UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Fussilat - Tajik Translation by Abdolmohammad Ayati


حمٓ

Ҳо, мим
Surah Fussilat, Verse 1


تَنزِيلٞ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Китобест, ки аз ҷониби Он бахшояндаи меҳрубон нозил шудааст
Surah Fussilat, Verse 2


كِتَٰبٞ فُصِّلَتۡ ءَايَٰتُهُۥ قُرۡءَانًا عَرَبِيّٗا لِّقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ

Китобест, ки ояҳояш ба тафсилу фаҳмо баён шуда, Қуръонест ба забони арабӣ барои мардуме, ки медонанд
Surah Fussilat, Verse 3


بَشِيرٗا وَنَذِيرٗا فَأَعۡرَضَ أَكۡثَرُهُمۡ فَهُمۡ لَا يَسۡمَعُونَ

Ҳам муждадиҳанда аст ва ҳам бимдиҳанда. Бештарашон аз он эъроз кардаанд (рӯй гардондаанд) ва сухан намешунаванд
Surah Fussilat, Verse 4


وَقَالُواْ قُلُوبُنَا فِيٓ أَكِنَّةٖ مِّمَّا تَدۡعُونَآ إِلَيۡهِ وَفِيٓ ءَاذَانِنَا وَقۡرٞ وَمِنۢ بَيۡنِنَا وَبَيۡنِكَ حِجَابٞ فَٱعۡمَلۡ إِنَّنَا عَٰمِلُونَ

Гуфтанд: «Дилҳои мо аз он чӣ моро ба он даъват мекунӣ, дар парда аст ва гӯшҳоямон сангин аст ва миёни мову ту ҳиҷобест. Ту ба кори худ пардоз ва мо низ ба кори худ мепардозем»
Surah Fussilat, Verse 5


قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡ يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ فَٱسۡتَقِيمُوٓاْ إِلَيۡهِ وَٱسۡتَغۡفِرُوهُۗ وَوَيۡلٞ لِّلۡمُشۡرِكِينَ

Бигӯ: «Ман инсоне ҳастам ҳамонанди шумо. Ба ман ваҳй шуда, ки худоятон Худоест якто. Пас ба ӯ рӯй оваред ва аз Ӯ бахшоиш бихоҳед. Ва вой бар мушрикон
Surah Fussilat, Verse 6


ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ كَٰفِرُونَ

онҳое, ки закот намедиҳанд ва ба охират имон надоранд
Surah Fussilat, Verse 7


إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ لَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونٖ

Ононро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, подошест (мукофотест) тамомношуданӣ»
Surah Fussilat, Verse 8


۞قُلۡ أَئِنَّكُمۡ لَتَكۡفُرُونَ بِٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡأَرۡضَ فِي يَوۡمَيۡنِ وَتَجۡعَلُونَ لَهُۥٓ أَندَادٗاۚ ذَٰلِكَ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Бигӯ: «Оё ба касе, ки заминро дар ду рӯз офаридааст, кофир мешавед ва барои Ӯ шарикҳо қарор медиҳед? Ӯст Парвардигори ҷаҳониён
Surah Fussilat, Verse 9


وَجَعَلَ فِيهَا رَوَٰسِيَ مِن فَوۡقِهَا وَبَٰرَكَ فِيهَا وَقَدَّرَ فِيهَآ أَقۡوَٰتَهَا فِيٓ أَرۡبَعَةِ أَيَّامٖ سَوَآءٗ لِّلسَّآئِلِينَ

Бар рӯи замин кӯҳҳо падид овард ва онро пурбаракат сохт ва ризқи ҳамаро муъайян кард дар чаҳор рӯз яксон барои ҳамаи пурсандагон
Surah Fussilat, Verse 10


ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰٓ إِلَى ٱلسَّمَآءِ وَهِيَ دُخَانٞ فَقَالَ لَهَا وَلِلۡأَرۡضِ ٱئۡتِيَا طَوۡعًا أَوۡ كَرۡهٗا قَالَتَآ أَتَيۡنَا طَآئِعِينَ

Сипас ба осмон пардохт ва он дуде буд. Пас ба осмону замин гуфт: «Хоҳ ё нохоҳ биёед». Гуфтанд: «Фармонбардор омадем»
Surah Fussilat, Verse 11


فَقَضَىٰهُنَّ سَبۡعَ سَمَٰوَاتٖ فِي يَوۡمَيۡنِ وَأَوۡحَىٰ فِي كُلِّ سَمَآءٍ أَمۡرَهَاۚ وَزَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِمَصَٰبِيحَ وَحِفۡظٗاۚ ذَٰلِكَ تَقۡدِيرُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡعَلِيمِ

Он гоҳ ҳафт осмонро дар ду рӯз офарид. Ва дар ҳар осмоне корашро ба он ваҳй кард. Ва осмони дунёро ба чароғҳое биёростем ва ҳифзаш кардем. Ин аст тадбири Он ғолиби доно»
Surah Fussilat, Verse 12


فَإِنۡ أَعۡرَضُواْ فَقُلۡ أَنذَرۡتُكُمۡ صَٰعِقَةٗ مِّثۡلَ صَٰعِقَةِ عَادٖ وَثَمُودَ

Пас агар рӯй гардонанд, бигӯ: «Шуморо аз раъду барқе ҳамонанди раъду барқе, ки бар Оду Самуд фуруд омад, метарсонам
Surah Fussilat, Verse 13


إِذۡ جَآءَتۡهُمُ ٱلرُّسُلُ مِنۢ بَيۡنِ أَيۡدِيهِمۡ وَمِنۡ خَلۡفِهِمۡ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّا ٱللَّهَۖ قَالُواْ لَوۡ شَآءَ رَبُّنَا لَأَنزَلَ مَلَـٰٓئِكَةٗ فَإِنَّا بِمَآ أُرۡسِلۡتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ

Он гоҳ ки расулони пеш ва баъди онҳо навдашон омаданд ва гуфтанд, ки ғайри Худои якторо мапарастед, гуфтанд: «Агар Парвардигори мо мехост, фариштагонро аз осмон мефаровард. Мо ба он чӣ шумо бо он фиристода шудаед, имон намеоварем»
Surah Fussilat, Verse 14


فَأَمَّا عَادٞ فَٱسۡتَكۡبَرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَقَالُواْ مَنۡ أَشَدُّ مِنَّا قُوَّةًۖ أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّ ٱللَّهَ ٱلَّذِي خَلَقَهُمۡ هُوَ أَشَدُّ مِنۡهُمۡ قُوَّةٗۖ وَكَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَجۡحَدُونَ

Аммо қавми Од ба ноҳақ дар, рӯи замин гарданкашӣ карданд ва гуфтанд: «Чӣ касе аз мо боқувват тар аст?» Оё намедиданд, ки Худое, ки онҳоро офаридааст, аз онҳо бо қувваттар аст, ки оёти Моро инкор мекарданд
Surah Fussilat, Verse 15


فَأَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ رِيحٗا صَرۡصَرٗا فِيٓ أَيَّامٖ نَّحِسَاتٖ لِّنُذِيقَهُمۡ عَذَابَ ٱلۡخِزۡيِ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَخۡزَىٰۖ وَهُمۡ لَا يُنصَرُونَ

Мо низ боде сахту ғуррон дар рӯзҳое шум бар сарашон фиристодем, то дар дунё азоби хориро ба онҳо бичашонем. Ва азоби охират хоркунандатар аст ва касе ба ёриашон барнахезад
Surah Fussilat, Verse 16


وَأَمَّا ثَمُودُ فَهَدَيۡنَٰهُمۡ فَٱسۡتَحَبُّواْ ٱلۡعَمَىٰ عَلَى ٱلۡهُدَىٰ فَأَخَذَتۡهُمۡ صَٰعِقَةُ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡهُونِ بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ

Аммо қавми Самуд, ҳидояташон кардем. Ва онҳо куриро аз ҳидоят бештар дӯст медоштанд, то он ки ба хотири амалҳое, ки мекарданд, соъиқаи азоби хоркунанда онҳоро фурӯ гирифт
Surah Fussilat, Verse 17


وَنَجَّيۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ

Ва Мо касонеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, наҷот додем
Surah Fussilat, Verse 18


وَيَوۡمَ يُحۡشَرُ أَعۡدَآءُ ٱللَّهِ إِلَى ٱلنَّارِ فَهُمۡ يُوزَعُونَ

Ва рӯзе, ки душманони Худоро гирд оваранд ва ба саф биронандашон
Surah Fussilat, Verse 19


حَتَّىٰٓ إِذَا مَا جَآءُوهَا شَهِدَ عَلَيۡهِمۡ سَمۡعُهُمۡ وَأَبۡصَٰرُهُمۡ وَجُلُودُهُم بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

чун ба канори оташ оянд, гӯшу чашмҳо ва пӯстҳошон ба амалҳое, ки кардаанд, бар зиддашон шоҳидӣ диҳанд
Surah Fussilat, Verse 20


وَقَالُواْ لِجُلُودِهِمۡ لِمَ شَهِدتُّمۡ عَلَيۡنَاۖ قَالُوٓاْ أَنطَقَنَا ٱللَّهُ ٱلَّذِيٓ أَنطَقَ كُلَّ شَيۡءٖۚ وَهُوَ خَلَقَكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةٖ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ

Ба пӯстҳои худ гӯянд: «Чаро бар зидди мо шоҳидӣ додед?» Гӯянд: «Он Худое, ки ҳар чизеро ба сухан меоварад ва шуморо нахустин бор биёфарид ва ба Ӯ бозгашт меёбед, моро ба сухан овардааст»
Surah Fussilat, Verse 21


وَمَا كُنتُمۡ تَسۡتَتِرُونَ أَن يَشۡهَدَ عَلَيۡكُمۡ سَمۡعُكُمۡ وَلَآ أَبۡصَٰرُكُمۡ وَلَا جُلُودُكُمۡ وَلَٰكِن ظَنَنتُمۡ أَنَّ ٱللَّهَ لَا يَعۡلَمُ كَثِيرٗا مِّمَّا تَعۡمَلُونَ

Аз ин ки гӯшу чашмҳо ва пӯстҳоятон ба зиёни шумо шоҳидӣ диҳанд, чизе ниҳон намедоштед, балки мепиндоштед, ки Худо бар бисёре аз корҳое, ки мекунед, огоҳ нест
Surah Fussilat, Verse 22


وَذَٰلِكُمۡ ظَنُّكُمُ ٱلَّذِي ظَنَنتُم بِرَبِّكُمۡ أَرۡدَىٰكُمۡ فَأَصۡبَحۡتُم مِّنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ

Ва ин буд гумоне, ки ба Парвардигоратон доштед. Ҳалокатон кард ва дар шумори зиёнкардагон даромадед
Surah Fussilat, Verse 23


فَإِن يَصۡبِرُواْ فَٱلنَّارُ مَثۡوٗى لَّهُمۡۖ وَإِن يَسۡتَعۡتِبُواْ فَمَا هُم مِّنَ ٱلۡمُعۡتَبِينَ

Пас агар сабр кунанд, ҷойгоҳашон дар оташ аст ва агар ҳам толиби афв шаванд, касе онҳоро афв накунад
Surah Fussilat, Verse 24


۞وَقَيَّضۡنَا لَهُمۡ قُرَنَآءَ فَزَيَّنُواْ لَهُم مَّا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَحَقَّ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقَوۡلُ فِيٓ أُمَمٖ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِم مِّنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِۖ إِنَّهُمۡ كَانُواْ خَٰسِرِينَ

Ба барояшон ҳамдамоне муқаррар кардем ва онон ҳолу ояндаро дар назарашон биёростанд. Ва бар онҳо низ монанди пешиниёнашон аз ҷинну инс азоб муқаррар шуд. Зеро зиёнкор буданд
Surah Fussilat, Verse 25


وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَا تَسۡمَعُواْ لِهَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ وَٱلۡغَوۡاْ فِيهِ لَعَلَّكُمۡ تَغۡلِبُونَ

Кофирон гуфтанд: «Ба ин Қуръон гӯш мадиҳед ва сухани беҳуда ба он биёмезед, шояд пирӯз гардед!»
Surah Fussilat, Verse 26


فَلَنُذِيقَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ عَذَابٗا شَدِيدٗا وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَسۡوَأَ ٱلَّذِي كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Кофиронро азобе сахт мечашонем ва бадтар аз он чӣ мекардаанд, подош медиҳем
Surah Fussilat, Verse 27


ذَٰلِكَ جَزَآءُ أَعۡدَآءِ ٱللَّهِ ٱلنَّارُۖ لَهُمۡ فِيهَا دَارُ ٱلۡخُلۡدِ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَجۡحَدُونَ

Ин аст кайфари (ҷазои) душманони Худо оташ. Дар даруни он хонае ҳамешагӣ доранд. Ин ҷазои онҳост, зеро оёти Моро инкор мекарданд
Surah Fussilat, Verse 28


وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ رَبَّنَآ أَرِنَا ٱلَّذَيۡنِ أَضَلَّانَا مِنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ نَجۡعَلۡهُمَا تَحۡتَ أَقۡدَامِنَا لِيَكُونَا مِنَ ٱلۡأَسۡفَلِينَ

Кофирон гӯянд: «Эй Парвардигори мо, он ду танро аз ҷинну инс, ки моро гумроҳ карданд, ба мо бинамоён, то пой бар сари онҳо ниҳем, то аз мо пасттар (поёнтар) раванд!»
Surah Fussilat, Verse 29


إِنَّ ٱلَّذِينَ قَالُواْ رَبُّنَا ٱللَّهُ ثُمَّ ٱسۡتَقَٰمُواْ تَتَنَزَّلُ عَلَيۡهِمُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ أَلَّا تَخَافُواْ وَلَا تَحۡزَنُواْ وَأَبۡشِرُواْ بِٱلۡجَنَّةِ ٱلَّتِي كُنتُمۡ تُوعَدُونَ

Бар онон, ки гуфтанд: «Парвардигори мю Оллоҳ аст» ва пойдорӣ кардаанд, фариштагон фуруд меоянд, ки метарсед ва ғамгин набошед, шуморо ба биҳиште, ки ба шумо ваъда дода шуда, хушхабар аст
Surah Fussilat, Verse 30


نَحۡنُ أَوۡلِيَآؤُكُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِۖ وَلَكُمۡ فِيهَا مَا تَشۡتَهِيٓ أَنفُسُكُمۡ وَلَكُمۡ فِيهَا مَا تَدَّعُونَ

Мо дар дунё дӯстони шумо будем ва низ дар охират дӯстдори шумоем. Дар биҳишт ҳар чӣ дилатон бихоҳад ва ҳар чӣ талаб кунед, бароятон фароҳам аст
Surah Fussilat, Verse 31


نُزُلٗا مِّنۡ غَفُورٖ رَّحِيمٖ

Меҳмоннавозист аз ҷониби Худои бахшояндаи меҳрубон
Surah Fussilat, Verse 32


وَمَنۡ أَحۡسَنُ قَوۡلٗا مِّمَّن دَعَآ إِلَى ٱللَّهِ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا وَقَالَ إِنَّنِي مِنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ

Чӣ касеро сухан некӯтар аз сухани он, ки ба сӯи Худо даъват мекунад ва корҳои шоиста мекунад ва мегӯяд, албатта, ки ман аз мусалмононам
Surah Fussilat, Verse 33


وَلَا تَسۡتَوِي ٱلۡحَسَنَةُ وَلَا ٱلسَّيِّئَةُۚ ٱدۡفَعۡ بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُ فَإِذَا ٱلَّذِي بَيۡنَكَ وَبَيۡنَهُۥ عَدَٰوَةٞ كَأَنَّهُۥ وَلِيٌّ حَمِيمٞ

Хубиву бадӣ баробар нестанд. Ҳамеша ба некӯтарин тарзе ҷавоб деҳ, то касе, ки миёни туву ӯ душманӣ аст, чун дӯсти меҳрубони ту гардад
Surah Fussilat, Verse 34


وَمَا يُلَقَّىٰهَآ إِلَّا ٱلَّذِينَ صَبَرُواْ وَمَا يُلَقَّىٰهَآ إِلَّا ذُو حَظٍّ عَظِيمٖ

Бархурдор нашаванд аз ин ғайри касоне, ки босабр бошанд ва касоне, ки аз имон баҳрае бузург дошта бошанд
Surah Fussilat, Verse 35


وَإِمَّا يَنزَغَنَّكَ مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ نَزۡغٞ فَٱسۡتَعِذۡ بِٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ

Ва агар аз ҷониби шайтон гирифтори васвасае гардӣ, ба Худо паноҳ бибар, ки Ӯ шунавову доност
Surah Fussilat, Verse 36


وَمِنۡ ءَايَٰتِهِ ٱلَّيۡلُ وَٱلنَّهَارُ وَٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُۚ لَا تَسۡجُدُواْ لِلشَّمۡسِ وَلَا لِلۡقَمَرِ وَٱسۡجُدُواْۤ لِلَّهِۤ ٱلَّذِي خَلَقَهُنَّ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ

Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ шабу рӯз ва офтобу моҳ аст. Ба офтобу моҳ саҷда макунед. Ба Худои якто, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед, агар Ӯро мепарастед
Surah Fussilat, Verse 37


فَإِنِ ٱسۡتَكۡبَرُواْ فَٱلَّذِينَ عِندَ رَبِّكَ يُسَبِّحُونَ لَهُۥ بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَهُمۡ لَا يَسۡـَٔمُونَ۩

Агар онон такаббур меварзанд, онҳо, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд, бе он ки малул шаданд шабу рӯз тасбеҳи Ӯ мегӯянд (Саҷда)
Surah Fussilat, Verse 38


وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنَّكَ تَرَى ٱلۡأَرۡضَ خَٰشِعَةٗ فَإِذَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهَا ٱلۡمَآءَ ٱهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡۚ إِنَّ ٱلَّذِيٓ أَحۡيَاهَا لَمُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰٓۚ إِنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ

Ва аз оёти қудрати Ӯ он, ки ту заминро хушк мебинӣ. Чун об бар он бифиристем, ба ҷунбиш ояд ва гиёҳ бирӯёнад. Он кас, ки онро зинда мекунад, зиндакунандаи мурдагон аст, ки Ӯ бар ҳар чизе тавоност
Surah Fussilat, Verse 39


إِنَّ ٱلَّذِينَ يُلۡحِدُونَ فِيٓ ءَايَٰتِنَا لَا يَخۡفَوۡنَ عَلَيۡنَآۗ أَفَمَن يُلۡقَىٰ فِي ٱلنَّارِ خَيۡرٌ أَم مَّن يَأۡتِيٓ ءَامِنٗا يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ ٱعۡمَلُواْ مَا شِئۡتُمۡ إِنَّهُۥ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٌ

Касоне, ки дар оёти Мо роҳи ботил пеш мегиранд, бар Мо пӯшида нестанд. Оё он ки ба оташ афканда мешавад, беҳтар аст ё он ки рӯзи қиёмат бе ҳеҷ ваҳшате меояд? Ҳарчи мехоҳед бикунед, Ӯ ба корҳоятон биност
Surah Fussilat, Verse 40


إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِٱلذِّكۡرِ لَمَّا جَآءَهُمۡۖ وَإِنَّهُۥ لَكِتَٰبٌ عَزِيزٞ

Ба ҷазои худ расанд онон, ки ба Қуръон, ки барои ҳидояташон омадааст, имон намеоваранд, ҳол он ки китобе арҷманд аст
Surah Fussilat, Verse 41


لَّا يَأۡتِيهِ ٱلۡبَٰطِلُ مِنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَلَا مِنۡ خَلۡفِهِۦۖ تَنزِيلٞ مِّنۡ حَكِيمٍ حَمِيدٖ

На аз пеши рӯй ботил ба ӯ роҳ ёбад ва на аз пас. Нозилшуда аз ҷониби Худованде ҳакиму сутуданист. (лоиқи шукру сипос аст)
Surah Fussilat, Verse 42


مَّا يُقَالُ لَكَ إِلَّا مَا قَدۡ قِيلَ لِلرُّسُلِ مِن قَبۡلِكَۚ إِنَّ رَبَّكَ لَذُو مَغۡفِرَةٖ وَذُو عِقَابٍ أَلِيمٖ

Ҳар чӣ дар бораи ту мегӯянд, дар бораи паёмбарони пеш аз ту низ гуфтаанд. Албатта Парвардигори ту ҳам бахшоянда аст ва ҳам соҳиби уқубатест дардовар
Surah Fussilat, Verse 43


وَلَوۡ جَعَلۡنَٰهُ قُرۡءَانًا أَعۡجَمِيّٗا لَّقَالُواْ لَوۡلَا فُصِّلَتۡ ءَايَٰتُهُۥٓۖ ءَا۬عۡجَمِيّٞ وَعَرَبِيّٞۗ قُلۡ هُوَ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ هُدٗى وَشِفَآءٞۚ وَٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ فِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَقۡرٞ وَهُوَ عَلَيۡهِمۡ عَمًىۚ أُوْلَـٰٓئِكَ يُنَادَوۡنَ مِن مَّكَانِۭ بَعِيدٖ

Агар Қуръонро ба забони Аҷам мефиристодем, мегуфтанд: «Чаро оёташ ба равшанӣ баён нашудааст? Китобе ба забони Аҷам ва паёмбаре араб?» Бигӯ: «Ин китоб барои онҳо, ки имон оварданд, ҳидоят ва шифост ва онҳо, ки имон наоварданд, гӯшҳояшон сангин аст ва чашмонашон кӯр аст, чунонанд, ки гӯи онҳоро аз ҷое дур садо мекунанд
Surah Fussilat, Verse 44


وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَٱخۡتُلِفَ فِيهِۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةٞ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۚ وَإِنَّهُمۡ لَفِي شَكّٖ مِّنۡهُ مُرِيبٖ

Мӯсоро китоб додем, аммо дар он ихтилоф карданд. Ва агар он сухане, ки Парвардигорат аз пеш гуфта буд, намебуд миёнашон кор ба поён меомад. Ва, албатта, ҳанӯз ба сахтӣ дар шубҳаанд
Surah Fussilat, Verse 45


مَّنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا فَلِنَفۡسِهِۦۖ وَمَنۡ أَسَآءَ فَعَلَيۡهَاۗ وَمَا رَبُّكَ بِظَلَّـٰمٖ لِّلۡعَبِيدِ

Ҳар кас, ки коре шоиста кунад, ба фоидаи худи ӯст ва ҳар кӣ бад кунад, ба зиёни ӯст. Ва Парвардигори ту ба бандагон зулм раво намедорад
Surah Fussilat, Verse 46


۞إِلَيۡهِ يُرَدُّ عِلۡمُ ٱلسَّاعَةِۚ وَمَا تَخۡرُجُ مِن ثَمَرَٰتٖ مِّنۡ أَكۡمَامِهَا وَمَا تَحۡمِلُ مِنۡ أُنثَىٰ وَلَا تَضَعُ إِلَّا بِعِلۡمِهِۦۚ وَيَوۡمَ يُنَادِيهِمۡ أَيۡنَ شُرَكَآءِي قَالُوٓاْ ءَاذَنَّـٰكَ مَامِنَّا مِن شَهِيدٖ

Илм ба рӯзи қиёмат назди Ӯст. Ва ҳар мевае аз ғилофи худ берун меояд ва ҳар модае ҳомиладор мешаваду мезояд, албатта ки Ӯ ба он огоҳ аст. Ва он рӯз, ки онҳоро нидо диҳад, ки шарикони Ман куҷоянд? Гӯянд: Огоҳат кардем, ки касе аз мо ба ширк гувоҳӣ намедиҳад
Surah Fussilat, Verse 47


وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَدۡعُونَ مِن قَبۡلُۖ وَظَنُّواْ مَا لَهُم مِّن مَّحِيصٖ

Ва он чиро пеш аз ин ба, худоӣ мехонданд, аз даст доданд ва донистанд, ки роҳи гурезе надоранд
Surah Fussilat, Verse 48


لَّا يَسۡـَٔمُ ٱلۡإِنسَٰنُ مِن دُعَآءِ ٱلۡخَيۡرِ وَإِن مَّسَّهُ ٱلشَّرُّ فَيَـُٔوسٞ قَنُوطٞ

Одами ҳар чӣ талаби хайр кунад, хаста намешавад, аммо чун бадӣ ба ӯ бирасад, бадандешу ноумед мегардад
Surah Fussilat, Verse 49


وَلَئِنۡ أَذَقۡنَٰهُ رَحۡمَةٗ مِّنَّا مِنۢ بَعۡدِ ضَرَّآءَ مَسَّتۡهُ لَيَقُولَنَّ هَٰذَا لِي وَمَآ أَظُنُّ ٱلسَّاعَةَ قَآئِمَةٗ وَلَئِن رُّجِعۡتُ إِلَىٰ رَبِّيٓ إِنَّ لِي عِندَهُۥ لَلۡحُسۡنَىٰۚ فَلَنُنَبِّئَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِمَا عَمِلُواْ وَلَنُذِيقَنَّهُم مِّنۡ عَذَابٍ غَلِيظٖ

Агар пас аз ранҷе, ки ба ӯ расида, раҳмате ба ӯ бичашонем, мегӯяд: «Ин ҳаққи ман аст ва напиндорам, ки қиёмате барпо шавад. Ва агар ҳам маро назди Парвардигорам баргардонанд, албатта, ки назди Ӯ ҳолате хуштар бошад». Пас кофиронро ба амалҳое, ки кардаанд, огоҳ мекунем ва ба онҳо азобе сахт мечашонем
Surah Fussilat, Verse 50


وَإِذَآ أَنۡعَمۡنَا عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ أَعۡرَضَ وَنَـَٔا بِجَانِبِهِۦ وَإِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ فَذُو دُعَآءٍ عَرِيضٖ

Чун ба одами неъмате ато кунем, рӯйгардон мешавад ва ба такаббур гардан боло мекунад. Ва агар ба ӯ бадие бирасад, бисёр фарёду фиғон мекунад
Surah Fussilat, Verse 51


قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِن كَانَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِ ثُمَّ كَفَرۡتُم بِهِۦ مَنۡ أَضَلُّ مِمَّنۡ هُوَ فِي شِقَاقِۭ بَعِيدٖ

Бигӯ: «Чӣ мебинед?» Агар ин китоб аз ҷониби Худост ва шумо ба он имон намеоваред, гумроҳтар аз касе, ки ҳамчунон роҳи мухолифат (зиддият) дар пеш гирифтааст, кист
Surah Fussilat, Verse 52


سَنُرِيهِمۡ ءَايَٰتِنَا فِي ٱلۡأٓفَاقِ وَفِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَهُمۡ أَنَّهُ ٱلۡحَقُّۗ أَوَلَمۡ يَكۡفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ

Ба зудӣ, оёти қудрати Худро дар атрофи олам ва дар вуҷуди худашон ба онҳо нишон хоҳем дод, то барояшон ошкор шавад, ки, Ӯ ҳақ аст. Оё ин ки Парвардигори ту дар ҳама ҷо ҳозир аст, кофӣ нест
Surah Fussilat, Verse 53


أَلَآ إِنَّهُمۡ فِي مِرۡيَةٖ مِّن لِّقَآءِ رَبِّهِمۡۗ أَلَآ إِنَّهُۥ بِكُلِّ شَيۡءٖ مُّحِيطُۢ

Баҳуш (огоҳ) бош, ки онҳо аз дидори Парвардигорашон дар шубҳаанд. Баҳуш бош, ки Ӯ бар ҳар чизе иҳота дорад
Surah Fussilat, Verse 54


Author: Abdolmohammad Ayati


<< Surah 40
>> Surah 42

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai