UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah As-Saff - Tajik Translation by Khoja Mirov


سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

Аллоҳро аз он чӣ лоиқ ва сазовори Ӯ нест ба покӣ ёд кардаанд ҳар чӣ дар осмонҳову дар замин аст. Ва Ӯст пирӯзманд ҳеҷ кас бар Ӯ ғолиб наояд ва дар суханҳову корҳояш бо ҳикмат аст Ӯ
Surah As-Saff, Verse 1


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفۡعَلُونَ

Эй касоне, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаед, чаро ваъдае медиҳед, ё сухане мегӯед, ки иҷро намекунед
Surah As-Saff, Verse 2


كَبُرَ مَقۡتًا عِندَ ٱللَّهِ أَن تَقُولُواْ مَا لَا تَفۡعَلُونَ

Аллоҳ таъоло сахт ба хашм меояд, ки чизеро бигӯеду ба ҷой наёваред
Surah As-Saff, Verse 3


إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلَّذِينَ يُقَٰتِلُونَ فِي سَبِيلِهِۦ صَفّٗا كَأَنَّهُم بُنۡيَٰنٞ مَّرۡصُوصٞ

Ҳароина, Аллоҳ касонеро, ки дар роҳи Ӯ, саф кашида меҷанганд дӯст дорад чунон саф мекашанд, ки гӯё ки онҳо монанди деворе, ки хиштҳояшонро бо ҳам пайванд дода бошанд
Surah As-Saff, Verse 4


وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ لِمَ تُؤۡذُونَنِي وَقَد تَّعۡلَمُونَ أَنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُمۡۖ فَلَمَّا زَاغُوٓاْ أَزَاغَ ٱللَّهُ قُلُوبَهُمۡۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ

Ва баён кун ба қавмат эй Паёмбар, ҳангоме ки Мӯсо (алайҳис салом) ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, чаро маро ба сухану кирдоратон меозоред, ҳол он ки медонед, ки ҳароина, ман паёмбари Аллоҳ фиристодашуда ба сӯи шумо ҳастам?» Чун дидаву дониста аз ҳақ рӯй гардониданд ва бар ин ҳолашон давомат карданд, Аллоҳ низ дилҳояшонро аз қабули ҳақ бигардонид. Ва Аллоҳ мардуми нофармонро ҳидоят намекунад
Surah As-Saff, Verse 5


وَإِذۡ قَالَ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ يَٰبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ إِنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُم مُّصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيَّ مِنَ ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَمُبَشِّرَۢا بِرَسُولٖ يَأۡتِي مِنۢ بَعۡدِي ٱسۡمُهُۥٓ أَحۡمَدُۖ فَلَمَّا جَآءَهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ قَالُواْ هَٰذَا سِحۡرٞ مُّبِينٞ

Ва баён кун ба қавмат эй Паёмбар, ҳангоме, ки Исо писари Марям ба қавмаш гуфт: «Эй бани Исроил, ҳароина, ман паёмбари Аллоҳ фиристодашуда ба сӯи шумо ҳастам. Тавротеро, ки пеш аз ман будааст, тасдиқ мекунам ва ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номаш Аҳмад аст, хушхабаратон медиҳам». Чун он Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо оёти равшани худ омад, гуфтанд: «Ин чизе, ки овардаӣ ба мо ҷодуи ошкорест!»
Surah As-Saff, Verse 6


وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ وَهُوَ يُدۡعَىٰٓ إِلَى ٱلۡإِسۡلَٰمِۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Кист ситамкортару душмантар аз он кас, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебандад ва дар ибодати Ӯ шариконе меорад, дар ҳоле ки ӯро ба ислом ва ихлос дар ибодати Аллоҳи ягона даъват мекунанд? Ва Аллоҳ гӯруҳи ситамкоронро, ки бар ҷонашон (ба сабаби куфру ширк) ситам карданд, ба сӯи наҷот ҳидоят намекунад
Surah As-Saff, Verse 7


يُرِيدُونَ لِيُطۡفِـُٔواْ نُورَ ٱللَّهِ بِأَفۡوَٰهِهِمۡ وَٱللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِۦ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡكَٰفِرُونَ

Мехоҳанд ин золимон нури Илоҳиро (яъне, Қуръонро, ки ба он Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристода шудааст,) бо суханҳои дурӯғинашон ботил созанд. Ва Аллоҳ таъоло комилкунандаи нури ҳақ аст, агарчи кофиронро нохуш ояд
Surah As-Saff, Verse 8


هُوَ ٱلَّذِيٓ أَرۡسَلَ رَسُولَهُۥ بِٱلۡهُدَىٰ وَدِينِ ٱلۡحَقِّ لِيُظۡهِرَهُۥ عَلَى ٱلدِّينِ كُلِّهِۦ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡمُشۡرِكُونَ

Ӯ Зотест, ки паёмбари Худро ба ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то дини Исломро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро нохуш ояд
Surah As-Saff, Verse 9


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ هَلۡ أَدُلُّكُمۡ عَلَىٰ تِجَٰرَةٖ تُنجِيكُم مِّنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ

Эй касоне, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаед, оё шуморо ба тиҷорате, ки аз азоби дардовар раҳоиятон диҳад, роҳ бинамоям
Surah As-Saff, Verse 10


تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَتُجَٰهِدُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ بِأَمۡوَٰلِكُمۡ وَأَنفُسِكُمۡۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ

Давомат кунед бар имони Аллоҳу паёмбараш ва дар роҳи Аллоҳ барои пирӯзии динаш бо молу ҷони хеш ҷиҳод кунед. Ин барои шумо аз тиҷорати дунё беҳтар аст, агар (фоида ё зарари чизеро) бидонед
Surah As-Saff, Verse 11


يَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡ وَيُدۡخِلۡكُمۡ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ وَمَسَٰكِنَ طَيِّبَةٗ فِي جَنَّـٰتِ عَدۡنٖۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ

Эй мӯъминон! Агар иҷро кунед амрҳои Парвардигорро, гуноҳони шуморо меомурзад ва ба биҳиштҳое, ки дар зери дарахтҳояш рӯдҳо ҷорист ва низ хонаҳое хушу покиза дар биҳиштҳои ҷовидон дохил мекунад. Ин пирӯзии бузургест
Surah As-Saff, Verse 12


وَأُخۡرَىٰ تُحِبُّونَهَاۖ نَصۡرٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَفَتۡحٞ قَرِيبٞۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Ва неъмати дигаре, ки (эй мӯъминон) дӯсташ медоред: Нусратест аз ҷониби Аллоҳ ва ба пирӯзии наздик, ки он фатҳи Макка аст. Ва мӯъминонро (эй Паёмбар) хабари хуш деҳ ба пирӯзӣ дар дунё ва ба ҷаннат дар охират
Surah As-Saff, Verse 13


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُونُوٓاْ أَنصَارَ ٱللَّهِ كَمَا قَالَ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ لِلۡحَوَارِيِّـۧنَ مَنۡ أَنصَارِيٓ إِلَى ٱللَّهِۖ قَالَ ٱلۡحَوَارِيُّونَ نَحۡنُ أَنصَارُ ٱللَّهِۖ فَـَٔامَنَت طَّآئِفَةٞ مِّنۢ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ وَكَفَرَت طَّآئِفَةٞۖ فَأَيَّدۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ عَلَىٰ عَدُوِّهِمۡ فَأَصۡبَحُواْ ظَٰهِرِينَ

Эй касоне, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаед, нусратдиҳандагони дини Аллоҳ бошед, ҳамчунон ки ёрони Исо ибни Марям нусратдиҳандагони дини Аллоҳ буданд. Ҳангоме ки Исо ба онҳо гуфт: «Чӣ касоне аз шумо ба ӯҳда мегирад пирӯзӣ ва кӯмаки маро, ки дар он наздикӣ ба Аллоҳ аст?» Ҳавориён гуфтанд: «Мо нусратдиҳандагони дини Аллоҳ ҳастем. Пас, гурӯҳе аз бани Исроил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд. Пас Мо, касонеро, ки ба Аллоҳу расулаш имон оварда буданд, бар зидди душманонашон мадад кардем, пас бар онҳо пирӯз шуданд. Ва ин то ба паёмбарӣ мабъус шудани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд
Surah As-Saff, Verse 14


Author: Khoja Mirov


<< Surah 60
>> Surah 62

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai