Surah Al-Furqan - Tajik Translation by Khoja Mirov
تَبَارَكَ ٱلَّذِي نَزَّلَ ٱلۡفُرۡقَانَ عَلَىٰ عَبۡدِهِۦ لِيَكُونَ لِلۡعَٰلَمِينَ نَذِيرًا
Бисёр бузургу боазамат аст, он ки ин Фурқон (Қуръон, яъне ҷудосозандаи ҳақ аз ботил)-ро бар бандаи Худ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил кард, то ҷаҳониёнро ба воситаи он аз азоби Аллоҳ бимдиҳандае бошад
Surah Al-Furqan, Verse 1
ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَمۡ يَتَّخِذۡ وَلَدٗا وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ شَرِيكٞ فِي ٱلۡمُلۡكِ وَخَلَقَ كُلَّ شَيۡءٖ فَقَدَّرَهُۥ تَقۡدِيرٗا
Он Зоте, ки аз они Ӯст фармонравоии осмонҳову замин ва фарзанде барои Худ нагирифтааст ва Ӯро шарике дар фармонравоӣ нест ва ҳар чизро биёфаридааст, пас онро ба андозаи муайян офаридааст
Surah Al-Furqan, Verse 2
وَٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةٗ لَّا يَخۡلُقُونَ شَيۡـٔٗا وَهُمۡ يُخۡلَقُونَ وَلَا يَمۡلِكُونَ لِأَنفُسِهِمۡ ضَرّٗا وَلَا نَفۡعٗا وَلَا يَمۡلِكُونَ مَوۡتٗا وَلَا حَيَوٰةٗ وَلَا نُشُورٗا
Ва гирифтанд мушрикон ба ҷуз Аллоҳ маъбудоне (бутҳое)-ро, ки ҳеҷ чиз намеофаринанд ва худ махлуқанд. На молики зиён ва на молики суди худ ҳастанд ва на молики маргу зиндагӣ ҳастанд ва наметавонанд аз нав зинда намуданро
Surah Al-Furqan, Verse 3
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّآ إِفۡكٌ ٱفۡتَرَىٰهُ وَأَعَانَهُۥ عَلَيۡهِ قَوۡمٌ ءَاخَرُونَۖ فَقَدۡ جَآءُو ظُلۡمٗا وَزُورٗا
Ва кофирон гуфтанд: Нест ин Қуръон ҷуз дурӯғе, (ки Муҳаммад) аз пеши худ бофтааст ва мардуме дигар ӯро бар он ёрӣ додаанд. Ба дурустӣ ситам ва дурӯғ ба миён оварданд
Surah Al-Furqan, Verse 4
وَقَالُوٓاْ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٱكۡتَتَبَهَا فَهِيَ تُمۡلَىٰ عَلَيۡهِ بُكۡرَةٗ وَأَصِيلٗا
Ва гуфтанд: «Ин Қуръон афсонаҳои пешиниён аст, ки ҳар субҳу шом бар ӯ имло мешавад ва ӯ менависадаш»
Surah Al-Furqan, Verse 5
قُلۡ أَنزَلَهُ ٱلَّذِي يَعۡلَمُ ٱلسِّرَّ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ إِنَّهُۥ كَانَ غَفُورٗا رَّحِيمٗا
Эй Паёмбар, ба кофирон бигӯ: «Ин Қуръонро Зоте нозил кардааст, ки ниҳони осмонҳову заминро медонад. Ҳароина, ӯ омурзандааст барои касе аз гуноҳони худ тавба кардааст ва меҳрубон аст зуд онҳоро ба азоб намегирад!»
Surah Al-Furqan, Verse 6
وَقَالُواْ مَالِ هَٰذَا ٱلرَّسُولِ يَأۡكُلُ ٱلطَّعَامَ وَيَمۡشِي فِي ٱلۡأَسۡوَاقِ لَوۡلَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِ مَلَكٞ فَيَكُونَ مَعَهُۥ نَذِيرًا
Гуфтанд (кофирон): «Чист ин паёмбарро, ки ғизо мехӯрад ва дар бозорҳо роҳ меравад? Чаро Аллоҳ фариштае ба сӯи ӯ намефиристонад, то гувоҳӣ диҳад ба ростиаш ва бошад ҳамроҳи ӯ тарсонанда
Surah Al-Furqan, Verse 7
أَوۡ يُلۡقَىٰٓ إِلَيۡهِ كَنزٌ أَوۡ تَكُونُ لَهُۥ جَنَّةٞ يَأۡكُلُ مِنۡهَاۚ وَقَالَ ٱلظَّـٰلِمُونَ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلٗا مَّسۡحُورًا
Ё ин ки чаро аз осмон ганҷе барояш фуруд оварда нашавад? Чаро ӯро боғе нест, ки аз он бихӯрад?» Ва ситамкорон гуфтанд: «Шумо фақат аз марди ҷодушудае пайравӣ мекунед!»
Surah Al-Furqan, Verse 8
ٱنظُرۡ كَيۡفَ ضَرَبُواْ لَكَ ٱلۡأَمۡثَٰلَ فَضَلُّواْ فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ سَبِيلٗا
Бингар эй Паёмбар, ки чӣ гуна бароят достонҳову масалаҳо меоваранд. Пас гумроҳ шудаанд аз роҳи ҳақ. Пас ҳеҷ роҳеро ба сӯи ҳақ намеёбанд, то он чиро дар шаъни ту нисбат додаанд аз дурӯғҳояшон рост бароранд
Surah Al-Furqan, Verse 9
تَبَارَكَ ٱلَّذِيٓ إِن شَآءَ جَعَلَ لَكَ خَيۡرٗا مِّن ذَٰلِكَ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ وَيَجۡعَل لَّكَ قُصُورَۢا
Аллоҳ бартару бузургвор аст, агар хоҳад, беҳтар аз он чи ба ту таманно карданд медиҳад, боғҳое, ки дар онҳо ҷӯйҳо ҷорӣ бошад ва бароят қасрҳо падид оварад
Surah Al-Furqan, Verse 10
بَلۡ كَذَّبُواْ بِٱلسَّاعَةِۖ وَأَعۡتَدۡنَا لِمَن كَذَّبَ بِٱلسَّاعَةِ سَعِيرًا
Балки инҳо қиёматро дурӯғ ҳисобанд. Ва барои касоне, ки қиёматро дурӯғ ҳисобанд, оташи сӯзон омода кардаем
Surah Al-Furqan, Verse 11
إِذَا رَأَتۡهُم مِّن مَّكَانِۭ بَعِيدٖ سَمِعُواْ لَهَا تَغَيُّظٗا وَزَفِيرٗا
Чун бубинад дӯзах онҳоеро, ки қиёматро дурӯғ бароварданд, аз масофаи дур ҷӯшу хурӯшашро бишнаванд
Surah Al-Furqan, Verse 12
وَإِذَآ أُلۡقُواْ مِنۡهَا مَكَانٗا ضَيِّقٗا مُّقَرَّنِينَ دَعَوۡاْ هُنَالِكَ ثُبُورٗا
Ва чун дастҳо бар гардан баста дар тангҷои дӯзах партофта шаванд, дуои бад кунанд худро дӯзахиҳо
Surah Al-Furqan, Verse 13
لَّا تَدۡعُواْ ٱلۡيَوۡمَ ثُبُورٗا وَٰحِدٗا وَٱدۡعُواْ ثُبُورٗا كَثِيرٗا
Ба онон гуфта шавад: Имрӯз на як бор марги хеш хоҳед, балки марги хеш борҳо хоҳед
Surah Al-Furqan, Verse 14
قُلۡ أَذَٰلِكَ خَيۡرٌ أَمۡ جَنَّةُ ٱلۡخُلۡدِ ٱلَّتِي وُعِدَ ٱلۡمُتَّقُونَۚ كَانَتۡ لَهُمۡ جَزَآءٗ وَمَصِيرٗا
Бигӯ (эй Паёмбар): «Оё ин дӯзах беҳтар аст ё он биҳишти ҷовидон, ки ба парҳезгорон ваъда шудааст, ки подошу саранҷоми онон хоҳад буд?»
Surah Al-Furqan, Verse 15
لَّهُمۡ فِيهَا مَا يَشَآءُونَ خَٰلِدِينَۚ كَانَ عَلَىٰ رَبِّكَ وَعۡدٗا مَّسۡـُٔولٗا
Барои ҷаннатиҳост дар ҷаннат омода он чи мехоҳанд ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ин ваъдаест, ки анҷом додани он ба зиммаи Парвардигори туст
Surah Al-Furqan, Verse 16
وَيَوۡمَ يَحۡشُرُهُمۡ وَمَا يَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ فَيَقُولُ ءَأَنتُمۡ أَضۡلَلۡتُمۡ عِبَادِي هَـٰٓؤُلَآءِ أَمۡ هُمۡ ضَلُّواْ ٱلسَّبِيلَ
Рӯзе, ки мушриконро бо чизҳое, ки ғайри Аллоҳи якто мепарастиданд, ба маҳшар гирд оварад ва сипас аз бутҳо пурсад: «Оё шумо ин бандагони Маро гумроҳ мекардед ё онҳо худ роҳро гум карда буданд?»
Surah Al-Furqan, Verse 17
قَالُواْ سُبۡحَٰنَكَ مَا كَانَ يَنۢبَغِي لَنَآ أَن نَّتَّخِذَ مِن دُونِكَ مِنۡ أَوۡلِيَآءَ وَلَٰكِن مَّتَّعۡتَهُمۡ وَءَابَآءَهُمۡ حَتَّىٰ نَسُواْ ٱلذِّكۡرَ وَكَانُواْ قَوۡمَۢا بُورٗا
Дар ҷавоб мегӯянд: «Ту муназзаҳӣ ва пок, моро насазад, ки ба ғайр аз ту дӯстоне бигирем, балки онон ва падаронашонро баҳраманд сохтӣ, то онҷо, ки ёди Туро фаромӯш карданд ва мардумони ҳалокшуда буданд.»
Surah Al-Furqan, Verse 18
فَقَدۡ كَذَّبُوكُم بِمَا تَقُولُونَ فَمَا تَسۡتَطِيعُونَ صَرۡفٗا وَلَا نَصۡرٗاۚ وَمَن يَظۡلِم مِّنكُمۡ نُذِقۡهُ عَذَابٗا كَبِيرٗا
Ба кофирон гуфта мешавад: Ҳамоно дурӯғгӯ ҳисобиданд шуморо ин бутон дар он чи мегуфтед. Пас наметавонед бартараф кардан аз худ азобро ва на ёрӣ додан якдигарро. Ҳар ки зулм (ширк) оварда бошад аз шумо, бичашонемаш азоби бузургро
Surah Al-Furqan, Verse 19
وَمَآ أَرۡسَلۡنَا قَبۡلَكَ مِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ إِلَّآ إِنَّهُمۡ لَيَأۡكُلُونَ ٱلطَّعَامَ وَيَمۡشُونَ فِي ٱلۡأَسۡوَاقِۗ وَجَعَلۡنَا بَعۡضَكُمۡ لِبَعۡضٖ فِتۡنَةً أَتَصۡبِرُونَۗ وَكَانَ رَبُّكَ بَصِيرٗا
Ва Мо пеш аз ту паёмбароне нафиристодаем, магар ин ки таом мехӯрданд ва дар бозорҳо роҳ мерафтанд. Ва шуморо василаи озмоиши якдигар қарор додем. Оё сабр тавонед кард? Ва Парвардигори ту ҳамеша биност
Surah Al-Furqan, Verse 20
۞وَقَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَرۡجُونَ لِقَآءَنَا لَوۡلَآ أُنزِلَ عَلَيۡنَا ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ أَوۡ نَرَىٰ رَبَّنَاۗ لَقَدِ ٱسۡتَكۡبَرُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ وَعَتَوۡ عُتُوّٗا كَبِيرٗا
Касоне, ки ба дидори Мо умед надоранд, гуфтанд: «Чаро фариштагон бар мо нозил намешаванд, то хабар диҳанд ба мо, ки Муҳаммад паёмбари бар ҳақ аст? Ё чаро Парвардигори худро аёну ошкоро намебинем?» Ба ростӣ, ки худро бузург шумурданд ва саркашӣ карданд дар пешниҳодҳои худ, саркашии бузурге
Surah Al-Furqan, Verse 21
يَوۡمَ يَرَوۡنَ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةَ لَا بُشۡرَىٰ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُجۡرِمِينَ وَيَقُولُونَ حِجۡرٗا مَّحۡجُورٗا
Рӯзе, ки фариштагонро бубинанд, дар он рӯз гунаҳкоронро ҳеҷ муждае надиҳанд ва ба онҳо гӯянд: «Мужда (ҷаннат) бар шумо ҳаром аст!»
Surah Al-Furqan, Verse 22
وَقَدِمۡنَآ إِلَىٰ مَا عَمِلُواْ مِنۡ عَمَلٖ فَجَعَلۡنَٰهُ هَبَآءٗ مَّنثُورًا
Ва ба аъмоле, ки дар дунё кардаанд, пардозем ва ҳамаро чун зарраҳои хок (ғубор) барбод диҳем
Surah Al-Furqan, Verse 23
أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِ يَوۡمَئِذٍ خَيۡرٞ مُّسۡتَقَرّٗا وَأَحۡسَنُ مَقِيلٗا
Ахли биҳишт дар ин рӯз дар беҳтарин ҷойгоҳ ва беҳтарин макон барои оромиш ҳастанд
Surah Al-Furqan, Verse 24
وَيَوۡمَ تَشَقَّقُ ٱلسَّمَآءُ بِٱلۡغَمَٰمِ وَنُزِّلَ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ تَنزِيلًا
Ба ёд овар эй Паёмбар, рӯзеро, ки осмон ба василаи абрҳо пора-пора гардад ва фариштагон бар замин фиристода шаванд
Surah Al-Furqan, Verse 25
ٱلۡمُلۡكُ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡحَقُّ لِلرَّحۡمَٰنِۚ وَكَانَ يَوۡمًا عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ عَسِيرٗا
Фармонравоӣ дар он рӯз, ба ростӣ, аз они Аллоҳи меҳрубон аст. Ва барои кофирон рӯзи душворе хоҳад буд
Surah Al-Furqan, Verse 26
وَيَوۡمَ يَعَضُّ ٱلظَّالِمُ عَلَىٰ يَدَيۡهِ يَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي ٱتَّخَذۡتُ مَعَ ٱلرَّسُولِ سَبِيلٗا
Рӯзе, ки кофир дастони худро ба дандон газад ва гӯяд: «Эй кош, роҳеро, ки расул дар пеш гирифта буд, дар пеш тирифта будам
Surah Al-Furqan, Verse 27
يَٰوَيۡلَتَىٰ لَيۡتَنِي لَمۡ أَتَّخِذۡ فُلَانًا خَلِيلٗا
Вой бар ман, кош фалонро дӯст намегирифтам
Surah Al-Furqan, Verse 28
لَّقَدۡ أَضَلَّنِي عَنِ ٱلذِّكۡرِ بَعۡدَ إِذۡ جَآءَنِيۗ وَكَانَ ٱلشَّيۡطَٰنُ لِلۡإِنسَٰنِ خَذُولٗا
Ба ростӣ, маро аз Қуръон, пеш аз он ки Қуръон барои ман нозил шуда буд, аз пайравиаш бозмедошт. Ва ин шайтон ҳамеша одамиро танҳо хору залил мегузорад
Surah Al-Furqan, Verse 29
وَقَالَ ٱلرَّسُولُ يَٰرَبِّ إِنَّ قَوۡمِي ٱتَّخَذُواْ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ مَهۡجُورٗا
Паёмбар аз кирдори қавмаш шикоят карда гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман тарки Қуръон карданд ва дар оёти он на андеша мекунанд ва на ба он амал мекунанд!»
Surah Al-Furqan, Verse 30
وَكَذَٰلِكَ جَعَلۡنَا لِكُلِّ نَبِيٍّ عَدُوّٗا مِّنَ ٱلۡمُجۡرِمِينَۗ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ هَادِيٗا وَنَصِيرٗا
Ҳамчуноне ки барои ту эй Паёмбар, аз гунаҳкорони қавмат душман падид овардем, инчунин ҳар паёмбареро аз миёни кофирон душмане падид овардем. Ва Парвардигори ту барои роҳнамоиву ёрии ту кофист
Surah Al-Furqan, Verse 31
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوۡلَا نُزِّلَ عَلَيۡهِ ٱلۡقُرۡءَانُ جُمۡلَةٗ وَٰحِدَةٗۚ كَذَٰلِكَ لِنُثَبِّتَ بِهِۦ فُؤَادَكَۖ وَرَتَّلۡنَٰهُ تَرۡتِيلٗا
Ва кофирон гуфтанд: «Чаро ин Қуръон мисли Тавроту Инҷил ва Забур якбора бар Муҳаммад нозил намешавад?». Аллоҳ дар ҷавоби онҳо гуфт: Барои он аст, ки дили туро ба он устувор созем ва онро ба оҳистагиву тартиб фурӯ хонем
Surah Al-Furqan, Verse 32
وَلَا يَأۡتُونَكَ بِمَثَلٍ إِلَّا جِئۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ وَأَحۡسَنَ تَفۡسِيرًا
Ҳеҷ масале барои ту наёваранд, магар он, ки посухашро (ҷавобашро) ба ростӣ ва некӯтарин баён биёварем
Surah Al-Furqan, Verse 33
ٱلَّذِينَ يُحۡشَرُونَ عَلَىٰ وُجُوهِهِمۡ إِلَىٰ جَهَنَّمَ أُوْلَـٰٓئِكَ شَرّٞ مَّكَانٗا وَأَضَلُّ سَبِيلٗا
Кофиронро, ки бар рӯй мекашанду дар ҷаҳаннам гирд меоваранд, онҳо ба ҷойгоҳ бадтару ба роҳи ҳақ гумгаштатаранд
Surah Al-Furqan, Verse 34
وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ وَجَعَلۡنَا مَعَهُۥٓ أَخَاهُ هَٰرُونَ وَزِيرٗا
Ҳамоно ба Мӯсо (алайҳиссалом) китоби Таврот додем ва бародараш Ҳорунро мададгораш сохтем
Surah Al-Furqan, Verse 35
فَقُلۡنَا ٱذۡهَبَآ إِلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا فَدَمَّرۡنَٰهُمۡ تَدۡمِيرٗا
Ва гуфтем: «Назди мардуме, ки оёти Моро дурӯғ баровардаанд, биравед». Ва он қавмро ба сахтӣ ҳалок кардем
Surah Al-Furqan, Verse 36
وَقَوۡمَ نُوحٖ لَّمَّا كَذَّبُواْ ٱلرُّسُلَ أَغۡرَقۡنَٰهُمۡ وَجَعَلۡنَٰهُمۡ لِلنَّاسِ ءَايَةٗۖ وَأَعۡتَدۡنَا لِلظَّـٰلِمِينَ عَذَابًا أَلِيمٗا
Қавми Нӯҳро, чун паёмбаронро дурӯғгӯ шумурдаанд, ғарқ кардем ва онҳоро барои мардум ибрате сохтем. Ва барои ситамгорон азобе дардовар омода кардем
Surah Al-Furqan, Verse 37
وَعَادٗا وَثَمُودَاْ وَأَصۡحَٰبَ ٱلرَّسِّ وَقُرُونَۢا بَيۡنَ ذَٰلِكَ كَثِيرٗا
Ва қабилаи Од ва Самуд ва асҳоби Расс ва наслҳои бисёреро, ки миёни онҳо буданд, низ ҳалок кардем
Surah Al-Furqan, Verse 38
وَكُلّٗا ضَرَبۡنَا لَهُ ٱلۡأَمۡثَٰلَۖ وَكُلّٗا تَبَّرۡنَا تَتۡبِيرٗا
Ва барои ҳамаи қавмҳо мисолҳое овардем бо ин ҳам имон наоварданд ва ҳамаро несту нобуд сохтем
Surah Al-Furqan, Verse 39
وَلَقَدۡ أَتَوۡاْ عَلَى ٱلۡقَرۡيَةِ ٱلَّتِيٓ أُمۡطِرَتۡ مَطَرَ ٱلسَّوۡءِۚ أَفَلَمۡ يَكُونُواْ يَرَوۡنَهَاۚ بَلۡ كَانُواْ لَا يَرۡجُونَ نُشُورٗا
Ҳамоно расиданд мушрикони Макка ба деҳае, ки борони санг борида буд дар он. Оё надиданд ин деҳаро, то ибрат бигиранд? (Не), балки умеди аз нав зинда шуданро надоштанд
Surah Al-Furqan, Verse 40
وَإِذَا رَأَوۡكَ إِن يَتَّخِذُونَكَ إِلَّا هُزُوًا أَهَٰذَا ٱلَّذِي بَعَثَ ٱللَّهُ رَسُولًا
Чун туро диданд, эй Расул, масхараат карданд, ки оё ин аст он паёмбаре, ки Аллоҳ бар мо фиристодааст
Surah Al-Furqan, Verse 41
إِن كَادَ لَيُضِلُّنَا عَنۡ ءَالِهَتِنَا لَوۡلَآ أَن صَبَرۡنَا عَلَيۡهَاۚ وَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ حِينَ يَرَوۡنَ ٱلۡعَذَابَ مَنۡ أَضَلُّ سَبِيلًا
Қариб буд, ки гумроҳ кунад моро аз парастиши маъбудони мо (яъне, бутҳо) агар сабру тоқат намекардем. Чун азобро бубинанд, хоҳанд донист чӣ касе гумроҳтар будааст
Surah Al-Furqan, Verse 42
أَرَءَيۡتَ مَنِ ٱتَّخَذَ إِلَٰهَهُۥ هَوَىٰهُ أَفَأَنتَ تَكُونُ عَلَيۡهِ وَكِيلًا
Бингар эй Расул, оё он касро, ки ҳавои нафсро маъбуди худ гирифта буд, дидӣ? Оё ту зомини имоноварии ӯ ҳастӣ
Surah Al-Furqan, Verse 43
أَمۡ تَحۡسَبُ أَنَّ أَكۡثَرَهُمۡ يَسۡمَعُونَ أَوۡ يَعۡقِلُونَۚ إِنۡ هُمۡ إِلَّا كَٱلۡأَنۡعَٰمِ بَلۡ هُمۡ أَضَلُّ سَبِيلًا
Ё гумон кардаӣ, ки бештаринашон мешунаванду мефаҳманд оятҳои Аллоҳро? Инҳо чун чорпоёне беш нестанд дар фаҳму тадаббури оятҳои Қуръон, балки аз чорпоён ҳам гумроҳтаранд
Surah Al-Furqan, Verse 44
أَلَمۡ تَرَ إِلَىٰ رَبِّكَ كَيۡفَ مَدَّ ٱلظِّلَّ وَلَوۡ شَآءَ لَجَعَلَهُۥ سَاكِنٗا ثُمَّ جَعَلۡنَا ٱلشَّمۡسَ عَلَيۡهِ دَلِيلٗا
Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту чӣ гуна сояро мекашад? Агар мехост, дар як ҷо сокинаш мегардонд. Он гоҳ офтобро бар ӯ далел гардонидем
Surah Al-Furqan, Verse 45
ثُمَّ قَبَضۡنَٰهُ إِلَيۡنَا قَبۡضٗا يَسِيرٗا
Боз ҷамъ карда гирифтем сояро оҳиста-оҳиста ба сӯи худ
Surah Al-Furqan, Verse 46
وَهُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلَّيۡلَ لِبَاسٗا وَٱلنَّوۡمَ سُبَاتٗا وَجَعَلَ ٱلنَّهَارَ نُشُورٗا
Ӯст Зоте, ки шабро барои шумо либос (пӯшише) қарор дод ва хобро роҳате ва рӯзро барои шумо вақти бархостанатон аз хоб сохт, то ризқу рӯзии худро ҷустуҷӯ намоед
Surah Al-Furqan, Verse 47
وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَرۡسَلَ ٱلرِّيَٰحَ بُشۡرَۢا بَيۡنَ يَدَيۡ رَحۡمَتِهِۦۚ وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ طَهُورٗا
Ва Ӯст, ки фиристод бодҳоеро, ки абрҳоро мебаранд ва мардумро бо борон мужда медиҳанд, ин раҳматест аз ҷониби Парвардигор Ва аз осмон оби поке нозил кардем
Surah Al-Furqan, Verse 48
لِّنُحۡـِۧيَ بِهِۦ بَلۡدَةٗ مَّيۡتٗا وَنُسۡقِيَهُۥ مِمَّا خَلَقۡنَآ أَنۡعَٰمٗا وَأَنَاسِيَّ كَثِيرٗا
то сарзамини мурдаро ба он борон зиндагӣ бахшем ва то бинӯшонем аз он чи офаридем чорпоёну мардумони бисёреро
Surah Al-Furqan, Verse 49
وَلَقَدۡ صَرَّفۡنَٰهُ بَيۡنَهُمۡ لِيَذَّكَّرُواْ فَأَبَىٰٓ أَكۡثَرُ ٱلنَّاسِ إِلَّا كُفُورٗا
Ҳамоно боронҳои бисёре бар замин нозил кардем, то бияндешанд неъмати Аллоҳро ва сипосгузорӣ кунанд. Вале бештари мардум ба неъматҳои Мо носипосӣ карданд
Surah Al-Furqan, Verse 50
وَلَوۡ شِئۡنَا لَبَعَثۡنَا فِي كُلِّ قَرۡيَةٖ نَّذِيرٗا
Агар мехостем, ба ҳар шаҳре бимдиҳандае мефиристодем, то мардумро ба сӯи Аллоҳ даъват намоянд ва онҳоро аз азоби охират бим кунанд. Лекин Мо туро эй Паёмбар, барои ҷаҳониён мабъус гардондем ва фармудем, ки ин Қуръонро барояшон бирасонӣ
Surah Al-Furqan, Verse 51
فَلَا تُطِعِ ٱلۡكَٰفِرِينَ وَجَٰهِدۡهُم بِهِۦ جِهَادٗا كَبِيرٗا
Пас, кофиронро итоат макун ва ба ин Қуръон бо онҳо ҷиҳод кун, ҷиҳоди бузург
Surah Al-Furqan, Verse 52
۞وَهُوَ ٱلَّذِي مَرَجَ ٱلۡبَحۡرَيۡنِ هَٰذَا عَذۡبٞ فُرَاتٞ وَهَٰذَا مِلۡحٌ أُجَاجٞ وَجَعَلَ بَيۡنَهُمَا بَرۡزَخٗا وَحِجۡرٗا مَّحۡجُورٗا
Ӯст, ки ду дарёро ба ҳам биёмехт, яке ширину гуворо ва дигаре шӯру бадмазза. Ва миёни он ду монеае ва садде устувор қарор дод, то боякдигар омехта нашаванд
Surah Al-Furqan, Verse 53
وَهُوَ ٱلَّذِي خَلَقَ مِنَ ٱلۡمَآءِ بَشَرٗا فَجَعَلَهُۥ نَسَبٗا وَصِهۡرٗاۗ وَكَانَ رَبُّكَ قَدِيرٗا
Ӯст, ки офарид аз оби нутфа инсонро ва сохт ӯро соҳиби наслу насаб ва соҳиби қаробати домодӣ ва Парвардигори ту ба ин корҳо тавоност
Surah Al-Furqan, Verse 54
وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَنفَعُهُمۡ وَلَا يَضُرُّهُمۡۗ وَكَانَ ٱلۡكَافِرُ عَلَىٰ رَبِّهِۦ ظَهِيرٗا
Ва парастиш мекунанд кофирон ба ҷуз Аллоҳ чизеро, ки нафъу зарар нарасонад ба онҳо ва кофир бар мухолифати Парвардигори худ ба сабаби ширк оварданаш ва нофармонбардорӣ карданаш ёрдамдиҳандаи шайтон аст
Surah Al-Furqan, Verse 55
وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا مُبَشِّرٗا وَنَذِيرٗا
Ва нафиристодем туро эй Паёмбар, магар муждадиҳанда мӯъминонро ба ҷаннат ва тарсонанда кофиронро аз азоби дӯзах
Surah Al-Furqan, Verse 56
قُلۡ مَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍ إِلَّا مَن شَآءَ أَن يَتَّخِذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ سَبِيلٗا
Бигӯ: Ман аз шумо ҳеҷ музде наметалабам барои таблиғи рисолат, магар ин ки ҳар кӣ хоҳад, ба сӯи Парвардигораш роҳе ҳақ бигирад ва дар роҳи ризояти Ӯ нафақа кунад. Ман шуморо бар ин маҷбур карданй нестам, ҳамоно ихтиёр барои худи шумост
Surah Al-Furqan, Verse 57
وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱلۡحَيِّ ٱلَّذِي لَا يَمُوتُ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِهِۦۚ وَكَفَىٰ بِهِۦ بِذُنُوبِ عِبَادِهِۦ خَبِيرًا
Ва таввакал кун бар Аллоҳе, ки ҳамеша зинда аст Ӯ, ҳаргиз намирад ва ба покӣ ёд кун Ӯро. Ва Аллоҳ басандааст ба эътибори огоҳ будан ба гуноҳони бандагони худ. Ва ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида намемонад ва ҳар якеро бар он ҳисоб мекунад ва ҷазои муносиб медиҳад
Surah Al-Furqan, Verse 58
ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ ٱلرَّحۡمَٰنُ فَسۡـَٔلۡ بِهِۦ خَبِيرٗا
Аллоҳ Зотест, ки биёфарид осмонҳо ва заминро ва он чи дар миёни осмону замин аст, дар шаш рӯз, ва бар арши худ истиво ёфт. Ӯст Аллоҳи Меҳрубон ва дар бораи Ӯ (эй Паёмбар) аз касе бипурс, ки огоҳ бошад. (Яъне ба зоти поки Аллоҳ доност худи Ӯ ва медонад сифатҳои бузургии худро ва ҳеҷ касе донотар ба Аллоҳ таоло аз банда ва фиристодаи Ӯ Муҳаммад, -саллаллоҳу алайҳи ва саллам,- нест)
Surah Al-Furqan, Verse 59
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱسۡجُدُواْۤ لِلرَّحۡمَٰنِ قَالُواْ وَمَا ٱلرَّحۡمَٰنُ أَنَسۡجُدُ لِمَا تَأۡمُرُنَا وَزَادَهُمۡ نُفُورٗا۩
Ва чун ба кофирон гуфта шуд, ки Раҳмонро саҷда кунед, гуфтанд: «Раҳмон кист? Оё бар ҳар кас, ки ту фармон медиҳӣ, саҷда кунем?» Ва зиёд кард ин сухан барои кофирон рамидан аз имон ва нафратро
Surah Al-Furqan, Verse 60
تَبَارَكَ ٱلَّذِي جَعَلَ فِي ٱلسَّمَآءِ بُرُوجٗا وَجَعَلَ فِيهَا سِرَٰجٗا وَقَمَرٗا مُّنِيرٗا
Бузургу боазамат аст, он касе, ки дар осмон бурҷҳо биёфарид ва дар он офтоби дурахшон ва моҳи тобон падид овард
Surah Al-Furqan, Verse 61
وَهُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ خِلۡفَةٗ لِّمَنۡ أَرَادَ أَن يَذَّكَّرَ أَوۡ أَرَادَ شُكُورٗا
Ва Ӯст, ки шабу рӯзро барои касоне, ки мехоҳанд ибрат гиранд ё шукргузорӣ кунанд, аз пайи ҳам қарор дод
Surah Al-Furqan, Verse 62
وَعِبَادُ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلَّذِينَ يَمۡشُونَ عَلَى ٱلۡأَرۡضِ هَوۡنٗا وَإِذَا خَاطَبَهُمُ ٱلۡجَٰهِلُونَ قَالُواْ سَلَٰمٗا
Бандагони солеҳи Раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рӯи замин ба фурӯтанӣ (тавозуъ ва хоксорӣ) роҳ мераванд. Ва чун ҷоҳилон ононро бо суханҳои носазое хитоб кунанд, гӯянд (дар ҷавоб): Салом бар шумо. (Яъне дар баробари ҷоҳилон сухани мулоим ва ҳакимона мегӯянд, ки аз озори онҳо ба саломат монанд)
Surah Al-Furqan, Verse 63
وَٱلَّذِينَ يَبِيتُونَ لِرَبِّهِمۡ سُجَّدٗا وَقِيَٰمٗا
Ва онон, ки бисёр вақт шабро дар саҷда ё дар қиём барои Парвардигорашон мегузаронанд
Surah Al-Furqan, Verse 64
وَٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا ٱصۡرِفۡ عَنَّا عَذَابَ جَهَنَّمَۖ إِنَّ عَذَابَهَا كَانَ غَرَامًا
Ва онон, ки (дар дуъояшон) мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, азоби ҷаҳаннамро аз мо бигардон, зеро азоби ҷаҳаннам азобест доим
Surah Al-Furqan, Verse 65
إِنَّهَا سَآءَتۡ مُسۡتَقَرّٗا وَمُقَامٗا
Ҳамоно ҷаҳаннам бад қароргоҳу бад маконест»
Surah Al-Furqan, Verse 66
وَٱلَّذِينَ إِذَآ أَنفَقُواْ لَمۡ يُسۡرِفُواْ وَلَمۡ يَقۡتُرُواْ وَكَانَ بَيۡنَ ذَٰلِكَ قَوَامٗا
Ва онон, ки чун нафақау эҳсон мекунанд, исроф намекунанд ва хасисӣ намеварзанд, балки эҳсонашон миёни исроф ва хасисӣ бошад муътадил
Surah Al-Furqan, Verse 67
وَٱلَّذِينَ لَا يَدۡعُونَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ وَلَا يَقۡتُلُونَ ٱلنَّفۡسَ ٱلَّتِي حَرَّمَ ٱللَّهُ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَلَا يَزۡنُونَۚ وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ يَلۡقَ أَثَامٗا
Ва онон, ки бо Аллоҳи якто маъбуди дигаре намепарастанд ва намекушанд касеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром карда, магар баҳаққи шаръӣ ва зино намекунанд. Ва ҳар кӣ ин корҳо кунад, уқубати гуноҳи худро мебинад
Surah Al-Furqan, Verse 68
يُضَٰعَفۡ لَهُ ٱلۡعَذَابُ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَيَخۡلُدۡ فِيهِۦ مُهَانًا
Азобаш дар рӯзи қиёмат музоъаф (дучандон) мешавад ва то абад ба хорӣ дар он азоб хоҳад буд
Surah Al-Furqan, Verse 69
إِلَّا مَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ عَمَلٗا صَٰلِحٗا فَأُوْلَـٰٓئِكَ يُبَدِّلُ ٱللَّهُ سَيِّـَٔاتِهِمۡ حَسَنَٰتٖۗ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورٗا رَّحِيمٗا
ғайри он касоне, ки сидқан тавба кунанд ва имон оваранд ва корҳои шоиста кунанд. Аллоҳ гуноҳонашонро ба некиҳо иваз мекунад ва Аллоҳ барои касе, ки тавба кунад омурзанда аст ва ба бандагонаш меҳрубон аст
Surah Al-Furqan, Verse 70
وَمَن تَابَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا فَإِنَّهُۥ يَتُوبُ إِلَى ٱللَّهِ مَتَابٗا
Ва ҳар кӣ аз гуноҳони хеш тавба кунад ва кори шоиста кунад, ҳамоно вай аз сидқи дил ба сӯи Аллоҳ тавба мекунад, пас Аллоҳ тавбаашро қабул мекунад ва гуноҳонашро ба некиҳо табдил медиҳад
Surah Al-Furqan, Verse 71
وَٱلَّذِينَ لَا يَشۡهَدُونَ ٱلزُّورَ وَإِذَا مَرُّواْ بِٱللَّغۡوِ مَرُّواْ كِرَامٗا
Ва онон, ки ба дурӯғ шаҳодат намедиҳанд ва чун бар нописанде (амал ё сухани ношоиста) бигзаранд, каримона бигзаранд (яъне, аз он рӯйгардон гузаранд)
Surah Al-Furqan, Verse 72
وَٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُواْ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ لَمۡ يَخِرُّواْ عَلَيۡهَا صُمّٗا وَعُمۡيَانٗا
ва онон, ки чун ба оёти Парвардигорашон пандашон диҳанд, дар баробари он чун карону кӯрон набошанд, балки итоаткунон саҷда кунанд
Surah Al-Furqan, Verse 73
وَٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا هَبۡ لَنَا مِنۡ أَزۡوَٰجِنَا وَذُرِّيَّـٰتِنَا قُرَّةَ أَعۡيُنٖ وَٱجۡعَلۡنَا لِلۡمُتَّقِينَ إِمَامًا
ва онон, ки (дуо карда) мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, аз ҳамсарону фарзандонамон дилҳои моро шод дор ва моро пешвои парҳезгорон гардон!»
Surah Al-Furqan, Verse 74
أُوْلَـٰٓئِكَ يُجۡزَوۡنَ ٱلۡغُرۡفَةَ بِمَا صَبَرُواْ وَيُلَقَّوۡنَ فِيهَا تَحِيَّةٗ وَسَلَٰمًا
Ин гӯруҳи сифаткардашудаи дар боло, ки зикр шуданд барояшон мукофот дода мешавад мақоми баландеро дар ҷаннат ба ивази он, ки сабру қаноат карданд ва мешунаванд дар ҷаннат аз ҷониби фариштагон дъои хайру саломро
Surah Al-Furqan, Verse 75
خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ حَسُنَتۡ مُسۡتَقَرّٗا وَمُقَامٗا
Ҷовидона дар он ҷо бошанд. Чӣ некӯ қароргоҳу маконест
Surah Al-Furqan, Verse 76
قُلۡ مَا يَعۡبَؤُاْ بِكُمۡ رَبِّي لَوۡلَا دُعَآؤُكُمۡۖ فَقَدۡ كَذَّبۡتُمۡ فَسَوۡفَ يَكُونُ لِزَامَۢا
Бигӯ: «Агар ибодат ва дуоятон набошад, Парвардигори ман эътиное бар шумо надорад. Аммо шумо (куффор) рисолати осмониро дурӯғ шуморидед. Пас, оқибати он мулозими шумо хоҳад шуд, сазои куфр ва исёни худро хоҳед дид»
Surah Al-Furqan, Verse 77