Surah Az-Zumar - Tajik Translation by Khoja Mirov
تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ
Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Аллоҳи пирӯзмандест, ки бар душманонаш ғолиб ва дар тадбири халқаш ва аҳкомаш ҳаким аст
Surah Az-Zumar, Verse 1
إِنَّآ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ فَٱعۡبُدِ ٱللَّهَ مُخۡلِصٗا لَّهُ ٱلدِّينَ
Ҳароина, Мо ин китобро бар ту эй Расул, нозил кардем, ки он ба ҳақиқат ва адолат амр менамояд. Пас, Аллоҳро бипараст ва тамоми дини худро барои Ӯ холис гардон
Surah Az-Zumar, Verse 2
أَلَا لِلَّهِ ٱلدِّينُ ٱلۡخَالِصُۚ وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَ مَا نَعۡبُدُهُمۡ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلۡفَىٰٓ إِنَّ ٱللَّهَ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ فِي مَا هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَنۡ هُوَ كَٰذِبٞ كَفَّارٞ
Огоҳ бош, ки дини холис ва пок аз ширк аз они Аллоҳ аст ва касоне, ки ба ҷои Аллоҳ дӯстон ва ёвароне гирифтаанд, мегӯянд: «Инҳоро аз он рӯ мепарастем, то моро ба Аллоҳи якто дар мартаба наздик созанд ва шафоат расонанд. Ва ҳароина, Аллоҳ дар он чи аз ибодатҳояшон ихтилоф мекунанд, рӯзи қиёмат миёнашон доварӣ хоҳад кард ва ҳар якеро ҷазои муносиб хоҳад дод. Ҳароина, Аллоҳ дурӯғгӯву носипосро ба роҳи рост ҳидоят намекунад
Surah Az-Zumar, Verse 3
لَّوۡ أَرَادَ ٱللَّهُ أَن يَتَّخِذَ وَلَدٗا لَّٱصۡطَفَىٰ مِمَّا يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ سُبۡحَٰنَهُۥۖ هُوَ ٱللَّهُ ٱلۡوَٰحِدُ ٱلۡقَهَّارُ
Агар Аллоҳ мехост, ки барои худ фарзанде бигирад, аз миёни махлуқоти худ ҳар чиро, ки мехост, интихоб мекард. Аз ин нисбатҳо Аллоҳ пок аст ин ки бар худ фарзанде бигирад. Ӯст Аллоҳи яктои бениёз, қаҳҳор аст, ки ҳама аз қаҳри Ӯ ба хорӣ сар фурӯ ниҳодаанд
Surah Az-Zumar, Verse 4
خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۖ يُكَوِّرُ ٱلَّيۡلَ عَلَى ٱلنَّهَارِ وَيُكَوِّرُ ٱلنَّهَارَ عَلَى ٱلَّيۡلِۖ وَسَخَّرَ ٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ كُلّٞ يَجۡرِي لِأَجَلٖ مُّسَمًّىۗ أَلَا هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡغَفَّـٰرُ
Осмонҳову заминро ва он чӣ миёни онҳост барҳақ биёфарид. Шабро ба рӯз мепечад ва рӯзро бар шаб мепечад. Ва офтобу моҳро ба нафъи бандагон ром гардонид ва ҳар як дар мадори худ то замони муайяне дар ҳаракатанд. Огоҳ бош, ки Ӯст пирӯзманд бар халқаш ва омӯрзанда аст, барои тавбакунандагон
Surah Az-Zumar, Verse 5
خَلَقَكُم مِّن نَّفۡسٖ وَٰحِدَةٖ ثُمَّ جَعَلَ مِنۡهَا زَوۡجَهَا وَأَنزَلَ لَكُم مِّنَ ٱلۡأَنۡعَٰمِ ثَمَٰنِيَةَ أَزۡوَٰجٖۚ يَخۡلُقُكُمۡ فِي بُطُونِ أُمَّهَٰتِكُمۡ خَلۡقٗا مِّنۢ بَعۡدِ خَلۡقٖ فِي ظُلُمَٰتٖ ثَلَٰثٖۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمۡ لَهُ ٱلۡمُلۡكُۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ فَأَنَّىٰ تُصۡرَفُونَ
Эй мардум, шуморо аз як тан биёфарид, ки ӯ Одам аст. Ва аз он як тан занаш Ҳавворо офарид. Ва бароятон аз чорпоён ҳашт ҷуфт биёфарид: (нару мода аз шутур, гов, гӯсфанд ва буз). Шуморо дар шиками модаронатон дар чанд марҳала дар даруни торикиҳои сегона офариниш бахшид. Ин Аллоҳи якто, ки ҳама ин чизҳоро биёфарид, Парвардигори ҳақиқӣ ва маъбуди шумост. Фармонравоӣ дар дунёву охират аз они Ӯст. Аллоҳе барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пас, чӣ гуна аз ибодати Вай ба сӯи парастиши дигарон баргардонда мешавед
Surah Az-Zumar, Verse 6
إِن تَكۡفُرُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ عَنكُمۡۖ وَلَا يَرۡضَىٰ لِعِبَادِهِ ٱلۡكُفۡرَۖ وَإِن تَشۡكُرُواْ يَرۡضَهُ لَكُمۡۗ وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۚ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُم مَّرۡجِعُكُمۡ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَۚ إِنَّهُۥ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
Эй одамон, агар ба Парвардигори худ носипосӣ кунед, имон наоред ва аз паёмбараш пайравӣ накунед, ҳароина, Аллоҳ аз шумо бениёз аст ва шумо ҳастед, ки ба Ӯ эҳтиёҷ доред ва носипосиро барои бандагонаш намеписандад. Меписандад, ки сипосгузор бошанд. Ва ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад. Бозгашти ҳамаи шумо назди Парвардигоратон аст. Ӯ шуморо аз корҳое, ки мекардед, огоҳ мекунад, Ӯ ҳароина, ба он чи дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст
Surah Az-Zumar, Verse 7
۞وَإِذَا مَسَّ ٱلۡإِنسَٰنَ ضُرّٞ دَعَا رَبَّهُۥ مُنِيبًا إِلَيۡهِ ثُمَّ إِذَا خَوَّلَهُۥ نِعۡمَةٗ مِّنۡهُ نَسِيَ مَا كَانَ يَدۡعُوٓاْ إِلَيۡهِ مِن قَبۡلُ وَجَعَلَ لِلَّهِ أَندَادٗا لِّيُضِلَّ عَن سَبِيلِهِۦۚ قُلۡ تَمَتَّعۡ بِكُفۡرِكَ قَلِيلًا إِنَّكَ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلنَّارِ
Чун ба одамӣ дарду ранҷе бирасад, ба Парвардигораш рӯй меоварад ва Ӯро бо дуо мехонад, то ранҷу сахтиеро, ки бар ӯ фуруд омадааст дафъ кунад. Он гоҳ чун ба ӯ неъмате бахшад, ҳамаи он дуоҳоро, ки пеш аз ин карда буд, аз ёд мебарад ва барои Аллоҳ ҳамтоёне қарор медиҳад, то мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ кунад. Бигӯ эй Расул барояш: «Андаке аз куфрат баҳраманд шав, то фаро расидани аҷалат, ки ҳароина, ту аз дӯзахиён хоҳӣ буд!»
Surah Az-Zumar, Verse 8
أَمَّنۡ هُوَ قَٰنِتٌ ءَانَآءَ ٱلَّيۡلِ سَاجِدٗا وَقَآئِمٗا يَحۡذَرُ ٱلۡأٓخِرَةَ وَيَرۡجُواْ رَحۡمَةَ رَبِّهِۦۗ قُلۡ هَلۡ يَسۡتَوِي ٱلَّذِينَ يَعۡلَمُونَ وَٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَۗ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ
Оё ин мушрике, ки ба куфри худ баҳраманд шудааст, беҳтар аст, ё он касе, ки дар вақтҳои шаб ба ибодат пардохта, ё дар суҷуд аст, ё дар қиём ва аз азоби охират метарсад ва ба раҳмати Парвардигораш умед дорад? Бигӯ: «Оё онҳое, ки медонанд ҳақиқати динро бо онҳое, ки аз дин чизеро намедонанд, баробаранд?» (Ҳаргиз баробар нестанд). Танҳо хирадмандон панд мегиранд ва фарқи байни олимон ва ҷоҳилонро медонанд
Surah Az-Zumar, Verse 9
قُلۡ يَٰعِبَادِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ رَبَّكُمۡۚ لِلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ فِي هَٰذِهِ ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةٞۗ وَأَرۡضُ ٱللَّهِ وَٰسِعَةٌۗ إِنَّمَا يُوَفَّى ٱلصَّـٰبِرُونَ أَجۡرَهُم بِغَيۡرِ حِسَابٖ
Бигӯ (эй Паёмбар, ин суханамро барои мӯъминон): «Эй бандагони Ман, ки имон овардаед, аз Парвардигоратон битарсед бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз манъкардашудаҳояш. Барои онон, ки дар ҳаёти инҷаҳонӣ некӣ кардаанд, подоши нек аст, ки он ҷаннат аст. Ва замини Аллоҳ васеъ аст, пас ба он ҷое ҳиҷрат кунед, ки дар он Парвардигоратонро ибодат кунед ва битавонед дини худро барпо доред. Ҳақиқатан, ба сабркунандагон муздашон пурра ва беҳисоб дода мешавад!»
Surah Az-Zumar, Verse 10
قُلۡ إِنِّيٓ أُمِرۡتُ أَنۡ أَعۡبُدَ ٱللَّهَ مُخۡلِصٗا لَّهُ ٱلدِّينَ
Бигӯ эй Расул, барои мардум: «Ҳароина, ман амр шудаам ва низ касоне, ки пайрави ман ҳастанд, то Аллоҳро бипарастам ва парастишро хоси Ӯ гардонам ва дар ибодаташ ба Ӯ касеро шарик наорам
Surah Az-Zumar, Verse 11
وَأُمِرۡتُ لِأَنۡ أَكُونَ أَوَّلَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ
Ва маъмур шудаам, ки нахустини мусалмонони ин уммат бошам»
Surah Az-Zumar, Verse 12
قُلۡ إِنِّيٓ أَخَافُ إِنۡ عَصَيۡتُ رَبِّي عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٖ
Бигӯ эй Расул барои мардум: «Ҳароина, ман агар нофармонии Парвардигорам кунам, бо фурӯ гузоштани ихлос дар ибодаташ, аз азоби рӯзи бузурги қиёмат метарсам»
Surah Az-Zumar, Verse 13
قُلِ ٱللَّهَ أَعۡبُدُ مُخۡلِصٗا لَّهُۥ دِينِي
Бигӯ эй Расул: «Танҳо Аллоҳро мепарастам ва барои Ӯ дар дини худ дар ибодату тоатам ихлос меварзам
Surah Az-Zumar, Verse 14
فَٱعۡبُدُواْ مَا شِئۡتُم مِّن دُونِهِۦۗ قُلۡ إِنَّ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ وَأَهۡلِيهِمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ أَلَا ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡخُسۡرَانُ ٱلۡمُبِينُ
Пас, шумо ҳам эй мушрикон, ҳар чиро ғайр аз Ӯ мехоҳед, ки бипарастед, бипарастед аз бутҳо ва дигар аз махлуқоти Ӯ, вале чизе аз он маро зарар намерасонад.» Бигӯ: «Ҳароина, зиёнкорон дар ҳақиқат касоне ҳастанд, ки дар рӯзи қиёмат худ ва хонадонашонро зиён расондаанд. Ва ин ба он сабаб буд, ки аз имон рӯй бартофтанд ва худро дар гумроҳӣ андохтанд. Огоҳ бошед, ки ин ҳамон зиёни ошкор аст
Surah Az-Zumar, Verse 15
لَهُم مِّن فَوۡقِهِمۡ ظُلَلٞ مِّنَ ٱلنَّارِ وَمِن تَحۡتِهِمۡ ظُلَلٞۚ ذَٰلِكَ يُخَوِّفُ ٱللَّهُ بِهِۦ عِبَادَهُۥۚ يَٰعِبَادِ فَٱتَّقُونِ
Ин зиёнкоронро дар рӯзи қиёмат болои сарашон соябонҳое аз оташ аст ва низ дар зери пояшон соябонҳое аз оташ аст». Ин чизест, ки Аллоҳ бандагони худро ба он метарсонад. Пас, эй бандагони Ман, бо иҷро намудани амрҳои Ман ва дур будан аз нофармониҳоям аз Ман битарсед
Surah Az-Zumar, Verse 16
وَٱلَّذِينَ ٱجۡتَنَبُواْ ٱلطَّـٰغُوتَ أَن يَعۡبُدُوهَا وَأَنَابُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ لَهُمُ ٱلۡبُشۡرَىٰۚ فَبَشِّرۡ عِبَادِ
Ба касоне, ки аз тоғут (яъне, аз парастиши бутон ва тоати шайтон) парҳез кардаанд, аз он ки онро ибодат кунанд, тавба кардаанд ва ба ибодати Аллоҳ танҳо рӯй овардаанд, барояшон хабари хуш аст. Пас, бандагони Маро башорат деҳ
Surah Az-Zumar, Verse 17
ٱلَّذِينَ يَسۡتَمِعُونَ ٱلۡقَوۡلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحۡسَنَهُۥٓۚ أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ هَدَىٰهُمُ ٱللَّهُۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمۡ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ
Он касоне, ки ба сухани ҳақ (аз китоби Аллоҳ ва аз суннати Расули Аллоҳ) гӯш медиҳанд ва аз беҳтарини он чӣ фармон ёфтаанд пайравӣ мекунанд, онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ ба роҳи рост тавфиқ ва ба некӯтарин ахлоқ ҳидояташон кардааст ва инҳо хирадмандонанд
Surah Az-Zumar, Verse 18
أَفَمَنۡ حَقَّ عَلَيۡهِ كَلِمَةُ ٱلۡعَذَابِ أَفَأَنتَ تُنقِذُ مَن فِي ٱلنَّارِ
Оё ту метавонӣ эй Расул, касеро, ки ҳукми азоб бар ӯ бароварда шудааст, наҷот диҳӣ?! Оё ту метавонӣ касеро, ки дар оташ аст наҷот диҳӣ?! (Ҳаргиз ту бар ин қодир нестӣ)
Surah Az-Zumar, Verse 19
لَٰكِنِ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ رَبَّهُمۡ لَهُمۡ غُرَفٞ مِّن فَوۡقِهَا غُرَفٞ مَّبۡنِيَّةٞ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ وَعۡدَ ٱللَّهِ لَا يُخۡلِفُ ٱللَّهُ ٱلۡمِيعَادَ
Аммо онон, ки аз Парвардигорашон тарсиданд, ва Ӯро бо ихлос ибодат карданд, барояшон иморатҳоест бар болои ҳам сохта, ки аз зери дарахтони он ҷӯйборон равон аст. Ин ваъдаи Аллоҳ аст барои бандагони парҳезгораш ва Аллоҳ ба ваъдаи худ хилоф нахоҳад кард
Surah Az-Zumar, Verse 20
أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَسَلَكَهُۥ يَنَٰبِيعَ فِي ٱلۡأَرۡضِ ثُمَّ يُخۡرِجُ بِهِۦ زَرۡعٗا مُّخۡتَلِفًا أَلۡوَٰنُهُۥ ثُمَّ يَهِيجُ فَتَرَىٰهُ مُصۡفَرّٗا ثُمَّ يَجۡعَلُهُۥ حُطَٰمًاۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَذِكۡرَىٰ لِأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ
Оё надидаӣ, эй Расул, ки ҳароина, Аллоҳ аз осмон борон фиристод ва онро дар замин даровард, пас онро чун чашмасорҳое дар замин равон гардонид, он гоҳ ба он киштзорҳои рангоранг бирӯёнид, сипас ҳама хушк мешаванд ва мебинӣ, ки зард (хазон) шудаанд, сипас онро реза-реза мегардонад? Бегумон дар ин кори Аллоҳ панде барои хирадмандон аст
Surah Az-Zumar, Verse 21
أَفَمَن شَرَحَ ٱللَّهُ صَدۡرَهُۥ لِلۡإِسۡلَٰمِ فَهُوَ عَلَىٰ نُورٖ مِّن رَّبِّهِۦۚ فَوَيۡلٞ لِّلۡقَٰسِيَةِ قُلُوبُهُم مِّن ذِكۡرِ ٱللَّهِۚ أُوْلَـٰٓئِكَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ
Оё касе, ки Аллоҳ дилашро барои қабули Ислом кушодааст, пас ӯ аз сӯи Парвардигораш аз нуре бархурдор аст, ҳамчун сахтдилон аст? Ҳаргиз баробар нест! Пас вой бар онон, ки дилҳояшон дар баробари зикри Аллоҳ сахт аст. Онҳо дар гумроҳии ошкор ҳастанд
Surah Az-Zumar, Verse 22
ٱللَّهُ نَزَّلَ أَحۡسَنَ ٱلۡحَدِيثِ كِتَٰبٗا مُّتَشَٰبِهٗا مَّثَانِيَ تَقۡشَعِرُّ مِنۡهُ جُلُودُ ٱلَّذِينَ يَخۡشَوۡنَ رَبَّهُمۡ ثُمَّ تَلِينُ جُلُودُهُمۡ وَقُلُوبُهُمۡ إِلَىٰ ذِكۡرِ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكَ هُدَى ٱللَّهِ يَهۡدِي بِهِۦ مَن يَشَآءُۚ وَمَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِنۡ هَادٍ
Аллоҳ беҳтарин суханро нозил кардааст, ки Қуръон аст. Китобе, ки оёташ муташобеҳ (монанди якдигар) ва мукаррар аст, ки аз шунидани он пӯстҳои бадани касоне, ки аз Парвардигорашон метарсанд, ба ларза меафтад. Сипас пӯстҳояшон ва дилҳояшон ба ёди Аллоҳ нарм мешавад ва ором мегирад. Ин роҳи Аллоҳ аст, ки ҳар киро бихоҳад, ба он роҳнамоӣ мекунад ва ҳар киро Аллоҳ гумроҳ кунад, ӯро ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд
Surah Az-Zumar, Verse 23
أَفَمَن يَتَّقِي بِوَجۡهِهِۦ سُوٓءَ ٱلۡعَذَابِ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ وَقِيلَ لِلظَّـٰلِمِينَ ذُوقُواْ مَا كُنتُمۡ تَكۡسِبُونَ
Оё касе, ки рӯзи қиёмат бо чеҳраи худ азоби сахти қиёматро аз худ бозмедорад, монанди касест, ки худро аз азоб эмин медорад ва дар биҳишт аст? Ба ситамкорон гуфта мешавад: «Ба ҷазои корҳое, ки дар дунё гунаҳкорӣ мекардаед, азобро бичашед!»
Surah Az-Zumar, Verse 24
كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ فَأَتَىٰهُمُ ٱلۡعَذَابُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَشۡعُرُونَ
Касоне, ки пеш аз онҳо (пеш аз қавми ту) буданд, паёмбаронро низ дурӯғгӯ бароварданд ва азоб аз ҷое, ки намедонистанд, бар сарашон расид
Surah Az-Zumar, Verse 25
فَأَذَاقَهُمُ ٱللَّهُ ٱلۡخِزۡيَ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَكۡبَرُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ
Пас, Аллоҳ хорӣ ва расвоиро ба умматҳои такзибкунанда дар зиндагии дунё ба онҳо чашонд, ҳароина азоби охират бузургтар ва сахттар аст, агар ин мушрикҳо медонистанд он чи ки онҳо дучор шуданд ба сабаби куфрашон аст, пас аз он ибрат мегирифтанд
Surah Az-Zumar, Verse 26
وَلَقَدۡ ضَرَبۡنَا لِلنَّاسِ فِي هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ مِن كُلِّ مَثَلٖ لَّعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ
Мо дар ин Қуръон барои мардуме, ки ба Аллоҳ ширк меоваранд, барои бим кардани онҳо аз ҳар гуна масале аз масалҳои умматҳои гузашта овардем, бошад, ки панд гиранд
Surah Az-Zumar, Verse 27
قُرۡءَانًا عَرَبِيًّا غَيۡرَ ذِي عِوَجٖ لَّعَلَّهُمۡ يَتَّقُونَ
Қуръонро ба забони арабӣ, лафзҳояш равшан ва маъноҳояш осон бе ҳеҷ каҷӣ ва костагӣ нозил кардем. Бошад, ки парҳезгорӣ кунанд, бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш
Surah Az-Zumar, Verse 28
ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا رَّجُلٗا فِيهِ شُرَكَآءُ مُتَشَٰكِسُونَ وَرَجُلٗا سَلَمٗا لِّرَجُلٍ هَلۡ يَسۡتَوِيَانِ مَثَلًاۚ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
Аллоҳ масале мезанад: «Мардеро, ки ғулом аст чанд молики носозгор дар ӯ шариканд ва бар сари ӯ ихтилоф доранд ва ҳар яке аз онҳо мехоҳад, ки гуфтаи ӯро кунад ва марди, дигаре, ки ғулом аст, танҳо аз они як молик мебошад. Оё ин ду ғулом бо ҳам баробаранд? Албатта, баробар намешаванд. Инчунин мушрик дар ҳайронӣ ва шак аст ва мӯъмин дар роҳат ва оромӣ аст. Сипос Аллоҳро. Балки, аксари онҳо ҳақро намедонанд, то пайравии он кунанд
Surah Az-Zumar, Verse 29
إِنَّكَ مَيِّتٞ وَإِنَّهُم مَّيِّتُونَ
Ҳароина, ту эй Расул, мемирӣ ва онҳо низ мирандаанд
Surah Az-Zumar, Verse 30
ثُمَّ إِنَّكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ عِندَ رَبِّكُمۡ تَخۡتَصِمُونَ
Сипас ҳама дар рӯзи қиёмат дар назди Парвардигоратон бо якдигар ба низоъ ва кашмакаш мепардозед, пас Ӯ миёни шумо бо адолат доварӣ хоҳад кард
Surah Az-Zumar, Verse 31
۞فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن كَذَبَ عَلَى ٱللَّهِ وَكَذَّبَ بِٱلصِّدۡقِ إِذۡ جَآءَهُۥٓۚ أَلَيۡسَ فِي جَهَنَّمَ مَثۡوٗى لِّلۡكَٰفِرِينَ
Пас, кист ситамкортар аз он, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебандад ва чунин пиндорад, ки Ӯ фарзанд ё шарик, ё ҳамсаре дорад, ё бигӯяд, ки ба ман ваҳй омадааст, ҳол он ки ба ӯ ваҳй наомадааст ва сухани рост (Қуръон)-ро, ки бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омадааст, дурӯғ мебарорад. Оё кофиронро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест? (Оре)
Surah Az-Zumar, Verse 32
وَٱلَّذِي جَآءَ بِٱلصِّدۡقِ وَصَدَّقَ بِهِۦٓ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُتَّقُونَ
Ва касе, ки аз паёмбарон, ҳақиқат ва ростиро дар сухану кирдораш бо худ овард ва пайравони Расул аз рӯи имон ва амал онро тасдиқ кард, онон парҳезгоронанд ва сарпешвои онҳо паёмбари охирзамон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва саҳобагони ӯ ҳастанд, ки Аллоҳ аз онҳо розӣ бошад
Surah Az-Zumar, Verse 33
لَهُم مَّا يَشَآءُونَ عِندَ رَبِّهِمۡۚ ذَٰلِكَ جَزَآءُ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Барояшон ҳар чи бихоҳанд, дар назди Парвардигорашон аз лаззатҳои гуногуни дилкаш омода аст. Ин аст подоши некӯкорон
Surah Az-Zumar, Verse 34
لِيُكَفِّرَ ٱللَّهُ عَنۡهُمۡ أَسۡوَأَ ٱلَّذِي عَمِلُواْ وَيَجۡزِيَهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ ٱلَّذِي كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
то Аллоҳ бадтарин амалҳоеро, ки дар дунё кардаанд, ба сабаби тавбаашон аз онон нобуд кунад ва ба беҳтар аз он чи ки дар дунё кардаанд, подошашон диҳад ва он ҷаннат аст
Surah Az-Zumar, Verse 35
أَلَيۡسَ ٱللَّهُ بِكَافٍ عَبۡدَهُۥۖ وَيُخَوِّفُونَكَ بِٱلَّذِينَ مِن دُونِهِۦۚ وَمَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِنۡ هَادٖ
Туро эй Расул, ба касоне, ки ғайри Аллоҳ ҳастанд, метарсонанд. Оё Аллоҳ барои нигаҳдории бандааш кофӣ нест? Оре, Ӯ бандаашро дар кори дину дунёаш басандааст ва аз макри душманонаш ҳимоякунанда аст. Ва ҳар касро, ки Аллоҳ гумроҳ созад, пас, барои ӯ ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд, ки ӯро аз гумроҳӣ берун оварад
Surah Az-Zumar, Verse 36
وَمَن يَهۡدِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن مُّضِلٍّۗ أَلَيۡسَ ٱللَّهُ بِعَزِيزٖ ذِي ٱنتِقَامٖ
Ҳар касро, ки Аллоҳ ба сӯи имон ва амал ба китобаш ва пайравии расулаш роҳнамоӣ кунад, ӯро гумроҳкунандае нест. Оё Аллоҳ пирӯзманду интиқомгиранда нест аз он касоне, ки Ӯро нофармонбардорӣ мекунанд
Surah Az-Zumar, Verse 37
وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۚ قُلۡ أَفَرَءَيۡتُم مَّا تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ إِنۡ أَرَادَنِيَ ٱللَّهُ بِضُرٍّ هَلۡ هُنَّ كَٰشِفَٰتُ ضُرِّهِۦٓ أَوۡ أَرَادَنِي بِرَحۡمَةٍ هَلۡ هُنَّ مُمۡسِكَٰتُ رَحۡمَتِهِۦۚ قُلۡ حَسۡبِيَ ٱللَّهُۖ عَلَيۡهِ يَتَوَكَّلُ ٱلۡمُتَوَكِّلُونَ
Агар аз он мушриконе, ки ғайри Аллоҳро парастиш мекунанд, бипурсӣ: «чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» ҳатман, хоҳанд гуфт: «Аллоҳи якто» Бигӯ: «Пас, онҳоеро, ки ғайри Ӯ мепарастед, чӣ гуна мебинед? Агар Аллоҳи якто бихоҳад ба ман ранҷе бирасонад, оё инҳо метавонанд он ранҷро дафъ кунанд? Ё агар бихоҳад ба ман раҳмате арзонӣ дорад, метавонанд он раҳматро аз ман боздоранд?» Ҳатман, бигӯянд, ки наметавонанд. Бигӯ барояшон: «Аллоҳ дар ҷалби манфиат ва дафъи зиёну машаққат барои ман басанда аст. Таваккалкунандагон ба Ӯ таваккал мекунанд»
Surah Az-Zumar, Verse 38
قُلۡ يَٰقَوۡمِ ٱعۡمَلُواْ عَلَىٰ مَكَانَتِكُمۡ إِنِّي عَٰمِلٞۖ فَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ
Бигӯ эй Расул, барои саркашони қавмат: «Эй қавми ман, чӣ гунае, ки ғайри Аллоҳро парастиш доред, мувофиқи имкони хеш амал кунед. Ман низ ба он чи фармуда шудаам, амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки
Surah Az-Zumar, Verse 39
مَن يَأۡتِيهِ عَذَابٞ يُخۡزِيهِ وَيَحِلُّ عَلَيۡهِ عَذَابٞ مُّقِيمٌ
чӣ касе ба азобе, ки хораш месозад дар дунё гирифтор мешавад ё дар охират азоби ҷовид бар сари ӯ фуруд меояд»
Surah Az-Zumar, Verse 40
إِنَّآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ لِلنَّاسِ بِٱلۡحَقِّۖ فَمَنِ ٱهۡتَدَىٰ فَلِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيۡهَاۖ وَمَآ أَنتَ عَلَيۡهِم بِوَكِيلٍ
Ҳароина, Мо ин китоби Қуръонро ба ҳақ барои ҳидояти мардум бар ту нозил кардем. Пас, ҳар кас, ки ба равшании он ҳидоят ёфт, ва ба он амал кард ба нафъи худи ӯст ва ҳар ки ба он амал накард ва аз роҳи ҳақ гумроҳ шуд, албатта, ба зарари худ ба гумроҳӣ афтодааст ва ту эй Расул, вакили аъмоли онҳо нестӣ, то амалҳояшонро муҳофизат намоӣ ва бар он чи ки мехоҳӣ маҷбур созӣ, балки вазифаи ту танҳо расондани ҳақ аст
Surah Az-Zumar, Verse 41
ٱللَّهُ يَتَوَفَّى ٱلۡأَنفُسَ حِينَ مَوۡتِهَا وَٱلَّتِي لَمۡ تَمُتۡ فِي مَنَامِهَاۖ فَيُمۡسِكُ ٱلَّتِي قَضَىٰ عَلَيۡهَا ٱلۡمَوۡتَ وَيُرۡسِلُ ٱلۡأُخۡرَىٰٓ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمًّىۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ
Аллоҳ ҷонҳоро ба ҳангоми мурданашон мегирад ва ин маргест, ки аҷали инсон ба поён мерасад ва низ мегирад ҷони касонеро, ки дар хоби худ намурдаанд (яъне, аҷали онҳо ҳанӯз ба сар нарасидааст). Ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо ронда шуда, нигаҳ медорад ва ин ҷони касест, ки бимирад ва ҷони дигаронро то замоне, ки муайян аст, боз мефиристад ва ин ҷони касест, ки аз хоб бармехезад. Ҳароина, дар ин гирифтани ҷонҳо ва нигоҳ доштан ё пас фиристодани онҳо ибратҳои равшанест бар қудрати Аллоҳ барои онҳое, ки меандешанд
Surah Az-Zumar, Verse 42
أَمِ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ شُفَعَآءَۚ قُلۡ أَوَلَوۡ كَانُواْ لَا يَمۡلِكُونَ شَيۡـٔٗا وَلَا يَعۡقِلُونَ
Оё ин мушрикон ғайри Аллоҳ шафоатгароне ихтиёр карданд, то барояшон назди Ӯ шафоат кунанд? Бигӯ эй Расул барояшон: «Ҳатто агар он шафоатгарон қудрат ба коре надошта бошанд ва чизеро дарнаёбанд боз ҳам онҳоро ба шафоат мехонед?»
Surah Az-Zumar, Verse 43
قُل لِّلَّهِ ٱلشَّفَٰعَةُ جَمِيعٗاۖ لَّهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ ثُمَّ إِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ
Бигӯ (эй Расул барои мушрикон): Шафоат саросар аз они Аллоҳ аст ва касе дар он роҳе надорад, магар ин ки шафоатгар аз касоне бошад, ки Аллоҳ ӯро барои шафоат писандида бошад. Аз они Ӯст фармонравоии осмонҳову замин. Пас, воҷиб аст, ки шафоатро аз он Зоте биталабанд, ки Ӯ соҳиби тамоми мулк аст ва сазовори ибодати холис аст. Сипас рӯзи қиёмат барои ҳисобу ҷазо ҳама ба назди Ӯ бозгардонда мешавед»
Surah Az-Zumar, Verse 44
وَإِذَا ذُكِرَ ٱللَّهُ وَحۡدَهُ ٱشۡمَأَزَّتۡ قُلُوبُ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِۖ وَإِذَا ذُكِرَ ٱلَّذِينَ مِن دُونِهِۦٓ إِذَا هُمۡ يَسۡتَبۡشِرُونَ
Ва чун Аллоҳро ба яктоӣ ёд кунанд, дилҳои он касон, ки ба қиёмат ва он рӯзи зинда шудани баъд аз мурдан аст, имон наёвардаанд, нафрат кунад ва чун касоне, ки бутҳо, ғайр аз Ӯ таоло ёд шаванд, шодмон гарданд
Surah Az-Zumar, Verse 45
قُلِ ٱللَّهُمَّ فَاطِرَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ عَٰلِمَ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ أَنتَ تَحۡكُمُ بَيۡنَ عِبَادِكَ فِي مَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ
Бигӯ: «Ё Илоҳо, Тӯӣ падидоварандаи осмонҳову замин, донои ниҳону ошкор, Ту миёни бандагонат дар ҳар чӣ дар он ихтилоф мекардаанд, доварӣ мекунӣ». Ҳидоят фармо маро ба изни худ дар он чи ихтилоф шудааст аз ҳақ, Ту худ ҳидоят мекунӣ ба роҳи рост, касеро, ки мехоҳӣ
Surah Az-Zumar, Verse 46
وَلَوۡ أَنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُواْ مَا فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا وَمِثۡلَهُۥ مَعَهُۥ لَٱفۡتَدَوۡاْ بِهِۦ مِن سُوٓءِ ٱلۡعَذَابِ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ وَبَدَا لَهُم مِّنَ ٱللَّهِ مَا لَمۡ يَكُونُواْ يَحۡتَسِبُونَ
Ҳароина, агар ҳар чӣ дар рӯи замин аст аз мол ва захираҳо ва монанди он ҳамроҳаш аз они ситамкорон бошад, ки дар рӯзи қиёмат онро бидиҳанд, то аз азоби Аллоҳ раҳоӣ ёбанд, аз онҳо пазируфта намешавад ва ҳеҷ чизе азоби Аллоҳро аз онҳо дур намесозад ва аз сӯи Аллоҳ барояшон чизҳое ошкор шавад, ки ҳаргиз дар дунё омадани онро гумон намекарданд
Surah Az-Zumar, Verse 47
وَبَدَا لَهُمۡ سَيِّـَٔاتُ مَا كَسَبُواْ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ
Дар рӯзи қиёмат ҷазои аъмоли баде, ки дар зиндагии дунё мекарданд, монанди ширк ва зулм барояшон ошкор шуд ва он чи Паёмбар барояшон аз азоби рӯзи қиёмат ваъда медод, масхарааш мекарданд, гирдогирдашонро бигирифт
Surah Az-Zumar, Verse 48
فَإِذَا مَسَّ ٱلۡإِنسَٰنَ ضُرّٞ دَعَانَا ثُمَّ إِذَا خَوَّلۡنَٰهُ نِعۡمَةٗ مِّنَّا قَالَ إِنَّمَآ أُوتِيتُهُۥ عَلَىٰ عِلۡمِۭۚ بَلۡ هِيَ فِتۡنَةٞ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
Чун одамиро ранҷе расад. Моро бо дуо мехонад ва чун ранҷу сахтиро аз ӯ бардорем ва аз ҷониби хеш неъмате арзонияш дорем, ба Парвардигораш носипосӣ кунад ва гӯяд: «Ҳароина, ба сабаби доноиям ин неъматро ба ман додаанд ва ман ба ин сазовор ҳастам». Балки ин неъматҳо озмоише бошад, вале аксари онҳо намедонанд, ки ин фитнае аст на бахшидани неъмат
Surah Az-Zumar, Verse 49
قَدۡ قَالَهَا ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ فَمَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ
Ҳароина, касоне ки пеш аз онҳо буданд монанди Қорун ва дигарон, низ ин суханро гуфтанд, ки мо ин неъматро бар асоси илме ки дорем, додашудаем пас он чӣ ба даст оварда буданд аз молу фарзандон ва баҳраи дунё барояшон фоидае набахшид ва азобро аз онон дур накард
Surah Az-Zumar, Verse 50
فَأَصَابَهُمۡ سَيِّـَٔاتُ مَا كَسَبُواْۚ وَٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡ هَـٰٓؤُلَآءِ سَيُصِيبُهُمۡ سَيِّـَٔاتُ مَا كَسَبُواْ وَمَا هُم بِمُعۡجِزِينَ
Пас ҷазои бадиҳое карда буданд аз умматҳои пешина, ба онҳо расид ва касоне, ки эй Расул, аз онҳо (яъне, аз қавми ту) ситам карданд ва ҷазои бадиҳое, ки мекарданд, ба зудӣ ба онҳо хоҳад расид. Ва онҳо Аллоҳро оҷизкунанда нестанд ва роҳи гурезе надоранд
Surah Az-Zumar, Verse 51
أَوَلَمۡ يَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقۡدِرُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ
Оё ҳанӯз надонистаанд, ки ҳароина, Аллоҳ аст, ки ризқу рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, аз бандагонаш хоҳ шоистакор бошанд, ё бадкор афзун месозад ё тангрӯзиаш мекунад? Ва ҳароина, дар ин ризқи васеъ, ё тангрӯзӣ ибратҳост барои мардуме, ки ба амри Аллоҳ имон меоваранд ва ба он амал мекунанд
Surah Az-Zumar, Verse 52
۞قُلۡ يَٰعِبَادِيَ ٱلَّذِينَ أَسۡرَفُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ لَا تَقۡنَطُواْ مِن رَّحۡمَةِ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَغۡفِرُ ٱلذُّنُوبَ جَمِيعًاۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ
Бигӯ эй Расул аз ҷониби Ман ба бандагонам: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни хеш бо анҷом додани гуноҳ беҳад исроф кардаед, аз раҳмат ва мағфирати Аллоҳ ноумед машавед. Зеро Аллоҳ ҳамаи гуноҳонро меомурзад. Ҳароина, Ӯст омурзанда барои тавбкунандагон ва ба онҳо меҳрубон
Surah Az-Zumar, Verse 53
وَأَنِيبُوٓاْ إِلَىٰ رَبِّكُمۡ وَأَسۡلِمُواْ لَهُۥ مِن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَكُمُ ٱلۡعَذَابُ ثُمَّ لَا تُنصَرُونَ
Эй мардум, пеш аз он ки азоб фаро расад ва касе ба ёриатон барнахезад, ба Парвардигоратон рӯй оваред ва ба Ӯ таслим шавед
Surah Az-Zumar, Verse 54
وَٱتَّبِعُوٓاْ أَحۡسَنَ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكُم مِّن رَّبِّكُم مِّن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَكُمُ ٱلۡعَذَابُ بَغۡتَةٗ وَأَنتُمۡ لَا تَشۡعُرُونَ
Ва аз беҳтарин чизе, ки Қуръон аст, аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед ва фармудаҳояшро иҷро намоед ва аз манъкардашудаҳояш дур истед, пеш аз он ки ногаҳон азоб ба суроғи шумо ояд, дар ҳоле, ки шумо аз он бехабаред
Surah Az-Zumar, Verse 55
أَن تَقُولَ نَفۡسٞ يَٰحَسۡرَتَىٰ عَلَىٰ مَا فَرَّطتُ فِي جَنۢبِ ٱللَّهِ وَإِن كُنتُ لَمِنَ ٱلسَّـٰخِرِينَ
(Итоати Парвардигоратонро кунед ва ба сӯи Ӯ тавба кунед), то мабодо касе дар рӯзи қиёмат нагӯяд: «Эй афсӯс, ки дар дунё дар кори Аллоҳ кӯтоҳӣ кардам ва бегумон аз масхаракунандагони амри Ӯ ва китобу паёмбараш будам»
Surah Az-Zumar, Verse 56
أَوۡ تَقُولَ لَوۡ أَنَّ ٱللَّهَ هَدَىٰنِي لَكُنتُ مِنَ ٱلۡمُتَّقِينَ
Ё бигӯяд: «Албатта, агар Аллоҳ маро ба дини худ ҳидоят мекард, ҳақиқатан ман аз парҳезгорон будам»
Surah Az-Zumar, Verse 57
أَوۡ تَقُولَ حِينَ تَرَى ٱلۡعَذَابَ لَوۡ أَنَّ لِي كَرَّةٗ فَأَكُونَ مِنَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Ё чун азобро рӯзи ҳисоб бубинад, бигӯяд: «Албатта, агар бори дигар ба дунё бозмегаштам, аз накӯкорон мешудам!»
Surah Az-Zumar, Verse 58
بَلَىٰ قَدۡ جَآءَتۡكَ ءَايَٰتِي فَكَذَّبۡتَ بِهَا وَٱسۡتَكۡبَرۡتَ وَكُنتَ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ
Оре, на чунон аст, ки ту мегӯӣ, балки ҳақ ин аст, ки оёти Ман барои ту нозил шуд ва ту аз қабули он гарданкашӣ кардӣ ва аз кофирон будӣ
Surah Az-Zumar, Verse 59
وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ تَرَى ٱلَّذِينَ كَذَبُواْ عَلَى ٱللَّهِ وُجُوهُهُم مُّسۡوَدَّةٌۚ أَلَيۡسَ فِي جَهَنَّمَ مَثۡوٗى لِّلۡمُتَكَبِّرِينَ
Дар рӯзи қиёмат касонеро, ки ба Аллоҳ дурӯғ бастаанд, мебинӣ, рӯяшон сиёҳ шудааст. Оё такаббуркунандагонро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест? (Оре)
Surah Az-Zumar, Verse 60
وَيُنَجِّي ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ بِمَفَازَتِهِمۡ لَا يَمَسُّهُمُ ٱلسُّوٓءُ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ
Ва Аллоҳ парҳезгоронро ба сабаби роҳи наҷотёбӣ, ки дар дунё пеш гирифта буданд, аз азоби ҷаҳаннам наҷот медиҳад. Ба онҳо ҳеҷ бадӣ аз азоби ҷаҳаннам нарасад ва на онҳо ғаму андӯҳгин бошанд бар он чи ки аз насибаҳояи дунё аз даст додаанд
Surah Az-Zumar, Verse 61
ٱللَّهُ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ وَكِيلٞ
Аллоҳ офаридгори ҳама чиз аст ва Ӯ бар ҳама чиз нигаҳбон аст ва ҳамаи умури халқашро тадбир мекунад
Surah Az-Zumar, Verse 62
لَّهُۥ مَقَالِيدُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ
Калидҳои (хазинаҳои) осмонҳову замин назди Ӯст, касеро аз бандагонаш бихоҳад, медиҳад ва онҳо, ки ба оёти (Қуръони) Аллоҳ кофир шудаанд. Ва аз дунё беимон рафтаанд ва дар охират дар дӯзах ҷовидон мондаанд ва онҳо аз зиёндидагон ҳастанд
Surah Az-Zumar, Verse 63
قُلۡ أَفَغَيۡرَ ٱللَّهِ تَأۡمُرُوٓنِّيٓ أَعۡبُدُ أَيُّهَا ٱلۡجَٰهِلُونَ
Бигӯ эй Расул ба мушрикони қавмат: «Эй нодонон, оё маро фармон медиҳед, ки ғайр аз Аллоҳро бипарастам ва ҳол он ки чизе аз ибодат барои ғайри Ӯ сазовор нест?»
Surah Az-Zumar, Verse 64
وَلَقَدۡ أُوحِيَ إِلَيۡكَ وَإِلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكَ لَئِنۡ أَشۡرَكۡتَ لَيَحۡبَطَنَّ عَمَلُكَ وَلَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ
Ва ба таҳқиқ ба ту эй Расул, ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки агар ширк биёваред, ҳамаи амалҳоятон ночиз гардад ва дар дину охирати худ аз зиёнкунандагон хоҳед буд
Surah Az-Zumar, Verse 65
بَلِ ٱللَّهَ فَٱعۡبُدۡ وَكُن مِّنَ ٱلشَّـٰكِرِينَ
Балки эй Паёмбар, Аллоҳро бо ихлос бипараст ва сипосгузори неъматҳои Ӯ бош
Surah Az-Zumar, Verse 66
وَمَا قَدَرُواْ ٱللَّهَ حَقَّ قَدۡرِهِۦ وَٱلۡأَرۡضُ جَمِيعٗا قَبۡضَتُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَٱلسَّمَٰوَٰتُ مَطۡوِيَّـٰتُۢ بِيَمِينِهِۦۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ
Ва ин мушрикон Аллоҳро, чунонки сазовори бузургии Ӯст, нашинохтанд. Ва дар рӯзи қиёмат тамоми замин дар қабзаи (мушти) Ӯст ва осмонҳо дар ҳам печида дар дасти рости Ӯст. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики Ӯ мепиндоранд
Surah Az-Zumar, Verse 67
وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِ فَصَعِقَ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا مَن شَآءَ ٱللَّهُۖ ثُمَّ نُفِخَ فِيهِ أُخۡرَىٰ فَإِذَا هُمۡ قِيَامٞ يَنظُرُونَ
Ва дар сур дамида шавад. Пас, ҳар кӣ дар осмонҳо ва ҳар кӣ дар замин аст, ҷуз онҳое, ки Аллоҳ бихоҳад, беҳуш мешаванд ва бимиранд. Ва барои зинда гардондани халоиқ, барои ҳисоб бори дигар дар он сур дамида шавад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд, ки бо онҳо чӣ амале анҷом мешавад
Surah Az-Zumar, Verse 68
وَأَشۡرَقَتِ ٱلۡأَرۡضُ بِنُورِ رَبِّهَا وَوُضِعَ ٱلۡكِتَٰبُ وَجِاْيٓءَ بِٱلنَّبِيِّـۧنَ وَٱلشُّهَدَآءِ وَقُضِيَ بَيۡنَهُم بِٱلۡحَقِّ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ
Ва замин дар рӯзи қиёмат барои ҳукми бандагон ба нури Парвардигораш равшан шавад ва малоикаҳо номаҳои аъмолро биниҳанд ва паёмбарону гувоҳонро биёваранд ва дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ шавад ва бар касе на каму на беш ситаме намешавад
Surah Az-Zumar, Verse 69
وَوُفِّيَتۡ كُلُّ نَفۡسٖ مَّا عَمِلَتۡ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِمَا يَفۡعَلُونَ
Подоши ҳар кас баробари кирдораш ба пуррагӣ дода мешавад, дар ҳоле, ки Аллоҳ ба корҳое, ки дар дунё мекардаанд, аз тоат ё гуноҳ огоҳтар аст
Surah Az-Zumar, Verse 70
وَسِيقَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِلَىٰ جَهَنَّمَ زُمَرًاۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُوهَا فُتِحَتۡ أَبۡوَٰبُهَا وَقَالَ لَهُمۡ خَزَنَتُهَآ أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ رُسُلٞ مِّنكُمۡ يَتۡلُونَ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِ رَبِّكُمۡ وَيُنذِرُونَكُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَاۚ قَالُواْ بَلَىٰ وَلَٰكِنۡ حَقَّتۡ كَلِمَةُ ٱلۡعَذَابِ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ
Ва кофиронро гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷаҳаннам биронанд. Чун ба ҷаҳаннам расанд, дарҳояш кушода шавад ва нигаҳбонони оташ гӯянд: «чӣ гуна Аллоҳро нофармонбардорӣ кардед ва маъбуди барҳақ буданашро инкор кардед, оё паёмбароне аз худи шумо бар шумо фиристода нашудаанд, то оёти Парвардигоратонро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд?» Кофирон иқрор шуда мегӯянд: «Бале». Паёмбарони барҳақ фиристодашуда буданд ва моро аз ин рӯз бим карданд, вале бар кофирон фармони азоб муҳаққақ шуда буд
Surah Az-Zumar, Verse 71
قِيلَ ٱدۡخُلُوٓاْ أَبۡوَٰبَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَاۖ فَبِئۡسَ مَثۡوَى ٱلۡمُتَكَبِّرِينَ
Барои мункирони ҳақ гуфта шавад: «Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, ҳамеша дар он ҷо хоҳед буд». Ҷойгоҳи саркашон чӣ бад ҷойгоҳест, ки аз имон овардан ба Аллоҳ саркашӣ карданд ва ба шариати Ӯ амал накарданд
Surah Az-Zumar, Verse 72
وَسِيقَ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ رَبَّهُمۡ إِلَى ٱلۡجَنَّةِ زُمَرًاۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُوهَا وَفُتِحَتۡ أَبۡوَٰبُهَا وَقَالَ لَهُمۡ خَزَنَتُهَا سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمۡ طِبۡتُمۡ فَٱدۡخُلُوهَا خَٰلِدِينَ
Ва ононро, ки аз Парвардигорашон тарсиданд ва амал ба тоати Ӯ карданд, гурӯҳ-гурӯҳ ба биҳишт мебаранд. Чун ба биҳишт бирасанд, дарҳояш кушода шавад. Ва аз сабаби пок будани асари гуноҳонашон дарбонҳои биҳишт бо муждаҳо ва ҳурсандиҳо барояшон гӯянд: «Салом бар шумо, покиза будаед хуш бошед, пас ҷовидона ба он биҳишт дароед
Surah Az-Zumar, Verse 73
وَقَالُواْ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي صَدَقَنَا وَعۡدَهُۥ وَأَوۡرَثَنَا ٱلۡأَرۡضَ نَتَبَوَّأُ مِنَ ٱلۡجَنَّةِ حَيۡثُ نَشَآءُۖ فَنِعۡمَ أَجۡرُ ٱلۡعَٰمِلِينَ
Ва мӯъминон мегӯянд: «Сипос Аллоҳеро, ки ҳар ваъда, ки бар забони паёмбаронаш ба мо дод, рост гардонид. Он сарзамини биҳиштро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем». Пас чӣ некӯ аст подоши амалкунандагоне, ки дар тоати Парвардигори хеш саъю кӯшиш намуданд
Surah Az-Zumar, Verse 74
وَتَرَى ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةَ حَآفِّينَ مِنۡ حَوۡلِ ٱلۡعَرۡشِ يُسَبِّحُونَ بِحَمۡدِ رَبِّهِمۡۚ وَقُضِيَ بَيۡنَهُم بِٱلۡحَقِّۚ وَقِيلَ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Ва эй Паёмбар, фариштагонро мебинй, ки гирди Арши Аллоҳ ҳалқа задаанд ва ба сипос ва ситоиши Парвардигорашон машғуланд. Миёни он бандагон ба дурустӣ доварӣ гардад ва аслан ба онҳо ҳеҷ гуна ситаме нашавад ва дар ивази адолат ва ҳукми Аллоҳ аз ҷониби ҳама ҳастӣ гуфта мешавад, ки ҳама ситоиш аз они Аллоҳест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст
Surah Az-Zumar, Verse 75