Surah As-Saaffat - Tajik Translation by Khoja Mirov
وَٱلصَّـٰٓفَّـٰتِ صَفّٗا
Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба он фармштагоне, ки барои ибодаташ саф бастаанд
Surah As-Saaffat, Verse 1
فَٱلزَّـٰجِرَٰتِ زَجۡرٗا
пас савганд ба он фариштагон, ки абрҳоро ба амри Аллоҳ сахт меронанд
Surah As-Saaffat, Verse 2
فَٱلتَّـٰلِيَٰتِ ذِكۡرًا
Ва савганд ба он фариштагоне, ки зикри Аллоҳро мехонанд
Surah As-Saaffat, Verse 3
إِنَّ إِلَٰهَكُمۡ لَوَٰحِدٞ
Ҳароина, эй одамон, маъбуди шумо, Аллоҳи яктост, ки шарик надорад. Пас, Ӯро ибодат ва итоат кунед
Surah As-Saaffat, Verse 4
رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا وَرَبُّ ٱلۡمَشَٰرِقِ
Парвардигори осмонҳову замин аст ва ҳар чӣ дар миёни онҳост. Ва Парвардигори машриқҳост
Surah As-Saaffat, Verse 5
إِنَّا زَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِزِينَةٍ ٱلۡكَوَاكِبِ
Ҳароина, Мо осмони дунёро оростаем ба зиннати ситорагон
Surah As-Saaffat, Verse 6
وَحِفۡظٗا مِّن كُلِّ شَيۡطَٰنٖ مَّارِدٖ
Ва осмонро ба ситорагон аз ҳар шайтони саркаш нигаҳ доштем
Surah As-Saaffat, Verse 7
لَّا يَسَّمَّعُونَ إِلَى ٱلۡمَلَإِ ٱلۡأَعۡلَىٰ وَيُقۡذَفُونَ مِن كُلِّ جَانِبٖ
То натавонанд шайтонҳо, ки бирасанд ба "Малау-л-аъло" (яъне, ба осмонҳо ва ба фариштагоне, ки дар он ҷо мебошанд, то бишнаванд суханеро, ки Аллоҳ ба онҳо ваҳй мекунад). Ва аз ҳар сӯй андохта шаванд бо ситорае (шӯълае)
Surah As-Saaffat, Verse 8
دُحُورٗاۖ وَلَهُمۡ عَذَابٞ وَاصِبٌ
То шайтонҳо ронда шаванд аз осмон ва барои онҳост дар охират азоби доими аламовар
Surah As-Saaffat, Verse 9
إِلَّا مَنۡ خَطِفَ ٱلۡخَطۡفَةَ فَأَتۡبَعَهُۥ شِهَابٞ ثَاقِبٞ
Магар он шайтон, ки ногаҳон пораи хабареро бирабояд ва он сухане мебошад, ки мешунавад ӯро аз осмон, пас онро ба шайтони поёнӣ медиҳад ва он ба дигаре, ки аз ӯ поёнтар аст, медиҳад ва мумкин аст, ки шӯълае ӯро дарк кунад ва сӯзонад ва мумкин аст, ки ба қазову қадари Аллоҳ шӯъла онро дарк накунаду насӯзонад, пас он каломро шайтоне ба коҳине мерасонад ва дар он сад дурӯғи дигар изофа мекунад
Surah As-Saaffat, Verse 10
فَٱسۡتَفۡتِهِمۡ أَهُمۡ أَشَدُّ خَلۡقًا أَم مَّنۡ خَلَقۡنَآۚ إِنَّا خَلَقۡنَٰهُم مِّن طِينٖ لَّازِبِۭ
Пас, эй Паёмбар аз кофироне, ки аз нав зинда шуданро инкор мекунанд бипурс, ки офариниши онҳо душвортар аст ё он чи Мо офаридаем. Ҳароина, Мо падарашон Одамро аз гили часпанда офаридаем
Surah As-Saaffat, Verse 11
بَلۡ عَجِبۡتَ وَيَسۡخَرُونَ
Балки ту эй Паёмбар, тааҷҷуб мекунӣ аз дӯруғ бароварданашон ва мункир шуданашон баъсро ва аҷибтар ин аст, ки онҳо туро истеҳзо ва суханҳоятро масхара мекунанд
Surah As-Saaffat, Verse 12
وَإِذَا ذُكِّرُواْ لَا يَذۡكُرُونَ
Ба чун онҳоро хотиррасон карда панд дода шавад он чизеро, ки фаромӯш кардаанд ё ғофил мондаанд, пандро намепазиранд
Surah As-Saaffat, Verse 13
وَإِذَا رَأَوۡاْ ءَايَةٗ يَسۡتَسۡخِرُونَ
Ва чун мӯъчизаеро бубинанд, ки далолат ба паёмбарии ту мекунад, онро ба масхара мегиранд
Surah As-Saaffat, Verse 14
وَقَالُوٓاْ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّبِينٌ
Ва гӯянд: «Ин чизе, ки ту овардаӣ ҷуз ҷодуи ошкоре нест
Surah As-Saaffat, Verse 15
أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ
оё вақте ки мо мурдем ва хоку устухони пӯсида шудем, боз аз нав зинда хоҳем шуд
Surah As-Saaffat, Verse 16
أَوَءَابَآؤُنَا ٱلۡأَوَّلُونَ
Оё падарони гузаштаи мо низ зинда хоҳанд шуд
Surah As-Saaffat, Verse 17
قُلۡ نَعَمۡ وَأَنتُمۡ دَٰخِرُونَ
Бигӯ барояшон эй Паёмбар: «Оре, ҳамаи шумо зинда мешавед, дар ҳоле ки хору бечора хоҳед буд!»
Surah As-Saaffat, Verse 18
فَإِنَّمَا هِيَ زَجۡرَةٞ وَٰحِدَةٞ فَإِذَا هُمۡ يَنظُرُونَ
Пас албатта, аз нав зинда шудан ба як садои маргбор аст. Пас онҳо бармехезанд аз қабрҳояшон ва мебинанд аҳволи қиёматро
Surah As-Saaffat, Verse 19
وَقَالُواْ يَٰوَيۡلَنَا هَٰذَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ
Ва мегӯянд: «Ҳалокӣ бар мо, ин ҳамон рӯзи ҳисоб ва ҷазост!»
Surah As-Saaffat, Verse 20
هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ
Гуфта шавад ба онҳо: Ин ҳамон рӯзи доварӣ аст, ки дар дунё дурӯғаш мепиндоштед
Surah As-Saaffat, Verse 21
۞ٱحۡشُرُواْ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ وَأَزۡوَٰجَهُمۡ وَمَا كَانُواْ يَعۡبُدُونَ
Гуфта шавад ба фариштагон: Ҷамъ кунед онҳоеро, ки ба Аллоҳ кофир шуданд ҳамроҳ бо ҳаммаслакони худ ва ҳамроҳ бо он чи мепарастиданд
Surah As-Saaffat, Verse 22
مِن دُونِ ٱللَّهِ فَٱهۡدُوهُمۡ إِلَىٰ صِرَٰطِ ٱلۡجَحِيمِ
ба ҷои Аллоҳи якто, пас биронед онҳоро, рондане дурушт сӯйи ҷаҳаннам
Surah As-Saaffat, Verse 23
وَقِفُوهُمۡۖ إِنَّهُم مَّسۡـُٔولُونَ
Ва ононро пеш аз расидан сӯи ҷаҳаннам нигаҳ доред, ҳамоно бояд, ки пурсуҷӯ шаванд
Surah As-Saaffat, Verse 24
مَا لَكُمۡ لَا تَنَاصَرُونَ
Ба онҳо сахт гуфта шавад: «Шуморо чӣ шуд, ки ҳамдигарро ёрӣ намекунед?»
Surah As-Saaffat, Verse 25
بَلۡ هُمُ ٱلۡيَوۡمَ مُسۡتَسۡلِمُونَ
Балки, имрӯз онҳо ба амри Аллоҳ таслимшавандагонанд ва дар қиёмат барои худ чорае андеша натавонанд
Surah As-Saaffat, Verse 26
وَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ يَتَسَآءَلُونَ
Ва он гоҳ кофирон рӯй ба якдигар кунанд ва аз ҳамдигар маломаткунон бипурсанд
Surah As-Saaffat, Verse 27
قَالُوٓاْ إِنَّكُمۡ كُنتُمۡ تَأۡتُونَنَا عَنِ ٱلۡيَمِينِ
Пайравон ба пешвоёни худ гӯянд: «Албатта, шумо будед, ки моро гумроҳ мекардед ва аз ҷониби дину шариат пеши мо меомадед ва амрҳои динро ба мо нодуруст нишон медодед ва моро аз дин мегурезонидед ва ботилро барои мо зиннат медодед
Surah As-Saaffat, Verse 28
قَالُواْ بَل لَّمۡ تَكُونُواْ مُؤۡمِنِينَ
Пешвоён ба пайравон гӯянд: «На, чунин нест, балки камбудӣ аз худатон буд, дилҳоятон имонро инкор мекард ва куфру исёнро қабул мекард
Surah As-Saaffat, Verse 29
وَمَا كَانَ لَنَا عَلَيۡكُم مِّن سُلۡطَٰنِۭۖ بَلۡ كُنتُمۡ قَوۡمٗا طَٰغِينَ
Моро бар шумо ҳеҷ ғолибияте набуд, ки шуморо аз имон боздорем. Балки шумо эй мушрикон худ мардумоне нофармону таҷовузкор будед
Surah As-Saaffat, Verse 30
فَحَقَّ عَلَيۡنَا قَوۡلُ رَبِّنَآۖ إِنَّا لَذَآئِقُونَ
Пас, гуфтаи Парвардигорамон бар мо воҷиб шуд. Ҳамоно мову шумо бояд бичашем азобро ба сабаби гуноҳое, ки дар дунё кардаем
Surah As-Saaffat, Verse 31
فَأَغۡوَيۡنَٰكُمۡ إِنَّا كُنَّا غَٰوِينَ
Пас, мо шуморо аз роҳи Аллоҳ ва имони ба Ӯ гумроҳ кардем ҳамоно худ аз ин пеш гумроҳ будем, пас, ҳалокати мо ба сабаби куфрамон буд ва шуморо бо ҳамроҳамон ҳалок кардем
Surah As-Saaffat, Verse 32
فَإِنَّهُمۡ يَوۡمَئِذٖ فِي ٱلۡعَذَابِ مُشۡتَرِكُونَ
Пас, ҳароина, дар рӯзи қиёмат ҳама дар азоб шариканд. Чунон ки дар дунё дар нофармонии Аллоҳ шарик буданд
Surah As-Saaffat, Verse 33
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ
Мо бо касоне, ки дар дунё тоати Аллоҳро ба ҷой наоварда, гуноҳ карданд, чунин рафтор мекунем
Surah As-Saaffat, Verse 34
إِنَّهُمۡ كَانُوٓاْ إِذَا قِيلَ لَهُمۡ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱللَّهُ يَسۡتَكۡبِرُونَ
Зеро онҳо буданд, ки чун калимаи «Ла илоҳа иллаллоҳ» ба онҳо гуфта мешуд, такаббур мекарданд
Surah As-Saaffat, Verse 35
وَيَقُولُونَ أَئِنَّا لَتَارِكُوٓاْ ءَالِهَتِنَا لِشَاعِرٖ مَّجۡنُونِۭ
Ва мегуфтанд: «Оё ба хотири шоири девонае маъбудонамонро тарк кунем?»
Surah As-Saaffat, Verse 36
بَلۡ جَآءَ بِٱلۡحَقِّ وَصَدَّقَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Дурӯғ гуфтанд. На, Муҳаммад чунин нест, чунон ки онҳо ӯро сифат карданд, балки ӯ Қуръон ва тавҳидро овард ва паёмбарони пешинро аз он чи аз шариати Аллоҳ хабар дода буданд, тасдиқ намуд
Surah As-Saaffat, Verse 37
إِنَّكُمۡ لَذَآئِقُواْ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡأَلِيمِ
Ҳароина, шумо эй мушрикон ба сабаби куфратон азоби дардоварро, ҳатман, хоҳед чашид
Surah As-Saaffat, Verse 38
وَمَا تُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Ва ҷазо дода намешавед дар охират, магар мувофиқи гуноҳоне, ки дар дунё кардаед
Surah As-Saaffat, Verse 39
إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ
Магар бандагони мухлиси Аллоҳ, ки ибодаташро барояш холис сохтаанд
Surah As-Saaffat, Verse 40
أُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ رِزۡقٞ مَّعۡلُومٞ
Барои онҳо дар ҷаннат ризқи муайяне аст, ки ҳамеша бардавом аст
Surah As-Saaffat, Verse 41
فَوَٰكِهُ وَهُم مُّكۡرَمُونَ
Ризқу рӯзиашон аз меваҳои ҳархела ва онҳо гиромӣ шудагонанд
Surah As-Saaffat, Verse 42
فِي جَنَّـٰتِ ٱلنَّعِيمِ
дар биҳиштҳои пур аз нозу неъмат
Surah As-Saaffat, Verse 43
عَلَىٰ سُرُرٖ مُّتَقَٰبِلِينَ
бар тахтҳое дар рӯ ба рӯи якдигар (нишастаанд)
Surah As-Saaffat, Verse 44
يُطَافُ عَلَيۡهِم بِكَأۡسٖ مِّن مَّعِينِۭ
Ва барои онон ҷоме аз чашмаи гуворо миёнашон гардонида мешавад
Surah As-Saaffat, Verse 45
بَيۡضَآءَ لَذَّةٖ لِّلشَّـٰرِبِينَ
сафед асту нӯшандагонашро лаззатбахш
Surah As-Saaffat, Verse 46
لَا فِيهَا غَوۡلٞ وَلَا هُمۡ عَنۡهَا يُنزَفُونَ
на дар он шароб ақл пӯшида шавад ва на онҳо аз он шароб маст шаванд
Surah As-Saaffat, Verse 47
وَعِندَهُمۡ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ عِينٞ
Ва дар наздашон занони фаррохчашм ҳастанд, ки танҳо ба шавҳарони худ назар доранд ва ғайри онҳоро намехоҳанд
Surah As-Saaffat, Verse 48
كَأَنَّهُنَّ بَيۡضٞ مَّكۡنُونٞ
Гӯё, ки ҳурони биҳишт, дар сафедӣ монанди тухмҳои пӯшидашудае ҳастанд. (Ин ба хотири зебоӣ ва сафои онҳост ва рангҳояшон зеботарин ва дурахшандатарин рангҳост)
Surah As-Saaffat, Verse 49
فَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ يَتَسَآءَلُونَ
Дар ҷаннат рӯ ба якдигар кунанд ва аз ҳамдигар мепурсанд, ки дар дунё чӣ қадар машаққатҳо кашида буданд ва дар баробари он Аллоҳ ба онҳо ҷаннатро арзонӣ кардааст. Ва ин намоёнгари айшу ишрати комили онҳо дар биҳишт аст
Surah As-Saaffat, Verse 50
قَالَ قَآئِلٞ مِّنۡهُمۡ إِنِّي كَانَ لِي قَرِينٞ
Яке аз ҷаннатиҳо гӯяд: «Маро дар дунё ҳамнишини кофире буд
Surah As-Saaffat, Verse 51
يَقُولُ أَءِنَّكَ لَمِنَ ٱلۡمُصَدِّقِينَ
ки ба ман мегуфт: «Оё ту аз гурӯҳи онҳое ҳастӣ, ки рӯзи баъсро тасдиқ мекунанд
Surah As-Saaffat, Verse 52
أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَدِينُونَ
Оё он гоҳ ки мурдему хоку устухон шудем, зинда мешавему ҷазоямон медиҳанд?»
Surah As-Saaffat, Verse 53
قَالَ هَلۡ أَنتُم مُّطَّلِعُونَ
Гӯяд ин мӯьмини ҷаннатӣ ба шариконаш: Оё шумо мебинед бошишгоҳи он ҳамнишини манро
Surah As-Saaffat, Verse 54
فَٱطَّلَعَ فَرَءَاهُ فِي سَوَآءِ ٱلۡجَحِيمِ
Пас худаш аз боло бингарист ва ӯро дар миёни оташи дӯзах дид
Surah As-Saaffat, Verse 55
قَالَ تَٱللَّهِ إِن كِدتَّ لَتُرۡدِينِ
Гӯяд мӯъмин ба он мункири баъс: «Ба Аллоҳ савганд, наздик буд, ки маро ба ҳалокат афканӣ
Surah As-Saaffat, Verse 56
وَلَوۡلَا نِعۡمَةُ رَبِّي لَكُنتُ مِنَ ٱلۡمُحۡضَرِينَ
Ва агар неъмати (роҳнамоии) Парвардигорам намебуд, ман низ ҳамроҳи ту дар азоб мебудам
Surah As-Saaffat, Verse 57
أَفَمَا نَحۡنُ بِمَيِّتِينَ
Оё мо баъд аз даромаданамон ба ҷаннат дар ҳақиқат ҷовидон мемонем, пас моро марге нест
Surah As-Saaffat, Verse 58
إِلَّا مَوۡتَتَنَا ٱلۡأُولَىٰ وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ
Ҷуз он марги нахустин дар дунё? Ва баъди даромаданамон ба ҷаннат дигар моро азоб намекунанд
Surah As-Saaffat, Verse 59
إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ
Ҳароина, ин аст комёбии бузург
Surah As-Saaffat, Verse 60
لِمِثۡلِ هَٰذَا فَلۡيَعۡمَلِ ٱلۡعَٰمِلُونَ
Барои чунин неъмат ва подоши бузург, бояд амалкунандагон дар дунё амал кунанд, то бирасанд ба он дар охират
