Surah An-Nisa Verse 153 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah An-Nisaيَسۡـَٔلُكَ أَهۡلُ ٱلۡكِتَٰبِ أَن تُنَزِّلَ عَلَيۡهِمۡ كِتَٰبٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِۚ فَقَدۡ سَأَلُواْ مُوسَىٰٓ أَكۡبَرَ مِن ذَٰلِكَ فَقَالُوٓاْ أَرِنَا ٱللَّهَ جَهۡرَةٗ فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلصَّـٰعِقَةُ بِظُلۡمِهِمۡۚ ثُمَّ ٱتَّخَذُواْ ٱلۡعِجۡلَ مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُ فَعَفَوۡنَا عَن ذَٰلِكَۚ وَءَاتَيۡنَا مُوسَىٰ سُلۡطَٰنٗا مُّبِينٗا
Аҳли китоб (яҳудиён) аз ту мехоҳанд (эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки барояшон Қуръон якбора нозил шавад, (он тавр ки Таврот ва Инҷил якбора нозил шудаанд, то ин ки ба рост будани паёмбарии ту далолат кунад.) Онҳо (яҳудиёни қавми Мӯсо) аз Мӯсо бузургтар аз инро талаб карданд ва гуфтанд: «Аллоҳро ошкор ба мо нишон деҳ». Ба сабаби ин сухани куфромезашон соиқаи азоб (оташак) онҳоро ҳалок кард. Ва пас аз он ки мӯъҷизаҳое барояшон омада буд, гусолаеро маъбуди худ гирифтанд ва Мо онҳоро бахшидем ва Мӯсоро ҳуҷҷати ошкоре додем