Surah Al-Ala - Tajik Translation by Khoja Mirov
سَبِّحِ ٱسۡمَ رَبِّكَ ٱلۡأَعۡلَى
Номи Парвардигори бузурги худро ба покӣ ёд кун, чунон ки лоиқи бузургии Ӯст
Surah Al-Ala, Verse 1
ٱلَّذِي خَلَقَ فَسَوَّىٰ
он Зоте, ки офарид махлуқотро ва устувор дошт
Surah Al-Ala, Verse 2
وَٱلَّذِي قَدَّرَ فَهَدَىٰ
Ва он Зоте, ки андоза муъайян кард. Сипас ҳама халқро ба он чӣ муносиб мешаванд, роҳ намуд
Surah Al-Ala, Verse 3
وَٱلَّذِيٓ أَخۡرَجَ ٱلۡمَرۡعَىٰ
Ва он Зоте, ки чарогоҳҳоро рӯёнид
Surah Al-Ala, Verse 4
فَجَعَلَهُۥ غُثَآءً أَحۡوَىٰ
сипас хушку сиёҳ гардонид
Surah Al-Ala, Verse 5
سَنُقۡرِئُكَ فَلَا تَنسَىٰٓ
Мо Қуръонро барои ту эй Расул хоҳем хонд ва ту дигар онро фаромӯш нахоҳӣ кард
Surah Al-Ala, Verse 6
إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُۚ إِنَّهُۥ يَعۡلَمُ ٱلۡجَهۡرَ وَمَا يَخۡفَىٰ
ғайри он чи Аллоҳ бихоҳад, ҳамоно Ӯ ошкору пинҳонро медонад
Surah Al-Ala, Verse 7
وَنُيَسِّرُكَ لِلۡيُسۡرَىٰ
Ва дар кори ту ва дар ҳамаи умури динӣ ва дунявие, ки ба ту рӯ менамояд, осонӣ падид меоварем
Surah Al-Ala, Verse 8
فَذَكِّرۡ إِن نَّفَعَتِ ٱلذِّكۡرَىٰ
Эй Расул, агар ба қавмат панд доданат фоида кунад, панд деҳ. Худро азоб мадеҳ дар панд додани шахсе, ки саркашӣ мекунад
Surah Al-Ala, Verse 9
سَيَذَّكَّرُ مَن يَخۡشَىٰ
Ҳар касе, ки аз Аллоҳ метарсад, ба зудӣ панд хоҳад пазируфт
Surah Al-Ala, Verse 10
وَيَتَجَنَّبُهَا ٱلۡأَشۡقَى
Ва бадбахттарин фард аз он панд дурӣ хоҳад гузид
Surah Al-Ala, Verse 11
ٱلَّذِي يَصۡلَى ٱلنَّارَ ٱلۡكُبۡرَىٰ
Ҳамон кас, ки дар оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад
Surah Al-Ala, Verse 12
ثُمَّ لَا يَمُوتُ فِيهَا وَلَا يَحۡيَىٰ
Онгоҳ дар он ҷо на бимирад, ки роҳат ёбад ва на зинда мешавад, ки фоида бинад
Surah Al-Ala, Verse 13
قَدۡ أَفۡلَحَ مَن تَزَكَّىٰ
Ба дурустӣ, касе ки худро покиза дошт, наҷот ёфт
Surah Al-Ala, Verse 14
وَذَكَرَ ٱسۡمَ رَبِّهِۦ فَصَلَّىٰ
Ва растагор шуд, ҳар кӣ номи Парвардигори худро бар забон овард ва барои ризогии Ӯ намоз гузорид
Surah Al-Ala, Verse 15
بَلۡ تُؤۡثِرُونَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا
Балки, шумо эй мардум, зиндагии ин ҷаҳонро аз неъматҳои охират афзал мешуморед
Surah Al-Ala, Verse 16
وَٱلۡأٓخِرَةُ خَيۡرٞ وَأَبۡقَىٰٓ
Ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст
Surah Al-Ala, Verse 17
إِنَّ هَٰذَا لَفِي ٱلصُّحُفِ ٱلۡأُولَىٰ
Бегумон, ин суханҳо дар китобҳои пешина низ ҳаст
Surah Al-Ala, Verse 18
صُحُفِ إِبۡرَٰهِيمَ وَمُوسَىٰ
китобҳои Иброҳим ва Мӯсо алайҳимассалом
Surah Al-Ala, Verse 19