Surah Al-Insan - Tajik Translation by Khoja Mirov
هَلۡ أَتَىٰ عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ حِينٞ مِّنَ ٱلدَّهۡرِ لَمۡ يَكُن شَيۡـٔٗا مَّذۡكُورًا
Ба ростӣ, ки омадааст бар одамӣ муддате аз замон, ки пеш аз дамидани руҳ дар вуҷудаш чизе қобили зикре набуд
Surah Al-Insan, Verse 1
إِنَّا خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن نُّطۡفَةٍ أَمۡشَاجٖ نَّبۡتَلِيهِ فَجَعَلۡنَٰهُ سَمِيعَۢا بَصِيرًا
Ҳароина, Мо одамиро аз нутфае омехта офаридем, то ӯро бо вазифаҳои шаръӣ имтиҳон кунем. Ва шунавою бинояш сохтаем, то бишнавад оятҳоро ва бубинад далелҳоро
Surah Al-Insan, Verse 2
إِنَّا هَدَيۡنَٰهُ ٱلسَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرٗا وَإِمَّا كَفُورًا
Ҳароина, роҳро ба ӯ нишон додем. Хоҳ мӯъмини шукргузор бошад хоҳ кофири ношукр
Surah Al-Insan, Verse 3
إِنَّآ أَعۡتَدۡنَا لِلۡكَٰفِرِينَ سَلَٰسِلَاْ وَأَغۡلَٰلٗا وَسَعِيرًا
Ҳароина, Мо барои кофирон занҷирҳо омода кардем, то пойҳояшонро бубанданд ва тавқҳо муҳайё кардем, то дастҳояшонро бар гарданҳояшон бубанданд ва оташи афрӯхта низ омода кардем
Surah Al-Insan, Verse 4
إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ يَشۡرَبُونَ مِن كَأۡسٖ كَانَ مِزَاجُهَا كَافُورًا
Ҳароина, некон аҳли тоъат ва ихлос, онҳое ки ҳаққи Аллоҳро адо мекунанд, рӯзи қиёмат аз шаробе менӯшанд, ки омехта ба кофур аст
Surah Al-Insan, Verse 5
عَيۡنٗا يَشۡرَبُ بِهَا عِبَادُ ٱللَّهِ يُفَجِّرُونَهَا تَفۡجِيرٗا
Ин шаробе, ки омехта бо кофур аст аз чашмаест, ки бандагони Аллоҳ аз он менӯшанд ва онро бар ҳар ҷое, ки мехоҳанд, ба осонӣ равон месозанд
Surah Al-Insan, Verse 6
يُوفُونَ بِٱلنَّذۡرِ وَيَخَافُونَ يَوۡمٗا كَانَ شَرُّهُۥ مُسۡتَطِيرٗا
Ин бандагони Аллоҳ чун назр кунанд, вафо мекунанд ва аз азоби Аллоҳ дар рӯзи қиёмат, ки зарар ва бадии он ҳама инсонҳоро фаро мегирад, метарсанд
Surah Al-Insan, Verse 7
وَيُطۡعِمُونَ ٱلطَّعَامَ عَلَىٰ حُبِّهِۦ مِسۡكِينٗا وَيَتِيمٗا وَأَسِيرًا
Ва таъомеро дар ҳоле худ дӯсташ доранду ва ба он мӯҳтоҷ ҳастанд, ба камбағалу ятим ва асир мехӯронанд
Surah Al-Insan, Verse 8
إِنَّمَا نُطۡعِمُكُمۡ لِوَجۡهِ ٱللَّهِ لَا نُرِيدُ مِنكُمۡ جَزَآءٗ وَلَا شُكُورًا
Ба забони ҳол мегӯянд ҷуз ин ҳадафи дигаре нест, ки шуморо фақат барои ризогии Аллоҳ таъом медиҳем ва аз шумо на подоше мехоҳем на сипосе
Surah Al-Insan, Verse 9
إِنَّا نَخَافُ مِن رَّبِّنَا يَوۡمًا عَبُوسٗا قَمۡطَرِيرٗا
Бадурустӣ, Мо аз Парвардигори худ, дар рӯзе, ки гунаҳкорон туршрӯй бошанд ва он рӯзи хеле сахт аст, метарсем
Surah Al-Insan, Verse 10
فَوَقَىٰهُمُ ٱللَّهُ شَرَّ ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمِ وَلَقَّىٰهُمۡ نَضۡرَةٗ وَسُرُورٗا
Пас Аллоҳ онҳоро аз сахтии он рӯз нигаҳ дошт ва дар рӯйҳояшон хушҳолию тароват ва дар дилҳояшон шодмонӣ бахшид
Surah Al-Insan, Verse 11
وَجَزَىٰهُم بِمَا صَبَرُواْ جَنَّةٗ وَحَرِيرٗا
Барои сабре, ки дар дунё кардаанд, мукофоти он биҳишти анбарсиришт дод, ки дар он либосҳои абрешимӣ мепӯшанд
Surah Al-Insan, Verse 12
مُّتَّكِـِٔينَ فِيهَا عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِۖ لَا يَرَوۡنَ فِيهَا شَمۡسٗا وَلَا زَمۡهَرِيرٗا
Дар он ҷо бар тахтҳо такя задаанд, на гармии офтоберо мебинанд ва на хунукии сахтеро
Surah Al-Insan, Verse 13
وَدَانِيَةً عَلَيۡهِمۡ ظِلَٰلُهَا وَذُلِّلَتۡ قُطُوفُهَا تَذۡلِيلٗا
Сояҳои дарахтонаш бар сарашон афтода ва меваҳояш ба фармонашон бошад
Surah Al-Insan, Verse 14
وَيُطَافُ عَلَيۡهِم بِـَٔانِيَةٖ مِّن فِضَّةٖ وَأَكۡوَابٖ كَانَتۡ قَوَارِيرَا۠
Ва ходимон таъомҳоро дар косаҳои нуқрагин ва шаробро дар кӯзаҳо дар миёнашон ба гардиш меоранд
Surah Al-Insan, Verse 15
قَوَارِيرَاْ مِن فِضَّةٖ قَدَّرُوهَا تَقۡدِيرٗا
Кӯзаҳое аз нуқра, ки онҳоро ба андозае пур кардаанд
Surah Al-Insan, Verse 16
وَيُسۡقَوۡنَ فِيهَا كَأۡسٗا كَانَ مِزَاجُهَا زَنجَبِيلًا
Дар он ҷо некӯкоронро шаробе бинӯшонанд, ки омехта бо занҷабил бошад
Surah Al-Insan, Verse 17
عَيۡنٗا فِيهَا تُسَمَّىٰ سَلۡسَبِيلٗا
аз чашмае, ки онро Салсабил мегӯянд
Surah Al-Insan, Verse 18
۞وَيَطُوفُ عَلَيۡهِمۡ وِلۡدَٰنٞ مُّخَلَّدُونَ إِذَا رَأَيۡتَهُمۡ حَسِبۡتَهُمۡ لُؤۡلُؤٗا مَّنثُورٗا
Ва ҳамеша ҷавононе ба гирдашон барои хидмат давр мезананд, ки чун онҳоро бубинӣ, пиндорӣ, ки аз зебоиашон гӯё марвориди афшондашудаанд
Surah Al-Insan, Verse 19
وَإِذَا رَأَيۡتَ ثَمَّ رَأَيۡتَ نَعِيمٗا وَمُلۡكٗا كَبِيرًا
Ва чун онгоҳ ба кадом ҷои ҷаннат бингарӣ, ҳар чӣ бингарӣ, неъмати фаровон ва мулки васеъи бузургаст, ки интиҳо надорад
Surah Al-Insan, Verse 20
عَٰلِيَهُمۡ ثِيَابُ سُندُسٍ خُضۡرٞ وَإِسۡتَبۡرَقٞۖ وَحُلُّوٓاْ أَسَاوِرَ مِن فِضَّةٖ وَسَقَىٰهُمۡ رَبُّهُمۡ شَرَابٗا طَهُورًا
Бар тани биҳиштиён ҷомаҳоест дарунаш аз абрешими тунуки сабз ва берунаш аз абрешими ғафс. Ва бо дастбандҳое аз нуқра ороста шудаанд ва бинӯшонад онҳоро Парваридигорашон шароби покро
Surah Al-Insan, Verse 21
إِنَّ هَٰذَا كَانَ لَكُمۡ جَزَآءٗ وَكَانَ سَعۡيُكُم مَّشۡكُورًا
Ва гуфта шавад ба онҳо: Ҳароина, ин подоши амалҳои неки шумост ва кӯшишҳое, ки дар дунё кардед, аз назди Аллоҳ сипосгузорӣ шудааст
Surah Al-Insan, Verse 22
إِنَّا نَحۡنُ نَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡقُرۡءَانَ تَنزِيلٗا
Ҳароина, Мо Қуръонро эй Паёмбар бар ту бо тадриҷ нозил кардем, то ки мардумро ба савобу ваъдаҳо ва ба азобу ҳушдорҳои он панд диҳӣ
Surah Al-Insan, Verse 23
فَٱصۡبِرۡ لِحُكۡمِ رَبِّكَ وَلَا تُطِعۡ مِنۡهُمۡ ءَاثِمًا أَوۡ كَفُورٗا
Пас дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва аз ҳеҷ мушрике, ки дар шаҳватҳо ғӯтта задааст ё кофире, ки дар куфру залолат фурӯ рафтааст, итоъат макун
Surah Al-Insan, Verse 24
وَٱذۡكُرِ ٱسۡمَ رَبِّكَ بُكۡرَةٗ وَأَصِيلٗا
Ва бомдоду шомгоҳон номи Парвардигоратро ба забон ёд кун
Surah Al-Insan, Verse 25
وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَٱسۡجُدۡ لَهُۥ وَسَبِّحۡهُ لَيۡلٗا طَوِيلًا
Ва дар бахше аз шаб барояш намоз бигзор ва Ӯро бахши дарозе аз шаб ба покӣ ёд кун
Surah Al-Insan, Verse 26
إِنَّ هَـٰٓؤُلَآءِ يُحِبُّونَ ٱلۡعَاجِلَةَ وَيَذَرُونَ وَرَآءَهُمۡ يَوۡمٗا ثَقِيلٗا
Ҳароина, инҳо кофирон ва мушрикон ин дунёи зудгузарро дӯст доранд ва он рӯзи душвор (қиёмат)-ро пушти сар мепартоянд. (Яъне, барои охират амал намекунанд)
Surah Al-Insan, Verse 27
نَّحۡنُ خَلَقۡنَٰهُمۡ وَشَدَدۡنَآ أَسۡرَهُمۡۖ وَإِذَا شِئۡنَا بَدَّلۡنَآ أَمۡثَٰلَهُمۡ تَبۡدِيلًا
Мо ба қудрати Худ онҳоро (одамиёнро) офаридаем ва аъзову пайвандҳояшонро ба василаи рагу пайванд нерӯманду мустаҳкам гардонидем ва агар хоҳем онҳоро ҳалок карда, ба ҷои онҳо қавме монандашон биёварем, ки бандаи мутеи Аллоҳ шаванд
Surah Al-Insan, Verse 28
إِنَّ هَٰذِهِۦ تَذۡكِرَةٞۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ سَبِيلٗا
Ҳароина, ин сура пандест барои оламиён. Пас, ҳар кӣ барои худ дар дунёву охират некӯӣ хоҳад, бигирад роҳи имон ва парҳезгориро, он роҳе ки ӯро ба сӯӣ бахшиш ва розигии Аллоҳ мебарад
Surah Al-Insan, Verse 29
وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمٗا
Ва шумо ҷуз он наметавонед бихоҳед, магар ин ки Аллоҳ хоста бошад. Ҳамоно Аллоҳ доност ба аҳволи бандагонаш ва ҳаким аст дар тадбиру коргузориҳояш
Surah Al-Insan, Verse 30
يُدۡخِلُ مَن يَشَآءُ فِي رَحۡمَتِهِۦۚ وَٱلظَّـٰلِمِينَ أَعَدَّ لَهُمۡ عَذَابًا أَلِيمَۢا
Ҳар касро, ки аз бандагонаш бихоҳад, шомили раҳмат ва розигии худ созад ва барои ситамкорон ва таҷовузкунандагони ҳудудҳои Илоҳӣ азоби дардоваре омода кардааст
Surah Al-Insan, Verse 31