Surah Al-Ahzab Verse 53 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Ahzabيَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَدۡخُلُواْ بُيُوتَ ٱلنَّبِيِّ إِلَّآ أَن يُؤۡذَنَ لَكُمۡ إِلَىٰ طَعَامٍ غَيۡرَ نَٰظِرِينَ إِنَىٰهُ وَلَٰكِنۡ إِذَا دُعِيتُمۡ فَٱدۡخُلُواْ فَإِذَا طَعِمۡتُمۡ فَٱنتَشِرُواْ وَلَا مُسۡتَـٔۡنِسِينَ لِحَدِيثٍۚ إِنَّ ذَٰلِكُمۡ كَانَ يُؤۡذِي ٱلنَّبِيَّ فَيَسۡتَحۡيِۦ مِنكُمۡۖ وَٱللَّهُ لَا يَسۡتَحۡيِۦ مِنَ ٱلۡحَقِّۚ وَإِذَا سَأَلۡتُمُوهُنَّ مَتَٰعٗا فَسۡـَٔلُوهُنَّ مِن وَرَآءِ حِجَابٖۚ ذَٰلِكُمۡ أَطۡهَرُ لِقُلُوبِكُمۡ وَقُلُوبِهِنَّۚ وَمَا كَانَ لَكُمۡ أَن تُؤۡذُواْ رَسُولَ ٱللَّهِ وَلَآ أَن تَنكِحُوٓاْ أَزۡوَٰجَهُۥ مِنۢ بَعۡدِهِۦٓ أَبَدًاۚ إِنَّ ذَٰلِكُمۡ كَانَ عِندَ ٱللَّهِ عَظِيمًا
Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед ва амал ба шариати Паёмбараш кардаед, ба хонаҳои паёмбар дохил машавед, магар шуморо ба хӯрдани таоме фаро хонанд, бе он ки мунтазир биншинед, то таом ҳозир шавад. Агар шуморо даъват карданд, дохил шавед ва чун таом хӯрдед, пас аз хӯрдани таом пароканда гардед. На он ки дар он ҷо барои гуфтугӯ нишинед. Албатта, ин корҳо Паёмбарро озор медиҳад ва ӯ аз шумо шарм медорад аз гуфтане, ки «хезед ва биравед», бо вуҷуде, ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Вале Аллоҳ аз гуфтани ҳақ ва изҳори он шарм намедорад. Ва агар аз занони Паёмбар чизе пурсидан хостед, аз пушти парда пурсед, ин кор ҳам барои дилҳои шумо ва ҳам барои дилҳои онҳо покдорандатар аст. Шуморо насазад, ки Паёмбари Аллоҳро биёзоред ва на он ки ҳамсарҳояшро баъд аз вай ҳаргиз ба занӣ гиред. Албатта, ин корҳо дар назди Аллоҳ гуноҳи бузурге аст