UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Al-Haaqqa - Tajik Translation by Khoja Mirov


ٱلۡحَآقَّةُ

Он рӯзи барҳақ, (яъне қиёмате, ки омадани он ҳақ аст ва савобу азоб ва ҳақиқат дар он рӯз ошкор мешавад)
Surah Al-Haaqqa, Verse 1


مَا ٱلۡحَآقَّةُ

Чист аҳвол ва сифатҳои он рӯзи барҳақ
Surah Al-Haaqqa, Verse 2


وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡحَآقَّةُ

Ва чӣ чиз туро эй Расул огоҳ кард, аз ҳақиқат ва сахтии он рӯзи барҳақ
Surah Al-Haaqqa, Verse 3


كَذَّبَتۡ ثَمُودُ وَعَادُۢ بِٱلۡقَارِعَةِ

Қавми Самуду Од сахтии рӯзи қиёматро дурӯғ шумориданд
Surah Al-Haaqqa, Verse 4


فَأَمَّا ثَمُودُ فَأُهۡلِكُواْ بِٱلطَّاغِيَةِ

Пас, аммо қавми Самуд ба он бонги сахт қавӣ ва ҳалоккунанда ҳалок шуданд
Surah Al-Haaqqa, Verse 5


وَأَمَّا عَادٞ فَأُهۡلِكُواْ بِرِيحٖ صَرۡصَرٍ عَاتِيَةٖ

Ва аммо қавми Од бо вазиши боди Сарсар (сахт сард) ба ҳалокат расиданд
Surah Al-Haaqqa, Verse 6


سَخَّرَهَا عَلَيۡهِمۡ سَبۡعَ لَيَالٖ وَثَمَٰنِيَةَ أَيَّامٍ حُسُومٗاۖ فَتَرَى ٱلۡقَوۡمَ فِيهَا صَرۡعَىٰ كَأَنَّهُمۡ أَعۡجَازُ نَخۡلٍ خَاوِيَةٖ

Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод, на қатъ мешуд ва на ором мегирифт. Он қавмро дар он шабҳову рӯзҳо аз по дар афтода чун танаҳои пӯсидаи дарахти хурмо решаканшуда медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд
Surah Al-Haaqqa, Verse 7


فَهَلۡ تَرَىٰ لَهُم مِّنۢ بَاقِيَةٖ

Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад? (Ҳаргиз)
Surah Al-Haaqqa, Verse 8


وَجَآءَ فِرۡعَوۡنُ وَمَن قَبۡلَهُۥ وَٱلۡمُؤۡتَفِكَٰتُ بِٱلۡخَاطِئَةِ

Ва Фиръавну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд, аз аҳли куффор ва низ мардуми Мӯътафика гунаҳкор омаданд
Surah Al-Haaqqa, Verse 9


فَعَصَوۡاْ رَسُولَ رَبِّهِمۡ فَأَخَذَهُمۡ أَخۡذَةٗ رَّابِيَةً

Ҳар уммате аз онҳо фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд, пас, Аллоҳ низ онҳоро ба ниҳоят сахтӣ фурӯ гирифт
Surah Al-Haaqqa, Verse 10


إِنَّا لَمَّا طَغَا ٱلۡمَآءُ حَمَلۡنَٰكُمۡ فِي ٱلۡجَارِيَةِ

Мо он гоҳ, ки об аз ҳад гузашт ва бар ҳама чиз баланд шуд, шуморо бар сулби падаратон ба киштӣ савор кардем
Surah Al-Haaqqa, Verse 11


لِنَجۡعَلَهَا لَكُمۡ تَذۡكِرَةٗ وَتَعِيَهَآ أُذُنٞ وَٰعِيَةٞ

то наҷот додани мӯъминон ва ғарқ кардани кофиронро барои шумо панде қарор диҳем ва гӯшҳои шунаво онро бишунаванд ва ба ёд супоранд
Surah Al-Haaqqa, Verse 12


فَإِذَا نُفِخَ فِي ٱلصُّورِ نَفۡخَةٞ وَٰحِدَةٞ

Пас чун як бор дар сур дамида шавад, ҳама мардум мемиранд ва олам вайрон мешавад
Surah Al-Haaqqa, Verse 13


وَحُمِلَتِ ٱلۡأَرۡضُ وَٱلۡجِبَالُ فَدُكَّتَا دَكَّةٗ وَٰحِدَةٗ

ва замину кӯҳҳо бардошта шавад ва якбора дарҳам кӯбида шаванд, пас шикаста шаванд
Surah Al-Haaqqa, Verse 14


فَيَوۡمَئِذٖ وَقَعَتِ ٱلۡوَاقِعَةُ

пас он рӯз он воқеъа (қиёмат) рӯй диҳад
Surah Al-Haaqqa, Verse 15


وَٱنشَقَّتِ ٱلسَّمَآءُ فَهِيَ يَوۡمَئِذٖ وَاهِيَةٞ

Ва осмон шикофта мешавад, пас дар он рӯз суст мегардад ва фурӯ мерезад
Surah Al-Haaqqa, Verse 16


وَٱلۡمَلَكُ عَلَىٰٓ أَرۡجَآئِهَاۚ وَيَحۡمِلُ عَرۡشَ رَبِّكَ فَوۡقَهُمۡ يَوۡمَئِذٖ ثَمَٰنِيَةٞ

Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо Арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд
Surah Al-Haaqqa, Verse 17


يَوۡمَئِذٖ تُعۡرَضُونَ لَا تَخۡفَىٰ مِنكُمۡ خَافِيَةٞ

Он рӯз шуморо, эй одамон барои ҳисобу ҷазо назди Парвардигоратон пеш оваранд ва ҳеҷ чиз аз асрори шумо ниҳон намонад
Surah Al-Haaqqa, Verse 18


فَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ فَيَقُولُ هَآؤُمُ ٱقۡرَءُواْ كِتَٰبِيَهۡ

Пас чун ҳар касро, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, пас аз хурсандӣ мегӯяд: Номаи маро бигиреду бихонед
Surah Al-Haaqqa, Verse 19


إِنِّي ظَنَنتُ أَنِّي مُلَٰقٍ حِسَابِيَهۡ

Ман дар дунё яқин доштам, ки ҳисоби худро рӯзи қиёмат хоҳам дид ва аз барои имрӯз бо имону амали солеҳ худро омода кардаам
Surah Al-Haaqqa, Verse 20


فَهُوَ فِي عِيشَةٖ رَّاضِيَةٖ

Пас, ӯ дар як зиндагии писандидаву хуш хоҳад буд
Surah Al-Haaqqa, Verse 21


فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٖ

дар биҳиште олӣ
Surah Al-Haaqqa, Verse 22


قُطُوفُهَا دَانِيَةٞ

ки меваҳояш дастрас бошад
Surah Al-Haaqqa, Verse 23


كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَآ أَسۡلَفۡتُمۡ فِي ٱلۡأَيَّامِ ٱلۡخَالِيَةِ

Барояшон гуфта мешавад: Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти аъмолест, ки дар айёми гузашта дар дунё пеш фиристода будед
Surah Al-Haaqqa, Verse 24


وَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِشِمَالِهِۦ فَيَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي لَمۡ أُوتَ كِتَٰبِيَهۡ

Ва аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, (аз рӯи ҳасрат) мегӯяд: «Эй кош, номаи маро ба дасти ман надода буданд
Surah Al-Haaqqa, Verse 25


وَلَمۡ أَدۡرِ مَا حِسَابِيَهۡ

ва надониста будам, ки тҳисоби ман чист
Surah Al-Haaqqa, Verse 26


يَٰلَيۡتَهَا كَانَتِ ٱلۡقَاضِيَةَ

Эй кош, ҳамон марг дар дунё мебуду бас! Ва дар охират зинда намешудам
Surah Al-Haaqqa, Verse 27


مَآ أَغۡنَىٰ عَنِّي مَالِيَهۡۜ

Дороии ман, ки дар дунё ҷамъ намуда будам, маро суд набахшид
Surah Al-Haaqqa, Verse 28


هَلَكَ عَنِّي سُلۡطَٰنِيَهۡ

қудрат ва ҳуҷҷати ман аз дасти ман рафт ва ба куллӣ нобуд шуд ва маро ҳуҷҷате нест, ки ба он ҳуҷҷатоварӣ намоям
Surah Al-Haaqqa, Verse 29


خُذُوهُ فَغُلُّوهُ

Ба нигаҳбонони дӯзах гуфта мешавад: «Бигиред ва дастони ӯро бар гарданаш бо занҷирҳо бубандед
Surah Al-Haaqqa, Verse 30


ثُمَّ ٱلۡجَحِيمَ صَلُّوهُ

Ба баъд аз он ба ҷаҳаннамаш дароред, то гармии онро бичашад
Surah Al-Haaqqa, Verse 31


ثُمَّ فِي سِلۡسِلَةٖ ذَرۡعُهَا سَبۡعُونَ ذِرَاعٗا فَٱسۡلُكُوهُ

Ва ӯро бо занҷире, ки дарозии он ҳафтод зироъ аст, бикашед
Surah Al-Haaqqa, Verse 32


إِنَّهُۥ كَانَ لَا يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ ٱلۡعَظِيمِ

Зеро ба Аллоҳи бузург имон надошт ва ба гуфтаҳои Ӯ амал намекард
Surah Al-Haaqqa, Verse 33


وَلَا يَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ

ва дар дунё ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард
Surah Al-Haaqqa, Verse 34


فَلَيۡسَ لَهُ ٱلۡيَوۡمَ هَٰهُنَا حَمِيمٞ

Пас барои кофир имрӯз дар ин ҷо дар рӯзи қиёмат дӯсти самиме ва меҳрубоне надорад, ки аз азоби Аллоҳ ӯро наҷот диҳад
Surah Al-Haaqqa, Verse 35


وَلَا طَعَامٌ إِلَّا مِنۡ غِسۡلِينٖ

Таъомаш чизе ҷуз чирку хуни ахди дӯзах нест
Surah Al-Haaqqa, Verse 36


لَّا يَأۡكُلُهُۥٓ إِلَّا ٱلۡخَٰطِـُٔونَ

Танҳо хатокорон, ки бар куфри худ пойдоранд аз он таъом мехӯранд
Surah Al-Haaqqa, Verse 37


فَلَآ أُقۡسِمُ بِمَا تُبۡصِرُونَ

Пас, Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба он чӣ мебинед аз диданиҳо
Surah Al-Haaqqa, Verse 38


وَمَا لَا تُبۡصِرُونَ

ва он чӣ намебинед, аз нодиданиҳо
Surah Al-Haaqqa, Verse 39


إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولٖ كَرِيمٖ

ки албатта, ин ҳароина, Қуръон сухани фиристодае бузургвор аст, ки онро паёмбари азимушшаън тиловат мекунад
Surah Al-Haaqqa, Verse 40


وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَاعِرٖۚ قَلِيلٗا مَّا تُؤۡمِنُونَ

на сухани шоъире. Чӣ андак имон меоваред
Surah Al-Haaqqa, Verse 41


وَلَا بِقَوۡلِ كَاهِنٖۚ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ

Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред
Surah Al-Haaqqa, Verse 42


تَنزِيلٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Валекин аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён бар фиристодаи худ, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст
Surah Al-Haaqqa, Verse 43


وَلَوۡ تَقَوَّلَ عَلَيۡنَا بَعۡضَ ٱلۡأَقَاوِيلِ

Агар (Муҳаммад) баъзе суханонро аз худ бофта бар мо мебаст
Surah Al-Haaqqa, Verse 44


لَأَخَذۡنَا مِنۡهُ بِٱلۡيَمِينِ

ҳароина, бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем
Surah Al-Haaqqa, Verse 45


ثُمَّ لَقَطَعۡنَا مِنۡهُ ٱلۡوَتِينَ

сипас, ҳароина, раги дилашро пора мекардем
Surah Al-Haaqqa, Verse 46


فَمَا مِنكُم مِّنۡ أَحَدٍ عَنۡهُ حَٰجِزِينَ

ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки аз азоби ӯ монеъ шавад
Surah Al-Haaqqa, Verse 47


وَإِنَّهُۥ لَتَذۡكِرَةٞ لِّلۡمُتَّقِينَ

Ва албатта, Қуръон барои парҳезгорон пандест, ки онҳо фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо меоранд ва аз манъкардаҳояш дур меистанд
Surah Al-Haaqqa, Verse 48


وَإِنَّا لَنَعۡلَمُ أَنَّ مِنكُم مُّكَذِّبِينَ

Мо, ҳароина, медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки ба ин Қуръон бо вуҷуди равшан будани оёташ такзиб мекунанд, дурӯғ мешуморанд
Surah Al-Haaqqa, Verse 49


وَإِنَّهُۥ لَحَسۡرَةٌ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ

Ва албатта, Қуръон кофиронро мояи ҳасрат ва пушаймонӣ аст дар рӯзи қиёмат, онгоҳ, ки подоши мӯъминон ва азобашонро мебинанд
Surah Al-Haaqqa, Verse 50


وَإِنَّهُۥ لَحَقُّ ٱلۡيَقِينِ

Ва он, ҳароина, сухани ҳақ ва яқин аст, ки дар он шакке нест
Surah Al-Haaqqa, Verse 51


فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ

Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ бигӯй ва аз он чӣ ки ба Зоти поки Ӯ лоиқ нест, ба покӣ ёд кун
Surah Al-Haaqqa, Verse 52


Author: Khoja Mirov


<< Surah 68
>> Surah 70

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai