Surah Al-Inshiqaq - Tajik Translation by Khoja Mirov
إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنشَقَّتۡ
Чун осмон дар рӯзи қиёмат шикофта шавад
Surah Al-Inshiqaq, Verse 1
وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ
ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад
Surah Al-Inshiqaq, Verse 2
وَإِذَا ٱلۡأَرۡضُ مُدَّتۡ
ва ҳангоме ки замин бозкашида ва паҳн мешавад ва кӯҳҳои он дар ҳам кӯбида шавад
Surah Al-Inshiqaq, Verse 3
وَأَلۡقَتۡ مَا فِيهَا وَتَخَلَّتۡ
ва ҳар чиро ки дар дарун дорад аз хазинаҳо ва мурдаҳо берун партояд ва холӣ гардад
Surah Al-Inshiqaq, Verse 4
وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ
ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад
Surah Al-Inshiqaq, Verse 5
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَىٰ رَبِّكَ كَدۡحٗا فَمُلَٰقِيهِ
Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, баъд аз он ба Парвардигори хеш дар рӯзи қиёмат дидор мебинӣ, пас мукофоти амалатро ба фазлу адли Аллоҳ хоҳӣ дид
Surah Al-Inshiqaq, Verse 6
فَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ
Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд, ӯ мӯъмин аст
Surah Al-Inshiqaq, Verse 7
فَسَوۡفَ يُحَاسَبُ حِسَابٗا يَسِيرٗا
ба зудӣ аз ӯ ба таври осон ҳисоб кунанд
Surah Al-Inshiqaq, Verse 8
وَيَنقَلِبُ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورٗا
ва шодмон дар ҷаннат ба сӯи аҳлаш бозгардад
Surah Al-Inshiqaq, Verse 9
وَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ وَرَآءَ ظَهۡرِهِۦ
Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолаш аз пушти сар дода шавад, вай кофир аст
Surah Al-Inshiqaq, Verse 10
فَسَوۡفَ يَدۡعُواْ ثُبُورٗا
ба зудӣ нобудӣ ва ҳалокиро талаб кунад
Surah Al-Inshiqaq, Verse 11
وَيَصۡلَىٰ سَعِيرًا
Ва ба оташи афрӯхта дарояд
Surah Al-Inshiqaq, Verse 12
إِنَّهُۥ كَانَ فِيٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورًا
Зеро ӯ да р дунё назди аҳли худ шодмону мағрур зиста буд
Surah Al-Inshiqaq, Verse 13
إِنَّهُۥ ظَنَّ أَن لَّن يَحُورَ
Ва мепиндошт, ки ҳаргиз ба назди Парвардигораш барои ҳисоб, бознахоҳад гашт
Surah Al-Inshiqaq, Verse 14
بَلَىٰٓۚ إِنَّ رَبَّهُۥ كَانَ بِهِۦ بَصِيرٗا
Оре, Парвардигораш ба аҳволи ӯ бино буд, аз замоне, ки ӯро биёфарид, то замоне ки ӯро аз нав зинда гардонид
Surah Al-Inshiqaq, Verse 15
فَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلشَّفَقِ
Пас, Аллоҳ мегӯяд: ба сурхии канораи осмони шом савганд мехӯрам
Surah Al-Inshiqaq, Verse 16
وَٱلَّيۡلِ وَمَا وَسَقَ
ва савганд ба шаб ва ҳар чиро ки фаро бигирад аз чорпоён ва ҳашарот ва ғайраҳо
Surah Al-Inshiqaq, Verse 17
وَٱلۡقَمَرِ إِذَا ٱتَّسَقَ
ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад нури он
Surah Al-Inshiqaq, Verse 18
لَتَرۡكَبُنَّ طَبَقًا عَن طَبَقٖ
ки эй одамон, ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид
Surah Al-Inshiqaq, Verse 19
فَمَا لَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
Ононро чи шудааст, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд
Surah Al-Inshiqaq, Verse 20
وَإِذَا قُرِئَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقُرۡءَانُ لَا يَسۡجُدُونَۤ۩
Ва ҳангоме ки Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд
Surah Al-Inshiqaq, Verse 21
بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يُكَذِّبُونَ
Балки кофирон ҳақро дурӯғ мешуморанд
Surah Al-Inshiqaq, Verse 22
وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا يُوعُونَ
Ва Аллоҳ ба он чӣ дар дил доранд, донотар аст
Surah Al-Inshiqaq, Verse 23
فَبَشِّرۡهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ
Пас эй Расул, ононро ба азоби дардоваре мужда бидеҳ
Surah Al-Inshiqaq, Verse 24
إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ لَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونِۭ
магар касоне, ки ба Аллоҳ ва Расули Ӯ имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, подоши ҳамешагӣ доранд
Surah Al-Inshiqaq, Verse 25