Surah Al-Lail - Tajik Translation by Khoja Mirov
وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَغۡشَىٰ
Аллоҳ савганд ёд мекунад, ба шаб, ҳангоме ки торикии он ҳама ҷоро мепӯшад
Surah Al-Lail, Verse 1
وَٱلنَّهَارِ إِذَا تَجَلَّىٰ
ва савганд, ба рӯз, он гоҳ, ки равшан шавад
Surah Al-Lail, Verse 2
وَمَا خَلَقَ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰٓ
ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид
Surah Al-Lail, Verse 3
إِنَّ سَعۡيَكُمۡ لَشَتَّىٰ
бегумон кӯшишу амалҳои шумо гуногун аст
Surah Al-Lail, Verse 4
فَأَمَّا مَنۡ أَعۡطَىٰ وَٱتَّقَىٰ
Аммо касе, ки аз молаш бахшид ва парҳезгорӣ кард
Surah Al-Lail, Verse 5
وَصَدَّقَ بِٱلۡحُسۡنَىٰ
ва оини некро (калимаи тайибаро) тасдиқ кард
Surah Al-Lail, Verse 6
فَسَنُيَسِّرُهُۥ لِلۡيُسۡرَىٰ
пас ба зудӣ роҳи расидан ба осоишро барояш осон мегардонем
Surah Al-Lail, Verse 7
وَأَمَّا مَنۢ بَخِلَ وَٱسۡتَغۡنَىٰ
Аммо он касе, ки бахиливу беэҳтиёҷӣ кард
Surah Al-Lail, Verse 8
وَكَذَّبَ بِٱلۡحُسۡنَىٰ
ва ба калимаи тайиба имон наёвард
Surah Al-Lail, Verse 9
فَسَنُيَسِّرُهُۥ لِلۡعُسۡرَىٰ
пас ба зудӣ роҳашро ба сӯи бадӣ ва душворӣ осон мегардонем, (яъне, барои дӯзах омода месозем)
Surah Al-Lail, Verse 10
وَمَا يُغۡنِي عَنۡهُ مَالُهُۥٓ إِذَا تَرَدَّىٰٓ
Ва чун ҳалок гардад ва дар ҷаҳаннам фурӯ афтад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад
Surah Al-Lail, Verse 11
إِنَّ عَلَيۡنَا لَلۡهُدَىٰ
Ва бегумон нишон додани роҳ ба сӯи Аллоҳ ва ҷаннати Ӯ бар дӯши мост
Surah Al-Lail, Verse 12
وَإِنَّ لَنَا لَلۡأٓخِرَةَ وَٱلۡأُولَىٰ
Ва аз они Мост ҳама мулки он ҷаҳону ин чаҳон
Surah Al-Lail, Verse 13
فَأَنذَرۡتُكُمۡ نَارٗا تَلَظَّىٰ
Пас шуморо эй одамон аз оташе, ки забона мезанад, бим додем
Surah Al-Lail, Verse 14
لَا يَصۡلَىٰهَآ إِلَّا ٱلۡأَشۡقَى
Ба он дохил намешавад ва намесӯзад, магар бадбахттарин инсон
Surah Al-Lail, Verse 15
ٱلَّذِي كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ
Ҳамон ки Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ баровард ва аз имон овардан рӯй гардонид
Surah Al-Lail, Verse 16
وَسَيُجَنَّبُهَا ٱلۡأَتۡقَى
Ва парҳезгортарин мардум аз он оташе, ки шӯъла мезанад дур дошта хоҳад шуд
Surah Al-Lail, Verse 17
ٱلَّذِي يُؤۡتِي مَالَهُۥ يَتَزَكَّىٰ
касе, ки моли худро медиҳад, то хештанро покиза бидорад
Surah Al-Lail, Verse 18
وَمَا لِأَحَدٍ عِندَهُۥ مِن نِّعۡمَةٖ تُجۡزَىٰٓ
Ва ҳеҷ касро назди ӯ ҳаққи неъмате нест, то бихоҳад ба ин васила ба ӯ ҷазо дода шавад
Surah Al-Lail, Verse 19
إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ وَجۡهِ رَبِّهِ ٱلۡأَعۡلَىٰ
Ғайри ҷӯстани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ
Surah Al-Lail, Verse 20
وَلَسَوۡفَ يَرۡضَىٰ
Ва ба зудӣ дар ҷаннат хушнуд хоҳад шуд
Surah Al-Lail, Verse 21