UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah An-Naba - Tajik Translation by Khoja Mirov


عَمَّ يَتَسَآءَلُونَ

Аз чи чиз (кофирони Қурайш) ҳамдигарро мепурсанд
Surah An-Naba, Verse 1


عَنِ ٱلنَّبَإِ ٱلۡعَظِيمِ

Аз он хабари бузурге суол мекунанд
Surah An-Naba, Verse 2


ٱلَّذِي هُمۡ فِيهِ مُخۡتَلِفُونَ

ки дар он ихтилоф доранд ва он Қуръон аст, ки хабар медиҳад аз рӯзи баъс, (ки кофирони Қурайш ба он имон наёварда буданд)
Surah An-Naba, Verse 3


كَلَّا سَيَعۡلَمُونَ

Оре, мушрикон ба зудӣ хоҳанд донист, (ки Аллоҳ ба сабаби бовар надоштанашон ба рӯзи қиёмат, эшонро чӣ хоҳад кард)
Surah An-Naba, Verse 4


ثُمَّ كَلَّا سَيَعۡلَمُونَ

(Боз ҳам, таъкид менамояд:) Оре, ба зудӣ хоҳанд донист! (Ин таъкид барои рост ва ҳақиқат будани паёмбарии Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам далолат менамояд ва он чи ки ӯ, аз Қуръон ва аз рӯзи зинда гардонидани баъд аз миронидан овардааст.) (Дар ин оят ваъид ва таҳдиде аст барои аҳли куффор)
Surah An-Naba, Verse 5


أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ مِهَٰدٗا

Оё Мо заминрро бистаре насохтем
Surah An-Naba, Verse 6


وَٱلۡجِبَالَ أَوۡتَادٗا

Ва кӯҳҳоро мехҳое нанамудаем, то замин устувор истад
Surah An-Naba, Verse 7


وَخَلَقۡنَٰكُمۡ أَزۡوَٰجٗا

Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт (марду зан) офаридем
Surah An-Naba, Verse 8


وَجَعَلۡنَا نَوۡمَكُمۡ سُبَاتٗا

Ва хобатонро мояи оромиш қарор додем, то баданҳоятон роҳат кунад
Surah An-Naba, Verse 9


وَجَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ لِبَاسٗا

Ва шабро пӯшишатон қарор додем, ки бо торикиаш шуморо фаро мегирад, чунон ки дар бар дорандаи либосро мепӯшонад
Surah An-Naba, Verse 10


وَجَعَلۡنَا ٱلنَّهَارَ مَعَاشٗا

Ва рӯзро вақти талоши маъош (касб) қарор додем, то барои ободии ҳаёти худ саъю кӯшиш намоед
Surah An-Naba, Verse 11


وَبَنَيۡنَا فَوۡقَكُمۡ سَبۡعٗا شِدَادٗا

Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем, ки дар он шикофӣ ва нуқсон нест
Surah An-Naba, Verse 12


وَجَعَلۡنَا سِرَاجٗا وَهَّاجٗا

Ва хуршедро чароғи равшане офаридем
Surah An-Naba, Verse 13


وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلۡمُعۡصِرَٰتِ مَآءٗ ثَجَّاجٗا

Аз абрҳои боронафшон оби фаровоне нозил кардем
Surah An-Naba, Verse 14


لِّنُخۡرِجَ بِهِۦ حَبّٗا وَنَبَاتٗا

то бо василаи он донаву наботот бирӯёнем барои мардумон ва ҳайвонот
Surah An-Naba, Verse 15


وَجَنَّـٰتٍ أَلۡفَافًا

ва ба василаи он низ бӯстонҳои дарҳампечидаро ато фармоем
Surah An-Naba, Verse 16


إِنَّ يَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ كَانَ مِيقَٰتٗا

Бегумон рӯзи доварӣ (қиёмат,) рӯзест муъайян, барои аввалину охирин
Surah An-Naba, Verse 17


يَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِ فَتَأۡتُونَ أَفۡوَاجٗا

Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва шумо онгоҳ гурӯҳ-гурӯҳ меоед. (Яъне, ҳамаи уммат бо ҳамроҳи пешвоёнашон меоянд)
Surah An-Naba, Verse 18


وَفُتِحَتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ أَبۡوَٰبٗا

Осмон шикофта шавад ва ҳар сурохӣ даре бошад, то фариштагон аз он дарвозаҳо фуруд оянд
Surah An-Naba, Verse 19


وَسُيِّرَتِ ٱلۡجِبَالُ فَكَانَتۡ سَرَابًا

Ва кӯҳҳо, баъди устувор будан равон сохта шаванд ва чун саробе несту нобуд гарданд
Surah An-Naba, Verse 20


إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتۡ مِرۡصَادٗا

Бегумон ҷаҳаннам камингоҳест, дар интизори кофирон ва барои онҳо омода шудааст
Surah An-Naba, Verse 21


لِّلطَّـٰغِينَ مَـَٔابٗا

ва барои саркашон бозгаштгоҳест
Surah An-Naba, Verse 22


لَّـٰبِثِينَ فِيهَآ أَحۡقَابٗا

Замонҳои дароз дар он ҷо абадӣ бошанд
Surah An-Naba, Verse 23


لَّا يَذُوقُونَ فِيهَا بَرۡدٗا وَلَا شَرَابًا

Дар он ҷо на ҳавои хунукӣ мечашанду на нӯшиданиҳои фораме менӯшанд
Surah An-Naba, Verse 24


إِلَّا حَمِيمٗا وَغَسَّاقٗا

фақат оби ҷушону хуну чирк нӯшанд
Surah An-Naba, Verse 25


جَزَآءٗ وِفَاقًا

Ин ҷазоест мувофиқи кирдорашон, ки дар ин дунё чунин амал карда буданд
Surah An-Naba, Verse 26


إِنَّهُمۡ كَانُواْ لَا يَرۡجُونَ حِسَابٗا

Бегумон, ки онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд ва наметарсиданд
Surah An-Naba, Verse 27


وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا كِذَّابٗا

Ва оёти Моро ба куллӣ дурӯғ мешумурданд ва ба он чӣ Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оварда буд, онро тасдиқ надоштанд
Surah An-Naba, Verse 28


وَكُلَّ شَيۡءٍ أَحۡصَيۡنَٰهُ كِتَٰبٗا

Ва ҳама чизро донистаем ва дар, китобе сабт кардаем
Surah An-Naba, Verse 29


فَذُوقُواْ فَلَن نَّزِيدَكُمۡ إِلَّا عَذَابًا

Пас таъми талхии азобро бичашед, эй кофирон, ки дар ҳаққи шумо ҷуз азобе нахоҳем афзуд
Surah An-Naba, Verse 30


إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ مَفَازًا

Албатта парҳезгоронро комёбии бузургест, онон касонеанд, ки аз Парвардигори хеш метарсанд ва амали шоиста мекунанд ва ба дохил шудани ҷаннат комёб мешаванд
Surah An-Naba, Verse 31


حَدَآئِقَ وَأَعۡنَٰبٗا

ва барояшон низ бӯстонҳову дарахтони ангур
Surah An-Naba, Verse 32


وَكَوَاعِبَ أَتۡرَابٗا

ва духтарони навҷавоне ҳамсинну сол
Surah An-Naba, Verse 33


وَكَأۡسٗا دِهَاقٗا

ва ҷомҳои пур аз шароб
Surah An-Naba, Verse 34


لَّا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوٗا وَلَا كِذَّـٰبٗا

Ва онҳо дар он ҷо на сухани беҳуда мешунаванд ва на дурӯғ
Surah An-Naba, Verse 35


جَزَآءٗ مِّن رَّبِّكَ عَطَآءً حِسَابٗا

ва ин мукофотест аз сӯи Парвардигорат, подош ва бахшише аз рӯи ҳисоб
Surah An-Naba, Verse 36


رَّبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا ٱلرَّحۡمَٰنِۖ لَا يَمۡلِكُونَ مِنۡهُ خِطَابٗا

Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Аллоҳи Раҳмон, дар дунёву охират, ки аз ҳайбати У сухан гуфта натавонанд
Surah An-Naba, Verse 37


يَوۡمَ يَقُومُ ٱلرُّوحُ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ صَفّٗاۖ لَّا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَقَالَ صَوَابٗا

рӯзе, ки Ҷабраил ва фариштагон ба саф меистанд ва касе сухан намегӯяд, магар касе ки Аллоҳи Меҳрубон ба ӯ рухсат диҳад, ва ӯ сухани дуруст гӯяд. Ва ҳеҷ касро шафоъат карда наметавонанд, магар ба иҷозати Аллоҳи Меҳрубон
Surah An-Naba, Verse 38


ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمُ ٱلۡحَقُّۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ مَـَٔابًا

Он рӯз, рӯзи ҳақ аст. Дар омадани он рӯз ҳеҷ шакке нест. Пас ҳар касе бихоҳад, наҷот ёфтанро аз азоб, роҳи бозгаште ба сӯи Парвардигори худ бигирад бо амалҳои солеҳ
Surah An-Naba, Verse 39


إِنَّآ أَنذَرۡنَٰكُمۡ عَذَابٗا قَرِيبٗا يَوۡمَ يَنظُرُ ٱلۡمَرۡءُ مَا قَدَّمَتۡ يَدَاهُ وَيَقُولُ ٱلۡكَافِرُ يَٰلَيۡتَنِي كُنتُ تُرَٰبَۢا

Мо шуморо аз азоби рӯзи қиёмат, ки наздикаст, бим додем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст, аз амали нек ё бад, мебинад ва кофир аз сахтии ҳисоб мегӯяд: Эй кош, ман хок мебудам ва боз зинда намешудам
Surah An-Naba, Verse 40


Author: Khoja Mirov


<< Surah 77
>> Surah 79

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai