UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Al-Jathiya - Tajik Translation by Khoja Mirov


حمٓ

Ҳо, Мим
Surah Al-Jathiya, Verse 1


تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ

Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Аллоҳи пирӯзманди ҳаким, ки дар интиқом гирифтан аз душманонаш ғолиб аст ва дар тадбири умури халқаш бо ҳикмат аст
Surah Al-Jathiya, Verse 2


إِنَّ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ لَأٓيَٰتٖ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ

Албатта, дар ҳафт табақаҳои осмону замин ва он чӣ миёни онҳост, аз махлуқоти гуногун нишонаҳои ибратест барои мӯъминон
Surah Al-Jathiya, Verse 3


وَفِي خَلۡقِكُمۡ وَمَا يَبُثُّ مِن دَآبَّةٍ ءَايَٰتٞ لِّقَوۡمٖ يُوقِنُونَ

Ва эй мардум, дар офариниши шумо ва пароканда шудани ҷунбандагон (ҷонварон) ибратҳост барои мардуме, ки ба Аллоҳ ва шариъати Ӯ боварии яқин доранд
Surah Al-Jathiya, Verse 4


وَٱخۡتِلَٰفِ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن رِّزۡقٖ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَا وَتَصۡرِيفِ ٱلرِّيَٰحِ ءَايَٰتٞ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ

Ва аз пайи якдигар омадани шабу рӯз ва ризқе, ки Аллоҳ аз осмон (борон) мефиристад ва замини мурдаро бо он борон зинда мекунад ва низ дар вазидани бодҳо, ки аз ҳар ҷиҳат барои манфиати шумо мевазанд, ибратҳоест барои оқилон
Surah Al-Jathiya, Verse 5


تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱللَّهِ نَتۡلُوهَا عَلَيۡكَ بِٱلۡحَقِّۖ فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَ ٱللَّهِ وَءَايَٰتِهِۦ يُؤۡمِنُونَ

Инҳо оятҳои (каломи) Аллоҳ аст, ки ба ростӣ бар ту эй Расул тиловат мекунем. Пас баъд аз китоби Аллоҳ ва оёти Ӯ ва ҳуҷҷатҳое, ки далолат бар маъбуди ҳақиқии Ӯ мекунанд, ба кадом сухан имон меоваранд
Surah Al-Jathiya, Verse 6


وَيۡلٞ لِّكُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٖ

Вой, (ҳалок бод) ба ҳар сахт дурӯғпардози гунаҳкоре
Surah Al-Jathiya, Verse 7


يَسۡمَعُ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ثُمَّ يُصِرُّ مُسۡتَكۡبِرٗا كَأَن لَّمۡ يَسۡمَعۡهَاۖ فَبَشِّرۡهُ بِعَذَابٍ أَلِيمٖ

Оятҳои (каломи) Аллоҳро, ки бар ӯ хонда мешаванд, мешунавад. Он гоҳ мутакаббирона давомат бар куфр дорад ва барои Аллоҳ ва расулаш сар фурӯ намеорад чунонки гӯйи ҳеҷ нашунидааст. Пас, эй Расул ӯро ба азоби дардоваре, ки дар рӯзи қиёмат воқеъ аст, башорат деҳ
Surah Al-Jathiya, Verse 8


وَإِذَا عَلِمَ مِنۡ ءَايَٰتِنَا شَيۡـًٔا ٱتَّخَذَهَا هُزُوًاۚ أُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٞ مُّهِينٞ

Ва ҳаргоҳ бар чизе аз оёти Мо огоҳ шавад, он оятҳоро ба масхара мегирад, рӯзи қиёмат инҳо сазовори азоби хоркунандаанд
Surah Al-Jathiya, Verse 9


مِّن وَرَآئِهِمۡ جَهَنَّمُۖ وَلَا يُغۡنِي عَنۡهُم مَّا كَسَبُواْ شَيۡـٔٗا وَلَا مَا ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَوۡلِيَآءَۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٌ

Аз пушти сари онҳо ҷаҳаннам аст. Ва моле, ки ба даст овардаанд ва касоне, ки ғайри Аллоҳи барҳақ маъбуд гирифтаанд, ба ҳолашон фоида накунад. Ва барои онҳо азоби бузург аст
Surah Al-Jathiya, Verse 10


هَٰذَا هُدٗىۖ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ لَهُمۡ عَذَابٞ مِّن رِّجۡزٍ أَلِيمٌ

Ин Қуръоне, ки бар ту эй Расул нозил кардем, раҳнамудест барои роҳёфтагон ба Қуръони азим. Ва онон, ки ба оёти Парвардигорашон имон намеоваранд ва онро тасдиқ надоранд, барояшон азобест аз навъи сахттарин азобҳои дардовар
Surah Al-Jathiya, Verse 11


۞ٱللَّهُ ٱلَّذِي سَخَّرَ لَكُمُ ٱلۡبَحۡرَ لِتَجۡرِيَ ٱلۡفُلۡكُ فِيهِ بِأَمۡرِهِۦ وَلِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ

Аллоҳ Зотест, ки баҳрро барои шумо мусаххар кард, то дар он ба фармони Ӯ киштиҳо равон бошанд ва талаби маъишат кунед, то ки ба неъматҳояш сипосгузор бошед ва танҳо Ӯро парастиш кунед ва дар он чи мефармояд ва манъ мекунад, фармонбардор бошед
Surah Al-Jathiya, Verse 12


وَسَخَّرَ لَكُم مَّا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا مِّنۡهُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ

Ва он чиро дар осмонҳо аз офтобу маҳтоб ва ситорагон ва он чиро дар замин аст аз ҷонварон, дарахтон ва киштиҳо ва ғайраҳо барои фоидаи шумо ром кард. Ҳама аз они Ӯст. Ҳароина, дар ин нишонаҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки бар ягонагии Аллоҳ далолат мекунанд, барои мардуме, ки андеша мекунанд, ибратҳоест
Surah Al-Jathiya, Verse 13


قُل لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ يَغۡفِرُواْ لِلَّذِينَ لَا يَرۡجُونَ أَيَّامَ ٱللَّهِ لِيَجۡزِيَ قَوۡمَۢا بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ

Бигӯ эй Расул ба касоне, ки имон ба Аллоҳ овардаанд ва ба паёмбараш пайравӣ намудаанд: «Аз хатои касоне, ки ба рӯзҳои Аллоҳ умеди савоб надоранд ва аз азоби Ӯ наметарсанд, гӯш ба азият ва озори кофирон ва мушрикон надиҳанд ва даргузаранд, то Аллоҳ он мардумро ба ҷазои аъмоле, ки дар дунё муртакиб шудаанд, подош диҳад
Surah Al-Jathiya, Verse 14


مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا فَلِنَفۡسِهِۦۖ وَمَنۡ أَسَآءَ فَعَلَيۡهَاۖ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُمۡ تُرۡجَعُونَ

Ҳар кас кори шоистае кунад, дар дунё ба фоидаи худи ӯст ва ҳар кас муртакиби кори баде шавад, ба зиёни ӯст. Сипас ҳама рӯзи қиёмат ба сӯи Парвардигоратон бозгардонда мешавед ва У шуморо дар баробари амалҳоятон ҷазо медиҳад
Surah Al-Jathiya, Verse 15


وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحُكۡمَ وَٱلنُّبُوَّةَ وَرَزَقۡنَٰهُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَفَضَّلۡنَٰهُمۡ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ

Мо бани Исроилро китоби Таврот ва Инҷил ва илми довариву нубувват ато кардем ва аз фарзандони Иброҳим алайҳиссалом бисёреро ба нубувват ва рисолат баргузидем ва аз чизҳои покизаву хуш рӯзиашон додем. Ва бар ҷаҳониёни асри худашон бартариашон додем
Surah Al-Jathiya, Verse 16


وَءَاتَيۡنَٰهُم بَيِّنَٰتٖ مِّنَ ٱلۡأَمۡرِۖ فَمَا ٱخۡتَلَفُوٓاْ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَهُمُ ٱلۡعِلۡمُ بَغۡيَۢا بَيۡنَهُمۡۚ إِنَّ رَبَّكَ يَقۡضِي بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ

Ва онҳоро дар амри дин, дар баёни ҳалолу ҳаром далелҳое равшан додем. Ва дар он аз рӯи ҳасаду кина ихтилоф накарданд, магар он гоҳ ки дониш дар бораи ҳақиқати дин ва аҳкоми он ёфтанд. Аллоҳ дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ки дар дунё ихтилоф мекарданд, доварӣ хоҳад кард
Surah Al-Jathiya, Verse 17


ثُمَّ جَعَلۡنَٰكَ عَلَىٰ شَرِيعَةٖ مِّنَ ٱلۡأَمۡرِ فَٱتَّبِعۡهَا وَلَا تَتَّبِعۡ أَهۡوَآءَ ٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَ

Пас, туро эй Расул ба роҳи зоҳир аз дин (яъне, шариъат) андохтем. Пас, ба он роҳи шариъат бирав ва аз хоҳишҳои нодонон пайравӣ макун, ки онҳо шариъат ва аҳкоми динро намедонанд
Surah Al-Jathiya, Verse 18


إِنَّهُمۡ لَن يُغۡنُواْ عَنكَ مِنَ ٱللَّهِ شَيۡـٔٗاۚ وَإِنَّ ٱلظَّـٰلِمِينَ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۖ وَٱللَّهُ وَلِيُّ ٱلۡمُتَّقِينَ

Ҳароина, ин мушрикон, ки туро бо хоҳишҳои худ даъват менамоянд туро ҳеҷ аз Аллоҳ бениёз намекунанд ва азоби Ӯро аз ту дур карда наметавонанд, агар ту пайрави хоҳишҳои онҳо кунӣ ҳароина, золимон (мунофиқон ва яҳудиён) дӯстдорони якдигаранд ва Аллоҳ ёридиҳанда ва дӯстдори парҳезгорон аст
Surah Al-Jathiya, Verse 19


هَٰذَا بَصَـٰٓئِرُ لِلنَّاسِ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٞ لِّقَوۡمٖ يُوقِنُونَ

Ин Куръоне, ки Мо ба ту фуруд овардем, далелҳои возеҳ барои мардумон аст, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд ва роҳи ҳақро меёбанд ва ҳидояту раҳматесг барои қавме, ки ба ҳақиқати он бовар доранд, ки нозил шудани ин китоб аз ҷониби Аллоҳи пирӯзманди ҳаким аст
Surah Al-Jathiya, Verse 20


أَمۡ حَسِبَ ٱلَّذِينَ ٱجۡتَرَحُواْ ٱلسَّيِّـَٔاتِ أَن نَّجۡعَلَهُمۡ كَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ سَوَآءٗ مَّحۡيَاهُمۡ وَمَمَاتُهُمۡۚ سَآءَ مَا يَحۡكُمُونَ

Оё онон, ки муртакиби бадиҳо шуданд, паёмбаронро дурӯғ бароварданд ва амри Парвардигорашонро мухолифат карданд ва ғайри Ӯро парастиш карданд, гумон карданд, ки Мо онҳоро дар шумори касоне, ки имон ба Аллоҳ овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, қарор медиҳем? Ва оё зиндагиву маргашон баробар аст? Ҳаргиз баробар нестанд! Чӣ бад доварӣ мекунанд миёни некӯкорон ва бадкорон дар охират
Surah Al-Jathiya, Verse 21


وَخَلَقَ ٱللَّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّ وَلِتُجۡزَىٰ كُلُّ نَفۡسِۭ بِمَا كَسَبَتۡ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ

Ва Аллоҳ осмонҳову заминро ба ҳақ ва ба адлу ҳикмат биёфарид, то ҳар касеро баробари коре, ки аз неку бад кардааст, подош диҳад ва ба онҳо ситам нашавад
Surah Al-Jathiya, Verse 22


أَفَرَءَيۡتَ مَنِ ٱتَّخَذَ إِلَٰهَهُۥ هَوَىٰهُ وَأَضَلَّهُ ٱللَّهُ عَلَىٰ عِلۡمٖ وَخَتَمَ عَلَىٰ سَمۡعِهِۦ وَقَلۡبِهِۦ وَجَعَلَ عَلَىٰ بَصَرِهِۦ غِشَٰوَةٗ فَمَن يَهۡدِيهِ مِنۢ بَعۡدِ ٱللَّهِۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ

Оё дидаи касеро, ки ҳавову ҳавасашро чун маъбуди худ гирифт ва Аллоҳ бо вуҷуди огоҳӣ аз ҳаққу ботил, гумроҳаш кард ва бар гӯшу дилаш мӯҳр ниҳод то панду мавъизаеро нашунавад ва ҳидоятро дарк накунад ва бар дидагонаш парда афканд, то роҳи дурустро набинад? Агар Аллоҳ тавфиқу ҳидоят ба роҳи ҳақ накунад, чӣ касе ӯро ҳидоят хоҳад кард? (Эй мардум!) чаро панд намегиред, то ҳақиқати ҳолро бидонед
Surah Al-Jathiya, Verse 23


وَقَالُواْ مَا هِيَ إِلَّا حَيَاتُنَا ٱلدُّنۡيَا نَمُوتُ وَنَحۡيَا وَمَا يُهۡلِكُنَآ إِلَّا ٱلدَّهۡرُۚ وَمَا لَهُم بِذَٰلِكَ مِنۡ عِلۡمٍۖ إِنۡ هُمۡ إِلَّا يَظُنُّونَ

Ва мушрикон гуфтанд: "Ба ҷуз ин зиндагии дунявии мо ҳеҷ ҳаёте нест. Гурӯҳе аз мо мемирем ва гурӯҳе зинда мешавем. Ва моро ҷуз даҳр, (яъне гузари рӯзҳову шабҳо ва гузашти умр) ҳалок намекунад». Онон ба ин суханҳояшон донише надоранд, балки танҳо гумон меварзанд ва тахмин мезананд
Surah Al-Jathiya, Verse 24


وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٖ مَّا كَانَ حُجَّتَهُمۡ إِلَّآ أَن قَالُواْ ٱئۡتُواْ بِـَٔابَآئِنَآ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

Ва чун оёти равшангари Мо ба ин мушрикони мункир ба рӯзи баъс тиловат шавад, ҳуҷҷаташон ин аст, ки мегӯянд: «Агар ту эй Муҳаммад ва пайравонат рост мегӯед, падарони моро, пас аз маргашон зинда кунед»
Surah Al-Jathiya, Verse 25


قُلِ ٱللَّهُ يُحۡيِيكُمۡ ثُمَّ يُمِيتُكُمۡ ثُمَّ يَجۡمَعُكُمۡ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَا رَيۡبَ فِيهِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ

Бигӯ эй Расул барои ин мушрикони мункир ба рӯзи баъс: «Аллоҳест, ки шуморо дар дунё зинда мекунад, пас мемиронад ва сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат, ки шакке дар он нест, гирд меоварад. Вале бештари мардум ин ҳақиқатро намедонанд, аз ин рӯ дар зинда шудани баъд аз марг шак мекунанд!»
Surah Al-Jathiya, Verse 26


وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يَوۡمَئِذٖ يَخۡسَرُ ٱلۡمُبۡطِلُونَ

Аз они Аллоҳ аст фармонравоии ҳафт осмону замин ва касе дар мулк ва офариниш ва сазовори парастиш бо Ӯ шарик нест. Ва он рӯз, ки қиёмат барпо шавад, мурдаҳо аз қабрҳояшон барои ҳисобу китоб бархезанд ва аҳли ботил (кофирон) зиён хоҳанд кард
Surah Al-Jathiya, Verse 27


وَتَرَىٰ كُلَّ أُمَّةٖ جَاثِيَةٗۚ كُلُّ أُمَّةٖ تُدۡعَىٰٓ إِلَىٰ كِتَٰبِهَا ٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَوۡنَ مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

Эй Расул, рӯзи қиёмат ҳар умматеро бубинӣ, ки ба зону даромадааст ва ҳар умматеро барои гирифтани номаи аъмолаш бихонад. Ва барояшон гуфта шавад: Дар чунин рӯзе дар баробари ҳар аъмоле, ки аз неку бад кардед, подош мебинед
Surah Al-Jathiya, Verse 28


هَٰذَا كِتَٰبُنَا يَنطِقُ عَلَيۡكُم بِٱلۡحَقِّۚ إِنَّا كُنَّا نَسۡتَنسِخُ مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

Ин навиштаи Мост, ки барҳақ сухан мегӯяд, ҳароина, Мо аз фариштагони худ хоста будем, ки тамоми корҳоеро, ки дар дунё мекардаед, бе зиёдатӣ ва камбудӣ бинависанд
Surah Al-Jathiya, Verse 29


فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ فَيُدۡخِلُهُمۡ رَبُّهُمۡ فِي رَحۡمَتِهِۦۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡمُبِينُ

Аммо касоне, ки дар дунё имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд ва корҳои шоиста анҷом доданд, Парвардигорашон ононро дар ҷавори раҳмати Хеш дар биҳишт дохил мекунад ва ин комёбии ошкор аст
Surah Al-Jathiya, Verse 30


وَأَمَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَفَلَمۡ تَكُنۡ ءَايَٰتِي تُتۡلَىٰ عَلَيۡكُمۡ فَٱسۡتَكۡبَرۡتُمۡ وَكُنتُمۡ قَوۡمٗا مُّجۡرِمِينَ

Ва аммо, касоне, ки кофир мешаванд, ба онҳо аз рӯи сарзаниш гуфта мешавад, магар оёти Мо бар шумо хонда намешуд ва шумо такаббур меварзидед ва мардуми гунаҳкоре будед ва ба савобу иқоб имон намеовардед
Surah Al-Jathiya, Verse 31


وَإِذَا قِيلَ إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞ وَٱلسَّاعَةُ لَا رَيۡبَ فِيهَا قُلۡتُم مَّا نَدۡرِي مَا ٱلسَّاعَةُ إِن نَّظُنُّ إِلَّا ظَنّٗا وَمَا نَحۡنُ بِمُسۡتَيۡقِنِينَ

Чун гуфта мешуд, ки ҳароина, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст ва дар вуқуъи қиёмат шакке нест, ки ҳатман омаданист, мегуфтед: «Мо намедонем қиёмат чист? Ҷуз гумоне намебарем (яъне, мо қиёматро хаёли маҳз мепиндорем) ва аз воқеъ шудани он ба бовари нарасидаем»
Surah Al-Jathiya, Verse 32


وَبَدَا لَهُمۡ سَيِّـَٔاتُ مَا عَمِلُواْ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ

Аъмоли зишташон дар баробарашон ошкор шуд ва он чизе, ки масхарааш мекарданд, аз азоби дӯзах гирд ба гирдашонро бигирифт
Surah Al-Jathiya, Verse 33


وَقِيلَ ٱلۡيَوۡمَ نَنسَىٰكُمۡ كَمَا نَسِيتُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَا وَمَأۡوَىٰكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن نَّـٰصِرِينَ

Аз сӯйи Аллоҳ ба кофирон гуфта шавад: « Имрӯз фаромӯшатон мекунем ва дар азоб фурӯ мегузорем, ҳамчунон ки шумо дидори чунин рӯзатонро, бо тарки имон ва амал фаромӯш карда будед. Ҷойгоҳатон дар оташ аст ва шуморо ҳеҷ ёваре нест, ки аз азоби Аллоҳ шуморо наҷот диҳад
Surah Al-Jathiya, Verse 34


ذَٰلِكُم بِأَنَّكُمُ ٱتَّخَذۡتُمۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ هُزُوٗا وَغَرَّتۡكُمُ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَاۚ فَٱلۡيَوۡمَ لَا يُخۡرَجُونَ مِنۡهَا وَلَا هُمۡ يُسۡتَعۡتَبُونَ

Ва ин азоб аз он рӯй бар шумо фуруд меояд ба сабабе, ки оёти Аллоҳро ба масхара мегирифтед ва зинати ҳаёти дунё шуморо бифирефт». Пас, имрӯз аз ин оташ касе онҳоро берун набарад ва на ба дунё бозгардонда шаванд, то тавба кунанд ва амали шоиста кунанд ва на касе узрашонро пазирад
Surah Al-Jathiya, Verse 35


فَلِلَّهِ ٱلۡحَمۡدُ رَبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَرَبِّ ٱلۡأَرۡضِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ситоиш аз они Аллоҳ аст, Парвардигори осмонҳову Парвардигори замин ва Парвардигори ҷаҳониён, ки ҷуз Ӯ касе шоистаи ҳамду ситоиш нест, чунки Ӯ холиқ ва молики ҷамиъи махлуқот ва коинот аст
Surah Al-Jathiya, Verse 36


وَلَهُ ٱلۡكِبۡرِيَآءُ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

Бузургворӣ, шукӯҳу бақову пойдориву камол дар осмонҳову замин дар ҳама умур хоси Ӯст ва Ӯст пирӯзманди ҳаким, ки бар душманонаш ғолиб аст ва дар гуфтору кирдораш ва дар тадбири умури халқаш бо ҳикмат аст. Пок аст Ӯ, ба ҷуз Ӯ ҳеҷ кас сазовори парастиш нест
Surah Al-Jathiya, Verse 37


Author: Khoja Mirov


<< Surah 44
>> Surah 46

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai