UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Al-Kahf - Tajik Translation by Khoja Mirov


ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ عَلَىٰ عَبۡدِهِ ٱلۡكِتَٰبَ وَلَمۡ يَجۡعَل لَّهُۥ عِوَجَاۜ

Тамоми шукру сипос хос барои Аллоҳ аст, ки бар бандааш (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) китоби Қуръонро фуруд овард ва дар он ҳеҷ гуна каҷӣ ва инҳирофе қарор надодааст
Surah Al-Kahf, Verse 1


قَيِّمٗا لِّيُنذِرَ بَأۡسٗا شَدِيدٗا مِّن لَّدُنۡهُ وَيُبَشِّرَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٱلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمۡ أَجۡرًا حَسَنٗا

Китобест собит ва устувор ва Аллоҳ онро нозил кардааст, то мардумро аз азоби сахти худ битарсонад ва мӯъминонро, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда диҳад, ки барои онҳо подоши хубест ва он ҷаннат аст
Surah Al-Kahf, Verse 2


مَّـٰكِثِينَ فِيهِ أَبَدٗا

Ҷовидона дар он биҳиште, ки неъмати хуби Аллоҳ таоло ҳаст, хоҳанд монд
Surah Al-Kahf, Verse 3


وَيُنذِرَ ٱلَّذِينَ قَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ وَلَدٗا

Ва аз азоби сахти Ӯ битарсонад касонеро, ки мегӯянд: «Аллоҳ фарзанде ихтиёр кардааст»
Surah Al-Kahf, Verse 4


مَّا لَهُم بِهِۦ مِنۡ عِلۡمٖ وَلَا لِأٓبَآئِهِمۡۚ كَبُرَتۡ كَلِمَةٗ تَخۡرُجُ مِنۡ أَفۡوَٰهِهِمۡۚ إِن يَقُولُونَ إِلَّا كَذِبٗا

Аз он на бар онҳо на бар падарони онҳо ҳеҷ огоҳие нест. Гуноҳи бузург аст ин сухан, ки мебарояд аз даҳонашон. Ин сухан (Аллоҳ соҳиби фарзанд аст) дурӯғи маҳз аст, ки мегӯянд
Surah Al-Kahf, Verse 5


فَلَعَلَّكَ بَٰخِعٞ نَّفۡسَكَ عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِمۡ إِن لَّمۡ يُؤۡمِنُواْ بِهَٰذَا ٱلۡحَدِيثِ أَسَفًا

Пас агар ба ин сухани (Қуръон) имон наёваранд, шояд мехоҳӣ дар пайи онҳо худро аз ғаму андӯҳ ҳалок созӣ
Surah Al-Kahf, Verse 6


إِنَّا جَعَلۡنَا مَا عَلَى ٱلۡأَرۡضِ زِينَةٗ لَّهَا لِنَبۡلُوَهُمۡ أَيُّهُمۡ أَحۡسَنُ عَمَلٗا

Ба таҳқиқ, Мо ҳар чӣ дар рӯи замин аст, зиннати он қарор додем, то имтиҳонашон кунем, ки кадоми яке аз онҳо беҳтар амал мекунанд
Surah Al-Kahf, Verse 7


وَإِنَّا لَجَٰعِلُونَ مَا عَلَيۡهَا صَعِيدٗا جُرُزًا

Ва ҳамоно Мо ҳастем, ки рӯи заминро чун дунё ба охир расад, мисли биёбоне хушк хоҳем кард
Surah Al-Kahf, Verse 8


أَمۡ حَسِبۡتَ أَنَّ أَصۡحَٰبَ ٱلۡكَهۡفِ وَٱلرَّقِيمِ كَانُواْ مِنۡ ءَايَٰتِنَا عَجَبًا

Оё пиндоштаӣ, ки Асҳоби Каҳф ва Рақим аз нишонаҳои аҷибу ғариби Мо будаанд
Surah Al-Kahf, Verse 9


إِذۡ أَوَى ٱلۡفِتۡيَةُ إِلَى ٱلۡكَهۡفِ فَقَالُواْ رَبَّنَآ ءَاتِنَا مِن لَّدُنكَ رَحۡمَةٗ وَهَيِّئۡ لَنَا مِنۡ أَمۡرِنَا رَشَدٗا

Ба ёд ор эй Паёмбар, чун он ҷавонмардони мӯъмин аз тарси қавмашон ба ғор паноҳ бурданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, моро аз сӯйи худ раҳмат иноят кун ва моро аз бадӣ нигоҳ дор ва бароямон дар кори мо роҳи наҷоте фароҳам фармо»
Surah Al-Kahf, Verse 10


فَضَرَبۡنَا عَلَىٰٓ ءَاذَانِهِمۡ فِي ٱلۡكَهۡفِ سِنِينَ عَدَدٗا

Пас чандин соле ононро дар он ғор хобонидем
Surah Al-Kahf, Verse 11


ثُمَّ بَعَثۡنَٰهُمۡ لِنَعۡلَمَ أَيُّ ٱلۡحِزۡبَيۡنِ أَحۡصَىٰ لِمَا لَبِثُوٓاْ أَمَدٗا

Сипас бедорашон кардем, то бидонем кадом як аз он ду гурӯҳ муддати замонеро, ки гузарониданд, ба хотир доранд
Surah Al-Kahf, Verse 12


نَّحۡنُ نَقُصُّ عَلَيۡكَ نَبَأَهُم بِٱلۡحَقِّۚ إِنَّهُمۡ فِتۡيَةٌ ءَامَنُواْ بِرَبِّهِمۡ وَزِدۡنَٰهُمۡ هُدٗى

Мо хабари Асҳоби Каҳфро ба ростӣ барои ту эй Паёмбар ҳикоят мекунем: онҳо ҷавонмардоне буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварда буданд ва Мо низ бар ҳидояташон афзудем
Surah Al-Kahf, Verse 13


وَرَبَطۡنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ إِذۡ قَامُواْ فَقَالُواْ رَبُّنَا رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ لَن نَّدۡعُوَاْ مِن دُونِهِۦٓ إِلَٰهٗاۖ لَّقَدۡ قُلۡنَآ إِذٗا شَطَطًا

Бар дилҳояшон нерӯ ва устуворӣ бахшидем. Он гоҳ ки дар назди он подшоҳи кофир истоданд ва гуфтанд: «Парвардигори мо, Парвардигори осмонҳову замин аст. Ҷуз Ӯ касеро маъбуди барҳақ нахонем, ки ҳар гоҳ чунин кунем, ҳамоно сухани дурӯғе гуфта бошем
Surah Al-Kahf, Verse 14


هَـٰٓؤُلَآءِ قَوۡمُنَا ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةٗۖ لَّوۡلَا يَأۡتُونَ عَلَيۡهِم بِسُلۡطَٰنِۭ بَيِّنٖۖ فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبٗا

Ин қавми мо, ба ғайри Ӯ таоло маъбудон (бутҳо)-и дигаре ихтиёр кардаанд. Чаро барои исботи ибодаташон онҳоро далели равшане намеоваранд? Кист ситамкортар (кофиртар) аз касе, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебандад ва ба Ӯ ширк меорад
Surah Al-Kahf, Verse 15


وَإِذِ ٱعۡتَزَلۡتُمُوهُمۡ وَمَا يَعۡبُدُونَ إِلَّا ٱللَّهَ فَأۡوُۥٓاْ إِلَى ٱلۡكَهۡفِ يَنشُرۡ لَكُمۡ رَبُّكُم مِّن رَّحۡمَتِهِۦ وَيُهَيِّئۡ لَكُم مِّنۡ أَمۡرِكُم مِّرۡفَقٗا

Ва чун аз ин кофирон канора ҷустед ва ҷуз Аллоҳи барҳақ маъбуди дигареро намепарастед, пас ба сӯйи ғор паноҳ баред, то Аллоҳ аз раҳмати хеш бар шумо фароху арзонӣ кунад ва дар корҳоятон барои шумо кушоиш фароҳам орад
Surah Al-Kahf, Verse 16


۞وَتَرَى ٱلشَّمۡسَ إِذَا طَلَعَت تَّزَٰوَرُ عَن كَهۡفِهِمۡ ذَاتَ ٱلۡيَمِينِ وَإِذَا غَرَبَت تَّقۡرِضُهُمۡ ذَاتَ ٱلشِّمَالِ وَهُمۡ فِي فَجۡوَةٖ مِّنۡهُۚ ذَٰلِكَ مِنۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِۗ مَن يَهۡدِ ٱللَّهُ فَهُوَ ٱلۡمُهۡتَدِۖ وَمَن يُضۡلِلۡ فَلَن تَجِدَ لَهُۥ وَلِيّٗا مُّرۡشِدٗا

Ва хуршедро мебинӣ, ки чун тулуъ мекунад, аз ҷониби рост ба ғор моил мешавад ва чун ғуруб мекунад, аз болояшон ба ҷониби чап мегузарад ва онҳо дар саҳнаи ғор бароҳат хобанд (яъне дар вақти тулуъ ва ғуруб онҳоро гармии офтоб азият намедод). Ва ин ҳама аз нишонаву муъҷизаҳои Аллоҳ аст. Ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, ҳидоят ёфтааст ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳаргиз корсозу роҳнамое барои ӯ нахоҳӣ ёфт
Surah Al-Kahf, Verse 17


وَتَحۡسَبُهُمۡ أَيۡقَاظٗا وَهُمۡ رُقُودٞۚ وَنُقَلِّبُهُمۡ ذَاتَ ٱلۡيَمِينِ وَذَاتَ ٱلشِّمَالِۖ وَكَلۡبُهُم بَٰسِطٞ ذِرَاعَيۡهِ بِٱلۡوَصِيدِۚ لَوِ ٱطَّلَعۡتَ عَلَيۡهِمۡ لَوَلَّيۡتَ مِنۡهُمۡ فِرَارٗا وَلَمُلِئۡتَ مِنۡهُمۡ رُعۡبٗا

Мепиндоштӣ эй бинанда, ки Асҳоби Каҳф бедоранд, ҳол он ки воқеан дар хоб буданд ва Мо онҳоро дар ҳоле, ки хоб буданд ба дасти росту дасти чап мегардонидем, то замин ҷисми ононро нахӯрад ва сагашон бар остонаи ғор ду дасти хеш дароз карда буд. Агар аз ҳоли онҳо огоҳ мешудӣ, албатта гурезон бозмегаштӣ ва аз онҳо сахт метарсидӣ
Surah Al-Kahf, Verse 18


وَكَذَٰلِكَ بَعَثۡنَٰهُمۡ لِيَتَسَآءَلُواْ بَيۡنَهُمۡۚ قَالَ قَآئِلٞ مِّنۡهُمۡ كَمۡ لَبِثۡتُمۡۖ قَالُواْ لَبِثۡنَا يَوۡمًا أَوۡ بَعۡضَ يَوۡمٖۚ قَالُواْ رَبُّكُمۡ أَعۡلَمُ بِمَا لَبِثۡتُمۡ فَٱبۡعَثُوٓاْ أَحَدَكُم بِوَرِقِكُمۡ هَٰذِهِۦٓ إِلَى ٱلۡمَدِينَةِ فَلۡيَنظُرۡ أَيُّهَآ أَزۡكَىٰ طَعَامٗا فَلۡيَأۡتِكُم بِرِزۡقٖ مِّنۡهُ وَلۡيَتَلَطَّفۡ وَلَا يُشۡعِرَنَّ بِكُمۡ أَحَدًا

Ҳамчунин бедорашон кардем, то бо якдигар гуфтугӯ кунанд. Яке аз онҳо пурсид: «Чанд вақт аст, ки оромидаед?» Гуфтанд: «Як рӯз ё ниме аз рӯз оромидаем». Гуфтанд: «Парвардигоратон беҳтар донад, ки чанд вақт оромидаед. Якеро аз худ бо ин пулатон ба шаҳр бифиристед, то бингарад, ки ғизои покиза кадом аст ва аз он бароятон рӯзиятонро биёварад. Ва бояд ки бо ҳушёрӣ (эҳтиёт) рафтор кунад, то касе ба шумо огоҳӣ наёбад
Surah Al-Kahf, Verse 19


إِنَّهُمۡ إِن يَظۡهَرُواْ عَلَيۡكُمۡ يَرۡجُمُوكُمۡ أَوۡ يُعِيدُوكُمۡ فِي مِلَّتِهِمۡ وَلَن تُفۡلِحُوٓاْ إِذًا أَبَدٗا

Зеро агар шуморо қавматон биёбанд, сангсор хоҳанд кард ё ба дини хеш дароваранд. Ва агар чунин шавад, то абад растагор нахоҳед шуд
Surah Al-Kahf, Verse 20


وَكَذَٰلِكَ أَعۡثَرۡنَا عَلَيۡهِمۡ لِيَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞ وَأَنَّ ٱلسَّاعَةَ لَا رَيۡبَ فِيهَآ إِذۡ يَتَنَٰزَعُونَ بَيۡنَهُمۡ أَمۡرَهُمۡۖ فَقَالُواْ ٱبۡنُواْ عَلَيۡهِم بُنۡيَٰنٗاۖ رَّبُّهُمۡ أَعۡلَمُ بِهِمۡۚ قَالَ ٱلَّذِينَ غَلَبُواْ عَلَىٰٓ أَمۡرِهِمۡ لَنَتَّخِذَنَّ عَلَيۡهِم مَّسۡجِدٗا

Бад-ин сон мардумро ба ҳолашон огоҳ кардем, то бидонанд, ки ваъдаи Аллоҳ (яъне, зинда гардонидан баъди миронидан) рост аст ва ҳароина, дар вуқуъи қиёмат шубҳае нест. Он гоҳ дар бораи онҳо бо якдигар ба гуфтугӯ пардохтанд ва гуфтанд: «Бар ғори онҳо биное бисозед, Парвардигорашон аз ҳолашон огоҳтар аст». Ва онон, ки бар амрашон ғолибтар шуда буданд, гуфтанд: «Албатта, бар ғорашон масҷиде месозем»
Surah Al-Kahf, Verse 21


سَيَقُولُونَ ثَلَٰثَةٞ رَّابِعُهُمۡ كَلۡبُهُمۡ وَيَقُولُونَ خَمۡسَةٞ سَادِسُهُمۡ كَلۡبُهُمۡ رَجۡمَۢا بِٱلۡغَيۡبِۖ وَيَقُولُونَ سَبۡعَةٞ وَثَامِنُهُمۡ كَلۡبُهُمۡۚ قُل رَّبِّيٓ أَعۡلَمُ بِعِدَّتِهِم مَّا يَعۡلَمُهُمۡ إِلَّا قَلِيلٞۗ فَلَا تُمَارِ فِيهِمۡ إِلَّا مِرَآءٗ ظَٰهِرٗا وَلَا تَسۡتَفۡتِ فِيهِم مِّنۡهُمۡ أَحَدٗا

Баъзе аз аҳли китоб хоҳанд гуфт: «Се тан буданд ва чаҳорумашон сагашон буд» ва мегӯянд: «Панҷ тан буданд ва шашуминашон сагашон буд, ба хаёлу гумон ва ғоибона» ва мегӯянд: «Ҳафт тан буданд ва ҳаштуминашон сагашон буд». Бигӯ эй Расул: «Парвардигори ман ба адади онҳо донотар аст ва шумори онҳоро ҷуз андак касони дигаре намедонанд». Ва ту дар бораи Асҳоби Каҳф бо аҳли китоб ҷуз ба зоҳир муҷодала макун ва касеро дар бораашон аз аҳли китоб мапурс
Surah Al-Kahf, Verse 22


وَلَا تَقُولَنَّ لِشَاْيۡءٍ إِنِّي فَاعِلٞ ذَٰلِكَ غَدًا

Дар бораи ҳеҷ чизе магӯ, ки ман фардо онро анҷом медиҳам
Surah Al-Kahf, Verse 23


إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ وَٱذۡكُر رَّبَّكَ إِذَا نَسِيتَ وَقُلۡ عَسَىٰٓ أَن يَهۡدِيَنِ رَبِّي لِأَقۡرَبَ مِنۡ هَٰذَا رَشَدٗا

магар ин ки бигӯйӣ агар Аллоҳ бихоҳад онро анҷом медиҳам. Ва чун фаромӯш кунӣ, Парвардигоратро ба ёд ор. ва бигӯ: «Шояд Парвардигори ман маро аз наздиктарин (дурусттарин) роҳ ҳидоят кунад»
Surah Al-Kahf, Verse 24


وَلَبِثُواْ فِي كَهۡفِهِمۡ ثَلَٰثَ مِاْئَةٖ سِنِينَ وَٱزۡدَادُواْ تِسۡعٗا

Ва онон дар ғори худ сесад сол оромиданд ва нӯҳ сол ба он афзудаанд
Surah Al-Kahf, Verse 25


قُلِ ٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا لَبِثُواْۖ لَهُۥ غَيۡبُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ أَبۡصِرۡ بِهِۦ وَأَسۡمِعۡۚ مَا لَهُم مِّن دُونِهِۦ مِن وَلِيّٖ وَلَا يُشۡرِكُ فِي حُكۡمِهِۦٓ أَحَدٗا

Бигӯ эй Расул: «Аллоҳ донотар аст, ки чанд сол орамиданд. Илми ғайби осмонҳову замин аз они Ӯст. чӣ қадар биносту чӣ қадар шунавост! Чуз Ӯ корсозе надоранд ва касеро дар фармон ва ҳукмҳои худ (илми ғайб) шарикнасозад»
Surah Al-Kahf, Verse 26


وَٱتۡلُ مَآ أُوحِيَ إِلَيۡكَ مِن كِتَابِ رَبِّكَۖ لَا مُبَدِّلَ لِكَلِمَٰتِهِۦ وَلَن تَجِدَ مِن دُونِهِۦ مُلۡتَحَدٗا

Эй Паёмбар, бар ту ҳар чӣ аз китоби Парвардигорат ваҳй шудааст, тиловат кун. Сухани Ӯро тағйирдиҳандае нест. Ва ту ҷуз Ӯ, ҳаргиз паноҳгоҳе намеёбӣ
Surah Al-Kahf, Verse 27


وَٱصۡبِرۡ نَفۡسَكَ مَعَ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ رَبَّهُم بِٱلۡغَدَوٰةِ وَٱلۡعَشِيِّ يُرِيدُونَ وَجۡهَهُۥۖ وَلَا تَعۡدُ عَيۡنَاكَ عَنۡهُمۡ تُرِيدُ زِينَةَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَا تُطِعۡ مَنۡ أَغۡفَلۡنَا قَلۡبَهُۥ عَن ذِكۡرِنَا وَٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ وَكَانَ أَمۡرُهُۥ فُرُطٗا

Эй Паёмбар, сабр кун ҳамроҳ бо касоне (ёрони фақират), ки ҳар субҳу шом Парвардигорашонро мехонанд ва хушнудии Ӯро меҷӯянд. Ва набояд чашмони ту барои ёфтани зебу зиннатҳои зиндагии ин дунё аз инҳо ба сӯйи куффор гардад. Ва аз он ки дилашро аз зикри худ ғофилу бехабар сохтаем ва аз паи ҳавои нафси худ меравад ва дар корҳояш исроф меварзад, пайравӣ макун
Surah Al-Kahf, Verse 28


وَقُلِ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكُمۡۖ فَمَن شَآءَ فَلۡيُؤۡمِن وَمَن شَآءَ فَلۡيَكۡفُرۡۚ إِنَّآ أَعۡتَدۡنَا لِلظَّـٰلِمِينَ نَارًا أَحَاطَ بِهِمۡ سُرَادِقُهَاۚ وَإِن يَسۡتَغِيثُواْ يُغَاثُواْ بِمَآءٖ كَٱلۡمُهۡلِ يَشۡوِي ٱلۡوُجُوهَۚ بِئۡسَ ٱلشَّرَابُ وَسَآءَتۡ مُرۡتَفَقًا

Эй Паёмбар, ба он ғофилон бигӯ: «Ин сухани ҳақ аз ҷониби Парвардигори шумост. Ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад ва ҳар кӣ бихоҳад, кофир шавад». Мо барои кофирон оташе омода кардаем, ки он аз ҳар тараф онҳоро дар бар мегирад ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд аз ташнагӣ, аз обе чун миси гудохта бихӯронандашон, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешавад, чӣ оби баде ва чӣ оромгоҳи бадест
Surah Al-Kahf, Verse 29


إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ إِنَّا لَا نُضِيعُ أَجۡرَ مَنۡ أَحۡسَنَ عَمَلًا

Касоне, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, албатта Мо подоши некӯкоронро барбод намекунем
Surah Al-Kahf, Verse 30


أُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ جَنَّـٰتُ عَدۡنٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهِمُ ٱلۡأَنۡهَٰرُ يُحَلَّوۡنَ فِيهَا مِنۡ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٖ وَيَلۡبَسُونَ ثِيَابًا خُضۡرٗا مِّن سُندُسٖ وَإِسۡتَبۡرَقٖ مُّتَّكِـِٔينَ فِيهَا عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِۚ نِعۡمَ ٱلثَّوَابُ وَحَسُنَتۡ مُرۡتَفَقٗا

Барояшон биҳиштҳое ҷовид аст. Аз зери қасрҳо ва манзилҳояшон рӯдҳои ширин ҷорист. Биҳиштиёнро ба дастбандҳои заррине меороянд ва ҷомаҳои сабзе аз матоъи нахи нозук ва матоъи абрешим мепӯшанд ва дар он ҷо бар тахтҳо такя мезананд. Чӣ подоши некӯе ва чӣ оромгоҳи некӯест ин ҷаннат
Surah Al-Kahf, Verse 31


۞وَٱضۡرِبۡ لَهُم مَّثَلٗا رَّجُلَيۡنِ جَعَلۡنَا لِأَحَدِهِمَا جَنَّتَيۡنِ مِنۡ أَعۡنَٰبٖ وَحَفَفۡنَٰهُمَا بِنَخۡلٖ وَجَعَلۡنَا بَيۡنَهُمَا زَرۡعٗا

Ва барояшон достони ду мардеро аз умматони пешина, ки якеашон мӯъмин ва дигараш кофир буд, баён кун, ки ба яке (ба кофир) ду боғи ангур дода будем ва бар гирди онҳо дарахтони хурмо ва дар миёнашон киштзор карда будем
Surah Al-Kahf, Verse 32


كِلۡتَا ٱلۡجَنَّتَيۡنِ ءَاتَتۡ أُكُلَهَا وَلَمۡ تَظۡلِم مِّنۡهُ شَيۡـٔٗاۚ وَفَجَّرۡنَا خِلَٰلَهُمَا نَهَرٗا

Он ду токзор меваи худро бе ҳеҷ каму кост медоданд. Ва рӯде байни он ду ҷорӣ гардонидем
Surah Al-Kahf, Verse 33


وَكَانَ لَهُۥ ثَمَرٞ فَقَالَ لِصَٰحِبِهِۦ وَهُوَ يُحَاوِرُهُۥٓ أَنَا۠ أَكۡثَرُ مِنكَ مَالٗا وَأَعَزُّ نَفَرٗا

Ҳосил аз они ӯ буд. Ба дӯсти (мӯъминаш), ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, мағрурона гуфт: «Ман ба мол аз ту бештар ва ба ёрону тарафдорҳо пирӯзтарам»
Surah Al-Kahf, Verse 34


وَدَخَلَ جَنَّتَهُۥ وَهُوَ ظَالِمٞ لِّنَفۡسِهِۦ قَالَ مَآ أَظُنُّ أَن تَبِيدَ هَٰذِهِۦٓ أَبَدٗا

Ва он мард бар хештан ситам карда ва ба ин ҳолат ба боғи худ даромад ва гуфт: "Напиндорам, ки ин боғ ҳаргиз аз миён биравад
Surah Al-Kahf, Verse 35


وَمَآ أَظُنُّ ٱلسَّاعَةَ قَآئِمَةٗ وَلَئِن رُّدِدتُّ إِلَىٰ رَبِّي لَأَجِدَنَّ خَيۡرٗا مِّنۡهَا مُنقَلَبٗا

Ва напиндорам, ки қиёмат ҳам биёяд (ва агар фарз кунем, ки қиёмат шавад ҳам, чунон ки ту мегӯйӣ эй мусалмон,) ва агар ҳам маро назди Аллоҳ баранд, албатта боғе беҳтар аз ин боғ хоҳам ёфт
Surah Al-Kahf, Verse 36


قَالَ لَهُۥ صَاحِبُهُۥ وَهُوَ يُحَاوِرُهُۥٓ أَكَفَرۡتَ بِٱلَّذِي خَلَقَكَ مِن تُرَابٖ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ ثُمَّ سَوَّىٰكَ رَجُلٗا

Дӯсти мӯъминаш, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, гуфт: «Оё бар он Аллоҳе, ки туро аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид ва боз туро марди комил сохт, кофир шудаӣ
Surah Al-Kahf, Verse 37


لَّـٰكِنَّا۠ هُوَ ٱللَّهُ رَبِّي وَلَآ أُشۡرِكُ بِرَبِّيٓ أَحَدٗا

Вале, ӯ Аллоҳи барҳақ, Парвардигори ман аст ва ман ҳеҷ касро дар ибодат шарики Парвардигорам намесозам
Surah Al-Kahf, Verse 38


وَلَوۡلَآ إِذۡ دَخَلۡتَ جَنَّتَكَ قُلۡتَ مَا شَآءَ ٱللَّهُ لَا قُوَّةَ إِلَّا بِٱللَّهِۚ إِن تَرَنِ أَنَا۠ أَقَلَّ مِنكَ مَالٗا وَوَلَدٗا

Чаро он гоҳ ки ба боғи худ даромадӣ, нагуфтӣ: «Ҳамду сипос мар Аллоҳро он чи хости Аллоҳ аст шуданист, нест ҳеҷ қуввате, магар ба хости Аллоҳ?» Агар мебинӣ, ки дороиву фарзанди ман камтар аст аз ту
Surah Al-Kahf, Verse 39


فَعَسَىٰ رَبِّيٓ أَن يُؤۡتِيَنِ خَيۡرٗا مِّن جَنَّتِكَ وَيُرۡسِلَ عَلَيۡهَا حُسۡبَانٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ فَتُصۡبِحَ صَعِيدٗا زَلَقًا

Шояд Парвардигори ман маро чизе беҳтар аз боғи ту диҳад. Шояд бар он боғ соиқае (оташаке) бифиристад ва онро ба замине софу лағжанда иваз кунад
Surah Al-Kahf, Verse 40


أَوۡ يُصۡبِحَ مَآؤُهَا غَوۡرٗا فَلَن تَسۡتَطِيعَ لَهُۥ طَلَبٗا

Ё оби он бар замин фурӯ равад ва ҳаргиз ба ёфтани он қудрат наёбӣ
Surah Al-Kahf, Verse 41


وَأُحِيطَ بِثَمَرِهِۦ فَأَصۡبَحَ يُقَلِّبُ كَفَّيۡهِ عَلَىٰ مَآ أَنفَقَ فِيهَا وَهِيَ خَاوِيَةٌ عَلَىٰ عُرُوشِهَا وَيَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي لَمۡ أُشۡرِكۡ بِرَبِّيٓ أَحَدٗا

Дар ҳақиқат ба меваҳояш офат расид ва бомдодон дасти пушаймонӣ ва ҳасрат бар даст мемолид, ба хотири он ки сарфу харҷ карда буд дар ободии он боғ ва акнун ҳамаи биноҳояш фурӯ рехтааст. Ва мегӯяд: «Эй кош, касеро шарики Парвардигорам насохта будам!»
Surah Al-Kahf, Verse 42


وَلَمۡ تَكُن لَّهُۥ فِئَةٞ يَنصُرُونَهُۥ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَمَا كَانَ مُنتَصِرًا

Ва ӯро ҷамоате набуд, ки ғайр аз Аллоҳ ӯро ёрӣ диҳанд ва худ низ қудрат надошт
Surah Al-Kahf, Verse 43


هُنَالِكَ ٱلۡوَلَٰيَةُ لِلَّهِ ٱلۡحَقِّۚ هُوَ خَيۡرٞ ثَوَابٗا وَخَيۡرٌ عُقۡبٗا

Ин ҷо собит шуд, ки тасарруфу корсозӣ хос Аллоҳрост, ки ҳамеша бошандааст. Подоши Ӯ беҳтар ва саранҷомаш некӯтар аст
Surah Al-Kahf, Verse 44


وَٱضۡرِبۡ لَهُم مَّثَلَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا كَمَآءٍ أَنزَلۡنَٰهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ فَٱخۡتَلَطَ بِهِۦ نَبَاتُ ٱلۡأَرۡضِ فَأَصۡبَحَ هَشِيمٗا تَذۡرُوهُ ٱلرِّيَٰحُۗ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ مُّقۡتَدِرًا

Барояшон эй Паёмбар, зиндагии дунёро мисол ор, ки чун боронест, ки аз осмон фуруд оварем ва бо он гиёҳони гуногун ба фаровонӣ бирӯяд. Ногоҳ хушк шавад ва бод ба ҳар сӯ парокандааш созад ва Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност
Surah Al-Kahf, Verse 45


ٱلۡمَالُ وَٱلۡبَنُونَ زِينَةُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَٱلۡبَٰقِيَٰتُ ٱلصَّـٰلِحَٰتُ خَيۡرٌ عِندَ رَبِّكَ ثَوَابٗا وَخَيۡرٌ أَمَلٗا

Дороиву фарзанд зебу зиннатҳои ин зиндагонии дунёи фонист ва амалҳои солеҳ, ки ҳамеша барҷой мемонанд, назди Парвардигорат беҳтар ва умед бастан ба онҳо некӯтар аст
Surah Al-Kahf, Verse 46


وَيَوۡمَ نُسَيِّرُ ٱلۡجِبَالَ وَتَرَى ٱلۡأَرۡضَ بَارِزَةٗ وَحَشَرۡنَٰهُمۡ فَلَمۡ نُغَادِرۡ مِنۡهُمۡ أَحَدٗا

Рӯзе, ки кӯҳҳоро равон кунем аз ҷояшон ва заминро намоён мебинӣ (яъне дар рӯйи замин ягон чизе нест аз кӯҳҳо, дарахтҳо ва наботот) ва ҳамаро барои ҳисоб гирд меоварем ва як тан аз ононро ҳам раҳо намекунем
Surah Al-Kahf, Verse 47


وَعُرِضُواْ عَلَىٰ رَبِّكَ صَفّٗا لَّقَدۡ جِئۡتُمُونَا كَمَا خَلَقۡنَٰكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةِۭۚ بَلۡ زَعَمۡتُمۡ أَلَّن نَّجۡعَلَ لَكُم مَّوۡعِدٗا

Ва мардум ҳозир карда шаванд назди Парвардигори ту сафкашида. Гӯем: Албатта омадед пеши Мо, чунон ки офарида будем шуморо аввалин бор (яъне бидуни моли дунёву фарзанд), балки гумон мекардед, ки ҳаргиз барои шумо ваъдагоҳе (яъне қиёматро) қарор намедиҳем
Surah Al-Kahf, Verse 48


وَوُضِعَ ٱلۡكِتَٰبُ فَتَرَى ٱلۡمُجۡرِمِينَ مُشۡفِقِينَ مِمَّا فِيهِ وَيَقُولُونَ يَٰوَيۡلَتَنَا مَالِ هَٰذَا ٱلۡكِتَٰبِ لَا يُغَادِرُ صَغِيرَةٗ وَلَا كَبِيرَةً إِلَّآ أَحۡصَىٰهَاۚ وَوَجَدُواْ مَا عَمِلُواْ حَاضِرٗاۗ وَلَا يَظۡلِمُ رَبُّكَ أَحَدٗا

Дафтари аъмол кушода шавад. Гунаҳкоронро бинӣ, ки аз он чи дар он омадааст, тарсону ҳаросонанд ва мегӯянд: «Вой бар мо, ин чӣ дафтарест, ки тамоми гуноҳи ҳурду бузургро сабт кардааст». Он гоҳ аъмоли худро дар муқобили худ ҳозир ва омода мебинанд ва Парвардигори ту ба касе заррае ҳам ситам намекунад
Surah Al-Kahf, Verse 49


وَإِذۡ قُلۡنَا لِلۡمَلَـٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ كَانَ مِنَ ٱلۡجِنِّ فَفَسَقَ عَنۡ أَمۡرِ رَبِّهِۦٓۗ أَفَتَتَّخِذُونَهُۥ وَذُرِّيَّتَهُۥٓ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِي وَهُمۡ لَكُمۡ عَدُوُّۢۚ بِئۡسَ لِلظَّـٰلِمِينَ بَدَلٗا

Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем, ки одамро саҷда кунед, ҳама саҷда карданд, магар Иблис, ки аз ҷин буд ва аз фармони Парвардигораш сар битофт. Эй мардум, оё шайтон ва фарзандонашро ба ҷои Ман ба дӯстӣ мегиред, ҳол он, ки душмани ашаддии шумоянд? Золимон чизи бадеро (яъне шайтонро сарпарасту корсози худ) ба ҷои Аллоҳ интихоб кардаанд
Surah Al-Kahf, Verse 50


۞مَّآ أَشۡهَدتُّهُمۡ خَلۡقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَا خَلۡقَ أَنفُسِهِمۡ وَمَا كُنتُ مُتَّخِذَ ٱلۡمُضِلِّينَ عَضُدٗا

Он гоҳ, ки осмонҳову замин ва худашонро меофаридам, онҳоро (Иблису фарзандонашро) ҳозир накарда будам, балки Худ, якто ҳамаро халқ кардам бе ягон ёвар. Зеро Ман гумроҳонро ба ёрӣ намегирам. Пас чӣ гуна ононро дӯст ва шарики Ман мегиред
Surah Al-Kahf, Verse 51


وَيَوۡمَ يَقُولُ نَادُواْ شُرَكَآءِيَ ٱلَّذِينَ زَعَمۡتُمۡ فَدَعَوۡهُمۡ فَلَمۡ يَسۡتَجِيبُواْ لَهُمۡ وَجَعَلۡنَا بَيۡنَهُم مَّوۡبِقٗا

Ва рӯзе, ки Аллоҳ таъоло мегӯяд: «Онҳоеро, ки мепиндоштед шарикони Мананд дар ибодат, садо кунед, то ин ки шуморо кӯмак кунанд». Садо кунанд ва шарикон ҷавоб надиҳанд. Он гоҳ ҳалокатгоҳро (ҷаҳаннам) миёнашон қарор диҳем
Surah Al-Kahf, Verse 52


وَرَءَا ٱلۡمُجۡرِمُونَ ٱلنَّارَ فَظَنُّوٓاْ أَنَّهُم مُّوَاقِعُوهَا وَلَمۡ يَجِدُواْ عَنۡهَا مَصۡرِفٗا

Ва чун гунаҳкорон оташро мебинанд ва медонанд, ки дар он хоҳанд афтод ва аз он ҳеҷ роҳи хурезе наёбанд
Surah Al-Kahf, Verse 53


وَلَقَدۡ صَرَّفۡنَا فِي هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ لِلنَّاسِ مِن كُلِّ مَثَلٖۚ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ أَكۡثَرَ شَيۡءٖ جَدَلٗا

Дар ин Қуръон барои мардум ҳар гуна достоне баён кардаем, то ки панд гиранд ва имон оранд, вале одамӣ беш аз ҳама муҷодалагар (хусуматгар) аст
Surah Al-Kahf, Verse 54


وَمَا مَنَعَ ٱلنَّاسَ أَن يُؤۡمِنُوٓاْ إِذۡ جَآءَهُمُ ٱلۡهُدَىٰ وَيَسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّهُمۡ إِلَّآ أَن تَأۡتِيَهُمۡ سُنَّةُ ٱلۡأَوَّلِينَ أَوۡ يَأۡتِيَهُمُ ٱلۡعَذَابُ قُبُلٗا

Ва чизе мардумро бознадошт аз ин ки вақте ҳидоят ба сӯяшон боз омад имон наёваранд ва аз Парвардигорашон талаби омурзиш кунанд, ҷуз ин ки мехостанд сарнавишти пешиниён барои онон биёяд ё азоб дар баробарашон қарор гирад
Surah Al-Kahf, Verse 55


وَمَا نُرۡسِلُ ٱلۡمُرۡسَلِينَ إِلَّا مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَۚ وَيُجَٰدِلُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِٱلۡبَٰطِلِ لِيُدۡحِضُواْ بِهِ ٱلۡحَقَّۖ وَٱتَّخَذُوٓاْ ءَايَٰتِي وَمَآ أُنذِرُواْ هُزُوٗا

Ва Мо паёмбаронро нафиристодем, ҷуз он ки ба ахли имон ва некӯкорон мужда диҳанд ё ахли куфр ва гунаҳгоронро битарсонанд. Ва кофироне, ки мехоҳанд ба нирӯи ботил ҳақро аз миён бибаранд, ҷидол мекунанд ва оёти Маро ва чизе аз он бим дода шудаанд, масхара мекунанд
Surah Al-Kahf, Verse 56


وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِۦ فَأَعۡرَضَ عَنۡهَا وَنَسِيَ مَا قَدَّمَتۡ يَدَاهُۚ إِنَّا جَعَلۡنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ أَكِنَّةً أَن يَفۡقَهُوهُ وَفِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَقۡرٗاۖ وَإِن تَدۡعُهُمۡ إِلَى ٱلۡهُدَىٰ فَلَن يَهۡتَدُوٓاْ إِذًا أَبَدٗا

Кист ситамгортар аз он, ки оёти Парвардигорашро барояш бихонанд, пас ӯ баъди фаҳмидан рӯй гардонад ва корҳои баде, ки аз пеш карда, фаромӯш кунад? Ҳамоно Мо бар дили онҳо парда афкандем, то оёти Қуръонро нафаҳманд ва гӯшҳояшонро кар сохтем, то онро нашунаванд. Агар даъват кунӣ кофиронро ба сӯйи ҳидоят, ҳаргиз роҳ наёбанд
Surah Al-Kahf, Verse 57


وَرَبُّكَ ٱلۡغَفُورُ ذُو ٱلرَّحۡمَةِۖ لَوۡ يُؤَاخِذُهُم بِمَا كَسَبُواْ لَعَجَّلَ لَهُمُ ٱلۡعَذَابَۚ بَل لَّهُم مَّوۡعِدٞ لَّن يَجِدُواْ مِن دُونِهِۦ مَوۡئِلٗا

Ва Парвардигорат омурзандаву меҳрубон аст. Агар мехост, кофиронро ба сабаби кирдори бадашон ба зудӣ дар ин ҷаҳон азоб медод. Аммо барои онҳо замони муъайяне аст, ки чун фаро расад, ҳаргиз, паноҳгоҳе наёбанд
Surah Al-Kahf, Verse 58


وَتِلۡكَ ٱلۡقُرَىٰٓ أَهۡلَكۡنَٰهُمۡ لَمَّا ظَلَمُواْ وَجَعَلۡنَا لِمَهۡلِكِهِم مَّوۡعِدٗا

Ва он шаҳрҳоеро, ки наздики Макка ҳастанд, чун кофир шуданд, ба ҳалокат расонидем ва барои ҳалокаташон вақтро муайян намудем
Surah Al-Kahf, Verse 59


وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِفَتَىٰهُ لَآ أَبۡرَحُ حَتَّىٰٓ أَبۡلُغَ مَجۡمَعَ ٱلۡبَحۡرَيۡنِ أَوۡ أَمۡضِيَ حُقُبٗا

Ва ба ёд овар эй Расул, чун Мӯсо ба шогирди худ (Юшаъ ибни Нун) гуфт: Ман ҳамчунон хоҳам рафт, то он ҷо, ки ду баҳр ба ҳам расидаанд. Ё биравам муддатҳои дароз, то бирасам ба назди марди солеҳе, ки аз ӯ таълим бигирам
Surah Al-Kahf, Verse 60


فَلَمَّا بَلَغَا مَجۡمَعَ بَيۡنِهِمَا نَسِيَا حُوتَهُمَا فَٱتَّخَذَ سَبِيلَهُۥ فِي ٱلۡبَحۡرِ سَرَبٗا

Пас чун он ду ба он ҷо, ки ду баҳр ба ҳам расида буданд, расиданд, нишастанд болои санге ва он моҳиеро, ки барои хӯрдан гирифта буданд, фаромӯш карданд ва моҳӣ роҳашро сарозер ба дарё гирифт
Surah Al-Kahf, Verse 61


فَلَمَّا جَاوَزَا قَالَ لِفَتَىٰهُ ءَاتِنَا غَدَآءَنَا لَقَدۡ لَقِينَا مِن سَفَرِنَا هَٰذَا نَصَبٗا

Чун аз он ҷо гузаштанд, Мӯсо ба шогирди худ гуфт: «Хӯроки чоштамонро биёвар, ки дар ин сафарамон машаққате дидаем»
Surah Al-Kahf, Verse 62


قَالَ أَرَءَيۡتَ إِذۡ أَوَيۡنَآ إِلَى ٱلصَّخۡرَةِ فَإِنِّي نَسِيتُ ٱلۡحُوتَ وَمَآ أَنسَىٰنِيهُ إِلَّا ٱلشَّيۡطَٰنُ أَنۡ أَذۡكُرَهُۥۚ وَٱتَّخَذَ سَبِيلَهُۥ فِي ٱلۡبَحۡرِ عَجَبٗا

(Он ҷавоне, ки ҳамроҳи Мӯсо буд,) гуфт: «Оё ба ёд дорӣ он замонеро, ки дар канори санг макон гирифта будем, то ки истироҳат кунем? Ман моҳиро фаромӯш кардам он ҷо. Ва ин шайтон буд, ки сабаб шуд фаромӯш кунам, хабар додани қиссаашро, ки чӣ гуна моҳӣ зинда шуд ва ба тариқи таъаҷҷубовар ба баҳр рафт»
Surah Al-Kahf, Verse 63


قَالَ ذَٰلِكَ مَا كُنَّا نَبۡغِۚ فَٱرۡتَدَّا عَلَىٰٓ ءَاثَارِهِمَا قَصَصٗا

Мӯсо гуфт: «Он ҷо ҳамон ҷоест, ки дар талабаш будаем». Пас ба нишони қадамҳои худ ҷустуҷӯкунон бозгаштанд
Surah Al-Kahf, Verse 64


فَوَجَدَا عَبۡدٗا مِّنۡ عِبَادِنَآ ءَاتَيۡنَٰهُ رَحۡمَةٗ مِّنۡ عِندِنَا وَعَلَّمۡنَٰهُ مِن لَّدُنَّا عِلۡمٗا

Ва дар он ҷо бандае аз бандагони некӯкори Мо (Хизр алайҳиссалом)-ро, ки раҳмати хеш бар ӯ арзонӣ дошта будем ва худ ба ӯ дониш омӯхта будем, биёфтанд
Surah Al-Kahf, Verse 65


قَالَ لَهُۥ مُوسَىٰ هَلۡ أَتَّبِعُكَ عَلَىٰٓ أَن تُعَلِّمَنِ مِمَّا عُلِّمۡتَ رُشۡدٗا

Мӯсо ба ӯ гуфт: «Оё туро пайравӣ кунам, то аз он чи ба ту Аллоҳ омӯхтааст ва он мояи рушд аст, ба ман биёмӯзӣ
Surah Al-Kahf, Verse 66


قَالَ إِنَّكَ لَن تَسۡتَطِيعَ مَعِيَ صَبۡرٗا

Хизр гуфт: «Ту ҳаргиз наметавони ҳамроҳи ман сабр кунӣ
Surah Al-Kahf, Verse 67


وَكَيۡفَ تَصۡبِرُ عَلَىٰ مَا لَمۡ تُحِطۡ بِهِۦ خُبۡرٗا

Ва чӣ гуна дар баробари чизе, ки ба он огаҳӣ наёфтаи, сабр хоҳи кард?»
Surah Al-Kahf, Verse 68


قَالَ سَتَجِدُنِيٓ إِن شَآءَ ٱللَّهُ صَابِرٗا وَلَآ أَعۡصِي لَكَ أَمۡرٗا

Мӯсо гуфт: «Агар Аллоҳ бихоҳад, маро сабркунанда хоҳи ёфт, он чунон ки дар ҳеҷ коре туро нофармонӣ накунам»
Surah Al-Kahf, Verse 69


قَالَ فَإِنِ ٱتَّبَعۡتَنِي فَلَا تَسۡـَٔلۡنِي عَن شَيۡءٍ حَتَّىٰٓ أُحۡدِثَ لَكَ مِنۡهُ ذِكۡرٗا

Хизр гуфт: «Агар аз паи ман меоӣ, набояд, ки аз ман чизе бипурсӣ, то ман, худ туро аз он огоҳ кунам»
Surah Al-Kahf, Verse 70


فَٱنطَلَقَا حَتَّىٰٓ إِذَا رَكِبَا فِي ٱلسَّفِينَةِ خَرَقَهَاۖ قَالَ أَخَرَقۡتَهَا لِتُغۡرِقَ أَهۡلَهَا لَقَدۡ جِئۡتَ شَيۡـًٔا إِمۡرٗا

Пас ба роҳ баромаданд, то ба киштӣ савор шуданд. Хизр киштиро сӯрох кард. Мӯсо гуфт: «Киштиро сӯрох мекунӣ, то мардумашро ғарқ созӣ? Коре, ки кардӣ, бегумон кори бисёр бадест!»
Surah Al-Kahf, Verse 71


قَالَ أَلَمۡ أَقُلۡ إِنَّكَ لَن تَسۡتَطِيعَ مَعِيَ صَبۡرٗا

Хизр гуфт: «Оё нагуфта будам, ки ту ҳаргиз бо ман сабр карда наметавонй?»
Surah Al-Kahf, Verse 72


قَالَ لَا تُؤَاخِذۡنِي بِمَا نَسِيتُ وَلَا تُرۡهِقۡنِي مِنۡ أَمۡرِي عُسۡرٗا

Мӯсо гуфт: «Фаромӯш кардам, маро бозхост макун ва ба ин андоза бар ман сахт магир»
Surah Al-Kahf, Verse 73


فَٱنطَلَقَا حَتَّىٰٓ إِذَا لَقِيَا غُلَٰمٗا فَقَتَلَهُۥ قَالَ أَقَتَلۡتَ نَفۡسٗا زَكِيَّةَۢ بِغَيۡرِ نَفۡسٖ لَّقَدۡ جِئۡتَ شَيۡـٔٗا نُّكۡرٗا

Пас, ба роҳи худ идома доданд, то ба писаре вохӯрданд, Хизр ӯро кушт. Мӯсо гуфт: «Оё шахси поку бегуноҳе, ки ҳеҷ касеро накуштааст, ту ӯро куштӣ? Ба ростӣ кори зиште анҷом додӣ»
Surah Al-Kahf, Verse 74


۞قَالَ أَلَمۡ أَقُل لَّكَ إِنَّكَ لَن تَسۡتَطِيعَ مَعِيَ صَبۡرٗا

Хизр гуфт: «Оё нагуфта будам, ки ту ҳаргиз бо ман сабр карда наметавонӣ?»
Surah Al-Kahf, Verse 75


قَالَ إِن سَأَلۡتُكَ عَن شَيۡءِۭ بَعۡدَهَا فَلَا تُصَٰحِبۡنِيۖ قَدۡ بَلَغۡتَ مِن لَّدُنِّي عُذۡرٗا

Мӯсо гуфт: «Агар аз ин пас аз ту чизе бипурсам, бо ман ҳамроҳӣ макун! Ҳамоно ту аз ҷониби ман маъзур бошӣ»
Surah Al-Kahf, Verse 76


فَٱنطَلَقَا حَتَّىٰٓ إِذَآ أَتَيَآ أَهۡلَ قَرۡيَةٍ ٱسۡتَطۡعَمَآ أَهۡلَهَا فَأَبَوۡاْ أَن يُضَيِّفُوهُمَا فَوَجَدَا فِيهَا جِدَارٗا يُرِيدُ أَن يَنقَضَّ فَأَقَامَهُۥۖ قَالَ لَوۡ شِئۡتَ لَتَّخَذۡتَ عَلَيۡهِ أَجۡرٗا

Пас ба роҳи худ идома доданд, то ба шаҳре расиданд. Аз мардуми он шаҳр таоме хостанд. Пас онон меҳмондорияшон накарданд. Он ҷо деворе диданд, ки наздик буд, бияфтад. Хизр деворро рост кард. Мӯсо гуфт: «Агар мехостӣ метавонисти дар баробари ин кор музде бигирӣ»
Surah Al-Kahf, Verse 77


قَالَ هَٰذَا فِرَاقُ بَيۡنِي وَبَيۡنِكَۚ سَأُنَبِّئُكَ بِتَأۡوِيلِ مَا لَمۡ تَسۡتَطِع عَّلَيۡهِ صَبۡرًا

Хизр гуфт: «Акнун замони ҷудоӣ миёни ману туст ва туро аз сирри он корҳо, ки таҳаммулашонро надоштӣ, огоҳ мекунам
Surah Al-Kahf, Verse 78


أَمَّا ٱلسَّفِينَةُ فَكَانَتۡ لِمَسَٰكِينَ يَعۡمَلُونَ فِي ٱلۡبَحۡرِ فَأَرَدتُّ أَنۡ أَعِيبَهَا وَكَانَ وَرَآءَهُم مَّلِكٞ يَأۡخُذُ كُلَّ سَفِينَةٍ غَصۡبٗا

Аммо он киштӣ аз они бенавоёне буд, ки дар баҳр кор мекарданд. Хостам хароб (нуқсондор)-аш кунам, зеро дар пеши рӯяшон подшоҳе буд, ки киштиҳои солимро ба зӯрӣ мегирифт
Surah Al-Kahf, Verse 79


وَأَمَّا ٱلۡغُلَٰمُ فَكَانَ أَبَوَاهُ مُؤۡمِنَيۡنِ فَخَشِينَآ أَن يُرۡهِقَهُمَا طُغۡيَٰنٗا وَكُفۡرٗا

Ва аммо он писарро падару модараш мӯъмин буданд. Пас тарсидам, ки он дуро ба исёну куфр дарандозад
Surah Al-Kahf, Verse 80


فَأَرَدۡنَآ أَن يُبۡدِلَهُمَا رَبُّهُمَا خَيۡرٗا مِّنۡهُ زَكَوٰةٗ وَأَقۡرَبَ رُحۡمٗا

Пас хостем то дар ивази ӯ Парвардигорашон ба ҷои ӯ фарзанди поктар ва меҳрубонтар барояшон ато фармояд
Surah Al-Kahf, Verse 81


وَأَمَّا ٱلۡجِدَارُ فَكَانَ لِغُلَٰمَيۡنِ يَتِيمَيۡنِ فِي ٱلۡمَدِينَةِ وَكَانَ تَحۡتَهُۥ كَنزٞ لَّهُمَا وَكَانَ أَبُوهُمَا صَٰلِحٗا فَأَرَادَ رَبُّكَ أَن يَبۡلُغَآ أَشُدَّهُمَا وَيَسۡتَخۡرِجَا كَنزَهُمَا رَحۡمَةٗ مِّن رَّبِّكَۚ وَمَا فَعَلۡتُهُۥ عَنۡ أَمۡرِيۚ ذَٰلِكَ تَأۡوِيلُ مَا لَمۡ تَسۡطِع عَّلَيۡهِ صَبۡرٗا

Аммо девор аз они ду ятими мардуми ин шаҳр буд, дар зераш ганҷе буд аз они писарон. Падарашон марди солеҳе буд. Парвардигори ту мехост он ду бар ҳадди балоғат (ба воя) расанд ва ганҷи худро берун оранд. Ва ман ин корро ба майли худ накардам, балки ба амри Аллоҳ кардам. Раҳмати Парвардигори ту буд. Ин аст таъвили он чи ки дар он сабр карда натавонистӣ
Surah Al-Kahf, Verse 82


وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَن ذِي ٱلۡقَرۡنَيۡنِۖ قُلۡ سَأَتۡلُواْ عَلَيۡكُم مِّنۡهُ ذِكۡرًا

Эй Паёмбар, аз ту дар бораи Зулқарнайн (подшоҳи одил) мепурсанд. Бигӯ: "Барои шумо аз саргузашти ӯ хабаре хоҳам дод
Surah Al-Kahf, Verse 83


إِنَّا مَكَّنَّا لَهُۥ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَءَاتَيۡنَٰهُ مِن كُلِّ شَيۡءٖ سَبَبٗا

Ҳамоно мо ӯро дар замин қудрат додем ва роҳи расидан ба ҳар чизеро бар ӯ нишон додем
Surah Al-Kahf, Verse 84


فَأَتۡبَعَ سَبَبًا

Пас ӯ низ он роҳро бо кӯшишу ғайрат пай гирифт
Surah Al-Kahf, Verse 85


حَتَّىٰٓ إِذَا بَلَغَ مَغۡرِبَ ٱلشَّمۡسِ وَجَدَهَا تَغۡرُبُ فِي عَيۡنٍ حَمِئَةٖ وَوَجَدَ عِندَهَا قَوۡمٗاۖ قُلۡنَا يَٰذَا ٱلۡقَرۡنَيۡنِ إِمَّآ أَن تُعَذِّبَ وَإِمَّآ أَن تَتَّخِذَ فِيهِمۡ حُسۡنٗا

То ба ғурубгоҳи хуршед расид. Дид, ки хуршед дар чашми гилолуди сиёҳ ғуруб мекунад ва бар он ҷо мардумеро ёфт. Мо гуфтем: "Эй Зулқарнайн, мехоҳӣ азобашон кун агар ба ягонагии Худо иқрор нашаванд ва мехоҳӣ бо онҳо некӣ кун (Яъне, ба онҳо роҳи ҳақро нишон бидеҳ)
Surah Al-Kahf, Verse 86


قَالَ أَمَّا مَن ظَلَمَ فَسَوۡفَ نُعَذِّبُهُۥ ثُمَّ يُرَدُّ إِلَىٰ رَبِّهِۦ فَيُعَذِّبُهُۥ عَذَابٗا نُّكۡرٗا

Гуфт: "Аммо ҳар кас, ки ситам кунад (кофир шавад), мо азобаш хоҳем кард. Он гоҳ ӯро назди Парвардигораш баргардонида шавад, то Ӯ еиз ба сахтӣ дар ҷаҳаннам азобаш кунад
Surah Al-Kahf, Verse 87


وَأَمَّا مَنۡ ءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا فَلَهُۥ جَزَآءً ٱلۡحُسۡنَىٰۖ وَسَنَقُولُ لَهُۥ مِنۡ أَمۡرِنَا يُسۡرٗا

Ва аммо ҳар кас, ки имон оварад ва корҳои шоиста кунад, аҷре некӯ дорад. Ва Мо бо фармони худ ӯро ба кори осоне хоҳем гузошт.»
Surah Al-Kahf, Verse 88


ثُمَّ أَتۡبَعَ سَبَبًا

Боз ҳам роҳро пай гирифт. Яъне ба сӯйи машриқ бозгашт бо сабабҳое, ки Аллоҳ ба ӯ дода буд
Surah Al-Kahf, Verse 89


حَتَّىٰٓ إِذَا بَلَغَ مَطۡلِعَ ٱلشَّمۡسِ وَجَدَهَا تَطۡلُعُ عَلَىٰ قَوۡمٖ لَّمۡ نَجۡعَل لَّهُم مِّن دُونِهَا سِتۡرٗا

То ба макони баромадани офтоб расид. Дар он ҷо дид, ки бар қавме метобад, ки дар баробари тобиши офтоб барояшон пӯшише қарор надода будем
Surah Al-Kahf, Verse 90


كَذَٰلِكَۖ وَقَدۡ أَحَطۡنَا بِمَا لَدَيۡهِ خُبۡرٗا

Чунин буд. Ва мо бар аҳволи ӯ ҳар ҷое, ки мерафт, хабар дорем
Surah Al-Kahf, Verse 91


ثُمَّ أَتۡبَعَ سَبَبًا

Боз ҳам Зулқарнайн роҳро пай гирифт
Surah Al-Kahf, Verse 92


حَتَّىٰٓ إِذَا بَلَغَ بَيۡنَ ٱلسَّدَّيۡنِ وَجَدَ مِن دُونِهِمَا قَوۡمٗا لَّا يَكَادُونَ يَفۡقَهُونَ قَوۡلٗا

То ба миёни ду кӯҳ расид. Дар паси он ду кӯҳ мардумеро дид, ки ҳеҷ суханеро намефаҳмиданд
Surah Al-Kahf, Verse 93


قَالُواْ يَٰذَا ٱلۡقَرۡنَيۡنِ إِنَّ يَأۡجُوجَ وَمَأۡجُوجَ مُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَهَلۡ نَجۡعَلُ لَكَ خَرۡجًا عَلَىٰٓ أَن تَجۡعَلَ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَهُمۡ سَدّٗا

Гуфтанд: «Эй Зулқарнайн, ҳамоно Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар ин сарзамин фасод мекунанд. Пас, оё барои ту муздеро мукқаррар кунем, то ту миёни мову онҳо садде (деворе) бисозӣ?»
Surah Al-Kahf, Verse 94


قَالَ مَا مَكَّنِّي فِيهِ رَبِّي خَيۡرٞ فَأَعِينُونِي بِقُوَّةٍ أَجۡعَلۡ بَيۡنَكُمۡ وَبَيۡنَهُمۡ رَدۡمًا

Гуфт: «Он чи Парвардигори ман маро ба он тавоноӣ додааст, беҳтар аст аз музде, ки ба ман медиҳед. Маро ба нерӯи хеш мадад кунед, то миёни шумову онҳо садде (деворе) бисозам
Surah Al-Kahf, Verse 95


ءَاتُونِي زُبَرَ ٱلۡحَدِيدِۖ حَتَّىٰٓ إِذَا سَاوَىٰ بَيۡنَ ٱلصَّدَفَيۡنِ قَالَ ٱنفُخُواْۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَعَلَهُۥ نَارٗا قَالَ ءَاتُونِيٓ أُفۡرِغۡ عَلَيۡهِ قِطۡرٗا

Барои ман порчаҳои оҳан биёваред». Чун миёни он ду кӯҳро баробар кард, гуфт: «Оташ бидамед!». То он оҳанро бигудохт. Ва гуфт: «Миси гудохта биёваред, то бар он резам»
Surah Al-Kahf, Verse 96


فَمَا ٱسۡطَٰعُوٓاْ أَن يَظۡهَرُوهُ وَمَا ٱسۡتَطَٰعُواْ لَهُۥ نَقۡبٗا

Натавонистанд Яъҷуҷу Маъҷуҷ аз он девор боло раванд ва натавонистанд низ дар он сӯрохӣ кунанд
Surah Al-Kahf, Verse 97


قَالَ هَٰذَا رَحۡمَةٞ مِّن رَّبِّيۖ فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ رَبِّي جَعَلَهُۥ دَكَّآءَۖ وَكَانَ وَعۡدُ رَبِّي حَقّٗا

Зулқарнайн гуфт: «Ин деворе, ки ман сохтам, раҳмате буд аз ҷониби Парвардигори ман ва чун ваъдаи Парвардигори ман даррасид, онро зеру забар кунад ва ваъдаи Парвардигори ман рост аст»
Surah Al-Kahf, Verse 98


۞وَتَرَكۡنَا بَعۡضَهُمۡ يَوۡمَئِذٖ يَمُوجُ فِي بَعۡضٖۖ وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِ فَجَمَعۡنَٰهُمۡ جَمۡعٗا

Ва дар он рӯз баъзе онҳоро раҳо мекунем, то чун мавҷ дарҳам омезанд аз сабаби бисёр буданашон ва чун дар сур дамида шавад, комилан ҳамаашонро як ҷо гирд оварем
Surah Al-Kahf, Verse 99


وَعَرَضۡنَا جَهَنَّمَ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡكَٰفِرِينَ عَرۡضًا

Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро чунон ки бояд, ба кофирон нишон хоҳем дод
Surah Al-Kahf, Verse 100


ٱلَّذِينَ كَانَتۡ أَعۡيُنُهُمۡ فِي غِطَآءٍ عَن ذِكۡرِي وَكَانُواْ لَا يَسۡتَطِيعُونَ سَمۡعًا

Он касон (кофирон), ки чашмонашон аз ёди ман дар парда буда (яъне қудратҳои Манро намедиданд) ва тавони шунидани ҳуҷҷатҳоеро, ки далолат мекарданд, ба имон овардани ба Ман ва расуламро надоштаанд
Surah Al-Kahf, Verse 101


أَفَحَسِبَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَن يَتَّخِذُواْ عِبَادِي مِن دُونِيٓ أَوۡلِيَآءَۚ إِنَّآ أَعۡتَدۡنَا جَهَنَّمَ لِلۡكَٰفِرِينَ نُزُلٗا

Оё кофирон пиндоранд, ки ба ҷои Ман бандагони Манро ба маъбудӣ гиранд? Мо ҷаҳаннамро омода сохтаем, то манзилгоҳи кофирон бошад
Surah Al-Kahf, Verse 102


قُلۡ هَلۡ نُنَبِّئُكُم بِٱلۡأَخۡسَرِينَ أَعۡمَٰلًا

Эй Паёмбар, бигӯ: «Оё шуморо огоҳ кунем, ки аъмоли чӣ касоне беш аз ҳама ба зиёнашон буд
Surah Al-Kahf, Verse 103


ٱلَّذِينَ ضَلَّ سَعۡيُهُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَهُمۡ يَحۡسَبُونَ أَنَّهُمۡ يُحۡسِنُونَ صُنۡعًا

Он касоне ҳастанд, ки кӯшишҳояшон дар зиндагии дунё барбод рафтаанд ва мепиндоштанд, кори некӯ мекунанд
Surah Al-Kahf, Verse 104


أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ وَلِقَآئِهِۦ فَحَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فَلَا نُقِيمُ لَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَزۡنٗا

Онон ба оёти Парвардигорашон ва ба мулоқот бо Ӯ имон наёварданд, пас аъмолашон несту нобуд шуд ва Мо дар рӯзи қиёмат барояшон ҳеҷ арзиш ва манзалатеро нахоҳем ниҳод
Surah Al-Kahf, Verse 105


ذَٰلِكَ جَزَآؤُهُمۡ جَهَنَّمُ بِمَا كَفَرُواْ وَٱتَّخَذُوٓاْ ءَايَٰتِي وَرُسُلِي هُزُوًا

Сазои онҳо ба сабаби куфрашон, ҷаҳаннам аст ва низ ба он сабаб, ки оятҳои Қуръону паёмбарони Маро масхара мекарданд
Surah Al-Kahf, Verse 106


إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ كَانَتۡ لَهُمۡ جَنَّـٰتُ ٱلۡفِرۡدَوۡسِ نُزُلًا

Касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, албатта ҷойгоҳашон боғҳои фирдавс аст
Surah Al-Kahf, Verse 107


خَٰلِدِينَ فِيهَا لَا يَبۡغُونَ عَنۡهَا حِوَلٗا

Дар он ҷо ҷовидонанд ва ҳаргиз дархости берун рафтан накунанд
Surah Al-Kahf, Verse 108


قُل لَّوۡ كَانَ ٱلۡبَحۡرُ مِدَادٗا لِّكَلِمَٰتِ رَبِّي لَنَفِدَ ٱلۡبَحۡرُ قَبۡلَ أَن تَنفَدَ كَلِمَٰتُ رَبِّي وَلَوۡ جِئۡنَا بِمِثۡلِهِۦ مَدَدٗا

Эй Паёмбар, бигӯ: «Агар баҳр барои навиштани суханони Парвардигори ман ранг шавад, баҳр ба поён мерасад ва суханони Парвардигори ман ба поён намерасад, ҳарчанд баҳри дигаре ба мадади он биёварем»
Surah Al-Kahf, Verse 109


قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡ يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ فَمَن كَانَ يَرۡجُواْ لِقَآءَ رَبِّهِۦ فَلۡيَعۡمَلۡ عَمَلٗا صَٰلِحٗا وَلَا يُشۡرِكۡ بِعِبَادَةِ رَبِّهِۦٓ أَحَدَۢا

Бигӯ эй Паёмбар: «Ман фақат инсоне ҳастам монанди шумо. Ба ман ваҳй мешавад, ки албатта, Аллоҳи шумо, маъбуди яктост. Пас ҳар кас хоҳони дидори Парвардигори хеш аст, бояд кори шоиста кунад ва дар парастиши Парвардигораш ҳеҷ касро шарик насозад»
Surah Al-Kahf, Verse 110


Author: Khoja Mirov


<< Surah 17
>> Surah 19

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai