Surah An-Nisa Verse 77 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah An-Nisaأَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ قِيلَ لَهُمۡ كُفُّوٓاْ أَيۡدِيَكُمۡ وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ فَلَمَّا كُتِبَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقِتَالُ إِذَا فَرِيقٞ مِّنۡهُمۡ يَخۡشَوۡنَ ٱلنَّاسَ كَخَشۡيَةِ ٱللَّهِ أَوۡ أَشَدَّ خَشۡيَةٗۚ وَقَالُواْ رَبَّنَا لِمَ كَتَبۡتَ عَلَيۡنَا ٱلۡقِتَالَ لَوۡلَآ أَخَّرۡتَنَآ إِلَىٰٓ أَجَلٖ قَرِيبٖۗ قُلۡ مَتَٰعُ ٱلدُّنۡيَا قَلِيلٞ وَٱلۡأٓخِرَةُ خَيۡرٞ لِّمَنِ ٱتَّقَىٰ وَلَا تُظۡلَمُونَ فَتِيلًا
Оё намебинӣ касонеро, ки пеш аз амри ба ҷиҳод бо онҳо гуфта шуд: "Аз ҷанги душманонатон (мушрикон) даст бардоред ва намози фарзшударо барпо доред ва аз молҳоятон (закот) бидиҳед". Пас ҳангоме ки ҷанг бар онон воҷиб шуд, дар ин ҳангом гурӯҳе аз онҳо аз мардум метарсиданд, ҳамон гуна ки аз Аллоҳ тарс доштанд, ё бештар аз он метарсиданд ва гуфтанд: "Парвардигоро! Чаро ҷангро бар мо воҷиб кардӣ? Чи мешуд агар бар мо мӯҳлати бештаре медодӣ? "Бигу: "Матоъи дунё ночиз аст ва охират барои касе, ки парҳезгор бошад, беҳтар аст ва Парвардигори Ту хурдтарин ситаме бар шумо раво намедорад, агарчанде миқдори риштаи борике, ки бар пӯсти хурмо аст