Surah Ad-Dhuha - Tajik Translation by Khoja Mirov
وَٱلضُّحَىٰ
Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба вақти чошт
Surah Ad-Dhuha, Verse 1
وَٱلَّيۡلِ إِذَا سَجَىٰ
Ва савганд, ба шаб, чун бипӯшад бо торикии худ атрофро
Surah Ad-Dhuha, Verse 2
مَا وَدَّعَكَ رَبُّكَ وَمَا قَلَىٰ
Эй Муҳаммад, ки Парвардигорат туро тарк накардааст ба сабаби таъхири ваҳй ва бад ҳам надидааст
Surah Ad-Dhuha, Verse 3
وَلَلۡأٓخِرَةُ خَيۡرٞ لَّكَ مِنَ ٱلۡأُولَىٰ
Албатта охират барои ту беҳтар аз дунёст
Surah Ad-Dhuha, Verse 4
وَلَسَوۡفَ يُعۡطِيكَ رَبُّكَ فَتَرۡضَىٰٓ
Ба зудӣ Парвардигорат туро эй Муҳаммад аз неъматҳои гуногун ато хоҳад дод, то хушнуд шавӣ
Surah Ad-Dhuha, Verse 5
أَلَمۡ يَجِدۡكَ يَتِيمٗا فَـَٔاوَىٰ
Оё туро қабл аз ин ятим наёфт ва ҷоят дод
Surah Ad-Dhuha, Verse 6
وَوَجَدَكَ ضَآلّٗا فَهَدَىٰ
Ва туро роҳгумкарда ёфт, ки намедонистӣ чӣ аст китоб ва чӣ аст имон, пас таълим дод туро он чиро, ки намедонистӣ ва ба некӯтарин амалҳо ҳидоятат кард
Surah Ad-Dhuha, Verse 7
وَوَجَدَكَ عَآئِلٗا فَأَغۡنَىٰ
Ва туро фақир ва бечиз ёфт ва ба қаноъат ва сабр сарватманд ва дороят гардонд
Surah Ad-Dhuha, Verse 8
فَأَمَّا ٱلۡيَتِيمَ فَلَا تَقۡهَرۡ
Пас ятимро маёзор
Surah Ad-Dhuha, Verse 9
وَأَمَّا ٱلسَّآئِلَ فَلَا تَنۡهَرۡ
ва гадоро марон, балки таъом деҳ ва ҳоҷаташро баробар гардон
Surah Ad-Dhuha, Verse 10
وَأَمَّا بِنِعۡمَةِ رَبِّكَ فَحَدِّثۡ
ва аз неъмати Парвардигорат, ки ба ту арзонӣ кардааст, сухан бигӯй
Surah Ad-Dhuha, Verse 11