Surah Ash-Shams - Tajik Translation by Khoja Mirov
وَٱلشَّمۡسِ وَضُحَىٰهَا
Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт
Surah Ash-Shams, Verse 1
وَٱلۡقَمَرِ إِذَا تَلَىٰهَا
ва савганд, ба моҳ чун аз паи он барояд
Surah Ash-Shams, Verse 2
وَٱلنَّهَارِ إِذَا جَلَّىٰهَا
ва савганд, ба рӯз, чун дунёро равшан кунад
Surah Ash-Shams, Verse 3
وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَغۡشَىٰهَا
ва савганд, ба шаб, чун рӯзро бипӯшад
Surah Ash-Shams, Verse 4
وَٱلسَّمَآءِ وَمَا بَنَىٰهَا
ва савганд, ба осмон ва ба он ки онро бино кард
Surah Ash-Shams, Verse 5
وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا طَحَىٰهَا
ва савганд, ба замин ва ба он ки онро паҳн кард
Surah Ash-Shams, Verse 6
وَنَفۡسٖ وَمَا سَوَّىٰهَا
ва савганд, ба нафси одамӣ ва ба он ки некӯяш биёфарид
Surah Ash-Shams, Verse 7
فَأَلۡهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقۡوَىٰهَا
сипас шинохти бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом кард
Surah Ash-Shams, Verse 8
قَدۡ أَفۡلَحَ مَن زَكَّىٰهَا
Ҳамоно касе, ки нафсашро пок дошт, наҷот ёфт
Surah Ash-Shams, Verse 9
وَقَدۡ خَابَ مَن دَسَّىٰهَا
Ҳамоно касе, ки нафсашро палид сохт ва онро дар маъсият одат дод, ҳалок шуд
Surah Ash-Shams, Verse 10
كَذَّبَتۡ ثَمُودُ بِطَغۡوَىٰهَآ
Қавми Самуд паёмбарашонро аз рӯи саркашии худ, дурӯғ бароварданд
Surah Ash-Shams, Verse 11
إِذِ ٱنۢبَعَثَ أَشۡقَىٰهَا
Он гоҳ, ки бадбахттаринашон бархост ва рафт аз барои куштани шутур
Surah Ash-Shams, Verse 12
فَقَالَ لَهُمۡ رَسُولُ ٱللَّهِ نَاقَةَ ٱللَّهِ وَسُقۡيَٰهَا
Паёмбари Аллоҳ Солеҳ алайҳиссалом ба онҳо гуфт, ки ба шутур коре надошта бошед, ҳамоно ин муъҷизаи Аллоҳ аст ва ӯро аз навбати обаш боз надоред
Surah Ash-Shams, Verse 13
فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمۡدَمَ عَلَيۡهِمۡ رَبُّهُم بِذَنۢبِهِمۡ فَسَوَّىٰهَا
Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашон ба сабаби гуноҳашон бар сарашон азоб овард ва бо хок баробар сохт
Surah Ash-Shams, Verse 14
وَلَا يَخَافُ عُقۡبَٰهَا
Ва Ӯ таъоло баъд аз фуруд овардани азоб аз оқибати кори онҳо наметарсад
Surah Ash-Shams, Verse 15