Surah Al-Mursalat - Tajik Translation by Khoja Mirov
وَٱلۡمُرۡسَلَٰتِ عُرۡفٗا
Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд
Surah Al-Mursalat, Verse 1
فَٱلۡعَٰصِفَٰتِ عَصۡفٗا
ва савганд ба бодҳои сахти вазандаи ҳалоксозанда
Surah Al-Mursalat, Verse 2
وَٱلنَّـٰشِرَٰتِ نَشۡرٗا
ва савганд ба фариштагоне, ки ба бодҳои бороновар ӯҳдадоранд, ҳар куҷо ки Аллоҳ хоҳад боронро мебаранд
Surah Al-Mursalat, Verse 3
فَٱلۡفَٰرِقَٰتِ فَرۡقٗا
ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаанд ҳақро аз ботил ва ҳалолро аз ҳаром
Surah Al-Mursalat, Verse 4
فَٱلۡمُلۡقِيَٰتِ ذِكۡرًا
ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳйи Илоҳиро аз назди Аллоҳ ба сӯи паёмбарон мефароранд
Surah Al-Mursalat, Verse 5
عُذۡرًا أَوۡ نُذۡرًا
то ҳуҷҷатро барпо намоянд ё мардумро бим намоянд
Surah Al-Mursalat, Verse 6
إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَٰقِعٞ
ки ҳароина, он чӣ ба шумо аз амри рӯзи қиёмат ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд
Surah Al-Mursalat, Verse 7
فَإِذَا ٱلنُّجُومُ طُمِسَتۡ
Пас, он гоҳ ки ситорагон нест ва хомӯш шаванд ва равшании онҳо аз байн равад
Surah Al-Mursalat, Verse 8
وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ فُرِجَتۡ
ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад
Surah Al-Mursalat, Verse 9
وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ نُسِفَتۡ
ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд ва дар фазо барбод раванд ва ҳеҷ асаре аз онҳо боқӣ намонад
Surah Al-Mursalat, Verse 10
وَإِذَا ٱلرُّسُلُ أُقِّتَتۡ
ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад, ки миёни онҳо ва умматонашон доварӣ шавад
Surah Al-Mursalat, Verse 11
لِأَيِّ يَوۡمٍ أُجِّلَتۡ
Пас гӯянд: барои кадом рӯз ин чизҳо мавқуф гузошта шуд
Surah Al-Mursalat, Verse 12
لِيَوۡمِ ٱلۡفَصۡلِ
Онгоҳ гуфта шавад: барои рӯзи фасл, ки дар он миёни мардум мувофиқи аъмолашон доварӣ содир мешавад
Surah Al-Mursalat, Verse 13
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ
Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл ва шиддат ва сахтии он чист
Surah Al-Mursalat, Verse 14
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой (ҳалокӣ бод) бар дурӯғшуморандагон
Surah Al-Mursalat, Verse 15
أَلَمۡ نُهۡلِكِ ٱلۡأَوَّلِينَ
Оё ба сабаби дурӯғбароварданашон паёмбаронро умматони пешинаро монанди қавми Нӯҳ, Од ва Самуд ҳалок накардаем
Surah Al-Mursalat, Verse 16
ثُمَّ نُتۡبِعُهُمُ ٱلۡأٓخِرِينَ
Баъд аз он умматони охиринро (аз куффори Макка ва амсоли онҳо, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ мебароранд,) низ аз паи онҳо намебарем
Surah Al-Mursalat, Verse 17
كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ
Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем. Ин равиши мо дар мавриди онҳост
Surah Al-Mursalat, Verse 18
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон; касоне, ки ба ягонагии Аллоҳ ва рисолати паёмбарон ва ба рӯзи зинда шудани баъд аз марг ва ҳисоб бовар надоранд
Surah Al-Mursalat, Verse 19
أَلَمۡ نَخۡلُقكُّم مِّن مَّآءٖ مَّهِينٖ
Оё эй кофирон, шуморо аз обе ҳақиру ночиз (нутфа) наёфаридаем
Surah Al-Mursalat, Verse 20
فَجَعَلۡنَٰهُ فِي قَرَارٖ مَّكِينٍ
Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем, ки он бачадони зан аст
Surah Al-Mursalat, Verse 21
إِلَىٰ قَدَرٖ مَّعۡلُومٖ
то замоне муъайян, ки ҳамон замони ҳомиладорӣ аст
Surah Al-Mursalat, Verse 22
فَقَدَرۡنَا فَنِعۡمَ ٱلۡقَٰدِرُونَ
Мо бар он кор тавоно будаем, пас Мо некӯ тавоно ҳастем
Surah Al-Mursalat, Verse 23
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки қудрати Моро дуруғ мебароранд
Surah Al-Mursalat, Verse 24
أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ كِفَاتًا
Оё заминро ҷойгоҳи фарогире насохтем, ки ҳамаи шуморо фаро мегирад
Surah Al-Mursalat, Verse 25
أَحۡيَآءٗ وَأَمۡوَٰتٗا
барои зиндагиву маргатон, ки зиндаҳо дар он зиндагӣ мекунанд ва мурдаҳо дар он дафн мешаванд
Surah Al-Mursalat, Verse 26
وَجَعَلۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ شَٰمِخَٰتٖ وَأَسۡقَيۡنَٰكُم مَّآءٗ فُرَاتٗا
Дар он (замин) кӯҳҳои баланд падид овардем, то замин маҳкам гардад ва такон нахӯрад ва ба шумо оби ширин ва гуворо нӯшонидем
Surah Al-Mursalat, Verse 27
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон ба ин неъматҳо
Surah Al-Mursalat, Verse 28
ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ
Рӯзи қиёмат барои кофирон гуфта мешавад: Биравед ба сӯи азоби дӯзах он чӣ дар дунё дурӯғаш мешуморидед
Surah Al-Mursalat, Verse 29
ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ ظِلّٖ ذِي ثَلَٰثِ شُعَبٖ
Биравед ба сӯи сояе аз дуди ҷаҳаннам, ки дорои сешоха аст
Surah Al-Mursalat, Verse 30
لَّا ظَلِيلٖ وَلَا يُغۡنِي مِنَ ٱللَّهَبِ
ки он на сояи хунук аст ва на дар он рӯз ҳарорати оташро бозмедорад
Surah Al-Mursalat, Verse 31
إِنَّهَا تَرۡمِي بِشَرَرٖ كَٱلۡقَصۡرِ
Ҳароина, ҷаҳаннам шарораҳое меафканад, ки дар бузургии худ монанди баландии қасри азим аст
Surah Al-Mursalat, Verse 32
كَأَنَّهُۥ جِمَٰلَتٞ صُفۡرٞ
гӯё, ки он шарораҳо уштуроне сияҳтоби зардранг бошанд
Surah Al-Mursalat, Verse 33
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки азоби Аллоҳро дурӯғ мебароранд
Surah Al-Mursalat, Verse 34
هَٰذَا يَوۡمُ لَا يَنطِقُونَ
Ин қиёмат рӯзест, ки ҳеҷ кас аз дурӯғшуморандагон сухан нагӯянд
Surah Al-Mursalat, Verse 35
وَلَا يُؤۡذَنُ لَهُمۡ فَيَعۡتَذِرُونَ
Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд, зеро барояшон узре нест
Surah Al-Mursalat, Verse 36
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки ин рӯзро ва он чӣ дар он аст дурӯғ мебароранд
Surah Al-Mursalat, Verse 37
هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِۖ جَمَعۡنَٰكُمۡ وَٱلۡأَوَّلِينَ
Ин рӯз, рӯзи фасл аст, ки дар ин рӯз байни ҳақ ва ботил ҷудо мегардад ва шумо эй кофирони ин уммат ва кофирони пешиниёнатонро гирд меоварем
Surah Al-Mursalat, Verse 38
فَإِن كَانَ لَكُمۡ كَيۡدٞ فَكِيدُونِ
Пас, агар ҳилае доред, ки худро аз азоб халос кунед, ба кор баред
Surah Al-Mursalat, Verse 39
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи қиёматро дурӯғ мебароранд
Surah Al-Mursalat, Verse 40
إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي ظِلَٰلٖ وَعُيُونٖ
Ҳароина, парҳезгорон, ки дар дунё аз азоби Правардигорашон тарсиданд ва фармудаҳояшро ба ҷо оварданд ва аз манъкардҳояш дур истоданд, дар сояҳо ва канори чашмасоронанд
Surah Al-Mursalat, Verse 41
وَفَوَٰكِهَ مِمَّا يَشۡتَهُونَ
Ва аз ҳар мевае, ки орзу кунанд, баҳра мебаранд
Surah Al-Mursalat, Verse 42
كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Барояшон гуфта мешавад: Ба подоши корҳое, ки дар дунё аз амалҳои шоиста мекардаед, бо лаззату гуворо бихӯред ва биёшомед
Surah Al-Mursalat, Verse 43
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Ҳароина, Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем
Surah Al-Mursalat, Verse 44
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи ҳисобу ҷазоро ва он чӣ дар он аст аз неъматҳо ва азобҳо дурӯғ мебароранд
Surah Al-Mursalat, Verse 45
كُلُواْ وَتَمَتَّعُواْ قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجۡرِمُونَ
Сипас Аллоҳ кофиронро таҳдид карда гуфтааст: Бихӯреду андак баҳрае баргиред дар дунё, ки ҳароина, шумо гунаҳкоронед ба сабабе, ки ба Аллоҳи якто шарик меовардед
Surah Al-Mursalat, Verse 46
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи ҳисобу ҷазоро дурӯғ мебароранд
Surah Al-Mursalat, Verse 47
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱرۡكَعُواْ لَا يَرۡكَعُونَ
Ва чун барои мушрикон гуфта шавад, ки намоз гузоред ва рукӯъ кунед, намоз намегузоранд ва рукӯъ намекунанд, балки такаббур меварзанд
Surah Al-Mursalat, Verse 48
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки мӯъҷизаҳои Аллоҳро дурӯғ мебароранд
Surah Al-Mursalat, Verse 49
فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَهُۥ يُؤۡمِنُونَ
Агар ба ин Қуръон имон наоварданд, пас, аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд? Ҳол он ки Қуръон худ мӯъҷиза ва баёнкунандаи ҳама чизҳост ва аҳкому хабарҳояш равшан аст
Surah Al-Mursalat, Verse 50