UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Al-Qasas - Tajik Translation by Khoja Mirov


طسٓمٓ

То, Син, Мим
Surah Al-Qasas, Verse 1


تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ

Ин оятҳои китоби равшан аст, яъне, Қуръони маҷид, баён мекунад ҳақро аз ботил ва намудор месозад роҳи ростро аз каҷ ва роҳи саодати дунёву охиратро барои инсонҳо нишон медиҳад
Surah Al-Qasas, Verse 2


نَتۡلُواْ عَلَيۡكَ مِن نَّبَإِ مُوسَىٰ وَفِرۡعَوۡنَ بِٱلۡحَقِّ لِقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ

Барои онҳое, ки ба ин Қуръон имон меоваранд, достони ростини Мӯсо ва Фиръавнро бар ту мехонем
Surah Al-Qasas, Verse 3


إِنَّ فِرۡعَوۡنَ عَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَجَعَلَ أَهۡلَهَا شِيَعٗا يَسۡتَضۡعِفُ طَآئِفَةٗ مِّنۡهُمۡ يُذَبِّحُ أَبۡنَآءَهُمۡ وَيَسۡتَحۡيِۦ نِسَآءَهُمۡۚ إِنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلۡمُفۡسِدِينَ

Фиръавн дар он сарзамини Миср бартарӣ ҷуст ва мардумашро гурӯҳ - гурӯҳ сохт. Гурӯҳеро (яъне, банӣ Исроил) хор медошт ва писаронашонро мекушт ва занонашонро зинда мегузошт, ки ҳароина, ӯ аз фасодкорон буд
Surah Al-Qasas, Verse 4


وَنُرِيدُ أَن نَّمُنَّ عَلَى ٱلَّذِينَ ٱسۡتُضۡعِفُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَنَجۡعَلَهُمۡ أَئِمَّةٗ وَنَجۡعَلَهُمُ ٱلۡوَٰرِثِينَ

Ва мехоҳем бар онон, ки дар замин заиф ва нотавон қарор дода шудаанд, миннат ниҳем ва ононро дар хубиҳо пешво созем ва баъди ҳалоки Фиръавн ва қавмаш ононро вориси замин созем
Surah Al-Qasas, Verse 5


وَنُمَكِّنَ لَهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَنُرِيَ فِرۡعَوۡنَ وَهَٰمَٰنَ وَجُنُودَهُمَا مِنۡهُم مَّا كَانُواْ يَحۡذَرُونَ

Ва онҳоро дар он сарзамин (Мисру Шом) обрӯву қудрат бахшидем ва ба Фиръавну Ҳомон (вазири Фиръавн) ва лашкариёнашон чизеро, ки аз он метарсиданд, нишон диҳем
Surah Al-Qasas, Verse 6


وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰٓ أُمِّ مُوسَىٰٓ أَنۡ أَرۡضِعِيهِۖ فَإِذَا خِفۡتِ عَلَيۡهِ فَأَلۡقِيهِ فِي ٱلۡيَمِّ وَلَا تَخَافِي وَلَا تَحۡزَنِيٓۖ إِنَّا رَآدُّوهُ إِلَيۡكِ وَجَاعِلُوهُ مِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Ва ба модари Мӯсо ваҳй кардем, ки ӯро шир бидеҳ ва агар бар ӯ тарсидӣ ба дарёи Нил биандоз ва матарсу ғамгин машав, ӯро ба ту, ҳатман бозмегардонем ва ӯро аз паёмбарон қарор медиҳем
Surah Al-Qasas, Verse 7


فَٱلۡتَقَطَهُۥٓ ءَالُ فِرۡعَوۡنَ لِيَكُونَ لَهُمۡ عَدُوّٗا وَحَزَنًاۗ إِنَّ فِرۡعَوۡنَ وَهَٰمَٰنَ وَجُنُودَهُمَا كَانُواْ خَٰطِـِٔينَ

Пас, ҳангоме ки модари Мӯсо ӯро дар сандуқ ниҳод ва ба дарё афканд, ёрдамчиҳои Фиръавн ӯро аз об баргирифтанд, то саранҷоми душмани онон ва мояи андӯҳашон гардад. Ҳароина, Фиръавну Ҳомон ва лашкариёнашон хатокор (мушрик) буданд
Surah Al-Qasas, Verse 8


وَقَالَتِ ٱمۡرَأَتُ فِرۡعَوۡنَ قُرَّتُ عَيۡنٖ لِّي وَلَكَۖ لَا تَقۡتُلُوهُ عَسَىٰٓ أَن يَنفَعَنَآ أَوۡ نَتَّخِذَهُۥ وَلَدٗا وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

Ва зани Фиръавн (Осия барои Фиръавн) гуфт: «Ин тифл мояи шодмонии ману туст. Ӯро макушед, шояд ба мо нафъе бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ гирем». Ва онҳо ҳақиқати ҳолро намедонистанд, ки ҳалокиашон аз дасти он тифл аст
Surah Al-Qasas, Verse 9


وَأَصۡبَحَ فُؤَادُ أُمِّ مُوسَىٰ فَٰرِغًاۖ إِن كَادَتۡ لَتُبۡدِي بِهِۦ لَوۡلَآ أَن رَّبَطۡنَا عَلَىٰ قَلۡبِهَا لِتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Ва дили модари Мӯсо аз ҳама чизҳои дунё холӣ гашт, ба ҷуз ғами Мӯсо. Ва агар дилашро қавӣ накарда будем, ки аз мӯъминон бошад, наздик буд, ки он чӣ дар дил дошт, онро ошкор кунад
Surah Al-Qasas, Verse 10


وَقَالَتۡ لِأُخۡتِهِۦ قُصِّيهِۖ فَبَصُرَتۡ بِهِۦ عَن جُنُبٖ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

Ва ҳангоме, ки модари Мӯсо, Мӯсоро ба дарё афканд, ба хоҳари ӯ гуфт: «Аз пайи ӯ бирав». Ва хоҳараш ӯро аз дур медид, ҳол он ки онҳо (қавми Фиръавн) намедонистанд, ки ӯ хоҳараш мебошад
Surah Al-Qasas, Verse 11


۞وَحَرَّمۡنَا عَلَيۡهِ ٱلۡمَرَاضِعَ مِن قَبۡلُ فَقَالَتۡ هَلۡ أَدُلُّكُمۡ عَلَىٰٓ أَهۡلِ بَيۡتٖ يَكۡفُلُونَهُۥ لَكُمۡ وَهُمۡ لَهُۥ نَٰصِحُونَ

Ва пистони ҳамаи занони ширдеҳро пеш аз баргаштанаш ба сӯи модараш бар ӯ ҳаром карда будем. Хоҳараш гуфт: «Оё мехоҳед шуморо ба хонаводае раҳнамоӣ кунам, ки ӯро бароятон шир диҳад ва некӯ тарбия кунад ва онҳо барои ӯ некхоҳ бошанд?»
Surah Al-Qasas, Verse 12


فَرَدَدۡنَٰهُ إِلَىٰٓ أُمِّهِۦ كَيۡ تَقَرَّ عَيۡنُهَا وَلَا تَحۡزَنَ وَلِتَعۡلَمَ أَنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ

Пас, Мӯсоро назди модараш баргардонидем, то чашмони он зан аз дидори тифлаш равшан гардад ва ғамгин набошад ва бидонад, ки албатта, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст, ки фарзандашро ба ӯ бозмегардонад ва ба паёмбариаш мехонад, вале бештари мардум ҳақ будани ваъдаи Аллоҳро намедонанд
Surah Al-Qasas, Verse 13


وَلَمَّا بَلَغَ أَشُدَّهُۥ وَٱسۡتَوَىٰٓ ءَاتَيۡنَٰهُ حُكۡمٗا وَعِلۡمٗاۚ وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Ва чун Мӯсо ба камоли рушди худ расид ва барӯманд шуд, ӯро ҳикмату дониш додем ва некӯкоронро чунин подош медиҳем
Surah Al-Qasas, Verse 14


وَدَخَلَ ٱلۡمَدِينَةَ عَلَىٰ حِينِ غَفۡلَةٖ مِّنۡ أَهۡلِهَا فَوَجَدَ فِيهَا رَجُلَيۡنِ يَقۡتَتِلَانِ هَٰذَا مِن شِيعَتِهِۦ وَهَٰذَا مِنۡ عَدُوِّهِۦۖ فَٱسۡتَغَٰثَهُ ٱلَّذِي مِن شِيعَتِهِۦ عَلَى ٱلَّذِي مِنۡ عَدُوِّهِۦ فَوَكَزَهُۥ مُوسَىٰ فَقَضَىٰ عَلَيۡهِۖ قَالَ هَٰذَا مِنۡ عَمَلِ ٱلشَّيۡطَٰنِۖ إِنَّهُۥ عَدُوّٞ مُّضِلّٞ مُّبِينٞ

Бехабар аз мардуми шаҳр ба шаҳр дохил шуд. Ногаҳон ду танро дид, ки бо ҳам меҷанганд. Яке аз онҳо аз пайравони ӯ буд ва дигаре аз душманонаш. Пас, он кӣ аз пайравонаш буд, бар зидди он дигар, ки аз душманонаш буд, аз ӯ ёрӣ хост. Пас, Мӯсо мушти маҳкаме бар ӯ зад ва ӯро кушт. Гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ҳароина, ӯ душмани гумроҳкунандаи ошкор аст»
Surah Al-Qasas, Verse 15


قَالَ رَبِّ إِنِّي ظَلَمۡتُ نَفۡسِي فَٱغۡفِرۡ لِي فَغَفَرَ لَهُۥٓۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ

Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигорам, ҳароина, ман ба худ ситам кардам. Маро биёмурз». Пас, Аллоҳ ӯро биёмурзид. Албатта, Ӯ омурзандаи гуноҳҳо ва бо бандагонаш меҳрубон аст
Surah Al-Qasas, Verse 16


قَالَ رَبِّ بِمَآ أَنۡعَمۡتَ عَلَيَّ فَلَنۡ أَكُونَ ظَهِيرٗا لِّلۡمُجۡرِمِينَ

Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба шукронаи неъмате, ки бар ман ато кардӣ, пас, ҳаргиз пуштибони гунаҳкорон нахоҳам шуд!»
Surah Al-Qasas, Verse 17


فَأَصۡبَحَ فِي ٱلۡمَدِينَةِ خَآئِفٗا يَتَرَقَّبُ فَإِذَا ٱلَّذِي ٱسۡتَنصَرَهُۥ بِٱلۡأَمۡسِ يَسۡتَصۡرِخُهُۥۚ قَالَ لَهُۥ مُوسَىٰٓ إِنَّكَ لَغَوِيّٞ مُّبِينٞ

Пас, Мӯсо дар шаҳр тарсон ва чашм ба роҳи ҳодиса шабро субҳ намуд. Ногаҳон дид, ки марде, ки дирӯз аз ӯ мадад хоста буд, боз ҳам ӯро фарёд мезанад ва кӯмак мехоҳад. Мӯсо ба ӯ гуфт: «Ҳароина, ту гумроҳи ошкор ҳастӣ
Surah Al-Qasas, Verse 18


فَلَمَّآ أَنۡ أَرَادَ أَن يَبۡطِشَ بِٱلَّذِي هُوَ عَدُوّٞ لَّهُمَا قَالَ يَٰمُوسَىٰٓ أَتُرِيدُ أَن تَقۡتُلَنِي كَمَا قَتَلۡتَ نَفۡسَۢا بِٱلۡأَمۡسِۖ إِن تُرِيدُ إِلَّآ أَن تَكُونَ جَبَّارٗا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا تُرِيدُ أَن تَكُونَ مِنَ ٱلۡمُصۡلِحِينَ

Пас, ҳангоме ки Мӯсо хост ба касе, ки душмани ҳардуи онҳо буд, ҳамла барад ва бизанад, ӯ фарёд зад ва гуфт: «Эй Мӯсо, оё мехоҳӣ ҳамчунон ки дирӯз якеро куштӣ, маро низ бикушӣ? Ту мехоҳӣ, ки дар ин сарзамин золиме бошӣ ва намехоҳӣ, ки аз солеҳон бошӣ»
Surah Al-Qasas, Verse 19


وَجَآءَ رَجُلٞ مِّنۡ أَقۡصَا ٱلۡمَدِينَةِ يَسۡعَىٰ قَالَ يَٰمُوسَىٰٓ إِنَّ ٱلۡمَلَأَ يَأۡتَمِرُونَ بِكَ لِيَقۡتُلُوكَ فَٱخۡرُجۡ إِنِّي لَكَ مِنَ ٱلنَّـٰصِحِينَ

Марде аз дурдасти шаҳр давон омаду гуфт: «Эй Мӯсо, сардорони қавми Фиръавн дар бораи ту машварат мекунанд, то туро бикушанд. Аз ин шаҳр берун бирав. Ман, ҳароина, хайрхоҳи ту ҳастам!»
Surah Al-Qasas, Verse 20


فَخَرَجَ مِنۡهَا خَآئِفٗا يَتَرَقَّبُۖ قَالَ رَبِّ نَجِّنِي مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Пас, тарсону нигарон аз шаҳр берун шуд. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз қавми ситамкорон наҷот бидеҳ!»
Surah Al-Qasas, Verse 21


وَلَمَّا تَوَجَّهَ تِلۡقَآءَ مَدۡيَنَ قَالَ عَسَىٰ رَبِّيٓ أَن يَهۡدِيَنِي سَوَآءَ ٱلسَّبِيلِ

Вақте ки Мӯсо қасд ба сӯи шаҳри Мадян кард, берун аз ватани Фиръавн шуда гуфт: «Умед аст, ки Парвардигори ман маро ба роҳи рост раҳбарӣ кунад»
Surah Al-Qasas, Verse 22


وَلَمَّا وَرَدَ مَآءَ مَدۡيَنَ وَجَدَ عَلَيۡهِ أُمَّةٗ مِّنَ ٱلنَّاسِ يَسۡقُونَ وَوَجَدَ مِن دُونِهِمُ ٱمۡرَأَتَيۡنِ تَذُودَانِۖ قَالَ مَا خَطۡبُكُمَاۖ قَالَتَا لَا نَسۡقِي حَتَّىٰ يُصۡدِرَ ٱلرِّعَآءُۖ وَأَبُونَا شَيۡخٞ كَبِيرٞ

Чун ба оби чоҳи шаҳри Мадян расид, гурӯҳе аз мардумро дид, ки чорпоёни худро об медиҳанд ва дар канори онҳо ду занро дид, ки гӯсфандони худро бозмедоранд ва ба чоҳ наздик намешаванд, Мӯсо гуфт: «Шумо чӣ мекунед, чаро гӯсфандони худро об намедиҳед?» Гуфтанд: «Мо онҳоро об намедиҳем, то он гоҳ ки чӯпонҳо бозгарданд ва бираванд, ки падари мо пири кӯҳансол аст ва тавоноии ин корро надорад.»
Surah Al-Qasas, Verse 23


فَسَقَىٰ لَهُمَا ثُمَّ تَوَلَّىٰٓ إِلَى ٱلظِّلِّ فَقَالَ رَبِّ إِنِّي لِمَآ أَنزَلۡتَ إِلَيَّ مِنۡ خَيۡرٖ فَقِيرٞ

Пас, Мӯсо барои гӯсфандони он ду зан об дод. Сипас ба сояи дарахте бозгашту гуфт: «Эй Парвардигорам, ман, ба таҳқиқ, ба он неъмате, ки бароям мефиристӣ, мӯҳтоҷам»
Surah Al-Qasas, Verse 24


فَجَآءَتۡهُ إِحۡدَىٰهُمَا تَمۡشِي عَلَى ٱسۡتِحۡيَآءٖ قَالَتۡ إِنَّ أَبِي يَدۡعُوكَ لِيَجۡزِيَكَ أَجۡرَ مَا سَقَيۡتَ لَنَاۚ فَلَمَّا جَآءَهُۥ وَقَصَّ عَلَيۡهِ ٱلۡقَصَصَ قَالَ لَا تَخَفۡۖ نَجَوۡتَ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Пас, яке аз он ду зан, ки шармида роҳ мерафт, назди Мӯсо омад ва гуфт: «Ҳароина, падарам туро даъват мекунад, то музди об додани гӯсфандонро бидиҳад». Чун Мӯсо назди падари ӯ омад ва қиссаи саргузашти худро барояш ҳикоят кард, падари ӯ гуфт: «Матарс, ки ту аз мардуми ситамкор (Фиръавн ва қавмаш) наҷот ёфтаӣ»
Surah Al-Qasas, Verse 25


قَالَتۡ إِحۡدَىٰهُمَا يَـٰٓأَبَتِ ٱسۡتَـٔۡجِرۡهُۖ إِنَّ خَيۡرَ مَنِ ٱسۡتَـٔۡجَرۡتَ ٱلۡقَوِيُّ ٱلۡأَمِينُ

Яке аз он ду зан барои падараш гуфт: «Эй падар, ӯро мардикор бигир, бегумон беҳтарин касеро, ки метавонӣ марди кор бигирӣ, касе аст, ки неруманди амин бошад ва ӯ чунин аст»
Surah Al-Qasas, Verse 26


قَالَ إِنِّيٓ أُرِيدُ أَنۡ أُنكِحَكَ إِحۡدَى ٱبۡنَتَيَّ هَٰتَيۡنِ عَلَىٰٓ أَن تَأۡجُرَنِي ثَمَٰنِيَ حِجَجٖۖ فَإِنۡ أَتۡمَمۡتَ عَشۡرٗا فَمِنۡ عِندِكَۖ وَمَآ أُرِيدُ أَنۡ أَشُقَّ عَلَيۡكَۚ سَتَجِدُنِيٓ إِن شَآءَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ

(Падари духтар Шуьайб ном дошт,) гуфт: «Ҳароина, мехоҳам яке аз ин ду духтарамро зани ту кунам, ба шарти он, ки ҳашт сол мардикори ман бошӣ. Ва агар онро то даҳ сол тамом кунӣ, пас лутфу муҳаббате аз сӯи туст ва ман намехоҳам бар ту сахтгирӣ кунам. Иншоаллоҳ, маро аз солеҳон хоҳӣ ёфт»
Surah Al-Qasas, Verse 27


قَالَ ذَٰلِكَ بَيۡنِي وَبَيۡنَكَۖ أَيَّمَا ٱلۡأَجَلَيۡنِ قَضَيۡتُ فَلَا عُدۡوَٰنَ عَلَيَّۖ وَٱللَّهُ عَلَىٰ مَا نَقُولُ وَكِيلٞ

(Мӯсо гуфт:) «Ин қарордод миёни ману ту бошад, ки ҳар кадом аз ин ду муддатро анҷом додам, бар ман ситаме нахоҳад буд ва Аллоҳ таоло бар он чӣ мегӯем, гувоҳ аст»
Surah Al-Qasas, Verse 28


۞فَلَمَّا قَضَىٰ مُوسَى ٱلۡأَجَلَ وَسَارَ بِأَهۡلِهِۦٓ ءَانَسَ مِن جَانِبِ ٱلطُّورِ نَارٗاۖ قَالَ لِأَهۡلِهِ ٱمۡكُثُوٓاْ إِنِّيٓ ءَانَسۡتُ نَارٗا لَّعَلِّيٓ ءَاتِيكُم مِّنۡهَا بِخَبَرٍ أَوۡ جَذۡوَةٖ مِّنَ ٱلنَّارِ لَعَلَّكُمۡ تَصۡطَلُونَ

Пас, чун Мӯсо он муддати муайянро ба поён расонид ва он даҳ соли комил буд ва бо занаш ба сӯи Миср равон шуд, аз сӯи кӯҳи Тур оташе дид. Ба ахли худ гуфт: «Ин ҷо истед. Ҳамоно ман оташе дидам. Шояд аз он хабаре ё пораи оташе биёварам, то гарм шавед»
Surah Al-Qasas, Verse 29


فَلَمَّآ أَتَىٰهَا نُودِيَ مِن شَٰطِيِٕ ٱلۡوَادِ ٱلۡأَيۡمَنِ فِي ٱلۡبُقۡعَةِ ٱلۡمُبَٰرَكَةِ مِنَ ٱلشَّجَرَةِ أَن يَٰمُوسَىٰٓ إِنِّيٓ أَنَا ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Чун Мӯсо назди оташ омад, аз канораи рости водӣ, дар он сарзамини муборак, аз миёни як дарахт нидо дода шуд, ки эй Мӯсо, албатта, ман Аллоҳи барҳақу Парвардигори ҷаҳониёнам
Surah Al-Qasas, Verse 30


وَأَنۡ أَلۡقِ عَصَاكَۚ فَلَمَّا رَءَاهَا تَهۡتَزُّ كَأَنَّهَا جَآنّٞ وَلَّىٰ مُدۡبِرٗا وَلَمۡ يُعَقِّبۡۚ يَٰمُوسَىٰٓ أَقۡبِلۡ وَلَا تَخَفۡۖ إِنَّكَ مِنَ ٱلۡأٓمِنِينَ

Асоятро бияндоз! Чун дидаш, ки монанди море меҷунбад, тарсид ва гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. Аллоҳ гуфт: «Эй Мӯсо, пеш ой ва матарс. Ҳароина, Ту аз ҳама нохушиҳо дар амон ҳастӣ
Surah Al-Qasas, Verse 31


ٱسۡلُكۡ يَدَكَ فِي جَيۡبِكَ تَخۡرُجۡ بَيۡضَآءَ مِنۡ غَيۡرِ سُوٓءٖ وَٱضۡمُمۡ إِلَيۡكَ جَنَاحَكَ مِنَ ٱلرَّهۡبِۖ فَذَٰنِكَ بُرۡهَٰنَانِ مِن رَّبِّكَ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦٓۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمٗا فَٰسِقِينَ

Дастатро дар гиребони худ фурӯ кун, то сафед ва дурахшанда берун ояд, бе ҳеҷ осебе. Ва то аз ваҳшат биёромӣ, дасти худ дар бағал кун. Ин ду мӯъҷиза асо ва дасти дурахшон аз ҷониби Парвардигорат бурҳони равшан барои Фиръавн ва ашрофи қавми ӯст, бегумон онон мардуме саркашанд»
Surah Al-Qasas, Verse 32


قَالَ رَبِّ إِنِّي قَتَلۡتُ مِنۡهُمۡ نَفۡسٗا فَأَخَافُ أَن يَقۡتُلُونِ

Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигорам, ман як тан аз онҳоро куштаам, пас метарсам, ки маро бикушанд
Surah Al-Qasas, Verse 33


وَأَخِي هَٰرُونُ هُوَ أَفۡصَحُ مِنِّي لِسَانٗا فَأَرۡسِلۡهُ مَعِيَ رِدۡءٗا يُصَدِّقُنِيٓۖ إِنِّيٓ أَخَافُ أَن يُكَذِّبُونِ

Ва бародарам Ҳорун ба забон аз ман фасеҳтар аст. Пас, ӯро ба мадади ман бифирист, то маро тасдиқ кунад, ҳароина, бими он дорам, ки дурӯғгӯям мешуморанд»
Surah Al-Qasas, Verse 34


قَالَ سَنَشُدُّ عَضُدَكَ بِأَخِيكَ وَنَجۡعَلُ لَكُمَا سُلۡطَٰنٗا فَلَا يَصِلُونَ إِلَيۡكُمَا بِـَٔايَٰتِنَآۚ أَنتُمَا وَمَنِ ٱتَّبَعَكُمَا ٱلۡغَٰلِبُونَ

Аллоҳ таоло гуфт: «Туро бо бародарат қавӣ ва нерӯманд хоҳем кард ва бароятон ҳуҷҷате қарор медиҳем. Пас, ба сабаби нишонаҳое, ки шуморо додаем, ба шумо даст нахоҳанд ёфт. Шумо ва пайравонатон пирӯз хоҳед буд»
Surah Al-Qasas, Verse 35


فَلَمَّا جَآءَهُم مُّوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَا بَيِّنَٰتٖ قَالُواْ مَا هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّفۡتَرٗى وَمَا سَمِعۡنَا بِهَٰذَا فِيٓ ءَابَآئِنَا ٱلۡأَوَّلِينَ

Чун Мӯсо оёти равшани Моро наздашон (назди Фиръавн ва қавм) овард, гуфтанд: «Ин ҷодуест бархоста, мо аз ниёгонамон чунин чизҳое нашунидаем»
Surah Al-Qasas, Verse 36


وَقَالَ مُوسَىٰ رَبِّيٓ أَعۡلَمُ بِمَن جَآءَ بِٱلۡهُدَىٰ مِنۡ عِندِهِۦ وَمَن تَكُونُ لَهُۥ عَٰقِبَةُ ٱلدَّارِۚ إِنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلظَّـٰلِمُونَ

Ва Мӯсо ба Фиръавн гуфт: «Парвардигори ман ба ҳоли он касе, ки аз ҷониби Ӯ ба ҳидоят омадааст ва оқибати писандида дар он саройи дигар аз они ӯст, огоҳтар аст. Албатта, ситамкорон наҷот намеёбанд!»
Surah Al-Qasas, Verse 37


وَقَالَ فِرۡعَوۡنُ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَأُ مَا عَلِمۡتُ لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرِي فَأَوۡقِدۡ لِي يَٰهَٰمَٰنُ عَلَى ٱلطِّينِ فَٱجۡعَل لِّي صَرۡحٗا لَّعَلِّيٓ أَطَّلِعُ إِلَىٰٓ إِلَٰهِ مُوسَىٰ وَإِنِّي لَأَظُنُّهُۥ مِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ

Фиръавн гуфт: «Эй ҷамоат, ман барои шумо маъбуде ҷуз худ намешиносам. Эй Ҳомон, барои ман хишт бипаз ва баланд манорае бисоз, шояд ки аз Аллоҳи Мӯсо бохабар шавам, ҳароина, ман дурӯғгӯяш мепиндорам»
Surah Al-Qasas, Verse 38


وَٱسۡتَكۡبَرَ هُوَ وَجُنُودُهُۥ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَظَنُّوٓاْ أَنَّهُمۡ إِلَيۡنَا لَا يُرۡجَعُونَ

Фиръавн ва лашкарҳояш ба ноҳақ дар замини Миср саркашӣ карданд ва пиндоштанд, ки баъди маргашон онҳо ба назди мо бозгардонида намешаванд
Surah Al-Qasas, Verse 39


فَأَخَذۡنَٰهُ وَجُنُودَهُۥ فَنَبَذۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡيَمِّۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Пас, Мо Фираъвн ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба баҳр андохтем. Пас, бингар, ки оқибати кори ситамкорон чӣ гуна буд
Surah Al-Qasas, Verse 40


وَجَعَلۡنَٰهُمۡ أَئِمَّةٗ يَدۡعُونَ إِلَى ٱلنَّارِۖ وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَا يُنصَرُونَ

Ва ононро аз он гуна пешвоёне сохтем, ки мардумро ба оташи ҷаҳаннам даъват мекунанд ва дар рӯзи қиёмат касе ёриашон намекунад
Surah Al-Qasas, Verse 41


وَأَتۡبَعۡنَٰهُمۡ فِي هَٰذِهِ ٱلدُّنۡيَا لَعۡنَةٗۖ وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ هُم مِّنَ ٱلۡمَقۡبُوحِينَ

Дар ин дунё аз паяшон лаънат (хорӣ ва ғазабро) равона сохтем ва дар рӯзи қиёмат аз зиштрӯёнанд ва аз раҳмати Аллоҳ таоло маҳруманд
Surah Al-Qasas, Verse 42


وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ مِنۢ بَعۡدِ مَآ أَهۡلَكۡنَا ٱلۡقُرُونَ ٱلۡأُولَىٰ بَصَآئِرَ لِلنَّاسِ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٗ لَّعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ

Пас, аз он ки мардуми рӯзгори пешинро ҳалок сохтем, (монанди қавми Нӯҳ, Од, Самуд ва қавми Лут ва асҳоби Мадян) ба Мӯсо китоби Таврот додем, ки барои мардуми банӣ Исроил ибрату ҳидоят ва раҳмат бошад. Шояд онҳо аз ин неъматҳои Парвардигор панд гиранд
Surah Al-Qasas, Verse 43


وَمَا كُنتَ بِجَانِبِ ٱلۡغَرۡبِيِّ إِذۡ قَضَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَى ٱلۡأَمۡرَ وَمَا كُنتَ مِنَ ٱلشَّـٰهِدِينَ

Он гоҳ ки ба Мӯсо фармони амри пайғамбариро ваҳй кардем, ту эй Расул, на дар ҷониби ғарбии кӯҳи Тур будӣ ва на дар он ҷо ҳозир будӣ, то гуфта шавад аз ин тариқ ин хабар ба ӯ расидааст
Surah Al-Qasas, Verse 44


وَلَٰكِنَّآ أَنشَأۡنَا قُرُونٗا فَتَطَاوَلَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡعُمُرُۚ وَمَا كُنتَ ثَاوِيٗا فِيٓ أَهۡلِ مَدۡيَنَ تَتۡلُواْ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِنَا وَلَٰكِنَّا كُنَّا مُرۡسِلِينَ

Вале Мо аз он пас (баъди Мӯсо) наслҳоеро биёфаридем, ки умри дароз ёфтанд. Пас, аҳди Аллоҳро фаромӯш карданд ва амрашро тарк намуданд. Ва ту дар миёни мардуми Мадян муқим набудӣ, ки оёти Моро бар онҳо бихонӣ. Вале Мо будем, ки ба сӯи ту онро ваҳй гуфтем ва барои мардум туро ба Паёмбари фиристодем
Surah Al-Qasas, Verse 45


وَمَا كُنتَ بِجَانِبِ ٱلطُّورِ إِذۡ نَادَيۡنَا وَلَٰكِن رَّحۡمَةٗ مِّن رَّبِّكَ لِتُنذِرَ قَوۡمٗا مَّآ أَتَىٰهُم مِّن نَّذِيرٖ مِّن قَبۡلِكَ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ

Эй Расул, ту дар канори кӯҳи Тур набудӣ, он гоҳ ки Мӯсоро нидо додем. Вале ин раҳматест аз ҷониби Парвардигорат, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштанд, бим диҳӣ. Бошад, ки онҳо пандпазир шаванд ва ҳар хубиро ба ҷо оранд ва аз ҳар бадӣ дурӣ гиранд
Surah Al-Qasas, Verse 46


وَلَوۡلَآ أَن تُصِيبَهُم مُّصِيبَةُۢ بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيهِمۡ فَيَقُولُواْ رَبَّنَا لَوۡلَآ أَرۡسَلۡتَ إِلَيۡنَا رَسُولٗا فَنَتَّبِعَ ءَايَٰتِكَ وَنَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Ва чун ба сабаби аъмоле, ки кардаанд, мусибате ба онҳо расад, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, чаро паёмбаре бар мо нафиристодӣ, то аз оёти Ту пайравӣ кунем ва аз мӯъминон бошем?»
Surah Al-Qasas, Verse 47


فَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلۡحَقُّ مِنۡ عِندِنَا قَالُواْ لَوۡلَآ أُوتِيَ مِثۡلَ مَآ أُوتِيَ مُوسَىٰٓۚ أَوَلَمۡ يَكۡفُرُواْ بِمَآ أُوتِيَ مُوسَىٰ مِن قَبۡلُۖ قَالُواْ سِحۡرَانِ تَظَٰهَرَا وَقَالُوٓاْ إِنَّا بِكُلّٖ كَٰفِرُونَ

Чун паёмбари ростгӯй (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷониби Мо бар онон мабъус шуд, (кофирони Қурайш) гуфтанд: «Чаро он чӣ ба Мӯсо аз мӯъҷизаҳо дода шуд, ба ӯ дода нашудааст?» (Эй Расул, бигӯ барояшон:) Оё инҳо (яҳудиҳо) пеш аз ин ба он чӣ ба Мӯсо дода шуда буд, кофир нашуда буданд? Ва гуфтанд, ки ин ҳарду (Тавроту Қуръон) ҷодуанд ва пуштибони якдигаранд ва гуфтанд: Мо ба ҳар кадоме аз онҳо имон намеоварем
Surah Al-Qasas, Verse 48


قُلۡ فَأۡتُواْ بِكِتَٰبٖ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ هُوَ أَهۡدَىٰ مِنۡهُمَآ أَتَّبِعۡهُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

Бигӯ эй Расул: «Агар рост мегӯед, аз ҷониби Аллоҳ китобе биёваред, ки аз ин ду (Тавроту Қуръон) беҳтар роҳ бинамояд, то ман ҳам аз он пайравӣ кунам!»
Surah Al-Qasas, Verse 49


فَإِن لَّمۡ يَسۡتَجِيبُواْ لَكَ فَٱعۡلَمۡ أَنَّمَا يَتَّبِعُونَ أَهۡوَآءَهُمۡۚ وَمَنۡ أَضَلُّ مِمَّنِ ٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ بِغَيۡرِ هُدٗى مِّنَ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Пас, агар ин сухани туро иҷобат накарданд, бидон, ки аз пайи ҳавои нафси хеш мераванд ва кист гумроҳтар аз касе, ки бе раҳнамоӣ аз сӯи Аллоҳ, аз пайи ҳавои нафси худ меравад? Ҳароина, Аллоҳ мардуми ситамкорро, ки мухолифати амри Ӯ карданд ва аз ҳудудаш берун рафтанд, ҳидоят намекунад
Surah Al-Qasas, Verse 50


۞وَلَقَدۡ وَصَّلۡنَا لَهُمُ ٱلۡقَوۡلَ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ

Барояшон сухан дар сухан пайвастем (яъне, пай дар пай оёти Қуръонро нозил кардем), бошад, ки пандпазир гарданд
Surah Al-Qasas, Verse 51


ٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلِهِۦ هُم بِهِۦ يُؤۡمِنُونَ

Касоне, ки пеш аз ин китоб (Қуръон) китобашон дода будем, (яъне, яҳуду насорое, ки китоби Аллоҳро табдил надода буданд) ба он Қуръон ва Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон меоваранд
Surah Al-Qasas, Verse 52


وَإِذَا يُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِهِۦٓ إِنَّهُ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّنَآ إِنَّا كُنَّا مِن قَبۡلِهِۦ مُسۡلِمِينَ

Ва чун бар онҳо Қуръон тиловат карда шуд, гуфтанд: «Ба он имон овардем. Бегумон ин аз ҷониби Парвардигори мо аст ва ҳақиқатан мо пеш аз нузули он ҳам мусалмон будем»
Surah Al-Qasas, Verse 53


أُوْلَـٰٓئِكَ يُؤۡتَوۡنَ أَجۡرَهُم مَّرَّتَيۡنِ بِمَا صَبَرُواْ وَيَدۡرَءُونَ بِٱلۡحَسَنَةِ ٱلسَّيِّئَةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ

Онҳо касонеанд, ки ба сабаби сабре, ки кардаанд, ду бор ба онҳо подош дода мешаванд. Зеро онҳо имон ба китоби худашон доранд ва низ имон ба Қуръон доранд. Инҳо бадиро ба некӣ дур мекунанд ва низ аз он чи рӯзиашон додаем, садақа мекунанд
Surah Al-Qasas, Verse 54


وَإِذَا سَمِعُواْ ٱللَّغۡوَ أَعۡرَضُواْ عَنۡهُ وَقَالُواْ لَنَآ أَعۡمَٰلُنَا وَلَكُمۡ أَعۡمَٰلُكُمۡ سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمۡ لَا نَبۡتَغِي ٱلۡجَٰهِلِينَ

Ва чун сухани беҳудае бишнаванд, аз он рӯйгардонӣ мекунанд ва мегӯянд: «Кирдорҳои мо аз они мо ва кирдорҳои шумо аз они шумо. Ба саломат бимонед. Мо хостори ҷоҳилон нестем!»
Surah Al-Qasas, Verse 55


إِنَّكَ لَا تَهۡدِي مَنۡ أَحۡبَبۡتَ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ

Ҳароина, ту эй Расул, ҳар касро, ки дӯст дорӣ наметавонӣ, ҳидоят кунӣ, вале Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯ ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад
Surah Al-Qasas, Verse 56


وَقَالُوٓاْ إِن نَّتَّبِعِ ٱلۡهُدَىٰ مَعَكَ نُتَخَطَّفۡ مِنۡ أَرۡضِنَآۚ أَوَلَمۡ نُمَكِّن لَّهُمۡ حَرَمًا ءَامِنٗا يُجۡبَىٰٓ إِلَيۡهِ ثَمَرَٰتُ كُلِّ شَيۡءٖ رِّزۡقٗا مِّن لَّدُنَّا وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ

Мушрикон гуфтанд: «Агар аз дини ту пайравӣ кунем, моро аз сарзаминамон бармекананд». Оё онҳоро дар ҳараме амн ҷой надодаем, ки ҳама гуна меваҳо дар он фароҳам мешавад ва ин ризқест аз ҷониби Мо? Вале аксари мушрикон қадри ин неъматҳоро намедонанд, то шукри Аллоҳро ба ҷо оранд
Surah Al-Qasas, Verse 57


وَكَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِن قَرۡيَةِۭ بَطِرَتۡ مَعِيشَتَهَاۖ فَتِلۡكَ مَسَٰكِنُهُمۡ لَمۡ تُسۡكَن مِّنۢ بَعۡدِهِمۡ إِلَّا قَلِيلٗاۖ وَكُنَّا نَحۡنُ ٱلۡوَٰرِثِينَ

Чӣ басо мардуми шаҳреро ҳалок сохтем, ки дар зиндагии худ масту мағрур шуда ва саркашӣ карда буданд ва ин хонаҳои онҳост, ки баъд аз онҳо, ҷуз андаке касе дар онҳо сукунат накард ва Мо вориси онҳо будем ва онҳоро мемиронем ва ба сӯи мо бозмегарданд, пас, онҳоро мувофиқи амалҳояшон ҷазо хоҳем дод
Surah Al-Qasas, Verse 58


وَمَا كَانَ رَبُّكَ مُهۡلِكَ ٱلۡقُرَىٰ حَتَّىٰ يَبۡعَثَ فِيٓ أُمِّهَا رَسُولٗا يَتۡلُواْ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِنَاۚ وَمَا كُنَّا مُهۡلِكِي ٱلۡقُرَىٰٓ إِلَّا وَأَهۡلُهَا ظَٰلِمُونَ

Эй Расул, дар замони ту ҳаргиз Парвардигори ту мардуми шаҳрҳоро, ки гирду атрофи «Макка» буданд, ҳалок накард, то он гоҳ ки аз худашон дар Макка паёмбаре бар онҳо фиристод ва ӯ оёти Моро бар онҳо бихонд. Ва мо шаҳрҳоро нобуд накардаем, магар он ки мардумаш ситамкор будаанд
Surah Al-Qasas, Verse 59


وَمَآ أُوتِيتُم مِّن شَيۡءٖ فَمَتَٰعُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَزِينَتُهَاۚ وَمَا عِندَ ٱللَّهِ خَيۡرٞ وَأَبۡقَىٰٓۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ

Эй мардум, чизҳое, ки ба шумо дода шудааст; (аз молу фарзанд бархурдорӣ ва) ороиши ин зиндагии дунявист. Ҳол он ки барои парҳезгорон он чи назди Аллоҳ аст, беҳтару пойдортар аст. Чаро намеандешед
Surah Al-Qasas, Verse 60


أَفَمَن وَعَدۡنَٰهُ وَعۡدًا حَسَنٗا فَهُوَ لَٰقِيهِ كَمَن مَّتَّعۡنَٰهُ مَتَٰعَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا ثُمَّ هُوَ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ مِنَ ٱلۡمُحۡضَرِينَ

Оё он кас, ки ӯро ваъдаҳои нек додаем, пас ӯ ба он ваъдаҳо хоҳад расид, ҳамонанди касест, ки ӯро аз моли инҷаҳонӣ баҳраманд кардаем, сипас дар рӯзи қиёмат аз ҳозиршудагон дар азоб хоҳад буд
Surah Al-Qasas, Verse 61


وَيَوۡمَ يُنَادِيهِمۡ فَيَقُولُ أَيۡنَ شُرَكَآءِيَ ٱلَّذِينَ كُنتُمۡ تَزۡعُمُونَ

Ва рӯзе, ки Аллоҳ таоло ононро нидо медиҳад ва мегӯяд: «Шариконеро, ки барои Ман мепиндоштаед, куҷоянд?»
Surah Al-Qasas, Verse 62


قَالَ ٱلَّذِينَ حَقَّ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقَوۡلُ رَبَّنَا هَـٰٓؤُلَآءِ ٱلَّذِينَ أَغۡوَيۡنَآ أَغۡوَيۡنَٰهُمۡ كَمَا غَوَيۡنَاۖ تَبَرَّأۡنَآ إِلَيۡكَۖ مَا كَانُوٓاْ إِيَّانَا يَعۡبُدُونَ

Онон, ки ҳукми азоб дар бораашон таҳқиқ шудааст, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо касоне, ҳастанд, ки мо гумроҳашон кардем. Аз он рӯ гумроҳашон кардем, ки худ гумроҳ будем. Аз онҳо безорӣ меҷӯем ва ба ту мегаравем. Инҳо моро намепарастидаанд, балки шайтонҳоро мепарастиданд»
Surah Al-Qasas, Verse 63


وَقِيلَ ٱدۡعُواْ شُرَكَآءَكُمۡ فَدَعَوۡهُمۡ فَلَمۡ يَسۡتَجِيبُواْ لَهُمۡ وَرَأَوُاْ ٱلۡعَذَابَۚ لَوۡ أَنَّهُمۡ كَانُواْ يَهۡتَدُونَ

Ва барои мушрикон гуфта шавад: «Акнун маъбудони худро, ки шарики Аллоҳ мепиндоштед, фарёд кунед, то шуморо ёрӣ кунанд». Пас, онҳоро мехонанд, вале ба онҳо ҷавоб намедиҳанд. Ва чун азобро бо чашми худ бубинанд, орзу мекунанд, ки кош аз ҳидоятёфтагон мебуданд
Surah Al-Qasas, Verse 64


وَيَوۡمَ يُنَادِيهِمۡ فَيَقُولُ مَاذَآ أَجَبۡتُمُ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Ва рӯзе, ки Аллоҳ мушриконро нидо кунад ва гӯяд: «Даъвати паёмбаронро чӣ гуна қабул кардед?»
Surah Al-Qasas, Verse 65


فَعَمِيَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلۡأَنۢبَآءُ يَوۡمَئِذٖ فَهُمۡ لَا يَتَسَآءَلُونَ

Дар ин рӯз хабарҳо бар онҳо пӯшида шавад ва аз якдигар низ натавонанд пурсид
Surah Al-Qasas, Verse 66


فَأَمَّا مَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا فَعَسَىٰٓ أَن يَكُونَ مِنَ ٱلۡمُفۡلِحِينَ

Аммо он кас, ки тавба кард аз мушрикон ва имон овард ва амали солеҳ ба ҷой овард, пас, умед аст, ки аз растагорон бошад
Surah Al-Qasas, Verse 67


وَرَبُّكَ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُ وَيَخۡتَارُۗ مَا كَانَ لَهُمُ ٱلۡخِيَرَةُۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ

Парвардигори ту ҳар чиро, ки бихоҳад, меофаринад ва ихтиёр мекунад. Вале онҳоро ҳеҷ тавони ихтиёр нест. Пок аст Аллоҳ ва аз ҳар чӣ барояш шарик месозанд, бартар аст
Surah Al-Qasas, Verse 68


وَرَبُّكَ يَعۡلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُورُهُمۡ وَمَا يُعۡلِنُونَ

Ва Парвардигори ту ҳар чиро, ки дар дил пинҳон доштаанд ё ошкор кардаанд, медонад
Surah Al-Qasas, Verse 69


وَهُوَ ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ لَهُ ٱلۡحَمۡدُ فِي ٱلۡأُولَىٰ وَٱلۡأٓخِرَةِۖ وَلَهُ ٱلۡحُكۡمُ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ

Ӯст Аллоҳи якто. Ҳеҷ маъбуде барҳақ ғайри Ӯ нест. Ситоиш хоси Ӯст, чи дар ин ҷаҳон ва чи дар ҷаҳони дигар. Ва фармон, фармони Ӯст. Ва ҳамаи шумо ба сӯи Ӯ бозгардонда мешавед
Surah Al-Qasas, Verse 70


قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِن جَعَلَ ٱللَّهُ عَلَيۡكُمُ ٱلَّيۡلَ سَرۡمَدًا إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ مَنۡ إِلَٰهٌ غَيۡرُ ٱللَّهِ يَأۡتِيكُم بِضِيَآءٍۚ أَفَلَا تَسۡمَعُونَ

Бигӯ эй Расул: Хабар диҳед маро эй мардум: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Аллоҳ шабатонро то рӯзи қиёмат тӯлонӣ созад? Ҷуз Ӯ кадом Аллоҳ аст, ки шуморо равшанӣ арзонӣ дорад? Магар намешунавед?»
Surah Al-Qasas, Verse 71


قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِن جَعَلَ ٱللَّهُ عَلَيۡكُمُ ٱلنَّهَارَ سَرۡمَدًا إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ مَنۡ إِلَٰهٌ غَيۡرُ ٱللَّهِ يَأۡتِيكُم بِلَيۡلٖ تَسۡكُنُونَ فِيهِۚ أَفَلَا تُبۡصِرُونَ

Бигӯ барояшон: хабар диҳед маро: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Аллоҳ рӯзатонро то рӯзи қиёмат тӯлонӣ созад? Ҷуз Ӯ кадом маъбудест, ки барои шумо шабе оварад, ки дар он биёсоед? Магар нишонаҳо ва оёти Аллоҳро намебинед
Surah Al-Qasas, Verse 72


وَمِن رَّحۡمَتِهِۦ جَعَلَ لَكُمُ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ لِتَسۡكُنُواْ فِيهِ وَلِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ

Ва аз раҳмати Ӯ он ки барои шумо эй мардум, шабу рӯзро падид овард, то дар он шаб ором бигиред ва дар он рӯз ба талаби рӯзӣ бархезед, бошад, ки шукр гӯед»
Surah Al-Qasas, Verse 73


وَيَوۡمَ يُنَادِيهِمۡ فَيَقُولُ أَيۡنَ شُرَكَآءِيَ ٱلَّذِينَ كُنتُمۡ تَزۡعُمُونَ

Ва рӯзе, ки Аллоҳ он мушриконро нидо диҳад ва барояшон бигӯяд: «Шариконе, ки барои Ман дар дунё мепиндоштед, куҷоянд
Surah Al-Qasas, Verse 74


وَنَزَعۡنَا مِن كُلِّ أُمَّةٖ شَهِيدٗا فَقُلۡنَا هَاتُواْ بُرۡهَٰنَكُمۡ فَعَلِمُوٓاْ أَنَّ ٱلۡحَقَّ لِلَّهِ وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ

Ва аз ҳар миллате шоҳиде биёварем ва гӯем: «Далели хеш биёваред. Пас, он гоҳ бидонанд, ки ҳақ аз они Аллоҳ аст ва ғоиб шавад аз назарашон он бутонеро, ки ба дурӯғ мехонанд.»
Surah Al-Qasas, Verse 75


۞إِنَّ قَٰرُونَ كَانَ مِن قَوۡمِ مُوسَىٰ فَبَغَىٰ عَلَيۡهِمۡۖ وَءَاتَيۡنَٰهُ مِنَ ٱلۡكُنُوزِ مَآ إِنَّ مَفَاتِحَهُۥ لَتَنُوٓأُ بِٱلۡعُصۡبَةِ أُوْلِي ٱلۡقُوَّةِ إِذۡ قَالَ لَهُۥ قَوۡمُهُۥ لَا تَفۡرَحۡۖ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡفَرِحِينَ

Ҳароина, Қорун аз қавми Мӯсо буд, ки бар онҳо ситам кард. Ва ба ӯ чунон ганҷҳое додем, ки бешак, ҳамли калидҳояш бар гурӯҳе аз мардуми нерӯманд душвор менамуд. Он гоҳ ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Ба хотири ин ҳама молат мағрурона шодӣ макун, ба дурустӣ, ки Аллоҳ таоло касонеро, ки шодӣ мекунанд ва мағрур мешаванд ва шукри Аллоҳ намекунанд, дӯст намедорад
Surah Al-Qasas, Verse 76


وَٱبۡتَغِ فِيمَآ ءَاتَىٰكَ ٱللَّهُ ٱلدَّارَ ٱلۡأٓخِرَةَۖ وَلَا تَنسَ نَصِيبَكَ مِنَ ٱلدُّنۡيَاۖ وَأَحۡسِن كَمَآ أَحۡسَنَ ٱللَّهُ إِلَيۡكَۖ وَلَا تَبۡغِ ٱلۡفَسَادَ فِي ٱلۡأَرۡضِۖ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُفۡسِدِينَ

Дар он чӣ Аллоҳ ба ту арзонӣ доштааст, саройи охиратро биҷӯй ва баҳраи хешро аз дунё фаромӯш макун. Ва ҳамчунон ки Аллоҳ ба ту некӣ кардааст, бо дигарон некӣ кун ва дар замин аз пайи фасод марав, ки ҳароина, Аллоҳ таоло фасодкунандагонро дӯст намедорад!»
Surah Al-Qasas, Verse 77


قَالَ إِنَّمَآ أُوتِيتُهُۥ عَلَىٰ عِلۡمٍ عِندِيٓۚ أَوَلَمۡ يَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ قَدۡ أَهۡلَكَ مِن قَبۡلِهِۦ مِنَ ٱلۡقُرُونِ مَنۡ هُوَ أَشَدُّ مِنۡهُ قُوَّةٗ وَأَكۡثَرُ جَمۡعٗاۚ وَلَا يُسۡـَٔلُ عَن ذُنُوبِهِمُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ

(Қорун дар ҷавоби насиҳати қавмаш гуфт:) «Ҳамоно он чӣ ба ман дода шудааст, аз ин ганҷҳо ба сабаби дониши ман буд». Оё Қорун надонистааст, ки ба таҳқиқ, Аллоҳ пеш аз ӯ наслҳоеро ҳалок карда, ки қувваташон аз ӯ афзунтар ва шумораашон бештар будааст? Ва ин гунаҳкоронро, ки гуноҳашон муайян аст, аз гуноҳашон намепурсанд, балки ҳолати онҳоро медонад ва онҳоро азоб медиҳад
Surah Al-Qasas, Verse 78


فَخَرَجَ عَلَىٰ قَوۡمِهِۦ فِي زِينَتِهِۦۖ قَالَ ٱلَّذِينَ يُرِيدُونَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا يَٰلَيۡتَ لَنَا مِثۡلَ مَآ أُوتِيَ قَٰرُونُ إِنَّهُۥ لَذُو حَظٍّ عَظِيمٖ

Пас, рӯзе Қорун бо ороиш ва зинати хеш бар қавмаш берун омад, касоне, ки хоҳони зиндагии дунё буданд, гуфтанд: «Эй кош, он чӣ ки ба Қорун дода шуда, моро низ мебуд, ба дурустӣ, ки ӯ аз баҳраи бузург бархӯрдор аст»
Surah Al-Qasas, Verse 79


وَقَالَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ وَيۡلَكُمۡ ثَوَابُ ٱللَّهِ خَيۡرٞ لِّمَنۡ ءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗاۚ وَلَا يُلَقَّىٰهَآ إِلَّا ٱلصَّـٰبِرُونَ

Ва касоне, ки ба онҳо дониши (илми шариат) дода шуда буд, гуфтанд: «Вой бар шумо. Аз Аллоҳ битарсед ва Ӯро итоат кунед, ки савоби Аллоҳ барои касе, ки имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, беҳтар аст аз он чӣ ба Қорун дода шудааст. Ва ин насиҳатро ба ҷуз сабркунандагон касе дигар намепазиранд.»
Surah Al-Qasas, Verse 80


فَخَسَفۡنَا بِهِۦ وَبِدَارِهِ ٱلۡأَرۡضَ فَمَا كَانَ لَهُۥ مِن فِئَةٖ يَنصُرُونَهُۥ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُنتَصِرِينَ

Пас, Қорун ва хонаашро дар замин фурӯ бурдем ва дар баробари Аллоҳ ҳеҷ гурӯҳе надошт, ки ёрияш кунад ва низ худ ёрӣ кардани хеш натавонист
Surah Al-Qasas, Verse 81


وَأَصۡبَحَ ٱلَّذِينَ تَمَنَّوۡاْ مَكَانَهُۥ بِٱلۡأَمۡسِ يَقُولُونَ وَيۡكَأَنَّ ٱللَّهَ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦ وَيَقۡدِرُۖ لَوۡلَآ أَن مَّنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡنَا لَخَسَفَ بِنَاۖ وَيۡكَأَنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلۡكَٰفِرُونَ

Ва касоне, ки дирӯз орзу мекарданд, ки ба ҷои ӯ бошанд, мегуфтанд: «Аҷабо, ки Аллоҳ рӯзии ҳар касро, ки хоҳад фаровон кунад ё танг созад. Агар инъому фазли Аллоҳ бар мо намебуд, албатта, моро ҳам замин мисли Қорун фурӯ мебурд. Аҷабо, ки кофирон на дар дунё ва на дар охират наҷот намеёбанд»
Surah Al-Qasas, Verse 82


تِلۡكَ ٱلدَّارُ ٱلۡأٓخِرَةُ نَجۡعَلُهَا لِلَّذِينَ لَا يُرِيدُونَ عُلُوّٗا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فَسَادٗاۚ وَٱلۡعَٰقِبَةُ لِلۡمُتَّقِينَ

Ин саройи охиратро аз они касоне сохтаем, ки дар ин ҷаҳон на хоҳони бартариҷӯӣ ҳастанд ва на хоҳони фасод. Ва саранҷоми нек, ки ҷаннат аст, аз они парҳезгорон аст
Surah Al-Qasas, Verse 83


مَن جَآءَ بِٱلۡحَسَنَةِ فَلَهُۥ خَيۡرٞ مِّنۡهَاۖ وَمَن جَآءَ بِٱلسَّيِّئَةِ فَلَا يُجۡزَى ٱلَّذِينَ عَمِلُواْ ٱلسَّيِّـَٔاتِ إِلَّا مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Ҳар кас, ки кори неке ба ҷой орад, подоши беҳтаре аз он дорад ва ҳар кӣ гуноҳе кунад, пас, бидонанд касоне, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, ҷуз ба андозаи амалашон ҷазо дода намешаванд
Surah Al-Qasas, Verse 84


إِنَّ ٱلَّذِي فَرَضَ عَلَيۡكَ ٱلۡقُرۡءَانَ لَرَآدُّكَ إِلَىٰ مَعَادٖۚ قُل رَّبِّيٓ أَعۡلَمُ مَن جَآءَ بِٱلۡهُدَىٰ وَمَنۡ هُوَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ

Ба дурустӣ, он Аллоҳе, ки Қуръонро бар ту нозил ва фарз кардааст расонидани онро, туро ба ҷойгоҳат (Макка) бозмегардонад. Бигӯ эй Расул, барои мушрикон: «Парвардигори ман беҳтар медонад, ки чӣ касе бар роҳи рост ва чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст»
Surah Al-Qasas, Verse 85


وَمَا كُنتَ تَرۡجُوٓاْ أَن يُلۡقَىٰٓ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبُ إِلَّا رَحۡمَةٗ مِّن رَّبِّكَۖ فَلَا تَكُونَنَّ ظَهِيرٗا لِّلۡكَٰفِرِينَ

Агар раҳмати Парвардигорат намебуд, умеди онро надоштӣ, ки ин китоб бар ту дода мешавад, пас шукри Аллоҳро ба ҷо ор бар он неъмате, ки бар ту арзонӣ намудааст. Пас, ҳаргиз, набояд пуштибони кофирон бошӣ
Surah Al-Qasas, Verse 86


وَلَا يَصُدُّنَّكَ عَنۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ بَعۡدَ إِذۡ أُنزِلَتۡ إِلَيۡكَۖ وَٱدۡعُ إِلَىٰ رَبِّكَۖ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

Пас, аз он ки оёти Аллоҳ бар ту нозил шуд, туро кофирон аз он бероҳа накунанд. Мардумро ба сӯи Парвардигорат бихон ва ҳаргиз аз мушрикон мабош
Surah Al-Qasas, Verse 87


وَلَا تَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَۘ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۚ كُلُّ شَيۡءٍ هَالِكٌ إِلَّا وَجۡهَهُۥۚ لَهُ ٱلۡحُكۡمُ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ

Бо Аллоҳи якто маъбуди дигареро махон. Ҳеҷ Аллоҳе барҳақ, ҷуз Ӯ нест. Ҳар чизе нобуд шуданӣ ҳаст, ғайри рӯйи Зоти Ӯ. Фармон, фармони Ӯст ва ҳама ба сӯйи Ӯ бозгардонида мешавед ва ҳисобу китоби гуфтору кирдоратонро бозрасӣ мекунад ва дар миёнатон одилона доварӣ хоҳад кард
Surah Al-Qasas, Verse 88


Author: Khoja Mirov


<< Surah 27
>> Surah 29

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai