UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Sad - Tajik Translation by Khoja Mirov


صٓۚ وَٱلۡقُرۡءَانِ ذِي ٱلذِّكۡرِ

Сод. Аллоҳ савганд ёд мекунад ба Қуръони бузурги соҳиби панд, ки мардум аз бузургии қадри он дар ғафлатанд
Surah Sad, Verse 1


بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي عِزَّةٖ وَشِقَاقٖ

Балки касоне, ки кофир шуданд дар саркашианд ва аз пазируфтани ҳақ дар ихтилофанд
Surah Sad, Verse 2


كَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِن قَبۡلِهِم مِّن قَرۡنٖ فَنَادَواْ وَّلَاتَ حِينَ مَنَاصٖ

Чӣ басо мардумеро, ки пеш аз он мушрикон ба ҳалокат расонидем. Ҳангоми нузули азоб онҳо тавбакунон фарёд бароварданд, вале он замон вақти наҷот набуд
Surah Sad, Verse 3


وَعَجِبُوٓاْ أَن جَآءَهُم مُّنذِرٞ مِّنۡهُمۡۖ وَقَالَ ٱلۡكَٰفِرُونَ هَٰذَا سَٰحِرٞ كَذَّابٌ

Ва кофирон дар таъаҷҷуб шуданд аз ин, ки бимдиҳандае аз миёни худашон баромад, ки онҳоро ба сӯи Аллоҳ даъват намояд ва аз азоби Ӯ бим намояд. Ва кофирон гуфтанд: «Ин паёмбар нест, балки ҷодугари дурӯғгуст
Surah Sad, Verse 4


أَجَعَلَ ٱلۡأٓلِهَةَ إِلَٰهٗا وَٰحِدًاۖ إِنَّ هَٰذَا لَشَيۡءٌ عُجَابٞ

Оё ҳамаи маъбудонро як маъбуд қарор додааст? Ва ҳароина, он чизе, ки ӯ овардааст ин чиз аҷибе аст?»
Surah Sad, Verse 5


وَٱنطَلَقَ ٱلۡمَلَأُ مِنۡهُمۡ أَنِ ٱمۡشُواْ وَٱصۡبِرُواْ عَلَىٰٓ ءَالِهَتِكُمۡۖ إِنَّ هَٰذَا لَشَيۡءٞ يُرَادُ

Бузургонашон ба роҳи худ рафтанд ва қавми худро ба парастиши маъбудонашон ташвиқ намуда гуфтанд: «Биравед ва ба парастиши маъбудони хеш пойдорӣ кунед, ки ҳароина, ин Паёмбар, даъвате, ки ӯ мекунад чизе аст хосташуда, ки мехоҳад бар шумо бузург ва бартар бошад
Surah Sad, Verse 6


مَا سَمِعۡنَا بِهَٰذَا فِي ٱلۡمِلَّةِ ٱلۡأٓخِرَةِ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا ٱخۡتِلَٰقٌ

Мо ҳаргиз ин чунин сухане, ки ӯ даъват менамояд дар охирин ойин нашунидаем, ин ҷуз дурӯғ ҳеҷ чизе нест
Surah Sad, Verse 7


أَءُنزِلَ عَلَيۡهِ ٱلذِّكۡرُ مِنۢ بَيۡنِنَاۚ بَلۡ هُمۡ فِي شَكّٖ مِّن ذِكۡرِيۚ بَل لَّمَّا يَذُوقُواْ عَذَابِ

Оё аз миёни ҳамаи мо ваҳй махсус ба ӯ (Муҳаммад) нозил шудааст?» балки онҳо аз ваҳйи Ман дар шубҳаанд, балки ин суханро ба он сабаб гуфтаанд, ки ҳанӯз азоби моро начашидаанд. Пас, агар азоби Ӯро мечашиданд ба гуфтани ин сухан ҷуръат намекарданд
Surah Sad, Verse 8


أَمۡ عِندَهُمۡ خَزَآئِنُ رَحۡمَةِ رَبِّكَ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡوَهَّابِ

Оё хазинаҳои раҳмати Парвардигори пирӯзманди бахшандаат дар назди онҳост, то ҳар касро, ки бихоҳанд аз он бидиҳанд, ё аз он маҳрум кунанд
Surah Sad, Verse 9


أَمۡ لَهُم مُّلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَاۖ فَلۡيَرۡتَقُواْ فِي ٱلۡأَسۡبَٰبِ

Оё фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни он ду аст, аз они онҳост? Пас, агар чунин аст, бо асбоб ва ҳар василаҳои дигаре ба осмон боло раванд, то ба он чи ки мехоҳанд аз додан ва боздоштан, ҳукм намоянд
Surah Sad, Verse 10


جُندٞ مَّا هُنَالِكَ مَهۡزُومٞ مِّنَ ٱلۡأَحۡزَابِ

Он ҷо (шаҳри Макка) лашкарест ночиз аз чанд гурӯҳи шикастхӯрдаи ҷамъшуда
Surah Sad, Verse 11


كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ وَعَادٞ وَفِرۡعَوۡنُ ذُو ٱلۡأَوۡتَادِ

Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Од ва Фиръавн соҳиби қуввати бузург, ки паёмбаронро дурӯғгӯ мебароварданд
Surah Sad, Verse 12


وَثَمُودُ وَقَوۡمُ لُوطٖ وَأَصۡحَٰبُ لۡـَٔيۡكَةِۚ أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلۡأَحۡزَابُ

Ва низ қавми Самуд ва қавми Лут ва мардуми Айка аз он ҷамоатҳо буданд, ки паёмбаронро дурӯғ бароварданд
Surah Sad, Verse 13


إِن كُلٌّ إِلَّا كَذَّبَ ٱلرُّسُلَ فَحَقَّ عِقَابِ

Аз онон касе набуд, ки паёмбаронро дурӯғгӯ набароварда бошад, пас онҳоро азоби Ман воҷиб омад
Surah Sad, Verse 14


وَمَا يَنظُرُ هَـٰٓؤُلَآءِ إِلَّا صَيۡحَةٗ وَٰحِدَةٗ مَّا لَهَا مِن فَوَاقٖ

Ва ин мушрикон, агар бар ширки худ пойдор истанд, ҷуз бонги сахти маргборе интизорӣ надоранд, чунонки онро дигар таваққуфе набошад
Surah Sad, Verse 15


وَقَالُواْ رَبَّنَا عَجِّل لَّنَا قِطَّنَا قَبۡلَ يَوۡمِ ٱلۡحِسَابِ

Ва гуфтанд ба тариқи масхараомезӣ: «Эй Парвардигори мо, номаи аъмоли моро пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб ба дасти мо бидеҳ!»
Surah Sad, Verse 16


ٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَٱذۡكُرۡ عَبۡدَنَا دَاوُۥدَ ذَا ٱلۡأَيۡدِۖ إِنَّهُۥٓ أَوَّابٌ

Бар ҳарчӣ мегӯянд, сабр кун эй Расул, ва аз бандаи Мо Довуди соҳиби қувватро ёд овар. Бегумон ӯ бисёр тавбакунанда ва ба хушнудии Аллоҳ руҷуъкунанда буд
Surah Sad, Verse 17


إِنَّا سَخَّرۡنَا ٱلۡجِبَالَ مَعَهُۥ يُسَبِّحۡنَ بِٱلۡعَشِيِّ وَٱلۡإِشۡرَاقِ

Ҳароина, Мо кӯҳҳоро ром кардем, кӯҳҳо дар шомгоҳу бомдодон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд
Surah Sad, Verse 18


وَٱلطَّيۡرَ مَحۡشُورَةٗۖ كُلّٞ لَّهُۥٓ أَوَّابٞ

Ва низ парандагон бар ӯ гирд меомаданд. Ҳама фармонбари ӯ буданд
Surah Sad, Verse 19


وَشَدَدۡنَا مُلۡكَهُۥ وَءَاتَيۡنَٰهُ ٱلۡحِكۡمَةَ وَفَصۡلَ ٱلۡخِطَابِ

Фармонравоияшро ба ҳайбат, қувват ва нусрат устуворӣ бахшидем ва ӯро ҳикмату фасоҳат дар сухан ато кардем
Surah Sad, Verse 20


۞وَهَلۡ أَتَىٰكَ نَبَؤُاْ ٱلۡخَصۡمِ إِذۡ تَسَوَّرُواْ ٱلۡمِحۡرَابَ

Эй Расул, оё хабари он шикояткунандагонро шунидаӣ, он гоҳ ки аз девори қаср ба масҷид даромаданд
Surah Sad, Verse 21


إِذۡ دَخَلُواْ عَلَىٰ دَاوُۥدَ فَفَزِعَ مِنۡهُمۡۖ قَالُواْ لَا تَخَفۡۖ خَصۡمَانِ بَغَىٰ بَعۡضُنَا عَلَىٰ بَعۡضٖ فَٱحۡكُم بَيۡنَنَا بِٱلۡحَقِّ وَلَا تُشۡطِطۡ وَٱهۡدِنَآ إِلَىٰ سَوَآءِ ٱلصِّرَٰطِ

Ба назди Довуд дохил шуданд. Довуд аз даромадани онҳо тарсид. Гуфтанд: «Матарс, мо ду даъвогар ҳастем, ки яке бар дигаре ситам кардааст. Миёни мо ба дурустӣ доварӣ кун ва пой аз адолат берун манеҳ ва моро ба роҳи рост ҳидоят кун
Surah Sad, Verse 22


إِنَّ هَٰذَآ أَخِي لَهُۥ تِسۡعٞ وَتِسۡعُونَ نَعۡجَةٗ وَلِيَ نَعۡجَةٞ وَٰحِدَةٞ فَقَالَ أَكۡفِلۡنِيهَا وَعَزَّنِي فِي ٱلۡخِطَابِ

Яке аз он ду гуфт: Ҳароина, ин бародари ман аст. Ӯро наваду нӯҳ гӯсфанд аст ва маро як гӯсфанд. Мегӯяд: «Онро ҳам ба ман бидеҳ ва дар даъво ва ҳуҷҷати худ бар ман ғолиб омадааст»
Surah Sad, Verse 23


قَالَ لَقَدۡ ظَلَمَكَ بِسُؤَالِ نَعۡجَتِكَ إِلَىٰ نِعَاجِهِۦۖ وَإِنَّ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلۡخُلَطَآءِ لَيَبۡغِي بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٍ إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ وَقَلِيلٞ مَّا هُمۡۗ وَظَنَّ دَاوُۥدُ أَنَّمَا فَتَنَّـٰهُ فَٱسۡتَغۡفَرَ رَبَّهُۥ وَخَرَّۤ رَاكِعٗاۤ وَأَنَابَ۩

Довуд гуфт: «Албатта ӯ, ки гӯсфанди туро аз ту мехоҳад, то ба гӯсфандҳои хеш бияфзояд, бар ту ситам кардааст ва ҳароина, бисёре аз шарикон бар якдигар ситам мекунанд магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва инҳо низ андак ҳастанд». Ва Довуд донист, ки ӯро озмудем. Пас, аз Парвардигораш омурзиш хост ва ба рукӯъ дарафтоду тавба кард
Surah Sad, Verse 24


فَغَفَرۡنَا لَهُۥ ذَٰلِكَۖ وَإِنَّ لَهُۥ عِندَنَا لَزُلۡفَىٰ وَحُسۡنَ مَـَٔابٖ

Пас, Мо ин хатояшро бахшидем. Ҳароина, ӯро назди Мо наздики ва мақоми боло ва дар охират бозгашти некӯест
Surah Sad, Verse 25


يَٰدَاوُۥدُ إِنَّا جَعَلۡنَٰكَ خَلِيفَةٗ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱحۡكُم بَيۡنَ ٱلنَّاسِ بِٱلۡحَقِّ وَلَا تَتَّبِعِ ٱلۡهَوَىٰ فَيُضِلَّكَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَضِلُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ لَهُمۡ عَذَابٞ شَدِيدُۢ بِمَا نَسُواْ يَوۡمَ ٱلۡحِسَابِ

Эй Довуд, ҳароина, Мо туро дар замин ҷонишин сохтаем. Пас, дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ кун ва аз пайи ҳавои нафс марав, ки туро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ месозад. Ҳароина, онон, ки аз роҳи Аллоҳ каҷрав мешаванд, ба он сабаб, ки рӯзи ҳисобро фаромӯш кардаанд, ба азоби сахте гирифтор мешаванд
Surah Sad, Verse 26


وَمَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَآءَ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا بَٰطِلٗاۚ ذَٰلِكَ ظَنُّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۚ فَوَيۡلٞ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنَ ٱلنَّارِ

Мо ин осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост, беҳуда наофаридаем. Ин гумони касонест, ки кофир шуданд. Пас, вой бар кофирон, ки рӯзи қиёмат аз азоби оташ бархурдор мешаванд
Surah Sad, Verse 27


أَمۡ نَجۡعَلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ كَٱلۡمُفۡسِدِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَمۡ نَجۡعَلُ ٱلۡمُتَّقِينَ كَٱلۡفُجَّارِ

Оё касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, монанди фасодкунандагон дар замин қарор хоҳем дод? Ё парҳезгоронро чун гуноҳкорон қарор хоҳем дод? Чунин чиз дар ҳикмат ва ҳукми Аллоҳ лоиқ нест, балки мӯъминони парҳезгорро савоб медиҳад ва фасодкорони бадкорро азоб медиҳад
Surah Sad, Verse 28


كِتَٰبٌ أَنزَلۡنَٰهُ إِلَيۡكَ مُبَٰرَكٞ لِّيَدَّبَّرُوٓاْ ءَايَٰتِهِۦ وَلِيَتَذَكَّرَ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ

Китобе аст пурбаракат, ки онро бар ту эй Расул, нозил кардем, то дар оёташ бияндешанд ва ба роҳнамоии он амал намоянд ва хирадмандон бояд аз он панд гиранд
Surah Sad, Verse 29


وَوَهَبۡنَا لِدَاوُۥدَ سُلَيۡمَٰنَۚ نِعۡمَ ٱلۡعَبۡدُ إِنَّهُۥٓ أَوَّابٌ

Мо Сулаймонро бар Довуд бахшидем. Чӣ бандаи некӯе буд ва албатта, ӯ бисёр ба тоат ва хушнудии Аллоҳ руҷуъкунанда буд
Surah Sad, Verse 30


إِذۡ عُرِضَ عَلَيۡهِ بِٱلۡعَشِيِّ ٱلصَّـٰفِنَٰتُ ٱلۡجِيَادُ

Ба ёд биёвар он гоҳ ки ба ҳангоми аср аспони тезрав, ба ӯ нишон дода шуд
Surah Sad, Verse 31


فَقَالَ إِنِّيٓ أَحۡبَبۡتُ حُبَّ ٱلۡخَيۡرِ عَن ذِكۡرِ رَبِّي حَتَّىٰ تَوَارَتۡ بِٱلۡحِجَابِ

Пас, гуфт Сулаймон: «Ҳароина, ман чунон шефтаи меҳри аспон шудам, ки аз зикри Паврвардигорам бехабар гаштам, то офтоб дар пардаи ғуруб пӯшида шуд, (яъне намози аср қазо шуд)
Surah Sad, Verse 32


رُدُّوهَا عَلَيَّۖ فَطَفِقَ مَسۡحَۢا بِٱلسُّوقِ وَٱلۡأَعۡنَاقِ

он аспони нишондодаро назди ман бозгардонед». Пас, шурӯъ ба даст кашидан бар соқҳо ва гарданҳои онҳо кард
Surah Sad, Verse 33


وَلَقَدۡ فَتَنَّا سُلَيۡمَٰنَ وَأَلۡقَيۡنَا عَلَىٰ كُرۡسِيِّهِۦ جَسَدٗا ثُمَّ أَنَابَ

Мо Сулаймонро озмудем ва бар тахти ӯ ҷасадеро афкандем сипас ӯ рӯй ба Аллоҳ овард ва тавба кард
Surah Sad, Verse 34


قَالَ رَبِّ ٱغۡفِرۡ لِي وَهَبۡ لِي مُلۡكٗا لَّا يَنۢبَغِي لِأَحَدٖ مِّنۢ بَعۡدِيٓۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡوَهَّابُ

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро бибахш ва маро махсус мулке ато кун ва пас аз ман касе сазовори он набошад, ки ҳароина, ту бисёр бахшояндаӣ»
Surah Sad, Verse 35


فَسَخَّرۡنَا لَهُ ٱلرِّيحَ تَجۡرِي بِأَمۡرِهِۦ رُخَآءً حَيۡثُ أَصَابَ

Пас, бодро роми ӯ кардем, ки ба нармӣ ҳар ҷо ки мехост, ба фармони ӯ мерафт
Surah Sad, Verse 36


وَٱلشَّيَٰطِينَ كُلَّ بَنَّآءٖ وَغَوَّاصٖ

Ва низ шайтонҳоро, ки ҳам бинокор буданду ҳам ғавос роми ӯ кардем
Surah Sad, Verse 37


وَءَاخَرِينَ مُقَرَّنِينَ فِي ٱلۡأَصۡفَادِ

Ва низ гурӯҳе дигарро, ки ҳама баста дар занҷири ӯ буданд
Surah Sad, Verse 38


هَٰذَا عَطَآؤُنَا فَٱمۡنُنۡ أَوۡ أَمۡسِكۡ بِغَيۡرِ حِسَابٖ

Ин мулк ва фармонравоии азим, атои беҳисоби Мост, ба ҳар кас хоҳӣ онро бидеҳ ва хоҳӣ нигаҳ дор, ки туро дар ин бора ҳисобу китоб карда намешавад
Surah Sad, Verse 39


وَإِنَّ لَهُۥ عِندَنَا لَزُلۡفَىٰ وَحُسۡنَ مَـَٔابٖ

Бегумон барои Сулаймон назди Мо дар охират наздикӣ ва бозгашти некӯст
Surah Sad, Verse 40


وَٱذۡكُرۡ عَبۡدَنَآ أَيُّوبَ إِذۡ نَادَىٰ رَبَّهُۥٓ أَنِّي مَسَّنِيَ ٱلشَّيۡطَٰنُ بِنُصۡبٖ وَعَذَابٍ

Ва эй Расул, аз бандаи Мо Аюб ёд кун, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод, ки ҳароина, маро шайтон ба ранҷу азоб афкандааст
Surah Sad, Verse 41


ٱرۡكُضۡ بِرِجۡلِكَۖ هَٰذَا مُغۡتَسَلُۢ بَارِدٞ وَشَرَابٞ

Пас, ба ӯ гуфтем: Поятро дар замин бикӯб: Ин обест барои шифо, то ба он шустушӯй кунӣ ва сард аст барои нӯшидан
Surah Sad, Verse 42


وَوَهَبۡنَا لَهُۥٓ أَهۡلَهُۥ وَمِثۡلَهُم مَّعَهُمۡ رَحۡمَةٗ مِّنَّا وَذِكۡرَىٰ لِأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ

Ва ба ӯ хонаводааш ва ҳамчанди он аз дигар ёронро аз фарзандону наберагон ато кардем ва ин худ раҳмате аз Мо буд ва барои хирадмандон андарз ва панде бошад
Surah Sad, Verse 43


وَخُذۡ بِيَدِكَ ضِغۡثٗا فَٱضۡرِب بِّهِۦ وَلَا تَحۡنَثۡۗ إِنَّا وَجَدۡنَٰهُ صَابِرٗاۚ نِّعۡمَ ٱلۡعَبۡدُ إِنَّهُۥٓ أَوَّابٞ

Ба ба ӯ гуфтем: «Дастае аз химчаҳои борикро ба даст гир ва бо он занатро бизан ва савганди хешро машикан». Ӯро (Аюбро) бандаи собире ёфтем. Чӣ некӯ бандае буд (Аюб)! Ҳароина, ӯ ба тоати Парвардигораш бисёр руҷӯъкунанда буд
Surah Sad, Verse 44


وَٱذۡكُرۡ عِبَٰدَنَآ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ أُوْلِي ٱلۡأَيۡدِي وَٱلۡأَبۡصَٰرِ

Эй Расул, бандагони Моро Иброҳиму Исо ва Яъқуб, ки дорои қудрату тавоноӣ дар тоат ва дорои биноӣ дар дин буданд, ба некӯӣ ёд кун
Surah Sad, Verse 45


إِنَّآ أَخۡلَصۡنَٰهُم بِخَالِصَةٖ ذِكۡرَى ٱلدَّارِ

Ҳароина, Мо пок сохтем онҳоро барои хислати поке, ки он ёд кардани саройи охират аст. Пас, барои дарёфт кардани он сарой итоати Мо карданд ва мардумро ба сӯи он даъват намуданд
Surah Sad, Verse 46


وَإِنَّهُمۡ عِندَنَا لَمِنَ ٱلۡمُصۡطَفَيۡنَ ٱلۡأَخۡيَارِ

Ва ҳароина, онҳо дар назди Мо баргузидагону неконанд
Surah Sad, Verse 47


وَٱذۡكُرۡ إِسۡمَٰعِيلَ وَٱلۡيَسَعَ وَذَا ٱلۡكِفۡلِۖ وَكُلّٞ مِّنَ ٱلۡأَخۡيَارِ

Ва эй Расул, бандагони Моро Исмоил ва Ясаъ ва Зулкифлро ба некӯӣ ёд кун, ки ҳама аз зумраи неконанд
Surah Sad, Verse 48


هَٰذَا ذِكۡرٞۚ وَإِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ لَحُسۡنَ مَـَٔابٖ

Ин Қуръон барои ту ва қавмат панде аст ва ҳароина, барои парҳезгорон бозгашти некӯест
Surah Sad, Verse 49


جَنَّـٰتِ عَدۡنٖ مُّفَتَّحَةٗ لَّهُمُ ٱلۡأَبۡوَٰبُ

биҳиштҳои ҷовидон, ки дарҳои он ба рӯяшон кушода аст
Surah Sad, Verse 50


مُتَّكِـِٔينَ فِيهَا يَدۡعُونَ فِيهَا بِفَٰكِهَةٖ كَثِيرَةٖ وَشَرَابٖ

Дар он ҷо такя задаанд ва ҳаргуна меваву нӯшиданиҳои бисёре, ки бихоҳанд, металабанд
Surah Sad, Verse 51


۞وَعِندَهُمۡ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ أَتۡرَابٌ

Ва назди онҳо ҳамсаронест ҳамсол, ки ҷуз ба шавҳарони хеш назар надоранд
Surah Sad, Verse 52


هَٰذَا مَا تُوعَدُونَ لِيَوۡمِ ٱلۡحِسَابِ

Ин аст, он чизҳое, ки барои рӯзи ҳисоб ба шумо эй парҳезгорон, ваъда додаанд
Surah Sad, Verse 53


إِنَّ هَٰذَا لَرِزۡقُنَا مَا لَهُۥ مِن نَّفَادٍ

Ҳароина, ин ризқи Мост барои шумо, ки онро ҳеҷ поёне нест
Surah Sad, Verse 54


هَٰذَاۚ وَإِنَّ لِلطَّـٰغِينَ لَشَرَّ مَـَٔابٖ

Ин (яъне, он чи зикр шуд, подоши парҳезгорон) аст. Ва бегумон, барои саркашон, ки дар куфру маъсият аз ҳад гузаштаанд, бадтарин бозгаштҳост
Surah Sad, Verse 55


جَهَنَّمَ يَصۡلَوۡنَهَا فَبِئۡسَ ٱلۡمِهَادُ

Ва ҷаҳаннам аст, ки дар он ворид мешаванд, пас чӣ бад оромгоҳест, ки барои онҳо омода шудааст
Surah Sad, Verse 56


هَٰذَا فَلۡيَذُوقُوهُ حَمِيمٞ وَغَسَّاقٞ

Ин азоб оби ҷӯшону чирк ва хунобаи дӯзахиёнро бояд бичашанд ва бинӯшанд
Surah Sad, Verse 57


وَءَاخَرُ مِن شَكۡلِهِۦٓ أَزۡوَٰجٌ

Ва азобу шиканҷаҳое дигар аз ҳар навъ доранд
Surah Sad, Verse 58


هَٰذَا فَوۡجٞ مُّقۡتَحِمٞ مَّعَكُمۡ لَا مَرۡحَبَۢا بِهِمۡۚ إِنَّهُمۡ صَالُواْ ٱلنَّارِ

Ҳангоме ки вориди ҷаҳаннам мешаванд, якдигарро дашном дода ва баъзеашон барои баъзе мегӯянд: Ин гурӯҳе аст, ки бо шумо ба ҷаҳаннам медароянд. Пас, ҷавоб медиҳанд: Хушомадашон мабод, ки албатта, онҳо дохилшудагон ба оташ ҳастанд чуноне, ки мо дохил шудаем
Surah Sad, Verse 59


قَالُواْ بَلۡ أَنتُمۡ لَا مَرۡحَبَۢا بِكُمۡۖ أَنتُمۡ قَدَّمۡتُمُوهُ لَنَاۖ فَبِئۡسَ ٱلۡقَرَارُ

Сипас гӯянд пайравон ба сарварон: «Балки, хушомад шуморо мабод. Шумо ин азобро пешопеш барои мо фиристода будед, чӣ бад ҷойгоҳест»
Surah Sad, Verse 60


قَالُواْ رَبَّنَا مَن قَدَّمَ لَنَا هَٰذَا فَزِدۡهُ عَذَابٗا ضِعۡفٗا فِي ٱلنَّارِ

Гӯянд гӯруҳи пайравон: «Эй Парвардигори мо, ҳар кас ин азобро пешопеш барои мо омода кардааст, азобашро дар оташ дучандон афзун кун!»
Surah Sad, Verse 61


وَقَالُواْ مَا لَنَا لَا نَرَىٰ رِجَالٗا كُنَّا نَعُدُّهُم مِّنَ ٱلۡأَشۡرَارِ

Ва гӯянд дӯзахиён ба ҳамдигар: «Чаро мардонеро, ки бо мо буданд дар дунё ва онҳоро аз зумраи бадкорон мешумурдем, акнун намебинем
Surah Sad, Verse 62


أَتَّخَذۡنَٰهُمۡ سِخۡرِيًّا أَمۡ زَاغَتۡ عَنۡهُمُ ٱلۡأَبۡصَٰرُ

Оё онҳоро ба масхара мегирифтем, воқеъан, мо иштибоҳ карда будаем ё ин ки ҳамроҳи мо дар дӯзаханд, лекин аз назарҳо дур мондаанд?»
Surah Sad, Verse 63


إِنَّ ذَٰلِكَ لَحَقّٞ تَخَاصُمُ أَهۡلِ ٱلنَّارِ

Албатта, ин гуфтугӯ ва ҷидоли аҳли ҷаҳаннам бо якдигар, қатъан, рост аст ва дар вуқӯъи он ҳеҷ шакке нест
Surah Sad, Verse 64


قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ مُنذِرٞۖ وَمَا مِنۡ إِلَٰهٍ إِلَّا ٱللَّهُ ٱلۡوَٰحِدُ ٱلۡقَهَّارُ

Бигӯ эй Расул, ба қавми худ: «Ҷуз ин нест, ки ман бимдиҳандае ҳастам, ки шуморо ба сабаби имон наоварданатон, аз омадани азоби Аллоҳ метарсонам ва ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Аллоҳи яктои қаҳҳор нест, ки сазовори парастиш бошад, балки танҳо Ӯ таоло сазовори парастиш аст
Surah Sad, Verse 65


رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡغَفَّـٰرُ

Ӯ, танҳо Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост. Ӯ таоло пирӯзманду ғолиб аст, дар интиқоми душманонаш ва омурзанда аст, барои ҳар касе, ки аз гуноҳонаш тавба кунад ва ба сӯй хушнудии Парвардигораш руҷӯъ намояд»
Surah Sad, Verse 66


قُلۡ هُوَ نَبَؤٌاْ عَظِيمٌ

Бигӯ эй Расул, ба қавми худ: «Ин Қуръон хабари бузурге аст
Surah Sad, Verse 67


أَنتُمۡ عَنۡهُ مُعۡرِضُونَ

ки шумо аз нафъи он бехабареду рӯй мегардонед ва ба он амал намекунед
Surah Sad, Verse 68


مَا كَانَ لِيَ مِنۡ عِلۡمِۭ بِٱلۡمَلَإِ ٱلۡأَعۡلَىٰٓ إِذۡ يَخۡتَصِمُونَ

Ман аз сокинони олами боло (фариштагон) чун дар бораи офариниши Одам, ки бо якдигар ҷидол ва гуфтутӯ мекарданд, хабаре надорам
Surah Sad, Verse 69


إِن يُوحَىٰٓ إِلَيَّ إِلَّآ أَنَّمَآ أَنَا۠ نَذِيرٞ مُّبِينٌ

Танҳо аз он рӯй ба ман ваҳй мешавад, ки ман бимдиҳандае ошкор ҳастам, ки шуморо аз азоби Ӯ метарсонам ва шариаташро барои шумо баён медорам»
Surah Sad, Verse 70


إِذۡ قَالَ رَبُّكَ لِلۡمَلَـٰٓئِكَةِ إِنِّي خَٰلِقُۢ بَشَرٗا مِّن طِينٖ

Ёд кун эй Расул, барояшон вақте ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ҳароина, ман башареро аз гил хоҳам офарид
Surah Sad, Verse 71


فَإِذَا سَوَّيۡتُهُۥ وَنَفَخۡتُ فِيهِ مِن رُّوحِي فَقَعُواْ لَهُۥ سَٰجِدِينَ

Чун ҷасади ӯро бо пуррагӣ тамомаш кардам ва дар он аз рӯҳи худ дамидам, ҳама саҷдааш кунед»
Surah Sad, Verse 72


فَسَجَدَ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ كُلُّهُمۡ أَجۡمَعُونَ

Пас ҳамаи фариштагон фармонро баҷо оварда саҷда карданд
Surah Sad, Verse 73


إِلَّآ إِبۡلِيسَ ٱسۡتَكۡبَرَ وَكَانَ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ

ғайри Иблис, ки саркашӣ карду аз кофирон шуд
Surah Sad, Verse 74


قَالَ يَـٰٓإِبۡلِيسُ مَا مَنَعَكَ أَن تَسۡجُدَ لِمَا خَلَقۡتُ بِيَدَيَّۖ أَسۡتَكۡبَرۡتَ أَمۡ كُنتَ مِنَ ٱلۡعَالِينَ

Аллоҳ гуфт: «Эй Иблис, чӣ чиз туро аз саҷда кардан дар баробари он чи Ман бо ду дасти худ офаридам, манъ кард? Оё такаббур бар Одам намудӣ ё аз ҷумлаи баландмартабагон бар Парвардигорат будӣ?»
Surah Sad, Verse 75


قَالَ أَنَا۠ خَيۡرٞ مِّنۡهُ خَلَقۡتَنِي مِن نَّارٖ وَخَلَقۡتَهُۥ مِن طِينٖ

Гуфт: «Ман аз ӯ (Одам) беҳтарам. Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил ва оташ аз гил беҳтараст»
Surah Sad, Verse 76


قَالَ فَٱخۡرُجۡ مِنۡهَا فَإِنَّكَ رَجِيمٞ

Гуфт Аллоҳ таоло: «Пас, аз ҷаннат берун шав, ки ба ростӣ ту рондашудаӣ
Surah Sad, Verse 77


وَإِنَّ عَلَيۡكَ لَعۡنَتِيٓ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلدِّينِ

Ва ҳароина, то рӯзи қиёмат лаънати Ман бар ту хоҳад буд»
Surah Sad, Verse 78


قَالَ رَبِّ فَأَنظِرۡنِيٓ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ

Иблис гуфт: «Эй Паврвардигори ман, маро то рӯзе, ки мардум аз қабрҳояшон аз нав зинда шаванд, мӯхлат деҳ ва ҳалок насоз!»
Surah Sad, Verse 79


قَالَ فَإِنَّكَ مِنَ ٱلۡمُنظَرِينَ

Аллоҳ гуфт: «Пас, ҳароина, ту аз мӯҳлатёфтагонӣ
Surah Sad, Verse 80


إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡوَقۡتِ ٱلۡمَعۡلُومِ

то он рӯзи замони муайян»
Surah Sad, Verse 81


قَالَ فَبِعِزَّتِكَ لَأُغۡوِيَنَّهُمۡ أَجۡمَعِينَ

Иблис гуфт: «Ба иззати Ту савганд, ёд мекунам, ки ҳароина, ҳамаи онҳоро гумроҳ кунам
Surah Sad, Verse 82


إِلَّا عِبَادَكَ مِنۡهُمُ ٱلۡمُخۡلَصِينَ

магар онҳое, ки аз бандагони мухлиси Ту бошанд ва дар паноҳи ту бошанд, гумроҳ карда натавонам»
Surah Sad, Verse 83


قَالَ فَٱلۡحَقُّ وَٱلۡحَقَّ أَقُولُ

Аллоҳ гуфт: «Ҳақ аст он чи мегӯям ва рост аст ва ҷуз ҳақ намегӯям
Surah Sad, Verse 84


لَأَمۡلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنكَ وَمِمَّن تَبِعَكَ مِنۡهُمۡ أَجۡمَعِينَ

ки албатта, ҷаҳаннамро аз ту ва фарзандонат ва аз ҳамаи пайравонат аз фарзандони Одам пур кунам»
Surah Sad, Verse 85


قُلۡ مَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٖ وَمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُتَكَلِّفِينَ

Бигӯ эй Расул, барои мушрикони қавмат: «Ман аз шумо дар баробари расонидани ин дин музде наметалабам ва нестам аз онҳое, ки ба дурӯғ чизе аз худ мебофанд, балки пайравӣ мекунам он чи ки ба ман ваҳй гуфта мешавад»
Surah Sad, Verse 86


إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرٞ لِّلۡعَٰلَمِينَ

Ва ин Қуръон ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест. Ва ҳамаи манфиатҳои динӣ ва дунявии ҷаҳониёнро ба онҳо ёдоварӣ менамояд
Surah Sad, Verse 87


وَلَتَعۡلَمُنَّ نَبَأَهُۥ بَعۡدَ حِينِۭ

Ва албатта, эй мушрикон, хабари сидқи онро баъд аз муддате, ки Ислом ғолиб мешавад ва одамон гурӯҳ гурӯҳ дар он дохил мешаванд хоҳед донист. Ва инчунин вақте ки азоб бар шумо фуруд ояд
Surah Sad, Verse 88


Author: Khoja Mirov


<< Surah 37
>> Surah 39

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai