Surah Hud - Tajik Translation by Khoja Mirov
الٓرۚ كِتَٰبٌ أُحۡكِمَتۡ ءَايَٰتُهُۥ ثُمَّ فُصِّلَتۡ مِن لَّدُنۡ حَكِيمٍ خَبِيرٍ
Адиф, Лом, Ро. ин Қуръон китобест, аз ҷониби Аллоҳ, нозил шудааст бар бандааш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки оятҳояш устувор аз ҳар гуна нақсу камбудиҳо, сипас возеҳу равшан карда шудааст бо амру наҳй ва баён карда шудааст бо ҳалолу ҳаром ва савобу азоб; аз ҷониби Аллоҳи ҳакиме, ки корҳояш аз рӯи кордонӣ аст ва аз оқибати онҳо огоҳ аст
Surah Hud, Verse 1
أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّا ٱللَّهَۚ إِنَّنِي لَكُم مِّنۡهُ نَذِيرٞ وَبَشِيرٞ
Эй Паёмбар, ба мардум бигӯ, ки ҷуз Аллоҳи якторо напарастед, ман аз ҷониби Ӯ аз азобаш шумоёнро бимдиҳанда ва ба савобаш муждиҳанда ҳастам
Surah Hud, Verse 2
وَأَنِ ٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ ثُمَّ تُوبُوٓاْ إِلَيۡهِ يُمَتِّعۡكُم مَّتَٰعًا حَسَنًا إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى وَيُؤۡتِ كُلَّ ذِي فَضۡلٖ فَضۡلَهُۥۖ وَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٖ كَبِيرٍ
Ва низ аз Парвардигоратон бархурдор гардонад. Ва дар охират баробари адлу доди хеш ҳар шоистаи неъматро неъмат диҳад. Ва агар аз имон ба Аллоҳ ва тоъату ибодати Ӯ рӯй гардонед, бар шумо аз азоби рӯзи бузург, ки рӯзи қиёмат аст, бимнокам
Surah Hud, Verse 3
إِلَى ٱللَّهِ مَرۡجِعُكُمۡۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ
Бозгаштатон ба сӯи Аллоҳ аст ва Ӯ ба ҳар коре қодир аст
Surah Hud, Verse 4
أَلَآ إِنَّهُمۡ يَثۡنُونَ صُدُورَهُمۡ لِيَسۡتَخۡفُواْ مِنۡهُۚ أَلَا حِينَ يَسۡتَغۡشُونَ ثِيَابَهُمۡ يَعۡلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعۡلِنُونَۚ إِنَّهُۥ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
Огоҳ бош, ки инҳо мушрикон дар замири худ куфрро пинҳон медоранд. Гумон мекунанд, ки он чӣ дар замири худ нигоҳ медоранд бар Аллоҳ пӯшида мемонад. Оё намедонанд, ҳангоме ки аз рӯи ҷаҳолаташон ҷомаҳои худ дар сар мекашанд, Аллоҳ медонад он чиро пинҳон медоранд ва он чиро ошкор мекунанд. Пинҳон ва ошкорашон назди Аллоҳ баробар аст. Чаро ки Ӯ донои рози дилҳост
Surah Hud, Verse 5
۞وَمَا مِن دَآبَّةٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِ رِزۡقُهَا وَيَعۡلَمُ مُسۡتَقَرَّهَا وَمُسۡتَوۡدَعَهَاۚ كُلّٞ فِي كِتَٰبٖ مُّبِينٖ
Ҳеҷ ҷунбандае дар рӯи замин нест, ҷуз он ки рӯзии ӯ бар ӯҳдаи Аллоҳ аст ва ҷои қарори зист ва дафнашро медонад, зеро ҳама дар Китоби мубин (Лавҳи Маҳфуз) омадааст
Surah Hud, Verse 6
وَهُوَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ وَكَانَ عَرۡشُهُۥ عَلَى ٱلۡمَآءِ لِيَبۡلُوَكُمۡ أَيُّكُمۡ أَحۡسَنُ عَمَلٗاۗ وَلَئِن قُلۡتَ إِنَّكُم مَّبۡعُوثُونَ مِنۢ بَعۡدِ ٱلۡمَوۡتِ لَيَقُولَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّبِينٞ
Ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид ва пеш аз ин Арши Ӯ бар рӯи об буд. То биёзмояд, кадоме аз шумо амалҳои некӯтарро анҷом медиҳад. Ва агар бигӯӣ, -эй Расул, - барои мушрикон, ки баъд аз марг зинда мешавед, албатта, ба дурӯғ баровардани ту мешитобанд ва мегӯянд, ки ин Қуръон ҷуз ҷодуи ошкор нест
Surah Hud, Verse 7
وَلَئِنۡ أَخَّرۡنَا عَنۡهُمُ ٱلۡعَذَابَ إِلَىٰٓ أُمَّةٖ مَّعۡدُودَةٖ لَّيَقُولُنَّ مَا يَحۡبِسُهُۥٓۗ أَلَا يَوۡمَ يَأۡتِيهِمۡ لَيۡسَ مَصۡرُوفًا عَنۡهُمۡ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ
Ва агар муддати муайяне аз мушрикон азобашонро боздорем, масхаракунон мепурсанд: «чӣ чиз монеъи он шудааст?» Огоҳ бошед, чун азобашон фаро расад, онро бознагардонанд ва он чиро масхара мекарданд, ононро он азоб аз ҳар тараф дар бар хоҳад гирифт
Surah Hud, Verse 8
وَلَئِنۡ أَذَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِنَّا رَحۡمَةٗ ثُمَّ نَزَعۡنَٰهَا مِنۡهُ إِنَّهُۥ لَيَـُٔوسٞ كَفُورٞ
Агар инсонро раҳмате бичашонем, (аз саломатӣ ва эминӣ) сипас онро аз ӯ баргирем, бисёр ноумед мешавад ва ношукрӣ мекунад
Surah Hud, Verse 9
وَلَئِنۡ أَذَقۡنَٰهُ نَعۡمَآءَ بَعۡدَ ضَرَّآءَ مَسَّتۡهُ لَيَقُولَنَّ ذَهَبَ ٱلسَّيِّـَٔاتُ عَنِّيٓۚ إِنَّهُۥ لَفَرِحٞ فَخُورٌ
Ва агар пас аз сахтиву ранҷ неъмату осоише ба ӯ бичашонем, мегӯяд: «Сахтиҳо аз ман дур шудааст». Ва дар ин ҳол шодмон аст ва худситойӣ мекунад
Surah Hud, Verse 10
إِلَّا ٱلَّذِينَ صَبَرُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ أُوْلَـٰٓئِكَ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَأَجۡرٞ كَبِيرٞ
магар касоне, ки сабр варзиданд бар машаққатҳо ва барои шукри неъматҳояш корҳои некӯ карданд, омурзиш ва музди бузург аз они онҳост
Surah Hud, Verse 11
فَلَعَلَّكَ تَارِكُۢ بَعۡضَ مَا يُوحَىٰٓ إِلَيۡكَ وَضَآئِقُۢ بِهِۦ صَدۡرُكَ أَن يَقُولُواْ لَوۡلَآ أُنزِلَ عَلَيۡهِ كَنزٌ أَوۡ جَآءَ مَعَهُۥ مَلَكٌۚ إِنَّمَآ أَنتَ نَذِيرٞۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ وَكِيلٌ
Мабодо, баъзе аз чизҳоеро, ки ба ту эй Расул, ваҳй кардаем, тарк кунӣ ва ба он дилтанг бошӣ, ки мегӯянд: Чаро ганҷе (моли бисёре) бар ӯ фурӯ фиристода намешавад? Ва чаро фариштае ҳамроҳи ӯ намеояд? Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае беш нестӣ ва Аллоҳ аст, ки корсози ҳар чизест
Surah Hud, Verse 12
أَمۡ يَقُولُونَ ٱفۡتَرَىٰهُۖ قُلۡ فَأۡتُواْ بِعَشۡرِ سُوَرٖ مِّثۡلِهِۦ مُفۡتَرَيَٰتٖ وَٱدۡعُواْ مَنِ ٱسۡتَطَعۡتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
Ё он ки мегӯянд (ин мушрикони аҳли Макка, ки Муҳаммад) аз худ бармебофад ва ба дурӯғ ба Аллоҳ нисбаташ мекунад. Бигӯ барояшон: Агар рост мегӯед, ҷуз Аллоҳ ҳар киро, ки тавонед, ба ёрӣ биталабед ва даҳ сура монанди он ба ҳам барбофта биёваред
Surah Hud, Verse 13
فَإِلَّمۡ يَسۡتَجِيبُواْ لَكُمۡ فَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَآ أُنزِلَ بِعِلۡمِ ٱللَّهِ وَأَن لَّآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ فَهَلۡ أَنتُم مُّسۡلِمُونَ
Бигӯ эй Муҳаммад, барои инҳо мушрикон, пас агар шуморо иҷобат накарданд, (ба овардани даҳ сура монанди он ба ҳам барбофта) бидонед, ки Қуръон ба илми Аллоҳ нозил шуда ва низ ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пас, оё шумо мусалмон (фармонбардори Аллоҳ) ҳастед
Surah Hud, Verse 14
مَن كَانَ يُرِيدُ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا وَزِينَتَهَا نُوَفِّ إِلَيۡهِمۡ أَعۡمَٰلَهُمۡ فِيهَا وَهُمۡ فِيهَا لَا يُبۡخَسُونَ
Онон, ки (дар мақсадашон танҳо) зиндагиву зиннати ин дунёро бихоҳанд, пас ҳамаи музди кирдорашонро дар ин ҷаҳон пурра медиҳем ва дар он нуқсоне намебинанд
Surah Hud, Verse 15
أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ لَيۡسَ لَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ إِلَّا ٱلنَّارُۖ وَحَبِطَ مَا صَنَعُواْ فِيهَا وَبَٰطِلٞ مَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
Инҳо касоне ҳастанд, ки дар охират ҷуз оташ насибе надоранд ва ҳар чӣ дар дунё кардаанд, бекор карда шавад ва ҳар чӣ ба ҷой овардаанд, дурӯғ аст
Surah Hud, Verse 16
أَفَمَن كَانَ عَلَىٰ بَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّهِۦ وَيَتۡلُوهُ شَاهِدٞ مِّنۡهُ وَمِن قَبۡلِهِۦ كِتَٰبُ مُوسَىٰٓ إِمَامٗا وَرَحۡمَةًۚ أُوْلَـٰٓئِكَ يُؤۡمِنُونَ بِهِۦۚ وَمَن يَكۡفُرۡ بِهِۦ مِنَ ٱلۡأَحۡزَابِ فَٱلنَّارُ مَوۡعِدُهُۥۚ فَلَا تَكُ فِي مِرۡيَةٖ مِّنۡهُۚ إِنَّهُ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يُؤۡمِنُونَ
Оё он кас, ки аз ҷониби Парвардигори хеш далели равшане дорад ва дунболи вай гувоҳе аз ҷониби Парвардигори ӯ меояд (ва он Ҷабраил ё Муҳаммад алайҳимуссалом аст) ва пеш аз Қуръон ҳам китоби Мӯсо, ки худ пешвову раҳмате будааст, ба он гувоҳӣ додааст ва бо он кас, ки далеле надорад, баробар аст? Онҳо ба он китоби Қуръон имон меоваранд. Ва ҳар кӣ аз гурӯҳҳо ба Қуръон кофир шавад, ҷойгоҳаш дар оташ аст. Дар фуруд омадани Қуръон шак макун, эй Расул, ки ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорат омадааст. Вале бешари мардум имон намеоваранд ва ба он чӣ фармуда шудааст, амал намекунанд! (Ва ин роҳнамуди ом барои уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст)
Surah Hud, Verse 17
وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًاۚ أُوْلَـٰٓئِكَ يُعۡرَضُونَ عَلَىٰ رَبِّهِمۡ وَيَقُولُ ٱلۡأَشۡهَٰدُ هَـٰٓؤُلَآءِ ٱلَّذِينَ كَذَبُواْ عَلَىٰ رَبِّهِمۡۚ أَلَا لَعۡنَةُ ٱللَّهِ عَلَى ٱلظَّـٰلِمِينَ
Чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебандад? Онҳо ба пеши Парвардигорашон рӯзи қиёмат оварда мешаванд, пас аз амалҳояшон мепурсад ва шоҳидон гувоҳӣ хоҳанд дод, ки инҳо касоне ҳастанд, ки бар Парвардигорашон дурӯғ мебастаанд. (Аллоҳ мефармояд:) Лаънати Аллоҳ бар ситамкорон бод
Surah Hud, Verse 18
ٱلَّذِينَ يَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَيَبۡغُونَهَا عِوَجٗا وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ كَٰفِرُونَ
Он ситамкороне, ки мардумро аз роҳи Аллоҳ бозмедоранд ва онро каҷ ва нодуруст нишон медиҳанд ва онон кофиронанд, ба охират имон надоранд
Surah Hud, Verse 19
أُوْلَـٰٓئِكَ لَمۡ يَكُونُواْ مُعۡجِزِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا كَانَ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِنۡ أَوۡلِيَآءَۘ يُضَٰعَفُ لَهُمُ ٱلۡعَذَابُۚ مَا كَانُواْ يَسۡتَطِيعُونَ ٱلسَّمۡعَ وَمَا كَانُواْ يُبۡصِرُونَ
инҳо мушрикон наметавонанд дар рӯи замин Аллоҳро нотавон ва дармонда созанд ва ҷуз Ӯ ҳеҷ сарпарасте надоранд, азобашон дучандон мешавад. Онҳо на тавоноии шунидани ҳақро доранд, ки ба он баҳравар шаванд ва на тавоноии дидани далелҳои Аллоҳро доранд, ки ба он роҳ ёбанд
Surah Hud, Verse 20
أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ
Онҳо ба хештан зиён расониданд ва он чиро, ки бар он дурӯғ мебофтанд, аз даст додаанд
Surah Hud, Verse 21
لَا جَرَمَ أَنَّهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ هُمُ ٱلۡأَخۡسَرُونَ
Ҳатман онон дар охират зиёнкортаринанд, зеро онҳо манзалаҳои ахли ҷаннатро фурӯхтанд ва бар ивази он манзалаҳои дӯзахро хариданд
Surah Hud, Verse 22
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ وَأَخۡبَتُوٓاْ إِلَىٰ رَبِّهِمۡ أُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ
Касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва дар баробари Парвардигорашон сар хам намудаанд, ахли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд
Surah Hud, Verse 23
۞مَثَلُ ٱلۡفَرِيقَيۡنِ كَٱلۡأَعۡمَىٰ وَٱلۡأَصَمِّ وَٱلۡبَصِيرِ وَٱلسَّمِيعِۚ هَلۡ يَسۡتَوِيَانِ مَثَلًاۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
Мисоли ин ду гурӯҳ (мӯъминон ва кофирон) мисоли кӯру кар ва бинову шунавост. Гурӯҳи кофирон ҳақро намебинанд, ки онро пайравӣ намоянд ва намешунаванд, ки роҳ ёбанд, аммо гурӯҳи мӯъминон ҳуҷҷатҳои Аллоҳро мебинанд ва даъваташро қабул мекунанд. Оё мисоли ин ду гурӯҳ бо ҳам баробаранд? Чаро панд намегиред
Surah Hud, Verse 24
وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦٓ إِنِّي لَكُمۡ نَذِيرٞ مُّبِينٌ
Ва Нӯҳро бар мардумаш ба паёмбарӣ фиристодем. Гуфт: Ман барои шумо бимдиҳандаи ошкорам
Surah Hud, Verse 25
أَن لَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّا ٱللَّهَۖ إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٍ أَلِيمٖ
ки ҷуз Аллоҳи барҳақро напарастед! Зеро аз азоби сахти рӯзи қиёмат бар шумо метарсам, агар шумо Ӯро ба ягонагиаш парастиш накунед
Surah Hud, Verse 26
فَقَالَ ٱلۡمَلَأُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَوۡمِهِۦ مَا نَرَىٰكَ إِلَّا بَشَرٗا مِّثۡلَنَا وَمَا نَرَىٰكَ ٱتَّبَعَكَ إِلَّا ٱلَّذِينَ هُمۡ أَرَاذِلُنَا بَادِيَ ٱلرَّأۡيِ وَمَا نَرَىٰ لَكُمۡ عَلَيۡنَا مِن فَضۡلِۭ بَلۡ نَظُنُّكُمۡ كَٰذِبِينَ
Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: Мо туро ҷуз инсоне монанди хеш намебинем. Ва намебинем, ки ҷуз бечораҳолони мо (фақиру, бемақом) аз ту пайравӣ кунанд. Ва намебинем, ки шуморо бар мо фазилате бошад дар ризқу рӯзӣ ва мол, балки эътиқод дорем, ки дурӯғ мегӯед
Surah Hud, Verse 27
قَالَ يَٰقَوۡمِ أَرَءَيۡتُمۡ إِن كُنتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّي وَءَاتَىٰنِي رَحۡمَةٗ مِّنۡ عِندِهِۦ فَعُمِّيَتۡ عَلَيۡكُمۡ أَنُلۡزِمُكُمُوهَا وَأَنتُمۡ لَهَا كَٰرِهُونَ
Нӯҳ гуфт: Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар аз сӯи Парвардигорам далели равшан дошта бошам, ин ки ман барҳақ ҳастам ва Ӯ ба ман раҳмати хеш (яъне, нубувват ва рисолат) арзонӣ карда бошад. Пас, ҳақиқати он, ба сабаби нодонӣ ва фирефташуданатон дар дунё бар шумо пинҳон монда бошад, оё дар ҳоле, ки худ намехоҳед, шуморо ба зӯрӣ ба даромадани ислом маҷбур созем? Лекин шуморо ба Аллоҳ месупорем, то Ӯ ҳукм намояд дар амри шумо он чи ки мебинад ва мехоҳад
Surah Hud, Verse 28
وَيَٰقَوۡمِ لَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مَالًاۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِۚ وَمَآ أَنَا۠ بِطَارِدِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْۚ إِنَّهُم مُّلَٰقُواْ رَبِّهِمۡ وَلَٰكِنِّيٓ أَرَىٰكُمۡ قَوۡمٗا تَجۡهَلُونَ
Ва эй қавми ман, дар баробари таблиғи рисолати хеш моле аз шумо наметалабам ва гумон мабаред, ки ман аз кори худ умеди моли дунё дорам. Музди ман танҳо ба Аллоҳ аст. Онҳоеро, ки имон ба ягонагии Аллоҳ овардаанд, аз худ намеронам, онон бо Парвардигори хеш рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Вале мебинам, ки шумо эй қавм, мардуми нодон ҳастед, ки маро мефармоед дӯстони Аллоҳро аз худам биронам
Surah Hud, Verse 29
وَيَٰقَوۡمِ مَن يَنصُرُنِي مِنَ ٱللَّهِ إِن طَرَدتُّهُمۡۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
Ва эй қавми ман, агар мӯъминонро аз худ биронам, чӣ касе дар баробари азоби сахти Аллоҳ маро ёрӣ хоҳад кард? Оё ҳақиқатро дарнамеёбед
Surah Hud, Verse 30
وَلَآ أَقُولُ لَكُمۡ عِندِي خَزَآئِنُ ٱللَّهِ وَلَآ أَعۡلَمُ ٱلۡغَيۡبَ وَلَآ أَقُولُ إِنِّي مَلَكٞ وَلَآ أَقُولُ لِلَّذِينَ تَزۡدَرِيٓ أَعۡيُنُكُمۡ لَن يُؤۡتِيَهُمُ ٱللَّهُ خَيۡرًاۖ ٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا فِيٓ أَنفُسِهِمۡ إِنِّيٓ إِذٗا لَّمِنَ ٱلظَّـٰلِمِينَ
Ба шумо намегӯям, хазинаҳои Аллоҳ дар назди ман аст. Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фаришта ҳастам. Ва намегӯям, ки Аллоҳ ба онон, ки дар назари шумо хору ҳақир метобанд, хайри худро ато накунад. Аллоҳ ба он чӣ дар дилҳои онҳост, огоҳтар аст. Агар чунин кунам, аз ситамкорон хоҳам буд
Surah Hud, Verse 31
قَالُواْ يَٰنُوحُ قَدۡ جَٰدَلۡتَنَا فَأَكۡثَرۡتَ جِدَٰلَنَا فَأۡتِنَا بِمَا تَعِدُنَآ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّـٰدِقِينَ
Гуфтанд: «Эй Нӯҳ, бо мо ҷидол (баҳс, ситеза) кардӣ ва бисёр ҳам ҷидол кардӣ. Агар ту дар даъвои худ рост мегӯӣ, ҳар ваъдае аз азоб, ки ба мо додаӣ, биёвар!»
Surah Hud, Verse 32
قَالَ إِنَّمَا يَأۡتِيكُم بِهِ ٱللَّهُ إِن شَآءَ وَمَآ أَنتُم بِمُعۡجِزِينَ
Нӯҳ барои қавмаш гуфт: Аллоҳ аст, ки агар бихоҳад, он ваъдаро меорад ва шумо оҷизкунандаи Аллоҳ нестед
Surah Hud, Verse 33
وَلَا يَنفَعُكُمۡ نُصۡحِيٓ إِنۡ أَرَدتُّ أَنۡ أَنصَحَ لَكُمۡ إِن كَانَ ٱللَّهُ يُرِيدُ أَن يُغۡوِيَكُمۡۚ هُوَ رَبُّكُمۡ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ
Ва агар Аллоҳ хоста бошад, ки гумроҳатон созад, агар ман бихоҳам шуморо панд диҳам, пандам суд нахоҳад кард. Ӯст Парвардигори шумо ва ҳама ба сӯи Ӯ дар охират барои ҳисобу ҷазо бозгардонида мешавед
Surah Hud, Verse 34
أَمۡ يَقُولُونَ ٱفۡتَرَىٰهُۖ قُلۡ إِنِ ٱفۡتَرَيۡتُهُۥ فَعَلَيَّ إِجۡرَامِي وَأَنَا۠ بَرِيٓءٞ مِّمَّا تُجۡرِمُونَ
Ё мушрикони қавми Нӯҳ мегӯянд, ки ин суханро ба Аллоҳ дурӯғ бастааст. Бигӯ барояшон: Агар онро ба Аллоҳ дурӯғ баста бошам, гуноҳаш бар ман аст ва ман аз гуноҳе, ки мекунед, пок ҳастам ва ба сабаби гуноҳи шумо ба азоб гирифта нашавам
Surah Hud, Verse 35
وَأُوحِيَ إِلَىٰ نُوحٍ أَنَّهُۥ لَن يُؤۡمِنَ مِن قَوۡمِكَ إِلَّا مَن قَدۡ ءَامَنَ فَلَا تَبۡتَئِسۡ بِمَا كَانُواْ يَفۡعَلُونَ
Ва ба Нӯҳ ваҳй расид, ки аз қавми ту ҷуз он гурӯҳ, ки имон овардаанд, дигар имон нахоҳанд овард. Аз кирдори онон андӯҳгин мабош, ки Ман онҳоро ҳалоккунандаам ва туро аз онҳо наҷотдиҳандаам
Surah Hud, Verse 36
وَٱصۡنَعِ ٱلۡفُلۡكَ بِأَعۡيُنِنَا وَوَحۡيِنَا وَلَا تُخَٰطِبۡنِي فِي ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ إِنَّهُم مُّغۡرَقُونَ
Киштиро зери назар ва таълиму тавҷеҳи Мо бисоз ва дар бораи он ситамкорон бо ман сухан магӯй, ҳамоно, онҳо ғарқшавандагонанд
Surah Hud, Verse 37
وَيَصۡنَعُ ٱلۡفُلۡكَ وَكُلَّمَا مَرَّ عَلَيۡهِ مَلَأٞ مِّن قَوۡمِهِۦ سَخِرُواْ مِنۡهُۚ قَالَ إِن تَسۡخَرُواْ مِنَّا فَإِنَّا نَسۡخَرُ مِنكُمۡ كَمَا تَسۡخَرُونَ
Нӯҳ киштӣ месохт ва ҳар бор, ки бузургони қавмаш бар ӯ мегузаштанд, масхарааш мекарданд. Мегуфт: Агар шумо моро дар дунё масхара мекунед, ба зудӣ мо ҳам монанди шумо дар охират масхараатон хоҳем кард
Surah Hud, Verse 38
فَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ مَن يَأۡتِيهِ عَذَابٞ يُخۡزِيهِ وَيَحِلُّ عَلَيۡهِ عَذَابٞ مُّقِيمٌ
Ба зудӣ хоҳед донист, ки дар дунё бар сари чӣ касе азобе меояд, ки хораш созад ва азоби ҳамешагӣ дар охират бар вай фуруд ояд
Surah Hud, Verse 39
حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَمۡرُنَا وَفَارَ ٱلتَّنُّورُ قُلۡنَا ٱحۡمِلۡ فِيهَا مِن كُلّٖ زَوۡجَيۡنِ ٱثۡنَيۡنِ وَأَهۡلَكَ إِلَّا مَن سَبَقَ عَلَيۡهِ ٱلۡقَوۡلُ وَمَنۡ ءَامَنَۚ وَمَآ ءَامَنَ مَعَهُۥٓ إِلَّا قَلِيلٞ
Чун фармони Мо ба ҳалоки онҳо даррасид ва танӯр ҷӯшид, гуфтем: Аз ҳар ҷинсе ду тан (нару мода) ва низ хонадони худро дар киштӣ савор кун, ғайри он касе, ки фармони ҳалоки онҳо пеш содир шудааст ва низ ҳамроҳ гир онҳоеро, ки бар ту имон овардаанд. ва ҷуз андаке ба ӯ имон наёварда буданд
Surah Hud, Verse 40
۞وَقَالَ ٱرۡكَبُواْ فِيهَا بِسۡمِ ٱللَّهِ مَجۡرٜىٰهَا وَمُرۡسَىٰهَآۚ إِنَّ رَبِّي لَغَفُورٞ رَّحِيمٞ
Ва Нӯҳ барои касоне, ки аз аҳли имон бо ҳамроҳии ӯ буданд, гуфт: Бар он киштӣ савор шавед, ки равон шуданаш ва истоданаш ба номи Аллоҳ аст. Зеро Парвардигори ман омурзандааст тавбакунандагонро ва меҳрубон аст ба бандагонаш
Surah Hud, Verse 41
وَهِيَ تَجۡرِي بِهِمۡ فِي مَوۡجٖ كَٱلۡجِبَالِ وَنَادَىٰ نُوحٌ ٱبۡنَهُۥ وَكَانَ فِي مَعۡزِلٖ يَٰبُنَيَّ ٱرۡكَب مَّعَنَا وَلَا تَكُن مَّعَ ٱلۡكَٰفِرِينَ
Ва киштӣ ононро дар миёни мавҷҳое, ки баланд мешуд, чун кӯҳ мебурд. Ва Нӯҳ писарашро, ки дар гӯшае истода буд, нидо дод: Эй писаракам, бо мо савор шав ва бо кофирон мабош, ки ғарқ хоҳӣ шуд
Surah Hud, Verse 42
قَالَ سَـَٔاوِيٓ إِلَىٰ جَبَلٖ يَعۡصِمُنِي مِنَ ٱلۡمَآءِۚ قَالَ لَا عَاصِمَ ٱلۡيَوۡمَ مِنۡ أَمۡرِ ٱللَّهِ إِلَّا مَن رَّحِمَۚ وَحَالَ بَيۡنَهُمَا ٱلۡمَوۡجُ فَكَانَ مِنَ ٱلۡمُغۡرَقِينَ
(Писари Нӯҳ) гуфт: ман ба кӯҳе, паноҳ хоҳам бурд, ки маро аз об нигоҳ дорад. (Нӯҳ) гуфт: Имрӯз ҳеҷ нигаҳдорандае аз азоби Аллоҳ нест, магар касеро, ки Аллоҳ бар ӯ раҳм оварад. Ногаҳон мавҷи баланде миёни он дуро фаро гирифт ва ӯ аз ғарқшудагон гардид
Surah Hud, Verse 43
وَقِيلَ يَـٰٓأَرۡضُ ٱبۡلَعِي مَآءَكِ وَيَٰسَمَآءُ أَقۡلِعِي وَغِيضَ ٱلۡمَآءُ وَقُضِيَ ٱلۡأَمۡرُ وَٱسۡتَوَتۡ عَلَى ٱلۡجُودِيِّۖ وَقِيلَ بُعۡدٗا لِّلۡقَوۡمِ ٱلظَّـٰلِمِينَ
Ва гуфта шуд: Эй замин, оби худ фурӯ бар ва эй осмон, аз боридан бозист. Об фурӯ шуд ва кор ба поён омад ва киштӣ бар кӯҳи Чудий қарор гирифт ва нидо омад аз ҷониби Аллоҳ, ки ҳалокат бод бар мардуми ситамкор
Surah Hud, Verse 44
وَنَادَىٰ نُوحٞ رَّبَّهُۥ فَقَالَ رَبِّ إِنَّ ٱبۡنِي مِنۡ أَهۡلِي وَإِنَّ وَعۡدَكَ ٱلۡحَقُّ وَأَنتَ أَحۡكَمُ ٱلۡحَٰكِمِينَ
Ва Нӯҳ Парвардигорашро нидо дод: Эй Парвардигори ман, писарам аз хонадони ман буд ва ваъдаи Ту ҳақ аст ва нерӯмандтарини хукмкунандагон Ту ҳастӣ
Surah Hud, Verse 45
قَالَ يَٰنُوحُ إِنَّهُۥ لَيۡسَ مِنۡ أَهۡلِكَۖ إِنَّهُۥ عَمَلٌ غَيۡرُ صَٰلِحٖۖ فَلَا تَسۡـَٔلۡنِ مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٌۖ إِنِّيٓ أَعِظُكَ أَن تَكُونَ مِنَ ٱلۡجَٰهِلِينَ
Аллоҳ гуфт: Эй Нӯҳ, ҳароина, ӯ аз хонадони ту нест (яъне, ӯ аз ҷумлаи касоне нест, ки онҳоро наҷот медиҳем), албатта, пурсидани ту наҷоти писаратро амали солеҳ нест, зеро писараш кофир буд. Пас ту Маро аз чизе суол макун, ки туро дониши он нест! Ба дурустӣ ки панд медиҳам туро, ки аз мардуми нодон набошӣ. (Яъне ту худ бар ҳалоки кофирон дуо мекардӣ, баъд аз он наҷоти кофиронро суол мекунӣ)
Surah Hud, Verse 46
قَالَ رَبِّ إِنِّيٓ أَعُوذُ بِكَ أَنۡ أَسۡـَٔلَكَ مَا لَيۡسَ لِي بِهِۦ عِلۡمٞۖ وَإِلَّا تَغۡفِرۡ لِي وَتَرۡحَمۡنِيٓ أَكُن مِّنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ
Нӯҳ гуфт: Эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам ба Ту, аз он ки аз Ту он чиро бипурсам, ки маро дониши он нест! Ва агар маро наёмурзӣ ва ба ман раҳм нанамоӣ, аз зиёнкардагон хоҳам буд
Surah Hud, Verse 47
قِيلَ يَٰنُوحُ ٱهۡبِطۡ بِسَلَٰمٖ مِّنَّا وَبَرَكَٰتٍ عَلَيۡكَ وَعَلَىٰٓ أُمَمٖ مِّمَّن مَّعَكَۚ وَأُمَمٞ سَنُمَتِّعُهُمۡ ثُمَّ يَمَسُّهُم مِّنَّا عَذَابٌ أَلِيمٞ
Гуфта шуд: Эй Нӯҳ, ҳароина, ба саломат ва баракоте, ки бар туву онҳо, ки ҳамроҳи туанд, арзонӣ доштаем, фуруд ой аз киштӣ. Ва умматҳое ҳастанд аз зурриёти ҳамроҳони ту, ки онҳоро аз неъматҳои дунё бархурдор месозем, он гоҳ мерасад онҳоро азоби дардовари Мо дар охират
Surah Hud, Verse 48
تِلۡكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡغَيۡبِ نُوحِيهَآ إِلَيۡكَۖ مَا كُنتَ تَعۡلَمُهَآ أَنتَ وَلَا قَوۡمُكَ مِن قَبۡلِ هَٰذَاۖ فَٱصۡبِرۡۖ إِنَّ ٱلۡعَٰقِبَةَ لِلۡمُتَّقِينَ
Аллоҳ барои Расулаш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯяд: Инҳо аз хабарҳои ғайб ҳастанд, ки бар ту ваҳй мекунем. Пеш аз ин на ту ва на қавмат онҳоро намедонистед. Пас сабр кун, бар дурӯғ баровардани қавмат туро ва азият доданашон туро, ба дурустӣ ки Мо туро нусрат хоҳем дод, зеро оқибати нек аз они парҳезгорон аст
Surah Hud, Verse 49
وَإِلَىٰ عَادٍ أَخَاهُمۡ هُودٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۖ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا مُفۡتَرُونَ
Ва бар қавми Од бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт барояшон: Эй қавми ман, Аллоҳи барҳақро бипарастед, шуморо ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Ӯ нест, пас холис Ӯро ибодат кунед ва нестед шумо дар ибодати бутон магар дурӯғсозоне
Surah Hud, Verse 50
يَٰقَوۡمِ لَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ أَجۡرًاۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَى ٱلَّذِي فَطَرَنِيٓۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
Эй қавми ман, он чи ки ман шуморо ба он даъват менамоям аз холис ибодат кардан барои Аллоҳ ва тарк кардани ибодати бутпарастӣ, аз шумо музде наметалабам. Музди ман танҳо бо он касест, ки маро офаридааст. Чаро аз рӯи хирад намеандешед
Surah Hud, Verse 51
وَيَٰقَوۡمِ ٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ ثُمَّ تُوبُوٓاْ إِلَيۡهِ يُرۡسِلِ ٱلسَّمَآءَ عَلَيۡكُم مِّدۡرَارٗا وَيَزِدۡكُمۡ قُوَّةً إِلَىٰ قُوَّتِكُمۡ وَلَا تَتَوَلَّوۡاْ مُجۡرِمِينَ
Ва эй қавми ман, аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, он гоҳ ба сӯи Ӯ бо тавба бозгардед, то боронро пай дар пай бар шумо фурӯ резад ва бар нерӯятон бияфзояд! Ва чун гунаҳкорон аз даъвати ман рӯй барматобед
Surah Hud, Verse 52
قَالُواْ يَٰهُودُ مَا جِئۡتَنَا بِبَيِّنَةٖ وَمَا نَحۡنُ بِتَارِكِيٓ ءَالِهَتِنَا عَن قَوۡلِكَ وَمَا نَحۡنُ لَكَ بِمُؤۡمِنِينَ
Гуфтанд: Эй Ҳуд, ту барои мо далели равшане наёвардаӣ ва мо ба гуфтори ту ибодати маъбудони хешро тарк намекунем ва ба ту имон намеоварем
Surah Hud, Verse 53
إِن نَّقُولُ إِلَّا ٱعۡتَرَىٰكَ بَعۡضُ ءَالِهَتِنَا بِسُوٓءٖۗ قَالَ إِنِّيٓ أُشۡهِدُ ٱللَّهَ وَٱشۡهَدُوٓاْ أَنِّي بَرِيٓءٞ مِّمَّا تُشۡرِكُونَ
Ҷуз ин нагӯем, ки баъзе аз маъбудони мо ба ту озоре расондаанд. Гуфт Ҳуд барояшон: «Аллоҳро гувоҳ мегирам ва шумо низ гувоҳ бошед, ки ман аз он чи ки шумо ғайри Аллоҳ мепарастед, безорам
Surah Hud, Verse 54
مِن دُونِهِۦۖ فَكِيدُونِي جَمِيعٗا ثُمَّ لَا تُنظِرُونِ
Ҳамагӣ (шумо ҳамроҳи бутҳоятон), бо ҳилагарӣ бар зидди ман бархезед ва маро мӯҳлат мадиҳед. (Ҳуд инро ба он хотир гуфт, ки боварии комил дошт, ки на онҳо ва на бутонашон барои ӯ чизе зарар оварда наметавонанд)
Surah Hud, Verse 55
إِنِّي تَوَكَّلۡتُ عَلَى ٱللَّهِ رَبِّي وَرَبِّكُمۚ مَّا مِن دَآبَّةٍ إِلَّا هُوَ ءَاخِذُۢ بِنَاصِيَتِهَآۚ إِنَّ رَبِّي عَلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ
Ман бар Аллоҳи якто, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, таваккал кардам. Ва ҳеҷ чизе намерасад маро, магар ба амри Ӯ ва бар ҳама чиз Ӯ тавоност. Ҳеҷ ҷунбандае, нест бар рӯи замин, магар Аллоҳ молики ӯст. Албатта, Парвардигори ман бар роҳи рост аст (яъне, дар қазо ва шариат ва амраш одил аст, некӯкорро бо некӯияш ва бадкорро бо бадиаш ҷазо медиҳад)
Surah Hud, Verse 56
فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقَدۡ أَبۡلَغۡتُكُم مَّآ أُرۡسِلۡتُ بِهِۦٓ إِلَيۡكُمۡۚ وَيَسۡتَخۡلِفُ رَبِّي قَوۡمًا غَيۡرَكُمۡ وَلَا تَضُرُّونَهُۥ شَيۡـًٔاۚ إِنَّ رَبِّي عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٍ حَفِيظٞ
Пас, агар рӯй бигардонед аз иҷобат кардани даъвати ҳақ ба ростӣ ки он чиро ки бо он ба сӯи шумо фиристода шуда будам ба шумо расонидам ва Парвардигори ман мардуми дигареро ҷонишини шумо хоҳад гардонид, ки онҳо тавҳиди Ӯро ба ҷо оранд ва ибодаташро бо ихлос адо намоянд ва ба сабаби куфр ва исёнатон ҳеҷ ба ӯ зиёне намерасонед. Зеро Парвардигори ман нигаҳбони ҳамаи чизҳост
Surah Hud, Verse 57
وَلَمَّا جَآءَ أَمۡرُنَا نَجَّيۡنَا هُودٗا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ بِرَحۡمَةٖ مِّنَّا وَنَجَّيۡنَٰهُم مِّنۡ عَذَابٍ غَلِيظٖ
Ва чун фармони Мо барои азоби қавми Ҳуд даррасид, ба раҳмати хеш Ҳуд ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, наҷот додем ва онҳоро низ аз азоби сахти рӯзи қиёмат раҳонидем
Surah Hud, Verse 58
وَتِلۡكَ عَادٞۖ جَحَدُواْ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ وَعَصَوۡاْ رُسُلَهُۥ وَٱتَّبَعُوٓاْ أَمۡرَ كُلِّ جَبَّارٍ عَنِيدٖ
Ва инҳо қавми Од буданд, ки оёти Парвардигорашонро инкор карданд ва паёмбаронашро нофармонӣ карданд ва ба фармони ҳар ҷаббори саркаш гардан ниҳоданд
Surah Hud, Verse 59
وَأُتۡبِعُواْ فِي هَٰذِهِ ٱلدُّنۡيَا لَعۡنَةٗ وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ أَلَآ إِنَّ عَادٗا كَفَرُواْ رَبَّهُمۡۗ أَلَا بُعۡدٗا لِّعَادٖ قَوۡمِ هُودٖ
Ва дар ин дунёву рӯзи қиёмат гирифтори лаънат шуданд. Огоҳ бошед, ки қавми Од ба Парвардигорашон кофир шуданд, огоҳ бошед, ки лаънат бод бар Од, қавми Ҳуд
Surah Hud, Verse 60
۞وَإِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمۡ صَٰلِحٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥۖ هُوَ أَنشَأَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ وَٱسۡتَعۡمَرَكُمۡ فِيهَا فَٱسۡتَغۡفِرُوهُ ثُمَّ تُوبُوٓاْ إِلَيۡهِۚ إِنَّ رَبِّي قَرِيبٞ مُّجِيبٞ
Ва бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, Пас барояшон гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳи барҳақро бипарастед! Шуморо ҷуз Ӯ маъбуди барҳақе нест. Ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва шуморо дар замин зиндагонӣ ва бақо дод. Пас, омурзиш хоҳед аз гуноҳонатон ва ба даргоҳаш бозгашта тавба кунед. Албатта, Парвардигори ман наздик аст барои шахсе, ки Ӯро бо ихлос ибодат мекунад ва дуоҳоро иҷобат мекунад
Surah Hud, Verse 61
قَالُواْ يَٰصَٰلِحُ قَدۡ كُنتَ فِينَا مَرۡجُوّٗا قَبۡلَ هَٰذَآۖ أَتَنۡهَىٰنَآ أَن نَّعۡبُدَ مَا يَعۡبُدُ ءَابَآؤُنَا وَإِنَّنَا لَفِي شَكّٖ مِّمَّا تَدۡعُونَآ إِلَيۡهِ مُرِيبٖ
Гуфтанд Самудиён ба паёмбарашон: Эй Солеҳ, пеш аз ин ба ту умед медоштем. Оё моро аз парастиши он чӣ падаронамон мепарастиданд, бозмедорӣ? Мо аз он чӣ моро ба он мехонӣ, дар шаккем, ки моро дар шубҳаи бузург меандозад
Surah Hud, Verse 62
قَالَ يَٰقَوۡمِ أَرَءَيۡتُمۡ إِن كُنتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّي وَءَاتَىٰنِي مِنۡهُ رَحۡمَةٗ فَمَن يَنصُرُنِي مِنَ ٱللَّهِ إِنۡ عَصَيۡتُهُۥۖ فَمَا تَزِيدُونَنِي غَيۡرَ تَخۡسِيرٖ
Солеҳ барои қавми худ гуфт: Эй қавми ман, хабар диҳед маро агар аз Парвардигорам ҳуҷҷате ҳамроҳи худ дошта бошам ва Ӯ ба ман раҳмати хеш (яъне, нубувват) арзонӣ карда бошад, чӣ касе маро ёрӣ мекунад, агар аз фармонаш сарпечӣ кунам? Агар аз шумо фармон барам, ҷуз ба зиёни ман нахоҳед афзуд
Surah Hud, Verse 63
وَيَٰقَوۡمِ هَٰذِهِۦ نَاقَةُ ٱللَّهِ لَكُمۡ ءَايَةٗۖ فَذَرُوهَا تَأۡكُلۡ فِيٓ أَرۡضِ ٱللَّهِۖ وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءٖ فَيَأۡخُذَكُمۡ عَذَابٞ قَرِيبٞ
Ва эй қавми ман, ин шутури Аллоҳ аст ва нишонаест барои шумо бар ҳақиқат будани он чи ки ба он шуморо даъват менамоям. Пас, онро бигзоред, то дар замини Аллоҳ бичарад ва ба ӯ ҳеҷ зиёне нарасонед, ки агар чунин кардед, ба зудӣ азоб шуморо фаро гирад
Surah Hud, Verse 64
فَعَقَرُوهَا فَقَالَ تَمَتَّعُواْ فِي دَارِكُمۡ ثَلَٰثَةَ أَيَّامٖۖ ذَٰلِكَ وَعۡدٌ غَيۡرُ مَكۡذُوبٖ
Пас, Солеҳро дурӯғ бароварданд ва шутурро сар буриданд. Солеҳ гуфт: Се рӯз дар хонаҳои худ аз зиндагӣ насибадор шавед ва ин ваъдаест холӣ аз дурӯғ ва воқеъ шудани он ҳатмист
Surah Hud, Verse 65
فَلَمَّا جَآءَ أَمۡرُنَا نَجَّيۡنَا صَٰلِحٗا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ بِرَحۡمَةٖ مِّنَّا وَمِنۡ خِزۡيِ يَوۡمِئِذٍۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ ٱلۡقَوِيُّ ٱلۡعَزِيزُ
Чун амри Мо ба ҳалоки онҳо фаро расид, Солеҳ ва касоне, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати хеш аз хории он рӯз наҷот бахшидем. Зеро Парвардигори ту тавонову пирӯзманд аст
Surah Hud, Verse 66
وَأَخَذَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ ٱلصَّيۡحَةُ فَأَصۡبَحُواْ فِي دِيَٰرِهِمۡ جَٰثِمِينَ
Ва ситамгоронро он бонги сахти маргбор фаро гирифт, пас субҳ карданд дар хонаҳои худ хушк шуда ба зону афтода, мурданд
Surah Hud, Verse 67
كَأَن لَّمۡ يَغۡنَوۡاْ فِيهَآۗ أَلَآ إِنَّ ثَمُودَاْ كَفَرُواْ رَبَّهُمۡۗ أَلَا بُعۡدٗا لِّثَمُودَ
Чунин гӯй, ки ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бошед, ки қавми Самуд ба Парвардигорашон кофир шуданд, Огоҳ бошед, ки дуриву ҳалокат бар қавми Самуд бод
Surah Hud, Verse 68
وَلَقَدۡ جَآءَتۡ رُسُلُنَآ إِبۡرَٰهِيمَ بِٱلۡبُشۡرَىٰ قَالُواْ سَلَٰمٗاۖ قَالَ سَلَٰمٞۖ فَمَا لَبِثَ أَن جَآءَ بِعِجۡلٍ حَنِيذٖ
Ба таҳқиқ расулони Мо барои Иброҳим ва ҳамсараш мужда оварданд. Гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом!» Ва лаҳзае баъд гӯсолаи фарбеҳи бирёншударо овард
Surah Hud, Verse 69
فَلَمَّا رَءَآ أَيۡدِيَهُمۡ لَا تَصِلُ إِلَيۡهِ نَكِرَهُمۡ وَأَوۡجَسَ مِنۡهُمۡ خِيفَةٗۚ قَالُواْ لَا تَخَفۡ إِنَّآ أُرۡسِلۡنَآ إِلَىٰ قَوۡمِ لُوطٖ
Пас чун Иброҳим (алайҳис салом) дид, ки ба он меҳмонон даст дароз намекунанд, бар онон гумони бад кард ва дар дил аз онҳо хавф бурд. Гуфтанд (фариштагон): «Матарс, мо бар қавми Лут барои ҳалокашон фиристода шудаем»
Surah Hud, Verse 70
وَٱمۡرَأَتُهُۥ قَآئِمَةٞ فَضَحِكَتۡ فَبَشَّرۡنَٰهَا بِإِسۡحَٰقَ وَمِن وَرَآءِ إِسۡحَٰقَ يَعۡقُوبَ
Ва зани Иброҳим Сора, ки дар паси парда истода буд, суханони фариштагонро шунида, пас аз хушҳолӣ хандид. Он гоҳ ӯро ба Исҳоқ ва пас аз Исҳоқ бо омадани (наберааш) Яъқуб хушхабараш додем
Surah Hud, Verse 71
قَالَتۡ يَٰوَيۡلَتَىٰٓ ءَأَلِدُ وَأَنَا۠ عَجُوزٞ وَهَٰذَا بَعۡلِي شَيۡخًاۖ إِنَّ هَٰذَا لَشَيۡءٌ عَجِيبٞ
Гуфт (Сора): «Вой бар ман, оё дар ин пиронсолӣ таваллуд мекунам ва ин шавҳари ман низ пир аст? Ҳамоно, ин кор чизи аҷибест!»
Surah Hud, Verse 72
قَالُوٓاْ أَتَعۡجَبِينَ مِنۡ أَمۡرِ ٱللَّهِۖ رَحۡمَتُ ٱللَّهِ وَبَرَكَٰتُهُۥ عَلَيۡكُمۡ أَهۡلَ ٱلۡبَيۡتِۚ إِنَّهُۥ حَمِيدٞ مَّجِيدٞ
Фариштагон гуфтанд: Оё аз қудрати Аллоҳ таъаҷҷуб мекунӣ? Раҳмату баракати Аллоҳ бар шумо, аҳли ин хона арзонӣ бод! Ҳароина, Аллоҳи бузург сазовори ситоиш ва баландмартаба аст
Surah Hud, Verse 73
فَلَمَّا ذَهَبَ عَنۡ إِبۡرَٰهِيمَ ٱلرَّوۡعُ وَجَآءَتۡهُ ٱلۡبُشۡرَىٰ يُجَٰدِلُنَا فِي قَوۡمِ لُوطٍ
Чун тарс аз Иброҳим дур шуд ва ӯро хушхабар омад, ки соҳиби фарзанд мешавад, бо фиристодагони Мо дар бораи қавми Лут ба баҳс бархост
Surah Hud, Verse 74
إِنَّ إِبۡرَٰهِيمَ لَحَلِيمٌ أَوَّـٰهٞ مُّنِيبٞ
Албатта, Иброҳим бурдбору раҳмдил ва ҳалиму фармонбардор ва руҷӯъкунанда ба сӯи Аллоҳ буд
Surah Hud, Verse 75
يَـٰٓإِبۡرَٰهِيمُ أَعۡرِضۡ عَنۡ هَٰذَآۖ إِنَّهُۥ قَدۡ جَآءَ أَمۡرُ رَبِّكَۖ وَإِنَّهُمۡ ءَاتِيهِمۡ عَذَابٌ غَيۡرُ مَرۡدُودٖ
(Фариштагон гуфтанд): Эй Иброҳим, аз ин (баҳс, ки дар бораи қавми Лут меравад), рӯй гардон! Ҳамоно фармони Парвардигорат омадааст ва албатта, бар онҳо азобе, ки ҳеҷ баргаштан надорад, фуруд хоҳад омад
Surah Hud, Verse 76
وَلَمَّا جَآءَتۡ رُسُلُنَا لُوطٗا سِيٓءَ بِهِمۡ وَضَاقَ بِهِمۡ ذَرۡعٗا وَقَالَ هَٰذَا يَوۡمٌ عَصِيبٞ
Ва чун расулони Мо назди Лут (алайҳис салом) омаданд, Лут аз омадани онҳо нохуш ва андӯҳгину дилтанг шуд, зеро намедонист онон фиристодагони Аллоҳанд ва аз тарси он ки қавмаш ба онон зараре нарасонанд гуфт: «Имрӯз, рӯзи сахтест»
Surah Hud, Verse 77
وَجَآءَهُۥ قَوۡمُهُۥ يُهۡرَعُونَ إِلَيۡهِ وَمِن قَبۡلُ كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٱلسَّيِّـَٔاتِۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ هَـٰٓؤُلَآءِ بَنَاتِي هُنَّ أَطۡهَرُ لَكُمۡۖ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُخۡزُونِ فِي ضَيۡفِيٓۖ أَلَيۡسَ مِنكُمۡ رَجُلٞ رَّشِيدٞ
Ва қавмаш шитобон назди ӯ омаданд ва онон пеш аз ин корҳои зишт (ливота) анҷом медоданд. Лут гуфт: «Эй қавми ман, инҳо духтарони ман (яъне, духтарони уммати ман) ҳастанд, пас, онҳоро никоҳ кунед, ки барои издивоҷи Шумо покизатаранд. Аз Аллоҳ битарсед ва маро дар баробари меҳмононам бад макунед. Оё марди хирадманде дар миёни шумо нест?»
Surah Hud, Verse 78
قَالُواْ لَقَدۡ عَلِمۡتَ مَا لَنَا فِي بَنَاتِكَ مِنۡ حَقّٖ وَإِنَّكَ لَتَعۡلَمُ مَا نُرِيدُ
Гуфтанд: «Ту худ медонӣ, ки моро ба духтарони ту ниёзе нест ва низ медонӣ, ки чӣ мехоҳем (яъне, бо мардҳо расиданро мехоҳем)»
Surah Hud, Verse 79
قَالَ لَوۡ أَنَّ لِي بِكُمۡ قُوَّةً أَوۡ ءَاوِيٓ إِلَىٰ رُكۡنٖ شَدِيدٖ
Лут ба қавмаш гуфт: Кош дар баробари шумо қудрате медоштам ё метавонистам ба такягоҳи устуворе паноҳ бибарам (яъне, ба қабилаи қудратманде, ки маро дар муқобили шумо нусрат медоданд)
Surah Hud, Verse 80
قَالُواْ يَٰلُوطُ إِنَّا رُسُلُ رَبِّكَ لَن يَصِلُوٓاْ إِلَيۡكَۖ فَأَسۡرِ بِأَهۡلِكَ بِقِطۡعٖ مِّنَ ٱلَّيۡلِ وَلَا يَلۡتَفِتۡ مِنكُمۡ أَحَدٌ إِلَّا ٱمۡرَأَتَكَۖ إِنَّهُۥ مُصِيبُهَا مَآ أَصَابَهُمۡۚ إِنَّ مَوۡعِدَهُمُ ٱلصُّبۡحُۚ أَلَيۡسَ ٱلصُّبۡحُ بِقَرِيبٖ
Гуфтанд (фариштагон): Эй Лут, мо фиристодагони Парвардигори ту ҳастем, фиристода шудаем, то ин ки қавматро ҳалок кунем! Инҳо ҳаргиз ба ту нахоҳанд расид. Чун қисме аз шаб бигзарад, хонадони хешро аз ин деҳа берун бибар. Ба ҳеҷ як аз шумо ба қафо нанигарад, ҷуз ҳамсарат, ки (кофира аст) ба ӯ низ он чӣ ба онҳо расад, хоҳад расид. Ваъдаи онҳо субҳгоҳ аст. Лут хост, ки зудтар ҳалокашон кунад, вале фариштагон гуфтанд: Оё субҳ наздик нест
Surah Hud, Verse 81
فَلَمَّا جَآءَ أَمۡرُنَا جَعَلۡنَا عَٰلِيَهَا سَافِلَهَا وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهَا حِجَارَةٗ مِّن سِجِّيلٖ مَّنضُودٖ
Пас, чун фармони Мо бар ҳалоки онҳо фаро расид, он деҳаро зеру забар кардем (яъне чаппа намудем) ва бар он деҳа бо бороне аз санггилҳо пай дар пай онҳоро сангборон кардем
Surah Hud, Verse 82
مُّسَوَّمَةً عِندَ رَبِّكَۖ وَمَا هِيَ مِنَ ٱلظَّـٰلِمِينَ بِبَعِيدٖ
ин сангҳо аз сӯи Парвардигорат нишондор буданд ва инчунин ин сангҳо аз ситамгорон дур нестанд, (яъне, аз мушрикони Макка)
Surah Hud, Verse 83
۞وَإِلَىٰ مَدۡيَنَ أَخَاهُمۡ شُعَيۡبٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥۖ وَلَا تَنقُصُواْ ٱلۡمِكۡيَالَ وَٱلۡمِيزَانَۖ إِنِّيٓ أَرَىٰكُم بِخَيۡرٖ وَإِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٖ مُّحِيطٖ
Ва бар қабилаи Мадян бародарашон Шуъайб (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳи якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Ӯ нест! Ва дар паймонаву тарозу ҳаққи мардумро кам макунед! Ҳамоно, шуморо дар неъмат ва осудагӣ мебинам. Ва ба сабаби кам карданатон дар паймонаву тарозу аз рӯзе, ки азобаш шуморо фаро гирад, метарсам
Surah Hud, Verse 84
وَيَٰقَوۡمِ أَوۡفُواْ ٱلۡمِكۡيَالَ وَٱلۡمِيزَانَ بِٱلۡقِسۡطِۖ وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ
Ва эй қавми ман, паймонаву тарозуро аз рӯи адл пурра ва комилан адо кунед ва ба мардум чизҳояшонро кам мадиҳед ва чун табаҳкорон дар замин фасод макунед
Surah Hud, Verse 85
بَقِيَّتُ ٱللَّهِ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَۚ وَمَآ أَنَا۠ عَلَيۡكُم بِحَفِيظٖ
Агар имон дошта бошед, он чӣ Аллоҳ аз моли ҳалоли худ боқӣ мегузорад ба сабаби вафо карданатон бар паймонаву тарозу бароятон беҳтар аст аз ҳаром ва камбудиҳое, ки аз тарозу мезанед. Ва ман бар шумо нигаҳбон нестам
Surah Hud, Verse 86
قَالُواْ يَٰشُعَيۡبُ أَصَلَوٰتُكَ تَأۡمُرُكَ أَن نَّتۡرُكَ مَا يَعۡبُدُ ءَابَآؤُنَآ أَوۡ أَن نَّفۡعَلَ فِيٓ أَمۡوَٰلِنَا مَا نَشَـٰٓؤُاْۖ إِنَّكَ لَأَنتَ ٱلۡحَلِيمُ ٱلرَّشِيدُ
Гуфтанд: «Эй Шуъайб, оё намозат ба ту фармон медиҳад, ки мо он бутҳоеро ки падаронамон мепарастиданд, тарк кунем ё дар амволи худ ончунон ки худ мехоҳем, тасарруф накунем? Ба ростӣ ту марди бурдбору хирадманд ҳастӣ (лек аз ин сухан мақсадашон истеҳзо буд ва мегуфтанд, ки ту беақл ҳастӣ)
Surah Hud, Verse 87
قَالَ يَٰقَوۡمِ أَرَءَيۡتُمۡ إِن كُنتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّي وَرَزَقَنِي مِنۡهُ رِزۡقًا حَسَنٗاۚ وَمَآ أُرِيدُ أَنۡ أُخَالِفَكُمۡ إِلَىٰ مَآ أَنۡهَىٰكُمۡ عَنۡهُۚ إِنۡ أُرِيدُ إِلَّا ٱلۡإِصۡلَٰحَ مَا ٱسۡتَطَعۡتُۚ وَمَا تَوۡفِيقِيٓ إِلَّا بِٱللَّهِۚ عَلَيۡهِ تَوَكَّلۡتُ وَإِلَيۡهِ أُنِيبُ
Гуфт (Шуъайб): Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар барои ман аз ҷониби Парвардигорам ҳуҷҷате бошад барои тасдиқи он чи ки шуморо даъват мекунам ва Ӯ маро аз сӯи худ ризқи ҳалолу пок ато карда бошад? Оё метавонам ба хилофи дастуроти Ӯ амал кунам? Ва намехоҳам шуморо аз чизе манъ кунам ва худам муртакиби он шавам. Ман то он ҷо ки метавонам ҷуз ислоҳ чизеро намехоҳам. Тавфиқи ман танҳо ба фазли Аллоҳ аст. Ба Ӯ таваккал кардаам, ба даргоҳи Ӯ руй меоварам
Surah Hud, Verse 88
وَيَٰقَوۡمِ لَا يَجۡرِمَنَّكُمۡ شِقَاقِيٓ أَن يُصِيبَكُم مِّثۡلُ مَآ أَصَابَ قَوۡمَ نُوحٍ أَوۡ قَوۡمَ هُودٍ أَوۡ قَوۡمَ صَٰلِحٖۚ وَمَا قَوۡمُ لُوطٖ مِّنكُم بِبَعِيدٖ
Ва эй қавми ман! Душмании ман шуморо ба он набарад, ки ба шумо он чи бирасад, ки ба қавми Нӯҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ расид; ва қавми Лут аз шумо дур нест
Surah Hud, Verse 89
وَٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ ثُمَّ تُوبُوٓاْ إِلَيۡهِۚ إِنَّ رَبِّي رَحِيمٞ وَدُودٞ
Аз Парвардигоратон омурзиши гуноҳонатонро бихоҳед. Ба даргоҳаш тавба кунед, ки албатта, Парвардигори ман меҳрубону дӯстдоранда аст тавбакунандагонро
Surah Hud, Verse 90
قَالُواْ يَٰشُعَيۡبُ مَا نَفۡقَهُ كَثِيرٗا مِّمَّا تَقُولُ وَإِنَّا لَنَرَىٰكَ فِينَا ضَعِيفٗاۖ وَلَوۡلَا رَهۡطُكَ لَرَجَمۡنَٰكَۖ وَمَآ أَنتَ عَلَيۡنَا بِعَزِيزٖ
Гуфтанд: Эй Шуъайб, бисёре аз чизҳоеро, ки мегӯӣ, намефаҳмем, туро дар миёни худ нотавон мебинем, агар ба хотири қабилаат набуд, сангсорат карда туро мекуштем ва ту назди мо арзиш ва эҳтироме надорӣ
Surah Hud, Verse 91
قَالَ يَٰقَوۡمِ أَرَهۡطِيٓ أَعَزُّ عَلَيۡكُم مِّنَ ٱللَّهِ وَٱتَّخَذۡتُمُوهُ وَرَآءَكُمۡ ظِهۡرِيًّاۖ إِنَّ رَبِّي بِمَا تَعۡمَلُونَ مُحِيطٞ
Гуфт (Шуъайб): Эй қавми ман, оё қабилаи ман дар назди шумо аз Аллоҳи барҳақ болотару гиромитар аст? Оё Аллоҳро пушти сар қарор медиҳед ва аз Ӯ наметарсед ва қудрату иззати Вайро бузург намедоред? Ҳол он ки Парвардигори ман бар ҳар коре, ки мекунед, онро иҳота дорад. Ҳамаи амалҳои бандагонашро медонад ва мувофиқи он ҷазо медиҳад
Surah Hud, Verse 92
وَيَٰقَوۡمِ ٱعۡمَلُواْ عَلَىٰ مَكَانَتِكُمۡ إِنِّي عَٰمِلٞۖ سَوۡفَ تَعۡلَمُونَ مَن يَأۡتِيهِ عَذَابٞ يُخۡزِيهِ وَمَنۡ هُوَ كَٰذِبٞۖ وَٱرۡتَقِبُوٓاْ إِنِّي مَعَكُمۡ رَقِيبٞ
Ва эй қавми ман, шумо ҳамчунон, ки ҳастед, ба кори хеш машғул бошед ва ман ҳам ба кори хеш машғул мешавам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки азоби расвокунанда ба чӣ касе мерасад ва хоҳед донист, ки чӣ касе дурӯғгӯй ҳаст. Мунтазир бимонед, ҳамоно ман низ бо шумо мунтазир мемонам
Surah Hud, Verse 93
وَلَمَّا جَآءَ أَمۡرُنَا نَجَّيۡنَا شُعَيۡبٗا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ بِرَحۡمَةٖ مِّنَّا وَأَخَذَتِ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ ٱلصَّيۡحَةُ فَأَصۡبَحُواْ فِي دِيَٰرِهِمۡ جَٰثِمِينَ
Ва чун замони азоби Мо бар ҳалоки онҳо фаро расид, Шуъайб ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати хеш наҷот додем. Ва ситамкоронро наъраи ваҳшатангези азоб фаро гирифт ва дар хонаҳои хеш ба зону афтода, мурданд
Surah Hud, Verse 94
كَأَن لَّمۡ يَغۡنَوۡاْ فِيهَآۗ أَلَا بُعۡدٗا لِّمَدۡيَنَ كَمَا بَعِدَتۡ ثَمُودُ
чунон ки гӯй ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бош, дурӣ аз раҳмати Аллоҳ ва ҳалок бар мардуми Мадян бод, ҳамчунон ки дурӣ аз раҳмати Аллоҳ ва ҳалок бар қавми Самуд шуд
Surah Hud, Verse 95
وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا مُوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَا وَسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٍ
Ва ҳароина, Мо Мӯсо (алайҳиссалом)-ро ҳамроҳ бо оёту ҳуҷҷати ошкори хеш фиристодем
Surah Hud, Verse 96
إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦ فَٱتَّبَعُوٓاْ أَمۡرَ فِرۡعَوۡنَۖ وَمَآ أَمۡرُ فِرۡعَوۡنَ بِرَشِيدٖ
ба назди Фиръавн ва бузургони қавмаш. Аммо қавми Фиръавн пайрави фармони Фиръавн шуданд. Ва фармони Фиръавн ба роҳи савоб роҳ наменамуд
Surah Hud, Verse 97
يَقۡدُمُ قَوۡمَهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فَأَوۡرَدَهُمُ ٱلنَّارَۖ وَبِئۡسَ ٱلۡوِرۡدُ ٱلۡمَوۡرُودُ
Дар рӯзи қиёмат Фиръавн пешопеши қавми худ биёяд ва ҳамаро ба оташ дароварад, ки дохилшудагонро ҷойгоҳи баде аст
Surah Hud, Verse 98
وَأُتۡبِعُواْ فِي هَٰذِهِۦ لَعۡنَةٗ وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ بِئۡسَ ٱلرِّفۡدُ ٱلۡمَرۡفُودُ
Лаънати дунё ва охиратро аз ақиби азоб (яъне ғарқ шудан дар дарё) бар онҳо фиристода шуд ва чӣ бад атое (лаънат) ба онон дода шудааст
Surah Hud, Verse 99
ذَٰلِكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡقُرَىٰ نَقُصُّهُۥ عَلَيۡكَۖ مِنۡهَا قَآئِمٞ وَحَصِيدٞ
Инҳо ахбори деҳаҳоест, ки барои ту (эй Паёмбар) ҳикоят мекунем; деҳаҳое, ки баъзе осори он ҳанӯз боқианд ва баъзе вайрон шуда нобуд шудаанд
Surah Hud, Verse 100
وَمَا ظَلَمۡنَٰهُمۡ وَلَٰكِن ظَلَمُوٓاْ أَنفُسَهُمۡۖ فَمَآ أَغۡنَتۡ عَنۡهُمۡ ءَالِهَتُهُمُ ٱلَّتِي يَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مِن شَيۡءٖ لَّمَّا جَآءَ أَمۡرُ رَبِّكَۖ وَمَا زَادُوهُمۡ غَيۡرَ تَتۡبِيبٖ
Мо ба онҳо ситам накардаем, балки худ ба ҷони худ ситам мекарданд, (яъне, ширк меоварданд). Ва чун амри Парвардигори ту барои ҳалоки онҳо фаро расид, маъбудоне, ки ба ҷои Аллоҳи барҳақ мепарастиданд, ҳеҷ ба ёриашон наомаданд ва ҷуз зиёнкорӣ ва ҳалокат чизе бар онон наяфзуданд
Surah Hud, Verse 101
وَكَذَٰلِكَ أَخۡذُ رَبِّكَ إِذَآ أَخَذَ ٱلۡقُرَىٰ وَهِيَ ظَٰلِمَةٌۚ إِنَّ أَخۡذَهُۥٓ أَلِيمٞ شَدِيدٌ
Ва инчунин аст ба азоб гирифтани Парвардигори ту, вақте ки бихоҳад деҳаҳои ситамкорро ба азоб кашад. Ба ростӣ, азоби Аллоҳ дарднок ва сахт аст
Surah Hud, Verse 102
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّمَنۡ خَافَ عَذَابَ ٱلۡأٓخِرَةِۚ ذَٰلِكَ يَوۡمٞ مَّجۡمُوعٞ لَّهُ ٱلنَّاسُ وَذَٰلِكَ يَوۡمٞ مَّشۡهُودٞ
Албатта, дар қисса ва ахбори гузаштагон барои касоне, ки аз азоби охират метарсанд, ибратест. Он рӯз рӯзест, ки мардум барои ҳисобу китоб ва подоши аъмол гирд оварда шаванд ва он рӯз, ки мардумро аз аввалин то охирин дар он ҳозир оваранд
Surah Hud, Verse 103
وَمَا نُؤَخِّرُهُۥٓ إِلَّا لِأَجَلٖ مَّعۡدُودٖ
Ва ҷуз то андак муддати муайяне (омадани рӯзи қиёматро) ба таъхир намеандозем
Surah Hud, Verse 104
يَوۡمَ يَأۡتِ لَا تَكَلَّمُ نَفۡسٌ إِلَّا بِإِذۡنِهِۦۚ فَمِنۡهُمۡ شَقِيّٞ وَسَعِيدٞ
Рӯзе, ки чун биёяд, ҳеҷ кас ҷуз ба фармони Ӯ сухан нагӯяд ва мардумон баъзе бадбахт бошанд ва баъзе некбахт
Surah Hud, Verse 105
فَأَمَّا ٱلَّذِينَ شَقُواْ فَفِي ٱلنَّارِ لَهُمۡ فِيهَا زَفِيرٞ وَشَهِيقٌ
Аммо онон, ки бадбахт шудаанд, пас, дар оташанд ва ононро дар он дӯзах нолаи зору фарёди сахте бувад, (яъне, монанди овози хар)
Surah Hud, Verse 106
خَٰلِدِينَ فِيهَا مَا دَامَتِ ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلۡأَرۡضُ إِلَّا مَا شَآءَ رَبُّكَۚ إِنَّ رَبَّكَ فَعَّالٞ لِّمَا يُرِيدُ
Ҳамеша дар дӯзах ҷовидон хоҳанд монд, то осмонҳову замин боқӣ аст, магар он чи Парвардигорат бихоҳад, албатта, Парвардигори ту (эй Паёмбар) ҳар чӣ хоҳад, ҳамон кунад
Surah Hud, Verse 107
۞وَأَمَّا ٱلَّذِينَ سُعِدُواْ فَفِي ٱلۡجَنَّةِ خَٰلِدِينَ فِيهَا مَا دَامَتِ ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلۡأَرۡضُ إِلَّا مَا شَآءَ رَبُّكَۖ عَطَآءً غَيۡرَ مَجۡذُوذٖ
Ва аммо ононе, ки некбахт гардонида шудаанд, то осмонҳову замин боқӣ ҳастанд, ҳамеша дар биҳишт ҷовидон бимонанд, магар он чӣ Парвардигорат бихоҳад. Атои Ӯ (неъматҳои ҷаннат) ҳеҷ қатъ намешавад
Surah Hud, Verse 108
فَلَا تَكُ فِي مِرۡيَةٖ مِّمَّا يَعۡبُدُ هَـٰٓؤُلَآءِۚ مَا يَعۡبُدُونَ إِلَّا كَمَا يَعۡبُدُ ءَابَآؤُهُم مِّن قَبۡلُۚ وَإِنَّا لَمُوَفُّوهُمۡ نَصِيبَهُمۡ غَيۡرَ مَنقُوصٖ
Пас, аз он чӣ инҳо (мушрикон) мепарастанд, ба шакку шубҳа мабош. Намепарастанд бутҳояшонро ҷуз ба он гуна, ки падаронашон пеш аз ин мепарастиданд. Ва албатта, Мо насиби ононро аз азоб бе ҳеҷ каму костӣ адо хоҳем кард
Surah Hud, Verse 109
وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَٱخۡتُلِفَ فِيهِۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةٞ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۚ وَإِنَّهُمۡ لَفِي شَكّٖ مِّنۡهُ مُرِيبٖ
Ва ҳамоно ба Мӯсо (алайҳиссалом) китоби Таврот додем. Дар он китоб ихтилоф шуд, (яъне, баъзеҳо ба он имон оварданд ва баъзеашон онро инкор карданд). Агар намебуд сухане, ки пеш содир шуда аз ҷониби Парвардигорат, ҳатман миёнашон доварӣ мешуд. Ва онҳо (яҳуд ва куффори қавмат) албатта, дар он китоб (яъне, Қуръон) сахт дар шубҳаанд
Surah Hud, Verse 110
وَإِنَّ كُلّٗا لَّمَّا لَيُوَفِّيَنَّهُمۡ رَبُّكَ أَعۡمَٰلَهُمۡۚ إِنَّهُۥ بِمَا يَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ
Ва қасам, ки албатта, Парвардигори ту (эй Паёмбар) ҷазои аъмоли ҳамаро ба пуррагӣ хоҳад дод ва ҳамоно Аллоҳ ба ҳар корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст
Surah Hud, Verse 111
فَٱسۡتَقِمۡ كَمَآ أُمِرۡتَ وَمَن تَابَ مَعَكَ وَلَا تَطۡغَوۡاْۚ إِنَّهُۥ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ
Пас устувору собитқадам бош эй Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ҳамчунон ки амр шудаӣ. Ва низ онҳое, ки тавба кардаанд, ҳамроҳи ту бояд чунин кунанд ва аз ҳад нагузаред! Ҳамоно Аллоҳ ба кирдори шумо биност
Surah Hud, Verse 112
وَلَا تَرۡكَنُوٓاْ إِلَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ فَتَمَسَّكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِنۡ أَوۡلِيَآءَ ثُمَّ لَا تُنصَرُونَ
Ва ба ситамкорон майл накунед, ки азоби оташи дӯзах шуморо бирасад. Шуморо ҷуз Аллоҳ ҳеҷ дӯсте нест ва касе ёриатон накунад
Surah Hud, Verse 113
وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ طَرَفَيِ ٱلنَّهَارِ وَزُلَفٗا مِّنَ ٱلَّيۡلِۚ إِنَّ ٱلۡحَسَنَٰتِ يُذۡهِبۡنَ ٱلسَّيِّـَٔاتِۚ ذَٰلِكَ ذِكۡرَىٰ لِلذَّـٰكِرِينَ
Ва намоз бигузор (эй Паёмбар) дар оғозу анҷоми рӯз ва чанд соате аз шаб. ҳамоно, некиҳо (намозҳои панҷгона) бадиҳоро аз миён мебаранд. Ин пандест барои пандпазирон
Surah Hud, Verse 114
وَٱصۡبِرۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Сабр кун (эй Паёмбар) ба барпой доштани намоз ва бар озору машаққатҳо, ҳамоно Аллоҳ музди некӯкоронро зоеъ (барбод) намесозад
Surah Hud, Verse 115
فَلَوۡلَا كَانَ مِنَ ٱلۡقُرُونِ مِن قَبۡلِكُمۡ أُوْلُواْ بَقِيَّةٖ يَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡفَسَادِ فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا قَلِيلٗا مِّمَّنۡ أَنجَيۡنَا مِنۡهُمۡۗ وَٱتَّبَعَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مَآ أُتۡرِفُواْ فِيهِ وَكَانُواْ مُجۡرِمِينَ
Пас, чаро аз мардуми он асрҳое, ки пеш аз шумо буданд, аҳли хирад нашуданд, ки аз фасод дар замин манъ кунанд, магар шумораи андаке аз онҳо, ки наҷот додем. Ва ситамгарон чизеро пайравӣ карданд, ки ба он осудагӣ дода шуданд ва ба лаззатҳои дунё машғул шуданд ва бо ин корашон гунаҳкор буданд ва нобуд шуданд
Surah Hud, Verse 116
وَمَا كَانَ رَبُّكَ لِيُهۡلِكَ ٱلۡقُرَىٰ بِظُلۡمٖ وَأَهۡلُهَا مُصۡلِحُونَ
Парвардигори ту (эй Паёмбар) ҳеҷ деҳотеро, ки мардумаш некӯкор бошанд ва аз фасоду ситам парҳезгор бошанд, ба ситам ҳалок нахоҳад сохт
Surah Hud, Verse 117
وَلَوۡ شَآءَ رَبُّكَ لَجَعَلَ ٱلنَّاسَ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗۖ وَلَا يَزَالُونَ مُخۡتَلِفِينَ
Ва агар хоста буд Парвардигори ту, мегардонд ҳамаи мардумонро як миллат (яъне, дар дини Ислом), лекин Аллоҳ инро нахост, барои ҳамин ҳамеша мардум дар дин мухталифанд; (ва дар ин ҳама ҳикматест)
Surah Hud, Verse 118
إِلَّا مَن رَّحِمَ رَبُّكَۚ وَلِذَٰلِكَ خَلَقَهُمۡۗ وَتَمَّتۡ كَلِمَةُ رَبِّكَ لَأَمۡلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ ٱلۡجِنَّةِ وَٱلنَّاسِ أَجۡمَعِينَ
магар онҳое, ки имон оварданд ба Аллоҳу расулаш ва дар роҳи ҳақ ҳамеша муттафиқанд Парвардигорат бар онҳо раҳмат карда ва онҳоро барои ҳикмати гуногуне (яъне, гурӯҳе некбахт ва гурӯҳе бадбахт, гурӯҳе дар биҳишт ва гурӯҳе дар дӯзах) биёфаридааст. Ва сухани Парвардигори ту бар ин муқаррар (лозим ва тамом) шуда, ки албатта, ҷаҳаннамро аз ҳамаи ҷинну инс пур мекунам
Surah Hud, Verse 119
وَكُلّٗا نَّقُصُّ عَلَيۡكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلرُّسُلِ مَا نُثَبِّتُ بِهِۦ فُؤَادَكَۚ وَجَآءَكَ فِي هَٰذِهِ ٱلۡحَقُّ وَمَوۡعِظَةٞ وَذِكۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ
Ҳар хабаре аз ахбори паёмбаронро бароят (эй Паёмбар) ҳикоят мекунем, то дили туро собиту ором гардонем. Ва дар ин сура бар ту сухани ҳақ (мурод аз сухани ҳақ қиссаҳоест, ки пештар дар ин сура зикр шудаанд) ва барои мӯъминон мавъизаву панд ва ёдоварӣ омадааст
Surah Hud, Verse 120
وَقُل لِّلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ ٱعۡمَلُواْ عَلَىٰ مَكَانَتِكُمۡ إِنَّا عَٰمِلُونَ
Ва бигӯ (эй Паёмбар), ба касоне, ки имон намеоваранд: «Шумо ба ҳар тавре, ки хоҳед, амал кунед, мо низ амал мекунем
Surah Hud, Verse 121
وَٱنتَظِرُوٓاْ إِنَّا مُنتَظِرُونَ
Ва шумо интизорӣ бикашед оқибати кори моро, мо низ мунтазир мебошем оқибати кори шуморо
Surah Hud, Verse 122
وَلِلَّهِ غَيۡبُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَإِلَيۡهِ يُرۡجَعُ ٱلۡأَمۡرُ كُلُّهُۥ فَٱعۡبُدۡهُ وَتَوَكَّلۡ عَلَيۡهِۚ وَمَا رَبُّكَ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ
Ва аз они Аллоҳ аст илми ғайби осмонҳову замин ва ба сӯи Ӯ ҳамаи корҳо бозгардонда мешавад рӯзи қиёмат. (Эй Паёмбар) Ӯро бипараст ва бар Ӯ таваккал кун, ки Парвардигори ту аз он чӣ ба ҷой меоваред (аз амалҳои неку бадатон, ки мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад), ғофил нест
Surah Hud, Verse 123