UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Ash-Shuara - Tajik Translation by Khoja Mirov


طسٓمٓ

То, Син, Мим
Surah Ash-Shuara, Verse 1


تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ

Ин оёт китоби равшан аст
Surah Ash-Shuara, Verse 2


لَعَلَّكَ بَٰخِعٞ نَّفۡسَكَ أَلَّا يَكُونُواْ مُؤۡمِنِينَ

Шояд аз ин ки онҳо имон намеоваранд, худро ҳалок созӣ
Surah Ash-Shuara, Verse 3


إِن نَّشَأۡ نُنَزِّلۡ عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ ءَايَةٗ فَظَلَّتۡ أَعۡنَٰقُهُمۡ لَهَا خَٰضِعِينَ

Агар бихоҳем, аз осмон барояшон ояте (мӯъҷизае) нозил мекунем, ки гарданҳояшон дар баробари он таслим гардад, лекин инро намехоҳем, зеро имони судманд, ихтиёран ба ғайб бовар кардан аст
Surah Ash-Shuara, Verse 4


وَمَا يَأۡتِيهِم مِّن ذِكۡرٖ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ مُحۡدَثٍ إِلَّا كَانُواْ عَنۡهُ مُعۡرِضِينَ

Барояшон ҳеҷ сухане тоза аз Аллоҳи меҳрубон нозил намешавад, магар он ки аз он бо дилу ҷисмашон рӯй мегардонанд ва онро қабул намекунанд
Surah Ash-Shuara, Verse 5


فَقَدۡ كَذَّبُواْ فَسَيَأۡتِيهِمۡ أَنۢبَـٰٓؤُاْ مَا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ

Пас ҳамоно Қуръонро дурӯғ бароварданд. Ба зудӣ хабари он чизҳое, ки масхарааш мекарданд, ба онҳо ҳатман бирасад
Surah Ash-Shuara, Verse 6


أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ كَمۡ أَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجٖ كَرِيمٍ

Оё ба замин нанигаристаанд, ки чӣ қадар аз ҳар гуна гиёҳони некӯ ва фоидаовар дар он рӯёнидаем, ки ҳеҷ кас ба рӯёндани он тавоноӣ надорад, ба ҷуз Парвардигори ҷаҳониён
Surah Ash-Shuara, Verse 7


إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ

Дар ин нишонаҳо ибратест, вале аксари онҳо мӯъмин набудаанд
Surah Ash-Shuara, Verse 8


وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

Ба ростӣ, Парвардигори ту пирӯзманд аст, ки қудрату тавоноӣ бар ҳама дорад ва меҳрубон аст, ки раҳматаш ҳама чизро фаро гирифтааст
Surah Ash-Shuara, Verse 9


وَإِذۡ نَادَىٰ رَبُّكَ مُوسَىٰٓ أَنِ ٱئۡتِ ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Ва ба ёд ор эй Расул барои қавмат, ки Парвардигорат Мӯсоро нидо дод, ки эй Мӯсо, ба сӯи он мардуми ситамкор бирав
Surah Ash-Shuara, Verse 10


قَوۡمَ فِرۡعَوۡنَۚ أَلَا يَتَّقُونَ

қавми Фиръавн ва барояшон бигӯ: Оё намехоҳанд парҳезгор шаванд
Surah Ash-Shuara, Verse 11


قَالَ رَبِّ إِنِّيٓ أَخَافُ أَن يُكَذِّبُونِ

Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигори ман, метарсам, ки дурӯғгӯям хонанд
Surah Ash-Shuara, Verse 12


وَيَضِيقُ صَدۡرِي وَلَا يَنطَلِقُ لِسَانِي فَأَرۡسِلۡ إِلَىٰ هَٰرُونَ

Ва дили ман танг гардад ва забонам кушода нашавад, пас бародарам Ҳорунро низ пайғамбарӣ деҳ, то маро ёрӣ кунад
Surah Ash-Shuara, Verse 13


وَلَهُمۡ عَلَيَّ ذَنۢبٞ فَأَخَافُ أَن يَقۡتُلُونِ

Ва онҳо бар гардани ман гуноҳе (даъво) доранд, пас метарсам, ки маро бикушанд»
Surah Ash-Shuara, Verse 14


قَالَ كَلَّاۖ فَٱذۡهَبَا بِـَٔايَٰتِنَآۖ إِنَّا مَعَكُم مُّسۡتَمِعُونَ

Аллоҳ таоло гуфт: Ҳаргиз, туро натавонанд кушт, пас оёти Маро ки далолат бар ҳақиқати паёмбарии шумо мекунад, ҳарду назди онҳо биравед, Мо низ ба илм ва ҳифз ва нусрати худ бо шумо ҳастем ва мешунавем
Surah Ash-Shuara, Verse 15


فَأۡتِيَا فِرۡعَوۡنَ فَقُولَآ إِنَّا رَسُولُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Пас, назди Фиръавн равед ва бигӯед: «Мо расули (фиристодаи) Парвардигори ҷаҳониён ҳастем
Surah Ash-Shuara, Verse 16


أَنۡ أَرۡسِلۡ مَعَنَا بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ

ки банӣ Исроилро бо мо бифиристӣ, то Парвардигорашонро парастиш намоянд
Surah Ash-Shuara, Verse 17


قَالَ أَلَمۡ نُرَبِّكَ فِينَا وَلِيدٗا وَلَبِثۡتَ فِينَا مِنۡ عُمُرِكَ سِنِينَ

Фиръавн ба Мӯсо миннат карда гуфт: «Оё ба ҳангоми кӯдакӣ назди худ парваришат надодем ва ту чанд сол аз умратро дар миёни мо нагузаронидӣ
Surah Ash-Shuara, Verse 18


وَفَعَلۡتَ فَعۡلَتَكَ ٱلَّتِي فَعَلۡتَ وَأَنتَ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ

Ва он кори кардаатро, кардӣ? Пас, ту аз носипосонӣ»
Surah Ash-Shuara, Verse 19


قَالَ فَعَلۡتُهَآ إِذٗا وَأَنَا۠ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ

Мӯсо гуфт: Он вақт ки чунон кардам, аз саргаштагон будам. Ва он кор аз рӯи нодонӣ ва иштибоҳ буд, на қасдан
Surah Ash-Shuara, Verse 20


فَفَرَرۡتُ مِنكُمۡ لَمَّا خِفۡتُكُمۡ فَوَهَبَ لِي رَبِّي حُكۡمٗا وَجَعَلَنِي مِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Ва чун аз шумо тарсидам, ба тарафи Мадян гурехтам. Вале Парвардигори ман ба ман пайғамбарӣ дод ва маро дар шумори паёмбарон овард
Surah Ash-Shuara, Verse 21


وَتِلۡكَ نِعۡمَةٞ تَمُنُّهَا عَلَيَّ أَنۡ عَبَّدتَّ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ

Ва миннати ин неъматро бар ман мениҳӣ, ҳол он ки банӣ Исроилро ғуломи худ сохтаӣ
Surah Ash-Shuara, Verse 22


قَالَ فِرۡعَوۡنُ وَمَا رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён кист, ки ту даъвои паёмбарӣ мекунӣ?»
Surah Ash-Shuara, Verse 23


قَالَ رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ

Мӯсо гуфт: «Агар ахли яқин ҳастед, пас имон оваред, ки Ӯ Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чи миёни онҳост»
Surah Ash-Shuara, Verse 24


قَالَ لِمَنۡ حَوۡلَهُۥٓ أَلَا تَسۡتَمِعُونَ

Фиръавн ба онон, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Оё намешунавед, ки ин мард чӣ мегӯяд?»
Surah Ash-Shuara, Verse 25


قَالَ رَبُّكُمۡ وَرَبُّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ

Мӯсо гуфт: Парвардигоре, ки ман шуморо ба сӯи он даъват менамоям, «Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёгони шумост»
Surah Ash-Shuara, Verse 26


قَالَ إِنَّ رَسُولَكُمُ ٱلَّذِيٓ أُرۡسِلَ إِلَيۡكُمۡ لَمَجۡنُونٞ

Фиръавн гуфт: «Ба дурустӣ, ки ин паёмбаре, ки бар шумо фиристода шуда, девона аст»
Surah Ash-Shuara, Verse 27


قَالَ رَبُّ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡقِلُونَ

Мӯсо гуфт: «Ӯст Парвардигори машриқу мағриб ва ҳар чи миёни он ду аст, агар оқилона биандешед»
Surah Ash-Shuara, Verse 28


قَالَ لَئِنِ ٱتَّخَذۡتَ إِلَٰهًا غَيۡرِي لَأَجۡعَلَنَّكَ مِنَ ٱلۡمَسۡجُونِينَ

Фиръавн ба Мӯсо таҳдид карда гуфт: «Агар ҷуз ман каси дигареро ба маъбудӣ гирӣ, ба зиндонат меафканам»
Surah Ash-Shuara, Verse 29


قَالَ أَوَلَوۡ جِئۡتُكَ بِشَيۡءٖ مُّبِينٖ

Мӯсо гуфт: «Ҳатто агар мӯъҷизаи равшане барои ту оварда бошам, ки далолат кунад бар сиҳатии он чи овардаам, боз ҳам маро зиндонӣ мекунй?»
Surah Ash-Shuara, Verse 30


قَالَ فَأۡتِ بِهِۦٓ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّـٰدِقِينَ

Фиръавн гуфт: «Пас агар аз роспӯёнӣ онро биёвар»
Surah Ash-Shuara, Verse 31


فَأَلۡقَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ ثُعۡبَانٞ مُّبِينٞ

Пас, Мӯсо асои худро биандохт, ки ногаҳон вай аждаҳои ошкоро шуд
Surah Ash-Shuara, Verse 32


وَنَزَعَ يَدَهُۥ فَإِذَا هِيَ بَيۡضَآءُ لِلنَّـٰظِرِينَ

Ва дасташро берун овард, ки ногаҳон дар назари бинандагон сафед ва равшан менамуд
Surah Ash-Shuara, Verse 33


قَالَ لِلۡمَلَإِ حَوۡلَهُۥٓ إِنَّ هَٰذَا لَسَٰحِرٌ عَلِيمٞ

Фиръавн аз тарсе, ки қавмаш имон наоранд, ба бузургони қавмаш, ки дар атрофи ӯ буданд, гуфт: «Бегумон ин мард ҷодугари доноест, ки
Surah Ash-Shuara, Verse 34


يُرِيدُ أَن يُخۡرِجَكُم مِّنۡ أَرۡضِكُم بِسِحۡرِهِۦ فَمَاذَا تَأۡمُرُونَ

мехоҳад ба ҷодуи худ шуморо аз сарзаминатон берун кунад. Пас, маро чӣ мефармоед?»
Surah Ash-Shuara, Verse 35


قَالُوٓاْ أَرۡجِهۡ وَأَخَاهُ وَٱبۡعَثۡ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ

Қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Ӯ ва бародарашро мӯхлат бидеҳ ва ҷамъкунандагонро дар шаҳрҳо бифирист
Surah Ash-Shuara, Verse 36


يَأۡتُوكَ بِكُلِّ سَحَّارٍ عَلِيمٖ

то ҳар ҷодугари моҳир ва доноеро, ки ҳаст, назди ту биёранд»
Surah Ash-Shuara, Verse 37


فَجُمِعَ ٱلسَّحَرَةُ لِمِيقَٰتِ يَوۡمٖ مَّعۡلُومٖ

Пас ҷодугаронро дар рӯзи муайяне ба ваъдагоҳ оварданд
Surah Ash-Shuara, Verse 38


وَقِيلَ لِلنَّاسِ هَلۡ أَنتُم مُّجۡتَمِعُونَ

Ва ба мардум гуфта шуд: «Оё шумо низ ҷамъ мешавед
Surah Ash-Shuara, Verse 39


لَعَلَّنَا نَتَّبِعُ ٱلسَّحَرَةَ إِن كَانُواْ هُمُ ٱلۡغَٰلِبِينَ

Агар ҷодугарон ғолиб шаванд, бувад, ки пайравии онҳо кунем ва дар динамон устувор истем!»
Surah Ash-Shuara, Verse 40


فَلَمَّا جَآءَ ٱلسَّحَرَةُ قَالُواْ لِفِرۡعَوۡنَ أَئِنَّ لَنَا لَأَجۡرًا إِن كُنَّا نَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبِينَ

Чун ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Оё агар мо бар Мӯсо пирӯз шавем, барои мо музде ҳаст?»
Surah Ash-Shuara, Verse 41


قَالَ نَعَمۡ وَإِنَّكُمۡ إِذٗا لَّمِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ

Фиръавн гуфт: «Оре, ба дурустӣ, ки шумо ҳама аз наздикони ман хоҳед буд»
Surah Ash-Shuara, Verse 42


قَالَ لَهُم مُّوسَىٰٓ أَلۡقُواْ مَآ أَنتُم مُّلۡقُونَ

Мӯсо барои ботил сохтани ҷодуи онҳо ба онҳо гуфт: «Ҳар чи мехоҳед, аз ҷодуи худ бияфканед!»
Surah Ash-Shuara, Verse 43


فَأَلۡقَوۡاْ حِبَالَهُمۡ وَعِصِيَّهُمۡ وَقَالُواْ بِعِزَّةِ فِرۡعَوۡنَ إِنَّا لَنَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبُونَ

Онон ресмонҳову асоҳои худ бияфканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн, ки мо албатта, ғолибем!»
Surah Ash-Shuara, Verse 44


فَأَلۡقَىٰ مُوسَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ تَلۡقَفُ مَا يَأۡفِكُونَ

Пас, Мӯсо асояшро афканд. Ногоҳ ба сурати аждаҳое гашт ва ҳамаи он дурӯғҳоеро, ки сохта буданд, фурӯ бурд
Surah Ash-Shuara, Verse 45


فَأُلۡقِيَ ٱلسَّحَرَةُ سَٰجِدِينَ

Ҷодугарон ҳақро дида ва донистанд, ки ин аз амалиёти ҷодугарон нест, пас саҷдакунон ба замин афтоданд
Surah Ash-Shuara, Verse 46


قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем
Surah Ash-Shuara, Verse 47


رَبِّ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ

Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун!»
Surah Ash-Shuara, Verse 48


قَالَ ءَامَنتُمۡ لَهُۥ قَبۡلَ أَنۡ ءَاذَنَ لَكُمۡۖ إِنَّهُۥ لَكَبِيرُكُمُ ٱلَّذِي عَلَّمَكُمُ ٱلسِّحۡرَ فَلَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَۚ لَأُقَطِّعَنَّ أَيۡدِيَكُمۡ وَأَرۡجُلَكُم مِّنۡ خِلَٰفٖ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمۡ أَجۡمَعِينَ

Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он ки шуморо рухсат диҳам, ба Мӯсо имон овардед? Албатта, ин мард (яъне, Мӯсо) бузурги шумост, ки шуморо ҷоду омӯхтааст. Ҳатман азоби маро хоҳед дид. Акнун дастҳову пойҳоятонро аз чапу рост хоҳам бурид ва албатта, ҳамаатонро бар дор хоҳам кард!»
Surah Ash-Shuara, Verse 49


قَالُواْ لَا ضَيۡرَۖ إِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا مُنقَلِبُونَ

Ҷодугарон ба Фиръавн гуфтанд: «Аз он чи ки моро метарсонӣ боке нест, ба дурустӣ, ки мо назди Парвардигорамон бозмегардем
Surah Ash-Shuara, Verse 50


إِنَّا نَطۡمَعُ أَن يَغۡفِرَ لَنَا رَبُّنَا خَطَٰيَٰنَآ أَن كُنَّآ أَوَّلَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Мо умед дорем, ки Парвардигорамон хатоҳои моро аз куфру ҷодугарӣ бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки имон овардем»
Surah Ash-Shuara, Verse 51


۞وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنۡ أَسۡرِ بِعِبَادِيٓ إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ

Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки ҳангоми шаб бандагони Маро аз Миср берун бибар, ба дурустӣ, ки аз паи шумо биёянд
Surah Ash-Shuara, Verse 52


فَأَرۡسَلَ فِرۡعَوۡنُ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ

Пас, Фиръавн аз берун рафтани онҳо огоҳ гардида гирдоварандагони сипоҳро ба шаҳрҳо фиристод
Surah Ash-Shuara, Verse 53


إِنَّ هَـٰٓؤُلَآءِ لَشِرۡذِمَةٞ قَلِيلُونَ

Ва гуфт: ҳароина, ки инҳо (банӣ Исроил) гурӯҳе андак ва ночиз ҳастанд
Surah Ash-Shuara, Verse 54


وَإِنَّهُمۡ لَنَا لَغَآئِظُونَ

ва инҳо моро ба таҳқиқ, ба хашм овардаанд
Surah Ash-Shuara, Verse 55


وَإِنَّا لَجَمِيعٌ حَٰذِرُونَ

ҳароина, ҳамаи мо бояд аз онҳо барҳазар бошем, зеро душмани мо ҳастанд
Surah Ash-Shuara, Verse 56


فَأَخۡرَجۡنَٰهُم مِّن جَنَّـٰتٖ وَعُيُونٖ

Пас, онҳо (Фиръавн ва қавмаш)-ро аз боғҳову чашмасорҳои Миср берун кардем
Surah Ash-Shuara, Verse 57


وَكُنُوزٖ وَمَقَامٖ كَرِيمٖ

ва низ аз ганҷҳову хонаҳои некӯ ва қасрҳои бузург берун рондем
Surah Ash-Shuara, Verse 58


كَذَٰلِكَۖ وَأَوۡرَثۡنَٰهَا بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ

Оре, инчунин кардем ва банӣ Исроилро вориси онҳо сохтем
Surah Ash-Shuara, Verse 59


فَأَتۡبَعُوهُم مُّشۡرِقِينَ

Фиръавниён ба ҳангоми баромадани офтоб аз паи онҳо рафтанд
Surah Ash-Shuara, Verse 60


فَلَمَّا تَرَـٰٓءَا ٱلۡجَمۡعَانِ قَالَ أَصۡحَٰبُ مُوسَىٰٓ إِنَّا لَمُدۡرَكُونَ

Чун он ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «Ҳароина, мо дар чанголи фиръавниён гирифтор шудем!»
Surah Ash-Shuara, Verse 61


قَالَ كَلَّآۖ إِنَّ مَعِيَ رَبِّي سَيَهۡدِينِ

Мӯсо барояшон гуфт: «Ҳаргиз, чунин нест, он чи ки шумо мегӯед Парвардигори ман ҳароина, бо ман аст ва маро роҳнамоӣ хоҳад кард»
Surah Ash-Shuara, Verse 62


فَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنِ ٱضۡرِب بِّعَصَاكَ ٱلۡبَحۡرَۖ فَٱنفَلَقَ فَكَانَ كُلُّ فِرۡقٖ كَٱلطَّوۡدِ ٱلۡعَظِيمِ

Пас, ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асоятро ба баҳр бизан. Баҳр аз ҳам бишикофт ва ба адади қабилаҳои банӣ Исроил дувоздаҳ роҳ дар он боз шуд ва ҳар бахше монанди кӯҳи бузурге буд
Surah Ash-Shuara, Verse 63


وَأَزۡلَفۡنَا ثَمَّ ٱلۡأٓخَرِينَ

Ва он гурӯҳи дигар (яъне, Фиръавн ва қавмаш)-ро низ ба баҳр расонидем
Surah Ash-Shuara, Verse 64


وَأَنجَيۡنَا مُوسَىٰ وَمَن مَّعَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ

Мӯсо ва ҳамаи ҳамроҳонашро наҷот додем
Surah Ash-Shuara, Verse 65


ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ

Сипас он дигар (яъне, Фиръавн ва қавмаш)-ро ғарқ сохтем
Surah Ash-Shuara, Verse 66


إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ

Албатта, дар ин ҳодисаи ғарқ шудани Фиръавн ва қавмаш ибратест, вале аксарашон аз пайравони Фиръавн имон наоварданд
Surah Ash-Shuara, Verse 67


وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

Ҳароина, Парвардигори ту пирӯзманду бахшанда аст
Surah Ash-Shuara, Verse 68


وَٱتۡلُ عَلَيۡهِمۡ نَبَأَ إِبۡرَٰهِيمَ

Ва эй Расул, достони Иброҳимро барояшон (барои кофирон) тиловат кун
Surah Ash-Shuara, Verse 69


إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦ مَا تَعۡبُدُونَ

Он гоҳ ки ба падару қавми худ гуфт: «Чӣ чизро мепарастед?»
Surah Ash-Shuara, Verse 70


قَالُواْ نَعۡبُدُ أَصۡنَامٗا فَنَظَلُّ لَهَا عَٰكِفِينَ

Гуфтанд: «Бутонеро мепарастем, пас ҳамеша бар ибодаташон қоим ҳастем»
Surah Ash-Shuara, Verse 71


قَالَ هَلۡ يَسۡمَعُونَكُمۡ إِذۡ تَدۡعُونَ

Иброҳим гуфт: «Оё вақте онҳоро ба кӯмак мехонед, садоятонро мешунаванд
Surah Ash-Shuara, Verse 72


أَوۡ يَنفَعُونَكُمۡ أَوۡ يَضُرُّونَ

Ё барои шумо фоидае медиҳанд, агар парастиши онҳо кардед, ё зиёне мерасонанд, агар тарки парастиши онҳо кардед?»
Surah Ash-Shuara, Verse 73


قَالُواْ بَلۡ وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا كَذَٰلِكَ يَفۡعَلُونَ

Гуфтанд: «На, балки падаронамонро дидаем, ки чунин мекардаанд»
Surah Ash-Shuara, Verse 74


قَالَ أَفَرَءَيۡتُم مَّا كُنتُمۡ تَعۡبُدُونَ

Иброҳим гуфт: «Оё медонед, ки чӣ мепарастидаед
Surah Ash-Shuara, Verse 75


أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُمُ ٱلۡأَقۡدَمُونَ

шумо ва ниёгонатон
Surah Ash-Shuara, Verse 76


فَإِنَّهُمۡ عَدُوّٞ لِّيٓ إِلَّا رَبَّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Пас, ба дурустӣ, ки ҳамаи онҳо душманони мананд, вале Парвардигори ҷаҳониён дӯсти ман аст
Surah Ash-Shuara, Verse 77


ٱلَّذِي خَلَقَنِي فَهُوَ يَهۡدِينِ

Ҳамон касе, ки маро биёфарид, сипас Ӯ роҳнамоиям мекунад
Surah Ash-Shuara, Verse 78


وَٱلَّذِي هُوَ يُطۡعِمُنِي وَيَسۡقِينِ

ва ҳамон касе, ки ба ман таом медиҳад ва маро сероб месозад
Surah Ash-Shuara, Verse 79


وَإِذَا مَرِضۡتُ فَهُوَ يَشۡفِينِ

ва чун бемор шавам, пас Ӯ маро шифо медиҳад
Surah Ash-Shuara, Verse 80


وَٱلَّذِي يُمِيتُنِي ثُمَّ يُحۡيِينِ

ва касе, ки маро мемиронад, сипас зинда мекунад
Surah Ash-Shuara, Verse 81


وَٱلَّذِيٓ أَطۡمَعُ أَن يَغۡفِرَ لِي خَطِيٓـَٔتِي يَوۡمَ ٱلدِّينِ

ва касе, ки умед медорам, ки дар рӯзи қиёмат хатоямро бибахшояд
Surah Ash-Shuara, Verse 82


رَبِّ هَبۡ لِي حُكۡمٗا وَأَلۡحِقۡنِي بِٱلصَّـٰلِحِينَ

Эй Парвардигори ман, маро ҳикмат бахш ва маро ба зумраи шоистагон дар ҷаннат бипайванд
Surah Ash-Shuara, Verse 83


وَٱجۡعَل لِّي لِسَانَ صِدۡقٖ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ

Ва то рӯзи қиёмат барои ман дар миёни ояндагон овозаи нек ва зикри хайр қарор бидеҳ
Surah Ash-Shuara, Verse 84


وَٱجۡعَلۡنِي مِن وَرَثَةِ جَنَّةِ ٱلنَّعِيمِ

Ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат қарор деҳ
Surah Ash-Shuara, Verse 85


وَٱغۡفِرۡ لِأَبِيٓ إِنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ

Ва падарамро биёмурз, ки ҳамоно ӯ аз гумроҳон аст
Surah Ash-Shuara, Verse 86


وَلَا تُخۡزِنِي يَوۡمَ يُبۡعَثُونَ

Ва дар рӯзи қиёмат, ки мардум аз қабрҳояшон барои ҳисобу ҷазо бармехезанд, маро расво масоз
Surah Ash-Shuara, Verse 87


يَوۡمَ لَا يَنفَعُ مَالٞ وَلَا بَنُونَ

рӯзе, ки на мол фоида медиҳад ва на фарзандон
Surah Ash-Shuara, Verse 88


إِلَّا مَنۡ أَتَى ٱللَّهَ بِقَلۡبٖ سَلِيمٖ

магар он кас, ки бо қалби салим (холӣ аз ширк, куфр ва нифоқ) ба назди Аллоҳ биёяд
Surah Ash-Shuara, Verse 89


وَأُزۡلِفَتِ ٱلۡجَنَّةُ لِلۡمُتَّقِينَ

Ва биҳиштҳоро барои парҳезгорон наздик оранд
Surah Ash-Shuara, Verse 90


وَبُرِّزَتِ ٱلۡجَحِيمُ لِلۡغَاوِينَ

Ва ҷаҳаннамро дар назари кофирон ошкор кунанд
Surah Ash-Shuara, Verse 91


وَقِيلَ لَهُمۡ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡ تَعۡبُدُونَ

Ба онҳо сарзаниш карда гӯянд: «Чизҳое, ки аз ғайри Аллоҳ мепарастидед, куҷоянд
Surah Ash-Shuara, Verse 92


مِن دُونِ ٱللَّهِ هَلۡ يَنصُرُونَكُمۡ أَوۡ يَنتَصِرُونَ

Маъбудҳое, ғайр аз Аллоҳ ёриатон мекунанд дар баробари азоби Аллоҳ ё худ ёрӣ меҷӯянд?»
Surah Ash-Shuara, Verse 93


فَكُبۡكِبُواْ فِيهَا هُمۡ وَٱلۡغَاوُۥنَ

Пас, онҳо (бутҳо) ва кофиронро сарнагун дар ҷаҳаннам андозанд
Surah Ash-Shuara, Verse 94


وَجُنُودُ إِبۡلِيسَ أَجۡمَعُونَ

Ва низ андохта шавад ҳамаи лашкари Иблисро, ки барои мардум амали бадро зинат медоданд
Surah Ash-Shuara, Verse 95


قَالُواْ وَهُمۡ فِيهَا يَخۡتَصِمُونَ

Онон дар дӯзах бо касоне, ки онҳоро ба залолат бурда буданд, ба кашмакаш мепардозанд ва мегӯянд
Surah Ash-Shuara, Verse 96


تَٱللَّهِ إِن كُنَّا لَفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ

«Ба Аллоҳ савганд, ки мо дар гумроҳии ошкор будем
Surah Ash-Shuara, Verse 97


إِذۡ نُسَوِّيكُم بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

он гоҳ ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем
Surah Ash-Shuara, Verse 98


وَمَآ أَضَلَّنَآ إِلَّا ٱلۡمُجۡرِمُونَ

Ва ба ҷуз ин бадкорон касе моро гумроҳ накард
Surah Ash-Shuara, Verse 99


فَمَا لَنَا مِن شَٰفِعِينَ

Пас, акнун моро ҳеҷ шафоаткунандае нест
Surah Ash-Shuara, Verse 100


وَلَا صَدِيقٍ حَمِيمٖ

ва моро дӯсти меҳрубоне нест
Surah Ash-Shuara, Verse 101


فَلَوۡ أَنَّ لَنَا كَرَّةٗ فَنَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Кош бори дигар ба дунё бозгардем, то аз мӯъминон гардем»
Surah Ash-Shuara, Verse 102


إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ

Ба таҳқиқ, дар ин (қиссаи Иброҳим) ибратест ва аксари онҳо бо шунидани ин қисса ҳам имон наёварданд
Surah Ash-Shuara, Verse 103


وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст
Surah Ash-Shuara, Verse 104


كَذَّبَتۡ قَوۡمُ نُوحٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Қавми Нӯҳ ҳамаи паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд
Surah Ash-Shuara, Verse 105


إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ نُوحٌ أَلَا تَتَّقُونَ

Он гоҳ ки бародарашон Нӯҳ ба онҳо гуфт: «Магар парҳезгорӣ намекунед, (яъне, наметарсед)
Surah Ash-Shuara, Verse 106


إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ

Ба таҳқиқ, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам
Surah Ash-Shuara, Verse 107


فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

Аз Аллоҳ битарсед дар он чи шуморо ба он фармон медиҳад ва ё аз он наҳӣ мекунад ва аз ман итоат кунед
Surah Ash-Shuara, Verse 108


وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ман аз шумо дар муқобили даъвати худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст
Surah Ash-Shuara, Verse 109


فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

Пас, аз Аллоҳ битарсед ва маро бо ба ҷо овардани фармудаҳояш ва бо парҳез кардан аз манъкардашудаҳояш итоат кунед!»
Surah Ash-Shuara, Verse 110


۞قَالُوٓاْ أَنُؤۡمِنُ لَكَ وَٱتَّبَعَكَ ٱلۡأَرۡذَلُونَ

Гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем ва ҳол он ки бенавоён (бечизу бемақом) пайрави ту ҳастанд?»
Surah Ash-Shuara, Verse 111


قَالَ وَمَا عِلۡمِي بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Нӯҳ гуфт: «Ман чи медонам онҳо чи кор кардаанд, вале вазифадор ҳастам, ки онҳоро ба сӯи имон даъват намоям.»
Surah Ash-Shuara, Verse 112


إِنۡ حِسَابُهُمۡ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّيۖ لَوۡ تَشۡعُرُونَ

Агар бидонед, ҳисобашон ба ҷуз бар Парвардигори ман бар касе нест
Surah Ash-Shuara, Verse 113


وَمَآ أَنَا۠ بِطَارِدِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Ва ман ҳаргиз мӯъминонро ба даъвати худ дур нахоҳам кард
Surah Ash-Shuara, Verse 114


إِنۡ أَنَا۠ إِلَّا نَذِيرٞ مُّبِينٞ

Ман ба ҷуз бимдиҳандаи ошкоро каси дигар нестам
Surah Ash-Shuara, Verse 115


قَالُواْ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ يَٰنُوحُ لَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمَرۡجُومِينَ

Гуфтанд: «Эй Нӯҳ, агар аз даъвати худ бас накунӣ, албатта, сангсор мешавӣ»
Surah Ash-Shuara, Verse 116


قَالَ رَبِّ إِنَّ قَوۡمِي كَذَّبُونِ

Нӯҳ дуо карда гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман маро дурӯғгӯ мебароранд
Surah Ash-Shuara, Verse 117


فَٱفۡتَحۡ بَيۡنِي وَبَيۡنَهُمۡ فَتۡحٗا وَنَجِّنِي وَمَن مَّعِيَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Пас, миёни ману миёни онҳо (қатъӣ) ҳукм кун; ва марову ононро аз мӯъминон, ки ҳамроҳи мананд, наҷот деҳ!»
Surah Ash-Shuara, Verse 118


فَأَنجَيۡنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ فِي ٱلۡفُلۡكِ ٱلۡمَشۡحُونِ

Пас, ӯ ва ҳамроҳонашро дар он киштии пуркардашуда аз тамоми навъи махлуқот наҷот додем
Surah Ash-Shuara, Verse 119


ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا بَعۡدُ ٱلۡبَاقِينَ

Ба боқимондаи ононро, ки имон наоварданд, ғарқ кардем
Surah Ash-Shuara, Verse 120


إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ

Албатта, дар ин нишонаи равшанест ва бештари онҳо бинобар шунидани ин қисса мӯъмин набуданд
Surah Ash-Shuara, Verse 121


وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

Албатта, Парвардигори ту пирӯзманд аст аз интиқом гирифтани кофирон ва меҳрубон аст бо бандагони мӯъминонаш
Surah Ash-Shuara, Verse 122


كَذَّبَتۡ عَادٌ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Қавми Од низ паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд
Surah Ash-Shuara, Verse 123


إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ هُودٌ أَلَا تَتَّقُونَ

Он гоҳ ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё аз Аллоҳ наметарсед ва ибодати ғайри Ӯро тарк намекунед
Surah Ash-Shuara, Verse 124


إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ

Ҳароина, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам ва шумо инро медонед
Surah Ash-Shuara, Verse 125


فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

Аз Аллоҳ битарсед ва он чиро ки аз назди Аллоҳ овардаам, итоат кунед
Surah Ash-Shuara, Verse 126


وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ман аз шумо барои таблиғи рисолат ҳеҷ музде талаб намекунам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст
Surah Ash-Shuara, Verse 127


أَتَبۡنُونَ بِكُلِّ رِيعٍ ءَايَةٗ تَعۡبَثُونَ

Оё бар сари ҳар баландӣ ба беҳудагӣ нишонае аз рӯи ҳавову ҳавас месозед
Surah Ash-Shuara, Verse 128


وَتَتَّخِذُونَ مَصَانِعَ لَعَلَّكُمۡ تَخۡلُدُونَ

Ва қасрҳои маҳкам ва устувор бино мекунед, гӯё ки дар дунё ҷовидон мемонед
Surah Ash-Shuara, Verse 129


وَإِذَا بَطَشۡتُم بَطَشۡتُمۡ جَبَّارِينَ

Ва чун интиқом гиред, ба монанди золимон бераҳмона интиқом мегиред
Surah Ash-Shuara, Verse 130


فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

Пас, аз Аллоҳ битарсед ва ба он чи ки ман шуморо даъват менамоям итоат кунед
Surah Ash-Shuara, Verse 131


وَٱتَّقُواْ ٱلَّذِيٓ أَمَدَّكُم بِمَا تَعۡلَمُونَ

Ва битарсед аз он Аллоҳе, ки он чиро, ки медонед, ба шумо ато кардааст
Surah Ash-Shuara, Verse 132


أَمَدَّكُم بِأَنۡعَٰمٖ وَبَنِينَ

Ва ба шумо чорпоёну фарзандон арзонӣ доштааст
Surah Ash-Shuara, Verse 133


وَجَنَّـٰتٖ وَعُيُونٍ

ва низ боғҳову чашмасорон арзонӣ доштааст
Surah Ash-Shuara, Verse 134


إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٖ

(Ҳуд алайҳиссалом гуфт:) Ман аз азоби рӯзи бузург бар шумо метарсам, ки ба сабаби имон наоварданатон бар шумо азоб фуруд ояд
Surah Ash-Shuara, Verse 135


قَالُواْ سَوَآءٌ عَلَيۡنَآ أَوَعَظۡتَ أَمۡ لَمۡ تَكُن مِّنَ ٱلۡوَٰعِظِينَ

Гуфтанд: «Барои мо яксон аст, ки моро панд диҳӣ ё панд надиҳӣ, ҳаргиз имон намеорем
Surah Ash-Shuara, Verse 136


إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا خُلُقُ ٱلۡأَوَّلِينَ

Гуфтанд: Инҳо ҷуз ҳамон дурӯғу найранги пешиниён чизи дигаре нест
Surah Ash-Shuara, Verse 137


وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ

Ва мо ҳаргиз азоб нахоҳем шуд»
Surah Ash-Shuara, Verse 138


فَكَذَّبُوهُ فَأَهۡلَكۡنَٰهُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ

Пас, ӯро дурӯғгӯ бароварданд ва бар куфрашон давомат карданд, пас Мо ононро ҳалок кардем. Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд
Surah Ash-Shuara, Verse 139


وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

Ҳароина, Парвардигори ту пирӯзманд аст ба нобуд сохтани кофирон ва меҳрубон аст ба мӯъминон
Surah Ash-Shuara, Verse 140


كَذَّبَتۡ ثَمُودُ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Қавми Самуд паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд
Surah Ash-Shuara, Verse 141


إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ صَٰلِحٌ أَلَا تَتَّقُونَ

Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед ва танҳо Ӯро парастиш намекунед
Surah Ash-Shuara, Verse 142


إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ

Ҳароина, ман дар таблиғи рисолати Аллоҳ барои шумо паёмбари амин ҳастам
Surah Ash-Shuara, Verse 143


فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

Аз иқоби Аллоҳ битарсед ва он чиро ки ман ба шумо овардаам итоат кунед
Surah Ash-Shuara, Verse 144


وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ман аз шумо барои таблиғи рисолат музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст
Surah Ash-Shuara, Verse 145


أَتُتۡرَكُونَ فِي مَا هَٰهُنَآ ءَامِنِينَ

Оё мепиндоред, ки шумо дар ин неъматҳои ин ҷо эмин гузошта хоҳед шуд
Surah Ash-Shuara, Verse 146


فِي جَنَّـٰتٖ وَعُيُونٖ

Дар ин боғҳову чашмасорҳо
Surah Ash-Shuara, Verse 147


وَزُرُوعٖ وَنَخۡلٖ طَلۡعُهَا هَضِيمٞ

Ва дар ин киштзорҳову хурмозорҳо бо он шукуфаҳои нарму латиф
Surah Ash-Shuara, Verse 148


وَتَنۡحِتُونَ مِنَ ٱلۡجِبَالِ بُيُوتٗا فَٰرِهِينَ

Ва сармастии шумо ба ҳадде расидааст, ки моҳирона дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед
Surah Ash-Shuara, Verse 149


فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

Пас, аз азоби Аллоҳ битарсед ва ба насиҳати ман итоат кунед
Surah Ash-Shuara, Verse 150


وَلَا تُطِيعُوٓاْ أَمۡرَ ٱلۡمُسۡرِفِينَ

Ва фармони ин исрофкоронро мапазиред
Surah Ash-Shuara, Verse 151


ٱلَّذِينَ يُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا يُصۡلِحُونَ

Онҳоеро, ки дар замин ба ҷои ислоҳ фасод мекунанд
Surah Ash-Shuara, Verse 152


قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ

Самудиён ба паёмбарашон Солеҳ гуфтанд: «Ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд
Surah Ash-Shuara, Verse 153


مَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُنَا فَأۡتِ بِـَٔايَةٍ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّـٰدِقِينَ

Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ. Агар рост мегӯӣ, нишонае биёвар»
Surah Ash-Shuara, Verse 154


قَالَ هَٰذِهِۦ نَاقَةٞ لَّهَا شِرۡبٞ وَلَكُمۡ شِرۡبُ يَوۡمٖ مَّعۡلُومٖ

Солеҳ гуфт: «Ин модашутуре аст, ки як навбат об хӯрдан барои вай аст ва навбати рӯзи муайян барои шумо
Surah Ash-Shuara, Verse 155


وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءٖ فَيَأۡخُذَكُمۡ عَذَابُ يَوۡمٍ عَظِيمٖ

Ба он камтарин озоре нарасонед, ки азоби рӯзи бузург ба саратон меояд»
Surah Ash-Shuara, Verse 156


فَعَقَرُوهَا فَأَصۡبَحُواْ نَٰدِمِينَ

Пас, онро куштанд ва пушаймон шуданд, вале пушаймонӣ барояшон фоиде набахшид
Surah Ash-Shuara, Verse 157


فَأَخَذَهُمُ ٱلۡعَذَابُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ

Пас, азоби Аллоҳ онҳоро фурӯ гирифт. Албатта, дар ин ҳалок шудани Самудиён ибратест ва бисёрии онҳо имон наёварданд
Surah Ash-Shuara, Verse 158


وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

Ва албатта, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар душманонаш ва меҳрубон аст ба ононе, ки имон оварданд
Surah Ash-Shuara, Verse 159


كَذَّبَتۡ قَوۡمُ لُوطٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Қавми Лут низ паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд
Surah Ash-Shuara, Verse 160


إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ لُوطٌ أَلَا تَتَّقُونَ

Он гоҳ бародарашон Лут ба онҳо гуфт: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед
Surah Ash-Shuara, Verse 161


إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ

Ҳароина, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам
Surah Ash-Shuara, Verse 162


فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

Аз имон наоварданатон аз Аллоҳ битарсед ва ба он чизе, ки шуморо даъват мекунам, маро итоат кунед
Surah Ash-Shuara, Verse 163


وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ман аз шумо дар баробари таблиғи рисолати Аллоҳ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст
Surah Ash-Shuara, Verse 164


أَتَأۡتُونَ ٱلذُّكۡرَانَ مِنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Оё ба қасди қазои шаҳват аз миёни аҳли олам ба сӯи мардон меравед
Surah Ash-Shuara, Verse 165


وَتَذَرُونَ مَا خَلَقَ لَكُمۡ رَبُّكُم مِّنۡ أَزۡوَٰجِكُمۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٌ عَادُونَ

Вале ҳамсаронеро, ки Парвардигоратон барои шумо ҳалолу покиза офаридааст, тарк мекунед? Балки, шумо мардуми таҷовузкор ҳастед!»
Surah Ash-Shuara, Verse 166


قَالُواْ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ يَٰلُوطُ لَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُخۡرَجِينَ

Қавми Лут гуфтанд: «Эй Лут, агар бас накунӣ, ҳатман, аз шаҳр берунат мекунем»
Surah Ash-Shuara, Verse 167


قَالَ إِنِّي لِعَمَلِكُم مِّنَ ٱلۡقَالِينَ

Лут барояшон гуфт: «Ба дурустӣ, ки ман душмани ашадии амали шумо ҳастам.»
Surah Ash-Shuara, Verse 168


رَبِّ نَجِّنِي وَأَهۡلِي مِمَّا يَعۡمَلُونَ

Баъд аз он Лут дуо карда гуфт: Эй Парвардигори ман, маро ва аҳламро аз оқибати амале, ки мекунанд, наҷот бидеҳ!»
Surah Ash-Shuara, Verse 169


فَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ

Пас, ӯ ва ҳамаи аҳлашро наҷот додем
Surah Ash-Shuara, Verse 170


إِلَّا عَجُوزٗا فِي ٱلۡغَٰبِرِينَ

ғайри пиразане, ки хост бимонад
Surah Ash-Shuara, Verse 171


ثُمَّ دَمَّرۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ

Сипас дигаронро, ки аз аҳли куффор буданд ба сахттарин азоб ҳалок кардем
Surah Ash-Shuara, Verse 172


وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِم مَّطَرٗاۖ فَسَآءَ مَطَرُ ٱلۡمُنذَرِينَ

Бар онҳо бороне аз санг боронидем ва чӣ бад буд борони бимдодашудагон
Surah Ash-Shuara, Verse 173


إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ

Ҳароина, дар ин азоби фурудомада бар қави Лут ибратест ва аксари онҳо имон наёварданд
Surah Ash-Shuara, Verse 174


وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

Ва ҳароина, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар кофирон ва меҳрубон аст ба мӯьминон
Surah Ash-Shuara, Verse 175


كَذَّبَ أَصۡحَٰبُ لۡـَٔيۡكَةِ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Мардуми Айка (қавми Шуъайб) паёмбарони Аллоҳро дурӯғгӯ бароварданд
Surah Ash-Shuara, Verse 176


إِذۡ قَالَ لَهُمۡ شُعَيۡبٌ أَلَا تَتَّقُونَ

Он гоҳ ки Шуъайб ба онҳо гуфт: «Оё бар ширк ва маъсият оварданатон аз иқоби Аллоҳ наметарсед
Surah Ash-Shuara, Verse 177


إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ

Ҳароина, ман барои ҳидояти шумо паёмбари амин ҳастам
Surah Ash-Shuara, Verse 178


فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

Аз Аллоҳ битарсед ва ба он чи ки ман шуморо даъват менамоям, маро итоат кунед
Surah Ash-Shuara, Verse 179


وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ман аз шумо барои таблиғи рисолати Аллоҳ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст
Surah Ash-Shuara, Verse 180


۞أَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُخۡسِرِينَ

Шуъайб барояшон гуфт: Паймонаро тамом бипардозед ва аз зумраи зиёндиҳандагон мабошед
Surah Ash-Shuara, Verse 181


وَزِنُواْ بِٱلۡقِسۡطَاسِ ٱلۡمُسۡتَقِيمِ

Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед
Surah Ash-Shuara, Verse 182


وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ

Ба мардум ашёашонро кам мадиҳед ва дар замин ба фасод макӯшед
Surah Ash-Shuara, Verse 183


وَٱتَّقُواْ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ وَٱلۡجِبِلَّةَ ٱلۡأَوَّلِينَ

Аз он Кас, ки шумо ва халоиқи пеш аз шуморо офаридааст, битарсед»
Surah Ash-Shuara, Verse 184


قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ

Гуфтанд: Эй Шуъайб ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд
Surah Ash-Shuara, Verse 185


وَمَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُنَا وَإِن نَّظُنُّكَ لَمِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ

Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ ва мепиндорем, ки ҳамоно ту дурӯғ мегӯӣ
Surah Ash-Shuara, Verse 186


فَأَسۡقِطۡ عَلَيۡنَا كِسَفٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّـٰدِقِينَ

Агар рост мегӯӣ, пас Аллоҳатро дуъо кун, ки пораи азобе аз осмон бар сари мо афтад, то нобуд созад моро
Surah Ash-Shuara, Verse 187


قَالَ رَبِّيٓ أَعۡلَمُ بِمَا تَعۡمَلُونَ

Шуъайб гуфт: «Парвардигори ман ба ҳар коре, ки мекунед, донотар аст»
Surah Ash-Shuara, Verse 188


فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمۡ عَذَابُ يَوۡمِ ٱلظُّلَّةِۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٍ

Пас ӯро дурӯғгӯ бароварданд ва бар куфрашон давомат карданд ва гармии сахт онҳоро фаро гирифт ва зери сояи абр қарор гирифтанд ва дар он рӯзи абрнок азоб ононро фурӯ гирифт. Ҳамоно он, азоби рӯзи бузург буд
Surah Ash-Shuara, Verse 189


إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ

Албатта, дар ин азобе, ки бар онҳо фуруд омад ибратест ва аксари онҳо имон наёварданд
Surah Ash-Shuara, Verse 190


وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

Албатта, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар душманонаш ва меҳрубон аст, ба бандагони яктопарасташ
Surah Ash-Shuara, Verse 191


وَإِنَّهُۥ لَتَنزِيلُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ва ҳароина, ин китоб нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст
Surah Ash-Shuara, Verse 192


نَزَلَ بِهِ ٱلرُّوحُ ٱلۡأَمِينُ

Онро Рӯҳуламин нозил кардааст
Surah Ash-Shuara, Verse 193


عَلَىٰ قَلۡبِكَ لِتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُنذِرِينَ

Бар дили ту эй Муҳаммад, то аз бимдиҳандагон бошӣ ва ба василаи он мардумро ҳидоят намоӣ
Surah Ash-Shuara, Verse 194


بِلِسَانٍ عَرَبِيّٖ مُّبِينٖ

ба забони арабии равшан, ки беҳтарини забонҳост
Surah Ash-Shuara, Verse 195


وَإِنَّهُۥ لَفِي زُبُرِ ٱلۡأَوَّلِينَ

Ва ҳароина, зикри Қуръон дар китобҳои паёмбарони пешиниён низ ҳаст
Surah Ash-Shuara, Verse 196


أَوَلَمۡ يَكُن لَّهُمۡ ءَايَةً أَن يَعۡلَمَهُۥ عُلَمَـٰٓؤُاْ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ

Оё ин нишона бар онҳо басанда нест, ки ту эй Муҳаммад паёмбари барҳаққӣ, ҳол он ки уламои банӣ Исроил аз он огоҳанд
Surah Ash-Shuara, Verse 197


وَلَوۡ نَزَّلۡنَٰهُ عَلَىٰ بَعۡضِ ٱلۡأَعۡجَمِينَ

Ва агар он Қуръонро бар яке аз аҷамиён (ғайри арабҳо) нозил карда будем
Surah Ash-Shuara, Verse 198


فَقَرَأَهُۥ عَلَيۡهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ مُؤۡمِنِينَ

ва барояшон онро мехонд, ба он имон намеоварданд
Surah Ash-Shuara, Verse 199


كَذَٰلِكَ سَلَكۡنَٰهُ فِي قُلُوبِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ

Ба ин сон инкор кардани Қуръонро дар дилҳои гунаҳгрон роҳ додем
Surah Ash-Shuara, Verse 200


لَا يُؤۡمِنُونَ بِهِۦ حَتَّىٰ يَرَوُاْ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَلِيمَ

Ба хотири зулмашон ба он имон намеоваранд, то азоби дарднокро бо чашми худ бингаранд
Surah Ash-Shuara, Verse 201


فَيَأۡتِيَهُم بَغۡتَةٗ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

Ва дар дунё он азоб ногаҳон ва бехабар бар онон фуруд меояд
Surah Ash-Shuara, Verse 202


فَيَقُولُواْ هَلۡ نَحۡنُ مُنظَرُونَ

Пас, азобро мушоҳида карда мегӯянд: «Оё ба мо мӯҳлате дода хоҳад шуд?»
Surah Ash-Shuara, Verse 203


أَفَبِعَذَابِنَا يَسۡتَعۡجِلُونَ

Оё онҳоро мӯҳлат додани Ман мағрур кардааст, ки барои фуруд омадани азоби Мо мешитобанд
Surah Ash-Shuara, Verse 204


أَفَرَءَيۡتَ إِن مَّتَّعۡنَٰهُمۡ سِنِينَ

Магар намедонӣ, ки солҳо баҳрамандашон созем
Surah Ash-Shuara, Verse 205


ثُمَّ جَآءَهُم مَّا كَانُواْ يُوعَدُونَ

сипас азобе, ки ба онҳо ваъда дода мешавад, бар сари онҳо биёяд
Surah Ash-Shuara, Verse 206


مَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يُمَتَّعُونَ

Вақте ки аз шарик оварданашон тавба накарданд он баҳрамандиҳояшон дар ҳаёти дунё фоидае барои онҳо нахоҳад дошт
Surah Ash-Shuara, Verse 207


وَمَآ أَهۡلَكۡنَا مِن قَرۡيَةٍ إِلَّا لَهَا مُنذِرُونَ

Ва Мо аҳли ҳеҷ шаҳреро ҳалок накардаем, магар ки барояшон бимдиҳандагоне буданд
Surah Ash-Shuara, Verse 208


ذِكۡرَىٰ وَمَا كُنَّا ظَٰلِمِينَ

то пандашон диҳанд ва мардумро аз кори бад нигоҳ доранд. Ва Мо ситамкор набудем, ки онҳоро пеш аз бим додан нобуд созем
Surah Ash-Shuara, Verse 209


وَمَا تَنَزَّلَتۡ بِهِ ٱلشَّيَٰطِينُ

Ва ин Қуръонро шайтонҳо бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил накардаанд, чунон ки кофирон гумон мебаранд
Surah Ash-Shuara, Verse 210


وَمَا يَنۢبَغِي لَهُمۡ وَمَا يَسۡتَطِيعُونَ

Онон на лоиқи ин коранд ва на тавоноии он доранд
Surah Ash-Shuara, Verse 211


إِنَّهُمۡ عَنِ ٱلسَّمۡعِ لَمَعۡزُولُونَ

Ҳароина, шайтонҳоро аз шунидани ваҳй дур доштаанд
Surah Ash-Shuara, Verse 212


فَلَا تَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُعَذَّبِينَ

Пас, ба Аллоҳи якто маъбуди дигареро махон, то мабодо дар шумори азобшавандагон дароӣ
Surah Ash-Shuara, Verse 213


وَأَنذِرۡ عَشِيرَتَكَ ٱلۡأَقۡرَبِينَ

Эй Паёмбар, хешовандони наздикатро битарсон, то ба сабаби куфрашон азоб бар онҳо фуруд наояд
Surah Ash-Shuara, Verse 214


وَٱخۡفِضۡ جَنَاحَكَ لِمَنِ ٱتَّبَعَكَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Дар баробари ҳар як аз мӯъминон, ки аз ту пайравӣ мекунад, хоксор бош
Surah Ash-Shuara, Verse 215


فَإِنۡ عَصَوۡكَ فَقُلۡ إِنِّي بَرِيٓءٞ مِّمَّا تَعۡمَلُونَ

Ва агар бар ту нофармонӣ карданд, бигӯ: «Ҳароина, ман аз корҳои ширки шумо безорам!»
Surah Ash-Shuara, Verse 216


وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱلۡعَزِيزِ ٱلرَّحِيمِ

Ва бар Аллоҳи пирӯзманду меҳрубон таваккал кун
Surah Ash-Shuara, Verse 217


ٱلَّذِي يَرَىٰكَ حِينَ تَقُومُ

Ҳамоно касе, ки туро ба ҳангоме ки барои ибодат дар торикии шаб бармехезӣ мебинад
Surah Ash-Shuara, Verse 218


وَتَقَلُّبَكَ فِي ٱلسَّـٰجِدِينَ

ва нишастану бархостани туро дар миёни саҷдакунандагон мебинад
Surah Ash-Shuara, Verse 219


إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ

Албатта, Ӯ шунаво аст ба тиловати ту ва доно аст, ба нияту амали ту
Surah Ash-Shuara, Verse 220


هَلۡ أُنَبِّئُكُمۡ عَلَىٰ مَن تَنَزَّلُ ٱلشَّيَٰطِينُ

Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд
Surah Ash-Shuara, Verse 221


تَنَزَّلُ عَلَىٰ كُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٖ

Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд
Surah Ash-Shuara, Verse 222


يُلۡقُونَ ٱلسَّمۡعَ وَأَكۡثَرُهُمۡ كَٰذِبُونَ

ва шунидаҳои худро, ки аз осмон дуздиданд ба дуругӯён мепартоянд ва аксари онҳо дурӯғгӯёнанд
Surah Ash-Shuara, Verse 223


وَٱلشُّعَرَآءُ يَتَّبِعُهُمُ ٱلۡغَاوُۥنَ

Ва шоирон касоне ҳастанд, ки гумроҳон аз паи онҳо мераванд
Surah Ash-Shuara, Verse 224


أَلَمۡ تَرَ أَنَّهُمۡ فِي كُلِّ وَادٖ يَهِيمُونَ

Оё гумроҳии онҳоро надидаӣ, ки шоирон дар ҳар водие (аз водиҳои шеър) саргардонанд
Surah Ash-Shuara, Verse 225


وَأَنَّهُمۡ يَقُولُونَ مَا لَا يَفۡعَلُونَ

Ва сифати шоирон ин аст, ки чизҳое мегӯянд, ки худ амал намекунанд
Surah Ash-Shuara, Verse 226


إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ وَذَكَرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرٗا وَٱنتَصَرُواْ مِنۢ بَعۡدِ مَا ظُلِمُواْۗ وَسَيَعۡلَمُ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ أَيَّ مُنقَلَبٖ يَنقَلِبُونَ

Магар он шоироне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Аллоҳро бисёр ёд карданд ва дар васфи ягонагии Аллоҳ ва дифоъ аз паёмбари Аллоҳ шеърҳо гуфтанд, ки мардумро ба ёди Аллоҳ меандозад ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, бо василаи шеъри худ аз мушрикону кофирон интиқом гирифтанд. Ва ситамгорон ба зудӣ хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд
Surah Ash-Shuara, Verse 227


Author: Khoja Mirov


<< Surah 25
>> Surah 27

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai