоҳро бахшоиши бузурге аст
Surah Al-Jumua, Verse 4


مَثَلُ ٱلَّذِينَ حُمِّلُواْ ٱلتَّوۡرَىٰةَ ثُمَّ لَمۡ يَحۡمِلُوهَا كَمَثَلِ ٱلۡحِمَارِ يَحۡمِلُ أَسۡفَارَۢاۚ بِئۡسَ مَثَلُ ٱلۡقَوۡمِ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Мисоли касоне, ки иТаврот ба онҳо (яҳудиҳо) бор шуд, сипас онро барнадоштанд, (яъне ба он амал накарданд), мисли он хар аст, ки китобҳоеро бар пушт бор мекунад ва намедонад дар он чист. Чи бад мисолест, мисоли мардуме, ки оёти Аллоҳро дурӯғ шумурданд ва аз он манфиъат набурданд. Ва Аллоҳ ситамкоронеро, ки аз ҳудуди муқаррар кардаи Аллоҳ берун мераванд, ҳидоят намекунад
Surah Al-Jumua, Verse 5


قُلۡ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ هَادُوٓاْ إِن زَعَمۡتُمۡ أَنَّكُمۡ أَوۡلِيَآءُ لِلَّهِ مِن دُونِ ٱلنَّاسِ فَتَمَنَّوُاْ ٱلۡمَوۡتَ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

Бигӯ эй Расул ба яҳудиҳое, ки даъвои бузургӣ мекунанд: «Эй касоне, ки яҳудӣ шудаед, агар гумон доред, ки ҳароина, танҳо шумо дӯстони Аллоҳ ҳастед, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед, агар ростгӯй ҳастед!»
Surah Al-Jumua, Verse 6


وَلَا يَتَمَنَّوۡنَهُۥٓ أَبَدَۢا بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيهِمۡۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِٱلظَّـٰلِمِينَ

Ва он яҳудиҳо ба сабаби аъмоли баде, ки пеш аз ин кардаанд, барои ҳаёти дунёро бар охират муқаддам донисташон ва тарсашон аз азоби Аллоҳ ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард ва Аллоҳ аз ҳоли ситамкорон доност ва аз ситамкории онҳо чизе бар Ӯ пӯшида намемонад
Surah Al-Jumua, Verse 7


قُلۡ إِنَّ ٱلۡمَوۡتَ ٱلَّذِي تَفِرُّونَ مِنۡهُ فَإِنَّهُۥ مُلَٰقِيكُمۡۖ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَٰلِمِ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

Бигӯ: «Ҳароина, он марге, ки аз он мегурезед, ҳоло он ки ҷои гурез нест шуморо, ҳатман, дархоҳад ёфт ва сипас рӯзи қиёмат ба сӯи Аллоҳи донандаи ниҳону ошкоро баргардонида хоҳед шуд, пас шуморо ба он чӣ мекардед хабар медиҳад
Surah Al-Jumua, Verse 8


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوۡمِ ٱلۡجُمُعَةِ فَٱسۡعَوۡاْ إِلَىٰ ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَذَرُواْ ٱلۡبَيۡعَۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ

Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, чун азони намози рӯзи ҷумъа гуфта шавад, ба сӯи зикри Аллоҳ ба гӯш кардани хутба ва адои намоз бишитобед ва хариду фурӯшро ва тамоми корҳое, ки шуморо аз он машғул месозад, тарк кунед. Агар бидонед, ин дастуроти фармудашуда бароятон беҳтар аст
Surah Al-Jumua, Verse 9


فَإِذَا قُضِيَتِ ٱلصَّلَوٰةُ فَٱنتَشِرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَٱبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِ ٱللَّهِ وَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرٗا لَّعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ

Пас чун хутбаро шунидед ва намоз ба охир расид, аз пайи ризқу рӯзӣ дар замин пароканда шавед ва аз ризқи Аллоҳ талаб кунед ва Аллоҳро бо дилу забон ва дар ҳама ҳол бисёр ёд кунед, бошад, ки дар дунёву охират растагор шавед
Surah Al-Jumua, Verse 10


وَإِذَا رَأَوۡاْ تِجَٰرَةً أَوۡ لَهۡوًا ٱنفَضُّوٓاْ إِلَيۡهَا وَتَرَكُوكَ قَآئِمٗاۚ قُلۡ مَا عِندَ ٱللَّهِ خَيۡرٞ مِّنَ ٱللَّهۡوِ وَمِنَ ٱلتِّجَٰرَةِۚ وَٱللَّهُ خَيۡرُ ٱلرَّـٰزِقِينَ

Ва чун тиҷорате ё бозие бинанд, баъзе аз мусалмонон пароканда мешаванд ва ба ҷониби он мераванд ва туро эй Паёмбар бар минбар истода раҳо кунанд? Бигӯ: «Он чӣ дар назди Аллоҳ аз подоши бузург аст аз бозиву тиҷорат беҳтар аст». Ва Аллоҳ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст, пас аз Ӯ талаби ризқу рӯзӣ кунед ва бо тоъати Ӯ мадад ҷӯед аз хайри дунёву охират
Surah Al-Jumua, Verse 11


Author: Khoja Mirov


<< Surah 61
>> Surah 63

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai