Surah As-Saff - Tajik Translation by Abdolmohammad Ayati
سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
Худоро тасбеҳ гӯянд ҳар чӣ дар осмошҳову дар замин аст ва Ӯст пирӯзманду ҳаким
Surah As-Saff, Verse 1
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفۡعَلُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, чаро суханоне мегӯед, ки иҷро намекунед
Surah As-Saff, Verse 2
كَبُرَ مَقۡتًا عِندَ ٱللَّهِ أَن تَقُولُواْ مَا لَا تَفۡعَلُونَ
Худованд сахт ба хашм меояд, ки чизе бигӯеду ба ҷой наёваред
Surah As-Saff, Verse 3
إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلَّذِينَ يُقَٰتِلُونَ فِي سَبِيلِهِۦ صَفّٗا كَأَنَّهُم بُنۡيَٰنٞ مَّرۡصُوصٞ
Худо дӯст дорад касонеро, ки дар роҳи Ӯ саф кашида монанди деворе, ки хиштҳояшонро ба ҳам пайванд дода бошанд, меҷанганд
Surah As-Saff, Verse 4
وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ لِمَ تُؤۡذُونَنِي وَقَد تَّعۡلَمُونَ أَنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُمۡۖ فَلَمَّا زَاغُوٓاْ أَزَاغَ ٱللَّهُ قُلُوبَهُمۡۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ
Ва Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, чаро маро меозоред, ҳол он ки медонед, ки ман паёмбари Худо бар шумо ҳастам?» Чун аз ҳақ рӯйгардон шуданд, Худо низ дилҳошонро аз ҳақ бигардонид. Ва Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад
Surah As-Saff, Verse 5
وَإِذۡ قَالَ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ يَٰبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ إِنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُم مُّصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيَّ مِنَ ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَمُبَشِّرَۢا بِرَسُولٖ يَأۡتِي مِنۢ بَعۡدِي ٱسۡمُهُۥٓ أَحۡمَدُۖ فَلَمَّا جَآءَهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ قَالُواْ هَٰذَا سِحۡرٞ مُّبِينٞ
Ва Исо бинни Марям гуфт: «Эй банӣ-Исроил, ман паёмбари Худо бар шумо ҳастам. Тавротеро, ки пеш аз ман будааст, тасдиқ мекунам ва ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номаш Аҳмад аст, хушхабаратон медиҳам». Чун он паёмбар бо мӯъҷизаҳои равшан омад, гуфтанд: Ин ҷодуест ошкор!»
Surah As-Saff, Verse 6
وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ وَهُوَ يُدۡعَىٰٓ إِلَى ٱلۡإِسۡلَٰمِۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ
Кист золимтар аз он кас, ки ба Худо дурӯғ мебандад, дар ҳоле ки ӯро ба ислом даъйат мекунанд? Ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад
Surah As-Saff, Verse 7
يُرِيدُونَ لِيُطۡفِـُٔواْ نُورَ ٱللَّهِ بِأَفۡوَٰهِهِمۡ وَٱللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِۦ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡكَٰفِرُونَ
Мехоҳанд нури Худоро ба даҳонҳояшон хомӯш кунанд, вале Худо комилкунандаи нури худ аст, агарчи кофиронро нохуш ояд
Surah As-Saff, Verse 8
هُوَ ٱلَّذِيٓ أَرۡسَلَ رَسُولَهُۥ بِٱلۡهُدَىٰ وَدِينِ ٱلۡحَقِّ لِيُظۡهِرَهُۥ عَلَى ٱلدِّينِ كُلِّهِۦ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡمُشۡرِكُونَ
Ӯст он Худое, ки паёмбари Худро ҳамроҳ бо ҳидоят ва дини ростин бифиристод, то ӯро бар ҳамаи динҳо ғолиб гардонад, дарчанд мушриконро нохуш ояд
Surah As-Saff, Verse 9
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ هَلۡ أَدُلُّكُمۡ عَلَىٰ تِجَٰرَةٖ تُنجِيكُم مِّنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ
Эй касоне, ки имон овардаед, оё шуморо ба тиҷорате, ки аз азоби дардовар раҳоиятон диҳад, роҳ нишон диҳам
Surah As-Saff, Verse 10
تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَتُجَٰهِدُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ بِأَمۡوَٰلِكُمۡ وَأَنفُسِكُمۡۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ
Ба Худову паёмбараш имон биёваред ва дар роҳи Худо бо молу ҷони худ ҷиҳод кунед. Ва ин барои шумо беҳтар аст, агар доно бошед
Surah As-Saff, Verse 11
يَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡ وَيُدۡخِلۡكُمۡ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ وَمَسَٰكِنَ طَيِّبَةٗ فِي جَنَّـٰتِ عَدۡنٖۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ
Гуноҳони шуморо мебахшояд ва ба биҳиштҳое, ки дарунаш наҳрҳо ҷорист ва низ хонаҳое хушу покиза дар биҳиштҳои ҷовид дохил мекунад ва ин пирӯзии бузургест
Surah As-Saff, Verse 12
وَأُخۡرَىٰ تُحِبُّونَهَاۖ نَصۡرٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَفَتۡحٞ قَرِيبٞۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Ва неъмате дигар, ки дӯсташ доред: нусратест (ёриест) аз ҷониби Худованд ва пирӯзии наздик мӯъминонро хабари хуш деҳ
Surah As-Saff, Verse 13
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُونُوٓاْ أَنصَارَ ٱللَّهِ كَمَا قَالَ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ لِلۡحَوَارِيِّـۧنَ مَنۡ أَنصَارِيٓ إِلَى ٱللَّهِۖ قَالَ ٱلۡحَوَارِيُّونَ نَحۡنُ أَنصَارُ ٱللَّهِۖ فَـَٔامَنَت طَّآئِفَةٞ مِّنۢ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ وَكَفَرَت طَّآئِفَةٞۖ فَأَيَّدۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ عَلَىٰ عَدُوِّهِمۡ فَأَصۡبَحُواْ ظَٰهِرِينَ
Эй касоне, ки имон овардаед, ёварони Худо бошед, ҳамчунон ки Исо бинни Марям ба ҳавориён (ёварон) гуфт: «Чӣ касоне ёварони ман дар роҳи Худоянд?» Ҳавориён гуфтанд: «Мо ёварони Худо ҳастем». Пас гурӯҳе аз банӣ-Исроил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд. Мо касонеро, ки имон оварда буданд, бар зидди душманонашон мадад кардем, то ғолиб шуданд
Surah As-Saff, Verse 14