Surah Al-Maeda - Tajik Translation by Khoja Mirov
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَوۡفُواْ بِٱلۡعُقُودِۚ أُحِلَّتۡ لَكُم بَهِيمَةُ ٱلۡأَنۡعَٰمِ إِلَّا مَا يُتۡلَىٰ عَلَيۡكُمۡ غَيۡرَ مُحِلِّي ٱلصَّيۡدِ وَأَنتُمۡ حُرُمٌۗ إِنَّ ٱللَّهَ يَحۡكُمُ مَا يُرِيدُ
Эй касоне, ки имон овардаед, ба аҳдҳо ва қарордодҳо ки миёни бандагон ва Парвардигор ва Паёмбар ва ҷамиъи мӯъминонанд бастед, вафо кунед. Ҳалол гардонид ҳайвоноти чаҳорпо (шутур, гов, гӯсфанд ва оҳу...) ро. Ғайри онҳое ки, аз ин пас бароятон гуфта мешавад ва он чиро, ки дар ҳоли иҳром сайд мекунед, ҳалол машуморед. Ба дурустӣ Аллоҳ он чи мехоҳад, ҳукм мекунад
Surah Al-Maeda, Verse 1
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُحِلُّواْ شَعَـٰٓئِرَ ٱللَّهِ وَلَا ٱلشَّهۡرَ ٱلۡحَرَامَ وَلَا ٱلۡهَدۡيَ وَلَا ٱلۡقَلَـٰٓئِدَ وَلَآ ءَآمِّينَ ٱلۡبَيۡتَ ٱلۡحَرَامَ يَبۡتَغُونَ فَضۡلٗا مِّن رَّبِّهِمۡ وَرِضۡوَٰنٗاۚ وَإِذَا حَلَلۡتُمۡ فَٱصۡطَادُواْۚ وَلَا يَجۡرِمَنَّكُمۡ شَنَـَٔانُ قَوۡمٍ أَن صَدُّوكُمۡ عَنِ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ أَن تَعۡتَدُواْۘ وَتَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡبِرِّ وَٱلتَّقۡوَىٰۖ وَلَا تَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ
Эй касоне, ки имон овардаед, нишонаҳои Аллоҳро он корҳое, ки дар ҳолати иҳром ё дар Макка ҳаром аст ҳалол надонед ва на ҷанг кардан дар моҳҳои ҳаром ва на қурбониҳои бенишон ва на нишондор ва на касонеро, ки қасди омадан ба хонаи Аллоҳро (Каъба) доранд ва аз паи талаби рӯзӣ ва хушнудии Парвардигорашон ҳастанд.. Ва чун аз иҳром барои ҳаҷ ё умра берун омадед (иҳромро аз тан бароваред), шикор кунед. Ва душманӣ бо қавме, ки шуморо аз Масҷидулҳаром боздоштанд, водоратон насозад, ки аз ҳадди хеш таҷовуз кунед ва аз онон интиқом бигиред. Ва дар некӯкорӣ ва тақво ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Аллоҳ битарсед, ки Ӯ ба сахтӣ азоб мекунад
Surah Al-Maeda, Verse 2
حُرِّمَتۡ عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَيۡتَةُ وَٱلدَّمُ وَلَحۡمُ ٱلۡخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ لِغَيۡرِ ٱللَّهِ بِهِۦ وَٱلۡمُنۡخَنِقَةُ وَٱلۡمَوۡقُوذَةُ وَٱلۡمُتَرَدِّيَةُ وَٱلنَّطِيحَةُ وَمَآ أَكَلَ ٱلسَّبُعُ إِلَّا مَا ذَكَّيۡتُمۡ وَمَا ذُبِحَ عَلَى ٱلنُّصُبِ وَأَن تَسۡتَقۡسِمُواْ بِٱلۡأَزۡلَٰمِۚ ذَٰلِكُمۡ فِسۡقٌۗ ٱلۡيَوۡمَ يَئِسَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن دِينِكُمۡ فَلَا تَخۡشَوۡهُمۡ وَٱخۡشَوۡنِۚ ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ فِي مَخۡمَصَةٍ غَيۡرَ مُتَجَانِفٖ لِّإِثۡمٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
Ҳаром шуд бар шумо хӯрдани ҳайвони худмурда ва хуни забҳ ва гӯшти хук ва ҳар ҳайвоне, ки ба ҳангоми куштанаш номи дигаре ҷуз Аллоҳро бар ӯ бигӯянд ва он чӣ нафасгиршуда мурда бошад ё ба санг зада бошанд ё аз боло дарафтода бошад ё аз шох задани ҳайвони дигаре бимирад ё даррандагон аз он хӯрда бошанд, магар он ки пеш аз мурданаш сар бурида бошед. Ва низ ҳар чӣ барои бутон сар бурида шавад ва он чӣ ба василаи тирҳои қимор қисмат кунед, ки ин кор худ нофармонист. Имрӯз (яъне рӯзи Арафа) кофирон аз бозгашти шумо аз дини хеш ноумед шудаанд. Аз онон матарсед, аз Ман битарсед. Имрӯз дини шуморо бо Қуръону суннат ба камол расонидам ва неъмати худ бар шумо тамом кардам ва Исломро ҳамчун дин барои шумо интихоб намудам. Пас ҳар кӣ дар гуруснагӣ ночор монад, бе он ки қасди гуноҳ дошта бошад яъне, гуруснагӣ маҷбураш созад, ки аз мурдор ё он чӣ дар ин оят баршумурда ва ҳаром шудааст, бихӯрад, дар сурате, ки танҳо барои ҳифзи ҳаёт бошад, бидонад, ки Аллоҳ бахшанда ва меҳрубон аст ва хӯрдани худмурда, хук ва чизҳои манъшуда ва ҳаромро дар ин ҳол барои ӯ мубоҳ кард
Surah Al-Maeda, Verse 3
يَسۡـَٔلُونَكَ مَاذَآ أُحِلَّ لَهُمۡۖ قُلۡ أُحِلَّ لَكُمُ ٱلطَّيِّبَٰتُ وَمَا عَلَّمۡتُم مِّنَ ٱلۡجَوَارِحِ مُكَلِّبِينَ تُعَلِّمُونَهُنَّ مِمَّا عَلَّمَكُمُ ٱللَّهُۖ فَكُلُواْ مِمَّآ أَمۡسَكۡنَ عَلَيۡكُمۡ وَٱذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَيۡهِۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ
Аз ту эй Паёмбар мепурсанд, ки чӣ чизҳое бар онҳо ҳалол шудааст? Бигу: Чизҳои покиза ҳар он чизе аст, ки дар он фоида ё лаззате бошад ва зиёне барои бадан ва ақл надошта бошад бар шумо ҳалол шуда ва низ хурдани сайди паррандагон ва он ҳайвоне, ки ба он сайд кардан омӯхтаед, чун ҷонварони шикории таълим додашуда ва сагони шикорӣ, ҳар гоҳ онҳоро ба он тавре, ки Парвардигоратон барои шумо омӯзонидааст, таълим дода бошед, аз он сайд, ки бароятон мегиранд ва нигоҳ медоранд, бихӯред ва номи Аллоҳро бар он бихонед ва аз Аллоҳ битарсед, ки рӯзи қиёмат наздик аст ва Ӯ таъоло зуд ба ҳисоб расандааст
Surah Al-Maeda, Verse 4
ٱلۡيَوۡمَ أُحِلَّ لَكُمُ ٱلطَّيِّبَٰتُۖ وَطَعَامُ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ حِلّٞ لَّكُمۡ وَطَعَامُكُمۡ حِلّٞ لَّهُمۡۖ وَٱلۡمُحۡصَنَٰتُ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ وَٱلۡمُحۡصَنَٰتُ مِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلِكُمۡ إِذَآ ءَاتَيۡتُمُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ مُحۡصِنِينَ غَيۡرَ مُسَٰفِحِينَ وَلَا مُتَّخِذِيٓ أَخۡدَانٖۗ وَمَن يَكۡفُرۡ بِٱلۡإِيمَٰنِ فَقَدۡ حَبِطَ عَمَلُهُۥ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ
Имрӯз чизҳои покиза барои шумо ҳалол шудааст. Таъоми аҳли Китоб бар шумо ҳалол аст ва таъоми шумо низ бар онҳо ҳалол аст. Ва низ издивоҷ бо занони порсо ва покдомани мӯъмина ва занони порсо ва покдомани аҳли китоб (яҳуду насоро) ҳар гоҳ маҳрашонро бипардозед, қасдатон аз ин издивоҷ поқдоманӣ бошад, на ба қасди зинокорӣ ва на пинҳонӣ дӯст гирифтан, бар шумо ҳалоланд. Ва ҳар кас, ки ба Аллоҳу паёмбараш ва ба дини Ислом кофир шавад, амалаш нобуд шавад ва дар охират аз зиёнкорон ва бадбахтон хоҳад буд
Surah Al-Maeda, Verse 5
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا قُمۡتُمۡ إِلَى ٱلصَّلَوٰةِ فَٱغۡسِلُواْ وُجُوهَكُمۡ وَأَيۡدِيَكُمۡ إِلَى ٱلۡمَرَافِقِ وَٱمۡسَحُواْ بِرُءُوسِكُمۡ وَأَرۡجُلَكُمۡ إِلَى ٱلۡكَعۡبَيۡنِۚ وَإِن كُنتُمۡ جُنُبٗا فَٱطَّهَّرُواْۚ وَإِن كُنتُم مَّرۡضَىٰٓ أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٍ أَوۡ جَآءَ أَحَدٞ مِّنكُم مِّنَ ٱلۡغَآئِطِ أَوۡ لَٰمَسۡتُمُ ٱلنِّسَآءَ فَلَمۡ تَجِدُواْ مَآءٗ فَتَيَمَّمُواْ صَعِيدٗا طَيِّبٗا فَٱمۡسَحُواْ بِوُجُوهِكُمۡ وَأَيۡدِيكُم مِّنۡهُۚ مَا يُرِيدُ ٱللَّهُ لِيَجۡعَلَ عَلَيۡكُم مِّنۡ حَرَجٖ وَلَٰكِن يُرِيدُ لِيُطَهِّرَكُمۡ وَلِيُتِمَّ نِعۡمَتَهُۥ عَلَيۡكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, чун барои хондани намоз бархестед, рӯй ва дастҳоятонро то оринҷ бишӯед ва сари худро масҳ кашед, пойҳоятонро то банди по (буҷилак) бишӯед. Ва агар ҷунуб (олуда) будед, худро пок созед (яъне, тамоми баданро бишӯед.) Ва агар бемор ё дар сафар будед ё аз ҷои қазои ҳоҷат омада будед, ё бо занон (ҳамсарони худ) наздикӣ карда будед ва об наёфтед, бо хоки пок ва ҳар он чизе, ки аз ҷинси замин бошад таяммум кунед ва рӯю дастҳоятонро бо он масҳ кунед. Аллоҳ намехоҳад шумо дар ранҷ ва машаққат афтед, балки мехоҳад, ки шуморо покиза созад ва неъматашро бар шумо тамом кунад, бошад, ки шукргузор шавед, то ба мақомҳои баланд ва олӣ бирасед
Surah Al-Maeda, Verse 6
وَٱذۡكُرُواْ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَمِيثَٰقَهُ ٱلَّذِي وَاثَقَكُم بِهِۦٓ إِذۡ قُلۡتُمۡ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
Ба ёд оваред неъматеро (яъне динӣ ва дунявӣ), ки Аллоҳ ба шумо додааст ва паймонеро (яъне, итоъати Аллоҳ ва паёмбар), ки бо шумо бастааст, ба он ҳангом, ки гуфтед, шунидем оятҳои Қуръонро ва фармонбардорӣ кардем тамоми қонунҳои динро. Ва дар ҳама ҳолат аз Аллоҳ битарсед, ки Аллоҳ ба он чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст
Surah Al-Maeda, Verse 7
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُونُواْ قَوَّـٰمِينَ لِلَّهِ شُهَدَآءَ بِٱلۡقِسۡطِۖ وَلَا يَجۡرِمَنَّكُمۡ شَنَـَٔانُ قَوۡمٍ عَلَىٰٓ أَلَّا تَعۡدِلُواْۚ ٱعۡدِلُواْ هُوَ أَقۡرَبُ لِلتَّقۡوَىٰۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, барои Аллоҳ, ҳақ гуфтанро бар пой доред ва ба адл гувоҳӣ диҳед. Душманӣ бо гурӯҳи дигар водоратон накунад, ки беадолатӣ кунед яъне, ҳамон тавр ки ба зиёни душмани худ гувоҳӣ медиҳед ба нафъи ӯ низ гувоҳӣ диҳед. Гарчӣ кофир ҳам бошад воҷиб аст дар мавриди ӯ адолат пеша кунед. Адолат варзед, ки ба тақво наздиктар аст (яъне, агар адолат бошад, пас тақво мешавад) ва аз Аллоҳ битарсед, ки Ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст, пас шуморо мувофиқи амалҳоятон, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират ҷазо медиҳад
Surah Al-Maeda, Verse 8
وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَأَجۡرٌ عَظِيمٞ
Аллоҳ ба касоне, ки имон овардаанд (ба Ӯ ва китобҳо ва паёмбаронаш ва рӯзи қиёмат) ва корҳои некӯ кардаанд, ваъдаи омӯрзиш ва музди бузурге додааст, ки ҷуз Аллоҳ онро касе намедонад
Surah Al-Maeda, Verse 9
وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَآ أُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَحِيمِ
Ва онон, ки кофир шудаанд ва оёти моро дурӯғ баровардаанд, аҳли ҷаҳаннаманд
Surah Al-Maeda, Verse 10
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱذۡكُرُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ إِذۡ هَمَّ قَوۡمٌ أَن يَبۡسُطُوٓاْ إِلَيۡكُمۡ أَيۡدِيَهُمۡ فَكَفَّ أَيۡدِيَهُمۡ عَنكُمۡۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, аз неъмате, ки Аллоҳ ба шумо бахшидааст, ёд кунед: Он гоҳ, ки гурӯҳе (бани Назир) қасди он карданд, то бар шумо даст бардоранд (яъне, ба болои сари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам санги осиёро чаппа кунанд), ва Аллоҳ дасти ононро аз шумо боздошт. Аз Аллоҳ битарсед. Ва мӯъминон бар Аллоҳ таваккал мекунанд
Surah Al-Maeda, Verse 11
۞وَلَقَدۡ أَخَذَ ٱللَّهُ مِيثَٰقَ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ وَبَعَثۡنَا مِنۡهُمُ ٱثۡنَيۡ عَشَرَ نَقِيبٗاۖ وَقَالَ ٱللَّهُ إِنِّي مَعَكُمۡۖ لَئِنۡ أَقَمۡتُمُ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَيۡتُمُ ٱلزَّكَوٰةَ وَءَامَنتُم بِرُسُلِي وَعَزَّرۡتُمُوهُمۡ وَأَقۡرَضۡتُمُ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗا لَّأُكَفِّرَنَّ عَنكُمۡ سَيِّـَٔاتِكُمۡ وَلَأُدۡخِلَنَّكُمۡ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۚ فَمَن كَفَرَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ مِنكُمۡ فَقَدۡ ضَلَّ سَوَآءَ ٱلسَّبِيلِ
Ва ба дурустӣ Парвардигор аз бани Исроил паймон гирифт ва аз миёни онон дувоздаҳ сардор таъин кард. Ва Аллоҳ гуфт: «Агар намоз бихонед ва закоти молатонро ба муҳтоҷон бидиҳед ва ба паёмбарони ман имон биёваред ва ёриашон кунед ва ба Аллоҳ қарзи нек бидиҳед, ман бо шумоям (яъне, шуморо ёрӣ ва кӯмак мекунам). Бадиҳоятонро дур мекунам ва шуморо ба биҳиштҳое дохил мекунам, ки дар он ҷӯйборҳо равон бошад. Ва ҳар кас аз шумо, ки аз он пас кофир шавад, роҳи ростро гум кардааст»
Surah Al-Maeda, Verse 12
فَبِمَا نَقۡضِهِم مِّيثَٰقَهُمۡ لَعَنَّـٰهُمۡ وَجَعَلۡنَا قُلُوبَهُمۡ قَٰسِيَةٗۖ يُحَرِّفُونَ ٱلۡكَلِمَ عَن مَّوَاضِعِهِۦ وَنَسُواْ حَظّٗا مِّمَّا ذُكِّرُواْ بِهِۦۚ وَلَا تَزَالُ تَطَّلِعُ عَلَىٰ خَآئِنَةٖ مِّنۡهُمۡ إِلَّا قَلِيلٗا مِّنۡهُمۡۖ فَٱعۡفُ عَنۡهُمۡ وَٱصۡفَحۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Пас ба хотири ин ки паймонашонро шикастанд, онҳоро лаънат кардем (аз раҳматамон дур кардем) ва дилҳояшонро сахт гардондем, ки сухани ҳақро қабул намекард. Суханро аз ҷойгоҳаш таҳриф ва табдил мекунанд, (яъне, маъноеро, ки Аллоҳ ва паёмбараш аз сухане дар назар доранд, дигаргун карда ва маънои дигаре бар он медиҳанд.) Ва қисми бисёреро аз он чиро ки бар он панд дода шуда буданд дар Таврот, фаромӯш карданд. Ва ту ҳамеша хиёнатеро аз онҳо нисбат ба Аллоҳ ва мардум мебинӣ, ғайр аз теъдоди андаке аз онон, ки ба паймони бо Аллоҳ бастаашон вафо карданд. Пас, аз онҳо ба сабаби он озорҳое, ки ба ту мерасонанд, даргузар ва ононро бубахш, ҳамоно Парвардигор некӯкоронро дӯст дорад
Surah Al-Maeda, Verse 13
وَمِنَ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّا نَصَٰرَىٰٓ أَخَذۡنَا مِيثَٰقَهُمۡ فَنَسُواْ حَظّٗا مِّمَّا ذُكِّرُواْ بِهِۦ فَأَغۡرَيۡنَا بَيۡنَهُمُ ٱلۡعَدَاوَةَ وَٱلۡبَغۡضَآءَ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ وَسَوۡفَ يُنَبِّئُهُمُ ٱللَّهُ بِمَا كَانُواْ يَصۡنَعُونَ
Ва аз касоне, ки гуфтанд, ки мо насронӣ ҳастем, аҳду паймон гирифтем аз онон дар тавҳид (итоати Парвардигори якка ва ягона) ва пайравии паёмбарашон. Пас қисмате аз аҳдеро, ки ба онҳо дода будем, фаромӯш карданд ва Мо низ миёни онҳо то рӯзи қиёмат кинаву душманӣ афкандем. Ба зудӣ Аллоҳ ононро аз корҳое, ки мекунанд, дар охират огоҳ хоҳад сохт
Surah Al-Maeda, Verse 14
يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ قَدۡ جَآءَكُمۡ رَسُولُنَا يُبَيِّنُ لَكُمۡ كَثِيرٗا مِّمَّا كُنتُمۡ تُخۡفُونَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَيَعۡفُواْ عَن كَثِيرٖۚ قَدۡ جَآءَكُم مِّنَ ٱللَّهِ نُورٞ وَكِتَٰبٞ مُّبِينٞ
Эй ахли китоб, паёмбари Мо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди шумо омад, то бисёре аз китоби Аллоҳро, ки аз мардуми оддӣ ва бесавод пинҳон медоштед, (сифатҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ояти раҷм ва монанди инро) бароятон баён кунад ва аз баёни бисёр чизҳое, ки ҳикмате дар он нест, сарфи назар кунад ва даргузарад, ҳамоно аз ҷониби Аллоҳ нуре (Ислом) ва китобе сареҳу ошкор (Қуръон) бар шумо нозил шудааст, ки ба воситаи он торикии бесаводӣ ба нури илму дониш равшан мешавад
Surah Al-Maeda, Verse 15
يَهۡدِي بِهِ ٱللَّهُ مَنِ ٱتَّبَعَ رِضۡوَٰنَهُۥ سُبُلَ ٱلسَّلَٰمِ وَيُخۡرِجُهُم مِّنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِ بِإِذۡنِهِۦ وَيَهۡدِيهِمۡ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ
То Аллоҳ ба он ҳар касро, ки дар пайи хушнудии Ӯст, ба роҳҳои саломат (Ислом) ҳидоят кунад ва бо фармони худ аз торикии куфр ва бидъат ба рӯшноии имон ва суннат бубарад ва ононро ба роҳи рост (Ислом) ҳидоят ва раҳнамоӣ кунад
Surah Al-Maeda, Verse 16
لَّقَدۡ كَفَرَ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡمَسِيحُ ٱبۡنُ مَرۡيَمَۚ قُلۡ فَمَن يَمۡلِكُ مِنَ ٱللَّهِ شَيۡـًٔا إِنۡ أَرَادَ أَن يُهۡلِكَ ٱلۡمَسِيحَ ٱبۡنَ مَرۡيَمَ وَأُمَّهُۥ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗاۗ وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَاۚ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
Ба таҳқиқ, касоне ки мегуянд (аз насоро): "Аллоҳ Масеҳ писари Марям аст", кофир шуданд. Бигӯ: "Агар Аллоҳ бихоҳад Масеҳ писари Марям ва модараш ва ҳамаи касонеро, ки дар рӯи замин ҳастанд, ҳалок кунад, чи касе метавонад дар муқобили Аллоҳ коре бикунад"? Ва фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи байни осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ аст. Ҳар чи бихоҳад, меофаринад. (Агар бихоҳад аз модар ва падар меофаринад, ҳамон тавре, ки тамоми инсонҳоро офаридааст ва агар бихоҳад фақат аз падар меофаринад, монанди Ҳаво, ки бидуни модар офарида шудааст ва агар бихоҳад аз модар меофаринад, монанди Исо алайҳиссалом. Ва агар бихоҳад бидуни падар ва модар меофаринад, монанди Одам алайҳиссалом. Пас навъи офариниш ба Парвардигори мутаъол ва хости Ӯ вобастагӣ дорад.) Бинобар ин Парвардигор бар ҳар чизе тавоност
Surah Al-Maeda, Verse 17
وَقَالَتِ ٱلۡيَهُودُ وَٱلنَّصَٰرَىٰ نَحۡنُ أَبۡنَـٰٓؤُاْ ٱللَّهِ وَأَحِبَّـٰٓؤُهُۥۚ قُلۡ فَلِمَ يُعَذِّبُكُم بِذُنُوبِكُمۖ بَلۡ أَنتُم بَشَرٞ مِّمَّنۡ خَلَقَۚ يَغۡفِرُ لِمَن يَشَآءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَآءُۚ وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَاۖ وَإِلَيۡهِ ٱلۡمَصِيرُ
Яҳудиён ва масеҳиён гуфтанд, ки мо писарони Аллоҳ ва дӯстони ӯ ҳастем. Бигуй: эй Паёмбар «Пас чаро шуморо ба хотири гуноҳонатон азоб мекунад? Балки шумо инсонҳое аз ҷумлаи офаридашудагон ҳастед». Ҳар касро, ки бихоҳад ба раҳматаш меомӯрзад ва ҳар касро, ки бихоҳад, ба адлаш азоб мекунад ва аз они Аллоҳ аст фармонравоии осмонҳову замин ва он чӣ дар миёни онҳост ва бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст
Surah Al-Maeda, Verse 18
يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ قَدۡ جَآءَكُمۡ رَسُولُنَا يُبَيِّنُ لَكُمۡ عَلَىٰ فَتۡرَةٖ مِّنَ ٱلرُّسُلِ أَن تَقُولُواْ مَا جَآءَنَا مِنۢ بَشِيرٖ وَلَا نَذِيرٖۖ فَقَدۡ جَآءَكُم بَشِيرٞ وَنَذِيرٞۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
Эй аҳли китоб, (яҳудиҳо) фиристодаи Мо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар давроне, ки паёмбарон чанд муддате фиристодашуда набуданд, мабъус шуд, то ҳақро бар шумо ошкор кунад ва нагӯед, ки муждадиҳанда ва бимдиҳандае бар мо фиристода нашудааст. Инак, он муждадиҳанда ба савоби дунё ва охират ва бимдиҳанда аз азоби дунё ва охират омадааст ва Аллоҳ бар ҳар чиз тавоност ва ҳамаи чизҳо дар муқобили қудрати Ӯ таслим ҳастанд
Surah Al-Maeda, Verse 19
وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ ٱذۡكُرُواْ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ إِذۡ جَعَلَ فِيكُمۡ أَنۢبِيَآءَ وَجَعَلَكُم مُّلُوكٗا وَءَاتَىٰكُم مَّا لَمۡ يُؤۡتِ أَحَدٗا مِّنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Ва он ҳангом, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, неъматеро, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед, ки аз миёни шумо паёмбарон пайдо кард ва шоҳоне аз шумо ба салтанат расонид (баъд аз он, ки худ дар зери мулки Фиръавн будед) ва ба шумо чизҳое дод, ки ба ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон (-и замони худатон) надодааст
Surah Al-Maeda, Verse 20
يَٰقَوۡمِ ٱدۡخُلُواْ ٱلۡأَرۡضَ ٱلۡمُقَدَّسَةَ ٱلَّتِي كَتَبَ ٱللَّهُ لَكُمۡ وَلَا تَرۡتَدُّواْ عَلَىٰٓ أَدۡبَارِكُمۡ فَتَنقَلِبُواْ خَٰسِرِينَ
Эй қавми ман, ба замини муқаддасе (пок, яъне Байтулмуқаддас), ки Аллоҳ бароятон муқаррар кардааст, дохил шавед ва ақиб магардед, ки дар дунё ва охират зиён мебинед
Surah Al-Maeda, Verse 21
قَالُواْ يَٰمُوسَىٰٓ إِنَّ فِيهَا قَوۡمٗا جَبَّارِينَ وَإِنَّا لَن نَّدۡخُلَهَا حَتَّىٰ يَخۡرُجُواْ مِنۡهَا فَإِن يَخۡرُجُواْ مِنۡهَا فَإِنَّا دَٰخِلُونَ
Гуфтанд: «Эй Мӯсо, дар он ҷо (замини муқаддас) мардуме ҳастанд зӯрманду боқувватанд ва мо ба он сарзамин ҳаргиз дохил намешавем, то он гоҳ, ки он қавм берун шаванд. Агар онон аз он сарзамин берун шаванд, ба он дохил шавем»
Surah Al-Maeda, Verse 22
قَالَ رَجُلَانِ مِنَ ٱلَّذِينَ يَخَافُونَ أَنۡعَمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمَا ٱدۡخُلُواْ عَلَيۡهِمُ ٱلۡبَابَ فَإِذَا دَخَلۡتُمُوهُ فَإِنَّكُمۡ غَٰلِبُونَۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَتَوَكَّلُوٓاْ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ
Ду марде аз онон, ки парҳезгорӣ пеша доштанд ва Аллоҳ неъматашон ато карда буд, гуфтанд: «Аз ин дарвоза бар онон дохил шавед. Ва чун ба шаҳр даромадед, шумо пирӯз хоҳед шуд. Ва бар Аллоҳ таваккал кунед, агар аз мӯъминон ҳастед
Surah Al-Maeda, Verse 23
قَالُواْ يَٰمُوسَىٰٓ إِنَّا لَن نَّدۡخُلَهَآ أَبَدٗا مَّا دَامُواْ فِيهَا فَٱذۡهَبۡ أَنتَ وَرَبُّكَ فَقَٰتِلَآ إِنَّا هَٰهُنَا قَٰعِدُونَ
Гуфтанд: «Эй Мӯсо, то вақте ки онон дар он ҷоянд, ҳаргиз ба он шаҳр дохил нахоҳем шуд. Мо ин ҷо менишинем, ту ва Парвардигорат бираведу биҷангед»
Surah Al-Maeda, Verse 24
قَالَ رَبِّ إِنِّي لَآ أَمۡلِكُ إِلَّا نَفۡسِي وَأَخِيۖ فَٱفۡرُقۡ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡفَٰسِقِينَ
Чун Мӯсо (алайҳиссалом) саркашии ононро дид, гуфт: «Парвардигоро, ман танҳо молики нафси хеш ва бародарам ҳастам. Ва мо тавоноии ҷанги ононро надорем ва наметавонем ононро бо зурӣ ба майдон барем. Миёни мо ва ин мардуми фосиқу нофармон ҷудоӣ бияндоз». (Ва ин далолат менамояд, ки сухан ва кирдори онон аз гуноҳҳои кабира аст)
Surah Al-Maeda, Verse 25
قَالَ فَإِنَّهَا مُحَرَّمَةٌ عَلَيۡهِمۡۛ أَرۡبَعِينَ سَنَةٗۛ يَتِيهُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِۚ فَلَا تَأۡسَ عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡفَٰسِقِينَ
(Парвардигор дуои Мӯсоро қабул кард ва гуфт): «Дохил шудан ба он сарзамини муқаддас ба муддати чиҳил сол барояшон (барои яҳудон) ҳаром шуд ва дар он биёбон саргардон хоҳанд монд ва роҳе намеёбанд барои осоиш. Пас барои ин нофармонони фосиқ андӯҳгин мабош!»
Surah Al-Maeda, Verse 26
۞وَٱتۡلُ عَلَيۡهِمۡ نَبَأَ ٱبۡنَيۡ ءَادَمَ بِٱلۡحَقِّ إِذۡ قَرَّبَا قُرۡبَانٗا فَتُقُبِّلَ مِنۡ أَحَدِهِمَا وَلَمۡ يُتَقَبَّلۡ مِنَ ٱلۡأٓخَرِ قَالَ لَأَقۡتُلَنَّكَۖ قَالَ إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ ٱللَّهُ مِنَ ٱلۡمُتَّقِينَ
Ва қиссаи ростини ду писари Одам (Қобил ва Ҳобил) - ро барояшон бихон. Он гоҳ, ки қурбоние (яъне амале, ки ба Аллоҳ наздик мекунад) карданд, аз якеашон (Ҳобил) қабул карда шуд, зеро ӯ парҳезгор буд ва аз дигаре (Қобил) қабул карда нашуд, зеро ӯ парҳезгор набуд. Гуфт Қобил аз рӯи ҳасад ва кина: «Туро мекушам. Гуфт Ҳобил: Аллоҳ қурбонии парҳезгоронро қабул мекунад
Surah Al-Maeda, Verse 27
لَئِنۢ بَسَطتَ إِلَيَّ يَدَكَ لِتَقۡتُلَنِي مَآ أَنَا۠ بِبَاسِطٖ يَدِيَ إِلَيۡكَ لِأَقۡتُلَكَۖ إِنِّيٓ أَخَافُ ٱللَّهَ رَبَّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
(Ҳобил гуфт ба бародараш): Агар ту барои куштани ман даст дароз кунӣ, ман ба ту даст дароз намекунам, ки туро бикушам. Ин аз рӯи тарс нест, балки ман аз Аллоҳ, ки Парвардигори ҷаҳониён аст, метарсам
Surah Al-Maeda, Verse 28
إِنِّيٓ أُرِيدُ أَن تَبُوٓأَ بِإِثۡمِي وَإِثۡمِكَ فَتَكُونَ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلنَّارِۚ وَذَٰلِكَ جَزَـٰٓؤُاْ ٱلظَّـٰلِمِينَ
Мехоҳам, ки ту ҳам гуноҳи маро ва ҳам гуноҳи худро, ба сӯи Парвардигор бибарӣ, то аз дӯзахиён гардӣ, ки ин аст подоши ситамкорон
Surah Al-Maeda, Verse 29
فَطَوَّعَتۡ لَهُۥ نَفۡسُهُۥ قَتۡلَ أَخِيهِ فَقَتَلَهُۥ فَأَصۡبَحَ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ
Ҳавои нафси (Қобил) ӯро ба куштани бародар водошт ва ӯро кушт ва аз ҷумлаи он зиёнкороне гардид, ки охираташонро ба ин дунё фурӯхтанд
Surah Al-Maeda, Verse 30
فَبَعَثَ ٱللَّهُ غُرَابٗا يَبۡحَثُ فِي ٱلۡأَرۡضِ لِيُرِيَهُۥ كَيۡفَ يُوَٰرِي سَوۡءَةَ أَخِيهِۚ قَالَ يَٰوَيۡلَتَىٰٓ أَعَجَزۡتُ أَنۡ أَكُونَ مِثۡلَ هَٰذَا ٱلۡغُرَابِ فَأُوَٰرِيَ سَوۡءَةَ أَخِيۖ فَأَصۡبَحَ مِنَ ٱلنَّـٰدِمِينَ
(Баъд аз он, ки Қобил бародарашро кушт, надонист ҷасади бародарашро чи кор кунад). Пас Аллоҳ зоғеро фиристод, то заминро биковад ва ба ӯ нишон бидиҳад, ки чӣ гуна ҷасади бародари худро дафн созад. Гуфт: «Вой бар ман, натавонам монанди ин зоғ бошам ва ҷасади бародарамро дафн кунам». Пас ӯ аз гурӯҳи пушаймон шудагон гашт
Surah Al-Maeda, Verse 31
مِنۡ أَجۡلِ ذَٰلِكَ كَتَبۡنَا عَلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ أَنَّهُۥ مَن قَتَلَ نَفۡسَۢا بِغَيۡرِ نَفۡسٍ أَوۡ فَسَادٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَكَأَنَّمَا قَتَلَ ٱلنَّاسَ جَمِيعٗا وَمَنۡ أَحۡيَاهَا فَكَأَنَّمَآ أَحۡيَا ٱلنَّاسَ جَمِيعٗاۚ وَلَقَدۡ جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُنَا بِٱلۡبَيِّنَٰتِ ثُمَّ إِنَّ كَثِيرٗا مِّنۡهُم بَعۡدَ ذَٰلِكَ فِي ٱلۡأَرۡضِ لَمُسۡرِفُونَ
Ба сабаби ин ҳодиса ҳукм кардем бани Исроилро, ки ҳар кӣ бикушад касеро ба ғайри ивази касе ё бегуноҳ дар рӯи замин, чунон аст, ки ҳамаи мардумро кушта бошад. Ва ҳар кас, ки сабаби зиндагонии касе шуд яъне, аз куштани чунин шахси бегуноҳ худдорӣ кард, пас гуё, ки зинда сохтааст тамоми мардумонро. Ва ба таҳқиқ паёмбарони Мо ҳамроҳ бо далелҳои равшан бар онҳо(бани Исроил) фиристода шуданд. Боз ҳам бисёре аз онҳо ҳамчунон бар рӯи замин аз ҳадди хеш таҷовуз мекарданд
Surah Al-Maeda, Verse 32
إِنَّمَا جَزَـٰٓؤُاْ ٱلَّذِينَ يُحَارِبُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَيَسۡعَوۡنَ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَسَادًا أَن يُقَتَّلُوٓاْ أَوۡ يُصَلَّبُوٓاْ أَوۡ تُقَطَّعَ أَيۡدِيهِمۡ وَأَرۡجُلُهُم مِّنۡ خِلَٰفٍ أَوۡ يُنفَوۡاْ مِنَ ٱلۡأَرۡضِۚ ذَٰلِكَ لَهُمۡ خِزۡيٞ فِي ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ
Ҳамоно ҷазои касоне, ки бо Аллоҳ ва паёмбаронаш ҷанг мекунанд ва дар замин ба фасод мекӯшанд, яъне роҳзанӣ мекунанд он аст, ки кушта шаванд ё ба дор кашида шаванд ё дастҳову пойҳояшон яке аз чапу яке аз рост бурида шавад ё аз сарзамини худ бадарға шаванд. Ин барои хор ва шарманда шуданашон дар ин ҷаҳон аст ва дар охират низ ба азоби сахт гирифтор хоҳанд шуд
Surah Al-Maeda, Verse 33
إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُواْ مِن قَبۡلِ أَن تَقۡدِرُواْ عَلَيۡهِمۡۖ فَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
Магар, касоне ки пеш аз он ки шумо онҳоро дастгир кунед, тавба кунанд. Парвардигор онҳоро меомӯрзад. Пас бидонед, ки Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст
Surah Al-Maeda, Verse 34
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱبۡتَغُوٓاْ إِلَيۡهِ ٱلۡوَسِيلَةَ وَجَٰهِدُواْ فِي سَبِيلِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ
Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед ва ба шариати Ӯ амал кардаед аз Аллоҳ битарсед ва ба тоаташ наздикӣ ҷӯед ва ба ризогии Ӯ амал намоед ва дар роҳаш ҷиҳод кунед, то ки растагор гардед
Surah Al-Maeda, Verse 35
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوۡ أَنَّ لَهُم مَّا فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا وَمِثۡلَهُۥ مَعَهُۥ لِيَفۡتَدُواْ بِهِۦ مِنۡ عَذَابِ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ مَا تُقُبِّلَ مِنۡهُمۡۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
Онон, ки ба ягонагии Парвардигор ва шариати Ӯ кофир шудаанд, агар ҳамаи он чӣ дар рӯи замин аст ва монанди он аз они онҳо бошад ва бихоҳанд худро бо он аз азоби рӯзи қиёмат бозхаранд, аз онҳо пазируфта нашавад зеро вақти бозхаридани худ аз азоб аз байн рафта ва ба азоби дардовар гирифтор шаванд
Surah Al-Maeda, Verse 36
يُرِيدُونَ أَن يَخۡرُجُواْ مِنَ ٱلنَّارِ وَمَا هُم بِخَٰرِجِينَ مِنۡهَاۖ وَلَهُمۡ عَذَابٞ مُّقِيمٞ
(Кофирон) мехоҳанд, ки аз оташ берун оянд, дар ҳоле ки берун омада наметавонанд ва азобашон абадӣ аст
Surah Al-Maeda, Verse 37
وَٱلسَّارِقُ وَٱلسَّارِقَةُ فَٱقۡطَعُوٓاْ أَيۡدِيَهُمَا جَزَآءَۢ بِمَا كَسَبَا نَكَٰلٗا مِّنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٞ
Дасти марди дузд ва зани дуздро ба ҷазои коре, ки кардаанд, то банди даст бибуред. Ин уқубатест аз ҷониби Аллоҳ барои дузд ва дигарон, то аз дуздӣ баргарданд. Ва Аллоҳ пирӯзманду ҳаким аст
Surah Al-Maeda, Verse 38
فَمَن تَابَ مِنۢ بَعۡدِ ظُلۡمِهِۦ وَأَصۡلَحَ فَإِنَّ ٱللَّهَ يَتُوبُ عَلَيۡهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ
Ҳар кас пас аз кирдори нописандаш (яъне баъд аз дуздӣ карданаш) тавба кунад ва ба салоҳ ояд, Аллоҳ тавбаи ӯро мепазирад .Ба дурустӣ Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст
Surah Al-Maeda, Verse 39
أَلَمۡ تَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ يُعَذِّبُ مَن يَشَآءُ وَيَغۡفِرُ لِمَن يَشَآءُۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
Оё надонистай эй Паёмбар, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Аллоҳ аст, ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва ҳар киро бихоҳад, меомӯрзад ва Аллоҳ бар ҳар коре тавоност
Surah Al-Maeda, Verse 40
۞يَـٰٓأَيُّهَا ٱلرَّسُولُ لَا يَحۡزُنكَ ٱلَّذِينَ يُسَٰرِعُونَ فِي ٱلۡكُفۡرِ مِنَ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِأَفۡوَٰهِهِمۡ وَلَمۡ تُؤۡمِن قُلُوبُهُمۡۛ وَمِنَ ٱلَّذِينَ هَادُواْۛ سَمَّـٰعُونَ لِلۡكَذِبِ سَمَّـٰعُونَ لِقَوۡمٍ ءَاخَرِينَ لَمۡ يَأۡتُوكَۖ يُحَرِّفُونَ ٱلۡكَلِمَ مِنۢ بَعۡدِ مَوَاضِعِهِۦۖ يَقُولُونَ إِنۡ أُوتِيتُمۡ هَٰذَا فَخُذُوهُ وَإِن لَّمۡ تُؤۡتَوۡهُ فَٱحۡذَرُواْۚ وَمَن يُرِدِ ٱللَّهُ فِتۡنَتَهُۥ فَلَن تَمۡلِكَ لَهُۥ مِنَ ٱللَّهِ شَيۡـًٔاۚ أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ لَمۡ يُرِدِ ٱللَّهُ أَن يُطَهِّرَ قُلُوبَهُمۡۚ لَهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا خِزۡيٞۖ وَلَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٞ
Эй Паёмбар ғамгин накунад туро кирдори онон, ки ба куфр мешитобанд. Чи онҳое, ки ба забон гуфтанд, ки имон овардем ва ба дил имон наёварданд ва чӣ он яҳудон, ки гӯш меандозанд, то дурӯғ банданд ва барои гурӯҳе дигар, ки худ назди ту намеоянд, суханчинӣ мекунанд ва сухани Аллоҳро дигаргун месозанд ва мегӯянд: «Агар шуморо (Муҳаммад) инчунин гуфт, (ки мувофиқи он чи ки мо онро тағйир додаем аз ҳукмҳои Таврот) бипазиред ва агар бо он мухолиф ояд, аз қабул ва амал кардани вай дурӣ ҷӯед!» Ва ҳар касро, ки Аллоҳ азоби ӯро бихоҳад, ту ӯро аз қаҳри Аллоҳ раҳоӣ нахоҳӣ дод. Инҳо касоне, ҳастанд, (яъне яҳуду мунофиқон) ки Аллоҳ нахостааст, ки дилҳояшонро аз палидии куфр пок гардонад. Ононро дар дунё хорӣ ва дар охират азоби дарднок аст
Surah Al-Maeda, Verse 41
سَمَّـٰعُونَ لِلۡكَذِبِ أَكَّـٰلُونَ لِلسُّحۡتِۚ فَإِن جَآءُوكَ فَٱحۡكُم بَيۡنَهُمۡ أَوۡ أَعۡرِضۡ عَنۡهُمۡۖ وَإِن تُعۡرِضۡ عَنۡهُمۡ فَلَن يَضُرُّوكَ شَيۡـٔٗاۖ وَإِنۡ حَكَمۡتَ فَٱحۡكُم بَيۡنَهُم بِٱلۡقِسۡطِۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُقۡسِطِينَ
Инҳо яҳудиён шунавандагони дурӯғанд, хурандагони ҳароманд. Пас агар назди ту омаданд, миёнашон ҳукм кун ё аз онҳо рӯй гардон ва агар рӯй гардонӣ, ҳеҷ ба ту зиёне нарасонанд. Ва агар миёнашон ҳукм кунӣ, ба адолат ҳукм кун, ки албатта Аллоҳ адолатпешагонро дӯст дорад
Surah Al-Maeda, Verse 42
وَكَيۡفَ يُحَكِّمُونَكَ وَعِندَهُمُ ٱلتَّوۡرَىٰةُ فِيهَا حُكۡمُ ٱللَّهِ ثُمَّ يَتَوَلَّوۡنَ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَۚ وَمَآ أُوْلَـٰٓئِكَ بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Чӣ гуна туро дар байни ҳуд ҳоким қарор медиҳанд, дар ҳоле ки Таврот, ки дарбаргирандаи ҳукми Аллоҳ аст, дар назди онҳост? Сипас аз ҳукми ту рӯй мегардонанд. Ва касоне ки ин корҳоро мекунанд, мӯъмин нестанд
Surah Al-Maeda, Verse 43
إِنَّآ أَنزَلۡنَا ٱلتَّوۡرَىٰةَ فِيهَا هُدٗى وَنُورٞۚ يَحۡكُمُ بِهَا ٱلنَّبِيُّونَ ٱلَّذِينَ أَسۡلَمُواْ لِلَّذِينَ هَادُواْ وَٱلرَّبَّـٰنِيُّونَ وَٱلۡأَحۡبَارُ بِمَا ٱسۡتُحۡفِظُواْ مِن كِتَٰبِ ٱللَّهِ وَكَانُواْ عَلَيۡهِ شُهَدَآءَۚ فَلَا تَخۡشَوُاْ ٱلنَّاسَ وَٱخۡشَوۡنِ وَلَا تَشۡتَرُواْ بِـَٔايَٰتِي ثَمَنٗا قَلِيلٗاۚ وَمَن لَّمۡ يَحۡكُم بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ
Ба дурустӣ Мо Тавротро, (ба Мӯсо писари Имрон алайҳиссалоту вассалом) нозил кардем, ки дар он раҳнамоӣ аст, ки ба сӯи ҳақ ҳидоят мекунад ва дар он равшание ҳаст, ки торикиҳои ҷаҳолат шакку шубҳа ва шаҳватҳоро равшан мекунад. Паёмбароне, ки итоаткунандаи фармони Парвардигор буданд, бинобар он барои яҳуд ҳукм карданд ва низ парҳезгорону донишмандон, ки ба ҳифзи китоби Аллоҳ (Таврот) маъмур буданд ва бар он гувоҳӣ доданд, инҳо касоне буданд, ки дар миёни яҳудиён бар асоси Таврот ҳукм мекунанд ва худ ба он амал доштанд ва онро ба дигарон таълим медоданд , пас Парвардигор фармуд: Аз мардум матарсед, аз Ман битарсед ва оёти маро ба баҳои андак мафурӯшед. Ва ҳар кӣ мувофиқи оёте, ки Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм накунад, кофир аст
Surah Al-Maeda, Verse 44
وَكَتَبۡنَا عَلَيۡهِمۡ فِيهَآ أَنَّ ٱلنَّفۡسَ بِٱلنَّفۡسِ وَٱلۡعَيۡنَ بِٱلۡعَيۡنِ وَٱلۡأَنفَ بِٱلۡأَنفِ وَٱلۡأُذُنَ بِٱلۡأُذُنِ وَٱلسِّنَّ بِٱلسِّنِّ وَٱلۡجُرُوحَ قِصَاصٞۚ فَمَن تَصَدَّقَ بِهِۦ فَهُوَ كَفَّارَةٞ لَّهُۥۚ وَمَن لَّمۡ يَحۡكُم بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّـٰلِمُونَ
Ва дар Таврот бар онон муқаррар доштем, (яъне фарз кардем), ки шахс дар баробари шахс ва чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар баробари дандон ва ҳар захмеро қасосест. Ва ҳар кӣ аз қасос даргузарад, гуноҳашро кафорае (товоне) хоҳад буд. Ва ҳар кӣ ба он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, дар қасос ва ғайри он ҳукм накунад, пас ӯ аз ситамкорон аст
Surah Al-Maeda, Verse 45
وَقَفَّيۡنَا عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِم بِعِيسَى ٱبۡنِ مَرۡيَمَ مُصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيۡهِ مِنَ ٱلتَّوۡرَىٰةِۖ وَءَاتَيۡنَٰهُ ٱلۡإِنجِيلَ فِيهِ هُدٗى وَنُورٞ وَمُصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيۡهِ مِنَ ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَهُدٗى وَمَوۡعِظَةٗ لِّلۡمُتَّقِينَ
Ва аз паи онҳо Исо писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Тавроте буд, ки пеш аз ӯ фиристода будем ва Инҷилро, ба ӯ додем, ки дар он ҳидоятест, ки ба роҳи ҳақ даъват менамояд ва нурест, ки ҳақро аз ботил ҷудо мегардонад ва тасдиқкунандаи Тавротест, ки пеш аз он нозил карда шудааст ва бар сиҳатии он гувоҳӣ медиҳад ва бо он мувофиқ аст ва барои парҳезгорон, ҳидоят ва пандест
Surah Al-Maeda, Verse 46
وَلۡيَحۡكُمۡ أَهۡلُ ٱلۡإِنجِيلِ بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فِيهِۚ وَمَن لَّمۡ يَحۡكُم بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ
Ва бояд, ки аҳли Инҷил мувофиқи он чӣ Аллоҳ дар он китоб нозил кардааст, ҳукм кунанд. Зеро ҳар кас ба он чӣ ки Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм накунад, аз фосиқон аст
Surah Al-Maeda, Verse 47
وَأَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ مُصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيۡهِ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَمُهَيۡمِنًا عَلَيۡهِۖ فَٱحۡكُم بَيۡنَهُم بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُۖ وَلَا تَتَّبِعۡ أَهۡوَآءَهُمۡ عَمَّا جَآءَكَ مِنَ ٱلۡحَقِّۚ لِكُلّٖ جَعَلۡنَا مِنكُمۡ شِرۡعَةٗ وَمِنۡهَاجٗاۚ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَجَعَلَكُمۡ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ وَلَٰكِن لِّيَبۡلُوَكُمۡ فِي مَآ ءَاتَىٰكُمۡۖ فَٱسۡتَبِقُواْ ٱلۡخَيۡرَٰتِۚ إِلَى ٱللَّهِ مَرۡجِعُكُمۡ جَمِيعٗا فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ فِيهِ تَخۡتَلِفُونَ
Ва ин китобро (эй Муҳаммад) ба ростӣ бар ту нозил кардем ва ҳар он чи дар он аст ҳақ аст, тасдиқкунанда ва ҳукмкунанда бар китобҳоест, ки пеш аз он будаанд. Ва баён медорад он чи аз он китобҳо, ки тағйир дода шуданд. Пас, мувофиқи он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, дар миёнашон (яҳудиён) ҳукм кун ва аз пайи хоҳишҳояшон марав, то он чиро ки аз ҳақ бар ту нозил шудааст, вогузорӣ. Барои ҳар гурӯҳе аз шумо шариъат ва равише ниҳодем. Ва агар Аллоҳ мехост, ҳамаи шуморо як уммат месохт. Вале хост дар он чӣ бар шумо арзонӣ доштааст, биёзмоядатон, то фармонбардори шумо аз нофармонбардор маълум гардад. Пас бо амал карданатон ба Қуръон ба сӯи некиҳо бишитобед. Бозгаштани ҳамаи шумо ба сӯи Аллоҳ аст, то аз он чӣ дар он ихтилоф мекардед, огоҳатон созад
Surah Al-Maeda, Verse 48
وَأَنِ ٱحۡكُم بَيۡنَهُم بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ وَلَا تَتَّبِعۡ أَهۡوَآءَهُمۡ وَٱحۡذَرۡهُمۡ أَن يَفۡتِنُوكَ عَنۢ بَعۡضِ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ إِلَيۡكَۖ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَٱعۡلَمۡ أَنَّمَا يُرِيدُ ٱللَّهُ أَن يُصِيبَهُم بِبَعۡضِ ذُنُوبِهِمۡۗ وَإِنَّ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلنَّاسِ لَفَٰسِقُونَ
Ва эй Паёмбар, миёни яҳудиён бар мувофиқи он чӣ ки Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм кун ва аз хостаҳояшон пайравӣ макун ва аз онҳо бипарҳез, ки мабодо бифиребандат, то аз баъзе аз чизҳое, ки Аллоҳ бар ту нозил кардааст, рӯй бигардонӣ. Ва агар аз ҳукми ту рӯй гардонданд, бидон, ки Аллоҳ мехоҳад ононро зудтар ба подоши баъзе гуноҳҳонашон дар дунё азоб кунад ва ҳароина бисёре аз мардуми яҳуд аз тоати Парвардигорашон саркашанд
Surah Al-Maeda, Verse 49
أَفَحُكۡمَ ٱلۡجَٰهِلِيَّةِ يَبۡغُونَۚ وَمَنۡ أَحۡسَنُ مِنَ ٱللَّهِ حُكۡمٗا لِّقَوۡمٖ يُوقِنُونَ
Оё ин яҳудиён ҳукми ҷоҳилиятро мехоҳанд? Ва барои қавме, ки муътақиданд ва бовар доранд, ки ҳукми Парвардигор ҳақ аст, чи касе беҳтар аз Аллоҳ ҳукм менамояд
Surah Al-Maeda, Verse 50
۞يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ ٱلۡيَهُودَ وَٱلنَّصَٰرَىٰٓ أَوۡلِيَآءَۘ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۚ وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمۡ فَإِنَّهُۥ مِنۡهُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ
Эй касоне, ки имон овардаед, яҳуд ва насороро ба дӯстӣ нагиред. Онон худ дӯстони якдигаранд ва якдигарро ёрӣ мекунанд ва бар зидди дигарон якдаст ва якпорча мешаванд. ҳар кас, ки аз шумо эшонро дӯст гирад, дар зумраи онҳост. Ҳамоно Аллоҳ ситамгоронро ҳидоят намекунад
Surah Al-Maeda, Verse 51
فَتَرَى ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ يُسَٰرِعُونَ فِيهِمۡ يَقُولُونَ نَخۡشَىٰٓ أَن تُصِيبَنَا دَآئِرَةٞۚ فَعَسَى ٱللَّهُ أَن يَأۡتِيَ بِٱلۡفَتۡحِ أَوۡ أَمۡرٖ مِّنۡ عِندِهِۦ فَيُصۡبِحُواْ عَلَىٰ مَآ أَسَرُّواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ نَٰدِمِينَ
Парвардигор хабар медиҳад аз ҳоли мунофиқоне, ки дар дил маразе доранд, мебинӣ, ки ба сӯҳбати яҳудон мешитобанд, мегӯянд: «Метарсем, ки ба мо осебе бирасад». Наздик аст, Парвардигор пирӯзие биёварад ё аз ҷониби худ коре кунад, пас он гоҳ аз он чӣ дар нафсҳояшон пинҳон дошта буданд, пушаймон шаванд
Surah Al-Maeda, Verse 52
وَيَقُولُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَهَـٰٓؤُلَآءِ ٱلَّذِينَ أَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ إِنَّهُمۡ لَمَعَكُمۡۚ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فَأَصۡبَحُواْ خَٰسِرِينَ
Ва онҳое, ки имон овардаанд, (яъне, мӯъминон дар ҳоли мунофиқон дар таъаҷҷуб монда ба якдигар) мегӯянд: «Оё инҳо ҳамон касонеанд, ки ба Аллоҳ савгандҳои сахт мехӯрданд, ки бо шумо хоҳанд буд?», амалҳояшон, ки дар дунё ба ҷо оварданд ба сабаби гумони бадашон бар ислому мусалмонон ботил гардид, пас худ дар зумраи зиёнкорон даромаданд
Surah Al-Maeda, Verse 53
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَن يَرۡتَدَّ مِنكُمۡ عَن دِينِهِۦ فَسَوۡفَ يَأۡتِي ٱللَّهُ بِقَوۡمٖ يُحِبُّهُمۡ وَيُحِبُّونَهُۥٓ أَذِلَّةٍ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ أَعِزَّةٍ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ يُجَٰهِدُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَا يَخَافُونَ لَوۡمَةَ لَآئِمٖۚ ذَٰلِكَ فَضۡلُ ٱللَّهِ يُؤۡتِيهِ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар кӣ аз шумо аз динаш бозгардад, пас, ба зудӣ Аллоҳ мардумеро биёварад новобаста вай яҳудӣ ё насронӣ ё дигар бошад, ки онҳоро дӯст бидорад ва онҳо низ Ӯро дӯст доранд. Дар баробари мӯъминон фурӯтананд ва дар баробари кофирон неруманданд, дар роҳи Аллоҳ бо молу ҷон ва гуфтору кирдорашон ҷиҳод мекунанд ва аз маломати ҳеҷ маломатгаре намеҳаросанд. Ин фазли Аллоҳст, ба ҳар кас, ки хоҳад, медиҳад ва Парвардигор фарохнеъмату доност
Surah Al-Maeda, Verse 54
إِنَّمَا وَلِيُّكُمُ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُمۡ رَٰكِعُونَ
Танҳо Аллоҳ ва паёмбари Ӯ ва мӯъминон дӯсти шумо ҳастанд, касоне, ки намозро бо хушӯъ барпо медоранд ва закоти фарзиро адо менамоянд ва дар баробари Аллоҳ фурӯтан ҳастанд
Surah Al-Maeda, Verse 55
وَمَن يَتَوَلَّ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ فَإِنَّ حِزۡبَ ٱللَّهِ هُمُ ٱلۡغَٰلِبُونَ
Ва ҳар кӣ Аллоҳ ва паёмбари Ӯ ва мӯъминонро дӯсти худ гирифт, пас бегумон ҳизб ва гурӯҳи Аллоҳ пирӯз аст
Surah Al-Maeda, Verse 56
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ ٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ دِينَكُمۡ هُزُوٗا وَلَعِبٗا مِّنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلِكُمۡ وَٱلۡكُفَّارَ أَوۡلِيَآءَۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ
Эй мӯъминон касонеро, ки дини шуморо бо тамасхӯр ва бозӣ гирифтаанд, аз касоне, ки ба онҳо пеш аз шумо китоб дода шуд ва кофиронро дӯст магиред ва агар мӯъмин ҳастед аз Аллоҳ битарсед. Зеро имоне, ки дар вуҷуди мӯъминон аст, иҷоб мекунад, то дӯстии эшонро тарк намоянд ва аз дари душманӣ бо онҳо дароянд
Surah Al-Maeda, Verse 57
وَإِذَا نَادَيۡتُمۡ إِلَى ٱلصَّلَوٰةِ ٱتَّخَذُوهَا هُزُوٗا وَلَعِبٗاۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَوۡمٞ لَّا يَعۡقِلُونَ
Ва чун бонги намоз кунед, он намозро яҳуду насоро ва кофирон масхараву бозӣ мегиранд, зеро мардуме ҳастанд, ки ба сабаби нодонии худ намеандешанд
Surah Al-Maeda, Verse 58
قُلۡ يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ هَلۡ تَنقِمُونَ مِنَّآ إِلَّآ أَنۡ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيۡنَا وَمَآ أُنزِلَ مِن قَبۡلُ وَأَنَّ أَكۡثَرَكُمۡ فَٰسِقُونَ
Бигу эй расул, ба он масхаракунандагони ахли китоб: «Эй аҳли китоб, оё интиқоми шумо ҷуз ин чизи дигаре ҳаст, ки мо ба Аллоҳ ва он чӣ бар мо нозил шуда ва он чӣ пеш аз ин нозил шудааст, имон овардаем. Ва бидонед, ки бештари шумо фосиқ ҳастед. (Яъне, аз тоъати Илоҳӣ берун рафта ва бар иртикоби гуноҳ ҷуръат кардаед»)
Surah Al-Maeda, Verse 59
قُلۡ هَلۡ أُنَبِّئُكُم بِشَرّٖ مِّن ذَٰلِكَ مَثُوبَةً عِندَ ٱللَّهِۚ مَن لَّعَنَهُ ٱللَّهُ وَغَضِبَ عَلَيۡهِ وَجَعَلَ مِنۡهُمُ ٱلۡقِرَدَةَ وَٱلۡخَنَازِيرَ وَعَبَدَ ٱلطَّـٰغُوتَۚ أُوْلَـٰٓئِكَ شَرّٞ مَّكَانٗا وَأَضَلُّ عَن سَوَآءِ ٱلسَّبِيلِ
Бигӯ: «Оё шуморо аз касоне, ки дар назди Аллоҳ ҷазое бадтар аз ин доранд, хабар бидиҳам, ки шумо моро бад-он муттаҳам намудаед, ҳол он ки он сифот дар шумо мавҷуд мебошад: Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ онҳоро лаънат карда ва бар онҳо хашм гирифта ва баъзеро маймуну хук гардонидааст ва парастандагони тоғутанд. Онҳоро бадтарин ҷойгоҳ аст ва аз роҳи рост гумгаштатаринанд
Surah Al-Maeda, Verse 60
وَإِذَا جَآءُوكُمۡ قَالُوٓاْ ءَامَنَّا وَقَد دَّخَلُواْ بِٱلۡكُفۡرِ وَهُمۡ قَدۡ خَرَجُواْ بِهِۦۚ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا كَانُواْ يَكۡتُمُونَ
Ва чун мунофиқон назди шумо омаданд, гуфтанд, ки имон овардем ва ҳол он ки бо куфр дохил шуданд ва ба ҳамон куфр хориҷ гаштанд ва онҳо даъво доранд, ки мӯъмин ҳастанд, Аллоҳ ба он чӣ пинҳон медоранд, огоҳтар аст
Surah Al-Maeda, Verse 61
وَتَرَىٰ كَثِيرٗا مِّنۡهُمۡ يُسَٰرِعُونَ فِي ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِ وَأَكۡلِهِمُ ٱلسُّحۡتَۚ لَبِئۡسَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
Мебинӣ бисёре аз онҳоро (яҳудонро), ки ба гуноҳу бедодӣ ва дар хӯрдани моли ҳаром аз якдигар тез мешитобанд. Воқеан кори бисёр бадеро анҷом медиҳанд
Surah Al-Maeda, Verse 62
لَوۡلَا يَنۡهَىٰهُمُ ٱلرَّبَّـٰنِيُّونَ وَٱلۡأَحۡبَارُ عَن قَوۡلِهِمُ ٱلۡإِثۡمَ وَأَكۡلِهِمُ ٱلسُّحۡتَۚ لَبِئۡسَ مَا كَانُواْ يَصۡنَعُونَ
Аз чӣ рӯй пешвоён ва донишмандонҳояшон ононро аз гуфтори бад ва ҳаромхорагӣ бознамедоранд. Дар ҳақиқат чи бадӣ аст, ки онон анҷом медиҳанд
Surah Al-Maeda, Verse 63
وَقَالَتِ ٱلۡيَهُودُ يَدُ ٱللَّهِ مَغۡلُولَةٌۚ غُلَّتۡ أَيۡدِيهِمۡ وَلُعِنُواْ بِمَا قَالُواْۘ بَلۡ يَدَاهُ مَبۡسُوطَتَانِ يُنفِقُ كَيۡفَ يَشَآءُۚ وَلَيَزِيدَنَّ كَثِيرٗا مِّنۡهُم مَّآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَ طُغۡيَٰنٗا وَكُفۡرٗاۚ وَأَلۡقَيۡنَا بَيۡنَهُمُ ٱلۡعَدَٰوَةَ وَٱلۡبَغۡضَآءَ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ كُلَّمَآ أَوۡقَدُواْ نَارٗا لِّلۡحَرۡبِ أَطۡفَأَهَا ٱللَّهُۚ وَيَسۡعَوۡنَ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَسَادٗاۚ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُفۡسِدِينَ
(Парвардигор паёмбарашро аз ақидаи бади яҳудон ва он чи миёни худ пинҳон медоштанд, хабар медиҳад): Яҳудиён гуфтанд, ки Парвардигор дастбаста аст (яъне, Парвардигор бахил аст. Ва ин воқеа замоне буд, ки ба онҳо хушкӣ ва қаҳтӣ расида буд). Дастҳои худашон баста бод! Ва ба он сухан, ки гуфтанд, малъун гаштанд. Яъне, Парвардигор онҳоро аз раҳмати худ берун кард. Ва амр чунин тавр нест, ки онҳо бар Аллоҳ сухани дурӯғ мебофанд, балки дастҳои Аллоҳ кушода аст. Ба ҳар сон, ки бихоҳад, рӯзӣ медиҳад. Ва он чӣ бар ту аз ҷониби Парвардигорат нозил шудааст, ба сабаби бухлу ҳасадашон дар туғён ва куфри бештарашон хоҳад афзуд. Мо то рӯзи қиёмат миёнашон душманиву кина афкандаем. Ҳар гоҳ, ки ба сабаби вайронии нияташон ва фасодкориашон бар муқобили мусалмонон оташи ҷангро афрӯхтанд, Аллоҳ хомӯшаш сохт. Ва онон дар рӯи замин ба фасод мекӯшанд ва Аллоҳ муфсидонро дӯст надорад
Surah Al-Maeda, Verse 64
وَلَوۡ أَنَّ أَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ ءَامَنُواْ وَٱتَّقَوۡاْ لَكَفَّرۡنَا عَنۡهُمۡ سَيِّـَٔاتِهِمۡ وَلَأَدۡخَلۡنَٰهُمۡ جَنَّـٰتِ ٱلنَّعِيمِ
Ва агар аҳли Китоб имон ба Аллоҳ ва расулаш биёваранд ва парҳезгорӣ кунанд (яъне, фармудаҳояшро ба ҷо оранд ва аз он чи манъ кардааст, дур биистанд), гуноҳонашонро хоҳем нобуд кард ва онҳоро ба биҳиштҳои пурнеъмат дохил хоҳем кард
Surah Al-Maeda, Verse 65
وَلَوۡ أَنَّهُمۡ أَقَامُواْ ٱلتَّوۡرَىٰةَ وَٱلۡإِنجِيلَ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِم مِّن رَّبِّهِمۡ لَأَكَلُواْ مِن فَوۡقِهِمۡ وَمِن تَحۡتِ أَرۡجُلِهِمۚ مِّنۡهُمۡ أُمَّةٞ مُّقۡتَصِدَةٞۖ وَكَثِيرٞ مِّنۡهُمۡ سَآءَ مَا يَعۡمَلُونَ
Ва агар Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Аллоҳ бар онҳо нозил шуда, (Қуръонро) барпой доранд, аз болои сару зери пояшон рӯзӣ бихуранд (яъне ризқҳои онҳо фаровон гардад). Баъзе аз онҳо мардуме миёнарав ҳастанд ва бар ҳақ устуворанд ва бисёриашон бадкирдоранд ва аз роҳи ҳақ гумроҳанд
Surah Al-Maeda, Verse 66
۞يَـٰٓأَيُّهَا ٱلرَّسُولُ بَلِّغۡ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَۖ وَإِن لَّمۡ تَفۡعَلۡ فَمَا بَلَّغۡتَ رِسَالَتَهُۥۚ وَٱللَّهُ يَعۡصِمُكَ مِنَ ٱلنَّاسِۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡكَٰفِرِينَ
Эй Паёмбар, он чиро аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон. Агар чунин накунӣ ва чизеро аз он пинҳон кунӣ, амри рисолати Ӯро адо накардаӣ. Аллоҳ туро аз мардум ҳифз мекунад ва бар душманонат пирӯз мегардонад ва вазифаи ту расонидани ҳақ аст ба сӯи мардум. Ба дурустӣ Аллоҳ мардуми кофирро ҳидоят намекунад
Surah Al-Maeda, Verse 67
قُلۡ يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لَسۡتُمۡ عَلَىٰ شَيۡءٍ حَتَّىٰ تُقِيمُواْ ٱلتَّوۡرَىٰةَ وَٱلۡإِنجِيلَ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكُم مِّن رَّبِّكُمۡۗ وَلَيَزِيدَنَّ كَثِيرٗا مِّنۡهُم مَّآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَ طُغۡيَٰنٗا وَكُفۡرٗاۖ فَلَا تَأۡسَ عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ
Бигӯ: «Эй аҳли китоб, шумо бар чизе нестед, (яъне ба Қуръон, Муҳаммад, паёмбари худ ва китобатон имон наовардаед) то он гоҳ, ки Таврот ва Инҷил ва он чиро аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпой доред». Он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар туғён ва куфри бештарашон бияфзояд. Пас бар ин мардуми кофир ғамгин мабош
Surah Al-Maeda, Verse 68
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱلَّذِينَ هَادُواْ وَٱلصَّـٰبِـُٔونَ وَٱلنَّصَٰرَىٰ مَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا فَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ
Албатта, аз миёни онон, ки имон овардаанд (яъне, мусалмонон) ва яҳудиён ва собиин ва насоро, (пайравони Исо алайҳиссалом) ҳар кӣ ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон дошта бошад ва кори шоиста кунад, аз аҳволи рӯзи қиёмат биме бар онҳо нест ва он чи ки дар дунё тарк намуданд, бар он гамгин намешаванд
Surah Al-Maeda, Verse 69
لَقَدۡ أَخَذۡنَا مِيثَٰقَ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ وَأَرۡسَلۡنَآ إِلَيۡهِمۡ رُسُلٗاۖ كُلَّمَا جَآءَهُمۡ رَسُولُۢ بِمَا لَا تَهۡوَىٰٓ أَنفُسُهُمۡ فَرِيقٗا كَذَّبُواْ وَفَرِيقٗا يَقۡتُلُونَ
Ба дурустӣ Мо аз бани Исроил паймони маҳкам гирифтем, то ба Аллоҳ имон биёваранд ва паёмбаронро ба сӯи онҳо фиристодем. Ҳар гоҳ ки паёмбаре чизе мегуфт, ки бо хоҳиши нафсашон мувофиқ набуд, гурӯҳеро дурӯғ мебароварданд ва гурӯҳеро мекуштанд
Surah Al-Maeda, Verse 70
وَحَسِبُوٓاْ أَلَّا تَكُونَ فِتۡنَةٞ فَعَمُواْ وَصَمُّواْ ثُمَّ تَابَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمۡ ثُمَّ عَمُواْ وَصَمُّواْ كَثِيرٞ مِّنۡهُمۡۚ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِمَا يَعۡمَلُونَ
Ва пиндоштанд, ки ҳеҷ азобе нахоҳад буд. Пас аз дидани ҳақ кӯр ва аз шунидани он кар шуданд. Он гоҳ Аллоҳ тавбаашон бипазируфт. Боз бисёре аз онҳо кӯру кар шуданд. Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунанд бино аст
Surah Al-Maeda, Verse 71
لَقَدۡ كَفَرَ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡمَسِيحُ ٱبۡنُ مَرۡيَمَۖ وَقَالَ ٱلۡمَسِيحُ يَٰبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ رَبِّي وَرَبَّكُمۡۖ إِنَّهُۥ مَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدۡ حَرَّمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِ ٱلۡجَنَّةَ وَمَأۡوَىٰهُ ٱلنَّارُۖ وَمَا لِلظَّـٰلِمِينَ مِنۡ أَنصَارٖ
Парвардигори мутаъол қасам ёд мекунад касоне, ки гуфтанд: Ба таҳқиқ, ки Аллоҳ ҳамон Масеҳ писари Марям аст, кофир шуданд. Масеҳ (алайҳиссалом даъвои ботили онҳоро рад карда) гуфт: «Эй бани Исроил, Аллоҳро, Парвардигори ман ва Парвардигори худро бипарастед». Зеро ҳар кас, ки барои Парвардигор (Исо ё касе дигарро) шарике қарор диҳад, ҳамоно Аллоҳ биҳиштро бар ӯ ҳаром кунад ва ҷойгоҳи ӯ оташ аст ва ситамкоронро ёридиҳандае нест, ки аз азоби Парвардигор онҳоро раҳо кунад
Surah Al-Maeda, Verse 72
لَّقَدۡ كَفَرَ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ ثَالِثُ ثَلَٰثَةٖۘ وَمَا مِنۡ إِلَٰهٍ إِلَّآ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۚ وَإِن لَّمۡ يَنتَهُواْ عَمَّا يَقُولُونَ لَيَمَسَّنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Ҳамоно онон, ки гуфтанд: «Аллоҳи барҳақ саввумини се аст», кофир шуданд. Дар ҳоле, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ нест. Агар аз он чӣ мегӯянд, бознаистанд, ба ононе ки дар ақидаи кофирашон меистанд, азоби дардовар хоҳад расид
Surah Al-Maeda, Verse 73
أَفَلَا يَتُوبُونَ إِلَى ٱللَّهِ وَيَسۡتَغۡفِرُونَهُۥۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
(Сипас Парвардигор онҳоро ба тавба кардан аз он чӣ аз онҳо сар зада даъват кард ва баён намуд): Оё ба даргоҳи Аллоҳ тавба намекунанд ва аз Ӯ омӯрзиш намехоҳанд? Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст
Surah Al-Maeda, Verse 74
مَّا ٱلۡمَسِيحُ ٱبۡنُ مَرۡيَمَ إِلَّا رَسُولٞ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِ ٱلرُّسُلُ وَأُمُّهُۥ صِدِّيقَةٞۖ كَانَا يَأۡكُلَانِ ٱلطَّعَامَۗ ٱنظُرۡ كَيۡفَ نُبَيِّنُ لَهُمُ ٱلۡأٓيَٰتِ ثُمَّ ٱنظُرۡ أَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ
(Сипас ҳақиқати Масеҳ ва модарашро, ки ҳақ ва ошкор буд, баён кард ва фармуд): Масеҳ писари Марям, ҷуз паёмбаре набуд, ки паёмбароне пеш аз ӯ будаанд ва модараш зани ростгӯй буд, ки ҳар ду ғизо мехӯрданд. Бингар, ки чӣ гуна оётро барояшон баён мекунем, сипас бингар, ки чӣ гуна аз ҳақ рӯй мегардонанд
Surah Al-Maeda, Verse 75
قُلۡ أَتَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَمۡلِكُ لَكُمۡ ضَرّٗا وَلَا نَفۡعٗاۚ وَٱللَّهُ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ
Эй Паёмбар, ба кофирон бигӯ: «Оё ҷуз Аллоҳ маъбуди дигареро, ки барои шумо молики ҳеҷ фоида ва зиёне нест ҳеҷ фоида ва зиёне барои шумо намерасонад, мепарастед ва ҳол он, ки Аллоҳ ба гуфтори бандагонаш шунаво ва ба кирдорашон доност?»
Surah Al-Maeda, Verse 76
قُلۡ يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لَا تَغۡلُواْ فِي دِينِكُمۡ غَيۡرَ ٱلۡحَقِّ وَلَا تَتَّبِعُوٓاْ أَهۡوَآءَ قَوۡمٖ قَدۡ ضَلُّواْ مِن قَبۡلُ وَأَضَلُّواْ كَثِيرٗا وَضَلُّواْ عَن سَوَآءِ ٱلسَّبِيلِ
(Эй Паёмбар ба насоро) бигӯ: «Эй аҳли китоб, ба ноҳақ дар дини хеш ғулув (зиёдаравӣ) макунед дар он чи ки аз шахсияти Масеҳ эътиқод доред ва аз хоҳишҳои он мардуме, ки пеш гумроҳ шуда буданд ва мардуми бисёреро гумроҳ карданд ва худ аз роҳи рост каҷравӣ кардаанд, пайравӣ макунед»
Surah Al-Maeda, Verse 77
لُعِنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۢ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ عَلَىٰ لِسَانِ دَاوُۥدَ وَعِيسَى ٱبۡنِ مَرۡيَمَۚ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَواْ وَّكَانُواْ يَعۡتَدُونَ
(Парвардигор хабар медиҳад, ки Ӯ кофиронро аз раҳматаш маҳрум карда гуфтааст): Онон, ки аз бани Исроил кофир шуданд, ба забони Довуд ва Исо ибни Марям лаънат шуданд ва ин лаънат подоши исён ва таҷовузашон буд
Surah Al-Maeda, Verse 78
كَانُواْ لَا يَتَنَاهَوۡنَ عَن مُّنكَرٖ فَعَلُوهُۚ لَبِئۡسَ مَا كَانُواْ يَفۡعَلُونَ
Инҳо, яҳудиён гуноҳи ошкор мекарданд ва ба кардани он розӣ буданд ва аз кори зиште, ки мекарданд, якдигарро мань намекарданд ва ҳароина бадкорӣ мекарданд. Ба ин сабаб сазовори лаънати Парвардигор гаштанд
Surah Al-Maeda, Verse 79
تَرَىٰ كَثِيرٗا مِّنۡهُمۡ يَتَوَلَّوۡنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۚ لَبِئۡسَ مَا قَدَّمَتۡ لَهُمۡ أَنفُسُهُمۡ أَن سَخِطَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمۡ وَفِي ٱلۡعَذَابِ هُمۡ خَٰلِدُونَ
Бисёре аз яҳудиёнро мебинӣ, ки бо кофирон (яъне, бо мушрикони Макка, ки бар зидди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ҷанг баромаданд) дӯстӣ меварзанд. Бад аст, он чӣ пештар барои худ фиристоданд. Хашми Аллоҳ бар онҳост ва рӯзи қиёмат дар азоби ҷовидонаанд
Surah Al-Maeda, Verse 80
وَلَوۡ كَانُواْ يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلنَّبِيِّ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِ مَا ٱتَّخَذُوهُمۡ أَوۡلِيَآءَ وَلَٰكِنَّ كَثِيرٗا مِّنۡهُمۡ فَٰسِقُونَ
Ва агар он яҳудиёне ки мушриконро дастиёрӣ карданд ба Аллоҳ ва паёмбар (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва он чӣ бар ӯ нозил шуда, (Қуръон) имон оварда буданд, кофиронро дӯст намегирифтанд, вале бештарашон фосиқонанд. (Яъне, аз тоъати Аллоҳ ва расулаш берунанд)
Surah Al-Maeda, Verse 81
۞لَتَجِدَنَّ أَشَدَّ ٱلنَّاسِ عَدَٰوَةٗ لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱلۡيَهُودَ وَٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْۖ وَلَتَجِدَنَّ أَقۡرَبَهُم مَّوَدَّةٗ لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّا نَصَٰرَىٰۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّ مِنۡهُمۡ قِسِّيسِينَ وَرُهۡبَانٗا وَأَنَّهُمۡ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ
Бешак хоҳӣ дид, эй Паёмбар, ки душмантарин мардум барои мӯъминон яҳудиён ва мушрикон ҳастанд ки яҳудиён аз сабаби саркашӣ ва инкор карданашон ҳақро ва мушрикон ба сабаби бутпарастиашон душманӣ варзиданд ва меҳрубонтарин касон нисбат ба онон, ки имон овардаанд, касонеро меёбӣ, ки мегӯянд: «Мо насронӣ ҳастем». Зеро баъзе аз онҳо донишмандону обидон ҳастанд ва онҳо аз қабули ҳақ такаббур намекунанд. (Ва онҳо касонеанд, ки рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро қабул карданд ва ба он имон оварданд)
Surah Al-Maeda, Verse 82
وَإِذَا سَمِعُواْ مَآ أُنزِلَ إِلَى ٱلرَّسُولِ تَرَىٰٓ أَعۡيُنَهُمۡ تَفِيضُ مِنَ ٱلدَّمۡعِ مِمَّا عَرَفُواْ مِنَ ٱلۡحَقِّۖ يَقُولُونَ رَبَّنَآ ءَامَنَّا فَٱكۡتُبۡنَا مَعَ ٱلشَّـٰهِدِينَ
Аз нишонаҳои дӯстии онҳо ба мусалмонон он аст, ки гурӯҳе аз онҳо он чиро, ки бар паёмбар нозил шуда, бишнаванд, чашмонашон ба сабаби он чи аз ҳақ шинохтанд, пур аз ашк мешавад, ки он ҳақ ва аз назди Парвардигор аст ва ба Аллоҳ имон меоваранд ва расули Ӯро пайравӣ мекунанд ва мегӯянд: "Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро низ дар зумраи гувоҳидиҳандагон бинавис
Surah Al-Maeda, Verse 83
وَمَا لَنَا لَا نُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَمَا جَآءَنَا مِنَ ٱلۡحَقِّ وَنَطۡمَعُ أَن يُدۡخِلَنَا رَبُّنَا مَعَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلصَّـٰلِحِينَ
Чаро ба Аллоҳ ва ин дини ҳақ, ки бар мо нозил шудааст, имон наёварем ва тамаъ накунем, дар ин ки Парвардигори мо моро дар шумори солеҳон оварад
Surah Al-Maeda, Verse 84
فَأَثَٰبَهُمُ ٱللَّهُ بِمَا قَالُواْ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ وَذَٰلِكَ جَزَآءُ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Пас ба сабаби имоне, ки оварданд ва эътирофе, ки ба ҳақ карданд, Парвардигор онҳоро ба биҳиштҳое, ки аз зери дарахтони он ҷӯйҳо равон аст, дарорад ва онҳо дар он ҷовидон мемонанд ва ин подоши некӯкорон аст
Surah Al-Maeda, Verse 85
وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَآ أُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَحِيمِ
Ва онон, ки куфр варзиданд ба ягонагии Парвардигор ва инкор карданд (паёмбарии Муҳамммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро) ва оёти моро, ки бар паёмбарон нозил шуда дурӯғ шумориданд, онҳо аз ахли ҷаҳаннаманд
Surah Al-Maeda, Verse 86
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُحَرِّمُواْ طَيِّبَٰتِ مَآ أَحَلَّ ٱللَّهُ لَكُمۡ وَلَا تَعۡتَدُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُعۡتَدِينَ
Эй касоне, ки имон овардаед, чизҳои покизаеро, ки Аллоҳ бар шумо ҳалол кардааст, ҳаром макунед аз таъом, нӯшокӣ, никоҳи занон ва неъматеро, ки Парвардигор ба шумо ба фарохӣ арзонӣ намудааст, ба тангӣ магиред ва аз ҳад дармагузаред, ки ҳамоно Аллоҳ аз ҳад таҷовузкунандагонро дӯст надорад
Surah Al-Maeda, Verse 87
وَكُلُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ حَلَٰلٗا طَيِّبٗاۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ ٱلَّذِيٓ أَنتُم بِهِۦ مُؤۡمِنُونَ
Ва аз чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва аз Аллоҳе, ки ба Ӯ имон овардаед, битарсед. Ва амрҳояшро ба ҷо оред ва аз манъ кардаҳояш дурӣ ҷӯед
Surah Al-Maeda, Verse 88
لَا يُؤَاخِذُكُمُ ٱللَّهُ بِٱللَّغۡوِ فِيٓ أَيۡمَٰنِكُمۡ وَلَٰكِن يُؤَاخِذُكُم بِمَا عَقَّدتُّمُ ٱلۡأَيۡمَٰنَۖ فَكَفَّـٰرَتُهُۥٓ إِطۡعَامُ عَشَرَةِ مَسَٰكِينَ مِنۡ أَوۡسَطِ مَا تُطۡعِمُونَ أَهۡلِيكُمۡ أَوۡ كِسۡوَتُهُمۡ أَوۡ تَحۡرِيرُ رَقَبَةٖۖ فَمَن لَّمۡ يَجِدۡ فَصِيَامُ ثَلَٰثَةِ أَيَّامٖۚ ذَٰلِكَ كَفَّـٰرَةُ أَيۡمَٰنِكُمۡ إِذَا حَلَفۡتُمۡۚ وَٱحۡفَظُوٓاْ أَيۡمَٰنَكُمۡۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
Парвардигор шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда аз забонатон ҷорӣ гашта бозхост нахоҳад кард. (ба монанди Валлоҳӣ не! Валлоҳӣ оре!), вале ба сабаби шикастани савгандҳое, ки аз рӯи қасд мехӯред, бозхост мекунад ва каффорати он таъом додани даҳ мискин аст аз ғизои миёнае, ки ба хонаводаи хеш мехӯронед ё пӯшиши (либоси) онҳо ё озод кардани як банда. Ва ҳар кӣ наёбад, се рӯз рӯза медорад. Ин кафорати қасам аст, ҳар гоҳ, ки қасам хӯрдед, ба қасамҳои худ вафо кунед. Аллоҳ оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, бошад, ки сипосгузор бошед, ки Парвардигор шуморо ба роҳи рост ҳидоят фармудааст
Surah Al-Maeda, Verse 89
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّمَا ٱلۡخَمۡرُ وَٱلۡمَيۡسِرُ وَٱلۡأَنصَابُ وَٱلۡأَزۡلَٰمُ رِجۡسٞ مِّنۡ عَمَلِ ٱلشَّيۡطَٰنِ فَٱجۡتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ, шароб ва қимор ва бутҳо ва гаравбандӣ бо тирҳо (тирҳое, ки фол мекушоянд), палидӣ ва кори шайтон аст, аз он гуноҳон парҳез кунед, то ба ҷаннат комёб шавед! (Ин корҳо аз ҷиҳати маънавӣ палид ва наҷас ҳастанд, гарчӣ дар зоҳир палид нестанд)
Surah Al-Maeda, Verse 90
إِنَّمَا يُرِيدُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَن يُوقِعَ بَيۡنَكُمُ ٱلۡعَدَٰوَةَ وَٱلۡبَغۡضَآءَ فِي ٱلۡخَمۡرِ وَٱلۡمَيۡسِرِ وَيَصُدَّكُمۡ عَن ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَعَنِ ٱلصَّلَوٰةِۖ فَهَلۡ أَنتُم مُّنتَهُونَ
Чуз ин нест, ки шайтон мехоҳад бо шаробу қимор миёни шумо кинаву душманӣ афканад ва шуморо аз ёди Аллоҳ ва намоз боздорад, ба рафтани ақл дар нӯшидани шароб ва машғул шудан ба беҳудагӣ дар бурд кардани қимор, пас оё шумо даст мекашед ва бас мекунед? (яъне, аз ин корҳо боз истед)
Surah Al-Maeda, Verse 91
وَأَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ وَٱحۡذَرُواْۚ فَإِن تَوَلَّيۡتُمۡ فَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَا عَلَىٰ رَسُولِنَا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ
Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед ва фармонбардорӣ намоед. Агар рӯй гардонед, аз фармудаҳои Парвардигор ва амал кардед ба он чи манъ карда шудед, бидонед, ки вазифаи паёмбари Мо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) расонидани паёми равшани Парвардигор аст
Surah Al-Maeda, Verse 92
لَيۡسَ عَلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ جُنَاحٞ فِيمَا طَعِمُوٓاْ إِذَا مَا ٱتَّقَواْ وَّءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ ثُمَّ ٱتَّقَواْ وَّءَامَنُواْ ثُمَّ ٱتَّقَواْ وَّأَحۡسَنُواْۚ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Бар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар он чӣ хӯрдаанд, пеш аз ҳаром шудани шароб ва қимор гуноҳе нест, ҳар гоҳ парҳезгорӣ кунанд аз корҳои ҳаром ва имон биёваранд ва ба корҳои шоиста пардозанд, боз ҳам парҳезгорӣ кунанд ва имон биёваранд, боз ҳам парҳезгорӣ ва некӣ кунанд, (яъне, хавфашон онҳоро ба некӯкорӣ овард ҳатто, ки гӯё Аллоҳро дида ибодат мекунанд) ва Аллоҳ некӯкоронро дӯст дорад
Surah Al-Maeda, Verse 93
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَيَبۡلُوَنَّكُمُ ٱللَّهُ بِشَيۡءٖ مِّنَ ٱلصَّيۡدِ تَنَالُهُۥٓ أَيۡدِيكُمۡ وَرِمَاحُكُمۡ لِيَعۡلَمَ ٱللَّهُ مَن يَخَافُهُۥ بِٱلۡغَيۡبِۚ فَمَنِ ٱعۡتَدَىٰ بَعۡدَ ذَٰلِكَ فَلَهُۥ عَذَابٌ أَلِيمٞ
Эй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳ шуморо ба сайде, ки ба даст мегиред ё ба найза шикор мекунед, меозмояд, то бидонад чӣ касе дар пинҳонӣ аз Ӯ метарсад. Ва ҳар кӣ аз ин пас аз ҳад таҷовуз кунад, яъне ба шикор барояд дар ҳоли иҳром ӯрост азобе дардовар
Surah Al-Maeda, Verse 94
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَقۡتُلُواْ ٱلصَّيۡدَ وَأَنتُمۡ حُرُمٞۚ وَمَن قَتَلَهُۥ مِنكُم مُّتَعَمِّدٗا فَجَزَآءٞ مِّثۡلُ مَا قَتَلَ مِنَ ٱلنَّعَمِ يَحۡكُمُ بِهِۦ ذَوَا عَدۡلٖ مِّنكُمۡ هَدۡيَۢا بَٰلِغَ ٱلۡكَعۡبَةِ أَوۡ كَفَّـٰرَةٞ طَعَامُ مَسَٰكِينَ أَوۡ عَدۡلُ ذَٰلِكَ صِيَامٗا لِّيَذُوقَ وَبَالَ أَمۡرِهِۦۗ عَفَا ٱللَّهُ عَمَّا سَلَفَۚ وَمَنۡ عَادَ فَيَنتَقِمُ ٱللَّهُ مِنۡهُۚ وَٱللَّهُ عَزِيزٞ ذُو ٱنتِقَامٍ
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар гоҳ, ки дар иҳром бошед, хоҳ дар ҳаҷ ё умра ё дар ҳарам сайдро макушед. Ҳар кӣ ҳар намуди сайдро ба амд (қасдан) бикушад, ҷазои ӯ қурбонӣ кардани ҳайвонест монанди он чӣ куштааст, аз шутур, гов ё гусфанд ба шарти он ки ду шахси одил аз шумо гувоҳӣ диҳанд ва қурбониро ба Каъба расонад ё ба кафорат тангдастонро аз фақирони ҳарам таъом диҳад ё баробари он рӯза бигирад, Парвардигор бар вай ин ҷазоро фарз гардонид, то уқубати кори худ бичашад. Аз он чӣ дар гузашта кардаед, Аллоҳ афв кардааст, вале ҳар кӣ ба он қасдан бозгардад, Аллоҳ аз ӯ интиқом мегирад, ки Аллоҳ пирӯзманду интиқом гиранда аст
Surah Al-Maeda, Verse 95
أُحِلَّ لَكُمۡ صَيۡدُ ٱلۡبَحۡرِ وَطَعَامُهُۥ مَتَٰعٗا لَّكُمۡ وَلِلسَّيَّارَةِۖ وَحُرِّمَ عَلَيۡكُمۡ صَيۡدُ ٱلۡبَرِّ مَا دُمۡتُمۡ حُرُمٗاۗ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ ٱلَّذِيٓ إِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ
Шикори сайдҳои дарёӣ ва хӯрдани он дар ҳоли иҳром аз ҷиҳати баҳраманд шуданатон аз он бар шумо ва мусофирон ҳалол шудааст ва шикори саҳроӣ, то ҳангоме ки дар иҳром ҳастед, (дар ҳаҷ ё умра) бар шумо ҳаром аст. Ва аз Парвардигоре, ки ба назди Ӯ гирд оварда мешавед, битарсед, то ба савоби бузурге сазовор шавед ва аз азоби дардноки Ӯ солим монед
Surah Al-Maeda, Verse 96
۞جَعَلَ ٱللَّهُ ٱلۡكَعۡبَةَ ٱلۡبَيۡتَ ٱلۡحَرَامَ قِيَٰمٗا لِّلنَّاسِ وَٱلشَّهۡرَ ٱلۡحَرَامَ وَٱلۡهَدۡيَ وَٱلۡقَلَـٰٓئِدَۚ ذَٰلِكَ لِتَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَأَنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٌ
Парвардигор бар бандагонаш миннат карда мефармояд: Каъба, Байтулҳаромро ва моҳҳои ҳаром ва қурбонии беқилода (бегарданбанд) ва қурбонии боқилода (гарданбанддор) сабаби интизоми кори дин ва дунё ва осоиштагӣ барои ҳаёташон гардонид, Ин ба он хотир аст, то бидонед Парвардигор ба тамоми он чи дар осмонҳо ва дар замин мебошад, огоҳ аст. Аз ҷумла огоҳии Парвардигор ин аст, ки зиёрати ин хонаро бароятон муқаррар сохт, чун медонист бисёре аз манофеъи динӣ ва дунявии шумо дар он таъмин мешавад
Surah Al-Maeda, Verse 97
ٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ وَأَنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
Бидонед, ки уқубати Аллоҳ сахт аст ва ҳам Ӯ омӯрзандаву меҳрубон аст! Яъне, касе ки аз фармони Ӯ рӯй гардонад, ба ҷазои сахт гирифтораш кунад ва бидонед Ӯ нисбат ба касе, ки сӯяш бозгардад ва тавба кунад ва аз Ӯ итоъат намояд, омӯрзанда ва меҳрубон аст
Surah Al-Maeda, Verse 98
مَّا عَلَى ٱلرَّسُولِ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تُبۡدُونَ وَمَا تَكۡتُمُونَ
Парвардигор хабар медиҳад, ки вазифаи паёмбар ҷуз расонидани паём, роҳ намудан ва далолат кардан чизе дигаре нест. Аммо ҳидоят ва тавфиқ дар дасти Аллоҳ аст. Ба он чиро, ки ошкор месозед ё пинҳон медоред, Аллоҳ медонад
Surah Al-Maeda, Verse 99
قُل لَّا يَسۡتَوِي ٱلۡخَبِيثُ وَٱلطَّيِّبُ وَلَوۡ أَعۡجَبَكَ كَثۡرَةُ ٱلۡخَبِيثِۚ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ يَـٰٓأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ
Бигу: «Нопоку пок баробар нестанд, ҳарчанд фаровонии нопок туро ба ҳайрат афканад». (Яъне, кофир бо мӯъмин, осӣ бо тоъаткор, ҷоҳил бо олим ва моли ҳалол бо моли ҳаром баробар намешавад.) Ва моли ками ҳалоли фоидаовар беҳ аст аз моли бисёри ҳароми зараровар. Пас, эй хирадмандон, аз Аллоҳ битарсед, ва аз нопокиҳо дур бошед, то растагор шавед
Surah Al-Maeda, Verse 100
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَسۡـَٔلُواْ عَنۡ أَشۡيَآءَ إِن تُبۡدَ لَكُمۡ تَسُؤۡكُمۡ وَإِن تَسۡـَٔلُواْ عَنۡهَا حِينَ يُنَزَّلُ ٱلۡقُرۡءَانُ تُبۡدَ لَكُمۡ عَفَا ٱللَّهُ عَنۡهَاۗ وَٱللَّهُ غَفُورٌ حَلِيمٞ
Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ ва амал ба шариати Ӯ кардаед, аз чизҳое, ки чун барои шумо ошкор шаванд, андӯҳгинатон мекунанд, мапурсед. Ва агар вақте, ки Қуръон фуруд оварда мешавад, дар бораи онҳо суол кунед, албатта барои шумо равшан карда мешавад. Аллоҳ ба хотири он ки бандагонашро аз он авф кунад дар мавриди он чизҳо сукут кардааст, ки омӯрзандаву бурдбор аст
Surah Al-Maeda, Verse 101
قَدۡ سَأَلَهَا قَوۡمٞ مِّن قَبۡلِكُمۡ ثُمَّ أَصۡبَحُواْ بِهَا كَٰفِرِينَ
Мардуме, ки пеш аз шумо буданд, аз он чизҳо суол карданд ва онро ба ҷо наоварданд ва ба он сабаб кофир шуданд. Пас эҳтиёт кунед, то мисли онон мабошед
Surah Al-Maeda, Verse 102
مَا جَعَلَ ٱللَّهُ مِنۢ بَحِيرَةٖ وَلَا سَآئِبَةٖ وَلَا وَصِيلَةٖ وَلَا حَامٖ وَلَٰكِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَۖ وَأَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡقِلُونَ
Парвардигор дар бораи баҳира ва соиба ва васила ва ҳомӣ ҳукме муқаррар накардааст, вале кофирон бар Аллоҳ дурӯғ мебанданд ва бештаринашон бехираданд
Surah Al-Maeda, Verse 103
وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ تَعَالَوۡاْ إِلَىٰ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ وَإِلَى ٱلرَّسُولِ قَالُواْ حَسۡبُنَا مَا وَجَدۡنَا عَلَيۡهِ ءَابَآءَنَآۚ أَوَلَوۡ كَانَ ءَابَآؤُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ شَيۡـٔٗا وَلَا يَهۡتَدُونَ
Ва чун ба он кофироне, ки ҳалол кардаи Аллоҳро ҳаром шумориданд гӯянд, ки ба он чӣ Аллоҳ нозил кардааст ва ба паёмбар рӯй оваред, то ки бароятон ҳалол ва ҳаромро баён кунад гӯянд: «Он дине, ки падарони худро пайравӣ он ёфтаем, моро бас аст». Ҳарчанде, ки падаронашон чизе аз ақл надошта ва роҳ гум карда бошанд
Surah Al-Maeda, Verse 104
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ عَلَيۡكُمۡ أَنفُسَكُمۡۖ لَا يَضُرُّكُم مَّن ضَلَّ إِذَا ٱهۡتَدَيۡتُمۡۚ إِلَى ٱللَّهِ مَرۡجِعُكُمۡ جَمِيعٗا فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ ва ба шариати Ӯ амал кардаед, худро ба амал кардан дар тоъати Аллоҳ ва дур шудан аз нофармонии Ӯ нигоҳ доред. Агар чанде мардум шуморо қабул накунанд амал карданро давом диҳед, ҳидоят ёфтаед. Ва чун роҳи ростро лозим гирифтед ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар кардед, ҳеҷ гоҳ онон, ки гумроҳ мондаанд, ба шумо зиёне нарасонанд. Бозгашти ҳамаи шумо назди Аллоҳ аст, то шуморо ба он корҳо, ки мекардаед, огоҳ гардонад
Surah Al-Maeda, Verse 105
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ شَهَٰدَةُ بَيۡنِكُمۡ إِذَا حَضَرَ أَحَدَكُمُ ٱلۡمَوۡتُ حِينَ ٱلۡوَصِيَّةِ ٱثۡنَانِ ذَوَا عَدۡلٖ مِّنكُمۡ أَوۡ ءَاخَرَانِ مِنۡ غَيۡرِكُمۡ إِنۡ أَنتُمۡ ضَرَبۡتُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَأَصَٰبَتۡكُم مُّصِيبَةُ ٱلۡمَوۡتِۚ تَحۡبِسُونَهُمَا مِنۢ بَعۡدِ ٱلصَّلَوٰةِ فَيُقۡسِمَانِ بِٱللَّهِ إِنِ ٱرۡتَبۡتُمۡ لَا نَشۡتَرِي بِهِۦ ثَمَنٗا وَلَوۡ كَانَ ذَا قُرۡبَىٰ وَلَا نَكۡتُمُ شَهَٰدَةَ ٱللَّهِ إِنَّآ إِذٗا لَّمِنَ ٱلۡأٓثِمِينَ
Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ ва ба шариати Ӯ амал кардаед, чун маргатон фаро расад, ба ҳангоми васият ду шахси одилро аз миёни худатон аз мусалмонон ба гувоҳӣ гиред ё аз ғайри мусалмонон, дар ҳолати набудани мусалмонон ва дар ҳолати зарурат. Ҳар гоҳ, ки дар сафар будед ва маргатон фаро расид, агар аз он ду гувоҳ шак доштед, нигоҳашон доред, то баъд аз намоз, (хусусан намози аср) он гоҳ ба Аллоҳ савганд хӯранд ва бигуянд: Мо савгандҳоямонро ба баҳои каме аз дунё иваз намекунем, ба гуноҳе, ки ба хотири ба даст овардани матоъе аз дунё савганди дурӯғ ёд кунем, ҳарчанд ба фоидаи хешовандамон бошад ва онро рӯпӯш накунем, агар онро пинҳон кунем, он вақт аз зумраи гунаҳкорон хоҳем буд
Surah Al-Maeda, Verse 106
فَإِنۡ عُثِرَ عَلَىٰٓ أَنَّهُمَا ٱسۡتَحَقَّآ إِثۡمٗا فَـَٔاخَرَانِ يَقُومَانِ مَقَامَهُمَا مِنَ ٱلَّذِينَ ٱسۡتَحَقَّ عَلَيۡهِمُ ٱلۡأَوۡلَيَٰنِ فَيُقۡسِمَانِ بِٱللَّهِ لَشَهَٰدَتُنَآ أَحَقُّ مِن شَهَٰدَتِهِمَا وَمَا ٱعۡتَدَيۡنَآ إِنَّآ إِذٗا لَّمِنَ ٱلظَّـٰلِمِينَ
Ва ҳар гоҳ маълум шавад, ки он ду шоҳид муртакиби гуноҳи хиёнат шуданд, ду шоҳиди дигар аз ворисони наздикони майит, ки авлотар аз он ду бошанд, ҷои онҳоро бигиранд. Он ду ба Аллоҳ қасам хӯранд, ки шаҳодати мо аз шаҳодати он ду дурусттар аст ва мо аз ҳақ нагузарем, ҳар гоҳ чунин кунем, аз ситамкорон бошем
Surah Al-Maeda, Verse 107
ذَٰلِكَ أَدۡنَىٰٓ أَن يَأۡتُواْ بِٱلشَّهَٰدَةِ عَلَىٰ وَجۡهِهَآ أَوۡ يَخَافُوٓاْ أَن تُرَدَّ أَيۡمَٰنُۢ بَعۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡۗ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱسۡمَعُواْۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ
Ин равиш наздиктар ба он аст, ки ҳам гувоҳиро дар сурати дуруст мувофиқи шариъат адо кунанд ё аз он битарсанд ворисони майит, ки баъд аз қасам хӯрданашон савгандҳояшон рад карда шавад. Аз Аллоҳ битарсед аз қасами бардурӯғ хӯрдан. Ва гуш фаро доред он чиро ба шумо панд дода шуд. Аллоҳ мардуми нофармонро ҳидоят намекунад
Surah Al-Maeda, Verse 108
۞يَوۡمَ يَجۡمَعُ ٱللَّهُ ٱلرُّسُلَ فَيَقُولُ مَاذَآ أُجِبۡتُمۡۖ قَالُواْ لَا عِلۡمَ لَنَآۖ إِنَّكَ أَنتَ عَلَّـٰمُ ٱلۡغُيُوبِ
Рӯзе, ки Аллоҳ паёмбаронро гирд оварад, пас бипурсад, ки даъвати шуморо ба суи тавҳид умматҳоятон чӣ гуна ҷавоб доданд? Гӯянд: «Моро ҳеҷ донише нест». Ҳамоно Ту ҳамаи умури пинҳон ва ошкорро медонӣ
Surah Al-Maeda, Verse 109
إِذۡ قَالَ ٱللَّهُ يَٰعِيسَى ٱبۡنَ مَرۡيَمَ ٱذۡكُرۡ نِعۡمَتِي عَلَيۡكَ وَعَلَىٰ وَٰلِدَتِكَ إِذۡ أَيَّدتُّكَ بِرُوحِ ٱلۡقُدُسِ تُكَلِّمُ ٱلنَّاسَ فِي ٱلۡمَهۡدِ وَكَهۡلٗاۖ وَإِذۡ عَلَّمۡتُكَ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَٱلتَّوۡرَىٰةَ وَٱلۡإِنجِيلَۖ وَإِذۡ تَخۡلُقُ مِنَ ٱلطِّينِ كَهَيۡـَٔةِ ٱلطَّيۡرِ بِإِذۡنِي فَتَنفُخُ فِيهَا فَتَكُونُ طَيۡرَۢا بِإِذۡنِيۖ وَتُبۡرِئُ ٱلۡأَكۡمَهَ وَٱلۡأَبۡرَصَ بِإِذۡنِيۖ وَإِذۡ تُخۡرِجُ ٱلۡمَوۡتَىٰ بِإِذۡنِيۖ وَإِذۡ كَفَفۡتُ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ عَنكَ إِذۡ جِئۡتَهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡهُمۡ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّبِينٞ
Он гоҳ ки Парвардигор рӯзи қиёмат ба Исо писари Марям гӯяд: "Эй Исо! Ба ёд овар неъмати маро, ки бар ту ва модарат арзонӣ доштам (ва туро бе падар офаридам ва модаратро бар тамоми занҳои олам баргузидам ва аз тӯҳмат ӯро пок сохтам. Ва аз неъматҳое, ки Парвардигор ба Исо арзонӣ кард;) ба воситаи Ҷабраил ӯро қувват бахшид ва ёрӣ кард, дар гаҳвора бо мардум сухан мегуфт ва дар миёнсолӣ онҳоро ба сӯи Аллоҳ даъват менамуд.( Ва аз он неъматҳо;) Парвардигор бе воситаи муаллим ба ӯ таълими навиштанро омӯзонд ва қуввати фаҳм ва идрокро барояш ато кард ва таълим дод ба ӯ Тавротро, (ки бар Мӯсо алайҳиссалом фуруд овард) ва Инҷилро, (ки барои ҳидояти мардум барояш фуруд овард). (Ва аз он неъматҳо, ки ба дастури Парвардигор) аз гил чизе ба шакли парранда месохт ва дар он медамид, пас ба фармони Аллоҳ парранда мешуд. Ва кӯри модарзод ва фарди мубтало ба бемории песиро ба изни Аллоҳ шифо медод. Ва аз он неъматҳо, ки мурдагонро ба фармони Аллоҳ аз қабр зинда берун меовард. Ва ҳамаи ин ба хост ва изни Парвардигор буд. Ва ин мӯъҷизаҳо ҳама далолат бар паёмбарии Исо (алайҳиссалом) мекунад. Пас касоне аз онон, ки кофир шуда буданд, гуфтанд: "Он чи ки Исо аз далелҳое, ки овард, ҷодуи ошкоро аст
Surah Al-Maeda, Verse 110
وَإِذۡ أَوۡحَيۡتُ إِلَى ٱلۡحَوَارِيِّـۧنَ أَنۡ ءَامِنُواْ بِي وَبِرَسُولِي قَالُوٓاْ ءَامَنَّا وَٱشۡهَدۡ بِأَنَّنَا مُسۡلِمُونَ
Ба ёд овар неъмати Маро, ки ба ту арзонӣ намудам, он гоҳ ки пайравон ва ёваронеро барои ту фароҳам намудам. Пас ба ҳавориён илҳом кардам ва дилоҳояшонро барои имон овардан ба Ман ва паёмбарам омода сохтам ва бар забони ту ба сӯи онҳо ваҳй кардам. Пас онро иҷобат намуда ва таслими фармони Ман шуданд ва гуфтанд: Имон овардем ва гувоҳ бош, ки мо мусалмонем
Surah Al-Maeda, Verse 111
إِذۡ قَالَ ٱلۡحَوَارِيُّونَ يَٰعِيسَى ٱبۡنَ مَرۡيَمَ هَلۡ يَسۡتَطِيعُ رَبُّكَ أَن يُنَزِّلَ عَلَيۡنَا مَآئِدَةٗ مِّنَ ٱلسَّمَآءِۖ قَالَ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ
Ва ба ёд овар, он гоҳ ки ҳавориён гуфтанд: Эй Исо писари Марям! Оё Парвардигорат метавонад аз осмон дастархони пур аз таъом бар мо нозил кунад? Гуфт: «Агар имон овардаед, аз Аллоҳ битарсед»
Surah Al-Maeda, Verse 112
قَالُواْ نُرِيدُ أَن نَّأۡكُلَ مِنۡهَا وَتَطۡمَئِنَّ قُلُوبُنَا وَنَعۡلَمَ أَن قَدۡ صَدَقۡتَنَا وَنَكُونَ عَلَيۡهَا مِنَ ٱلشَّـٰهِدِينَ
Гуфтанд: «Мехоҳем, ки аз он дастархон бихурем, то дилҳоямон ба василаи имон ором гирад ва бо мушоҳидаи нишонаҳо ва мӯъҷизоти ошкор имон ва боварии мо ба ҳақиқат табдил гардад ва бидонем, ки ту ба мо рост гуфтаӣ ва бар он шаҳодат диҳем»
Surah Al-Maeda, Verse 113
قَالَ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ ٱللَّهُمَّ رَبَّنَآ أَنزِلۡ عَلَيۡنَا مَآئِدَةٗ مِّنَ ٱلسَّمَآءِ تَكُونُ لَنَا عِيدٗا لِّأَوَّلِنَا وَءَاخِرِنَا وَءَايَةٗ مِّنكَۖ وَٱرۡزُقۡنَا وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلرَّـٰزِقِينَ
Исо ибни Марям дархости ҳавориёнро пазируфт ва гуфт: «Ё Аллоҳ! Эй Парвардигори мо, барои мо дастархоне аз осмон бифирист, то моро ва ононро, ки баъд аз мо меоянд, иде ва нишоне аз ягонагии Ту бошад ва моро рӯзӣ деҳ, ки Ту беҳтарини рӯзидиҳандагон ҳастӣ»
Surah Al-Maeda, Verse 114
قَالَ ٱللَّهُ إِنِّي مُنَزِّلُهَا عَلَيۡكُمۡۖ فَمَن يَكۡفُرۡ بَعۡدُ مِنكُمۡ فَإِنِّيٓ أُعَذِّبُهُۥ عَذَابٗا لَّآ أُعَذِّبُهُۥٓ أَحَدٗا مِّنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Аллоҳ гуфт: «Ман он дастархонро барои шумо мефиристам, вале ҳар кӣ аз шумо аз он пас кофир шавад, чунон азобаш мекунам, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳонро ончунон азоб накарда бошам». (Пас инкор карданд ва куфр варзиданд, пас аз фуруд омадани дастархон бар онҳо)
Surah Al-Maeda, Verse 115
وَإِذۡ قَالَ ٱللَّهُ يَٰعِيسَى ٱبۡنَ مَرۡيَمَ ءَأَنتَ قُلۡتَ لِلنَّاسِ ٱتَّخِذُونِي وَأُمِّيَ إِلَٰهَيۡنِ مِن دُونِ ٱللَّهِۖ قَالَ سُبۡحَٰنَكَ مَا يَكُونُ لِيٓ أَنۡ أَقُولَ مَا لَيۡسَ لِي بِحَقٍّۚ إِن كُنتُ قُلۡتُهُۥ فَقَدۡ عَلِمۡتَهُۥۚ تَعۡلَمُ مَا فِي نَفۡسِي وَلَآ أَعۡلَمُ مَا فِي نَفۡسِكَۚ إِنَّكَ أَنتَ عَلَّـٰمُ ٱلۡغُيُوبِ
Ва ба ёдовар он гоҳ, ки Аллоҳ ба Исо писари Марям рӯзи қиёмат гӯяд: «Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки марову модарамро аз ғайри Аллоҳ ба маъбудӣ гиред?» Гуфт: «Ба покӣ ёд мекунам Туро! Ту аз ин сухани зишт ва аз он чи ки шоистаи Ту нест пок ҳастӣ. Насазад маро, ки чизе гӯям, ки шоистаи он набошам. Агар ман чунин гуфта будам, Ту худ медонистӣ, зеро ба он чӣ дар замири ман мегузарад, доноӣ ва ман аз он чӣ дар замири Туст, бехабарам. Зеро Ту донотарин Зоти пок ба гайб ҳастӣ
Surah Al-Maeda, Verse 116
مَا قُلۡتُ لَهُمۡ إِلَّا مَآ أَمَرۡتَنِي بِهِۦٓ أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ رَبِّي وَرَبَّكُمۡۚ وَكُنتُ عَلَيۡهِمۡ شَهِيدٗا مَّا دُمۡتُ فِيهِمۡۖ فَلَمَّا تَوَفَّيۡتَنِي كُنتَ أَنتَ ٱلرَّقِيبَ عَلَيۡهِمۡۚ وَأَنتَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ
(Исо алайҳиссалом мегуяд:) Чизе ба онон нагуфтаам ҷуз он чи маро ба гуфтани он дастур додаӣ. Гуфтам, Парвардигорро бипарастед, ки Парвардигори ман ва шумо аст. Ва ман то замоне, ки дар миёнашон будам, бар онон гувоҳ будам ва чун маро баргирифтӣ (яъне, ба осмон бурдӣ), Ту худ гувоҳ ва нигаҳбони ақида ва аъмолашон гаштӣ. Ва Ту бар ҳар чизе огоҳӣ
Surah Al-Maeda, Verse 117
إِن تُعَذِّبۡهُمۡ فَإِنَّهُمۡ عِبَادُكَۖ وَإِن تَغۡفِرۡ لَهُمۡ فَإِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
Агар ононро азоб кунӣ, бандагони Ту ҳастанд ва Ту ба аҳволашон донотар ҳастӣ ва агар ононро биёмӯрзӣ, он касонеро ки ба назди Ту ба тавба баргаштанд, пас ҳамоно Ту пирӯзманду ҳакимӣ!»
Surah Al-Maeda, Verse 118
قَالَ ٱللَّهُ هَٰذَا يَوۡمُ يَنفَعُ ٱلصَّـٰدِقِينَ صِدۡقُهُمۡۚ لَهُمۡ جَنَّـٰتٞ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۖ رَّضِيَ ٱللَّهُ عَنۡهُمۡ وَرَضُواْ عَنۡهُۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ
(Парвардигор ба Исо алайҳиссалом рӯзи қиёмат мегӯяд:) «Ин рӯзест, ки ростгӯёнро ростии ният, гуфтор ва кирдорашон фоида диҳад. Аз они онҳост, биҳиштҳое, ки дар он ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд. Ҳамеша дар он ҷовидон хоҳанд буд». Парвардигор аз онон хушнуд ва хубиҳояшонро қабул кардааст ва онон низ аз Парвардигор хушнуданд аз он савобҳое, ки ба онҳо дода шудааст. Ин аст комёбии бузург
Surah Al-Maeda, Verse 119
لِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا فِيهِنَّۚ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرُۢ
Аз они Аллоҳ аст фармонравоии осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Ва Ӯ бар ҳар чизе тавоно аст. Пас ҳеҷ чизе Ӯро нотавон намекунад
Surah Al-Maeda, Verse 120