UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Az-Zukhruf - Tajik Translation by Khoja Mirov


حمٓ

Ҳо, Мим
Surah Az-Zukhruf, Verse 1


وَٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ

Савганд ба ин Қуръони равшан ва равшангар дар лафз ва маъно
Surah Az-Zukhruf, Verse 2


إِنَّا جَعَلۡنَٰهُ قُرۡءَٰنًا عَرَبِيّٗا لَّعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ

Мо ин китоби Қуръонро ба забони арабӣ бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил кардем. Шояд, ки бифаҳмед ва дарёбед маъноҳояшро
Surah Az-Zukhruf, Verse 3


وَإِنَّهُۥ فِيٓ أُمِّ ٱلۡكِتَٰبِ لَدَيۡنَا لَعَلِيٌّ حَكِيمٌ

Ва бегумон он дар Лавҳи Маҳфуз дар назди Мост. Ба дурустӣ, ин китоб баландқадр ва боҳикмат аст
Surah Az-Zukhruf, Verse 4


أَفَنَضۡرِبُ عَنكُمُ ٱلذِّكۡرَ صَفۡحًا أَن كُنتُمۡ قَوۡمٗا مُّسۡرِفِينَ

Оё ба он сабаб, ки мардуми исрофкори саркаш ҳастед, аз шумо рӯй гардонем ва Қуръонро аз шумо боздорем
Surah Az-Zukhruf, Verse 5


وَكَمۡ أَرۡسَلۡنَا مِن نَّبِيّٖ فِي ٱلۡأَوَّلِينَ

Чи қадар паёмбаронро дар миёни пешиниён фиристодем
Surah Az-Zukhruf, Verse 6


وَمَا يَأۡتِيهِم مِّن نَّبِيٍّ إِلَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ

Ва ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода намешуд, магар он ки масхарааш мекарданд
Surah Az-Zukhruf, Verse 7


فَأَهۡلَكۡنَآ أَشَدَّ مِنۡهُم بَطۡشٗا وَمَضَىٰ مَثَلُ ٱلۡأَوَّلِينَ

Пас, Мо касонеро ҳалок кардем, ки нерумандтар аз инҳо ҳам буданд ва қудрати зиёдтаре ҳам доштанд ва намунае аз қиссаи пешиниён гузаштааст, ки бархе аз онҳоро бароят баён кардем
Surah Az-Zukhruf, Verse 8


وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ لَيَقُولُنَّ خَلَقَهُنَّ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡعَلِيمُ

Эй Паёмбар агар аз онҳо пурсӣ: «Чӣ зоте осмонҳову заминро офаридааст?» Мегӯянд: «Онҳоро Он пирӯзманди доно офаридааст,»
Surah Az-Zukhruf, Verse 9


ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ مَهۡدٗا وَجَعَلَ لَكُمۡ فِيهَا سُبُلٗا لَّعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ

Он ки заминро паҳн кард ва бистари шумо сохт ва бароятон дар он роҳҳо падид овард, бошад, ки шумо ҳидоят ёбед
Surah Az-Zukhruf, Verse 10


وَٱلَّذِي نَزَّلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءَۢ بِقَدَرٖ فَأَنشَرۡنَا بِهِۦ بَلۡدَةٗ مَّيۡتٗاۚ كَذَٰلِكَ تُخۡرَجُونَ

Ва он ки аз осмон об (борон) фиристод ба андозаи муъайян. Ва ба он сарзамини мурдаро зинда кардем. Шумо низ эй одамон инчунин аз гӯрҳо берун оварда мешавед
Surah Az-Zukhruf, Verse 11


وَٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡأَزۡوَٰجَ كُلَّهَا وَجَعَلَ لَكُم مِّنَ ٱلۡفُلۡكِ وَٱلۡأَنۡعَٰمِ مَا تَرۡكَبُونَ

Ва он ки ҳама махлуқотро ҷуфт биёфарид. Ва бароятон аз киштиҳо ва чорпоён (шутур, асп ва хар) маркабҳо сохт, ки бар онҳо савор мешавед
Surah Az-Zukhruf, Verse 12


لِتَسۡتَوُۥاْ عَلَىٰ ظُهُورِهِۦ ثُمَّ تَذۡكُرُواْ نِعۡمَةَ رَبِّكُمۡ إِذَا ٱسۡتَوَيۡتُمۡ عَلَيۡهِ وَتَقُولُواْ سُبۡحَٰنَ ٱلَّذِي سَخَّرَ لَنَا هَٰذَا وَمَا كُنَّا لَهُۥ مُقۡرِنِينَ

То бар пушти онҳо қарор гиред, ва чун бар он ҷой гирифтед неъмати Парвардигоратонро ёд кунед ва бигӯед: «Пок аст он Зоте, ки инҳоро роми мо кард, вагарна моро тавони он набуд
Surah Az-Zukhruf, Verse 13


وَإِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا لَمُنقَلِبُونَ

Ва бегумон мо ба сӯи Парвардигорамон боз мегардем»
Surah Az-Zukhruf, Verse 14


وَجَعَلُواْ لَهُۥ مِنۡ عِبَادِهِۦ جُزۡءًاۚ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَكَفُورٞ مُّبِينٌ

