Surah At-Tariq - Tajik Translation by Khoja Mirov
وَٱلسَّمَآءِ وَٱلطَّارِقِ
Аллоҳ савганд ёд мекунад ба осмон ва ситорае, ки шабонагоҳ пайдо мешавад
Surah At-Tariq, Verse 1
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلطَّارِقُ
Ва ту чӣ донӣ, ки ситорае, ки дар шаб пайдо мешавад, чи ҳаст
Surah At-Tariq, Verse 2
ٱلنَّجۡمُ ٱلثَّاقِبُ
Ситораи дурахшоне ҳаст, ки торикии шабро мешикофад
Surah At-Tariq, Verse 3
إِن كُلُّ نَفۡسٖ لَّمَّا عَلَيۡهَا حَافِظٞ
Касе вуҷуд надорад, магар ки бар ӯ фариштае вакил карда шудааст барои навиштани амалҳои ӯ
Surah At-Tariq, Verse 4
فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ مِمَّ خُلِقَ
Пас одамӣ, ки рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз мирониданро инкор мекунад, бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст
Surah At-Tariq, Verse 5
خُلِقَ مِن مَّآءٖ دَافِقٖ
Аз оби мании ҷаҳандаи ночиз офарида шудааст
Surah At-Tariq, Verse 6
يَخۡرُجُ مِنۢ بَيۡنِ ٱلصُّلۡبِ وَٱلتَّرَآئِبِ
ки аз миёни устухони пушти мард ва устухони синаи зан берун меояд
Surah At-Tariq, Verse 7
إِنَّهُۥ عَلَىٰ رَجۡعِهِۦ لَقَادِرٞ
Бегумон, Аллоҳ ба бозофариниши ӯ тавоност
Surah At-Tariq, Verse 8
يَوۡمَ تُبۡلَى ٱلسَّرَآئِرُ
рӯзе, ки розҳои ниҳон ошкор мешаванд. Ва амали солеҳ аз амали фосид ҷудо мегардад
Surah At-Tariq, Verse 9
فَمَا لَهُۥ مِن قُوَّةٖ وَلَا نَاصِرٖ
Онгоҳ ӯро тавоноӣ ва ёваре набошад
Surah At-Tariq, Verse 10
وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلرَّجۡعِ
Савганд ба осмони бозборанда
Surah At-Tariq, Verse 11
وَٱلۡأَرۡضِ ذَاتِ ٱلصَّدۡعِ
Савганд ба замине, ки дар он шикофиҳо ҳаст аз онҳо гиёҳҳо мерӯянд
Surah At-Tariq, Verse 12
إِنَّهُۥ لَقَوۡلٞ فَصۡلٞ
Бегумон, Қуръон сухани равшан ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст
Surah At-Tariq, Verse 13
وَمَا هُوَ بِٱلۡهَزۡلِ
Ва он ҳазл нест
Surah At-Tariq, Verse 14
إِنَّهُمۡ يَكِيدُونَ كَيۡدٗا
Бегумон, ононе ки паёмбар саллалллоҳу алайҳи ва салламро бовар намекунанд ҳилае меандешанд, то Қуръон ва расулро дурӯғ бароранд ва ботили худро таъйид намоянд
Surah At-Tariq, Verse 15
وَأَكِيدُ كَيۡدٗا
Ва Ман низ чорае меандешам, то ҳақро нусрат диҳам, агарчӣ кофиронро нописанд ояд
Surah At-Tariq, Verse 16
فَمَهِّلِ ٱلۡكَٰفِرِينَ أَمۡهِلۡهُمۡ رُوَيۡدَۢا
Пас кофиронро мӯхлат деҳ, андак мӯхлаташон деҳ! Ва дар фуруд омадани азоб ба онҳо шитоб макун
Surah At-Tariq, Verse 17