UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Yusuf - Tajik Translation by Khoja Mirov


الٓرۚ تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ

Алиф, Лом, Ро. Ин оётҳои Китоб маъноҳояш равшан, роҳи ҳақ ва ҳалолу ҳаромро баён мекунад
Surah Yusuf, Verse 1


إِنَّآ أَنزَلۡنَٰهُ قُرۡءَٰنًا عَرَبِيّٗا لَّعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ

Мо Қуръонро ба забони арабӣ нозил кардем, то ин ки шумо (эй арабҳо) маънои онро бифаҳмед ва он чиро, ки дар он аст, ба ақл дарёбед ва ба роҳнамудиаш амал намоед
Surah Yusuf, Verse 2


نَحۡنُ نَقُصُّ عَلَيۡكَ أَحۡسَنَ ٱلۡقَصَصِ بِمَآ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ وَإِن كُنتَ مِن قَبۡلِهِۦ لَمِنَ ٱلۡغَٰفِلِينَ

Бо ин Қуръон, ки ба ту - эй Расул, ваҳй кардаем, беҳтарин қиссаҳоро ҳикоят мекунем ва туро бар онҳо хабардор месозем, ки ту пеш аз ин аз аҳволи қавмҳои гузашта аз бехабарон будӣ
Surah Yusuf, Verse 3


إِذۡ قَالَ يُوسُفُ لِأَبِيهِ يَـٰٓأَبَتِ إِنِّي رَأَيۡتُ أَحَدَ عَشَرَ كَوۡكَبٗا وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ رَأَيۡتُهُمۡ لِي سَٰجِدِينَ

Эй Паёмбар, ба ёд ор он замонеро, ки чун Юсуф ба падари худ гуфт: «Эй падар, ман дар хоб ёздаҳ ситора ва хуршед ва моҳро дидам. Онҳоро дидам, ки саҷдаам мекунанд»
Surah Yusuf, Verse 4


قَالَ يَٰبُنَيَّ لَا تَقۡصُصۡ رُءۡيَاكَ عَلَىٰٓ إِخۡوَتِكَ فَيَكِيدُواْ لَكَ كَيۡدًاۖ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ لِلۡإِنسَٰنِ عَدُوّٞ مُّبِينٞ

Яъқуб ба писараш Юсуф гуфт: «Эй писаракам, хобатро барои бародаронат ҳикоят макун, ки ба ту ҳасад мебаранд ва ба ту ҳиллае меандешанд. Зеро шайтон душмани ошкори одамиён аст! Пас, Юсуф ба фармони падараш хобашро аз бародаронаш пинҳон кард
Surah Yusuf, Verse 5


وَكَذَٰلِكَ يَجۡتَبِيكَ رَبُّكَ وَيُعَلِّمُكَ مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِ وَيُتِمُّ نِعۡمَتَهُۥ عَلَيۡكَ وَعَلَىٰٓ ءَالِ يَعۡقُوبَ كَمَآ أَتَمَّهَا عَلَىٰٓ أَبَوَيۡكَ مِن قَبۡلُ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡحَٰقَۚ إِنَّ رَبَّكَ عَلِيمٌ حَكِيمٞ

Ва он чунон ки дар хоб ба ту намуд, Парвардигорат туро ихтиёр мекунад ва таъбири хобро ба ту таълим медиҳад ва ҳамчунон, ки неъмати худро пеш аз ин бар падарони ту Иброҳиму Исҳоқ пурра карда буд, бар туву хонадони Яъқуб ҳам пурра мекунад, ки Парвардигорат доно аст, ҳар киро бихоҳад аз бандагонаш ихтиёр мекунад ва ҳаким аст дар ҷо ба ҷойгузории корҳои махлуқоташ!»
Surah Yusuf, Verse 6


۞لَّقَدۡ كَانَ فِي يُوسُفَ وَإِخۡوَتِهِۦٓ ءَايَٰتٞ لِّلسَّآئِلِينَ

Бегумон, дар саргузашти Юсуф ва бародаронаш барои онон, ки аз он пурсон мешаванд, ибратҳост
Surah Yusuf, Verse 7


إِذۡ قَالُواْ لَيُوسُفُ وَأَخُوهُ أَحَبُّ إِلَىٰٓ أَبِينَا مِنَّا وَنَحۡنُ عُصۡبَةٌ إِنَّ أَبَانَا لَفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ

Он гоҳ ки бародаронаш гуфтанд: «Юсуф ва бародараш (Бинёмин, ки аз як падару як модаранд) назди падарамон маҳбубтар аз мо ҳастанд, ҳол он ки мо худ як гӯруҳи нерӯмандем. Албатта, падарамон дар иштибоҳи ошкорест»
Surah Yusuf, Verse 8


ٱقۡتُلُواْ يُوسُفَ أَوِ ٱطۡرَحُوهُ أَرۡضٗا يَخۡلُ لَكُمۡ وَجۡهُ أَبِيكُمۡ وَتَكُونُواْ مِنۢ بَعۡدِهِۦ قَوۡمٗا صَٰلِحِينَ

«Юсуфро бикушед ё дар сарзамини номаълуме биандозед, то таваҷҷӯҳи падар хоси шумо гардад ва аз он пас аз гуноҳатон пушаймонӣ карда, тавба мекунед мардуме шоиста ба шумор меоед, зеро ки Аллоҳ тавбапазир аст ва падар ҳам узратонро қабул менамояд»
Surah Yusuf, Verse 9


قَالَ قَآئِلٞ مِّنۡهُمۡ لَا تَقۡتُلُواْ يُوسُفَ وَأَلۡقُوهُ فِي غَيَٰبَتِ ٱلۡجُبِّ يَلۡتَقِطۡهُ بَعۡضُ ٱلسَّيَّارَةِ إِن كُنتُمۡ فَٰعِلِينَ

Яке аз онҳо гуфт: «Агар Юсуфро аз падар дур карданиед, ӯро макушед, ки куштори одами бегуноҳ аз гуноҳи азим аст, балки ӯро дар қаъри чоҳи торик бияфканед, то мусофироне ӯро бигиранд, агар мехоҳед коре бикунед»
Surah Yusuf, Verse 10


قَالُواْ يَـٰٓأَبَانَا مَا لَكَ لَا تَأۡمَ۬نَّا عَلَىٰ يُوسُفَ وَإِنَّا لَهُۥ لَنَٰصِحُونَ

Гуфтанд: «Эй падарҷон, чаро бар Юсуф ба мо боварӣ надорӣ, ҳол он ки мо хайрхоҳи ӯ ҳастем
Surah Yusuf, Verse 11


أَرۡسِلۡهُ مَعَنَا غَدٗا يَرۡتَعۡ وَيَلۡعَبۡ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ

Фардо ӯро бо мо бифирист, то сайру гашту бозй кунад ва ҳамоно, мо нигаҳбони ӯ ҳастем»
Surah Yusuf, Verse 12


قَالَ إِنِّي لَيَحۡزُنُنِيٓ أَن تَذۡهَبُواْ بِهِۦ وَأَخَافُ أَن يَأۡكُلَهُ ٱلذِّئۡبُ وَأَنتُمۡ عَنۡهُ غَٰفِلُونَ

Яъқуб гуфт: «Агар ӯро бибаред, ғамгин мешавам ва метарсам, ки аз ӯ ғофил шавед ва гург ӯро бихӯрад»
Surah Yusuf, Verse 13


قَالُواْ لَئِنۡ أَكَلَهُ ٱلذِّئۡبُ وَنَحۡنُ عُصۡبَةٌ إِنَّآ إِذٗا لَّخَٰسِرُونَ

Бародарони Юсуф ба падарашон гуфтанд: «Бо ин ҷамоати нерӯманде, ки мо ҳастем, агар гург ӯро бихӯрад, ҳамоно, мо аз зиёнкорон хоҳем буд»
Surah Yusuf, Verse 14


فَلَمَّا ذَهَبُواْ بِهِۦ وَأَجۡمَعُوٓاْ أَن يَجۡعَلُوهُ فِي غَيَٰبَتِ ٱلۡجُبِّۚ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡهِ لَتُنَبِّئَنَّهُم بِأَمۡرِهِمۡ هَٰذَا وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

Пас, чун ӯро бурданд ва тасмим гирифтанд, ки дар қаъри чоҳи торик бияфкананд, ба ӯ ваҳй кардем, ки албатта, онҳоро дар оянда аз ин корашон огоҳ хоҳӣ сохт дар ҳоле, ки намефаҳманд ва онҳо туро намешиносанд
Surah Yusuf, Verse 15


وَجَآءُوٓ أَبَاهُمۡ عِشَآءٗ يَبۡكُونَ

Ва бегоҳӣ бародарони Юсуф гирён назди падарашон бозомаданд
Surah Yusuf, Verse 16


قَالُواْ يَـٰٓأَبَانَآ إِنَّا ذَهَبۡنَا نَسۡتَبِقُ وَتَرَكۡنَا يُوسُفَ عِندَ مَتَٰعِنَا فَأَكَلَهُ ٱلذِّئۡبُۖ وَمَآ أَنتَ بِمُؤۡمِنٖ لَّنَا وَلَوۡ كُنَّا صَٰدِقِينَ

Гуфтанд: «Эй падар, ҳамоно, мо ба мусобиқа (давидан ва тирандозӣ) рафта будем ва Юсуфро назди матоъи худ (либосҳоямон) гузошта будем, пас, хург ӯро хӯрд. Ва ҳарчанд рост бигӯем ҳам, ту суханони моро бовар надорӣ»
Surah Yusuf, Verse 17


وَجَآءُو عَلَىٰ قَمِيصِهِۦ بِدَمٖ كَذِبٖۚ قَالَ بَلۡ سَوَّلَتۡ لَكُمۡ أَنفُسُكُمۡ أَمۡرٗاۖ فَصَبۡرٞ جَمِيلٞۖ وَٱللَّهُ ٱلۡمُسۡتَعَانُ عَلَىٰ مَا تَصِفُونَ

Ва ҷомаашро, ки ба хуни дурӯғин оғӯшта буд, оварданд, то бар дурӯғашон ҳуҷҷате шавад. Яъқуб алайҳиссалом ба фарзандонаш гуфт: «Нафси бади шумо кореро дар назаратон биёростааст, ки бо Юсуф чунин кардаед. Акнун барои ман сабри ҷамил (сабре, ки шикоят надошта бошад) беҳтар аст ва бар он чи шумо баён мекунед, Аллоҳ мададгори ман аст»
Surah Yusuf, Verse 18


وَجَآءَتۡ سَيَّارَةٞ فَأَرۡسَلُواْ وَارِدَهُمۡ فَأَدۡلَىٰ دَلۡوَهُۥۖ قَالَ يَٰبُشۡرَىٰ هَٰذَا غُلَٰمٞۚ وَأَسَرُّوهُ بِضَٰعَةٗۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِمَا يَعۡمَلُونَ

Ва ҷамоате аз мусофирон омаданд; пас обкаши худро фиристоданд. Сатилро обкаш дар чоҳ фурӯ кард, ки Юсуф дар гӯшае аз қаъри чоҳ қарор дошт, пас худро ба таноби сатил овезон кард, чун соҳиби сатил ӯро дид, зебоияш ӯро дар тааҷҷуб даровард ва гуфт: «Муждагонӣ, ин навҷавонест». Обкаш бо шарикони худ Юсуфро аз боқимондаи мусофирон чун матоъе пинҳон сохтанд ва Аллоҳ ба коре, ки ба Юсуф мекарданд, огоҳ буд
Surah Yusuf, Verse 19


وَشَرَوۡهُ بِثَمَنِۭ بَخۡسٖ دَرَٰهِمَ مَعۡدُودَةٖ وَكَانُواْ فِيهِ مِنَ ٱلزَّـٰهِدِينَ

Ва бародарони Юсуф, Юсуфро ба баҳои андак, ба чанд дирҳам фурӯхтанд, ки ҳеҷ рағбате ба ӯ надоштанд. Зеро онҳо намедонистанд, ки Аллоҳ ӯро ба манзалаи бузург ва ба паёмбарӣ мерасонад
Surah Yusuf, Verse 20


وَقَالَ ٱلَّذِي ٱشۡتَرَىٰهُ مِن مِّصۡرَ لِٱمۡرَأَتِهِۦٓ أَكۡرِمِي مَثۡوَىٰهُ عَسَىٰٓ أَن يَنفَعَنَآ أَوۡ نَتَّخِذَهُۥ وَلَدٗاۚ وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلِنُعَلِّمَهُۥ مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِۚ وَٱللَّهُ غَالِبٌ عَلَىٰٓ أَمۡرِهِۦ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ

Ва касе аз мардуми Миср (яъне азизи Миср), ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш бидор, шояд ба мо суде бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем». Ва ҳамчунин Юсуфро дар замини Миср мартабаи баланд додем ва ӯро молики хазинаҳои Миср гардонидем, то ба ӯ таъбири хоб омӯзем. Ва Аллоҳ бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедонанд
Surah Yusuf, Verse 21


وَلَمَّا بَلَغَ أَشُدَّهُۥٓ ءَاتَيۡنَٰهُ حُكۡمٗا وَعِلۡمٗاۚ وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Ва чун ҷавони нерӯманд ва хирадманд шуд, ҳикмату донишаш додем ва некукоронро ҳамчунин подош медиҳем
Surah Yusuf, Verse 22


وَرَٰوَدَتۡهُ ٱلَّتِي هُوَ فِي بَيۡتِهَا عَن نَّفۡسِهِۦ وَغَلَّقَتِ ٱلۡأَبۡوَٰبَ وَقَالَتۡ هَيۡتَ لَكَۚ قَالَ مَعَاذَ ٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ رَبِّيٓ أَحۡسَنَ مَثۡوَايَۖ إِنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلظَّـٰلِمُونَ

Ва зани азизи Миср, ки Юсуф дар хонааш буд, аз ҳусни зебои ӯ мафтун шуда Юсуфро бо сухани нарму мулоим ба назди худ талаб кард. Ва дарҳоро басту гуфт: «Биё ба сӯи ман». Юсуф гуфт: «Паноҳ мебарам ба Аллоҳ, аз он чи ки маро ба он даъват кардӣ, ӯ (яъне, шавҳари ту) сарвари ман аст ва маро обрӯи баланд дода ва ахли ӯро нахоҳам хиёнат кард. Албатта, ситамкорон наҷот намеёбанд»
Surah Yusuf, Verse 23


وَلَقَدۡ هَمَّتۡ بِهِۦۖ وَهَمَّ بِهَا لَوۡلَآ أَن رَّءَا بُرۡهَٰنَ رَبِّهِۦۚ كَذَٰلِكَ لِنَصۡرِفَ عَنۡهُ ٱلسُّوٓءَ وَٱلۡفَحۡشَآءَۚ إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُخۡلَصِينَ

Ва ба таҳқиқ он зан қасди ӯ кард. Ва агар бурҳони Парвардигорашро намедид, ӯ низ қасди он зан мекард. Чунин кардем, то бадӣ (хиёнати сайид ё мавло) ва беҳаёиро аз ӯ дур созем. Чунки Юсуф аз бандагони покиза ва ихтиёркардаи Мо буд
Surah Yusuf, Verse 24


وَٱسۡتَبَقَا ٱلۡبَابَ وَقَدَّتۡ قَمِيصَهُۥ مِن دُبُرٖ وَأَلۡفَيَا سَيِّدَهَا لَدَا ٱلۡبَابِۚ قَالَتۡ مَا جَزَآءُ مَنۡ أَرَادَ بِأَهۡلِكَ سُوٓءًا إِلَّآ أَن يُسۡجَنَ أَوۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

Юсуф ба сӯи дар фирор кард ва ҳамсари азиз аз пушти ӯ давид, то ӯро баргардонад ва зан ҷомаи ӯро аз ақиб бидаронд. Ва шавҳари он занро тасодуфан наздики дар ёфтанд. Зан гуфт: «Ҷазои касе, ки бо зани ту қасди баде дошта бошад, чист ва тарсид, ки Юсуфро накушад ва гуфт: ҷуз ин ки ба зиндон афтад ё ба азобе дардовар гирифтор ояд?»
Surah Yusuf, Verse 25


قَالَ هِيَ رَٰوَدَتۡنِي عَن نَّفۡسِيۚ وَشَهِدَ شَاهِدٞ مِّنۡ أَهۡلِهَآ إِن كَانَ قَمِيصُهُۥ قُدَّ مِن قُبُلٖ فَصَدَقَتۡ وَهُوَ مِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ

Юсуф гуфт: «Ӯ аз нафси ман хоҳише кард ва маро ба худ хонд». Ва шоҳиде аз хонаводаи зан (яъне, кӯдаки ширхорае буд дар гаҳвора) гувоҳӣ дод, ки агар ҷомааш аз пеш даридааст, пас зан рост мегӯяд ва ӯ аз дурӯғгӯён аст
Surah Yusuf, Verse 26


وَإِن كَانَ قَمِيصُهُۥ قُدَّ مِن دُبُرٖ فَكَذَبَتۡ وَهُوَ مِنَ ٱلصَّـٰدِقِينَ

Ва агар ҷомааш аз пас даридааст, пас зан дурӯғ мегӯяд ва ӯ аз ростгӯён аст
Surah Yusuf, Verse 27


فَلَمَّا رَءَا قَمِيصَهُۥ قُدَّ مِن دُبُرٖ قَالَ إِنَّهُۥ مِن كَيۡدِكُنَّۖ إِنَّ كَيۡدَكُنَّ عَظِيمٞ

Пас, чун шавҳари зан дид, ҷомааш аз пас даридааст, гуфт: «Ин аз макри шумо аст, ҳамоно, макри шумо эй занон, макри бузург аст
Surah Yusuf, Verse 28


يُوسُفُ أَعۡرِضۡ عَنۡ هَٰذَاۚ وَٱسۡتَغۡفِرِي لِذَنۢبِكِۖ إِنَّكِ كُنتِ مِنَ ٱلۡخَاطِـِٔينَ

Азизи Миср гуфт: Эй Юсуф, забони хеш нигоҳ дор ва ба касе магӯ! Ва эй зан, аз гуноҳи худ омурзиш бихоҳ, ки ҳамоно, ту аз гунаҳкоронӣ»
Surah Yusuf, Verse 29


۞وَقَالَ نِسۡوَةٞ فِي ٱلۡمَدِينَةِ ٱمۡرَأَتُ ٱلۡعَزِيزِ تُرَٰوِدُ فَتَىٰهَا عَن نَّفۡسِهِۦۖ قَدۡ شَغَفَهَا حُبًّاۖ إِنَّا لَنَرَىٰهَا فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ

Ва ин хабар ба шаҳр расид, заноне дар шаҳр гуфтанд: «Зани Азиз (сарвазири Миср) хостааст, ки ходими худро бифиребад ва ба худ хонад ва албатта, муҳаббат ва ишқи ин ҷавон дар қалбаш нуфуз кардааст. Мо ба таҳқиқ ӯро дар гумроҳии ошкоро мебинем»
Surah Yusuf, Verse 30


فَلَمَّا سَمِعَتۡ بِمَكۡرِهِنَّ أَرۡسَلَتۡ إِلَيۡهِنَّ وَأَعۡتَدَتۡ لَهُنَّ مُتَّكَـٔٗا وَءَاتَتۡ كُلَّ وَٰحِدَةٖ مِّنۡهُنَّ سِكِّينٗا وَقَالَتِ ٱخۡرُجۡ عَلَيۡهِنَّۖ فَلَمَّا رَأَيۡنَهُۥٓ أَكۡبَرۡنَهُۥ وَقَطَّعۡنَ أَيۡدِيَهُنَّ وَقُلۡنَ حَٰشَ لِلَّهِ مَا هَٰذَا بَشَرًا إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا مَلَكٞ كَرِيمٞ

Пас, чун (зани Азиз) ғайбат ва суханони бадашонро шунид, наздашон кас фиристод ва меҳмоние тартиб дод ва барои пӯст кардани мева ба ҳар яке корде дод ва гуфт: «Берун ой, то туро бингаранд». Чун Юсуфро диданд, бузургаш шумурданд ва аз ҳусну ҷамоли ӯ дасти хеш бибуриданд ва гуфтанд: «Маъозаллоҳ, ин одамизода нест, балки фариштае бузургвор аст!»
Surah Yusuf, Verse 31


قَالَتۡ فَذَٰلِكُنَّ ٱلَّذِي لُمۡتُنَّنِي فِيهِۖ وَلَقَدۡ رَٰوَدتُّهُۥ عَن نَّفۡسِهِۦ فَٱسۡتَعۡصَمَۖ وَلَئِن لَّمۡ يَفۡعَلۡ مَآ ءَامُرُهُۥ لَيُسۡجَنَنَّ وَلَيَكُونٗا مِّنَ ٱلصَّـٰغِرِينَ

(Зани Азиз) гуфт: «Ин ҳамон аст, ки маро дар боби дӯст доштани ӯ маломат мекардед. Ва ҳамоно, ман ӯро ба худ хондаам ва ӯ хештанро нигоҳ дошт. Агар он чи фармонаш медиҳам, накунад, ба зиндон хоҳад афтод ва хор хоҳад шуд». Пас, Юсуф бар худ зиндонро ихтиёр кард
Surah Yusuf, Verse 32


قَالَ رَبِّ ٱلسِّجۡنُ أَحَبُّ إِلَيَّ مِمَّا يَدۡعُونَنِيٓ إِلَيۡهِۖ وَإِلَّا تَصۡرِفۡ عَنِّي كَيۡدَهُنَّ أَصۡبُ إِلَيۡهِنَّ وَأَكُن مِّنَ ٱلۡجَٰهِلِينَ

Гуфт Юсуф паноҳҷуёна аз шарри занон: «Эй Парвардигори ман, барои ман зиндон маҳбубтар аст аз он чӣ маро ба он мехонанд ва агар макри ин занонро аз ман нагардонӣ, ба онҳо майл мекунам ва дар шумори нодонон дармеоям
Surah Yusuf, Verse 33


فَٱسۡتَجَابَ لَهُۥ رَبُّهُۥ فَصَرَفَ عَنۡهُ كَيۡدَهُنَّۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ

Пас, Парвардигораш дуояшро иҷобат кард ва макри занонро аз ӯ дур кард. Албатта, Аллоҳ ба дуои Юсуф ва дуои ҳар як дуокунанда шунаво аст ва ба он чи ки Юсуф ва ҷамии бандагонаш ба он эҳтиёҷ доранд ва барояшон шоиста аст, доност
Surah Yusuf, Verse 34


ثُمَّ بَدَا لَهُم مِّنۢ بَعۡدِ مَا رَأَوُاْ ٱلۡأٓيَٰتِ لَيَسۡجُنُنَّهُۥ حَتَّىٰ حِينٖ

Пас, бо он нишонаҳо, ки бар Азиз ва ҷамоаташ зоҳир шуд, тасмим гирифтанд, ки барои дафъи овозаи мардум муддати номаълуме ба зиндонаш бияфкананд
Surah Yusuf, Verse 35


وَدَخَلَ مَعَهُ ٱلسِّجۡنَ فَتَيَانِۖ قَالَ أَحَدُهُمَآ إِنِّيٓ أَرَىٰنِيٓ أَعۡصِرُ خَمۡرٗاۖ وَقَالَ ٱلۡأٓخَرُ إِنِّيٓ أَرَىٰنِيٓ أَحۡمِلُ فَوۡقَ رَأۡسِي خُبۡزٗا تَأۡكُلُ ٱلطَّيۡرُ مِنۡهُۖ نَبِّئۡنَا بِتَأۡوِيلِهِۦٓۖ إِنَّا نَرَىٰكَ مِنَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Ва ду ҷавон низ бо ӯ ба зиндон афтоданд. Яке аз он ду гуфт: Дар хоб худро дидам, ки ангур мефишорам, то шароб гардад. Дигаре гуфт: Худро дидам, ки нон бар сар ниҳода мебарам ва парандагон аз он мехӯрданд. Моро аз таъбири он огоҳ кун, ки ҳамоно, мо туро мебинем, ки ибодати Аллоҳро ба хубӣ анҷом медиҳӣ ва бо мардум некӯкорӣ мекунӣ
Surah Yusuf, Verse 36


قَالَ لَا يَأۡتِيكُمَا طَعَامٞ تُرۡزَقَانِهِۦٓ إِلَّا نَبَّأۡتُكُمَا بِتَأۡوِيلِهِۦ قَبۡلَ أَن يَأۡتِيَكُمَاۚ ذَٰلِكُمَا مِمَّا عَلَّمَنِي رَبِّيٓۚ إِنِّي تَرَكۡتُ مِلَّةَ قَوۡمٖ لَّا يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ كَٰفِرُونَ

Гуфт (Юсуф): «Ба шумо ҳеҷ навъ таоме, ки дар хоб дода мешавед, нахоҳад омад, магар хабардор кунам шуморо ба таъбири он, пеш аз он ки далели сидқи ин таъбир дар бедорӣ ба шумо биёяд, чунон ки Парвардигорам ба ман омӯзонидааст. Ҳамоно, ман дини мардумеро, ки ба Аллоҳи якто имон надоранд ва ба рӯзи қиёмат кофиранд, тарк кардаам
Surah Yusuf, Verse 37


وَٱتَّبَعۡتُ مِلَّةَ ءَابَآءِيٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَۚ مَا كَانَ لَنَآ أَن نُّشۡرِكَ بِٱللَّهِ مِن شَيۡءٖۚ ذَٰلِكَ مِن فَضۡلِ ٱللَّهِ عَلَيۡنَا وَعَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَشۡكُرُونَ

Ва ман пайрави дини падаронам Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам ва моро насазад, ки ҳеҷ чизро шарики Аллоҳ қарор диҳем. Ин (яктопарастӣ) фазилатест, ки Аллоҳ бар мову бар мардуми дигар арзонӣ доштааст, вале бештари мардум ношукрӣ мекунанд
Surah Yusuf, Verse 38


يَٰصَٰحِبَيِ ٱلسِّجۡنِ ءَأَرۡبَابٞ مُّتَفَرِّقُونَ خَيۡرٌ أَمِ ٱللَّهُ ٱلۡوَٰحِدُ ٱلۡقَهَّارُ

Юсуф барои ин ду ҷавон гуфт: Эй ду рафиқи зиндонии ман, оё ибодати маъбудони пароканда беҳтар аст ё ибодати Аллоҳи яктои ғолиб бар ҳамагон
Surah Yusuf, Verse 39


مَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِهِۦٓ إِلَّآ أَسۡمَآءٗ سَمَّيۡتُمُوهَآ أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُم مَّآ أَنزَلَ ٱللَّهُ بِهَا مِن سُلۡطَٰنٍۚ إِنِ ٱلۡحُكۡمُ إِلَّا لِلَّهِ أَمَرَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُۚ ذَٰلِكَ ٱلدِّينُ ٱلۡقَيِّمُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ

Намепарастед ғайри Аллоҳи якто, магар бутонеро, ки худ ва падаронатон онҳоро ба номҳое хондаед (яъне, он бутҳоро маъбудони худ хондаед) ва Аллоҳ ҳуҷҷате бар сиҳатӣ ва исботи онҳо нозил накардааст. Ҳукм, ҷуз ҳукми Аллоҳ нест. Фармон додааст, ки ҷуз Ӯро напарастед. Ин аст дини росту устувор, вале бештари мардум ҳақиқати онро намедонанд
Surah Yusuf, Verse 40


يَٰصَٰحِبَيِ ٱلسِّجۡنِ أَمَّآ أَحَدُكُمَا فَيَسۡقِي رَبَّهُۥ خَمۡرٗاۖ وَأَمَّا ٱلۡأٓخَرُ فَيُصۡلَبُ فَتَأۡكُلُ ٱلطَّيۡرُ مِن رَّأۡسِهِۦۚ قُضِيَ ٱلۡأَمۡرُ ٱلَّذِي فِيهِ تَسۡتَفۡتِيَانِ

Эй ду рафиқи зиндонии ман, пас яке аз шумо барои хоҷаи хеш шароб мерезад, пас дигареро, ба дор овехта мешавад ва парандагон аз майнаи сари ӯ мехӯранд. Коре, ки дар бораи он мепурсед қабул кунед ё накунед, фармони Аллоҳ муқаррар шудааст»
Surah Yusuf, Verse 41


وَقَالَ لِلَّذِي ظَنَّ أَنَّهُۥ نَاجٖ مِّنۡهُمَا ٱذۡكُرۡنِي عِندَ رَبِّكَ فَأَنسَىٰهُ ٱلشَّيۡطَٰنُ ذِكۡرَ رَبِّهِۦ فَلَبِثَ فِي ٱلسِّجۡنِ بِضۡعَ سِنِينَ

Ва Юсуф ба яке аз он ду нафаре, ки медонист, наҷот меёбад, гуфт: «Қиссаи маро назди хоҷаи худ ёд кун, ки ман мазлумам ва бегуноҳ ба зиндон афтодаам!» Аммо шайтон қиссаи Юсуфро аз хотираш дур кард, ки пеши мавлояш аз қиссаи ӯ ёд кунад ва Юсуф (алайҳиссалом) чанд сол дар зиндон бимонд
Surah Yusuf, Verse 42


وَقَالَ ٱلۡمَلِكُ إِنِّيٓ أَرَىٰ سَبۡعَ بَقَرَٰتٖ سِمَانٖ يَأۡكُلُهُنَّ سَبۡعٌ عِجَافٞ وَسَبۡعَ سُنۢبُلَٰتٍ خُضۡرٖ وَأُخَرَ يَابِسَٰتٖۖ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَأُ أَفۡتُونِي فِي رُءۡيَٰيَ إِن كُنتُمۡ لِلرُّءۡيَا تَعۡبُرُونَ

Ва подшоҳ гуфт: «Дар. хоб ҳафт гови фарбеҳро дидам, ки онҳоро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хӯшаи сабз ва ҳафт хӯшаи хушки дигарро дидам. Эй пешвоёни халқ, хоби маро таъбир кунед, агар таъбири хоб медонед»
Surah Yusuf, Verse 43


قَالُوٓاْ أَضۡغَٰثُ أَحۡلَٰمٖۖ وَمَا نَحۡنُ بِتَأۡوِيلِ ٱلۡأَحۡلَٰمِ بِعَٰلِمِينَ

Гуфтанд: «Ин хобҳо аз зумраи хобҳои парешон аст ва мо аз таъбири ин хобҳо огоҳӣ надорем»
Surah Yusuf, Verse 44


وَقَالَ ٱلَّذِي نَجَا مِنۡهُمَا وَٱدَّكَرَ بَعۡدَ أُمَّةٍ أَنَا۠ أُنَبِّئُكُم بِتَأۡوِيلِهِۦ فَأَرۡسِلُونِ

Ва яке аз он ду ҷавони дар зиндон буда, ки аз қатл наҷот ёфта буд ва пас аз муддате хоҳиши Юсуф ба ёдаш омада буд, гуфт: «Ман шуморо аз таъбири он хабар медиҳам. Пас, маро назди Юсуф бифиристед»
Surah Yusuf, Verse 45


يُوسُفُ أَيُّهَا ٱلصِّدِّيقُ أَفۡتِنَا فِي سَبۡعِ بَقَرَٰتٖ سِمَانٖ يَأۡكُلُهُنَّ سَبۡعٌ عِجَافٞ وَسَبۡعِ سُنۢبُلَٰتٍ خُضۡرٖ وَأُخَرَ يَابِسَٰتٖ لَّعَلِّيٓ أَرۡجِعُ إِلَى ٱلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَعۡلَمُونَ

Эй Юсуф, эй марди бисёр ростгӯй дар гуфтор ва росткор дар кирдор, барои мо таъбир кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хӯшаи сабзу ҳафт хӯшаи хушк. Бошад, ки ман назди мардум бозгардам ва онон аз таъбири ин хоб огоҳ гарданд»
Surah Yusuf, Verse 46


قَالَ تَزۡرَعُونَ سَبۡعَ سِنِينَ دَأَبٗا فَمَا حَصَدتُّمۡ فَذَرُوهُ فِي سُنۢبُلِهِۦٓ إِلَّا قَلِيلٗا مِّمَّا تَأۡكُلُونَ

Юсуф ба пурсандаи хоби подшоҳ гуфт: Ҳафт сол пай дар пай бо ҷиддият кишт кунед ва ҳар чӣ ки медаравед, ҷуз андаке, ки мехӯред, боқимондаро бо хӯша анбор кунед, то замоне бисёр истад ва зуд вайрон нашавад
Surah Yusuf, Verse 47


ثُمَّ يَأۡتِي مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ سَبۡعٞ شِدَادٞ يَأۡكُلۡنَ مَا قَدَّمۡتُمۡ لَهُنَّ إِلَّا قَلِيلٗا مِّمَّا تُحۡصِنُونَ

Аз он пас ҳафт сол қаҳтӣ ва сахтӣ меояд ва дар он ҳафт сол он чӣ барояшон ҷамъ кардаед, бихӯранд, магар каме, аз онро бо эҳтиёт нигоҳ доред
Surah Yusuf, Verse 48


ثُمَّ يَأۡتِي مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ عَامٞ فِيهِ يُغَاثُ ٱلنَّاسُ وَفِيهِ يَعۡصِرُونَ

Пас аз он соле ояд, ки мардумонро борон дода шавад ва дар он сол афшурданиҳоро мефишуранд (яъне, хайру баракат бисёр мешавад)
Surah Yusuf, Verse 49


وَقَالَ ٱلۡمَلِكُ ٱئۡتُونِي بِهِۦۖ فَلَمَّا جَآءَهُ ٱلرَّسُولُ قَالَ ٱرۡجِعۡ إِلَىٰ رَبِّكَ فَسۡـَٔلۡهُ مَا بَالُ ٱلنِّسۡوَةِ ٱلَّـٰتِي قَطَّعۡنَ أَيۡدِيَهُنَّۚ إِنَّ رَبِّي بِكَيۡدِهِنَّ عَلِيمٞ

Ва подшоҳ ба муовинонаш гуфт: Таъбиркунандаи хоби маро аз зиндон озод кунед ва ӯро назди ман биёваред». Чун фиристода назди ӯ омад, Юсуф ба ӯ гуфт: «Назди хоҷаат бозгард ва бипурс: Ҳоли он заноне, ки дастҳои худро буриданд, чист? Албатта, Парвардигори ман ба макрашон огоҳ аст!»
Surah Yusuf, Verse 50


قَالَ مَا خَطۡبُكُنَّ إِذۡ رَٰوَدتُّنَّ يُوسُفَ عَن نَّفۡسِهِۦۚ قُلۡنَ حَٰشَ لِلَّهِ مَا عَلِمۡنَا عَلَيۡهِ مِن سُوٓءٖۚ قَالَتِ ٱمۡرَأَتُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡـَٰٔنَ حَصۡحَصَ ٱلۡحَقُّ أَنَا۠ رَٰوَدتُّهُۥ عَن نَّفۡسِهِۦ وَإِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلصَّـٰدِقِينَ

(Подшоҳ) гуфт: «Эй занон, чӣ гуна буд ин кори шумо, ки Юсуфро ба назди худ хондед, ӯ хоҳиши нафси шумо кард ё шумо хоҳиши нафси ӯ кардед?» Гуфтанд: «Маъозаллоҳ (паноҳ бар Аллоҳ)! Надидем аз ӯ ҳеҷ хиёнате, вале зани Азиз ба мо хабар дод, ки ӯ Юсуфро ба худ хондааст». Зани Азиз иқрор шуда гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд. Ман хостам Юсуфро, вале ӯ худро аз ин амал боз дошт, албатта, ӯ дар зумраи ростгӯён аст дар суханоне, ки мегӯяд!»
Surah Yusuf, Verse 51


ذَٰلِكَ لِيَعۡلَمَ أَنِّي لَمۡ أَخُنۡهُ بِٱلۡغَيۡبِ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي كَيۡدَ ٱلۡخَآئِنِينَ

(Зани Азиз гуфт): Ин ҳама барои он аст, ки то бидонад (Азиз), ки ман ғоибона хиёнати ӯ накардаам ва аз ман кори зиште содир нашудааст ва ҳамоно, Аллоҳ ҳилаи хоинонро ба мақсад намерасонад
Surah Yusuf, Verse 52


۞وَمَآ أُبَرِّئُ نَفۡسِيٓۚ إِنَّ ٱلنَّفۡسَ لَأَمَّارَةُۢ بِٱلسُّوٓءِ إِلَّا مَا رَحِمَ رَبِّيٓۚ إِنَّ رَبِّي غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Ва ман (яъне, зани Азиз) хештанро бегуноҳ намедонам, ҳамоно, нафс одамиро ба бадӣ (фаҳш ва гуноҳ) фармон медиҳад. Магар касе, ки Парвардигори ман ӯро нигоҳ дорад, албатта, Парвардигори ман омурзандаву меҳрубон аст!»
Surah Yusuf, Verse 53


وَقَالَ ٱلۡمَلِكُ ٱئۡتُونِي بِهِۦٓ أَسۡتَخۡلِصۡهُ لِنَفۡسِيۖ فَلَمَّا كَلَّمَهُۥ قَالَ إِنَّكَ ٱلۡيَوۡمَ لَدَيۡنَا مَكِينٌ أَمِينٞ

Ва подшоҳ гуфт: «Юсуфро назди ман биёваред то ҳамнишини хоси худ гардонам». Ва чун бо ӯ дар сухан шуд, гуфт: «Ҳамоно, ту аз имрӯз назди мо соҳибқадр ва амонатдор ҳастӣ»
Surah Yusuf, Verse 54


قَالَ ٱجۡعَلۡنِي عَلَىٰ خَزَآئِنِ ٱلۡأَرۡضِۖ إِنِّي حَفِيظٌ عَلِيمٞ

(Юсуф) гуфт: «Маро бар хазинаҳои хӯрок ва амволи ин сарзамин муқаррар кун, ҳамоно, ман муҳофизаткунандаам хазинаҳоро ва доноям ба сарфи дурусти он»
Surah Yusuf, Verse 55


وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي ٱلۡأَرۡضِ يَتَبَوَّأُ مِنۡهَا حَيۡثُ يَشَآءُۚ نُصِيبُ بِرَحۡمَتِنَا مَن نَّشَآءُۖ وَلَا نُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Ва инчунин Юсуфро дар он сарзамини Миср обрӯ додем. Ҳар ҷо ки мехост, ҷой мегирифт. Раҳмати худро ба ҳар кас, ки бихоҳем, арзонӣ медорем ва подоши некӯкоронро барбод намекунем
Surah Yusuf, Verse 56


وَلَأَجۡرُ ٱلۡأٓخِرَةِ خَيۡرٞ لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ

Ва албатта, подоши охират барои касоне, ки имон овардаанд ва парҳезгорӣ мекунанд, беҳтар аст (яъне, аз азоби Аллоҳ метарсанд ва амру наҳйяшро ба ҷо меоранд)
Surah Yusuf, Verse 57


وَجَآءَ إِخۡوَةُ يُوسُفَ فَدَخَلُواْ عَلَيۡهِ فَعَرَفَهُمۡ وَهُمۡ لَهُۥ مُنكِرُونَ

Ва бародарони Юсуф, ки дар сарзаминашон хушкӣ омада буд, ба Миср омаданд ва бар назди ӯ дохил шуданд, Юсуф онҳоро шинохт ва онҳо ӯро нашинохтанд
Surah Yusuf, Verse 58


وَلَمَّا جَهَّزَهُم بِجَهَازِهِمۡ قَالَ ٱئۡتُونِي بِأَخٖ لَّكُم مِّنۡ أَبِيكُمۡۚ أَلَا تَرَوۡنَ أَنِّيٓ أُوفِي ٱلۡكَيۡلَ وَأَنَا۠ خَيۡرُ ٱلۡمُنزِلِينَ

Ва Юсуф чун борҳояшонро як шутур бор аз таом ва ғалла муҳайё сохт, гуфт: «Бародари падариятонро низ назди ман биёваред, оё намебинед, ки паймонаро комил адо мекунам ва беҳтарин мизбонам
Surah Yusuf, Verse 59


فَإِن لَّمۡ تَأۡتُونِي بِهِۦ فَلَا كَيۡلَ لَكُمۡ عِندِي وَلَا تَقۡرَبُونِ

Пас, агар ӯро (яъне, бародаратонро) назди ман наёваред, паймонае (яъне, таоме) назди ман нахоҳед ёфт ва ба ман наздик машавед»
Surah Yusuf, Verse 60


قَالُواْ سَنُرَٰوِدُ عَنۡهُ أَبَاهُ وَإِنَّا لَفَٰعِلُونَ

Гуфтанд: «Мо ӯро ба кӯшиши зиёд аз падараш хоҳем хост ва ин корро албатта, хоҳем кард»
Surah Yusuf, Verse 61


وَقَالَ لِفِتۡيَٰنِهِ ٱجۡعَلُواْ بِضَٰعَتَهُمۡ فِي رِحَالِهِمۡ لَعَلَّهُمۡ يَعۡرِفُونَهَآ إِذَا ٱنقَلَبُوٓاْ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِمۡ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ

Ва Юсуф (алайҳиссалом) ба ходимони худ гуфт: «Сармояашонро (яъне, пуле, ки ба ивази озуқа дода буданд) дар борҳояшон пинҳонӣ биниҳед, бошад, ки чун назди хонаводаашон бозгарданд ва онро (сармояашонро) бишиносанд ва меҳмондории моро қадр карда боз оянд»
Surah Yusuf, Verse 62


فَلَمَّا رَجَعُوٓاْ إِلَىٰٓ أَبِيهِمۡ قَالُواْ يَـٰٓأَبَانَا مُنِعَ مِنَّا ٱلۡكَيۡلُ فَأَرۡسِلۡ مَعَنَآ أَخَانَا نَكۡتَلۡ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ

Пас, чун назди падар бозгаштанд, гуфтанд: «Эй падар, паймона бар мо манъ карда шуд. Бародарамонро бо мо бифирист, то паймона бозгирем. Ва ҳамоно, мо нигаҳдори ӯ ҳастем»
Surah Yusuf, Verse 63


قَالَ هَلۡ ءَامَنُكُمۡ عَلَيۡهِ إِلَّا كَمَآ أَمِنتُكُمۡ عَلَىٰٓ أَخِيهِ مِن قَبۡلُ فَٱللَّهُ خَيۡرٌ حَٰفِظٗاۖ وَهُوَ أَرۡحَمُ ٱلرَّـٰحِمِينَ

Гуфт Яъқуб (алайҳиссалом): "Оё ман дар бораи ӯ (Бинёмин) ба шумо бовар кунам, ҳамон гуна ки қаблан дар бораи бародараш (Юсуф) ба шумо бовар кардам, пас ман ба аҳди шумо бовар намекунам, балки ба Аллоҳ таваккал менамоям, пас Аллоҳ беҳтарин нигоҳбон ва меҳрубонтарини меҳрубонон аст
Surah Yusuf, Verse 64


وَلَمَّا فَتَحُواْ مَتَٰعَهُمۡ وَجَدُواْ بِضَٰعَتَهُمۡ رُدَّتۡ إِلَيۡهِمۡۖ قَالُواْ يَـٰٓأَبَانَا مَا نَبۡغِيۖ هَٰذِهِۦ بِضَٰعَتُنَا رُدَّتۡ إِلَيۡنَاۖ وَنَمِيرُ أَهۡلَنَا وَنَحۡفَظُ أَخَانَا وَنَزۡدَادُ كَيۡلَ بَعِيرٖۖ ذَٰلِكَ كَيۡلٞ يَسِيرٞ

Ва чун бори ҳудро бикушоданд, сармояи худро ёфтанд, ки ба онҳо бозгардонида шудааст. Гуфтанд: «Эй падари мо, беш аз ин чӣ мехоҳем?! Ин сармояи мо аст, ки ба сӯи мо бозгардонида шудааст. Пас, бозравем ва барои хонаводаҳои худ озуқа оварем; бародари худро нигаҳбонӣ кунем ва бори як шутур зиёда орем; ва ба даст овардани ин бор бароямон осон аст
Surah Yusuf, Verse 65


قَالَ لَنۡ أُرۡسِلَهُۥ مَعَكُمۡ حَتَّىٰ تُؤۡتُونِ مَوۡثِقٗا مِّنَ ٱللَّهِ لَتَأۡتُنَّنِي بِهِۦٓ إِلَّآ أَن يُحَاطَ بِكُمۡۖ فَلَمَّآ ءَاتَوۡهُ مَوۡثِقَهُمۡ قَالَ ٱللَّهُ عَلَىٰ مَا نَقُولُ وَكِيلٞ

Гуфт Яъқуб (алайҳиссалом): «Ҳаргиз ӯро бо шумо намефиристам, то бо ман ба номи Аллоҳ паймоне бибандед ва ба номи Ӯ қасам хӯред, ки ӯро ба назди ман бозмегардонед. Магар он ки чизе бар сари шумо ояд ва ҳама гирифтор шавед ва тавоноии аз он халос шуданро надошта бошед». Пас, чун аҳди хешро доданд, гуфт (Яъқуб): «Аллоҳ бар он чӣ мегӯем, гувоҳ аст!»
Surah Yusuf, Verse 66


وَقَالَ يَٰبَنِيَّ لَا تَدۡخُلُواْ مِنۢ بَابٖ وَٰحِدٖ وَٱدۡخُلُواْ مِنۡ أَبۡوَٰبٖ مُّتَفَرِّقَةٖۖ وَمَآ أُغۡنِي عَنكُم مِّنَ ٱللَّهِ مِن شَيۡءٍۖ إِنِ ٱلۡحُكۡمُ إِلَّا لِلَّهِۖ عَلَيۡهِ تَوَكَّلۡتُۖ وَعَلَيۡهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُتَوَكِّلُونَ

Ва гуфт падарашон: «Эй писарони ман, чун ба Миср расидед, аз як дарвоза дохил нашавед, аз дарвозаҳои гуногун дохил шавед, то захми чашм нарасад бар шумо. Ва наметавонам чизеро ки Аллоҳ бар шумо муқаррар кардааст аз шумо дур кунам ва ҳеҷ фармоне ҷуз фармони Аллоҳ нест. Бар Ӯ таваккал кардам ва таваккалкунандагон бар Ӯ таваккал кунанд»
Surah Yusuf, Verse 67


وَلَمَّا دَخَلُواْ مِنۡ حَيۡثُ أَمَرَهُمۡ أَبُوهُم مَّا كَانَ يُغۡنِي عَنۡهُم مِّنَ ٱللَّهِ مِن شَيۡءٍ إِلَّا حَاجَةٗ فِي نَفۡسِ يَعۡقُوبَ قَضَىٰهَاۚ وَإِنَّهُۥ لَذُو عِلۡمٖ لِّمَا عَلَّمۡنَٰهُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ

Ва чун аз ҷое, ки падар фармон дода буд, дохил шуданд, ин кор қазо ва ҳукми Аллоҳро бар онҳо бартараф накард. Танҳо ниёзе дар замири Яъқуб буд метарсид, ки ба фарзандонаш чашм нарасад, ки онро ошкор сохт, ва ҳамоно, Яъқубро илме буд, ки Худ ба ӯ омӯхта будем, вале бештари мардум намедонанд
Surah Yusuf, Verse 68


وَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَىٰ يُوسُفَ ءَاوَىٰٓ إِلَيۡهِ أَخَاهُۖ قَالَ إِنِّيٓ أَنَا۠ أَخُوكَ فَلَا تَبۡتَئِسۡ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Ва чун бар Юсуф дохил шуданд, бародарашро (Бинёмин) назди худ ҷой дод. Гуфт (пинҳонӣ ба бародараш): "Ҳамоно, ман бародари ту ҳастам. Аз коре, ки инҳо бар ман кардаанд, андӯҳгин мабош ва ин суҳбати моро ба ҳеҷ кас магӯй»
Surah Yusuf, Verse 69


فَلَمَّا جَهَّزَهُم بِجَهَازِهِمۡ جَعَلَ ٱلسِّقَايَةَ فِي رَحۡلِ أَخِيهِ ثُمَّ أَذَّنَ مُؤَذِّنٌ أَيَّتُهَا ٱلۡعِيرُ إِنَّكُمۡ لَسَٰرِقُونَ

Пас, чун Юсуф борҳояшонро омода кард, ба ходимонаш фармуд, то зарферо, ки бо он гандум бармекашиданд дар бори бародараш (Бинёмин) ба тарзи пинҳонӣ бигузоранд. Он гоҳ нидокунанда нидо кард: «Эй корвониён, ҳамоно, шумо Дуздонед»
Surah Yusuf, Verse 70


قَالُواْ وَأَقۡبَلُواْ عَلَيۡهِم مَّاذَا تَفۡقِدُونَ

Корвониён рӯй ба сӯи онҳо карданд ва гуфтанд: «чӣ гум кардаед?»
Surah Yusuf, Verse 71


قَالُواْ نَفۡقِدُ صُوَاعَ ٱلۡمَلِكِ وَلِمَن جَآءَ بِهِۦ حِمۡلُ بَعِيرٖ وَأَنَا۠ بِهِۦ زَعِيمٞ

Гуфтанд: «Зарфи подшоҳро, ки бо он паймона мекард, гум кардаем. Ва ҳар ки биёварадаш, ӯро мукофотест як бори шутур ва гуфт нидокунанда ман ба ин ваъда зоминам»
Surah Yusuf, Verse 72


قَالُواْ تَٱللَّهِ لَقَدۡ عَلِمۡتُم مَّا جِئۡنَا لِنُفۡسِدَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا كُنَّا سَٰرِقِينَ

Гуфтанд бародарони Юсуф: «Ҳамоно қасам ба Аллоҳ, шумо худ медонед, ки мо барои фасод кардан дар ин сарзамини Миср наёмадаем ва дузд набудаем»
Surah Yusuf, Verse 73


قَالُواْ فَمَا جَزَـٰٓؤُهُۥٓ إِن كُنتُمۡ كَٰذِبِينَ

Гуфтанд: «Агар дурӯғ гуфта бошед, ҷазои дузд чист?»
Surah Yusuf, Verse 74


قَالُواْ جَزَـٰٓؤُهُۥ مَن وُجِدَ فِي رَحۡلِهِۦ فَهُوَ جَزَـٰٓؤُهُۥۚ كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلظَّـٰلِمِينَ

Гуфтанд (бародарони Юсуф): «Сазояш ин аст, ки ҳар касе он паймона дар бораш ёфт шавад, асир гардад ва мо инчунин ҷазо медиҳем дар динамон касонеро, ки ба сабаби дуздӣ ба ҷони худ ситам мекунанд
Surah Yusuf, Verse 75


فَبَدَأَ بِأَوۡعِيَتِهِمۡ قَبۡلَ وِعَآءِ أَخِيهِ ثُمَّ ٱسۡتَخۡرَجَهَا مِن وِعَآءِ أَخِيهِۚ كَذَٰلِكَ كِدۡنَا لِيُوسُفَۖ مَا كَانَ لِيَأۡخُذَ أَخَاهُ فِي دِينِ ٱلۡمَلِكِ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ نَرۡفَعُ دَرَجَٰتٖ مَّن نَّشَآءُۗ وَفَوۡقَ كُلِّ ذِي عِلۡمٍ عَلِيمٞ

Пас, шурӯъ кард Юсуф ба кофтукови борхалтаҳояшон, пеш аз кофтани борхалтаи бародараш (Бинёмин), баъд аз он дар охир баровард паймонаро аз борхалтаи бародараш, ҳамчунин тадбир омӯхтем барои Юсуф, чунки Юсуф омода набуд, ки асир гирад бародари худро дар дини подшоҳи Миср, лек ба воситаи ин тадбир асир гирифтан иродаи хоси Аллоҳ буд. Баланд мегардонем мартабаи ҳар касеро, ки хоҳем ва болои ҳар соҳибилм боз донишманде ҳаст
Surah Yusuf, Verse 76


۞قَالُوٓاْ إِن يَسۡرِقۡ فَقَدۡ سَرَقَ أَخٞ لَّهُۥ مِن قَبۡلُۚ فَأَسَرَّهَا يُوسُفُ فِي نَفۡسِهِۦ وَلَمۡ يُبۡدِهَا لَهُمۡۚ قَالَ أَنتُمۡ شَرّٞ مَّكَانٗاۖ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا تَصِفُونَ

Гуфтанд (бародаронаш): «Мумкин аст агар ӯ дуздӣ кунад, чунки бародараш (яъне Юсуф) низ пеш аз ин дуздӣ кардааст». Юсуф ҷавоби он сухан дар дил пинҳон дошт ва ҳеҷ изҳоре накард ва гуфт дар дили худ): «Шумо мақоми бадтаре доред ва Аллоҳ ба он чи ки баён мекунед, донотар аст!»
Surah Yusuf, Verse 77


قَالُواْ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡعَزِيزُ إِنَّ لَهُۥٓ أَبٗا شَيۡخٗا كَبِيرٗا فَخُذۡ أَحَدَنَا مَكَانَهُۥٓۖ إِنَّا نَرَىٰكَ مِنَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Гуфтанд (бародаронаш): «Эй азиз, ӯро падарест солхӯрда. Яке аз моро ба ҷои ӯ бигир, ҳамоно мебинем туро, аз некӯкорон»
Surah Yusuf, Verse 78


قَالَ مَعَاذَ ٱللَّهِ أَن نَّأۡخُذَ إِلَّا مَن وَجَدۡنَا مَتَٰعَنَا عِندَهُۥٓ إِنَّآ إِذٗا لَّظَٰلِمُونَ

Гуфт (Юсуф): «Аллоҳ паноҳ диҳад, ки ҷуз он касро, ки бори хеш назди ӯ ёфтаем, бигирем. Агар чунин кунем, аз ситамкорон хоҳем буд»
Surah Yusuf, Verse 79


فَلَمَّا ٱسۡتَيۡـَٔسُواْ مِنۡهُ خَلَصُواْ نَجِيّٗاۖ قَالَ كَبِيرُهُمۡ أَلَمۡ تَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ أَبَاكُمۡ قَدۡ أَخَذَ عَلَيۡكُم مَّوۡثِقٗا مِّنَ ٱللَّهِ وَمِن قَبۡلُ مَا فَرَّطتُمۡ فِي يُوسُفَۖ فَلَنۡ أَبۡرَحَ ٱلۡأَرۡضَ حَتَّىٰ يَأۡذَنَ لِيٓ أَبِيٓ أَوۡ يَحۡكُمَ ٱللَّهُ لِيۖ وَهُوَ خَيۡرُ ٱلۡحَٰكِمِينَ

Чун аз ӯ ноумед шуданд, барои машварат ба каноре рафтанд ва бузургтаринашон гуфт: «Оё намедонед, ки падаратон аз шумо ба номи Аллоҳ паймон гирифта ва пеш аз ин низ дар ҳаққи Юсуф кӯтоҳӣ кардаед? Ман аз ин сарзамини Миср берун намеоям, то падарам маро иҷозат диҳад ё Аллоҳ дар ҳаққи ман доварие кунад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст
Surah Yusuf, Verse 80


ٱرۡجِعُوٓاْ إِلَىٰٓ أَبِيكُمۡ فَقُولُواْ يَـٰٓأَبَانَآ إِنَّ ٱبۡنَكَ سَرَقَ وَمَا شَهِدۡنَآ إِلَّا بِمَا عَلِمۡنَا وَمَا كُنَّا لِلۡغَيۡبِ حَٰفِظِينَ

Назди падар бозгардед ва бигӯед: «Эй падар, писарат дуздӣ кард ва мо ҷуз ба он чӣ медонистем, шаҳодат надодем ва аз ғайб низ огоҳ нестем. (Яъне, чун ба ту ваъда дода будем, ки ӯро ҳимоя мекунем, намедонистем, ки дар оянда дуздӣ мекунад)
Surah Yusuf, Verse 81


وَسۡـَٔلِ ٱلۡقَرۡيَةَ ٱلَّتِي كُنَّا فِيهَا وَٱلۡعِيرَ ٱلَّتِيٓ أَقۡبَلۡنَا فِيهَاۖ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ

Аз аҳли шаҳре, ки дар он будаем ва аз корвоне, ки ҳамроҳаш омадаем, бипурс, ки ҳамоно мо рост мегӯем»
Surah Yusuf, Verse 82


قَالَ بَلۡ سَوَّلَتۡ لَكُمۡ أَنفُسُكُمۡ أَمۡرٗاۖ فَصَبۡرٞ جَمِيلٌۖ عَسَى ٱللَّهُ أَن يَأۡتِيَنِي بِهِمۡ جَمِيعًاۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡحَكِيمُ

Гуфт (Яъқуб): «Балки, нафсҳои шумо кори бадеро дар назаратон зиннат дод ва маро сабри ҷамил1. беҳтар аст. Умед ҳаст, ки Аллоҳ ҳамаро (яъне Юсуф, Бинёмин ва писари калониамро) ба ман бозгардонад, ки Ӯ доно аст бар ҳоли ман ва боҳикмат аст дар корҳояш
Surah Yusuf, Verse 83


وَتَوَلَّىٰ عَنۡهُمۡ وَقَالَ يَـٰٓأَسَفَىٰ عَلَىٰ يُوسُفَ وَٱبۡيَضَّتۡ عَيۡنَاهُ مِنَ ٱلۡحُزۡنِ فَهُوَ كَظِيمٞ

Яъқуб рӯи худ аз онҳо бигардониду гуфт: «Эй вой бар андӯҳи ман, бар дурӣ аз Юсуф». Ва чашмонаш аз ғам сапедӣ гирифт ва ҳамчунон андӯҳи худ фурӯ мебурд
Surah Yusuf, Verse 84


قَالُواْ تَٱللَّهِ تَفۡتَؤُاْ تَذۡكُرُ يُوسُفَ حَتَّىٰ تَكُونَ حَرَضًا أَوۡ تَكُونَ مِنَ ٱلۡهَٰلِكِينَ

Гуфтанд писаронаш: «Ба Аллоҳ савганд, пайваста Юсуфро ёд мекунӣ, то бемор гардӣ ё бимирӣ»
Surah Yusuf, Verse 85


قَالَ إِنَّمَآ أَشۡكُواْ بَثِّي وَحُزۡنِيٓ إِلَى ٱللَّهِ وَأَعۡلَمُ مِنَ ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ

Гуфт Яъқуб: «Ҷуз ин нест, ки шарҳи андӯҳи хеш танҳо бо Аллоҳ мегӯям. Зеро он чӣ ман аз Аллоҳ дар бобати меҳрубониву фазлу раҳматаш медонам, шумо намедонед
Surah Yusuf, Verse 86


يَٰبَنِيَّ ٱذۡهَبُواْ فَتَحَسَّسُواْ مِن يُوسُفَ وَأَخِيهِ وَلَا تَاْيۡـَٔسُواْ مِن رَّوۡحِ ٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ لَا يَاْيۡـَٔسُ مِن رَّوۡحِ ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡقَوۡمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ

Эй писарони ман, бираведу Юсуф ва бародарашро биҷӯед ва аз раҳмати Аллоҳ ноумед машавед. Зеро танҳо кофирон аз раҳмати Аллоҳ ноумед мешаванд»
Surah Yusuf, Verse 87


فَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَيۡهِ قَالُواْ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡعَزِيزُ مَسَّنَا وَأَهۡلَنَا ٱلضُّرُّ وَجِئۡنَا بِبِضَٰعَةٖ مُّزۡجَىٰةٖ فَأَوۡفِ لَنَا ٱلۡكَيۡلَ وَتَصَدَّقۡ عَلَيۡنَآۖ إِنَّ ٱللَّهَ يَجۡزِي ٱلۡمُتَصَدِّقِينَ

Чун ба Миср рафтанд ва ба назди Юсуф дохил шуданд, гуфтанд: «Эй азиз, мову хонаводаамон ба гуруснагӣ афтодаем ва бо сармояи андак омадаем, паймонаи моро комил адо кун ва бар мо садақа бидеҳ, ҳамоно Аллоҳ садақадиҳандагонро дӯст дорад!»
Surah Yusuf, Verse 88


قَالَ هَلۡ عَلِمۡتُم مَّا فَعَلۡتُم بِيُوسُفَ وَأَخِيهِ إِذۡ أَنتُمۡ جَٰهِلُونَ

Гуфт Юсуф: «Медонед, ки аз рӯи нодонӣ бо Юсуф ва бародараш чӣ кардед?»
Surah Yusuf, Verse 89


قَالُوٓاْ أَءِنَّكَ لَأَنتَ يُوسُفُۖ قَالَ أَنَا۠ يُوسُفُ وَهَٰذَآ أَخِيۖ قَدۡ مَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡنَآۖ إِنَّهُۥ مَن يَتَّقِ وَيَصۡبِرۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Гуфтанд: «Оё ба ҳақиқат ту Юсуфӣ?» Гуфт: «Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст ва Аллоҳ ба мо неъмат дод ва байни моро ҷамъ кард. Ҳамоно ҳар кас, ки парҳезгорӣ кунад ва сабрро пеша кунад, Аллоҳ муздашро нобуд намегардонад, балки беҳтарин подош барояш ато хоҳад кард»
Surah Yusuf, Verse 90


قَالُواْ تَٱللَّهِ لَقَدۡ ءَاثَرَكَ ٱللَّهُ عَلَيۡنَا وَإِن كُنَّا لَخَٰطِـِٔينَ

Гуфтанд: «Ба Аллоҳ савганд, ки Аллоҳ туро бар мо фазилату бартарӣ додааст. Ва ҳамаи мо он чи қасдан дар ҳаққи ту ва бародарат кардем, хато кардаем»
Surah Yusuf, Verse 91


قَالَ لَا تَثۡرِيبَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡيَوۡمَۖ يَغۡفِرُ ٱللَّهُ لَكُمۡۖ وَهُوَ أَرۡحَمُ ٱلرَّـٰحِمِينَ

Гуфт (Юсуф): «Имрӯз шуморо сарзанишу маломат набояд кард; Аллоҳ шуморо мебахшояд, ки Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст
Surah Yusuf, Verse 92


ٱذۡهَبُواْ بِقَمِيصِي هَٰذَا فَأَلۡقُوهُ عَلَىٰ وَجۡهِ أَبِي يَأۡتِ بَصِيرٗا وَأۡتُونِي بِأَهۡلِكُمۡ أَجۡمَعِينَ

Ин ҷомаи маро бибаред ва бар рӯи падарам андозед, то бино гардад. Ва ҳамаи аҳлу аёли худро назди ман биёваред»
Surah Yusuf, Verse 93


وَلَمَّا فَصَلَتِ ٱلۡعِيرُ قَالَ أَبُوهُمۡ إِنِّي لَأَجِدُ رِيحَ يُوسُفَۖ لَوۡلَآ أَن تُفَنِّدُونِ

Чун корвон аз Миср, берун шуд, падарашон гуфт: «Ҳамоно агар маро девона нахонед, бӯи Юсуфро ҳис мекунам»
Surah Yusuf, Verse 94


قَالُواْ تَٱللَّهِ إِنَّكَ لَفِي ضَلَٰلِكَ ٱلۡقَدِيمِ

Гуфтанд (ҳаммаҷлисонаш): «Ба Аллоҳ савганд, ки ҳамоно ту дар ҳамон гумроҳии деринаи хеш ҳастӣ!»
Surah Yusuf, Verse 95


فَلَمَّآ أَن جَآءَ ٱلۡبَشِيرُ أَلۡقَىٰهُ عَلَىٰ وَجۡهِهِۦ فَٱرۡتَدَّ بَصِيرٗاۖ قَالَ أَلَمۡ أَقُل لَّكُمۡ إِنِّيٓ أَعۡلَمُ مِنَ ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ

Чун муждадиҳанда омад ва ҷома бар рӯи Яъқуб андохт, бино гашт. Гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки он чӣ ман аз Аллоҳ медонам дар бобати меҳрубониаш, шумо намедонед?»
Surah Yusuf, Verse 96


قَالُواْ يَـٰٓأَبَانَا ٱسۡتَغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَآ إِنَّا كُنَّا خَٰطِـِٔينَ

Гуфтанд писаронаш: «Эй падар барои гуноҳони мо аз Парвардигорат омурзиш бихоҳ, ки ҳамоно мо дар ҳаққи ту ва Юсуф гунаҳкор будаем»
Surah Yusuf, Verse 97


قَالَ سَوۡفَ أَسۡتَغۡفِرُ لَكُمۡ رَبِّيٓۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ

Гуфт Яъқуб (алайҳиссалом): «Ба зудӣ аз Парвардигорам барои шумо омурзиш хоҳам хост, ҳамоно Ӯ омурзандаи гуноҳи бандагон ва бар тавбакунандагон меҳрубон аст!»
Surah Yusuf, Verse 98


فَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَىٰ يُوسُفَ ءَاوَىٰٓ إِلَيۡهِ أَبَوَيۡهِ وَقَالَ ٱدۡخُلُواْ مِصۡرَ إِن شَآءَ ٱللَّهُ ءَامِنِينَ

Чун бар назди Юсуф дохил шуданд, падару модарро ба оғӯш кашиду гуфт: «Ба Миср дароед, ки агар Аллоҳ бихоҳад (аз хушкиву қаҳтӣ), дар амон хоҳед буд!»
Surah Yusuf, Verse 99


وَرَفَعَ أَبَوَيۡهِ عَلَى ٱلۡعَرۡشِ وَخَرُّواْ لَهُۥ سُجَّدٗاۖ وَقَالَ يَـٰٓأَبَتِ هَٰذَا تَأۡوِيلُ رُءۡيَٰيَ مِن قَبۡلُ قَدۡ جَعَلَهَا رَبِّي حَقّٗاۖ وَقَدۡ أَحۡسَنَ بِيٓ إِذۡ أَخۡرَجَنِي مِنَ ٱلسِّجۡنِ وَجَآءَ بِكُم مِّنَ ٱلۡبَدۡوِ مِنۢ بَعۡدِ أَن نَّزَغَ ٱلشَّيۡطَٰنُ بَيۡنِي وَبَيۡنَ إِخۡوَتِيٓۚ إِنَّ رَبِّي لَطِيفٞ لِّمَا يَشَآءُۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡحَكِيمُ

Падару модарро бар тахт баровард ва ҳама (падару модар ва ёздаҳ бародар) дар баробари Юсуф барои ҳурмату эҳтиром ба саҷда даромаданд. Гуфт "Эй падар, ин аст таъбири он хоби ман, ки ба таҳқиқ, Парвардигорам онро рост баровард. Ва чӣ қадар ба ман некӣ кардааст, он гоҳ ки маро аз зиндон бираҳонид ва пас аз он, ки шайтон миёни ману бародаронам фасод карда буд, шуморо аз бодия ба ин ҷо овард. Парвардигори ман ба ҳар чӣ ирода кунад, санҷида, дақиқ анҷом медиҳад, ки Ӯ донову ҳаким аст
Surah Yusuf, Verse 100


۞رَبِّ قَدۡ ءَاتَيۡتَنِي مِنَ ٱلۡمُلۡكِ وَعَلَّمۡتَنِي مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِۚ فَاطِرَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ أَنتَ وَلِيِّۦ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ تَوَفَّنِي مُسۡلِمٗا وَأَلۡحِقۡنِي بِٱلصَّـٰلِحِينَ

Эй Парвардигори ман, маро подшоҳӣ додӣ ва маро илми таъбири хоб омӯхтӣ. Эй офаринандаи осмонҳову замин, Ту дар дунёву охират сарпарасти манӣ. Маро то охири ҳаётам мусалмон бимирон ва бипайванд маро бо бандагони солеҳат
Surah Yusuf, Verse 101


ذَٰلِكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡغَيۡبِ نُوحِيهِ إِلَيۡكَۖ وَمَا كُنتَ لَدَيۡهِمۡ إِذۡ أَجۡمَعُوٓاْ أَمۡرَهُمۡ وَهُمۡ يَمۡكُرُونَ

Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ваҳй мекунем. Ва он ҳангом ки бо якдигар (бародарони Юсуф) гирд омада буданд ва машварат мекарданд ва найранг месохтанд, ту назди онҳо набудӣ
Surah Yusuf, Verse 102


وَمَآ أَكۡثَرُ ٱلنَّاسِ وَلَوۡ حَرَصۡتَ بِمُؤۡمِنِينَ

Ҳарчанд ту эй Паёмбар, ба имонашон (яъне, ба имон овардани қавмат) ҳарис бошӣ, мардуми қавми ту имон намеоваранд
Surah Yusuf, Verse 103


وَمَا تَسۡـَٔلُهُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۚ إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرٞ لِّلۡعَٰلَمِينَ

Ва ту дар муқобили паёмбарият аз онҳо музде наметалабӣ ва ин Қуръон ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест
Surah Yusuf, Verse 104


وَكَأَيِّن مِّنۡ ءَايَةٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ يَمُرُّونَ عَلَيۡهَا وَهُمۡ عَنۡهَا مُعۡرِضُونَ

Чӣ бисёр нишонаҳое аст, ки далолат мекунанд ҳама ба ягонагии Аллоҳ дар осмонҳову замин, ки аз канори он мегузаранд ва аз он рӯй барметобанду ва панду ибрате намегиранд
Surah Yusuf, Verse 105


وَمَا يُؤۡمِنُ أَكۡثَرُهُم بِٱللَّهِ إِلَّا وَهُم مُّشۡرِكُونَ

Ва бештарашон ба Аллоҳ имон намеоваранд, магар ин ки онон мушриканд
Surah Yusuf, Verse 106


أَفَأَمِنُوٓاْ أَن تَأۡتِيَهُمۡ غَٰشِيَةٞ مِّنۡ عَذَابِ ٱللَّهِ أَوۡ تَأۡتِيَهُمُ ٱلسَّاعَةُ بَغۡتَةٗ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

Оё эмин ҳастанд, аз он ки азоби фарогире аз сӯи Аллоҳ ононро дарбар гирад, ё ногаҳон қиёмат ба суроғашон биёяд, дар ҳоле ки ғофил ва бехабар бошанд
Surah Yusuf, Verse 107


قُلۡ هَٰذِهِۦ سَبِيلِيٓ أَدۡعُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِۚ عَلَىٰ بَصِيرَةٍ أَنَا۠ وَمَنِ ٱتَّبَعَنِيۖ وَسُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ وَمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

Бигӯ эй Паёмбар: «Ин роҳи ман аст. Ману пайравонам ҳамагонро бо далелу ҳуҷҷат ба сӯи Аллоҳи ягона даъват мекунем. Пок аст Аллоҳ ва ман ҳаргиз аз мушрикон нестам!»
Surah Yusuf, Verse 108


وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ إِلَّا رِجَالٗا نُّوحِيٓ إِلَيۡهِم مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡقُرَىٰٓۗ أَفَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۗ وَلَدَارُ ٱلۡأٓخِرَةِ خَيۡرٞ لِّلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ

Ва Мо пеш аз ту эй Паёмбар, ба паёмбарӣ нафиристодем, магар мардонеро аз мардуми шаҳрҳо ва ободиҳо, ки ба онҳо ваҳй мекардем. Оё дар рӯи замин намегарданд, то бингаранд, ки поёни кори пешиниёнашон онон, ки беимон буданд, чӣ будааст? Ва ҳамоно саройи охират парҳезгоронро беҳтар аст, чаро намеандешед
Surah Yusuf, Verse 109


حَتَّىٰٓ إِذَا ٱسۡتَيۡـَٔسَ ٱلرُّسُلُ وَظَنُّوٓاْ أَنَّهُمۡ قَدۡ كُذِبُواْ جَآءَهُمۡ نَصۡرُنَا فَنُجِّيَ مَن نَّشَآءُۖ وَلَا يُرَدُّ بَأۡسُنَا عَنِ ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ

Мӯҳлат додем аз ҳалокату омадани азоб, то замоне, ки ноумед шуданд паёмбарон аз имон овардани он уммату қавми худ ва гумон карданд қавмҳояшон, ки онҳо ба дурӯғ ваъда карда шудаанд, ногоҳ ёриву нусрати Мо ба паёмбарон расид. Ва ҳар киро, ки хостем, аз паёмбарон ва пайравонашон наҷот додем ва азоби Мо аз мардуми гунаҳкор бозгардонида нашавад
Surah Yusuf, Verse 110


لَقَدۡ كَانَ فِي قَصَصِهِمۡ عِبۡرَةٞ لِّأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِۗ مَا كَانَ حَدِيثٗا يُفۡتَرَىٰ وَلَٰكِن تَصۡدِيقَ ٱلَّذِي بَيۡنَ يَدَيۡهِ وَتَفۡصِيلَ كُلِّ شَيۡءٖ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٗ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ

Ҳамоно хирадмандонро дар қиссаҳои паёмбарон панду ибратест. Ин Қуръон сухани сохта нест, балки тасдиқи сухани китобҳои пешиниён ва баёнкунандаи ҳар чизест ва барои онҳо, ки имон овардаанд, раҳнамо ва раҳмат аст
Surah Yusuf, Verse 111


Author: Khoja Mirov


<< Surah 11
>> Surah 13

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai