Surah Al-Burooj - Tajik Translation by Khoja Mirov
وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلۡبُرُوجِ
Аллоҳ қасам мехӯрад ба осмон, ки дорои бурҷҳост
Surah Al-Burooj, Verse 1
وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡمَوۡعُودِ
ва қасам ба рӯзи қиёмат, ки ваъда додааст, дар он халқро ҷамъ меоварад
Surah Al-Burooj, Verse 2
وَشَاهِدٖ وَمَشۡهُودٖ
ва қасам ба гувоҳ ва он чӣ ки ба он гувоҳӣ дода шудааст
Surah Al-Burooj, Verse 3
قُتِلَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡأُخۡدُودِ
аҳли хандақҳо ҳалок шуданд аз барои он, ки мӯъминонро азоб доданд
Surah Al-Burooj, Verse 4
ٱلنَّارِ ذَاتِ ٱلۡوَقُودِ
ва оташе афрӯхтанд аз ҳезумҳо
Surah Al-Burooj, Verse 5
إِذۡ هُمۡ عَلَيۡهَا قُعُودٞ
он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд
Surah Al-Burooj, Verse 6
وَهُمۡ عَلَىٰ مَا يَفۡعَلُونَ بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ شُهُودٞ
ва онон бар он чӣ ки бо мӯъминон (азоб) мекарданд, шоҳид буданд
Surah Al-Burooj, Verse 7
وَمَا نَقَمُواْ مِنۡهُمۡ إِلَّآ أَن يُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَمِيدِ
Ва аз онҳо интиқом мегирифтанд, азоб мекарданд мӯъминонро, магар барои он ки ба Аллоҳи ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд
Surah Al-Burooj, Verse 8
ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ
он Аллоҳе, ки подшоҳии осмонҳову замин аз они Ӯст ва бар ҳар чизе гувоҳ аст ва чизе бар Ӯ пӯшида нест
Surah Al-Burooj, Verse 9
إِنَّ ٱلَّذِينَ فَتَنُواْ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ ثُمَّ لَمۡ يَتُوبُواْ فَلَهُمۡ عَذَابُ جَهَنَّمَ وَلَهُمۡ عَذَابُ ٱلۡحَرِيقِ
Албатта онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа карданд, то ки онҳоро аз дини Аллоҳ боздоранд, сипас тавба накарданд, азоби ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост
Surah Al-Burooj, Verse 10
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ لَهُمۡ جَنَّـٰتٞ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡكَبِيرُ
Бегумон барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он дарёҳо ҷорист ва он комёбии бузургест
Surah Al-Burooj, Verse 11
إِنَّ بَطۡشَ رَبِّكَ لَشَدِيدٌ
Албатта интиқом гирифтани Парвардигори ту аз душманонаш сахт аст
Surah Al-Burooj, Verse 12
إِنَّهُۥ هُوَ يُبۡدِئُ وَيُعِيدُ
Ӯст, ки нахуст пайдо мекунад ва пас аз марг зинда месозад
Surah Al-Burooj, Verse 13
وَهُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلۡوَدُودُ
Ӯ бахшояндаву дӯстдоранда аст, барои тавбакунандагон
Surah Al-Burooj, Verse 14
ذُو ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡمَجِيدُ
Ӯст соҳиби Арши бузург
Surah Al-Burooj, Verse 15
فَعَّالٞ لِّمَا يُرِيدُ
Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад ва чизе монеъи иродаи Ӯ шуда наметавонад
Surah Al-Burooj, Verse 16
هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ ٱلۡجُنُودِ
Эй Расул, оё хабари лашкарҳо ба ту расидааст
Surah Al-Burooj, Verse 17
فِرۡعَوۡنَ وَثَمُودَ
Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд, ки онҳо паёмбарони хешро дурӯғ бароварданд ва ба азоби Аллоҳ гирифтор шуданд
Surah Al-Burooj, Verse 18
بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي تَكۡذِيبٖ
Оре, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, оятҳои Аллоҳро тасдиқ накарданд
Surah Al-Burooj, Verse 19
وَٱللَّهُ مِن وَرَآئِهِم مُّحِيطُۢ
ва Аллоҳ аз ҳама сӯ бо илму қудрати худ бар онҳо иҳота дорад
Surah Al-Burooj, Verse 20
بَلۡ هُوَ قُرۡءَانٞ مَّجِيدٞ
Балки, ин Қуръони бузургвор ва олиқадр аст
Surah Al-Burooj, Verse 21
فِي لَوۡحٖ مَّحۡفُوظِۭ
Дар Лавҳи Маҳфуз ҷой дорад! Ҳеҷ гоҳ табдилу таҳриф нахоҳад шуд
Surah Al-Burooj, Verse 22