Surah As-Saaffat, Verse 61
أَذَٰلِكَ خَيۡرٞ نُّزُلًا أَمۡ شَجَرَةُ ٱلزَّقُّومِ
Оё барои пазироии ин ҳама неъматҳои биҳишти ҷовидонӣ беҳтар аст, ё дарахти заққум (дарахтест бадбӯ ва талх дар ҷаҳаннам)
Surah As-Saaffat, Verse 62
إِنَّا جَعَلۡنَٰهَا فِتۡنَةٗ لِّلظَّـٰلِمِينَ
Ҳамоно Мо он дарахтро барои уқубати ситамкорон падид овардаем
Surah As-Saaffat, Verse 63
إِنَّهَا شَجَرَةٞ تَخۡرُجُ فِيٓ أَصۡلِ ٱلۡجَحِيمِ
Ҳамоно дарахтест, ки аз қаъри ҷаҳаннам мерӯяд
Surah As-Saaffat, Verse 64
طَلۡعُهَا كَأَنَّهُۥ رُءُوسُ ٱلشَّيَٰطِينِ
мевааш зиштрӯй монанди сари шайётин аст
Surah As-Saaffat, Verse 65
فَإِنَّهُمۡ لَأٓكِلُونَ مِنۡهَا فَمَالِـُٔونَ مِنۡهَا ٱلۡبُطُونَ
пас дӯзахиён аз он мехӯранд ва шикам пур месозанд
Surah As-Saaffat, Verse 66
ثُمَّ إِنَّ لَهُمۡ عَلَيۡهَا لَشَوۡبٗا مِّنۡ حَمِيمٖ
Баъд аз болои он, ҳаройина, омезае аз оби сӯзон менӯшанд (яъне, баъди хӯрдани меваи Заққум аз болои он маҷбуран оби ифлосу сӯзоне нӯшонида мешаванд)
Surah As-Saaffat, Verse 67
ثُمَّ إِنَّ مَرۡجِعَهُمۡ لَإِلَى ٱلۡجَحِيمِ
Сипас бозгашташон, албатта ба ҷаҳаннам аст
Surah As-Saaffat, Verse 68
إِنَّهُمۡ أَلۡفَوۡاْ ءَابَآءَهُمۡ ضَآلِّينَ
Ҳароина, онҳо падарони худро пеш аз худ гумроҳ ва мушрик ёфтанд
Surah As-Saaffat, Verse 69
فَهُمۡ عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِمۡ يُهۡرَعُونَ
Пас онҳо ба дунболи падаронашон шитобон ронда мешаванд
Surah As-Saaffat, Verse 70
وَلَقَدۡ ضَلَّ قَبۡلَهُمۡ أَكۡثَرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
Ва ба таҳқиқ, пеш аз қавмат эй Паёмбар, бештари пешиниён гумроҳ буданд
Surah As-Saaffat, Verse 71
وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا فِيهِم مُّنذِرِينَ
Ва ҳамоно Мо расулони бимдиҳандае дар миёнашон фиристодем, пас кофир шуданд
Surah As-Saaffat, Verse 72
فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُنذَرِينَ
Пас, бингар (тааммул кун), ки саранҷоми он бимёфтагон чӣ гуна буд? Ҳамоно ҳама кофир шуданд, пас азоб карда шуданд ва барои мардум ибрате шуданд
Surah As-Saaffat, Verse 73
إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ
Ҷуз бандагони мухлиси Аллоҳ, ки онҳоро ба сӯи имон ва тавҳид барои худаш холис гардонидааст! Пас, онҳо наҷот ёфтагонанд
Surah As-Saaffat, Verse 74
وَلَقَدۡ نَادَىٰنَا نُوحٞ فَلَنِعۡمَ ٱلۡمُجِيبُونَ
Ва ҳамоно паёмбарамон Нӯҳ моро нидо кард, то ӯро пирӯзӣ бар қавмаш диҳем, пас Мо хуб қабулкунандаи дуоем
Surah As-Saaffat, Verse 75
وَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥ مِنَ ٱلۡكَرۡبِ ٱلۡعَظِيمِ
Ӯ ва мӯъминони ҳамроҳашро аз озори мушрикон ва аз ғарқ шудан ва тӯфони бузург наҷот додем
Surah As-Saaffat, Verse 76
وَجَعَلۡنَا ذُرِّيَّتَهُۥ هُمُ ٱلۡبَاقِينَ
Ва танҳо фарзандони ӯро баъди ғарқшудани қавмаш боқӣ гузоштем
Surah As-Saaffat, Verse 77
وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ
Ва барои ӯ дар миёни наслҳои баъдина номи неке боқӣ гузоштем
Surah As-Saaffat, Verse 78
سَلَٰمٌ عَلَىٰ نُوحٖ فِي ٱلۡعَٰلَمِينَ
Салом ва эминӣ бар Нӯҳ бод дар миёни ҷаҳониён
Surah As-Saaffat, Verse 79
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Ҳароина, Мо ин гуна некӯкоронро мисли подоши Нӯҳ подош медиҳем
Surah As-Saaffat, Verse 80
إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Ҳароина, Нӯҳ аз бандагони содиқ ва амалкунанда ба амрҳои Аллоҳ буд
Surah As-Saaffat, Verse 81
ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ
Сипас дигаронро (дурӯғбаровардагонро) бо тӯфон ғарқ сохтем. Ҳеҷ касе аз онҳо боқӣ намонд
Surah As-Saaffat, Verse 82
۞وَإِنَّ مِن شِيعَتِهِۦ لَإِبۡرَٰهِيمَ
Ҳароина, Иброҳим аз пайравон ва миллати Нӯҳ буд
Surah As-Saaffat, Verse 83
إِذۡ جَآءَ رَبَّهُۥ بِقَلۡبٖ سَلِيمٍ
Он гоҳ ки бо дили холӣ аз эътиқодҳои ботил ва ахлоқи бад рӯй ба сӯи Парвардигораш овард
Surah As-Saaffat, Verse 84
إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦ مَاذَا تَعۡبُدُونَ
Чун ба падараш ва қавмаш гуфт: Чиро мепарастед
Surah As-Saaffat, Verse 85
أَئِفۡكًا ءَالِهَةٗ دُونَ ٱللَّهِ تُرِيدُونَ
Оё ба ҷои Аллоҳи якто маъбуди дурӯғинро мехоҳед ва парастиши Аллоҳи ягонаро тарк мекунед
Surah As-Saaffat, Verse 86
فَمَا ظَنُّكُم بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Пас, ба Парвардигори ҷаҳониён чӣ гумон доред?»
Surah As-Saaffat, Verse 87
فَنَظَرَ نَظۡرَةٗ فِي ٱلنُّجُومِ
Пас, Иброҳим нигоҳе ба ситорагон кард, то узре пазирад, ки ҳамроҳи қавмаш ба идгоҳашон наравад
Surah As-Saaffat, Verse 88
فَقَالَ إِنِّي سَقِيمٞ
Пас, гуфт: «Ҳароина, ман беморам
Surah As-Saaffat, Verse 89
فَتَوَلَّوۡاْ عَنۡهُ مُدۡبِرِينَ
Пас, аз ӯ рӯй гардониданд ва бозгаштанд
Surah As-Saaffat, Verse 90
فَرَاغَ إِلَىٰٓ ءَالِهَتِهِمۡ فَقَالَ أَلَا تَأۡكُلُونَ
Пас, шитобон ва пинҳон назди бутонашон омад ва (аз тариқи истеҳзо) гуфт: Чизе аз ин таомҳое, ки барои шумо пешкаш кардаанд, намехӯред
Surah As-Saaffat, Verse 91
مَا لَكُمۡ لَا تَنطِقُونَ
Шуморо чӣ шудааст, ки сухан намегӯед ва ҷавоб намедиҳед
Surah As-Saaffat, Verse 92
فَرَاغَ عَلَيۡهِمۡ ضَرۡبَۢا بِٱلۡيَمِينِ
Пас, мутаваҷҷеҳ шуд бар бутҳо ва мезад онҳоро бо дасти рост: то исбот кунад хато будани ибодати онҳоро
Surah As-Saaffat, Verse 93
فَأَقۡبَلُوٓاْ إِلَيۡهِ يَزِفُّونَ
Қавмаш шитобону ғазабнок наздаш омаданд
Surah As-Saaffat, Verse 94
قَالَ أَتَعۡبُدُونَ مَا تَنۡحِتُونَ
Гуфт (Иброҳим ба қавмаш): «Оё бутҳоеро, ки худ метарошед бо дастонатон, мепарастед ва тарк мекунед ибодати Парвардигоре, ки шуморо халқ кардааст
Surah As-Saaffat, Verse 95
وَٱللَّهُ خَلَقَكُمۡ وَمَا تَعۡمَلُونَ
Ва Аллоҳ офаридааст шуморо ва ҳар чизеро, ки шумо месозед
Surah As-Saaffat, Verse 96
قَالُواْ ٱبۡنُواْ لَهُۥ بُنۡيَٰنٗا فَأَلۡقُوهُ فِي ٱلۡجَحِيمِ
Пас, вақте ки ҳуҷҷат бар зидди онҳо барпо шуд, роҳи зӯриро пеш гирифта гуфтанд: «Барои Иброҳим биное созед ва ӯро дар оташ андозед»
Surah As-Saaffat, Verse 97
فَأَرَادُواْ بِهِۦ كَيۡدٗا فَجَعَلۡنَٰهُمُ ٱلۡأَسۡفَلِينَ
Пас, қавми Иброҳим хостанд, барои ӯ макру ҳилае кунанд. Пас, сохтем мушриконро поёнтару мағлубтар. Ва гардонид Аллоҳ ҳилаашонро бар зидди худашон ва оташро барои Иброҳим сард гардонид
Surah As-Saaffat, Verse 98
وَقَالَ إِنِّي ذَاهِبٌ إِلَىٰ رَبِّي سَيَهۡدِينِ
Ва гуфт Иброҳим: «Ҳароина, ман ба сӯи Парвардигорам аз сарзамини қавми худ баромада ба ҷое меравам, ки имконият меёбам ибодат кардани Парвардигорамро. Ӯ маро ба сӯи хубиҳои динам ва дунёям роҳнамоӣ хоҳад кард
Surah As-Saaffat, Verse 99
رَبِّ هَبۡ لِي مِنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ
Эй Парвардигори ман, маро фарзанди солеҳ ато кун!»
Surah As-Saaffat, Verse 100
فَبَشَّرۡنَٰهُ بِغُلَٰمٍ حَلِيمٖ
Пас, ӯро ба писари бурдбор мужда додем
Surah As-Saaffat, Verse 101
فَلَمَّا بَلَغَ مَعَهُ ٱلسَّعۡيَ قَالَ يَٰبُنَيَّ إِنِّيٓ أَرَىٰ فِي ٱلۡمَنَامِ أَنِّيٓ أَذۡبَحُكَ فَٱنظُرۡ مَاذَا تَرَىٰۚ قَالَ يَـٰٓأَبَتِ ٱفۡعَلۡ مَا تُؤۡمَرُۖ سَتَجِدُنِيٓ إِن شَآءَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلصَّـٰبِرِينَ
Пас, чун фарзандаш Исмоил ба синне расид, ки бо падари худ кору кӯшиш тавонад кард, гуфт (падар ба писараш): «Эй писаракам, ҳароина, дар хоб дидаам, ки туро, бешубҳа, забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ» Гуфт (Исмоил) «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣ дар мавриди забҳи ман амал кун, ки агар Аллоҳ бихоҳад, маро аз собирон хоҳӣ ёфт»
Surah As-Saaffat, Verse 102
فَلَمَّآ أَسۡلَمَا وَتَلَّهُۥ لِلۡجَبِينِ
Чун ҳарду ба амри Аллоҳ таслим шуданд ва Иброҳим писарашро барои забҳ ба пешонӣ хобонид
Surah As-Saaffat, Verse 103
وَنَٰدَيۡنَٰهُ أَن يَـٰٓإِبۡرَٰهِيمُ
Мо дар он ҳолати вазнин нидояш кардем: «Эй Иброҳим
Surah As-Saaffat, Verse 104
قَدۡ صَدَّقۡتَ ٱلرُّءۡيَآۚ إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
ҳамоно кардӣ он кореро, ки ба он амр шудӣ ва хобатро ба ҳақиқат пайвастӣ». Ва мо, ҳароина, некӯкоронро чунин подош медиҳем. Чунон ки туро подош додем, пас онҳоро аз сахтиҳои дунё ва охират мераҳонем
Surah As-Saaffat, Verse 105
إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡبَلَـٰٓؤُاْ ٱلۡمُبِينُ
Албатта, ин моҷаро (яъне, фармони Мо ба ту, ки қурбонӣ кунӣ писаратро) озмоиши вазнине буд, ки қуввати имонатро ошкор кард
Surah As-Saaffat, Verse 106
وَفَدَيۡنَٰهُ بِذِبۡحٍ عَظِيمٖ
Ва Исмоилро бо гӯсфанди бузургҷусса бозхаридем
Surah As-Saaffat, Verse 107
وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ
Ва номи неки Ибоҳимро барои наслҳои баъд боқӣ гузоштем
Surah As-Saaffat, Verse 108
سَلَٰمٌ عَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ
Салом аз ҷониби Аллоҳ бар Иброҳим
Surah As-Saaffat, Verse 109
كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем. Чунон ки Иброҳимро барои итоат ва ба ҷо овардани амрамон подош додем
Surah As-Saaffat, Verse 110
إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Ҳароина, ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд
Surah As-Saaffat, Verse 111
وَبَشَّرۡنَٰهُ بِإِسۡحَٰقَ نَبِيّٗا مِّنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ
Ва Иброҳимро ба таваллуди писараш Исҳоқ, ки паёмбар ва аз ҷумлаи солеҳон буд мужда додем
Surah As-Saaffat, Verse 112
وَبَٰرَكۡنَا عَلَيۡهِ وَعَلَىٰٓ إِسۡحَٰقَۚ وَمِن ذُرِّيَّتِهِمَا مُحۡسِنٞ وَظَالِمٞ لِّنَفۡسِهِۦ مُبِينٞ
Ва бар ӯ ва бар Исҳоқ баракат додем ва аз фарзандонашон баъзе некӯкор (фамонбардори Аллоҳ) ҳастанд ва баъзе ошкоро бар худ ситам кардаанд, (яъне кофир шудаанд)
Surah As-Saaffat, Verse 113
وَلَقَدۡ مَنَنَّا عَلَىٰ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ
Ва ҳамоно Мо ба Мӯсо ва Ҳорун паёмбарӣ ва рисолатро инъом кардем
Surah As-Saaffat, Verse 114
وَنَجَّيۡنَٰهُمَا وَقَوۡمَهُمَا مِنَ ٱلۡكَرۡبِ ٱلۡعَظِيمِ
Он дуро ва мардумашонро аз ранҷи бузург наҷот бахшидем
Surah As-Saaffat, Verse 115
وَنَصَرۡنَٰهُمۡ فَكَانُواْ هُمُ ٱلۡغَٰلِبِينَ
Ва ононро ёри додем, пас бар Фиръавн пирӯз шуда ғалаба карданд
Surah As-Saaffat, Verse 116
وَءَاتَيۡنَٰهُمَا ٱلۡكِتَٰبَ ٱلۡمُسۡتَبِينَ
Ва ба ҳардуяшон Китоби равшангар (Таврот) додем
Surah As-Saaffat, Verse 117
وَهَدَيۡنَٰهُمَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ
Ва ба ҳардуяшон роҳи ростро ҳидоят кардем
Surah As-Saaffat, Verse 118
وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِمَا فِي ٱلۡأٓخِرِينَ
Ва номи некашонро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем
Surah As-Saaffat, Verse 119
سَلَٰمٌ عَلَىٰ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ
Салом аз ҷониби Аллоҳ бар Мӯсо ва Ҳорун
Surah As-Saaffat, Verse 120
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Ҳароина, Мо бандагони некӯкорамонро инчунин подош медиҳем, чунон ки Мӯсо ва Ҳорунро подоши некӯ додем
Surah As-Saaffat, Verse 121
إِنَّهُمَا مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Ҳароина, он ду аз бандагони мӯъмини Мо буданд
Surah As-Saaffat, Verse 122
وَإِنَّ إِلۡيَاسَ لَمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Ва ҳароина, бандаамон Илёс аз зумраи паёмбарон буд
Surah As-Saaffat, Verse 123
إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦٓ أَلَا تَتَّقُونَ
Ба мардуми худ ба банӣ Исроил гуфт: «Аз Аллоҳ битарсед ва ба Ӯ чизеро ширк наёред
Surah As-Saaffat, Verse 124
أَتَدۡعُونَ بَعۡلٗا وَتَذَرُونَ أَحۡسَنَ ٱلۡخَٰلِقِينَ
Оё Баълро (номи бут) парастиш мекунед ва парастиши Аллоҳ, беҳтарини офаринандагонро тарк мекунед
Surah As-Saaffat, Verse 125
ٱللَّهَ رَبَّكُمۡ وَرَبَّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ
Ва Аллоҳро, ки Парвардигори (офаридагори) шумо ва Парвардигори падарони пешинаи шумост»
Surah As-Saaffat, Verse 126
فَكَذَّبُوهُ فَإِنَّهُمۡ لَمُحۡضَرُونَ
Пас, қавмаш Илёсро дурӯғ бароварданд, пас, албатта Аллоҳ онҳоро рӯзи қиёмат барои ҳисобу иқоб ҷамъ меоварад
Surah As-Saaffat, Verse 127
إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ
Магар бандагони мухлиси Аллоҳ, ки динашонро барои Аллоҳ холис сохтанд, пас ҳамоно онҳо наҷотёфтагонанд аз азобаш
Surah As-Saaffat, Verse 128
وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ
Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъдӣ боқӣ гузоштем
Surah As-Saaffat, Verse 129
سَلَٰمٌ عَلَىٰٓ إِلۡ يَاسِينَ
Салом аз ҷониби Аллоҳ бар Илёс
Surah As-Saaffat, Verse 130
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Ҳароина, Мо бандагони некӯкорамонро инчунин подош (мукофот) медиҳем, чунон ки Илёсро бар итоаткориаш подоши нек додем
Surah As-Saaffat, Verse 131
إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Ҳароина, ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд
Surah As-Saaffat, Verse 132
وَإِنَّ لُوطٗا لَّمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Ва ҳароина, Лутро ихтиёр кардем, пас ӯро аз паёмбарон гардонидем
Surah As-Saaffat, Verse 133
إِذۡ نَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ
Он ҳангом, ки ӯ ва тамоми аҳлашро аз азоб наҷот додем
Surah As-Saaffat, Verse 134
إِلَّا عَجُوزٗا فِي ٱلۡغَٰبِرِينَ
Магар пиразане, ки ҳамсари Лут буд ӯро бо ҳамроҳи қавмаш ҳалок кардем
Surah As-Saaffat, Verse 135
ثُمَّ دَمَّرۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ
Сипас қавми кофири боқимондаашро ҳалок кардем
Surah As-Saaffat, Verse 136
وَإِنَّكُمۡ لَتَمُرُّونَ عَلَيۡهِم مُّصۡبِحِينَ
Ва шумо (эй аҳли Макка) гузар мекунед ба ҷою масканҳои қавми Лут дар вақти субҳ, ки осори азоб дар онҳо мавҷуд аст
Surah As-Saaffat, Verse 137
وَبِٱلَّيۡلِۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
Ва низ шабона гузар мекунед ҳангоми рафту омаданатон ба сӯи Шом. Оё оқилона намеандешед? Пас, битарсед мабодо, ки мусибати онҳо ба сари шумо ҳам наояд
Surah As-Saaffat, Verse 138
وَإِنَّ يُونُسَ لَمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Ва ҳароина, бандаамон Юнусро ихтиёр кардем ва гардонидем ӯро аз зумраи паёмбарон
Surah As-Saaffat, Verse 139
إِذۡ أَبَقَ إِلَى ٱلۡفُلۡكِ ٱلۡمَشۡحُونِ
Онгоҳ ки бар қавми худ ғазаб карда ба сӯи киштии пурбор гурехт
Surah As-Saaffat, Verse 140
فَسَاهَمَ فَكَانَ مِنَ ٱلۡمُدۡحَضِينَ
Мавҷ аз ҳар тараф киштиро иҳота кард. Пас, қуръа заданд аҳли кишти то, ки бори киштиро сабук кунанд ва киштӣ ғарқ нашавад. Ва Юнус дар қуръа мағлуб шуд. Ва ӯро ба баҳр партофтанд
Surah As-Saaffat, Verse 141
فَٱلۡتَقَمَهُ ٱلۡحُوتُ وَهُوَ مُلِيمٞ
Пас моҳӣ ӯро фурӯ бурд ва ӯ дар ҳоле, ки лоиқи сарзаниш буд
Surah As-Saaffat, Verse 142
فَلَوۡلَآ أَنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلۡمُسَبِّحِينَ
Пас, агар ибодатҳои пешинааш ва амалҳои шоистааш, ки пеш аз воқеъ шуданаш дар шиками моҳӣ ва тасбеҳаш намебуд
Surah As-Saaffat, Verse 143
لَلَبِثَ فِي بَطۡنِهِۦٓ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ
албатта, то рӯзи қиёмат дар шиками моҳӣ боқӣ мемонд
Surah As-Saaffat, Verse 144
۞فَنَبَذۡنَٰهُ بِٱلۡعَرَآءِ وَهُوَ سَقِيمٞ
Пас, дар ҳолати хастагиву бемориаш Мо ӯро аз даҳони моҳӣ ба замини хушку бе дарахт партофтем
Surah As-Saaffat, Verse 145
وَأَنۢبَتۡنَا عَلَيۡهِ شَجَرَةٗ مِّن يَقۡطِينٖ
Ва бар болои сараш ниҳоле аз навъи кадуе рӯёнидем, то дар сояи он баҳра барад
Surah As-Saaffat, Verse 146
وَأَرۡسَلۡنَٰهُ إِلَىٰ مِاْئَةِ أَلۡفٍ أَوۡ يَزِيدُونَ
Ва ӯро ба пайғамбарӣ ба ҷамъияти сад ҳазорнафара ва ё бештар фиристодем
Surah As-Saaffat, Verse 147
فَـَٔامَنُواْ فَمَتَّعۡنَٰهُمۡ إِلَىٰ حِينٖ
Пас, онҳо имон оварданд ва амал карданд ба он чизе, ки ӯ оварда буд, пас то аҷалашон расидан онҳоро ба ҳаёташон баҳраманд сохтем
Surah As-Saaffat, Verse 148
فَٱسۡتَفۡتِهِمۡ أَلِرَبِّكَ ٱلۡبَنَاتُ وَلَهُمُ ٱلۡبَنُونَ
Пас, (эй Паёмбар) аз қавмат бипурс: Чӣ гуна барои Аллоҳ духтаронро ихтиёр карданд, ки худ духтарро барои худ раво намебинед ва барои худ писаронро раво мебинанд
Surah As-Saaffat, Verse 149
أَمۡ خَلَقۡنَا ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةَ إِنَٰثٗا وَهُمۡ شَٰهِدُونَ
Аз онҳо бипурс: Оё вақте ки Мо малоикаро зан меофаридем, онҳо ҳозир буданд
Surah As-Saaffat, Verse 150
أَلَآ إِنَّهُم مِّنۡ إِفۡكِهِمۡ لَيَقُولُونَ
Огоҳ бош, ки ҳароина, аз дурӯғгӯияшон аст, ки мегӯянд
Surah As-Saaffat, Verse 151
وَلَدَ ٱللَّهُ وَإِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ
«Аллоҳ соҳиби фарзанд аст». Ва ҳароина, дурӯғ мегӯянд, зеро мегӯянд чизеро, ки намедонанд
Surah As-Saaffat, Verse 152
أَصۡطَفَى ٱلۡبَنَاتِ عَلَى ٱلۡبَنِينَ
Оё Аллоҳ духтаронро бар писарон ихтиёр кардааст
Surah As-Saaffat, Verse 153
مَا لَكُمۡ كَيۡفَ تَحۡكُمُونَ
Шуморо чист? Чӣ гуна ҳукм мекунед, ки духтарон аз они Аллоҳ ва писарон аз они шумо бошанд. Ҳол он ки духтаронро шумо барои худ розӣ намешавед
Surah As-Saaffat, Verse 154
أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
Оё намеандешед, ки ҷоиз нест ва ҳам лоиқ нест, ки Аллоҳро фарзанде бошад? Поку бузург аст Аллоҳ аз ин ҳама гуфтаҳо
Surah As-Saaffat, Verse 155
أَمۡ لَكُمۡ سُلۡطَٰنٞ مُّبِينٞ
Ё бар даъвои дуруғини худ далели равшане доред
Surah As-Saaffat, Verse 156
فَأۡتُواْ بِكِتَٰبِكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
Агар шуморо ҳуҷҷате ҳаст дар китобе аз назди Аллоҳ, пас китобатонро биёваред. Агар шумо роспӯй бошед
Surah As-Saaffat, Verse 157
وَجَعَلُواْ بَيۡنَهُۥ وَبَيۡنَ ٱلۡجِنَّةِ نَسَبٗاۚ وَلَقَدۡ عَلِمَتِ ٱلۡجِنَّةُ إِنَّهُمۡ لَمُحۡضَرُونَ
Мушрикон миёни Аллоҳу малоикаҳо хешовандиро муқаррар карданд ва мегуфтанд, ки фариштагон духтарони Аллоҳ ҳастанд ва ҳамоно малоикаҳо медонанд, ки албатта, мушрикон рӯзи қиёмат барои азоб ҳозиркардашудагонанд
Surah As-Saaffat, Verse 158
سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ
Аз он васф, ки кофирон мекунанд, Аллоҳ пок аст
Surah As-Saaffat, Verse 159
إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ
вале бандагони мухлиси Аллоҳ, сифат намекунанд Ӯро, магар ба он сифатҳое, ки лоиқи бузургии Ӯст
Surah As-Saaffat, Verse 160
فَإِنَّكُمۡ وَمَا تَعۡبُدُونَ
Пас албатта, шумо эй мушрикон ва бутоне, ки ба гайри Аллоҳ мепарастед
Surah As-Saaffat, Verse 161
مَآ أَنتُمۡ عَلَيۡهِ بِفَٰتِنِينَ
Ҳаргиз наметавонед касеро бо фитна гумроҳ кунед
Surah As-Saaffat, Verse 162
إِلَّا مَنۡ هُوَ صَالِ ٱلۡجَحِيمِ
магар он касро, ки (ба сӯи куфру ситамаш) моил бошад ба оташи сӯзони ҷаҳаннам медарояд
Surah As-Saaffat, Verse 163
وَمَامِنَّآ إِلَّا لَهُۥ مَقَامٞ مَّعۡلُومٞ
(Гуфтанд фариштаҳо): «Ва албатта, ҳар касе аз мо ҷое муъайяне дорад дар осмон
Surah As-Saaffat, Verse 164
وَإِنَّا لَنَحۡنُ ٱلصَّآفُّونَ
Ва албатта, мо дар ибодати Алдоҳ сафкашандагонем
Surah As-Saaffat, Verse 165
وَإِنَّا لَنَحۡنُ ٱلۡمُسَبِّحُونَ
Ва албатта, мо тасбеҳгӯяндагонем
Surah As-Saaffat, Verse 166
وَإِن كَانُواْ لَيَقُولُونَ
(Ва кофирони Макка пеш аз паёмбарии ту пайваста) мегуфтанд
Surah As-Saaffat, Verse 167
لَوۡ أَنَّ عِندَنَا ذِكۡرٗا مِّنَ ٱلۡأَوَّلِينَ
Агар назди мо ҳам ба мисли умматони гузашта китоб ва паёмбаре меомад
Surah As-Saaffat, Verse 168
لَكُنَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ
Албатта, мо ҳам аз бандагони ихлосёфтаи Аллоҳ мешудем ва бешак парастишамонро барои Ӯ холис месохтем ва дар имонамон содиқ мебудем
Surah As-Saaffat, Verse 169
فَكَفَرُواْ بِهِۦۖ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ
Вале чун бузургтарини паёмбарон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо китоби Қуръонро овард, ба он кофир шуданд. Пас, ба зудӣ хоҳанд донист чи азобе барои онҳост дар охират
Surah As-Saaffat, Verse 170
وَلَقَدۡ سَبَقَتۡ كَلِمَتُنَا لِعِبَادِنَا ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Ва ба ростӣ калимаи Мо барои бандагони фиристодаи Мо аз пеш дар Лавҳи Маҳфуз содир шудааст
Surah As-Saaffat, Verse 171
إِنَّهُمۡ لَهُمُ ٱلۡمَنصُورُونَ
ки албатта, онҳо дар дунёву охират нусрат дода мешаванд
Surah As-Saaffat, Verse 172
وَإِنَّ جُندَنَا لَهُمُ ٱلۡغَٰلِبُونَ
Ва ҳароина, лашкарони Мо бар душманонашон бо ҳуҷҷату қувват ғолибанд
Surah As-Saaffat, Verse 173
فَتَوَلَّ عَنۡهُمۡ حَتَّىٰ حِينٖ
Пас (эй Расул), то муддате аз он саркашон рӯй гардон, ки онҳо ҳақро қабул накарданд ва барояшон мӯҳлат бидеҳ, ки ҷуз азоби Аллоҳ чизе боқӣ намондааст
Surah As-Saaffat, Verse 174
وَأَبۡصِرۡهُمۡ فَسَوۡفَ يُبۡصِرُونَ
Ва бингар ва муроқиб бош чӣ азобе ба сарашон ояд. Пас, онҳо низ хоҳанд дид чӣ азоби Аллоҳ ба сарашон меояд
Surah As-Saaffat, Verse 175
أَفَبِعَذَابِنَا يَسۡتَعۡجِلُونَ
Оё азоби Моро эй Паёмбар, ба шитоб металабанд
Surah As-Saaffat, Verse 176
فَإِذَا نَزَلَ بِسَاحَتِهِمۡ فَسَآءَ صَبَاحُ ٱلۡمُنذَرِينَ
Пас чун фуруд ояд азоби Мо ба онҳо, пас чӣ бомдоди баде хоҳанд дошт
Surah As-Saaffat, Verse 177
وَتَوَلَّ عَنۡهُمۡ حَتَّىٰ حِينٖ
Ва аз онҳо то муддате, ки азоби Аллоҳ ба сарашон ояд рӯй бигардон
Surah As-Saaffat, Verse 178
وَأَبۡصِرۡ فَسَوۡفَ يُبۡصِرُونَ
Ва бингар, пас зуд аст, ки мебинанд чӣ азобу хорие ба сарашон меояд
Surah As-Saaffat, Verse 179
سُبۡحَٰنَ رَبِّكَ رَبِّ ٱلۡعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ
Муназзаҳу пок аст Парвардигори ту аз ҳар чӣ ба васфи Ӯ тӯҳматгарон мегӯянд
Surah As-Saaffat, Verse 180
وَسَلَٰمٌ عَلَى ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Ва салом ва дуруду эминӣ бод ба тамоми паёмбарон
Surah As-Saaffat, Verse 181
وَٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Ва сипосу ситоиш хос аз они Аллоҳе аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст
Surah As-Saaffat, Verse 182