Surah Al-Mulk - Tajik Translation by Www.islamhouse.com
تَبَٰرَكَ ٱلَّذِي بِيَدِهِ ٱلۡمُلۡكُ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ
Пурбаракату бузургвор аст касе, ки фармонравоии ҷаҳони ҳастӣ ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност
Surah Al-Mulk, Verse 1
ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡمَوۡتَ وَٱلۡحَيَوٰةَ لِيَبۡلُوَكُمۡ أَيُّكُمۡ أَحۡسَنُ عَمَلٗاۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡغَفُورُ
[Ҳамон] Касе, ки маргу зиндагиро офарид, то шуморо биозмояд, ки кадом яке аз шумо накукортар аст; ва Ӯ пирӯзманду бахшанда аст
Surah Al-Mulk, Verse 2
ٱلَّذِي خَلَقَ سَبۡعَ سَمَٰوَٰتٖ طِبَاقٗاۖ مَّا تَرَىٰ فِي خَلۡقِ ٱلرَّحۡمَٰنِ مِن تَفَٰوُتٖۖ فَٱرۡجِعِ ٱلۡبَصَرَ هَلۡ تَرَىٰ مِن فُطُورٖ
Он ки ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид. Дар офариниш [-и Аллоҳ таоло] ҳеҷ беназмӣ ва халале намебинӣ. Бори дигар нигоҳ кун; оё нуқсе мебинӣ
Surah Al-Mulk, Verse 3
ثُمَّ ٱرۡجِعِ ٱلۡبَصَرَ كَرَّتَيۡنِ يَنقَلِبۡ إِلَيۡكَ ٱلۡبَصَرُ خَاسِئٗا وَهُوَ حَسِيرٞ
Бори дигар [ба олами ҳастӣ] нигоҳ кун; [нуқсе нахоҳӣ дид ва] чашми ту, дар ҳоле ки хаста ва нотавон аст ба сӯйи ту бозмегардад
Surah Al-Mulk, Verse 4
وَلَقَدۡ زَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِمَصَٰبِيحَ وَجَعَلۡنَٰهَا رُجُومٗا لِّلشَّيَٰطِينِۖ وَأَعۡتَدۡنَا لَهُمۡ عَذَابَ ٱلسَّعِيرِ
Ба ростӣ, Мо осмони дунёро бо чароғҳо оростем ва онҳоро барои рондани шаётин қарор додем ва барои онон азоби [оташи] сӯзон омода сохтем
Surah Al-Mulk, Verse 5
وَلِلَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِمۡ عَذَابُ جَهَنَّمَۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ
Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шуданд, азоби ҷаҳаннам аст; ва чӣ бад ҷойгоҳе аст
Surah Al-Mulk, Verse 6
إِذَآ أُلۡقُواْ فِيهَا سَمِعُواْ لَهَا شَهِيقٗا وَهِيَ تَفُورُ
Ҳангоме ки дар он андохта шаванд, аз он наърае [ваҳшатнок] мешунаванд, дар ҳоле ки он меҷӯшад
Surah Al-Mulk, Verse 7
تَكَادُ تَمَيَّزُ مِنَ ٱلۡغَيۡظِۖ كُلَّمَآ أُلۡقِيَ فِيهَا فَوۡجٞ سَأَلَهُمۡ خَزَنَتُهَآ أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ نَذِيرٞ
Аз шиддати хашм наздик аст [ҷаҳаннам] пора-пора шавад. Ҳар гоҳ ки гурӯҳе дар он андохта мешаванд, нигаҳбононаш аз онон мепурсанд: «Оё бимдиҳандае ба суроғатон наомад?»
Surah Al-Mulk, Verse 8
قَالُواْ بَلَىٰ قَدۡ جَآءَنَا نَذِيرٞ فَكَذَّبۡنَا وَقُلۡنَا مَا نَزَّلَ ٱللَّهُ مِن شَيۡءٍ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا فِي ضَلَٰلٖ كَبِيرٖ
Мегӯянд: «Бале; бимдиҳанда ба сӯи мо омад, он гоҳ мо ӯро такзиб кардем ва гуфтем; «Ҳаргиз Аллоҳ таоло чизе нозил накардааст. Шумо ҷуз дар гумроҳии бузург нестед»
Surah Al-Mulk, Verse 9
وَقَالُواْ لَوۡ كُنَّا نَسۡمَعُ أَوۡ نَعۡقِلُ مَا كُنَّا فِيٓ أَصۡحَٰبِ ٱلسَّعِيرِ
Ва [боз] мегӯянд: «Агар мо мешунидем ё тааққул мекардем, дар [зумраи] дузахиён набудем»
Surah Al-Mulk, Verse 10
فَٱعۡتَرَفُواْ بِذَنۢبِهِمۡ فَسُحۡقٗا لِّأَصۡحَٰبِ ٱلسَّعِيرِ
Пас, онҳо ба гуноҳи худ эътироф мекунанд. Пас, дурӣ [аз раҳмати Аллоҳ таоло] баҳраи дузахиён бод
Surah Al-Mulk, Verse 11
إِنَّ ٱلَّذِينَ يَخۡشَوۡنَ رَبَّهُم بِٱلۡغَيۡبِ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَأَجۡرٞ كَبِيرٞ
Бе гумон, касоне, ки дар ниҳон аз Парвардигорашон метарсанд, онон омурзишу подоши бузурге доранд
Surah Al-Mulk, Verse 12
وَأَسِرُّواْ قَوۡلَكُمۡ أَوِ ٱجۡهَرُواْ بِهِۦٓۖ إِنَّهُۥ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
[Хоҳ] Гуфтори худро пинҳон доред ё онро ошкор созед, [ба ҳар ҳол] Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст
Surah Al-Mulk, Verse 13
أَلَا يَعۡلَمُ مَنۡ خَلَقَ وَهُوَ ٱللَّطِيفُ ٱلۡخَبِيرُ
Оё касе, ки [ҳамаи мавҷудотро] офаридааст, [ҳоли бандагонро] намедонад? Дар ҳоле ки Ӯ борикбин ва огоҳ аст
Surah Al-Mulk, Verse 14
هُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ ذَلُولٗا فَٱمۡشُواْ فِي مَنَاكِبِهَا وَكُلُواْ مِن رِّزۡقِهِۦۖ وَإِلَيۡهِ ٱلنُّشُورُ
Ӯ касе аст, ки заминро барои шумо ром гардонид, пас, дар гӯша ва канори он роҳ биравед ва аз рӯзии Ӯ бихӯред; ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст
Surah Al-Mulk, Verse 15
ءَأَمِنتُم مَّن فِي ٱلسَّمَآءِ أَن يَخۡسِفَ بِكُمُ ٱلۡأَرۡضَ فَإِذَا هِيَ تَمُورُ
Оё худро аз [азоби] касе, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки [фармон диҳад] замин шуморо фуру барад ва ногаҳон ба ларзиш дарояд
Surah Al-Mulk, Verse 16
أَمۡ أَمِنتُم مَّن فِي ٱلسَّمَآءِ أَن يُرۡسِلَ عَلَيۡكُمۡ حَاصِبٗاۖ فَسَتَعۡلَمُونَ كَيۡفَ نَذِيرِ
Ё худро аз касе, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки тӯфони сахте бар шумо фиристад? Пас, ба зудӣ хоҳед донист, ки ҳушдори Ман чи гуна аст
Surah Al-Mulk, Verse 17
وَلَقَدۡ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ فَكَيۡفَ كَانَ نَكِيرِ
Ҳамоно касоне, ки пеш аз онон буданд, [низ даъвати паёмбаронро] такзиб карданд; пас, [бингар, ки] уқубати Ман чи гуна буд
Surah Al-Mulk, Verse 18
أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلطَّيۡرِ فَوۡقَهُمۡ صَـٰٓفَّـٰتٖ وَيَقۡبِضۡنَۚ مَا يُمۡسِكُهُنَّ إِلَّا ٱلرَّحۡمَٰنُۚ إِنَّهُۥ بِكُلِّ شَيۡءِۭ بَصِيرٌ
Оё ба парандагоне, ки бар фарози сарашон аст, нигоҳ накарданд, ки гоҳе болҳои худро мегушоянд ва гоҳе фуру мебанданд? Ҷуз [Аллоҳи] Раҳмон [касе] онҳоро [бар фарози осмон] нигоҳ намедорад; бе гумон, Ӯ ба ҳар чиз биност
Surah Al-Mulk, Verse 19
أَمَّنۡ هَٰذَا ٱلَّذِي هُوَ جُندٞ لَّكُمۡ يَنصُرُكُم مِّن دُونِ ٱلرَّحۡمَٰنِۚ إِنِ ٱلۡكَٰفِرُونَ إِلَّا فِي غُرُورٍ
Оё он касе, ки лашкари шумост, метавонад шуморо дар баробари Аллоҳ таоло ёрӣ диҳад? Кофирон ҷуз дар фиреб [ва ғурурашон] нестанд
Surah Al-Mulk, Verse 20
أَمَّنۡ هَٰذَا ٱلَّذِي يَرۡزُقُكُمۡ إِنۡ أَمۡسَكَ رِزۡقَهُۥۚ بَل لَّجُّواْ فِي عُتُوّٖ وَنُفُورٍ
Ё он касе, ки шуморо рӯзӣ медиҳад, агар рӯзиашро боздорад, [чи касе метавонад ниёзи шуморо таъмин кунад?]. Вале онҳо дар саркашӣ ва фирор аз ҳақиқат лаҷоҷат меварзанд
Surah Al-Mulk, Verse 21
أَفَمَن يَمۡشِي مُكِبًّا عَلَىٰ وَجۡهِهِۦٓ أَهۡدَىٰٓ أَمَّن يَمۡشِي سَوِيًّا عَلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ
Оё касе, ки ба рӯ афтода [ва нагунсор] ҳаракат мекунад, ба ҳидоят наздиктар аст, ё он ки росту устувор бар роҳи рост гом бармедорад
Surah Al-Mulk, Verse 22
قُلۡ هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنشَأَكُمۡ وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡـِٔدَةَۚ قَلِيلٗا مَّا تَشۡكُرُونَ
Бигӯ: «Ӯ касе аст, ки шуморо офарид ва бароятон гӯшу чашмон ва дил қарор дод; [аммо шумо] андаке сипосгузорӣ мекунед»
Surah Al-Mulk, Verse 23
قُلۡ هُوَ ٱلَّذِي ذَرَأَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَإِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ
Бигӯ: «Ӯ касест шуморо дар замин пароканд ва ба сӯйи Ӯ ҳашр мешавед»
Surah Al-Mulk, Verse 24
وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда [-и қиёмат] чи замоне аст?»
Surah Al-Mulk, Verse 25
قُلۡ إِنَّمَا ٱلۡعِلۡمُ عِندَ ٱللَّهِ وَإِنَّمَآ أَنَا۠ نَذِيرٞ مُّبِينٞ
Бигӯ: «Илм [-и қиёмат] танҳо назди Аллоҳ таоло аст ва ман фақат бимдиҳандаи ошкорам»
Surah Al-Mulk, Verse 26
فَلَمَّا رَأَوۡهُ زُلۡفَةٗ سِيٓـَٔتۡ وُجُوهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَقِيلَ هَٰذَا ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تَدَّعُونَ
Пас, чун он [ваъда ва азоби илоҳӣ]-ро аз наздик бубинанд, чеҳраи касоне, ки кофир шудаанд, сиёҳу андӯҳгин мегардад ва [ба онон] гуфта мешавад: «Ин ҳамон чизе аст, ки дархост мекардед»
Surah Al-Mulk, Verse 27
قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَهۡلَكَنِيَ ٱللَّهُ وَمَن مَّعِيَ أَوۡ رَحِمَنَا فَمَن يُجِيرُ ٱلۡكَٰفِرِينَ مِنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ
[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳ таоло маро ва касонеро, ки бо ман ҳастанд, нобуд кунад, ё бар мо раҳмат оварад, пас, кист, ки кофиронро аз азоби дарднок паноҳ диҳад?»
Surah Al-Mulk, Verse 28
قُلۡ هُوَ ٱلرَّحۡمَٰنُ ءَامَنَّا بِهِۦ وَعَلَيۡهِ تَوَكَّلۡنَاۖ فَسَتَعۡلَمُونَ مَنۡ هُوَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ
Бигӯ: «Ӯ [Аллоҳи] Раҳмон аст? ба Ӯ имон овардаем ва бар Ӯ таваккал кардаем, пас, [эй кофирон] ба зудӣ хоҳед донист, ки чи касе дар гумроҳии ошкор аст»
Surah Al-Mulk, Verse 29
قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَصۡبَحَ مَآؤُكُمۡ غَوۡرٗا فَمَن يَأۡتِيكُم بِمَآءٖ مَّعِينِۭ
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар оби [ошомидании] шумо [дар замин] фуру равад, чи касе метавонад барои шумо оби равону гуворо] биёварад?»
Surah Al-Mulk, Verse 30