Surah At-Tin - Tajik Translation by Khoja Mirov
وَٱلتِّينِ وَٱلزَّيۡتُونِ
Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба анҷиру зайтун
Surah At-Tin, Verse 1
وَطُورِ سِينِينَ
ва савганд ба кӯҳи Тури Сино, ки дар он ҷо Аллоҳ бевосита бо Мӯсо алайҳиссалом сухан гуфт
Surah At-Tin, Verse 2
وَهَٰذَا ٱلۡبَلَدِ ٱلۡأَمِينِ
Савганд ба ин шаҳри эмин аз ҳамаи хавф, ки Макка аст
Surah At-Tin, Verse 3
لَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ فِيٓ أَحۡسَنِ تَقۡوِيمٖ
ки мо одамиро ба таҳқиқ дар некӯтарин сурате биёфаридем
Surah At-Tin, Verse 4
ثُمَّ رَدَدۡنَٰهُ أَسۡفَلَ سَٰفِلِينَ
Он гоҳ ӯро ба сӯи дӯзах гардонидем, агар аз итоъати Парвардигораш ва аз пайравии расули Аллоҳ рӯй гардонад
Surah At-Tin, Verse 5
إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ فَلَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونٖ
магар онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, пас барои онон подоши бепоён аст
Surah At-Tin, Verse 6
فَمَا يُكَذِّبُكَ بَعۡدُ بِٱلدِّينِ
Эй инсон, пас чист, ки баъд аз ин ҳама панду насиҳат туро ба дурӯғ шуморидани қиёмат вомедорад
Surah At-Tin, Verse 7
أَلَيۡسَ ٱللَّهُ بِأَحۡكَمِ ٱلۡحَٰكِمِينَ
Оё Аллоҳ ҳукмкунандатарини ҳокимон намебошад дар ҳама чизе, ки офаридаст? Бале албатта мебошад
Surah At-Tin, Verse 8