Ва он мушрикон барои Аллоҳ аз миёни бандагонаш фарзанде муқаррар карданд. Ҳароина, одамӣ носипоси ошкор аст
Surah Az-Zukhruf, Verse 15


أَمِ ٱتَّخَذَ مِمَّا يَخۡلُقُ بَنَاتٖ وَأَصۡفَىٰكُم بِٱلۡبَنِينَ

Оё аз он чӣ меофаринад барои худ духтаронро баргирифт ва шуморо бо писарон баргузидааст
Surah Az-Zukhruf, Verse 16


وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُم بِمَا ضَرَبَ لِلرَّحۡمَٰنِ مَثَلٗا ظَلَّ وَجۡهُهُۥ مُسۡوَدّٗا وَهُوَ كَظِيمٌ

Ва ҳар гоҳ, ки мужда дода шавад ба яке аз мушрикон ба ҳамон чизе, ки ба Аллоҳи меҳрубон нисбат дода буданд, (яъне таваллуди духтар, дар ҳол) рангу рӯяш сиёҳ гардад, ба ин мужда ва хашмигину ғазабнок гардад
Surah Az-Zukhruf, Verse 17


أَوَمَن يُنَشَّؤُاْ فِي ٱلۡحِلۡيَةِ وَهُوَ فِي ٱلۡخِصَامِ غَيۡرُ مُبِينٖ

Оё касеро ки ба ороиш ва зиннат тарбият меёбад (яъне, духтар) ва ӯ наметавонад, ки дар кашмакашиҳо мақсадашро хуб ва ошкор баён ва исбот кунад, (яъне, оҷизу нотавон аст), ба Аллоҳ нисбат медиҳанд
Surah Az-Zukhruf, Verse 18


وَجَعَلُواْ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةَ ٱلَّذِينَ هُمۡ عِبَٰدُ ٱلرَّحۡمَٰنِ إِنَٰثًاۚ أَشَهِدُواْ خَلۡقَهُمۡۚ سَتُكۡتَبُ شَهَٰدَتُهُمۡ وَيُسۡـَٔلُونَ

Ва он мушрикон фариштагонро, ки бандагони Аллоҳанд, зан пиндоштанд. Оё ба ҳангоми офариниши онҳо ҳозир будаанд? Гувоҳии онон навишта мешавад ва онҳо дар охират бозхост мешаванд
Surah Az-Zukhruf, Verse 19


وَقَالُواْ لَوۡ شَآءَ ٱلرَّحۡمَٰنُ مَا عَبَدۡنَٰهُمۗ مَّا لَهُم بِذَٰلِكَ مِنۡ عِلۡمٍۖ إِنۡ هُمۡ إِلَّا يَخۡرُصُونَ

Ва гуфтанд кофирон: «Агар Аллоҳи меҳрубон мехост, мо фариштагонро намепарастидем,» (ин ҳуҷҷати ботил аст). Онҳо камтарин дониш ва огоҳӣ аз ин надоранд, онҳо ҷуз дурӯғ чизе дигар намегӯянд
Surah Az-Zukhruf, Verse 20


أَمۡ ءَاتَيۡنَٰهُمۡ كِتَٰبٗا مِّن قَبۡلِهِۦ فَهُم بِهِۦ مُسۡتَمۡسِكُونَ

Оё пеш аз Қуръон китобе барояшон нозил кардаем, ки акнун ба он чанг задаанду амал кардаанд
Surah Az-Zukhruf, Verse 21


بَلۡ قَالُوٓاْ إِنَّا وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا عَلَىٰٓ أُمَّةٖ وَإِنَّا عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِم مُّهۡتَدُونَ

Балки, гуфтаанд: «Ҳароина, падарони худро бар дине ёфтаем ва мо аз пайи онҳо роҳёфтагонем»
Surah Az-Zukhruf, Verse 22


وَكَذَٰلِكَ مَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ فِي قَرۡيَةٖ مِّن نَّذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتۡرَفُوهَآ إِنَّا وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا عَلَىٰٓ أُمَّةٖ وَإِنَّا عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِم مُّقۡتَدُونَ

Ва ҳамин гуна нафиристодем пеш аз ту эй Паёмбар дар шаҳру деҳе паёмбаронеро, магар ки баъди фиристодан ашрофу сардорони он шаҳру деҳ гуфтанд: бегумон мо падарони худро бар дине ёфтем. Албатта, мо роҳу равиши падарони худро пайравӣ мекунем
Surah Az-Zukhruf, Verse 23


۞قَٰلَ أَوَلَوۡ جِئۡتُكُم بِأَهۡدَىٰ مِمَّا وَجَدتُّمۡ عَلَيۡهِ ءَابَآءَكُمۡۖ قَالُوٓاْ إِنَّا بِمَآ أُرۡسِلۡتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ

Паёмбарашон ба онҳо гуфтанд: «Оё ман динеро барои шумо оварда бошам, ки ҳидоятбахштар аз оне бошад, ки падаронатонро дар он ёфтед, боз аз он дин пайравӣ мекунед, гуфтанд: Мо ба он паёмбар ва рисолате, ки шумо ёфтед, бовар надорем
Surah Az-Zukhruf, Verse 24


فَٱنتَقَمۡنَا مِنۡهُمۡۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُكَذِّبِينَ

Пас аз онҳо интиқом гирифта, азобашон кардем. Пас, эй Паёмбар бингар, ки оқибати дурӯғбарорандагон чӣ гуна будааст
Surah Az-Zukhruf, Verse 25


وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِيمُ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦٓ إِنَّنِي بَرَآءٞ مِّمَّا تَعۡبُدُونَ

Ва ёд кун эй Паёмбар, чун Иброҳим ба падару қавмаш гуфт: «Албатта, ман аз он чи шумо мепарастед, (яъне, аз бутҳо), безорам
Surah Az-Zukhruf, Verse 26


إِلَّا ٱلَّذِي فَطَرَنِي فَإِنَّهُۥ سَيَهۡدِينِ

ба ҷуз он маъбуде, ки маро офаридааст, пас албатта, Ӯ маро раҳнамоӣ хоҳад кард»
Surah Az-Zukhruf, Verse 27


وَجَعَلَهَا كَلِمَةَۢ بَاقِيَةٗ فِي عَقِبِهِۦ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ

Ва Иброҳим ин суханро (яъне, калимаи Ло илоҳа илаллоҳро) дар миёни фарзандонаш поянда ва боқӣ гузошт, бошанд, ки ба сӯи ибодати Аллоҳ бозгарданд
Surah Az-Zukhruf, Verse 28


بَلۡ مَتَّعۡتُ هَـٰٓؤُلَآءِ وَءَابَآءَهُمۡ حَتَّىٰ جَآءَهُمُ ٱلۡحَقُّ وَرَسُولٞ مُّبِينٞ

Балки баҳраманд сохтем мушрикони қавматро ва падарону бобоёнашонро, то вақте ки омад ба онҳо дини ҳақ (Қуръон) ва паёмбаре, ки баён мекунад ба онҳо умури динашонро
Surah Az-Zukhruf, Verse 29


وَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلۡحَقُّ قَالُواْ هَٰذَا سِحۡرٞ وَإِنَّا بِهِۦ كَٰفِرُونَ

Ва чун ҳақ (Қуръон) бар онҳо омад, гуфтанд: «Ҷодуст ва ҳароина, мо ба он имон намеоварем»
Surah Az-Zukhruf, Verse 30


وَقَالُواْ لَوۡلَا نُزِّلَ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانُ عَلَىٰ رَجُلٖ مِّنَ ٱلۡقَرۡيَتَيۡنِ عَظِيمٍ

Ва гуфтанд мушрикон: «Агар ин Қуръон аз назди Аллоҳ мебуд, пас чаро ин Қуръон бар марде аз бузургмардони он ду деҳа (Макка ё Тоиф) нозил нашудааст?»
Surah Az-Zukhruf, Verse 31


أَهُمۡ يَقۡسِمُونَ رَحۡمَتَ رَبِّكَۚ نَحۡنُ قَسَمۡنَا بَيۡنَهُم مَّعِيشَتَهُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۚ وَرَفَعۡنَا بَعۡضَهُمۡ فَوۡقَ بَعۡضٖ دَرَجَٰتٖ لِّيَتَّخِذَ بَعۡضُهُم بَعۡضٗا سُخۡرِيّٗاۗ وَرَحۡمَتُ رَبِّكَ خَيۡرٞ مِّمَّا يَجۡمَعُونَ

Оё онон раҳмати Парвардигоратро тақсим мекунанд?, (Яъне, паёмбариро), ҳол он ки мо маишати рӯзгузаронии онҳоро дар ин зиндагии дунё миёнашон тақсим мекунем. Ва баъзеро ба мартаба болотар аз баъзе дигар қарор додем, то баъзе баъзи дигарро ба хидмат гиранд. Ва раҳмати Парвардигорат (яъне, даромаданашон ба ҷаннат) аз он чӣ онҳо ҷамъ меоваранд аз моли дунё, беҳтар аст
Surah Az-Zukhruf, Verse 32


وَلَوۡلَآ أَن يَكُونَ ٱلنَّاسُ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ لَّجَعَلۡنَا لِمَن يَكۡفُرُ بِٱلرَّحۡمَٰنِ لِبُيُوتِهِمۡ سُقُفٗا مِّن فِضَّةٖ وَمَعَارِجَ عَلَيۡهَا يَظۡهَرُونَ

Ва агар ин эҳтимол намебуд, ки мардум дар гумроҳӣ ҳама як гурӯҳ мешаванд, Мо барои касоне, ки ба Аллоҳи меҳрубон куфр меварзанд, хонҳое бо сақфҳои аз нуқра фароҳам меовардем ва барои онон нордбонҳое аз нуқра қарор медодем, ки бо онҳо боло раванд
Surah Az-Zukhruf, Verse 33


وَلِبُيُوتِهِمۡ أَبۡوَٰبٗا وَسُرُرًا عَلَيۡهَا يَتَّكِـُٔونَ

Ва барои хонаҳояшон дарҳое аз нуқра қарор медоданд ва тахтҳое, нуқрагин ки бар онҳо такя зананд омода месохтем
Surah Az-Zukhruf, Verse 34


وَزُخۡرُفٗاۚ وَإِن كُلُّ ذَٰلِكَ لَمَّا مَتَٰعُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۚ وَٱلۡأٓخِرَةُ عِندَ رَبِّكَ لِلۡمُتَّقِينَ

Ва аз ҳар гуна зинат барояшон қарор медодем. Ва аммо ҳамаи инҳо баҳрамандии ночизи дунявист, ҳол он ки охират (ҷаннат) дар назди Парвардигори ту барои парҳезгорон аст
Surah Az-Zukhruf, Verse 35


وَمَن يَعۡشُ عَن ذِكۡرِ ٱلرَّحۡمَٰنِ نُقَيِّضۡ لَهُۥ شَيۡطَٰنٗا فَهُوَ لَهُۥ قَرِينٞ

Ҳар кас, ки аз ёди Аллоҳи меҳрубон (Қуръон) рӯй гардонад, шайтоне бар ӯ вобаста мекунем, ки ӯро дар дунё гумроҳ месозад, пас ӯ ҳамеша ҳамроҳаш бошад
Surah Az-Zukhruf, Verse 36


وَإِنَّهُمۡ لَيَصُدُّونَهُمۡ عَنِ ٱلسَّبِيلِ وَيَحۡسَبُونَ أَنَّهُم مُّهۡتَدُونَ

Ва албатта шайтонҳо бозмедоранд кофиронро, аз роҳи рост, вале кофирон худро ҳидоятёфта меҳисобанд
Surah Az-Zukhruf, Verse 37


حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَنَا قَالَ يَٰلَيۡتَ بَيۡنِي وَبَيۡنَكَ بُعۡدَ ٱلۡمَشۡرِقَيۡنِ فَبِئۡسَ ٱلۡقَرِينُ

То он гоҳ ки назди Мо ояд, гӯяд кофир ба шайтон: «Эй кош, миёни ману ту дурие мебуд ба мисли масофаи машриқу мағриб. Зеро бисёр бад ҳамнишине будӣ ту барои ман дар дунё»
Surah Az-Zukhruf, Verse 38


وَلَن يَنفَعَكُمُ ٱلۡيَوۡمَ إِذ ظَّلَمۡتُمۡ أَنَّكُمۡ فِي ٱلۡعَذَابِ مُشۡتَرِكُونَ

Ва гӯем фоида накунад шуморо дигар пушаймонӣ зеро, ки зулм кардед ба сабаби ихтиёр намуданатон куфро. Пас шумо дар чашидани азоб бо якдигар шарик бошед
Surah Az-Zukhruf, Verse 39


أَفَأَنتَ تُسۡمِعُ ٱلصُّمَّ أَوۡ تَهۡدِي ٱلۡعُمۡيَ وَمَن كَانَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ

Оё ту эй Паёмбар, мехоҳӣ ба ношунавоён сухан бишнавонӣ ё кӯронеро, ки дар гумроҳии ошкор ҳастанд, роҳ бинамоӣ? Ин дар ӯҳдаи ту нест, ҳидоят дар дасти Аллоҳ аст
Surah Az-Zukhruf, Verse 40


فَإِمَّا نَذۡهَبَنَّ بِكَ فَإِنَّا مِنۡهُم مُّنتَقِمُونَ

Пас ҳаргоҳ туро эй Паёмбар аз ин дунё бибарем, албатта Мо аз онҳо интиқом мегирем
Surah Az-Zukhruf, Verse 41


أَوۡ نُرِيَنَّكَ ٱلَّذِي وَعَدۡنَٰهُمۡ فَإِنَّا عَلَيۡهِم مُّقۡتَدِرُونَ

Ё азобе, ки ба онҳо ваъда додем, ба ту нишон хоҳем дод, зеро, Мо бар онҳо тавоно ҳастем
Surah Az-Zukhruf, Verse 42


فَٱسۡتَمۡسِكۡ بِٱلَّذِيٓ أُوحِيَ إِلَيۡكَۖ إِنَّكَ عَلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ

Пас маҳкам нигаҳ дор эй Паёмбар он чиро, ки Аллоҳ дар ин Қуръон ба ту амр кардааст. Албатта ту бар роҳи рост (дини Ислом) қарор дорӣ
Surah Az-Zukhruf, Verse 43


وَإِنَّهُۥ لَذِكۡرٞ لَّكَ وَلِقَوۡمِكَۖ وَسَوۡفَ تُسۡـَٔلُونَ

Ва албатта, ин Қуръон барои ту ва қавмат панде аст. Зеро, ки ба забони онҳо нозил шудааст ва аз дигарҳо дида бояд онро хубтар бифаҳманд ва ба зудӣ пурсида мешавед аз шукргузорӣ ва амал кардан ба Қуръон
Surah Az-Zukhruf, Verse 44


وَسۡـَٔلۡ مَنۡ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ مِن رُّسُلِنَآ أَجَعَلۡنَا مِن دُونِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ءَالِهَةٗ يُعۡبَدُونَ

Ва бипурс эй Паёмбар он паёмбаронеро, ки фиристода будем пеш аз ту: «Оё ҷуз Аллоҳи меҳрубон, дигареро барои парастиши онҳо қарор дода будем?»
Surah Az-Zukhruf, Verse 45


وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا مُوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦ فَقَالَ إِنِّي رَسُولُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ва ҳамоно, Мӯсоро ҳамроҳ бо муъҷизаҳои Худ бар Фиръавн ва сардорони қавмаш фиристодаем ва гуфт: «Ҳароина, ман фиристодаи Парвардигори ҷаҳониёнам!»
Surah Az-Zukhruf, Verse 46


فَلَمَّا جَآءَهُم بِـَٔايَٰتِنَآ إِذَا هُم مِّنۡهَا يَضۡحَكُونَ

Чун оёти (муъҷизаҳои) Моро бар онон пешкаш кард, онон аз мушоҳидаи он муъҷизаҳо ба онҳо механдиданд
Surah Az-Zukhruf, Verse 47


وَمَا نُرِيهِم مِّنۡ ءَايَةٍ إِلَّا هِيَ أَكۡبَرُ مِنۡ أُخۡتِهَاۖ وَأَخَذۡنَٰهُم بِٱلۡعَذَابِ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ

Ва ҳар мӯъҷизае бар онҳо (Фиръавн ва пайравонаш) нишон додем, аз мӯъҷизаи дигар бузургтар буд. Он гоҳ ҳамаро ба азобҳои гуногун гирифтор кардем, бошад, ки аз куфрашон бозгарданд
Surah Az-Zukhruf, Verse 48


وَقَالُواْ يَـٰٓأَيُّهَ ٱلسَّاحِرُ ٱدۡعُ لَنَا رَبَّكَ بِمَا عَهِدَ عِندَكَ إِنَّنَا لَمُهۡتَدُونَ

Гуфтанд (фиръавниён): «Эй ҷодугар, дуъо кун барои мо ба Парвардигорат ба ҳурмати он аҳд ва бузургие, ки ба ту додааст, ин азобро аз мо бардорад, пас агар ин азобро аз мо бардорад, ҳароина ҳидоятёфтагонем». (Яъне имон меорем)
Surah Az-Zukhruf, Verse 49


فَلَمَّا كَشَفۡنَا عَنۡهُمُ ٱلۡعَذَابَ إِذَا هُمۡ يَنكُثُونَ

Чун азобро аз онҳо бардоштем, ба шарофати дуъои Мӯсо ин ҳангом онҳо паймони худро шикастанд. (Яъне, имон наоварданд)
Surah Az-Zukhruf, Verse 50


وَنَادَىٰ فِرۡعَوۡنُ فِي قَوۡمِهِۦ قَالَ يَٰقَوۡمِ أَلَيۡسَ لِي مُلۡكُ مِصۡرَ وَهَٰذِهِ ٱلۡأَنۡهَٰرُ تَجۡرِي مِن تَحۡتِيٓۚ أَفَلَا تُبۡصِرُونَ

Ва Фиръавн дар миёни қавмаш фахркунон нидо кард, ки эй қавми ман, оё подшоҳии Мисру ин ҷӯйборон, ки аз зери пойи ман ва аз зери кохҳо ва қасрҳо ҷорӣ ҳастанд, аз они ман нестанд? Оё қуввату мансаби маро дар баробари нотавонӣ ва камбағалии Мӯсо намебинед
Surah Az-Zukhruf, Verse 51


أَمۡ أَنَا۠ خَيۡرٞ مِّنۡ هَٰذَا ٱلَّذِي هُوَ مَهِينٞ وَلَا يَكَادُ يُبِينُ

Балки ман беҳтарам ё ин шахсе, ки ӯ хору зор аст ва дуруст сухан гуфтан наметавонад
Surah Az-Zukhruf, Verse 52


فَلَوۡلَآ أُلۡقِيَ عَلَيۡهِ أَسۡوِرَةٞ مِّن ذَهَبٍ أَوۡ جَآءَ مَعَهُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ مُقۡتَرِنِينَ

Пас чаро фуруд оварда нашуд бар ин Мӯсо агар ҳақиқатан фиристодаи Аллоҳ бошад дастпонаҳои тиллоӣ ё чаро гурӯҳе аз фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд, ки бар паёмбариаш гувоҳӣ диҳанд
Surah Az-Zukhruf, Verse 53


فَٱسۡتَخَفَّ قَوۡمَهُۥ فَأَطَاعُوهُۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمٗا فَٰسِقِينَ

Пас, Фиръавн қавми худро гумроҳ сохт, то ӯро итоъат карданд ва Мӯсоро бовар накарданд, ҳароина, мардуми табаҳкор ва хориҷ аз дини ҳақ буданд
Surah Az-Zukhruf, Verse 54


فَلَمَّآ ءَاسَفُونَا ٱنتَقَمۡنَا مِنۡهُمۡ فَأَغۡرَقۡنَٰهُمۡ أَجۡمَعِينَ

Пас чун Моро ба хашм оварданд ба сабаби куфру исёнашон, аз онҳо интиқом гирифтем пас ҳамаашонро ғарқ кардем
Surah Az-Zukhruf, Verse 55


فَجَعَلۡنَٰهُمۡ سَلَفٗا وَمَثَلٗا لِّلۡأٓخِرِينَ

Сипас ононро, дар шумори гузаштагон ва ибрате барои ояндагон қарор додем
Surah Az-Zukhruf, Verse 56


۞وَلَمَّا ضُرِبَ ٱبۡنُ مَرۡيَمَ مَثَلًا إِذَا قَوۡمُكَ مِنۡهُ يَصِدُّونَ

Ва чун фарзанди Марям (яъне парастиши Исо), ба унвони мисол зикр шуд, онгоҳ қавми ту аз он овоз баланд бардошта ришханд мезаданд
Surah Az-Zukhruf, Verse 57


وَقَالُوٓاْ ءَأَٰلِهَتُنَا خَيۡرٌ أَمۡ هُوَۚ مَا ضَرَبُوهُ لَكَ إِلَّا جَدَلَۢاۚ بَلۡ هُمۡ قَوۡمٌ خَصِمُونَ

Ва гуфтанд мушрикон эй фиристодашуда: «Оё маъбудони мо беҳтаранд ё ӯ (Исо)?» Ва ин суханро ҷуз барои ҷидол ва хусумат бо ту нагуфтаанд, ки мардуми хусуматкунандаанд
Surah Az-Zukhruf, Verse 58


إِنۡ هُوَ إِلَّا عَبۡدٌ أَنۡعَمۡنَا عَلَيۡهِ وَجَعَلۡنَٰهُ مَثَلٗا لِّبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ

Ӯ (Исо) танҳо бандаест, ки инъом кардем ба ӯ паёмбариро ва сохтем ӯро ибрату мисол барои бани Исроил
Surah Az-Zukhruf, Verse 59


وَلَوۡ نَشَآءُ لَجَعَلۡنَا مِنكُم مَّلَـٰٓئِكَةٗ فِي ٱلۡأَرۡضِ يَخۡلُفُونَ

Ва агар мехостем, ба ҷои шумо фариштагоне падид меовардем, то дар рӯи замин ҷонишин шаванд
Surah Az-Zukhruf, Verse 60


وَإِنَّهُۥ لَعِلۡمٞ لِّلسَّاعَةِ فَلَا تَمۡتَرُنَّ بِهَا وَٱتَّبِعُونِۚ هَٰذَا صِرَٰطٞ مُّسۡتَقِيمٞ

Ва бешубҳа фаромадани Исо алайҳиссаллом пеш аз рӯзи қиёмат нишонаи фаро расидани қиёмат аст. Пас дар воқеъ шудани қиёмат ҳаргиз шак макунед ва пайравии ман кунед! Ин аст роҳи рост ба сӯи ҷаннат
Surah Az-Zukhruf, Verse 61


وَلَا يَصُدَّنَّكُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُۖ إِنَّهُۥ لَكُمۡ عَدُوّٞ مُّبِينٞ

Шайтон бо васвасаҳояш шуморо аз роҳи тоъати Ман бознагардонад, албатта ӯ душмани ошкори шумост
Surah Az-Zukhruf, Verse 62


وَلَمَّا جَآءَ عِيسَىٰ بِٱلۡبَيِّنَٰتِ قَالَ قَدۡ جِئۡتُكُم بِٱلۡحِكۡمَةِ وَلِأُبَيِّنَ لَكُم بَعۡضَ ٱلَّذِي تَخۡتَلِفُونَ فِيهِۖ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

Ва чун Исо бо далелҳои равшани худ назди бани Исроил омад, гуфт: «Бегумон бароятон ҳикмат нубувватро овардаам ва омадаам, то чизҳоеро аз умури дини, ки дар он ихтилоф мекунед, равшан кунам. Пас, аз Аллоҳ битарсед ва аз ман итоъат кунед
Surah Az-Zukhruf, Verse 63


إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ رَبِّي وَرَبُّكُمۡ فَٱعۡبُدُوهُۚ هَٰذَا صِرَٰطٞ مُّسۡتَقِيمٞ

Ҳароина, Аллоҳи якто, Парвардигори ману Парвардигори шумост. Пас Ӯро ягона бипарастед ва ба Ӯ чизеро шарик наоред. Роҳи рост ин аст.»
Surah Az-Zukhruf, Verse 64


فَٱخۡتَلَفَ ٱلۡأَحۡزَابُ مِنۢ بَيۡنِهِمۡۖ فَوَيۡلٞ لِّلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡ عَذَابِ يَوۡمٍ أَلِيمٍ

Пас гурӯҳҳо байни худ ихтилоф карданд. Пас, вой бар ҳоли ситамкорон онон, ки Исоро чунин васф карданд аз азоби дардовари қиёмат
Surah Az-Zukhruf, Verse 65


هَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّا ٱلسَّاعَةَ أَن تَأۡتِيَهُم بَغۡتَةٗ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

Оё онҳо мунтазири ин ҳастанд, ки қиёмат ногаҳон дар ҳоле, ки аз он бехабар ҳастанд, барояшон биёяд
Surah Az-Zukhruf, Verse 66


ٱلۡأَخِلَّآءُ يَوۡمَئِذِۭ بَعۡضُهُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوٌّ إِلَّا ٱلۡمُتَّقِينَ

Дӯстон дар он рӯз, душмани якдигар хоҳанд буд, магар парҳезгорон
Surah Az-Zukhruf, Verse 67


يَٰعِبَادِ لَا خَوۡفٌ عَلَيۡكُمُ ٱلۡيَوۡمَ وَلَآ أَنتُمۡ تَحۡزَنُونَ

Эй бандагони парҳезгори Ман, имрӯз ҳеҷ тарсу ҳаросе нест ба шумо, гирифтори азоб намешавед ва на шумо ғамгин мешавед
Surah Az-Zukhruf, Verse 68


ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَكَانُواْ مُسۡلِمِينَ

Он касоне, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва ба он чӣ паёмбарон овардаанд, амал намуданд ва бо дилу узвҳои баданашон таслими амри Мо шудаанд
Surah Az-Zukhruf, Verse 69


ٱدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ أَنتُمۡ وَأَزۡوَٰجُكُمۡ تُحۡبَرُونَ

шумо ва ҳамсаронатон бо шодкомию хурсандӣ ба биҳишт дохил шавед
Surah Az-Zukhruf, Verse 70


يُطَافُ عَلَيۡهِم بِصِحَافٖ مِّن ذَهَبٖ وَأَكۡوَابٖۖ وَفِيهَا مَا تَشۡتَهِيهِ ٱلۡأَنفُسُ وَتَلَذُّ ٱلۡأَعۡيُنُۖ وَأَنتُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Гардонида мешавад ба биҳиштиҳо дар косаҳои заррин таъомро ва дар қадаҳҳои заррин шаробро. Дар он ҷост ҳар чӣ дил кашад ва дида аз он лаззат бибарад. Ва дар он ҷо ҷовидона хоҳед буд
Surah Az-Zukhruf, Verse 71


وَتِلۡكَ ٱلۡجَنَّةُ ٱلَّتِيٓ أُورِثۡتُمُوهَا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

Ва ин он биҳиштест, ки Аллоҳ шуморо ба сабаби амалҳои некатон, ки дар дунё мекардед мерос дод
Surah Az-Zukhruf, Verse 72


لَكُمۡ فِيهَا فَٰكِهَةٞ كَثِيرَةٞ مِّنۡهَا تَأۡكُلُونَ

Дар он ҷаннат бароятон меваҳои бисёр аст, ки аз он мехӯред
Surah Az-Zukhruf, Verse 73


إِنَّ ٱلۡمُجۡرِمِينَ فِي عَذَابِ جَهَنَّمَ خَٰلِدُونَ

Ҳароина, гунаҳкорон дар азоби ҷаҳаннам ҷовидонанд
Surah Az-Zukhruf, Verse 74


لَا يُفَتَّرُ عَنۡهُمۡ وَهُمۡ فِيهِ مُبۡلِسُونَ

Азобашон кам намешавад ва онҳо аз раҳмати Аллоҳ ноумеданд
Surah Az-Zukhruf, Verse 75


وَمَا ظَلَمۡنَٰهُمۡ وَلَٰكِن كَانُواْ هُمُ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Ва Мо ба онҳо ситаме накардаем, то онҳоро ба азоб гирифтор кунем, балки онҳо ба сабаби ширк оварданашон ба Аллоҳи ягона худ ситамгор буданд
Surah Az-Zukhruf, Verse 76


وَنَادَوۡاْ يَٰمَٰلِكُ لِيَقۡضِ عَلَيۡنَا رَبُّكَۖ قَالَ إِنَّكُم مَّـٰكِثُونَ

Ва дӯзахиҳо фарёд бароварданд, ки эй молики дӯзах, кош Парвардигори ту моро бимиронад, то аз ин азоб халос шавем. Мегӯяд молики дӯзах: «на, ҳароина, шумо дар ин азоб ҳамеша бошед»
Surah Az-Zukhruf, Verse 77


لَقَدۡ جِئۡنَٰكُم بِٱلۡحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَكُمۡ لِلۡحَقِّ كَٰرِهُونَ

Ҳамоно овардем барои шумо сухани ҳақро ва онро барои шумо равшан намудем, лек аксари шумо сухани ҳақро, ки паёмбарон оварданд, намеписандидед
Surah Az-Zukhruf, Verse 78


أَمۡ أَبۡرَمُوٓاْ أَمۡرٗا فَإِنَّا مُبۡرِمُونَ

Оё тасмими сахт гирифтанд мушрикон кореро? Пас албатта Мо низ тасмимгирандагонем. Мо низ иродаи маҳкам ва тағйирнопазир гирифтем
Surah Az-Zukhruf, Verse 79


أَمۡ يَحۡسَبُونَ أَنَّا لَا نَسۡمَعُ سِرَّهُمۡ وَنَجۡوَىٰهُمۚ بَلَىٰ وَرُسُلُنَا لَدَيۡهِمۡ يَكۡتُبُونَ

Оё гумон мекунанд ин мушрикон, ки Мо намешунавем сирру розгӯии суханони пинҳонӣ онҳоро? Оре, хуб мешунавем ва ҳароина фариштагони Мо назди онҳо ҳастанд ва менависанд ҳамаи амалҳои онҳоро
Surah Az-Zukhruf, Verse 80


قُلۡ إِن كَانَ لِلرَّحۡمَٰنِ وَلَدٞ فَأَنَا۠ أَوَّلُ ٱلۡعَٰبِدِينَ

Бигӯ эй Паёмбар ба мушриконе, ки мегӯянд фариштагон духтарони Аллоҳ ҳастанд: «Агар Аллоҳи меҳрубонро фарзанде мебуд, чунонки мегӯед, пас ман аввалини ибодаткунандагон мебудам он фарзандро. Лек Аллоҳ пок аст аз зану фарзанд доштан»
Surah Az-Zukhruf, Verse 81


سُبۡحَٰنَ رَبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ رَبِّ ٱلۡعَرۡشِ عَمَّا يَصِفُونَ

Пок ҳаст Парвардигори осмонҳову замин ва Парвардигори Арш аз он нисбатҳо, ки мушрикон ба Ӯ медиҳанд, ба монанди фарзанд ва ғайраҳо
Surah Az-Zukhruf, Verse 82


فَذَرۡهُمۡ يَخُوضُواْ وَيَلۡعَبُواْ حَتَّىٰ يُلَٰقُواْ يَوۡمَهُمُ ٱلَّذِي يُوعَدُونَ

Пас, бигузорашон ба ҳоли худ эй Паёмбар, то дар ботили худ машғул бошанд ва саргарми бозӣ шаванд ба дунёи худ то даме, ки бирасанд ба он рӯзи азобашон, ки ваъда дода шудаанд: ё дар дунё ё дар охират ё дар ҳар ду
Surah Az-Zukhruf, Verse 83


وَهُوَ ٱلَّذِي فِي ٱلسَّمَآءِ إِلَٰهٞ وَفِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَٰهٞۚ وَهُوَ ٱلۡحَكِيمُ ٱلۡعَلِيمُ

Ва Ӯ Аллоҳе аст, ки дар осмон маъбуд аст ва дар замин низ маъбуд мебошад ва Ӯст ҳакиму доно
Surah Az-Zukhruf, Verse 84


وَتَبَارَكَ ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا وَعِندَهُۥ عِلۡمُ ٱلسَّاعَةِ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ

Ва бартару бузургвортар аст он Зоте, ки фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, аз они Ӯст ва илми фаро расидани қиёмат хоси Ӯст ва ба сӯи Ӯ эй мардум баъд аз маргатон бозгардонида мешавед
Surah Az-Zukhruf, Verse 85


وَلَا يَمۡلِكُ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ مِن دُونِهِ ٱلشَّفَٰعَةَ إِلَّا مَن شَهِدَ بِٱلۡحَقِّ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ

Ва касонеро, ки ба ҷойи Ӯ ибодат мекардед, қодир ба шафоъати касе нестанд. Магар касоне, ки аз рӯи илм ба ҳақ шаҳодат ва гувоҳӣ дода бошанд ва Аллоҳро ба ягонагӣ парастида ва паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро иқрор карда бошанд
Surah Az-Zukhruf, Verse 86


وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَهُمۡ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۖ فَأَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ

Ва агар аз онҳо эй Паёмбар бипурсӣ: кӣ онҳоро офаридааст, албатта, мегӯянд: «Аллоҳ». Пас, чаро аз ибодати Аллоҳ рӯй мегардонанд
Surah Az-Zukhruf, Verse 87


وَقِيلِهِۦ يَٰرَبِّ إِنَّ هَـٰٓؤُلَآءِ قَوۡمٞ لَّا يُؤۡمِنُونَ

Ва Аллоҳ огоҳ аст аз гуфтори Муҳаммад саллалллоҳу алайҳи ва саллам, ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳароина, инҳо мардуме ҳастанд, ки имон намеоваранд
Surah Az-Zukhruf, Verse 88


فَٱصۡفَحۡ عَنۡهُمۡ وَقُلۡ سَلَٰمٞۚ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ

Пас, эй Паёмбар аз онҳо рӯй бигардон аз озорҳояшон ва бигӯ: «Салом!» Оре, ба зудӣ хоҳанд донист чӣ сарнавиште доранд
Surah Az-Zukhruf, Verse 89


Author: Khoja Mirov


<< Surah 42
>> Surah 44

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai