Surah Al-Mutaffifin - Tajik Translation by Khoja Mirov
وَيۡلٞ لِّلۡمُطَفِّفِينَ
Вой бар ҳоли камкунандагон
Surah Al-Mutaffifin, Verse 1
ٱلَّذِينَ إِذَا ٱكۡتَالُواْ عَلَى ٱلنَّاسِ يَسۡتَوۡفُونَ
онон, ки чун аз мардум барои худ харид карданд, паймона меситонанд, (бармекашанд) онро пур мекунанд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 2
وَإِذَا كَالُوهُمۡ أَو وَّزَنُوهُمۡ يُخۡسِرُونَ
ва чун барои мардум чизе фурӯхтанд, мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 3
أَلَا يَظُنُّ أُوْلَـٰٓئِكَ أَنَّهُم مَّبۡعُوثُونَ
Оё инҳо намедонанд, ки зинда мешаванд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 4
لِيَوۡمٍ عَظِيمٖ
дар он рӯзи бузург? Ва мувофиқи аъмолашон ҳисобу китоб карда мешаванд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 5
يَوۡمَ يَقُومُ ٱلنَّاسُ لِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён фурӯтан меистанд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 6
كَلَّآ إِنَّ كِتَٰبَ ٱلۡفُجَّارِ لَفِي سِجِّينٖ
Ҳақиқатан бозгашти бадкорон ҷои танг аст
Surah Al-Mutaffifin, Verse 7
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا سِجِّينٞ
Ва ту чи медони он тангӣ чист? Ҳамоно он ҷой зиндонест, ки дар он азоби дардовар аст
Surah Al-Mutaffifin, Verse 8
كِتَٰبٞ مَّرۡقُومٞ
Ва барояшон китобест навишташуда! На дар он чизе афзуда мешавад ва на кам карда мешавад
Surah Al-Mutaffifin, Verse 9
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой бар ҳоли дурӯғшуморандагон
Surah Al-Mutaffifin, Verse 10
ٱلَّذِينَ يُكَذِّبُونَ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ
онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 11
وَمَا يُكَذِّبُ بِهِۦٓ إِلَّا كُلُّ مُعۡتَدٍ أَثِيمٍ
Ва он рӯзро ба ҷуз ҳар ситамгари гунаҳкор касе дурӯғ намешуморад
Surah Al-Mutaffifin, Verse 12
إِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ءَايَٰتُنَا قَالَ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, ғуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!» Амр чунин нест, ки мепиндоранд, балки он каломи Аллоҳ аст ва ба тариқи ваҳй ба сӯи паёмбараш фиристода шудааст
Surah Al-Mutaffifin, Verse 13
كَلَّاۖ بَلۡۜ رَانَ عَلَىٰ قُلُوبِهِم مَّا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ
Чунин нест, ки мегӯянд, балки корҳое, ки карда буданд аз гуноҳ бар дилҳошон ғолиб шуда занг бастааст
Surah Al-Mutaffifin, Verse 14
كَلَّآ إِنَّهُمۡ عَن رَّبِّهِمۡ يَوۡمَئِذٖ لَّمَحۡجُوبُونَ
Чунин нест, ки мегӯянд, бегумон онон дар он рӯз аз дидори Парвардигорашон маҳрум бошанд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 15
ثُمَّ إِنَّهُمۡ لَصَالُواْ ٱلۡجَحِيمِ
Пас онҳо ба ҷаҳаннам дароянд, ҳарорати гармии онро мечашанд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 16
ثُمَّ يُقَالُ هَٰذَا ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ
Сипас ба онҳо гуфта мешавад: «Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»
Surah Al-Mutaffifin, Verse 17
كَلَّآ إِنَّ كِتَٰبَ ٱلۡأَبۡرَارِ لَفِي عِلِّيِّينَ
Ба дурустӣ, ки номаи амалҳои некӯкорон дар Иллийин қарор дорад
Surah Al-Mutaffifin, Verse 18
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا عِلِّيُّونَ
Ва ту эй Расул чӣ медонӣ, ки Иллийин чист
Surah Al-Mutaffifin, Verse 19
كِتَٰبٞ مَّرۡقُومٞ
Китобест навишташуда! На дар он чизе афзуда мешавад ва на кам карда мешавад
Surah Al-Mutaffifin, Verse 20
يَشۡهَدُهُ ٱلۡمُقَرَّبُونَ
ки фариштагони муқарраби Аллоҳ дар он ҳузур меёбанд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 21
إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٍ
Бегумон некон дар неъматанд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 22
عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ
бар тахтҳо нишаста ва ба сӯи Парвардигорашон ва ба он чӣ аз неъматҳо барояшон омода карда шудааст, наззора мекунанд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 23
تَعۡرِفُ فِي وُجُوهِهِمۡ نَضۡرَةَ ٱلنَّعِيمِ
Хушӣ ва хуррамии неъматро дар чеҳраҳояшон мебинӣ
Surah Al-Mutaffifin, Verse 24
يُسۡقَوۡنَ مِن رَّحِيقٖ مَّخۡتُومٍ
Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, нӯшонида мешаванд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 25
خِتَٰمُهُۥ مِسۡكٞۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلۡيَتَنَافَسِ ٱلۡمُتَنَٰفِسُونَ
Мӯҳри он аз мушк аст. Ва рағбаткунандагон бояд, ки барои ҳамин неъмати доими рағбат кунанд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 26
وَمِزَاجُهُۥ مِن تَسۡنِيمٍ
Ва омезиши он шароб аз оби Тасним аст
Surah Al-Mutaffifin, Verse 27
عَيۡنٗا يَشۡرَبُ بِهَا ٱلۡمُقَرَّبُونَ
Тасним чашмаест, ки муақаррабони даргоҳи Аллоҳ аз он менӯшанд ва ба он лаззат мебаранд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 28
إِنَّ ٱلَّذِينَ أَجۡرَمُواْ كَانُواْ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ يَضۡحَكُونَ
Ба дурустӣ, ки гунаҳкорон дар дунё ба мӯъминон механдиданд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 29
وَإِذَا مَرُّواْ بِهِمۡ يَتَغَامَزُونَ
Ва чун бар онҳо мегузаштанд, масхараомезона ба чашму абрӯ ишора мекарданд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 30
وَإِذَا ٱنقَلَبُوٓاْ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِمُ ٱنقَلَبُواْ فَكِهِينَ
ва чун ба аҳли хонаи худ бозмегаштанд, шодмон бозмегаштанд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 31
وَإِذَا رَأَوۡهُمۡ قَالُوٓاْ إِنَّ هَـٰٓؤُلَآءِ لَضَآلُّونَ
Ва чун кофирон асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо гумроҳанд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 32
وَمَآ أُرۡسِلُواْ عَلَيۡهِمۡ حَٰفِظِينَ
Ва ҳол он ки ин кофирон ба сари мӯъминон нигоҳбон фиристода нашуда буданд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 33
فَٱلۡيَوۡمَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنَ ٱلۡكُفَّارِ يَضۡحَكُونَ
Пас рӯзи қиёмат мӯъминон ба кофирон механданд, чунон ки кофирон дар дунё ба онҳо хандида буданд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 34
عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ
бар тахтҳо такя зада ва ба он чӣ аз каромат ва неъматҳои ҷаннат барояшон дода шудааст, менигаранд
Surah Al-Mutaffifin, Verse 35
هَلۡ ثُوِّبَ ٱلۡكُفَّارُ مَا كَانُواْ يَفۡعَلُونَ
Оё ба кофирон подош ва сазои корҳое, ки мекарданд, дода шудааст
Surah Al-Mutaffifin, Verse 36