Surah An-Noor - Tajik Translation by Khoja Mirov
سُورَةٌ أَنزَلۡنَٰهَا وَفَرَضۡنَٰهَا وَأَنزَلۡنَا فِيهَآ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖ لَّعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ
Сураест, ки онро нозил кардаем ва воҷиб сохтаем амал кардан ба аҳкоми онро ва дар он оёти равшане фиристодаем, эй мӯъминон бошад, ки панд гиред
Surah An-Noor, Verse 1
ٱلزَّانِيَةُ وَٱلزَّانِي فَٱجۡلِدُواْ كُلَّ وَٰحِدٖ مِّنۡهُمَا مِاْئَةَ جَلۡدَةٖۖ وَلَا تَأۡخُذۡكُم بِهِمَا رَأۡفَةٞ فِي دِينِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۖ وَلۡيَشۡهَدۡ عَذَابَهُمَا طَآئِفَةٞ مِّنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Ҳар яке аз зану марди зинокорро сад зарба бизанед. Ба агар ба Аллоҳу рӯзи қиёмат имон доред, бояд, ки дар ҳукми Аллоҳ нисбат ба он ду раҳмдил нагардед. Ва бояд ки ба ҳангоми шиканҷа карданашон гурӯҳе аз мӯъминон ҳозир бошанд, то ҳӯшёр шаванд ва панд гиранд
Surah An-Noor, Verse 2
ٱلزَّانِي لَا يَنكِحُ إِلَّا زَانِيَةً أَوۡ مُشۡرِكَةٗ وَٱلزَّانِيَةُ لَا يَنكِحُهَآ إِلَّا زَانٍ أَوۡ مُشۡرِكٞۚ وَحُرِّمَ ذَٰلِكَ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Марди зинокор ҷуз зани зинокор ё мушрикро намегирад ва зани зинокорро ҷуз марди зинокор ё мушрик намегирад. Ва ин бар мӯъминон ҳаром шудааст
Surah An-Noor, Verse 3
وَٱلَّذِينَ يَرۡمُونَ ٱلۡمُحۡصَنَٰتِ ثُمَّ لَمۡ يَأۡتُواْ بِأَرۡبَعَةِ شُهَدَآءَ فَٱجۡلِدُوهُمۡ ثَمَٰنِينَ جَلۡدَةٗ وَلَا تَقۡبَلُواْ لَهُمۡ شَهَٰدَةً أَبَدٗاۚ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ
Касонеро, ки занони покро ба зино мутаҳҳам мекунанд ва чаҳор шоҳид намеоваранд, ҳаштод дарра бизанед ва аз он пас ҳаргиз шаҳодаташонро напазиред, ки мардуми фосиқанд
Surah An-Noor, Verse 4
إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُواْ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ وَأَصۡلَحُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
Ғайри касоне, ки баъд аз он тавба кунанд ва амалашонро ислоҳ намоянд. Зеро Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст
Surah An-Noor, Verse 5
وَٱلَّذِينَ يَرۡمُونَ أَزۡوَٰجَهُمۡ وَلَمۡ يَكُن لَّهُمۡ شُهَدَآءُ إِلَّآ أَنفُسُهُمۡ فَشَهَٰدَةُ أَحَدِهِمۡ أَرۡبَعُ شَهَٰدَٰتِۭ بِٱللَّهِ إِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلصَّـٰدِقِينَ
Ва касоне, ки занони худро ба зино муттаҳам мекунанд ва шоҳиде ҷуз худ надоранд, бояд ки савганд хӯранд ба номи Аллоҳ чаҳор бор, ҳамоно ки ӯ аз росттӯён аст
Surah An-Noor, Verse 6
وَٱلۡخَٰمِسَةُ أَنَّ لَعۡنَتَ ٱللَّهِ عَلَيۡهِ إِن كَانَ مِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ
Ва бори панҷум бигӯяд, ки лаънати Аллоҳ бар ӯ бод, агар аз дурӯғгӯён бошад
Surah An-Noor, Verse 7
وَيَدۡرَؤُاْ عَنۡهَا ٱلۡعَذَابَ أَن تَشۡهَدَ أَرۡبَعَ شَهَٰدَٰتِۭ بِٱللَّهِ إِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ
Ва агар он зан чаҳор бор ба Аллоҳ савганд хӯрад, ки ҳамоно он мард дурӯғ мегӯяд, ҷазо аз ӯ бардошта мешавад
Surah An-Noor, Verse 8
وَٱلۡخَٰمِسَةَ أَنَّ غَضَبَ ٱللَّهِ عَلَيۡهَآ إِن كَانَ مِنَ ٱلصَّـٰدِقِينَ
Ва бори панҷум бигӯяд, ки хашми Аллоҳ бар ӯ (бар зан) бод, агар мард аз ростгӯён бошад
Surah An-Noor, Verse 9
وَلَوۡلَا فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَرَحۡمَتُهُۥ وَأَنَّ ٱللَّهَ تَوَّابٌ حَكِيمٌ
Чӣ мешуд эй мӯъминон, агар фазлу раҳмате, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, намебуд, ҳароина, нобуд мешудед? Ба ҳароина, Аллоҳ тавбапазиру ҳаким аст
Surah An-Noor, Verse 10
إِنَّ ٱلَّذِينَ جَآءُو بِٱلۡإِفۡكِ عُصۡبَةٞ مِّنكُمۡۚ لَا تَحۡسَبُوهُ شَرّٗا لَّكُمۖ بَلۡ هُوَ خَيۡرٞ لَّكُمۡۚ لِكُلِّ ٱمۡرِيٕٖ مِّنۡهُم مَّا ٱكۡتَسَبَ مِنَ ٱلۡإِثۡمِۚ وَٱلَّذِي تَوَلَّىٰ كِبۡرَهُۥ مِنۡهُمۡ لَهُۥ عَذَابٌ عَظِيمٞ
Касоне, ки он дурӯғи бузургро сохтаанд, гурӯҳе аз шумоянд. Мапиндоред, ки шуморо дар он бадие бувад. Балки, хайри шумо дар он бувад. Ҳар марде аз онҳо ба он андозаи гуноҳе, ки кардааст, ба ҷазо расад ва аз миёни онҳо, он ки бештарини ин бӯҳтонро ба ӯҳда дорад, ба азобе бузург гирифтор хоҳад шуд
Surah An-Noor, Verse 11
لَّوۡلَآ إِذۡ سَمِعۡتُمُوهُ ظَنَّ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ بِأَنفُسِهِمۡ خَيۡرٗا وَقَالُواْ هَٰذَآ إِفۡكٞ مُّبِينٞ
Чаро ҳангоме ки он бӯҳтонро шунидед, мардону занони мӯъмин ба худ гумони нек накарданд ва нагуфтанд, ки ин тӯҳмате ошкор аст
Surah An-Noor, Verse 12
لَّوۡلَا جَآءُو عَلَيۡهِ بِأَرۡبَعَةِ شُهَدَآءَۚ فَإِذۡ لَمۡ يَأۡتُواْ بِٱلشُّهَدَآءِ فَأُوْلَـٰٓئِكَ عِندَ ٱللَّهِ هُمُ ٱلۡكَٰذِبُونَ
Чаро чаҳор шоҳид бар даъвои худ наёварданд? Пас, агар шоҳидоне наёвардаанд, дар назди Аллоҳ аз зумраи дурӯггӯёнанд
Surah An-Noor, Verse 13
وَلَوۡلَا فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَرَحۡمَتُهُۥ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ لَمَسَّكُمۡ فِي مَآ أَفَضۡتُمۡ فِيهِ عَذَابٌ عَظِيمٌ
Агар фазлу раҳмати Аллоҳ дар дунёву охират намебуд, ба сазои он суханон, ки мегуфтед, шуморо, ҳатман азоби бузурге дармерасид
Surah An-Noor, Verse 14
إِذۡ تَلَقَّوۡنَهُۥ بِأَلۡسِنَتِكُمۡ وَتَقُولُونَ بِأَفۡوَاهِكُم مَّا لَيۡسَ لَكُم بِهِۦ عِلۡمٞ وَتَحۡسَبُونَهُۥ هَيِّنٗا وَهُوَ عِندَ ٱللَّهِ عَظِيمٞ
Он гоҳ ки он сухани ботилро аз даҳони якдигар мегирифтед ва чизе бар забон мерондед, ки дар бораи он ҳеҷ намедонистед ва мепиндоштед, ки кори хурде аст ва ҳол он ки дар назди Аллоҳ кори бузурге буд
Surah An-Noor, Verse 15
وَلَوۡلَآ إِذۡ سَمِعۡتُمُوهُ قُلۡتُم مَّا يَكُونُ لَنَآ أَن نَّتَكَلَّمَ بِهَٰذَا سُبۡحَٰنَكَ هَٰذَا بُهۡتَٰنٌ عَظِيمٞ
чаро он гоҳ ки ин суханро шунидед, нагуфтед: «Моро нашояд, ки онро бозгӯем, Парвардигоро, Ту покӣ, ин тӯҳмати бузурге аст дар ҳаққи ҳамсари Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам?»
Surah An-Noor, Verse 16
يَعِظُكُمُ ٱللَّهُ أَن تَعُودُواْ لِمِثۡلِهِۦٓ أَبَدًا إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ
Аллоҳ таоло шуморо наҳй мекунад ва панд медиҳад, ки агар аз мӯъминон ҳастед, бори дигар гирди чунон коре магардед
Surah An-Noor, Verse 17
وَيُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِۚ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
Ва Аллоҳ таоло аҳкоми оётро барои шумо баён мекунад ва Аллоҳ доно аст бар кирдори шумо ва дар тадбири кори халқаш ҳаким аст
Surah An-Noor, Verse 18
إِنَّ ٱلَّذِينَ يُحِبُّونَ أَن تَشِيعَ ٱلۡفَٰحِشَةُ فِي ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ
Барои касоне, ки дӯст доранд дар бораи мӯъминон тӯҳмати зино паҳн шавад, ҳароина, дар дунё ҷазои шаръӣ ва дар охират азоби дардоваре муҳайёст. Аллоҳ медонад ҳақиқати ҳар чизеро ва шумо намедонед
Surah An-Noor, Verse 19
وَلَوۡلَا فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَرَحۡمَتُهُۥ وَأَنَّ ٱللَّهَ رَءُوفٞ رَّحِيمٞ
Агар фазл ва раҳмати Илоҳӣ шомили ҳоли шумо намешуд ва агар Аллоҳ таъоло нисбат ба шумо меҳру муҳаббат намедошт, баён намекард ин аҳком ва мавъизаҳоро ва тезй мекард дар азоб кардани онҳое, ки амрҳои Ӯро мухолифат мекунанд
Surah An-Noor, Verse 20
۞يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّبِعُواْ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيۡطَٰنِۚ وَمَن يَتَّبِعۡ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيۡطَٰنِ فَإِنَّهُۥ يَأۡمُرُ بِٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِۚ وَلَوۡلَا فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَرَحۡمَتُهُۥ مَا زَكَىٰ مِنكُم مِّنۡ أَحَدٍ أَبَدٗا وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يُزَكِّي مَن يَشَآءُۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٞ
Эй касоне, ки имон овардаед, пой ба ҷои пойи шайтон магузоред. Ва ҳар ки пой ба ҷои пойи шайтон гузорад, бидонад, ки ӯ ба фаҳшову мункар (корҳои бад) фармон медиҳад. Ва агар фазлу раҳмате, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, намебуд, ҳеҷ як аз шумо аз гуноҳ пок намешуд. Лекин ҳароина, Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, покиза месозад. Ва Аллоҳ шунавою доност
Surah An-Noor, Verse 21
وَلَا يَأۡتَلِ أُوْلُواْ ٱلۡفَضۡلِ مِنكُمۡ وَٱلسَّعَةِ أَن يُؤۡتُوٓاْ أُوْلِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينَ وَٱلۡمُهَٰجِرِينَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۖ وَلۡيَعۡفُواْ وَلۡيَصۡفَحُوٓاْۗ أَلَا تُحِبُّونَ أَن يَغۡفِرَ ٱللَّهُ لَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٌ
Ва бояд, ки бузургону тавонгарони шумо бар он савганд нахӯранд, ки чизе ба хешовандону мискинон ва муҳоҷирони дар роҳи Аллоҳ надиҳанд. Бояд бибахшанду гузашт бикунанд. Оё намехоҳед, ки шуморо Аллоҳ биёмурзад? Ва Аллоҳ аст омурзандаи меҳрубон
Surah An-Noor, Verse 22
إِنَّ ٱلَّذِينَ يَرۡمُونَ ٱلۡمُحۡصَنَٰتِ ٱلۡغَٰفِلَٰتِ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ لُعِنُواْ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ وَلَهُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٞ
Ҳароина, онон, ки занони покдомани бехабари мӯъминро тӯҳмати зино мезананд, дар дунёву охират лаънат шудаанд ва барояшон азоби бузург аст
Surah An-Noor, Verse 23
يَوۡمَ تَشۡهَدُ عَلَيۡهِمۡ أَلۡسِنَتُهُمۡ وَأَيۡدِيهِمۡ وَأَرۡجُلُهُم بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
Рӯзе, ки забонашон ва дастҳояшону пойҳояшон ба зиёнашон бар корҳое, ки мекардаанд, шаҳодат диҳанд
Surah An-Noor, Verse 24
يَوۡمَئِذٖ يُوَفِّيهِمُ ٱللَّهُ دِينَهُمُ ٱلۡحَقَّ وَيَعۡلَمُونَ أَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡحَقُّ ٱلۡمُبِينُ
Он рӯз, ки Аллоҳ ҷазояшонро ба пуррагӣ бидиҳад ва бидонанд, ки ҳаройна, Аллоҳ таоло барҳақу ошкор аст
Surah An-Noor, Verse 25
ٱلۡخَبِيثَٰتُ لِلۡخَبِيثِينَ وَٱلۡخَبِيثُونَ لِلۡخَبِيثَٰتِۖ وَٱلطَّيِّبَٰتُ لِلطَّيِّبِينَ وَٱلطَّيِّبُونَ لِلطَّيِّبَٰتِۚ أُوْلَـٰٓئِكَ مُبَرَّءُونَ مِمَّا يَقُولُونَۖ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَرِزۡقٞ كَرِيمٞ
Занони нопок барои мардони нопок ва мардони нопок барои занони нопок ва занони пок барои мардони пок ва мардони пок барои занони пок. Онҳо аз он чи дар бораашон мегӯянд, поканд. Омурзишу ризқи некӯ дар ҷаннат барои онҳост
Surah An-Noor, Verse 26
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَدۡخُلُواْ بُيُوتًا غَيۡرَ بُيُوتِكُمۡ حَتَّىٰ تَسۡتَأۡنِسُواْ وَتُسَلِّمُواْ عَلَىٰٓ أَهۡلِهَاۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонае ғайр аз хонаи худ, бе он ки иҷозат талабида ва бар сокинонаш салом карда бошед, дохил машавед. Ин барои шумо беҳтар аст, бошад, ки панд гиред
Surah An-Noor, Verse 27
فَإِن لَّمۡ تَجِدُواْ فِيهَآ أَحَدٗا فَلَا تَدۡخُلُوهَا حَتَّىٰ يُؤۡذَنَ لَكُمۡۖ وَإِن قِيلَ لَكُمُ ٱرۡجِعُواْ فَٱرۡجِعُواْۖ هُوَ أَزۡكَىٰ لَكُمۡۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ عَلِيمٞ
Ва агар дар хона касеро наёфтед, дохил машавед, то шуморо рухсат диҳанд. Ва агар гӯянд: «Бозгардед», бозгардед, ин бароятон покизатар аст. Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст
Surah An-Noor, Verse 28
لَّيۡسَ عَلَيۡكُمۡ جُنَاحٌ أَن تَدۡخُلُواْ بُيُوتًا غَيۡرَ مَسۡكُونَةٖ فِيهَا مَتَٰعٞ لَّكُمۡۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تُبۡدُونَ وَمَا تَكۡتُمُونَ
Бар шумо гуноҳе нест, агар ба хонаҳое, ки маскани касе нест ва дар он ҷо манфаъате бошад, дохил шавед. Ҳар чиро ошкор созед ё пинҳон доред, Аллоҳ ба он огоҳ аст
Surah An-Noor, Verse 29
قُل لِّلۡمُؤۡمِنِينَ يَغُضُّواْ مِنۡ أَبۡصَٰرِهِمۡ وَيَحۡفَظُواْ فُرُوجَهُمۡۚ ذَٰلِكَ أَزۡكَىٰ لَهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ خَبِيرُۢ بِمَا يَصۡنَعُونَ
Бигӯ эй Паёмбар, ба мардони мӯьмин, ки чашмони худ бипӯшанд аз номаҳрамон ва шармгоҳи худ нигаҳ доранд аз зинову ливота. Ин барояшон покизатар аст. Ҳароина, Аллоҳ ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст
Surah An-Noor, Verse 30
وَقُل لِّلۡمُؤۡمِنَٰتِ يَغۡضُضۡنَ مِنۡ أَبۡصَٰرِهِنَّ وَيَحۡفَظۡنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يُبۡدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنۡهَاۖ وَلۡيَضۡرِبۡنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَىٰ جُيُوبِهِنَّۖ وَلَا يُبۡدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوۡ ءَابَآئِهِنَّ أَوۡ ءَابَآءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوۡ أَبۡنَآئِهِنَّ أَوۡ أَبۡنَآءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوۡ إِخۡوَٰنِهِنَّ أَوۡ بَنِيٓ إِخۡوَٰنِهِنَّ أَوۡ بَنِيٓ أَخَوَٰتِهِنَّ أَوۡ نِسَآئِهِنَّ أَوۡ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُهُنَّ أَوِ ٱلتَّـٰبِعِينَ غَيۡرِ أُوْلِي ٱلۡإِرۡبَةِ مِنَ ٱلرِّجَالِ أَوِ ٱلطِّفۡلِ ٱلَّذِينَ لَمۡ يَظۡهَرُواْ عَلَىٰ عَوۡرَٰتِ ٱلنِّسَآءِۖ وَلَا يَضۡرِبۡنَ بِأَرۡجُلِهِنَّ لِيُعۡلَمَ مَا يُخۡفِينَ مِن زِينَتِهِنَّۚ وَتُوبُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ
Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худ бипӯшанд аз номаҳрамон ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд аз ҳаром ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон фурӯ гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занони ҳамдини худ ё бандагони (ғулому канизони) худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад. Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Аллоҳ тавба кунед, бошад, ки растагор гардед
Surah An-Noor, Verse 31
وَأَنكِحُواْ ٱلۡأَيَٰمَىٰ مِنكُمۡ وَٱلصَّـٰلِحِينَ مِنۡ عِبَادِكُمۡ وَإِمَآئِكُمۡۚ إِن يَكُونُواْ فُقَرَآءَ يُغۡنِهِمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦۗ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٞ
Хонадор кунонед, ғулому канизони худро, ки солеҳу шоистакор бошанд. Агар фақиру бенаво бошанд, Аллоҳ ба карами худ бодавлату тавонгарашон хоҳад сохт, ки Аллоҳ кушоишдиҳанда ва доност
Surah An-Noor, Verse 32
وَلۡيَسۡتَعۡفِفِ ٱلَّذِينَ لَا يَجِدُونَ نِكَاحًا حَتَّىٰ يُغۡنِيَهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦۗ وَٱلَّذِينَ يَبۡتَغُونَ ٱلۡكِتَٰبَ مِمَّا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُمۡ فَكَاتِبُوهُمۡ إِنۡ عَلِمۡتُمۡ فِيهِمۡ خَيۡرٗاۖ وَءَاتُوهُم مِّن مَّالِ ٱللَّهِ ٱلَّذِيٓ ءَاتَىٰكُمۡۚ وَلَا تُكۡرِهُواْ فَتَيَٰتِكُمۡ عَلَى ٱلۡبِغَآءِ إِنۡ أَرَدۡنَ تَحَصُّنٗا لِّتَبۡتَغُواْ عَرَضَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۚ وَمَن يُكۡرِههُّنَّ فَإِنَّ ٱللَّهَ مِنۢ بَعۡدِ إِكۡرَٰهِهِنَّ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
Онон, ки ба сабаби камбағалиашон қудрати хонадоршавиро надоранд, бояд покдоманӣ пеша кунанд, то Аллоҳ аз карами хеш тавонгарашон гардонад. Ва аз бандагонатон ононро, ки хоҳони бозхаридани хешанд, агар дар онҳо хайре ёфтед, бозхариданашонро бипазиред. Ва аз он мол, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ доштааст, ба онон бидиҳед. Ва канизони худро агар хоҳанд, ки парҳезгор бошанд, ба хотири сарвати дунявӣ ба зино маҷбур макунед. Ҳар кас, ки ононро ба зино маҷбур кунад, Аллоҳ барои он канизон, ки ба маҷбурӣ ба он кор водор гаштаанд, омурзандаву меҳрубон аст
Surah An-Noor, Verse 33
وَلَقَدۡ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكُمۡ ءَايَٰتٖ مُّبَيِّنَٰتٖ وَمَثَلٗا مِّنَ ٱلَّذِينَ خَلَوۡاْ مِن قَبۡلِكُمۡ وَمَوۡعِظَةٗ لِّلۡمُتَّقِينَ
Ба таҳқиқ барои шумо оятҳои равшану возеҳ ва қиссаву достонҳои ононе, ки пеш аз шумо будаанд ва низ барои парҳезгорон панд ва насиҳатҳо нозил кардем
Surah An-Noor, Verse 34
۞ٱللَّهُ نُورُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ مَثَلُ نُورِهِۦ كَمِشۡكَوٰةٖ فِيهَا مِصۡبَاحٌۖ ٱلۡمِصۡبَاحُ فِي زُجَاجَةٍۖ ٱلزُّجَاجَةُ كَأَنَّهَا كَوۡكَبٞ دُرِّيّٞ يُوقَدُ مِن شَجَرَةٖ مُّبَٰرَكَةٖ زَيۡتُونَةٖ لَّا شَرۡقِيَّةٖ وَلَا غَرۡبِيَّةٖ يَكَادُ زَيۡتُهَا يُضِيٓءُ وَلَوۡ لَمۡ تَمۡسَسۡهُ نَارٞۚ نُّورٌ عَلَىٰ نُورٖۚ يَهۡدِي ٱللَّهُ لِنُورِهِۦ مَن يَشَآءُۚ وَيَضۡرِبُ ٱللَّهُ ٱلۡأَمۡثَٰلَ لِلنَّاسِۗ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ
Аллоҳ нури осмонҳову замин аст. Масали нури Ӯ (Қуръон дар дили мӯъмин) чун чароғдонест, ки дар он чароғе бошад, он чароғ даруни шишае ва он шиша чун ситорае дурахшанда. Аз равғани дарахти пурбаракати зайтун, ки на шарқӣ аст (яъне, офтоб ба он дар охири рӯз бирасад) ва на ғарбӣ аст (яъне, офтоб ба он дар аввали рӯз мерасад, балки дар миёнаи замин аст). Равғанаш аз шафофиаш равшанӣ бахшад, ҳарчанд оташ ба он нарасида бошад. Нуре болои нур аст. Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба он нур (Қуръон) ҳидоят менамояд ва барои мардум масалҳо меоварад. Ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз доност
Surah An-Noor, Verse 35
فِي بُيُوتٍ أَذِنَ ٱللَّهُ أَن تُرۡفَعَ وَيُذۡكَرَ فِيهَا ٱسۡمُهُۥ يُسَبِّحُ لَهُۥ فِيهَا بِٱلۡغُدُوِّ وَٱلۡأٓصَالِ
Он нур фурӯзон аст дар масҷидҳое, ки Аллоҳ рухсат дод арҷмандаш доранд ва номаш дар он ҷо бо намоз ва тиловати Қуръон, тасбеҳу таҳлил ёд шавад ва Ӯро ҳар бомдоду шабонгоҳ тасбеҳ гӯянд
Surah An-Noor, Verse 36
رِجَالٞ لَّا تُلۡهِيهِمۡ تِجَٰرَةٞ وَلَا بَيۡعٌ عَن ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَإِقَامِ ٱلصَّلَوٰةِ وَإِيتَآءِ ٱلزَّكَوٰةِ يَخَافُونَ يَوۡمٗا تَتَقَلَّبُ فِيهِ ٱلۡقُلُوبُ وَٱلۡأَبۡصَٰرُ
Мардоне, ки ҳеҷ тиҷорат ва хариду фурӯше аз ёди Аллоҳ ва намоз гузоридану закот додан бозашон надорад, аз рӯзи қиёмат, ки дилҳову дидагон аз тарс дигаргун мешаванд, метарсанд
Surah An-Noor, Verse 37
لِيَجۡزِيَهُمُ ٱللَّهُ أَحۡسَنَ مَا عَمِلُواْ وَيَزِيدَهُم مِّن فَضۡلِهِۦۗ وَٱللَّهُ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيۡرِ حِسَابٖ
То Аллоҳ ба некӯтар аз он чи кардаанд, ҷазояшон диҳад ва аз бузургии худ бар он бияфзояд ва Аллоҳ ҳар киро хоҳад, беҳисоб ризқ диҳад
Surah An-Noor, Verse 38
وَٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَعۡمَٰلُهُمۡ كَسَرَابِۭ بِقِيعَةٖ يَحۡسَبُهُ ٱلظَّمۡـَٔانُ مَآءً حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَهُۥ لَمۡ يَجِدۡهُ شَيۡـٔٗا وَوَجَدَ ٱللَّهَ عِندَهُۥ فَوَفَّىٰهُ حِسَابَهُۥۗ وَٱللَّهُ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ
Аъмоли кофирон чун саробест дар биёбоне. Шахси ташна обаш пиндорад ва чун ба он наздик шавад, ҳеҷ обе наёбад ва Аллоҳро назди худ ёбад, пас ҷазои ӯро ба пуррагӣ бидиҳад. Ва Аллоҳ зуд ҳисобгиранда ҳаст
Surah An-Noor, Verse 39
أَوۡ كَظُلُمَٰتٖ فِي بَحۡرٖ لُّجِّيّٖ يَغۡشَىٰهُ مَوۡجٞ مِّن فَوۡقِهِۦ مَوۡجٞ مِّن فَوۡقِهِۦ سَحَابٞۚ ظُلُمَٰتُۢ بَعۡضُهَا فَوۡقَ بَعۡضٍ إِذَآ أَخۡرَجَ يَدَهُۥ لَمۡ يَكَدۡ يَرَىٰهَاۗ وَمَن لَّمۡ يَجۡعَلِ ٱللَّهُ لَهُۥ نُورٗا فَمَا لَهُۥ مِن نُّورٍ
Ё ки амали кофирон ба монанди торикиҳоест дар дарёи чуқур, ки мепӯшад ин кофирро мавҷ ва бар болои он мавҷи дигарест ва бар болои он мавҷ абри хираест, торикиҳое бар болои якдигар, он тавр ки агар дасти худ берун орад, онро натавонад дид. Ва ҳар киро, Аллоҳ нуре (аз Қуръону суннат) надод, (ки ба он роҳ ёбад,) пас ӯро ҳеҷ нуре нест
Surah An-Noor, Verse 40
أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يُسَبِّحُ لَهُۥ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱلطَّيۡرُ صَـٰٓفَّـٰتٖۖ كُلّٞ قَدۡ عَلِمَ صَلَاتَهُۥ وَتَسۡبِيحَهُۥۗ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِمَا يَفۡعَلُونَ
Оё надидаӣ, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва низ мурғоне, ки болкушода дар парвозанд, тасбеҳгӯи Аллоҳ ҳастанд? Ҳамаи махлуқотро Аллоҳ таоло донондааст чӣ гуна Ӯро намозу тасбеҳ гӯянд. Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунанд, огоҳ аст
Surah An-Noor, Verse 41
وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ وَإِلَى ٱللَّهِ ٱلۡمَصِيرُ
Ва хос барои Аллоҳ аст подшоҳии осмонҳову замин ва бозгашти ҳамагон назди Ӯст
Surah An-Noor, Verse 42
أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يُزۡجِي سَحَابٗا ثُمَّ يُؤَلِّفُ بَيۡنَهُۥ ثُمَّ يَجۡعَلُهُۥ رُكَامٗا فَتَرَى ٱلۡوَدۡقَ يَخۡرُجُ مِنۡ خِلَٰلِهِۦ وَيُنَزِّلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن جِبَالٖ فِيهَا مِنۢ بَرَدٖ فَيُصِيبُ بِهِۦ مَن يَشَآءُ وَيَصۡرِفُهُۥ عَن مَّن يَشَآءُۖ يَكَادُ سَنَا بَرۡقِهِۦ يَذۡهَبُ بِٱلۡأَبۡصَٰرِ
Оё надидаӣ, ки Аллоҳ абрҳоеро ба оҳистагӣ меронад, он гоҳ онҳоро ба ҳам мепайвандад, боз месозадаш рӯ ба рӯ болои ҳам? Пас мебинӣ боронро, ки хориҷ мешавад аз миёни он абр ва фуруд меорад аз ҷониби боло, аз кӯҳҳои абрӣ, ки он ҷоест, жоларо. Пас ҳар киро хоҳад, бо он осеб мерасонад ва аз ҳар кӣ мехоҳад, бозаш медорад. Раъду барқе, ки дар он абр буда қариб аст, ки бибарад нури чашмҳоро
Surah An-Noor, Verse 43
يُقَلِّبُ ٱللَّهُ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبۡرَةٗ لِّأُوْلِي ٱلۡأَبۡصَٰرِ
Яке аз нишонаҳои қудрати Аллоҳ таоло ин аст, ки Ӯ шабу рӯзро мегардонад. Бе гумон хирадмандонро дар ин ибратест
Surah An-Noor, Verse 44
وَٱللَّهُ خَلَقَ كُلَّ دَآبَّةٖ مِّن مَّآءٖۖ فَمِنۡهُم مَّن يَمۡشِي عَلَىٰ بَطۡنِهِۦ وَمِنۡهُم مَّن يَمۡشِي عَلَىٰ رِجۡلَيۡنِ وَمِنۡهُم مَّن يَمۡشِي عَلَىٰٓ أَرۡبَعٖۚ يَخۡلُقُ ٱللَّهُ مَا يَشَآءُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
Ва Аллоҳ ҳар ҷонвареро аз об биёфарид. Баъзе аз онҳо бар шикам мераванд (мор....) ва баъзе бар ду по мераванд (инсон) ва баъзе бар чаҳор по мераванд (чаҳорпоён). Аллоҳ ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳар коре тавоност
Surah An-Noor, Verse 45
لَّقَدۡ أَنزَلۡنَآ ءَايَٰتٖ مُّبَيِّنَٰتٖۚ وَٱللَّهُ يَهۡدِي مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ
Ба таҳқиқ дар Қуръон оятҳои равшану возеҳ нозил кардаем ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост (Ислом) ҳидоят мекунад
Surah An-Noor, Verse 46
وَيَقُولُونَ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَبِٱلرَّسُولِ وَأَطَعۡنَا ثُمَّ يَتَوَلَّىٰ فَرِيقٞ مِّنۡهُم مِّنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَۚ وَمَآ أُوْلَـٰٓئِكَ بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Ва мунофиқон мегӯянд: «Ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаем ва итоат мекунем». Пас аз он гурӯҳе аз онон бозмегарданд ва ҳукми паёмбарро қабул намекунанд. Ва инҳо имон наёвардаанд
Surah An-Noor, Verse 47
وَإِذَا دُعُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ لِيَحۡكُمَ بَيۡنَهُمۡ إِذَا فَرِيقٞ مِّنۡهُم مُّعۡرِضُونَ
Чун онҳоро дар хусуматҳояшон ба сӯи Аллоҳу Паёмбараш даъват кунанд, то миёнашон ҳукм кунад, бинӣ, ки гурӯҳе рӯй мегардонанд
Surah An-Noor, Verse 48
وَإِن يَكُن لَّهُمُ ٱلۡحَقُّ يَأۡتُوٓاْ إِلَيۡهِ مُذۡعِنِينَ
Ва агар ҳақ ба тарафи онҳо бошад, дар ҳол меоянд пеши Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гардан ниҳода
Surah An-Noor, Verse 49
أَفِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ أَمِ ٱرۡتَابُوٓاْ أَمۡ يَخَافُونَ أَن يَحِيفَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمۡ وَرَسُولُهُۥۚ بَلۡ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّـٰلِمُونَ
Оё дар дилҳояшон беморист (бемории нифоқ) ё дар шак ҳастанд (аз Паёмбари барҳақ будани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи вассаллам,) ё бими он доранд, ки Аллоҳу Паёмбараш бар онҳо ситам кунанд?! (Не) Балки, онон худ золиманд
Surah An-Noor, Verse 50
إِنَّمَا كَانَ قَوۡلَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ إِذَا دُعُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ لِيَحۡكُمَ بَيۡنَهُمۡ أَن يَقُولُواْ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۚ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ
Чун мӯъминони ҳақиқиро дар хусуматҳояшон ба сӯи китоби Аллоҳ ва паёмбараш даъват кунанд, то миёнашон ҳукм кунад, ин ки мегӯянд: «Шунидем ва итоат кардем», инҳо наҷотёфтагонанд. Ва аз аҳли ҷаннатанд
Surah An-Noor, Verse 51
وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَيَخۡشَ ٱللَّهَ وَيَتَّقۡهِ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَآئِزُونَ
Ва касоне, ки фармонбардории Аллоҳу Паёмбараш мекунанд дар амру наҳй ва аз Аллоҳ метарсанд ва ҳазар мекунанд аз азоби Аллоҳ, пас инҳо комёбанд ба неъматҳои ҷаннат
Surah An-Noor, Verse 52
۞وَأَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ لَئِنۡ أَمَرۡتَهُمۡ لَيَخۡرُجُنَّۖ قُل لَّا تُقۡسِمُواْۖ طَاعَةٞ مَّعۡرُوفَةٌۚ إِنَّ ٱللَّهَ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ
Ва мунофиқон ба Аллоҳ қасам хӯрданд, қасамҳои сахт, ки агар ба онҳо фармон диҳӣ эй Паёмбар баромадани ба ҷиҳодро, албатта, ҳамроҳи ту ба ҷиҳод раванд. Бигӯ: «Қасами дурӯғ махӯред, тоати шумо маълум аст, ки фақат бо забон аст. Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, ҳароина, комилан огоҳ аст!»
Surah An-Noor, Verse 53
قُلۡ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَۖ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّمَا عَلَيۡهِ مَا حُمِّلَ وَعَلَيۡكُم مَّا حُمِّلۡتُمۡۖ وَإِن تُطِيعُوهُ تَهۡتَدُواْۚ وَمَا عَلَى ٱلرَّسُولِ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ
Бигӯ эй Паёмбар ба мардум: «Аллоҳро итоат кунед ва паёмбарро итоат кунед. Пас агар рӯй гардонед, ҳароина, бар Паёмбар анҷоми он чизе воҷиб аст, ки бар дӯши вай ниҳода шудаст (яъне, таблиғи рисолат) ва бар шумо ҳам анҷоми чизе воҷиб аст, ки бар дӯши шумо ниҳода шудааст (яъне, итоати содиқона ва ибодати мухлисона). Ва агар ба ӯ итоат кунед, ҳидоят ёбед. Ва бар паёмбар ҷуз расонидани пайғоми Парвардигораш чизи дигаре нест»
Surah An-Noor, Verse 54
وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنكُمۡ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ لَيَسۡتَخۡلِفَنَّهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ كَمَا ٱسۡتَخۡلَفَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمۡ دِينَهُمُ ٱلَّذِي ٱرۡتَضَىٰ لَهُمۡ وَلَيُبَدِّلَنَّهُم مِّنۢ بَعۡدِ خَوۡفِهِمۡ أَمۡنٗاۚ يَعۡبُدُونَنِي لَا يُشۡرِكُونَ بِي شَيۡـٔٗاۚ وَمَن كَفَرَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ
Аллоҳ ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ваъда дод, ки албатта, дар рӯи замин халифаашон созад, чун мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, халифаашон сохт. Ва динашонро, ки худ барояшон писандида аст, ки Ислом аст, устувор созад. Ва ваҳшаташонро ба эминӣ бадал кунад, ҳар вақте ки Маро мепарастанд ва ҳеҷ чизеро бо Ман шарик намекунанд. Ва онҳо, ки баъд аз ин ношукрӣ варзанд, пас онон фосиқонанд (яъне, хориҷ аз тоати Аллоҳанд)
Surah An-Noor, Verse 55
وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ
Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба паёмбар итоат кунед, шояд ки бар шумо раҳм карда шавад
Surah An-Noor, Verse 56
لَا تَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مُعۡجِزِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِۚ وَمَأۡوَىٰهُمُ ٱلنَّارُۖ وَلَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ
Ҳаргиз, мапиндор, ки кофирон метавонанд дар ин сарзамин ба ҷое бигурезанд аз азоби Аллоҳ. Ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чӣ бад саранҷомест
Surah An-Noor, Verse 57
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لِيَسۡتَـٔۡذِنكُمُ ٱلَّذِينَ مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُمۡ وَٱلَّذِينَ لَمۡ يَبۡلُغُواْ ٱلۡحُلُمَ مِنكُمۡ ثَلَٰثَ مَرَّـٰتٖۚ مِّن قَبۡلِ صَلَوٰةِ ٱلۡفَجۡرِ وَحِينَ تَضَعُونَ ثِيَابَكُم مِّنَ ٱلظَّهِيرَةِ وَمِنۢ بَعۡدِ صَلَوٰةِ ٱلۡعِشَآءِۚ ثَلَٰثُ عَوۡرَٰتٖ لَّكُمۡۚ لَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ وَلَا عَلَيۡهِمۡ جُنَاحُۢ بَعۡدَهُنَّۚ طَوَّـٰفُونَ عَلَيۡكُم بَعۡضُكُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ
Эй касоне, ки имон овардаед, бояд ғуломони шумо ва он фарзандоне, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидаанд, дар се вақт аз шумо барои ворид шудан ба хона рухсат талабанд: пеш аз намози субҳ ва ҳангоми зӯҳр, ки либос аз тан берун мекунед ва баъд аз намози хуфтан. Ин се вақт, вақти хилвати шумост. Дар ғайри ин се вақт нест вуболе на бар шумо ва на бар онҳое, ки назди шумо дохил мешаванд напурсида, чунки баъзеи шумо бар баъзе дигар омаду рафткунандагонед. Аллоҳ оётро инчунин барои шумо баён мекунад. Ва Аллоҳ донову ҳаким аст
Surah An-Noor, Verse 58
وَإِذَا بَلَغَ ٱلۡأَطۡفَٰلُ مِنكُمُ ٱلۡحُلُمَ فَلۡيَسۡتَـٔۡذِنُواْ كَمَا ٱسۡتَـٔۡذَنَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ
Ва чун кӯдакони шумо ба синни балоғат расиданд дар ҳамаи вақтҳо барои даромадан ба маконе, ки падару модар дар он ҷо истироҳат мекунанд, бояд монанди касоне, ки зикрашон гузашт (яъне мисли ба балоғатрасидагон), рухсат талабанд. Аллоҳ таоло оёт ва аҳкоми шариати Худро инчунин равшан ва содда барои шумо баён мекунад. Ва Аллоҳ донову ҳаким аст дар қонунгузорӣ барои бандагонаш
Surah An-Noor, Verse 59
وَٱلۡقَوَٰعِدُ مِنَ ٱلنِّسَآءِ ٱلَّـٰتِي لَا يَرۡجُونَ نِكَاحٗا فَلَيۡسَ عَلَيۡهِنَّ جُنَاحٌ أَن يَضَعۡنَ ثِيَابَهُنَّ غَيۡرَ مُتَبَرِّجَٰتِۭ بِزِينَةٖۖ وَأَن يَسۡتَعۡفِفۡنَ خَيۡرٞ لَّهُنَّۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٞ
Занони калонсол, ки дигар умеди никоҳ надоранд ба сабаби калонсолӣ ва бешаҳватӣ гуноҳ нест бар инҳо ин ки фурӯ ниҳанд рӯймол ва рӯкашаки худро. Вале зоҳир накунанд мавзеъи ороиши худро ва агар парҳезгорӣ кунанд (яъне, ба нагирифтани рӯймол ва рӯкашак аз сари худ), ин барояшон беҳтар аст. Ва Аллоҳ таоло шунавову доност
Surah An-Noor, Verse 60
لَّيۡسَ عَلَى ٱلۡأَعۡمَىٰ حَرَجٞ وَلَا عَلَى ٱلۡأَعۡرَجِ حَرَجٞ وَلَا عَلَى ٱلۡمَرِيضِ حَرَجٞ وَلَا عَلَىٰٓ أَنفُسِكُمۡ أَن تَأۡكُلُواْ مِنۢ بُيُوتِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ ءَابَآئِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ أُمَّهَٰتِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ إِخۡوَٰنِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ أَخَوَٰتِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ أَعۡمَٰمِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ عَمَّـٰتِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ أَخۡوَٰلِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ خَٰلَٰتِكُمۡ أَوۡ مَا مَلَكۡتُم مَّفَاتِحَهُۥٓ أَوۡ صَدِيقِكُمۡۚ لَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ جُنَاحٌ أَن تَأۡكُلُواْ جَمِيعًا أَوۡ أَشۡتَاتٗاۚ فَإِذَا دَخَلۡتُم بُيُوتٗا فَسَلِّمُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِكُمۡ تَحِيَّةٗ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ مُبَٰرَكَةٗ طَيِّبَةٗۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ
Бар нобино ҳараҷе (гуноҳе) нест ва бар ланг гуноҳе нест ва бар бемор хуноҳе нест барои нарафтан ба ҷиҳод. Ва бар шумо гуноҳе нест, агар аз хонаи худ ё хонаи падаратон ё хонаи модаратон ё хонаи бародаратон ё хонаи хоҳаратон ё хонаи амакатон ё хонаи аммаатон ё хонаи тағоятон ё хонаи холаатон ё хонае, ки калидҳои он назди шумост (яъне нигаҳбону вакили он хона шумоед) ё хонаи дӯстатон чизе бихӯред. Ва гуноҳе муртакиб нашудаед, агар бо ҳам бихӯред ё ҷудо- ҷудо. Ва чун ба хонае дохил шавед, бар якдигар салом кунед бо лафзи "ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу". Ин таҳиятест муборак ва покиза аз ҷониби Аллоҳ таоло. Ҳамчунин Аллоҳ таоло оятҳои худро барои шумо баён мекунад, бошад, ки оқилона биандешед
Surah An-Noor, Verse 61
إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَإِذَا كَانُواْ مَعَهُۥ عَلَىٰٓ أَمۡرٖ جَامِعٖ لَّمۡ يَذۡهَبُواْ حَتَّىٰ يَسۡتَـٔۡذِنُوهُۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَسۡتَـٔۡذِنُونَكَ أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۚ فَإِذَا ٱسۡتَـٔۡذَنُوكَ لِبَعۡضِ شَأۡنِهِمۡ فَأۡذَن لِّمَن شِئۡتَ مِنۡهُمۡ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُمُ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
Ҳамоно мӯъминон касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаанд ва чун бо паёмбар дар коре якҷоя бошанд, то аз ӯ рухсат наталабидаанд, набояд бираванд. Онон, ки аз ту эй паёмбар, рухсат металабанд, ҳароина, касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу Паёмбараш имон овардаанд. Пас, ҳангоме ки аз ту барои баъзе аз корҳояшон рухсат хостанд, бар ҳар як аз онон, ки хоҳӣ, рухсат бидеҳ ва барояшон аз Аллоҳ омурзиш бихоҳ, ки ҳамоно Аллоҳ таоло бахшояндаву меҳрубон аст
Surah An-Noor, Verse 62
لَّا تَجۡعَلُواْ دُعَآءَ ٱلرَّسُولِ بَيۡنَكُمۡ كَدُعَآءِ بَعۡضِكُم بَعۡضٗاۚ قَدۡ يَعۡلَمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ يَتَسَلَّلُونَ مِنكُمۡ لِوَاذٗاۚ فَلۡيَحۡذَرِ ٱلَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنۡ أَمۡرِهِۦٓ أَن تُصِيبَهُمۡ فِتۡنَةٌ أَوۡ يُصِيبَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Эй мӯъминон, он чунон ки якдигарро нидо мекунед, паёмбарро нидо накунед (яъне ё Муҳаммад нагӯед, балки бо эҳтирому иззат ба ин лафз эй паёмбари Аллоҳ, ё расулаллоҳ бигӯед). Албатта, Аллоҳ медонад онҳоеро, ки пинҳонӣ берун мешаванд аз назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Бояд ки битарсанд онҳое, ки хилофи ҳукми паёмбар кор мекунанд аз ин ки бирасад ба онҳо ба сабаби хилофкориашон балову мусибате ё бирасад ба онҳо азоби дарднок
Surah An-Noor, Verse 63
أَلَآ إِنَّ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ قَدۡ يَعۡلَمُ مَآ أَنتُمۡ عَلَيۡهِ وَيَوۡمَ يُرۡجَعُونَ إِلَيۡهِ فَيُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُواْۗ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمُۢ
Огоҳ бошед, ҳароина, аз они Аллоҳ аст ҳар чи дар осмонҳову замин аст. Медонад, ки шумо бар чи коред. Ва он рӯз, ки ба сӯйи Ӯ бозгардонда шаванд, ононро аз корҳое, ки кардаанд, огоҳ месозад ва ҷазо медиҳад. Ва Аллоҳ ба ҳар чизе доност
Surah An-Noor, Verse 64