Surah Al-Qalam - Tajik Translation by Www.islamhouse.com
نٓۚ وَٱلۡقَلَمِ وَمَا يَسۡطُرُونَ
Нун. Савганд ба қалам ва он чи менависанд
Surah Al-Qalam, Verse 1
مَآ أَنتَ بِنِعۡمَةِ رَبِّكَ بِمَجۡنُونٖ
Ки ту [эй паёмбар] ба неъмат [ва фазли] Парвардигорат девона нестӣ
Surah Al-Qalam, Verse 2
وَإِنَّ لَكَ لَأَجۡرًا غَيۡرَ مَمۡنُونٖ
Ва барои ту подоше бепоён [дар пеш] аст
Surah Al-Qalam, Verse 3
وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٖ
Ва яқинан ту ахлоқи бисёр наку ва волое дорӣ
Surah Al-Qalam, Verse 4
فَسَتُبۡصِرُ وَيُبۡصِرُونَ
Пас, ба зудӣ хоҳӣ дид ва онҳо [низ] хоҳанд дид
Surah Al-Qalam, Verse 5
بِأَييِّكُمُ ٱلۡمَفۡتُونُ
ки кадом як аз шумо девона аст
Surah Al-Qalam, Verse 6
إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ
Парвардигорат беҳтар медонад, чи касе аз роҳи Ӯ гумроҳ гашта ва [низ] Ӯ ба ҳидоятёфтагон донотар аст
Surah Al-Qalam, Verse 7
فَلَا تُطِعِ ٱلۡمُكَذِّبِينَ
Пас аз такзибкунандагон итоат макун
Surah Al-Qalam, Verse 8
وَدُّواْ لَوۡ تُدۡهِنُ فَيُدۡهِنُونَ
Онҳо дӯст медоранд [ва мехоҳанд], ки нармӣ [ва мадоро] кунӣ, то онон [низ] нармӣ [ва мадоро] кунанд
Surah Al-Qalam, Verse 9
وَلَا تُطِعۡ كُلَّ حَلَّافٖ مَّهِينٍ
Ва аз ҳар фурумояе, ки бисёр савганд [-и дурӯғ] ёд мекунад, итоат макун
Surah Al-Qalam, Verse 10
هَمَّازٖ مَّشَّآءِۭ بِنَمِيمٖ
[Он ки] Бисёр айбҷуст ва ба суханчинӣ омадушуд мекунад
Surah Al-Qalam, Verse 11
مَّنَّاعٖ لِّلۡخَيۡرِ مُعۡتَدٍ أَثِيمٍ
Ва бисёр монеи кори хайр ва мутаҷовизу гунаҳгор аст
Surah Al-Qalam, Verse 12
عُتُلِّۭ بَعۡدَ ذَٰلِكَ زَنِيمٍ
Гузашта аз он, хашину бетабор ва бадном аст
Surah Al-Qalam, Verse 13
أَن كَانَ ذَا مَالٖ وَبَنِينَ
Бад-он хотир, ки соҳиби молу фарзандони бисёр аст
Surah Al-Qalam, Verse 14
إِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ءَايَٰتُنَا قَالَ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
Ҳангоме ки оёти Мо бар ӯ хонда шавад, мегӯяд: «[Инҳо] Афсонаҳои гузаштагон аст»
Surah Al-Qalam, Verse 15
سَنَسِمُهُۥ عَلَى ٱلۡخُرۡطُومِ
Ба зудӣ бар бинии ӯ доғ [-и нангу расвоӣ] мениҳем
Surah Al-Qalam, Verse 16
إِنَّا بَلَوۡنَٰهُمۡ كَمَا بَلَوۡنَآ أَصۡحَٰبَ ٱلۡجَنَّةِ إِذۡ أَقۡسَمُواْ لَيَصۡرِمُنَّهَا مُصۡبِحِينَ
Мо онҳоро озмоиш кардем, ҳамон гуна ки соҳибони боғро озмудем, ҳангоме ки савганд ёд карданд, ки субҳгоҳон [ки мустамандон набошанд] меваҳои боғро бичинанд
Surah Al-Qalam, Verse 17
وَلَا يَسۡتَثۡنُونَ
Ва [-ле] «иншоаллоҳ» нагуфтанд
Surah Al-Qalam, Verse 18
فَطَافَ عَلَيۡهَا طَآئِفٞ مِّن رَّبِّكَ وَهُمۡ نَآئِمُونَ
Пас, азобе [фарогир] аз сӯйи Парвардигорат бар [боғи] онҳо фуруд омад, дар ҳоле ки ҳама дар хоб буданд
Surah Al-Qalam, Verse 19
فَأَصۡبَحَتۡ كَٱلصَّرِيمِ
Пас, он боғ [-и сабзу хуррам пас аз оташсӯзӣ] ҳамчун шаби сиёҳ шуд
Surah Al-Qalam, Verse 20
فَتَنَادَوۡاْ مُصۡبِحِينَ
Он гоҳ субҳгоҳон якдигарро нидо доданд
Surah Al-Qalam, Verse 21
أَنِ ٱغۡدُواْ عَلَىٰ حَرۡثِكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰرِمِينَ
Ки агар мехоҳед, дарав кунед, ба сӯйи киштзор [ва боғ]-и хеш биравед
Surah Al-Qalam, Verse 22
فَٱنطَلَقُواْ وَهُمۡ يَتَخَٰفَتُونَ
Пас [ба сӯйи киштзор] ҳаракат карданд, дар ҳоле ки оҳиста бо ҳам мегуфтанд
Surah Al-Qalam, Verse 23
أَن لَّا يَدۡخُلَنَّهَا ٱلۡيَوۡمَ عَلَيۡكُم مِّسۡكِينٞ
«[Муроқиб бошед] Ки имрӯз ҳеҷ [ниёзманд ва] бенавое дар он [боғ] ворид нашавад!»
Surah Al-Qalam, Verse 24
وَغَدَوۡاْ عَلَىٰ حَرۡدٖ قَٰدِرِينَ
Ва субҳгоҳон бо тасмими ҷиддӣ бар ҷилавгирӣ [аз вуруди мустамандон ба самти боғ] берун шуданд
Surah Al-Qalam, Verse 25
فَلَمَّا رَأَوۡهَا قَالُوٓاْ إِنَّا لَضَآلُّونَ
Пас, ҳангоме ки он [боғ]-ро диданд, гуфтанд: «Яқинан мо [иштибоҳ омадаем ва] роҳро гум кардаем
Surah Al-Qalam, Verse 26
بَلۡ نَحۡنُ مَحۡرُومُونَ
балки ҳама чизро аз даст додаем
Surah Al-Qalam, Verse 27
قَالَ أَوۡسَطُهُمۡ أَلَمۡ أَقُل لَّكُمۡ لَوۡلَا تُسَبِّحُونَ
Яке аз беҳтарин [ва хирадмандтарин]-и эшон гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, чаро [шукру] тасбеҳ [-и Аллоҳро] намегӯед?»
Surah Al-Qalam, Verse 28
قَالُواْ سُبۡحَٰنَ رَبِّنَآ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ
Гуфтанд: «Парвардигори мо поку муназзаҳ аст. Мусалламан, мо ситамгор будем»
Surah Al-Qalam, Verse 29
فَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ يَتَلَٰوَمُونَ
Он гоҳ маломаткунон ба якдигар рӯ оварданд
Surah Al-Qalam, Verse 30
قَالُواْ يَٰوَيۡلَنَآ إِنَّا كُنَّا طَٰغِينَ
[ва] Гуфтанд: «Вой бар мо, ки туғёнгар [ва саркаш] будем
Surah Al-Qalam, Verse 31
عَسَىٰ رَبُّنَآ أَن يُبۡدِلَنَا خَيۡرٗا مِّنۡهَآ إِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا رَٰغِبُونَ
Умедворем, ки Парвардигорамон [моро бибахшад ва] дар иваз чизе беҳтар аз он [боғ] ба мо диҳад, [чаро ки] бе гумон, мо ба сӯи Парвардигори худ рӯй овардаем»
Surah Al-Qalam, Verse 32
كَذَٰلِكَ ٱلۡعَذَابُۖ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَكۡبَرُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ
Азоби [Аллоҳ таоло дар дунё] чунин аст ва агар медонистанд, азоби охират мусалламан бузургтар [-у бештар] аст
Surah Al-Qalam, Verse 33
إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ عِندَ رَبِّهِمۡ جَنَّـٰتِ ٱلنَّعِيمِ
Ба ростӣ, барои парҳезкорон назди Парвардигорашон боғҳои пурнеъмат аст
Surah Al-Qalam, Verse 34
أَفَنَجۡعَلُ ٱلۡمُسۡلِمِينَ كَٱلۡمُجۡرِمِينَ
Оё мо мусулмононро ҳамчун муҷримон [ва гунаҳгорон] қарор медиҳем
Surah Al-Qalam, Verse 35
مَا لَكُمۡ كَيۡفَ تَحۡكُمُونَ
Шуморо чи шудааст? Чӣ гуна доварӣ мекунед
Surah Al-Qalam, Verse 36
أَمۡ لَكُمۡ كِتَٰبٞ فِيهِ تَدۡرُسُونَ
Оё шумо китобе [осмонӣ] доред, ки дар он фаромегиред
Surah Al-Qalam, Verse 37
إِنَّ لَكُمۡ فِيهِ لَمَا تَخَيَّرُونَ
Ва [оё] он чиро интихоб мекунед, дар он [китоб] барои шумо [навишта шуда] аст
Surah Al-Qalam, Verse 38
أَمۡ لَكُمۡ أَيۡمَٰنٌ عَلَيۡنَا بَٰلِغَةٌ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ إِنَّ لَكُمۡ لَمَا تَحۡكُمُونَ
Ё ин ки бар [уҳдаи] Мо аҳду паймони устуворе то рӯзи қиёмат доред, ки ҳар чиро ҳукм кунед, [ҳақ] барои шумо бошад
Surah Al-Qalam, Verse 39
سَلۡهُمۡ أَيُّهُم بِذَٰلِكَ زَعِيمٌ
[Эй Паёмбар,] аз онҳо бипурс кадом як аз онон дар баробари ин [иддаоҳо] мутааҳҳид аст
Surah Al-Qalam, Verse 40
أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَآءُ فَلۡيَأۡتُواْ بِشُرَكَآئِهِمۡ إِن كَانُواْ صَٰدِقِينَ
Ва ё ин ки [маъбудон ва] шариконе доранд? Пас агар рост мегӯянд, бояд шарикон [ва маъбудони] хешро биёваранд
Surah Al-Qalam, Verse 41
يَوۡمَ يُكۡشَفُ عَن سَاقٖ وَيُدۡعَوۡنَ إِلَى ٱلسُّجُودِ فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ
Рӯзе, ки [соқ ошкор гардад ва] кор сахту душвор шавад ва [мардум] ба саҷда фаро хонда мешаванд, вале [кофирон ва мунофиқон] наметавонанд [саҷда кунанд]
Surah Al-Qalam, Verse 42
خَٰشِعَةً أَبۡصَٰرُهُمۡ تَرۡهَقُهُمۡ ذِلَّةٞۖ وَقَدۡ كَانُواْ يُدۡعَوۡنَ إِلَى ٱلسُّجُودِ وَهُمۡ سَٰلِمُونَ
[Дар ҳоле ки] Дидагонашон [аз тарсу надомат] фуру афтода ва зиллату хорӣ вуҷудашонро фаро гирифтааст ва, яқинан, пеш аз ин [дар дунё] дар ҳоле ки тандуруст буданд, ба саҷда фаро хонда мешуданд
Surah Al-Qalam, Verse 43
فَذَرۡنِي وَمَن يُكَذِّبُ بِهَٰذَا ٱلۡحَدِيثِۖ سَنَسۡتَدۡرِجُهُم مِّنۡ حَيۡثُ لَا يَعۡلَمُونَ
Пас, [эй Паёмбар] Маро бо он касе, ки ин сухан [Қуръон]-ро такзиб мекунад, вогузор. Мо ононро андак-андак [ва] ба гунае ки дарнаёбанд [ва аз ҷое ки мутаваҷҷеҳ нагарданд], ба сӯйи азоб хоҳем кашонд
Surah Al-Qalam, Verse 44
وَأُمۡلِي لَهُمۡۚ إِنَّ كَيۡدِي مَتِينٌ
Ва ба онон муҳлат медиҳам. Ба ростӣ, ки тадбири Ман устувор [ва ҳисобшуда] аст
Surah Al-Qalam, Verse 45
أَمۡ تَسۡـَٔلُهُمۡ أَجۡرٗا فَهُم مِّن مَّغۡرَمٖ مُّثۡقَلُونَ
[Эй Паёмбар] Магар ту аз эшон музде дархост мекунӣ, ки [аз адои он дар ранҷанд ва] бар эшон сангин аст
Surah Al-Qalam, Verse 46
أَمۡ عِندَهُمُ ٱلۡغَيۡبُ فَهُمۡ يَكۡتُبُونَ
Ё [асрори] ғайб назди онҳост ва онон [он чиро мегуянд, аз рӯи он] менависанд
Surah Al-Qalam, Verse 47
فَٱصۡبِرۡ لِحُكۡمِ رَبِّكَ وَلَا تَكُن كَصَاحِبِ ٱلۡحُوتِ إِذۡ نَادَىٰ وَهُوَ مَكۡظُومٞ
Пас, [эй паёмбар] барои фармон [ва ҳукми] Парвардигорат сабр кун ва монанди соҳиби моҳӣ [Юнус] мабош, ки бо диле шармсор аз хашму андӯҳ [Аллоҳро] нидо дод
Surah Al-Qalam, Verse 48
لَّوۡلَآ أَن تَدَٰرَكَهُۥ نِعۡمَةٞ مِّن رَّبِّهِۦ لَنُبِذَ بِٱلۡعَرَآءِ وَهُوَ مَذۡمُومٞ
Агар неъмат [-у раҳмате] аз сӯи Парвардигораш ба ёрии ӯ наомада буд, яқинан, дар ҳоле ки накӯҳида буд, [аз шиками моҳӣ] ба саҳрои хушкида берун афканда мешуд
Surah Al-Qalam, Verse 49
فَٱجۡتَبَٰهُ رَبُّهُۥ فَجَعَلَهُۥ مِنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ
Пас, Парвардигораш ӯро баргузид ва аз солеҳон қарор дод
Surah Al-Qalam, Verse 50
وَإِن يَكَادُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَيُزۡلِقُونَكَ بِأَبۡصَٰرِهِمۡ لَمَّا سَمِعُواْ ٱلذِّكۡرَ وَيَقُولُونَ إِنَّهُۥ لَمَجۡنُونٞ
Ва [эй паёмбар] наздик аст онон, ки кофир шуданд, ҳангоме ки оёти Қуръонро мешунаванд, туро чашмзахм зананд ва [ба хотири хашму ҳасадашон] мегӯянд: «Ҳатман, ӯ девона аст»
Surah Al-Qalam, Verse 51
وَمَا هُوَ إِلَّا ذِكۡرٞ لِّلۡعَٰلَمِينَ
Дар ҳоле ки ин [Қуръон] ҷуз панде барои ҷаҳониён нест
Surah Al-Qalam, Verse 52