UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah At-Taghabun - Tajik Translation by Khoja Mirov


يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۖ لَهُ ٱلۡمُلۡكُ وَلَهُ ٱلۡحَمۡدُۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ

Аллоҳро тасбеҳ мегӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. Фармонравоӣ ва ҳокимият аз они Ӯст ва сипос ва ситоиши некӯ сазовори Ӯст ва Ӯ ба ҳар чизе тавоност
Surah At-Taghabun, Verse 1


هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ فَمِنكُمۡ كَافِرٞ وَمِنكُم مُّؤۡمِنٞۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٌ

Ӯст, ки шуморо биёфарид. Баъзе аз шумо ба Илоҳи бар ҳақ будани Ӯ кофиранд ва баъзе мӯъминанд ва ба шариъати Ӯ амалкунандаанд. Ва ҳамаи корҳое, ки мекунед, мебинад ва ҳеҷ чиз аз он бар Ӯ пинҳон намемонад ва дар баробари амалҳоятон ҷазодиҳандааст
Surah At-Taghabun, Verse 2


خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّ وَصَوَّرَكُمۡ فَأَحۡسَنَ صُوَرَكُمۡۖ وَإِلَيۡهِ ٱلۡمَصِيرُ

Осмонҳову заминро барҳақ ва ба ҳикмати расо биёфарид ва шуморо тасвир кард ва некӯ тасвир кард. Ва оқибати бозгашти ҳама дар рӯзи қиёмат ба сӯи Ӯст
Surah At-Taghabun, Verse 3


يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَيَعۡلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعۡلِنُونَۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

Эй мардум! Ҳар чиро дар осмонҳову замин аст, Аллоҳ таъоло медонад ва низ медонад ба он чӣ пинҳон медоред байни якдигар ё ошкор месозед. Ва Аллоҳ ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад ва пинҳондошта мешавад, доно аст
Surah At-Taghabun, Verse 4


أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ نَبَؤُاْ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَبۡلُ فَذَاقُواْ وَبَالَ أَمۡرِهِمۡ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

Оё эй мушрикон шуморо хабари касоне, ки аз ин пеш кофир шуда буданд, нарасидааст? Уқубати ногувори амалашонро дар дунё чашиданд ва барояшон дар охират азоби дардовар аст
Surah At-Taghabun, Verse 5


ذَٰلِكَ بِأَنَّهُۥ كَانَت تَّأۡتِيهِمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَقَالُوٓاْ أَبَشَرٞ يَهۡدُونَنَا فَكَفَرُواْ وَتَوَلَّواْۖ وَّٱسۡتَغۡنَى ٱللَّهُۚ وَٱللَّهُ غَنِيٌّ حَمِيدٞ

Ин азоби дардноке, ки дар дунё дучорашон шуд, ба сабаби он буд, ки ҳароина, паёмбаронашон бо далелҳои равшан бар онон фиристода шуданд: Ва онҳо бо тааҷҷуб ва инкор гуфтанд: «Оё монанди мо одамиён моро ҳидоят мекунанд?» Пас, ба Аллоҳ кофир шуданд ва рисолати расулонашро инкор карданд ва аз ҳақ рӯй гардониданд ва онро қабул накарданд ва Аллоҳ бениёз аз имон ва итоъати онҳо буд ва ҳамеша Аллоҳ бениёз аст ва сазовори ситоиш аст дар гуфтору корҳо ва сифоташ
Surah At-Taghabun, Verse 6


زَعَمَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَن لَّن يُبۡعَثُواْۚ قُلۡ بَلَىٰ وَرَبِّي لَتُبۡعَثُنَّ ثُمَّ لَتُنَبَّؤُنَّ بِمَا عَمِلۡتُمۡۚ وَذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ

Онон, ки кофир шуданд, пиндоштанд, ки онҳо ҳаргиз баъд аз мурданашон зинда карда намешаванд. Бигӯ барояшон эй Расул: «оре, ба Парвардигорам савганд, ки шуморо, ҳатман, баъд аз мурданатон зинда хоҳад кард. Сипас ба он чӣ дар дунё кардаед, ҳатман, огоҳ сохта мешавед. Ва ин бар Аллоҳ осон аст»
Surah At-Taghabun, Verse 7


فَـَٔامِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَٱلنُّورِ ٱلَّذِيٓ أَنزَلۡنَاۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ

Пас, эй мушрикон ба Аллоҳу паёмбараш ва ин нур, Қуръон, ки нозил кардем, имон биёваред. Ва Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст! Пас чизе аз суханон ва афъолатон бар Ӯ пӯшида намемонад ва рӯзи қиёмат дар баробари амалҳоятон ҷазоятон хоҳад дод
Surah At-Taghabun, Verse 8


يَوۡمَ يَجۡمَعُكُمۡ لِيَوۡمِ ٱلۡجَمۡعِۖ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلتَّغَابُنِۗ وَمَن يُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ وَيَعۡمَلۡ صَٰلِحٗا يُكَفِّرۡ عَنۡهُ سَيِّـَٔاتِهِۦ وَيُدۡخِلۡهُ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ

Рӯзе, ки ҳамаи шуморо барои рӯзи ҷамъ (рӯзи қиёмат, ки аввалин то охирин) гирд оварад, он рӯз, рӯзи тағобун аст. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ имон биёварад ва кори шоиста кунад, гуноҳонашро мебахшад ва ба биҳиштҳое, ки дар қасрҳои онҳо дарёҳо ҷорист, дохил кунад. Он ҷо ҷовидона хоҳад буд. Ин комёбии бузургест, ки ҳеҷ комёбии дигаре бо он баробар наметавонад шуд
Surah At-Taghabun, Verse 9


وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَآ أُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِ خَٰلِدِينَ فِيهَاۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ

Ва онон, ки ба ягонагии Аллоҳ куфр варзиданд ва оёти Моро, ки паёмбарон ба далелҳои равшан овардаанд, дурӯғ шумориданд, он гурӯҳ аз аҳли оташанд. Дар он ҷовидонаанд ва ҷаҳаннам чи бад саранҷомест
Surah At-Taghabun, Verse 10


مَآ أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٍ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۗ وَمَن يُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ يَهۡدِ قَلۡبَهُۥۚ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ

Ҳеҷ мусибате ҷуз ба фармони Аллоҳ ва қазову қадараш ба касе намерасад. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ имон биёварад, Аллоҳ дилашро ба таслими амраш ва хушнудӣ ба қазову қадараш ва ба беҳтарин гуфтору кирдор ва аҳвол ҳидоят мекунад. Зеро асли ҳидоят дил аст ва аъзои бадан тобеъи он аст. Ва Аллоҳ ба ҳар чизе доност ва чизе аз Ӯ пинҳон намемонад
Surah At-Taghabun, Verse 11


وَأَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَۚ فَإِن تَوَلَّيۡتُمۡ فَإِنَّمَا عَلَىٰ رَسُولِنَا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ

Эй мардум, Аллоҳро итоъат кунед дар он чи ба шумо фармудааст ва аз он чи шуморо манъ кардааст ва паёмбарро итоъат кунед дар он чи ба шумо аз ҷониби Парвардигоратон овардааст. Пас, агар аз тоъати Аллоҳ ва расулаш шумо рӯй гардонед, пас, ҳароина, ба фиристодаи Мо зараре нест аз рӯй гардонидани шумо, зеро барои ӯ ҳеҷ вазифае ҷуз расонидани паёми ошкор нест
Surah At-Taghabun, Verse 12


ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ

Аллоҳи яктост, ки ҳеҷ Аллоҳе барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пас, мӯъминон бояд дар ҳамаи кори зиндагиашон бар Аллоҳи якто таваккал кунанд
Surah At-Taghabun, Verse 13


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّ مِنۡ أَزۡوَٰجِكُمۡ وَأَوۡلَٰدِكُمۡ عَدُوّٗا لَّكُمۡ فَٱحۡذَرُوهُمۡۚ وَإِن تَعۡفُواْ وَتَصۡفَحُواْ وَتَغۡفِرُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ

Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, ҳароина, баъзе аз занону фарзандонатон душмани шумо ҳастанд, ки шуморо аз роҳи Аллоҳ бозмедоранд ва аз тоъаташ суст мегардонанд. Аз онҳо ҳазар кунед ва онҳоро итоъат макунед. Ва агар афв кунед ва чашм бипӯшеду гуноҳашонро пӯшида доред, ҳароина, Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст гуноҳони шуморо меомӯрзад, зеро Ӯ бисёр бахшанда ва дорои раҳмати васеъ аст
Surah At-Taghabun, Verse 14


إِنَّمَآ أَمۡوَٰلُكُمۡ وَأَوۡلَٰدُكُمۡ فِتۡنَةٞۚ وَٱللَّهُ عِندَهُۥٓ أَجۡرٌ عَظِيمٞ

Чуз ин нест, ки амволу авлоди шумо озмоише ҳастанд. Ва ҳол он ки савоби бузург назди Аллоҳ аст барои касе, ки тоъати Ӯро бар тоъати дигарон муқаддам дошта бошад ва ҳаққи Аллоҳро дар молаш адо намуда бошад
Surah At-Taghabun, Verse 15


فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ مَا ٱسۡتَطَعۡتُمۡ وَٱسۡمَعُواْ وَأَطِيعُواْ وَأَنفِقُواْ خَيۡرٗا لِّأَنفُسِكُمۡۗ وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفۡسِهِۦ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ

То тавонед, эй мӯъминон саъю кӯшиш ва тавони тоқати худро дар тақвои Аллоҳ сарф намоед ва аз Аллоҳ битарсед ва ба Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо тадаббур ва тафаккур гӯш фаро доред ва дар амру наҳяш итоъат кунед ва аз он чи Аллоҳ рӯзӣ додааст шуморо ба манфиъати худ аз молатон хайр кунед. Ва онон, ки аз бухли нафси хеш дар амон мондаанд, растагоронд ба ҳар хайре ва дастёфтагонанд ба ҳар матлубе
Surah At-Taghabun, Verse 16


إِن تُقۡرِضُواْ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗا يُضَٰعِفۡهُ لَكُمۡ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡۚ وَٱللَّهُ شَكُورٌ حَلِيمٌ

Агар ба нияти холис ба Аллоҳ қарзи некӯ садақа диҳед, бароятон савоби онро дучанд мегардонад. Ва шуморо меомӯрзад, ки Ӯ шукркунанда қадршинос аз хайри кам ва савоби бисёр медиҳад ва бурдбор аст осиёнро зуд ба азобаш намегирад
Surah At-Taghabun, Verse 17


عَٰلِمُ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

Ӯ таъоло донои ҳар ниҳону ошкор аст, пирӯзманд бар ҳама чиз, ғолиб аст ва дар гуфтору корҳояш бо ҳикмат аст
Surah At-Taghabun, Verse 18


Author: Khoja Mirov


<< Surah 63
>> Surah 65

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai