Surah Al-Balad - Tajik Translation by Khoja Mirov
لَآ أُقۡسِمُ بِهَٰذَا ٱلۡبَلَدِ
(Аллоҳ савганд ёд мекунад:) Савганд ба ин шаҳр (ва он Макка аст)
Surah Al-Balad, Verse 1
وَأَنتَ حِلُّۢ بِهَٰذَا ٱلۡبَلَدِ
Ва шаҳре, ки ту сокини он ҳастӣ
Surah Al-Balad, Verse 2
وَوَالِدٖ وَمَا وَلَدَ
Ва савганд ба падар ва фарзанде, ки ба вуҷуд овард, (яъне, ба падари башарият, Одам алайҳиссалом ва фарзандони ӯ)
Surah Al-Balad, Verse 3
لَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ فِي كَبَدٍ
Ҳамоно, ки одамиро дар ранҷу меҳнат биёфаридаем
Surah Al-Balad, Verse 4
أَيَحۡسَبُ أَن لَّن يَقۡدِرَ عَلَيۡهِ أَحَدٞ
Оё мепиндорад, бо он чӣ аз мол ҷамъ намуд, ки касе бар ӯ тавоно нагардад
Surah Al-Balad, Verse 5
يَقُولُ أَهۡلَكۡتُ مَالٗا لُّبَدًا
Фахр карда мегӯяд: «Моли фаровонеро харҷ кардам!»
Surah Al-Balad, Verse 6
أَيَحۡسَبُ أَن لَّمۡ يَرَهُۥٓ أَحَدٌ
Оё мепиндорад, ки касе ӯро надидааст
Surah Al-Balad, Verse 7
أَلَمۡ نَجۡعَل لَّهُۥ عَيۡنَيۡنِ
Оё барои ӯ ду чашм наёфаридаем
Surah Al-Balad, Verse 8
وَلِسَانٗا وَشَفَتَيۡنِ
Ва забону ду лабро наёфаридаем
Surah Al-Balad, Verse 9
وَهَدَيۡنَٰهُ ٱلنَّجۡدَيۡنِ
Ва оё барои вай роҳи неку бадро баён накардаем
Surah Al-Balad, Verse 10
فَلَا ٱقۡتَحَمَ ٱلۡعَقَبَةَ
Пас ин шахси худсито ҳоло ба гузаргоҳи душвор дарнаёмадааст
Surah Al-Balad, Verse 11
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡعَقَبَةُ
Ва ту чӣ донӣ, ки гузаргоҳи сахт чист ва ба гузаштани он чӣ мадад мерасонад
Surah Al-Balad, Verse 12
فَكُّ رَقَبَةٍ
Озод кардани ғуломи мӯъмин аст
Surah Al-Balad, Verse 13
أَوۡ إِطۡعَٰمٞ فِي يَوۡمٖ ذِي مَسۡغَبَةٖ
ё таъом додан дар рӯзи гуруснагӣ
Surah Al-Balad, Verse 14
يَتِيمٗا ذَا مَقۡرَبَةٍ
ба ятиме, ки хешованд бошад, ки ҳам садақа мешавад ва силаи раҳм ба ҷо меояд
Surah Al-Balad, Verse 15
أَوۡ مِسۡكِينٗا ذَا مَتۡرَبَةٖ
ё ба мискини хокнишине, (яъне, бенавое, ки ҳеҷ чиз надорад)
Surah Al-Balad, Verse 16
ثُمَّ كَانَ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلصَّبۡرِ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلۡمَرۡحَمَةِ
Баъд, аз он бошад, аз гурӯҳи онҳое, ки имон овардаанд ба Аллоҳу Паёмбар ва васият карданд якдигарро ба сабр намудан бар тоъати Аллоҳ ва сабр аз нофармониҳои Ӯ ва тавсия намуданд якдигарро ба шафқату меҳрубонӣ ба бандагони Аллоҳ
Surah Al-Balad, Verse 17
أُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَيۡمَنَةِ
Онон, ки чунин афъолро иҷро намуданд, инҳо аҳли саъодатанд
Surah Al-Balad, Verse 18
وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِنَا هُمۡ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَشۡـَٔمَةِ
Ва касоне, ки ба оёти Мо кофир шуданд, инҳо бадбахтонанд
Surah Al-Balad, Verse 19
عَلَيۡهِمۡ نَارٞ مُّؤۡصَدَةُۢ
Насиби онҳост оташе, ки аз ҳар сӯ сараш пӯшидааст
Surah Al-Balad, Verse 20