Surah Yunus - Tajik Translation by Khoja Mirov
الٓرۚ تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡحَكِيمِ
Алиф, Лом, Ро, Ин аст оёти китоби боҳикмат
Surah Yunus, Verse 1
أَكَانَ لِلنَّاسِ عَجَبًا أَنۡ أَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ رَجُلٖ مِّنۡهُمۡ أَنۡ أَنذِرِ ٱلنَّاسَ وَبَشِّرِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَنَّ لَهُمۡ قَدَمَ صِدۡقٍ عِندَ رَبِّهِمۡۗ قَالَ ٱلۡكَٰفِرُونَ إِنَّ هَٰذَا لَسَٰحِرٞ مُّبِينٌ
Оё мардуми Макка дар тааҷҷубанд, аз ин ки бар марде аз худашон ваҳй кардем, ки мардумро битарсон ва мӯъминонро мужда деҳ, ба ин ки дар назди Парвардигорашон пойгоҳи баланде доранд? Пас, чун Расули Аллоҳ барояшон ваҳйи илоҳиро тиловат кард, кофирон гуфтанд, ки ин Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҷодугарест ошкоро
Surah Yunus, Verse 2
إِنَّ رَبَّكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَۖ مَا مِن شَفِيعٍ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ إِذۡنِهِۦۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمۡ فَٱعۡبُدُوهُۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз биёфарид, сипас ба Арш баланд ва муртафеъ гардид ва Ӯ тадбир мекунад корҳоро. Ҷуз ба рухсати Ӯ шафоаткунандае дар рӯзи қиёмат набошад. Ин аст Аллоҳ, Парвардигори шумо. Ӯро бипарастед! Чаро панд намегиред
Surah Yunus, Verse 3
إِلَيۡهِ مَرۡجِعُكُمۡ جَمِيعٗاۖ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقًّاۚ إِنَّهُۥ يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ لِيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ بِٱلۡقِسۡطِۚ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَهُمۡ شَرَابٞ مِّنۡ حَمِيمٖ وَعَذَابٌ أَلِيمُۢ بِمَا كَانُواْ يَكۡفُرُونَ
Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ӯст. Ин ба яқин ваъдаи Аллоҳ аст. Ӯст офариниши махлуқотро оғоз мекунад, сипас онро ба ҳайати аввал бозгардонад, то касонеро, ки имон оварда ва кори шоиста кардаанд, аз рӯи адл мукофот диҳад. Ва кофиронро ба ҷазои куфрашон шаробест аз оби ҷӯшон, ки рӯй ва меъдаҳоро пора-пора мекунад ва азоби дардоварест ба сабаби куфрашон
Surah Yunus, Verse 4
هُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ ٱلشَّمۡسَ ضِيَآءٗ وَٱلۡقَمَرَ نُورٗا وَقَدَّرَهُۥ مَنَازِلَ لِتَعۡلَمُواْ عَدَدَ ٱلسِّنِينَ وَٱلۡحِسَابَۚ مَا خَلَقَ ٱللَّهُ ذَٰلِكَ إِلَّا بِٱلۡحَقِّۚ يُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ
Ӯст, он ки хуршедро дурахшанда ва моҳро мунаввар сохт ва барои моҳ манзилҳо муайян кард, то шумори сол ва ҳисобро бидонед. Аллоҳ ҳамаи инҳоро ҷуз ба ҳақ наёфарид ва оётро барои мардуме, ки медонанд, ба тафсил баён мекунад
Surah Yunus, Verse 5
إِنَّ فِي ٱخۡتِلَٰفِ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَمَا خَلَقَ ٱللَّهُ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَّقُونَ
Дар рафтуомади шабу рӯз ва он чӣ Аллоҳ дар осмонҳову замин офаридааст, барои парҳезгорон ибратҳост
Surah Yunus, Verse 6
إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يَرۡجُونَ لِقَآءَنَا وَرَضُواْ بِٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَٱطۡمَأَنُّواْ بِهَا وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِنَا غَٰفِلُونَ
Касоне, ки ба дидори Мо умед надоранд ва аз рӯзи қиёмат наметарсанд ва савобу азобро дурӯғ меҳисобанд ва ба зиндагии дунявӣ хушнуд шуда ва ба он оромиш ёфтаанд ва онон, ки аз оёти оятҳои Қуръон ва муъҷизаҳои Мо бехабаранд
Surah Yunus, Verse 7
أُوْلَـٰٓئِكَ مَأۡوَىٰهُمُ ٱلنَّارُ بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ
Чунин касоне, ки ба ҷазои корҳое, ки мекарданд, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст
Surah Yunus, Verse 8
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ يَهۡدِيهِمۡ رَبُّهُم بِإِيمَٰنِهِمۡۖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهِمُ ٱلۡأَنۡهَٰرُ فِي جَنَّـٰتِ ٱلنَّعِيمِ
Онон, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, Парвардигорашон ба сабаби имонашон ба биҳишти пурнеъмате, ки ҷӯйҳои об дар зери манзилҳояшон ҷорист, ҳидоят мекунад
Surah Yunus, Verse 9
دَعۡوَىٰهُمۡ فِيهَا سُبۡحَٰنَكَ ٱللَّهُمَّ وَتَحِيَّتُهُمۡ فِيهَا سَلَٰمٞۚ وَءَاخِرُ دَعۡوَىٰهُمۡ أَنِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Дуояшон дар он ҷо "Парвардигоро, Ту покӣ" ва дуруди Аллоҳ ва фариштагон ва дуруди баъзеашон баъзеро дар ҷаннат "салом" аст ва поёни дуояшон ин аст "Шукру сипоси махсус Парвардигори ҷаҳониёнро
Surah Yunus, Verse 10
۞وَلَوۡ يُعَجِّلُ ٱللَّهُ لِلنَّاسِ ٱلشَّرَّ ٱسۡتِعۡجَالَهُم بِٱلۡخَيۡرِ لَقُضِيَ إِلَيۡهِمۡ أَجَلُهُمۡۖ فَنَذَرُ ٱلَّذِينَ لَا يَرۡجُونَ لِقَآءَنَا فِي طُغۡيَٰنِهِمۡ يَعۡمَهُونَ
Агар бо ҳамон шитоб, ки мардум барои худ хайр металабанд, Аллоҳ барояшон шар мерасонид, ҳароина, уқубат ва азоб онҳоро нобуд мекард. Пас ононро, ки ба дидори Мо умед надоранд ва аз азоби Мо наметарсанд, вомегузорем, то дар гумроҳии хеш саргардон бимонанд
Surah Yunus, Verse 11
وَإِذَا مَسَّ ٱلۡإِنسَٰنَ ٱلضُّرُّ دَعَانَا لِجَنۢبِهِۦٓ أَوۡ قَاعِدًا أَوۡ قَآئِمٗا فَلَمَّا كَشَفۡنَا عَنۡهُ ضُرَّهُۥ مَرَّ كَأَن لَّمۡ يَدۡعُنَآ إِلَىٰ ضُرّٖ مَّسَّهُۥۚ كَذَٰلِكَ زُيِّنَ لِلۡمُسۡرِفِينَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
Ва чун ба одамӣ зараре расад, чи бар паҳлӯ хуфта бошад ва чи нишаста ё истода, Моро ба дуо мехонад. Ва чун он зарарро аз ӯ дур созем, боз ба мисли гузашта ба ширкаш давомат мекунад, чунон мегузарад, ки гӯё Моро барои дафъи он зараре, ки ба ӯ расида буд, ҳаргиз нахондааст. Аъмоли исрофкорон инчунин дар назарашон ороста шудааст
Surah Yunus, Verse 12
وَلَقَدۡ أَهۡلَكۡنَا ٱلۡقُرُونَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَمَّا ظَلَمُواْ وَجَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَمَا كَانُواْ لِيُؤۡمِنُواْۚ كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡمُجۡرِمِينَ
Ва Мо мардумеро, ки пеш аз шумо буданд, чун ситам карданд ва ба Аллоҳ шарик оварданд ва ба паёмбаронашон, ки бо далелҳои равшан сӯи онҳо омада буданд, имон намеоварданд, ҳалок кардем. Мардуми табаҳкорро инчунин ҷазо медиҳем
Surah Yunus, Verse 13
ثُمَّ جَعَلۡنَٰكُمۡ خَلَـٰٓئِفَ فِي ٱلۡأَرۡضِ مِنۢ بَعۡدِهِمۡ لِنَنظُرَ كَيۡفَ تَعۡمَلُونَ
Он гоҳ шуморо, эй мардум, дар рӯи замин ҷонишини онҳо гардонидем,то бингарем, ки чӣ гуна амал мекунед: оё нек мекунед ё бад
Surah Yunus, Verse 14
وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَاتُنَا بَيِّنَٰتٖ قَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَرۡجُونَ لِقَآءَنَا ٱئۡتِ بِقُرۡءَانٍ غَيۡرِ هَٰذَآ أَوۡ بَدِّلۡهُۚ قُلۡ مَا يَكُونُ لِيٓ أَنۡ أُبَدِّلَهُۥ مِن تِلۡقَآيِٕ نَفۡسِيٓۖ إِنۡ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا يُوحَىٰٓ إِلَيَّۖ إِنِّيٓ أَخَافُ إِنۡ عَصَيۡتُ رَبِّي عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٖ
Чун оёти равшани мо бар мушрикон тиловат шуд, онҳо, ки ба дидори Мо умед надоранд ва аз рӯзи ҳисоб наметарсанд ва имон ба рӯзи аз нав зинда шудан надоранд, гуфтанд: «Қуръоне ғайри ин Қуръон биёвар ё дигаргунаш кун!» Бигӯ барояшон эй Паёмбар: «Маро нарасад, ки онро аз сӯи худ дигаргун кунам. Ҳар чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайрави ҳамон ҳастам. Метарсам, ки агар ба Парвардигорам фармонбар нашавам, ба азоби он рӯзи бузург гирифтор оям»
Surah Yunus, Verse 15
قُل لَّوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا تَلَوۡتُهُۥ عَلَيۡكُمۡ وَلَآ أَدۡرَىٰكُم بِهِۦۖ فَقَدۡ لَبِثۡتُ فِيكُمۡ عُمُرٗا مِّن قَبۡلِهِۦٓۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
Бигӯ эй Расул: «Агар Аллоҳ мехост, ман онро бар шумо тиловат намекардам ва шуморо Аллоҳ аз он огоҳ намесохт. Бидонед, ки он ҳақ аст аз ҷониби Аллоҳ. Ва ба дурустӣ, ки шумо ҳақиқати ҳоли маро медонистед, ки пеш аз ин дар миёни шумо умре зистаам ва нахондаам, нанавиштаам, на дарс омӯхтам ва на аз касе таълим гирифтаам. Чаро ба ақл дарнамеёбед? »
Surah Yunus, Verse 16
فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ كَذَّبَ بِـَٔايَٰتِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ
Кист ситамкортар аз он, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебандад ё оёти Ӯро дурӯғ мепиндорад? Ҳароина гунаҳгорон растагор намешаванд
Surah Yunus, Verse 17
وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُمۡ وَلَا يَنفَعُهُمۡ وَيَقُولُونَ هَـٰٓؤُلَآءِ شُفَعَـٰٓؤُنَا عِندَ ٱللَّهِۚ قُلۡ أَتُنَبِّـُٔونَ ٱللَّهَ بِمَا لَا يَعۡلَمُ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ
Мушрикон ғайри Аллоҳ чизҳоеро мепарастанд, ки на судашон мерасонад на зиён. Ва мегӯянд: «Инҳо (бутон) шафоаткунандагони мо дар назди Аллоҳанд». Бигӯ барояшон эй Паёмбар: «Оё хабардор мекунед Аллоҳро ба он чӣ намедонад дар осмонҳо ва замин? Аллоҳ пок аст ва аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, бузургтар аст!»
Surah Yunus, Verse 18
وَمَا كَانَ ٱلنَّاسُ إِلَّآ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ فَٱخۡتَلَفُواْۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةٞ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡ فِيمَا فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ
Мардум дар аввал бар як дин буданд ва он ислом буд. Баъд аз он миёнашон ихтилоф афтод. Пас, баъзе кофир шуданд ва баъзеи дигар бар ҳақ боқӣ монданд. Ва агар намебуд калимае, ки пеш содир шуда аз ҷониби Парвардигори ту, ҳамоно ҳукм карда мешуд миёни онҳо дар он чи ихтидоф доранд
Surah Yunus, Verse 19
وَيَقُولُونَ لَوۡلَآ أُنزِلَ عَلَيۡهِ ءَايَةٞ مِّن رَّبِّهِۦۖ فَقُلۡ إِنَّمَا ٱلۡغَيۡبُ لِلَّهِ فَٱنتَظِرُوٓاْ إِنِّي مَعَكُم مِّنَ ٱلۡمُنتَظِرِينَ
Ва кофирони саркаш мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш мӯъҷизае бар ӯ нозил намешавад, то бидонем, ки паёмбари барҳақ аст?» Бигӯ (эй Расул барояшон): «Илми ғайб аз они Аллоҳ аст. Интизорӣ бикашед эй қавм амри Аллоҳро, то кӣ барҳақ аст ва кӣ ноҳақ! Ман низ бо шумо мунтазир мемонам!»
Surah Yunus, Verse 20
وَإِذَآ أَذَقۡنَا ٱلنَّاسَ رَحۡمَةٗ مِّنۢ بَعۡدِ ضَرَّآءَ مَسَّتۡهُمۡ إِذَا لَهُم مَّكۡرٞ فِيٓ ءَايَاتِنَاۚ قُلِ ٱللَّهُ أَسۡرَعُ مَكۡرًاۚ إِنَّ رُسُلَنَا يَكۡتُبُونَ مَا تَمۡكُرُونَ
Ва ҳар гоҳ пас аз зараре (қаҳтӣ), ки ба мардуми мушрик расидааст, раҳмате ба онҳо бичашонем, бинӣ, ки дар оёти Мо бадандешӣ (тамасхур) мекунанд, бигӯ эй Паёмбар барои инҳо мушрикон: «Тадбири Аллоҳ зудтар аст». Расулони Мо (малоикаҳо) низ бадандешиҳои шуморо менависанд
Surah Yunus, Verse 21
هُوَ ٱلَّذِي يُسَيِّرُكُمۡ فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِۖ حَتَّىٰٓ إِذَا كُنتُمۡ فِي ٱلۡفُلۡكِ وَجَرَيۡنَ بِهِم بِرِيحٖ طَيِّبَةٖ وَفَرِحُواْ بِهَا جَآءَتۡهَا رِيحٌ عَاصِفٞ وَجَآءَهُمُ ٱلۡمَوۡجُ مِن كُلِّ مَكَانٖ وَظَنُّوٓاْ أَنَّهُمۡ أُحِيطَ بِهِمۡ دَعَوُاْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ لَئِنۡ أَنجَيۡتَنَا مِنۡ هَٰذِهِۦ لَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلشَّـٰكِرِينَ
Ӯст, ки шуморо дар хушкӣ ва дар дарё сайр медиҳад. То он гоҳ ки дар киштиҳо ҳастанд ва боди мувофиқ ба ҳаракаташон меоварад, шодмонанд. Чун тӯфон фаро расад ва мавҷ аз ҳар сӯ бар онҳо резад, чунон пиндоранд, ки дар муҳосираи мавҷ қарор гирифтаанд, (яқин мекунанд, ки ҳалок мешаванд), Аллоҳро аз рӯи ихлос ва ягонагӣ бихонанд, ки агар моро аз ин хатар бираҳонӣ, ҳатман, аз шукргузорон хоҳем буд
Surah Yunus, Verse 22
فَلَمَّآ أَنجَىٰهُمۡ إِذَا هُمۡ يَبۡغُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّۗ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّمَا بَغۡيُكُمۡ عَلَىٰٓ أَنفُسِكُمۖ مَّتَٰعَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ ثُمَّ إِلَيۡنَا مَرۡجِعُكُمۡ فَنُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Чун Аллоҳ онҳоро аз баҳр наҷот дод, бинӣ, ки дар замин ба ноҳақ саркашӣ кунанд ба сӯйи гуноҳ ва фасодкорӣ дар замин бармегарданд. Эй мардум, ин саркашӣ ба зиёни худатон аст. Манфиат мебаред дар ин зиндагии дунявӣ. Он гоҳ ҳама ба назди Мо бозмегардед, то аз корҳое, ки мекардед, огоҳатон созем
Surah Yunus, Verse 23
إِنَّمَا مَثَلُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا كَمَآءٍ أَنزَلۡنَٰهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ فَٱخۡتَلَطَ بِهِۦ نَبَاتُ ٱلۡأَرۡضِ مِمَّا يَأۡكُلُ ٱلنَّاسُ وَٱلۡأَنۡعَٰمُ حَتَّىٰٓ إِذَآ أَخَذَتِ ٱلۡأَرۡضُ زُخۡرُفَهَا وَٱزَّيَّنَتۡ وَظَنَّ أَهۡلُهَآ أَنَّهُمۡ قَٰدِرُونَ عَلَيۡهَآ أَتَىٰهَآ أَمۡرُنَا لَيۡلًا أَوۡ نَهَارٗا فَجَعَلۡنَٰهَا حَصِيدٗا كَأَن لَّمۡ تَغۡنَ بِٱلۡأَمۡسِۚ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ
Масали зиндагии ин дунё чун боронест, ки аз осмон нозил кунем, то бар асари он ҳар гуна растаниҳо аз замин бирӯянд, аз он чи одамиён мехӯранд ва он чи чорпоён мечаранд. Чун замин ҳусни хеш баргирифт ва ороста шуд (бо гулҳову гиёҳ) ва аҳли замин пиндоштанд, ки худ қодир бар он ҳама будаанд, фармони Мо барои нобуд кардани набототи он ҳангоми шаб ё ба рӯз даррасад ва чунон аз бехаш барканем, ки гӯё дирӯз дар он макон ҳеҷ чиз набудааст. Оётро барои мардуме, ки меандешанд, инчунин тафсил медиҳем, то ки аз дунёву охираташон баҳравар шаванд
Surah Yunus, Verse 24
وَٱللَّهُ يَدۡعُوٓاْ إِلَىٰ دَارِ ٱلسَّلَٰمِ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ
Аллоҳ ба сарои амн ва амон (ҷаннат) даъват менамояд ва ҳар киро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад! (Ва он роҳ Ислом аст)
Surah Yunus, Verse 25
۞لِّلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ ٱلۡحُسۡنَىٰ وَزِيَادَةٞۖ وَلَا يَرۡهَقُ وُجُوهَهُمۡ قَتَرٞ وَلَا ذِلَّةٌۚ أُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ
Подоши онон, ки некӣ мекунанд, некист (ҷаннат) ва чизе афзун бар он дидори Аллоҳ аст. На сияҳрӯй шаванду на хор. Инҳо аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд
Surah Yunus, Verse 26
وَٱلَّذِينَ كَسَبُواْ ٱلسَّيِّـَٔاتِ جَزَآءُ سَيِّئَةِۭ بِمِثۡلِهَا وَتَرۡهَقُهُمۡ ذِلَّةٞۖ مَّا لَهُم مِّنَ ٱللَّهِ مِنۡ عَاصِمٖۖ كَأَنَّمَآ أُغۡشِيَتۡ وُجُوهُهُمۡ قِطَعٗا مِّنَ ٱلَّيۡلِ مُظۡلِمًاۚ أُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ
Ва барои онон, ки муртакиби бадиҳо шаванд, ҷазои ҳар кори баде ба андозаи он хоҳад буд ва ононро дар рӯзи қиёмат хорӣ фаро хоҳад гирифт. Касе онҳоро аз азоби Аллоҳ нигаҳ намедорад, чунон шаванд, ки гӯё рӯяшон бо пораҳое аз шаби торик пӯшида шудааст. Инҳо аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он ҳастанд
Surah Yunus, Verse 27
وَيَوۡمَ نَحۡشُرُهُمۡ جَمِيعٗا ثُمَّ نَقُولُ لِلَّذِينَ أَشۡرَكُواْ مَكَانَكُمۡ أَنتُمۡ وَشُرَكَآؤُكُمۡۚ فَزَيَّلۡنَا بَيۡنَهُمۡۖ وَقَالَ شُرَكَآؤُهُم مَّا كُنتُمۡ إِيَّانَا تَعۡبُدُونَ
Ва ба ёд ор эй Паёмбар, рӯзе ҳамаи онҳоро барои ҳисобу ҷазо дар маҳшар гирд оварем. Сипас мушриконро гӯем: «Шумо ва шариконатон (ононро, ки шарики Аллоҳ сохтаед) дар макони худ қарор гиред!» Сипас онҳоро аз якдигар ҷудо мекунем ва ба Аллоҳ шарик сохтаҳояшон мегӯянд: «Шумо ҳаргиз моро дар дунё намепарастидед»
Surah Yunus, Verse 28
فَكَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدَۢا بَيۡنَنَا وَبَيۡنَكُمۡ إِن كُنَّا عَنۡ عِبَادَتِكُمۡ لَغَٰفِلِينَ
Ба Аллоҳ шарик сохтаҳояшон (маъбудҳояшон) барои мушрикон мегӯянд: Аллоҳ барои гувоҳй миёни мову шумо кофист, ки мо аз парастиши шумо ҳаргиз огоҳ набудаем
Surah Yunus, Verse 29
هُنَالِكَ تَبۡلُواْ كُلُّ نَفۡسٖ مَّآ أَسۡلَفَتۡۚ وَرُدُّوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ مَوۡلَىٰهُمُ ٱلۡحَقِّۖ وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ
Дар он ҷо (рӯзи қиёмат, дар вақти ҳисоб) ҳар кас ҳар чӣ кардааст, подошашро хоҳад дид. Агар некӣ карда бошад, барояш некӣ аст ва агар бадӣ карда бошад, барояш бадӣ аст. Ва ҳамаро ба сӯи Аллоҳ мавлои ҳақиқияшон бозгардонида мешаванд, пас аҳли ҷаннат ба ҷаннат дохил мешавад ва аҳли дӯзах ба дӯзах ва ҳамаи он бутон, ки мушрикон ба ботил мепарастиданд, нобуд мешаванд
Surah Yunus, Verse 30
قُلۡ مَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ أَمَّن يَمۡلِكُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَمَن يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَيُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتَ مِنَ ٱلۡحَيِّ وَمَن يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَۚ فَسَيَقُولُونَ ٱللَّهُۚ فَقُلۡ أَفَلَا تَتَّقُونَ
Бигӯ эй Паёмбар, барои мушрикон: «чӣ касе аз осмон борон фуруд меорад ва аз замин ба шумо навъҳои гуногун аз наботот ва дарахтҳо рӯзӣ медиҳад? Кист, ки шунавоиву биноиро молик бошад? Ва кист, ки зиндаро аз мурда (ҳамчунон, ки мӯъминро аз кофир ва чӯҷаро аз тухм) падид меорад ва мурдаро аз зинда (кофирро аз мӯъмин ва тухмро аз мурғ) ва кист, ки корҳоро ба сомон меоварад?» Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Пас, бигӯ: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед, ки бо Ӯ шарик меоред?»
Surah Yunus, Verse 31
فَذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمُ ٱلۡحَقُّۖ فَمَاذَا بَعۡدَ ٱلۡحَقِّ إِلَّا ٱلضَّلَٰلُۖ فَأَنَّىٰ تُصۡرَفُونَ
Пас, он Аллоҳ, Парвардигори ҳақиқии шумост (яъне, Ӯ фақат мустаҳиқи ибодат аст), баъд аз ҳақиқат ҷуз гумроҳӣ чист? Пас, чӣ гуна аз ибодати Ӯ рӯй мегардонед, дар ҳоле ки Ӯ мустаҳиқи ибодат аст
Surah Yunus, Verse 32
كَذَٰلِكَ حَقَّتۡ كَلِمَتُ رَبِّكَ عَلَى ٱلَّذِينَ فَسَقُوٓاْ أَنَّهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
Ҳамчунон ки инҳо, мушрикон кофир шуданд ва ҳамеша бар ширки худ давомат карданд. Пас, сухан (ҳукм ва қазо)-и Парвардигори ту дар бораи фосиқон ба ҳақиқат пайваст, ки гуфт: «Инҳо ба ягонагии Аллоҳ ва на ба паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон намеоваранд»
Surah Yunus, Verse 33
قُلۡ هَلۡ مِن شُرَكَآئِكُم مَّن يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥۚ قُلِ ٱللَّهُ يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥۖ فَأَنَّىٰ تُؤۡفَكُونَ
Бигӯ эй Паёмбар: «Оё аз ин шариконе, ки шумо ба Аллоҳ шарик сохтаед касе ҳаст, ки чизеро биёфаринад ва боз пас аз мурдан, зинда кунад?» Бигӯ эй Паёмбар: «Аллоҳи якто махлуқотро меофаринад ва боз пас аз мурдан, зинда мекунад. Пас чӣ гуна аз ҳақ бероҳаатон мекунанд?»
Surah Yunus, Verse 34
قُلۡ هَلۡ مِن شُرَكَآئِكُم مَّن يَهۡدِيٓ إِلَى ٱلۡحَقِّۚ قُلِ ٱللَّهُ يَهۡدِي لِلۡحَقِّۗ أَفَمَن يَهۡدِيٓ إِلَى ٱلۡحَقِّ أَحَقُّ أَن يُتَّبَعَ أَمَّن لَّا يَهِدِّيٓ إِلَّآ أَن يُهۡدَىٰۖ فَمَا لَكُمۡ كَيۡفَ تَحۡكُمُونَ
Бигӯ эй Паёмбар, барои инҳо мушрикон: «Оё аз ин шариконе, ки шумо ба Аллоҳ шарик сохтаед, касе ҳаст, ки ба ҳақ роҳ намояд?» Бигӯ барояшон: «Аллоҳ гумроҳро ба ҳақ роҳ менамояд. Оё он Зоте, ки ба ҳақ роҳ менамояд ба пайравӣ сазовортар аст ё он касе, ки ба ҳақ роҳ намеёбад, магар ин ки ба ҳақ ҳидоят карда шавад? Пас шуморо чӣ шудааст? чӣ гуна ҳукм мекунед?»
Surah Yunus, Verse 35
وَمَا يَتَّبِعُ أَكۡثَرُهُمۡ إِلَّا ظَنًّاۚ إِنَّ ٱلظَّنَّ لَا يُغۡنِي مِنَ ٱلۡحَقِّ شَيۡـًٔاۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِمَا يَفۡعَلُونَ
Ва бештари мушрикон фақат пайрави гумонанд дар ибодати бутон ва гумон наметавонад ҷои ҳақро бигирад. Албатта, Аллоҳ ба коре, ки ин мушрикон мекунанд, (аз куфрашон) огоҳ аст
Surah Yunus, Verse 36
وَمَا كَانَ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانُ أَن يُفۡتَرَىٰ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلَٰكِن تَصۡدِيقَ ٱلَّذِي بَيۡنَ يَدَيۡهِ وَتَفۡصِيلَ ٱلۡكِتَٰبِ لَا رَيۡبَ فِيهِ مِن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Ва нашояд, ки касе ин Қуръонро аз назди ғайри Аллоҳ орад, зеро ҳеҷ кас бар он тавоноӣ надорад, балки тасдиқкунандаи китобҳои пешина аст. Ва ин Қуръон баёни шариат аст барои мардум. Дар он шакке нест, ки аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст
Surah Yunus, Verse 37
أَمۡ يَقُولُونَ ٱفۡتَرَىٰهُۖ قُلۡ فَأۡتُواْ بِسُورَةٖ مِّثۡلِهِۦ وَٱدۡعُواْ مَنِ ٱسۡتَطَعۡتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
Ё мегӯянд, ки Қуръонро (Муҳаммад) ба дурӯғ ба Аллоҳ нисбат додааст. Бигӯ барояшон эй Расул: «Агар рост мегӯед, ҷуз Аллоҳ ҳар киро, ки метавонед, ба ёрӣ бихонед ва сурае монанди он биёваред»
Surah Yunus, Verse 38
بَلۡ كَذَّبُواْ بِمَا لَمۡ يُحِيطُواْ بِعِلۡمِهِۦ وَلَمَّا يَأۡتِهِمۡ تَأۡوِيلُهُۥۚ كَذَٰلِكَ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلظَّـٰلِمِينَ
Балки дурӯғ шумурданд чизеро ва кофир шуданд, ки ба илми он иҳота наёфта буданд ва ҳанӯз аз ҳақиқати он бехабаранд. Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ ҳамчунин паёмбаронро ба дурӯғ нисбат доданд. Пас, бингар эй Муҳаммад, ки оқибати кори ситамгорон чӣ гуна будааст
Surah Yunus, Verse 39
وَمِنۡهُم مَّن يُؤۡمِنُ بِهِۦ وَمِنۡهُم مَّن لَّا يُؤۡمِنُ بِهِۦۚ وَرَبُّكَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُفۡسِدِينَ
Ва эй Паёмбар, баъзе аз қавми ту ба Қуръон имон меоваранд ва баъзе то мурданашон имон намеоваранд. Ва Парвардигори ту ба фасодкорон огоҳтар аст
Surah Yunus, Verse 40
وَإِن كَذَّبُوكَ فَقُل لِّي عَمَلِي وَلَكُمۡ عَمَلُكُمۡۖ أَنتُم بَرِيٓـُٔونَ مِمَّآ أَعۡمَلُ وَأَنَا۠ بَرِيٓءٞ مِّمَّا تَعۡمَلُونَ
Ва агар туро, эй Расул, мушрикон дурӯғ бароварданд, бигӯ барояшон: «Амали ман аз они ман аст ва амали шумо аз они шумост. Шумо аз он чи ман мекунам, безоред ва ман аз он чи шумо мекунед, безорам»
Surah Yunus, Verse 41
وَمِنۡهُم مَّن يَسۡتَمِعُونَ إِلَيۡكَۚ أَفَأَنتَ تُسۡمِعُ ٱلصُّمَّ وَلَوۡ كَانُواْ لَا يَعۡقِلُونَ
Ва баъзе аз он мушрикон ба ту гӯш медиҳанд, вале ҳидоят намеёбанд. Оё агар дарнаёбанд нафаҳманд маънои сухани туро, ту метавонӣ ношунавоёнро шунаво созӣ? Ҳаргиз наметавонӣ, зеро онҳо каломи ҳақро намешунаванд
Surah Yunus, Verse 42
وَمِنۡهُم مَّن يَنظُرُ إِلَيۡكَۚ أَفَأَنتَ تَهۡدِي ٱلۡعُمۡيَ وَلَوۡ كَانُواْ لَا يُبۡصِرُونَ
Баъзе аз кофирон ба далелҳои ҳақ будани паёмбарии ту менигаранд, валекин намебинанд, ки Аллоҳ аз нури имон туро чиҳо додааст. Оё агар набинанд, ту метавонӣ кӯрони нобиноро роҳ бинамоӣ
Surah Yunus, Verse 43
إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَظۡلِمُ ٱلنَّاسَ شَيۡـٔٗا وَلَٰكِنَّ ٱلنَّاسَ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ
Аллоҳ ба мардум ҳеҷ ситам намекунад, вале мардум худ ба нафси худ ситам мекунанд ва ба сабаби гунаҳгориашон худро гирифтори ғазаби Аллоҳ месозанд
Surah Yunus, Verse 44
وَيَوۡمَ يَحۡشُرُهُمۡ كَأَن لَّمۡ يَلۡبَثُوٓاْ إِلَّا سَاعَةٗ مِّنَ ٱلنَّهَارِ يَتَعَارَفُونَ بَيۡنَهُمۡۚ قَدۡ خَسِرَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِلِقَآءِ ٱللَّهِ وَمَا كَانُواْ مُهۡتَدِينَ
Ва рӯзе, ки Аллоҳ он мушриконро барои ҳисобу китоб дар маҳшар гирд оварад, чунон пиндорӣ, (эй Паёмбар), ки танҳо дар қабрҳояшон ба миқдори соате аз рӯз дар дунё истодаанд, то якдигарро бишиносанд. Баъд аз он аз ҳавли даҳшати қиёмат соати шиносоӣ бурида мешавад. Онҳо, ки дидор бо Аллоҳро дурӯғ меҳисобанд, зиёндидаанд ва ҳидоятнаёфтагонанд
Surah Yunus, Verse 45
وَإِمَّا نُرِيَنَّكَ بَعۡضَ ٱلَّذِي نَعِدُهُمۡ أَوۡ نَتَوَفَّيَنَّكَ فَإِلَيۡنَا مَرۡجِعُهُمۡ ثُمَّ ٱللَّهُ شَهِيدٌ عَلَىٰ مَا يَفۡعَلُونَ
Ё баъзе аз чизҳоеро, ки ба онҳо ваъда додаем аз азоб, ба ту (эй Паёмбар) менамоёнем ё туро пеш аз нишон додани он азобҳо мемиронем. Бозгашти ҳамаашон ба назди мост ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунанд, нозир аст. Пас дар охират ҷазояшон хоҳад дод
Surah Yunus, Verse 46
وَلِكُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولٞۖ فَإِذَا جَآءَ رَسُولُهُمۡ قُضِيَ بَيۡنَهُم بِٱلۡقِسۡطِ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ
Ва ҳар умматеро паёмбаре буд чунон ки ба сӯи шумо Муҳаммадро фиристодам, ки шуморо ба дини Аллоҳ ва тоати Аллоҳ мехонд ва чун паёмбарашон биёмад, корҳо миёнашон ба адолат ҳукм карда шуд ва онҳо ғайр аз амалҳои худ ба чизи дигаре мавриди ситам воқеъ нашуданд
Surah Yunus, Verse 47
وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас ин ваъдаи рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»
Surah Yunus, Verse 48
قُل لَّآ أَمۡلِكُ لِنَفۡسِي ضَرّٗا وَلَا نَفۡعًا إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُۗ لِكُلِّ أُمَّةٍ أَجَلٌۚ إِذَا جَآءَ أَجَلُهُمۡ فَلَا يَسۡتَـٔۡخِرُونَ سَاعَةٗ وَلَا يَسۡتَقۡدِمُونَ
Бигӯ эй Паёмбар: «Ман дар бораи худ молики ҳеҷ суду зиёне нестам, ҷуз он чӣ Аллоҳ бихоҳад. Марги ҳар умматеро замоне муайян аст. Чун замони маргашон фаро расад, на як лаҳза дер кунанд ва на як лаҳза пеш афтанд»
Surah Yunus, Verse 49
قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَتَىٰكُمۡ عَذَابُهُۥ بَيَٰتًا أَوۡ نَهَارٗا مَّاذَا يَسۡتَعۡجِلُ مِنۡهُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ
Бигӯ эй Расул, бар ман бигӯед агар азоби Аллоҳ шабонагоҳ ё дар рӯз ба суроғи шумо биёяд, гунаҳкорон ба хотири чӣ чизе барои фаро расидани он (азоб) шитоб доранд
Surah Yunus, Verse 50
أَثُمَّ إِذَا مَا وَقَعَ ءَامَنتُم بِهِۦٓۚ ءَآلۡـَٰٔنَ وَقَدۡ كُنتُم بِهِۦ تَسۡتَعۡجِلُونَ
Эй мушрикон, оё чун азоб ба вуқӯъ пайвандад, пас имон меоваред? Ҳол он ки имон оварданатон дар он вақт суде надорад. Он вақт барояшон гуфта шавад: Акнун ин ҳамон чизест, ки фаро расиданашро ба шитоб мехостед»
Surah Yunus, Verse 51
ثُمَّ قِيلَ لِلَّذِينَ ظَلَمُواْ ذُوقُواْ عَذَابَ ٱلۡخُلۡدِ هَلۡ تُجۡزَوۡنَ إِلَّا بِمَا كُنتُمۡ تَكۡسِبُونَ
Он гоҳ ба ситамкороне, ки бар нафси хеш зулм карданд, гуфта шавад: «Азоби ҷовидро бичашед! Шумо ҷуз ба қадри он чи мекардед, ҷазо дода намешавед»
Surah Yunus, Verse 52
۞وَيَسۡتَنۢبِـُٔونَكَ أَحَقٌّ هُوَۖ قُلۡ إِي وَرَبِّيٓ إِنَّهُۥ لَحَقّٞۖ وَمَآ أَنتُم بِمُعۡجِزِينَ
Ва аз ту мепурсанд, ки оё азоби рӯзи қиёмат ҳақ аст? Бигӯ: «Оре, савганд ба Парвардигорам, ки ҳақ аст ва шумо Уро боздоранда аз азоб нестед, балки дар зери ҳукмронии Ӯ ҳастед!»
Surah Yunus, Verse 53
وَلَوۡ أَنَّ لِكُلِّ نَفۡسٖ ظَلَمَتۡ مَا فِي ٱلۡأَرۡضِ لَٱفۡتَدَتۡ بِهِۦۗ وَأَسَرُّواْ ٱلنَّدَامَةَ لَمَّا رَأَوُاْ ٱلۡعَذَابَۖ وَقُضِيَ بَيۡنَهُم بِٱلۡقِسۡطِ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ
Ва агар ҳар касе, шарик оварад ва кофир шавад, соҳиби ҳамаи сарвати рӯи замин бошад, барои наҷоти худ аз азоб албатта, онро фидя диҳад. Ва чун (пешвоёни мушрикон) азобро бингаранд, пушаймонии хеш дар дил пинҳон доранд, миёнашон ба адолат ҳукм шавад ва мавриди ситам воқеъ нагарданд
Surah Yunus, Verse 54
أَلَآ إِنَّ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ أَلَآ إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
Бидонед, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Аллоҳ аст! Ва огоҳ бошед, ки ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст, вале бештарашон ҳақиқати онро намедонанд
Surah Yunus, Verse 55
هُوَ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ
Ӯст, ки зинда мекунаду мемиронад ва ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонида мешаванд
Surah Yunus, Verse 56
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ قَدۡ جَآءَتۡكُم مَّوۡعِظَةٞ مِّن رَّبِّكُمۡ وَشِفَآءٞ لِّمَا فِي ٱلصُّدُورِ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٞ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ
Эй мардум, барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон панде омад, ки шуморо аз азоби Аллоҳ бим медиҳад ва он Қуръон аст, ки дорои ахлоқ ва аъмоли шоистаи шумо аст ва дар он шифоест барои он беморие, ки дар дил доред (аз нодонӣ, шакку шубҳа ва ширк) ва роҳнамоиву раҳматест барои мӯъминон
Surah Yunus, Verse 57
قُلۡ بِفَضۡلِ ٱللَّهِ وَبِرَحۡمَتِهِۦ فَبِذَٰلِكَ فَلۡيَفۡرَحُواْ هُوَ خَيۡرٞ مِّمَّا يَجۡمَعُونَ
Эй Паёмбар, барои ҳамаи мардум бигӯ: Ба фазли Аллоҳу раҳмати Ӯ (ки Қуръон ва дини ислом аст), шодмон шаванд, зеро ин ду (яъне, фазлу раҳмати Аллоҳ) аз ҳар чӣ аз матои дунё ва лаззатҳои он ҷамъ мекунанд, беҳтар аст
Surah Yunus, Verse 58
قُلۡ أَرَءَيۡتُم مَّآ أَنزَلَ ٱللَّهُ لَكُم مِّن رِّزۡقٖ فَجَعَلۡتُم مِّنۡهُ حَرَامٗا وَحَلَٰلٗا قُلۡ ءَآللَّهُ أَذِنَ لَكُمۡۖ أَمۡ عَلَى ٱللَّهِ تَفۡتَرُونَ
Бигӯ эй Паёмбар, барои мушрикон: «Оё ба ризқе, ки Аллоҳ бароятон (аз ҳайвонот, наботот ва хайрот) нозил кардааст, нигаристаед? Баъзеро ҳаром шумурдед ва баъзеро ҳалол». Бигӯ барояшон: «Аллоҳ ба шумо иҷоза додааст, ё ба Ӯ дурӯғ мебандед?»
Surah Yunus, Verse 59
وَمَا ظَنُّ ٱلَّذِينَ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَشۡكُرُونَ
Онон, ки дар бораи рӯзи қиёмат ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд, чӣ гумон кардаанд? Оё гумон мекунанд, ки бо ин кирдорашон гуноҳонашон омурзида мешавад? Аллоҳ фазли худро ба мардумон арзонӣ медорад, ки онҳоро зуд ба азоб намегирад, балки дар дунё мӯҳлаташон медиҳад, вале бештаринашон шукр намегӯянд ва ба худ вазнинӣ меоранд ва ҳалолкардаи Аллоҳро бар худ ҳаром мекунанд
Surah Yunus, Verse 60
وَمَا تَكُونُ فِي شَأۡنٖ وَمَا تَتۡلُواْ مِنۡهُ مِن قُرۡءَانٖ وَلَا تَعۡمَلُونَ مِنۡ عَمَلٍ إِلَّا كُنَّا عَلَيۡكُمۡ شُهُودًا إِذۡ تُفِيضُونَ فِيهِۚ وَمَا يَعۡزُبُ عَن رَّبِّكَ مِن مِّثۡقَالِ ذَرَّةٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِي ٱلسَّمَآءِ وَلَآ أَصۡغَرَ مِن ذَٰلِكَ وَلَآ أَكۡبَرَ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مُّبِينٍ
Эй Расул, дар ҳар коре, ки бошӣ ва ҳар чӣ аз Қуръон бихонӣ ва ҳар амалеро, ки мекунед аз неку бад, Мо гувоҳ бар шумо ҳастем. Ва мувофиқи он амалҳоятон подошатон хоҳем дод ва бар Парвардигори ту ҳатто ба миқдори заррае дар замину осмонҳо пӯшида нест. Ва ҳар чӣ хурдтар аз он ё бузургтар аз он бошад, дар Китоби мубин навишта шудааст
Surah Yunus, Verse 61
أَلَآ إِنَّ أَوۡلِيَآءَ ٱللَّهِ لَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ
Огоҳ бошед, ки бар дӯстони Аллоҳ биме нест ва ғамгин намешаванд
Surah Yunus, Verse 62
ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ
Ва аз сифати дӯстони Аллоҳ ин аст, ки имон ба Аллоҳ оварданд ва расули Ӯро пайравӣ намуданд ва бинобар иҷро намудани амрҳояш ва дур будан аз маъсияташ аз Аллоҳ метарсанд
Surah Yunus, Verse 63
لَهُمُ ٱلۡبُشۡرَىٰ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِۚ لَا تَبۡدِيلَ لِكَلِمَٰتِ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ
Барои дӯстони Аллоҳ дар зиндагии дунё ва охират башорат аст. Сухани Аллоҳ дигаргун намешавад. Ин аст комёбии бузург
Surah Yunus, Verse 64
وَلَا يَحۡزُنكَ قَوۡلُهُمۡۘ إِنَّ ٱلۡعِزَّةَ لِلَّهِ جَمِيعًاۚ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ
Сухани мушрикон туро эй Расул, ғамгин насозад. Зеро иззат комилан аз они Аллоҳ аст. Ӯ шунавову огоҳ аст
Surah Yunus, Verse 65
أَلَآ إِنَّ لِلَّهِ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِۗ وَمَا يَتَّبِعُ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ شُرَكَآءَۚ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَإِنۡ هُمۡ إِلَّا يَخۡرُصُونَ
Огоҳ бошед, ки аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳо аст (аз фариштагон) ва ҳар чӣ дар замин аст (аз инсу ҷин ва ғайра) ва онон, ки ғайр аз Аллоҳ шариконеро фарёд мекунанд ғайр аз гумон чизи дигареро пайравӣ намекунанд ва корашон ғайр аз тахмин ва дурӯғ гуфтан чизи дигаре нест
Surah Yunus, Verse 66
هُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلَّيۡلَ لِتَسۡكُنُواْ فِيهِ وَٱلنَّهَارَ مُبۡصِرًاۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَسۡمَعُونَ
Уст, ки шабро бароятон падид овард, то дар он орому роҳат ёбед ва рӯзро равшан кард, то дар он бубинед ва ризқу рӯзии зиндагиатонро дарёбед. Албатта, дар инҳо барои мардуме, ки мешунаванд, нишонаҳоест бар ваҳдонияти Аллоҳ, ки Ӯст сазовори ибодат
Surah Yunus, Verse 67
قَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ وَلَدٗاۗ سُبۡحَٰنَهُۥۖ هُوَ ٱلۡغَنِيُّۖ لَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ إِنۡ عِندَكُم مِّن سُلۡطَٰنِۭ بِهَٰذَآۚ أَتَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ
Мушрикон гуфтанд: «Аллоҳ фарзанде гирифтааст». (Мисли гуфтаашон: фариштагон духтарони Аллоҳанд ё ки Исо писари Аллоҳ аст) Пок аст! Аллоҳ аз ин гуфтаҳо ва бениёз аст! Аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст! Шуморо бар он сухани бофтаатон далеле нест. Чаро дар бораи Аллоҳ чизҳое мегӯед, ки ба он огоҳ нестед
Surah Yunus, Verse 68
قُلۡ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ لَا يُفۡلِحُونَ
Бигӯ: «Онҳо, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд, наҷот намеёбанд
Surah Yunus, Verse 69
مَتَٰعٞ فِي ٱلدُّنۡيَا ثُمَّ إِلَيۡنَا مَرۡجِعُهُمۡ ثُمَّ نُذِيقُهُمُ ٱلۡعَذَابَ ٱلشَّدِيدَ بِمَا كَانُواْ يَكۡفُرُونَ
Ба сабаби куфру дурӯғашон дар дунё, фоидаи андакест, сипас бозгашташон ба сӯи Мост. Он гоҳ ба сабаби куфре, ки меварзиданд, Мо азоби сахтеро ба онон мечашонем
Surah Yunus, Verse 70
۞وَٱتۡلُ عَلَيۡهِمۡ نَبَأَ نُوحٍ إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ إِن كَانَ كَبُرَ عَلَيۡكُم مَّقَامِي وَتَذۡكِيرِي بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَعَلَى ٱللَّهِ تَوَكَّلۡتُ فَأَجۡمِعُوٓاْ أَمۡرَكُمۡ وَشُرَكَآءَكُمۡ ثُمَّ لَا يَكُنۡ أَمۡرُكُمۡ عَلَيۡكُمۡ غُمَّةٗ ثُمَّ ٱقۡضُوٓاْ إِلَيَّ وَلَا تُنظِرُونِ
Барои куффори Макка қиссаи Нӯҳро бихон, он гоҳ ки ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, агар истодани ман дар миёни шумо ва ёдоварии оёти Аллоҳ бар шумо гарон меояд, ман бар Аллоҳ таваккал намудаам. Пас, дар кори худ ҳамроҳи бутҳоятон азм кунед, чунон ки ягон чиз аз коре, ки мекунед, бар шумо пӯшида набошад (яъне, бемалол ва ошкоро якҷоя бо бутҳо кор гиред, ман парвое надорам) ва он чиро мехоҳед дар ҳаққи ман анҷом диҳед ва маро мӯхлат надиҳед
Surah Yunus, Verse 71
فَإِن تَوَلَّيۡتُمۡ فَمَا سَأَلۡتُكُم مِّنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِۖ وَأُمِرۡتُ أَنۡ أَكُونَ مِنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ
Ва агар аз даъвати ман рӯй гардонед ба ман зиёне намерасонед ман аз шумо ҳеҷ музде нахостаам ва музди ман ғайр аз Аллоҳ аз каси дигаре нест ва ман амр шудаам, ки аз таслимшудагон бошам!»
Surah Yunus, Verse 72
فَكَذَّبُوهُ فَنَجَّيۡنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ فِي ٱلۡفُلۡكِ وَجَعَلۡنَٰهُمۡ خَلَـٰٓئِفَ وَأَغۡرَقۡنَا ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَاۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُنذَرِينَ
Пас, қавмаш Нӯҳро дурӯғ шумориданд. Мо ӯ ва ҳамроҳонашро дар киштӣ наҷот додем ва ононро ҷонишини пешиниён сохтем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ мешумурданд, ғарқ кардем. Пас, (эй Расул) бингар, ки оқибати бимдодашудагон (яъне касоне, ки туро дурӯғ шумориданд ва бар куфрашон давомат карданд) чӣ гуна буд
Surah Yunus, Verse 73
ثُمَّ بَعَثۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِۦ رُسُلًا إِلَىٰ قَوۡمِهِمۡ فَجَآءُوهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَمَا كَانُواْ لِيُؤۡمِنُواْ بِمَا كَذَّبُواْ بِهِۦ مِن قَبۡلُۚ كَذَٰلِكَ نَطۡبَعُ عَلَىٰ قُلُوبِ ٱلۡمُعۡتَدِينَ
Сипас баъди Нӯҳ паёмбароне ( чун Ҳуд, Солеҳ, Иброҳим, Лут ва Шуайб ва дигаронро) бар қавмашон фиристодем ва онон далелҳои равшане оварданд бар ҳақ будани паёмбариашон, вале мардум ба он чӣ пеш аз он дурӯғ бароварда буданд, насиҳатҳои паёмбаронро қабул накарданд ва имон наоварда буданд. Ҳамчунин бар дилҳои таҷовузкорон мӯҳр мениҳем
Surah Yunus, Verse 74
ثُمَّ بَعَثۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِم مُّوسَىٰ وَهَٰرُونَ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦ بِـَٔايَٰتِنَا فَٱسۡتَكۡبَرُواْ وَكَانُواْ قَوۡمٗا مُّجۡرِمِينَ
Ва пас аз паёмбароне, ки баъди Нӯҳ ба сӯи қавмашон фиристода будем, Мӯсову Ҳорунро низ ҳамроҳи оётамон бар Фиръавну бузургони қавмаш фиристодем. Ва онон саркашӣ карданд ва мардуми табаҳкоре буданд
Surah Yunus, Verse 75
فَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلۡحَقُّ مِنۡ عِندِنَا قَالُوٓاْ إِنَّ هَٰذَا لَسِحۡرٞ مُّبِينٞ
Ва чун ҳақ аз назди Мо ба сӯи онҳо омад, гуфтанд, ки ин ҷодуе ошкор аст
Surah Yunus, Verse 76
قَالَ مُوسَىٰٓ أَتَقُولُونَ لِلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَكُمۡۖ أَسِحۡرٌ هَٰذَا وَلَا يُفۡلِحُ ٱلسَّـٰحِرُونَ
Мӯсо (бо тааҷҷуб) гуфт: «Оё сухани ҳақро, ки инак, бар шумо нозил шудааст, ҷоду мехонед ва ҳол он ки ҷодугарон дар дунёву охират наҷот намеёбанд!»
Surah Yunus, Verse 77
قَالُوٓاْ أَجِئۡتَنَا لِتَلۡفِتَنَا عَمَّا وَجَدۡنَا عَلَيۡهِ ءَابَآءَنَا وَتَكُونَ لَكُمَا ٱلۡكِبۡرِيَآءُ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا نَحۡنُ لَكُمَا بِمُؤۡمِنِينَ
Гуфт Фиръавн ва қавмаш барои Мӯсо: «Оё пеши мо омадаӣ, то моро аз он дин, ки бар он падарони худро ёфтаем, дур созӣ, мехоҳед шумо (Мӯсо ва бародараш Ҳорун) дар замин бузургӣ ва роҳбарӣ барои ду нафари шумо бошад. Вале мо ба шумо боварӣ надорем!»
Surah Yunus, Verse 78
وَقَالَ فِرۡعَوۡنُ ٱئۡتُونِي بِكُلِّ سَٰحِرٍ عَلِيمٖ
Ва Фиръавн гуфт: «Ҳамаи ҷодугарони доноро назди ман биёваред!»
Surah Yunus, Verse 79
فَلَمَّا جَآءَ ٱلسَّحَرَةُ قَالَ لَهُم مُّوسَىٰٓ أَلۡقُواْ مَآ أَنتُم مُّلۡقُونَ
Пас, чун ҷодугарон омаданд, Мӯсо барояшон гуфт: «Партоед, он чиро аз ресмонҳо ва асоҳоятон, ки шумо бо худ доред!»
Surah Yunus, Verse 80
فَلَمَّآ أَلۡقَوۡاْ قَالَ مُوسَىٰ مَا جِئۡتُم بِهِ ٱلسِّحۡرُۖ إِنَّ ٱللَّهَ سَيُبۡطِلُهُۥٓ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُصۡلِحُ عَمَلَ ٱلۡمُفۡسِدِينَ
Чун ресмон ва асоҳояшонро партофтанд, Мӯсо барояшон гуфт: «Он чӣ шумо овардаед, ҷодуст ва Аллоҳ онро ботил хоҳад сохт, зеро Аллоҳ кори фасодкоронро ба салоҳ намеоварад
Surah Yunus, Verse 81
وَيُحِقُّ ٱللَّهُ ٱلۡحَقَّ بِكَلِمَٰتِهِۦ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡمُجۡرِمُونَ
Ва Аллоҳ бо суханони худ ҳақро ба субот мерасонад, агарчи гунаҳкоронро нохуш ояд»
Surah Yunus, Verse 82
فَمَآ ءَامَنَ لِمُوسَىٰٓ إِلَّا ذُرِّيَّةٞ مِّن قَوۡمِهِۦ عَلَىٰ خَوۡفٖ مِّن فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِمۡ أَن يَفۡتِنَهُمۡۚ وَإِنَّ فِرۡعَوۡنَ لَعَالٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَإِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلۡمُسۡرِفِينَ
Пас, ҳеҷ касе ба Мӯсо имон наовард, магар ҷавононе аз банӣ Исроил, он ҳам ба тарс аз Фиръавн ва бузургони қавми ӯ, ки мабодо онҳоро аз дин баргардонанд. Бегумон Фиръавн дар замин туғён карда буд ва аз зумраи таҷовузкорон буд
Surah Yunus, Verse 83
وَقَالَ مُوسَىٰ يَٰقَوۡمِ إِن كُنتُمۡ ءَامَنتُم بِٱللَّهِ فَعَلَيۡهِ تَوَكَّلُوٓاْ إِن كُنتُم مُّسۡلِمِينَ
Ва Мӯсо гуфт: «Эй қавми ман, агар ба Аллоҳ имон овардаед ва агар мусалмон ҳастед, ба Ӯ таваккал кунед!»
Surah Yunus, Verse 84
فَقَالُواْ عَلَى ٱللَّهِ تَوَكَّلۡنَا رَبَّنَا لَا تَجۡعَلۡنَا فِتۡنَةٗ لِّلۡقَوۡمِ ٱلظَّـٰلِمِينَ
Пас, қавми Мӯсо барояш гуфтанд: Бар Аллоҳ таваккал кардем, эй Парвардигори мо, моро мағлуби ин мардуми ситамкор макун, то гумон накунанд, ки онҳо барҳақанд
Surah Yunus, Verse 85
وَنَجِّنَا بِرَحۡمَتِكَ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ
Ва ба раҳмати худ моро аз дасти ин кофирон наҷот деҳ, зеро қавми Фиръавн онҳоро ғулом мегирифтанд ва дар корҳои ифлос ба кор мебурданд
Surah Yunus, Verse 86
وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰ وَأَخِيهِ أَن تَبَوَّءَا لِقَوۡمِكُمَا بِمِصۡرَ بُيُوتٗا وَٱجۡعَلُواْ بُيُوتَكُمۡ قِبۡلَةٗ وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Ба Мӯсо ва бародараш ваҳй кардем, ки барои қавми худ дар шаҳри Миср хонаҳо бигиред ва хонаҳои худро ибодатгоҳ созед ва намози фарзшударо дар вақташ гузоред ва мӯъминонро ба нусрат ва савоби бисёр мужда диҳед
Surah Yunus, Verse 87
وَقَالَ مُوسَىٰ رَبَّنَآ إِنَّكَ ءَاتَيۡتَ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَأَهُۥ زِينَةٗ وَأَمۡوَٰلٗا فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا رَبَّنَا لِيُضِلُّواْ عَن سَبِيلِكَۖ رَبَّنَا ٱطۡمِسۡ عَلَىٰٓ أَمۡوَٰلِهِمۡ وَٱشۡدُدۡ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَلَا يُؤۡمِنُواْ حَتَّىٰ يَرَوُاْ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَلِيمَ
Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигори мо, ба Фиръавну бузургони қавмаш дар ин ҷаҳон зинату (қасрҳо, хидматгорон, маркабҳои фохира) амволи бузург додаӣ, то дигаронро аз роҳи Ту гумроҳ кунанд. Эй Парвардигори мо, амволашонро нобуд соз ва бар дилҳояшон мӯҳр бинеҳ, пас имон наёранд, то он гоҳ ки азоби дардоварро бубинанд»
Surah Yunus, Verse 88
قَالَ قَدۡ أُجِيبَت دَّعۡوَتُكُمَا فَٱسۡتَقِيمَا وَلَا تَتَّبِعَآنِّ سَبِيلَ ٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَ
Аллоҳ гуфт: «Хости Шумо иҷобат шуд, дар ҳаққи Фиръавн ва гурӯҳаш ва молҳояшон, собитқадам бошед ва даъвататонро давом диҳед ва бо роҳи нодонон пайравӣ макунед»
Surah Yunus, Verse 89
۞وَجَٰوَزۡنَا بِبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ ٱلۡبَحۡرَ فَأَتۡبَعَهُمۡ فِرۡعَوۡنُ وَجُنُودُهُۥ بَغۡيٗا وَعَدۡوًاۖ حَتَّىٰٓ إِذَآ أَدۡرَكَهُ ٱلۡغَرَقُ قَالَ ءَامَنتُ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱلَّذِيٓ ءَامَنَتۡ بِهِۦ بَنُوٓاْ إِسۡرَـٰٓءِيلَ وَأَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ
Мо банӣ Исроилро аз баҳр гузаронидем. Фиръавну лашкариёнаш ба қасди ситаму таҷовуз аз ақиби онҳо шуданд. Чун Фиръавн ғарқ мешуд, ва яқин донист, ки ҳалок мешавад, гуфт: «Имон овардам, ки ҳеҷ маъбуде нест ҷуз он ки банӣ Исроил ба он имон овардаанд ва ман аз таслимшудагонам»
Surah Yunus, Verse 90
ءَآلۡـَٰٔنَ وَقَدۡ عَصَيۡتَ قَبۡلُ وَكُنتَ مِنَ ٱلۡمُفۡسِدِينَ
Оё акнун (эй Фиръавн) Аллоҳро сазовори парастиш меҳисобӣ? Ва пеш аз расидани ин азоб Аллоҳро исён мекардӣ ва аз бадкорон будӣ. Дар ҳолати марг ва азоб туро тавба суд надиҳад
Surah Yunus, Verse 91
فَٱلۡيَوۡمَ نُنَجِّيكَ بِبَدَنِكَ لِتَكُونَ لِمَنۡ خَلۡفَكَ ءَايَةٗۚ وَإِنَّ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلنَّاسِ عَنۡ ءَايَٰتِنَا لَغَٰفِلُونَ
Имрӯз ҷисми туро аз дарё наҷот медиҳем ба берун меафканем, то барои онон, ки пас аз ту мемонанд, ибрате бошӣ ва ҳол он ки бисёре аз мардум аз оёти Мо ғофиланд
Surah Yunus, Verse 92
وَلَقَدۡ بَوَّأۡنَا بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ مُبَوَّأَ صِدۡقٖ وَرَزَقۡنَٰهُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ فَمَا ٱخۡتَلَفُواْ حَتَّىٰ جَآءَهُمُ ٱلۡعِلۡمُۚ إِنَّ رَبَّكَ يَقۡضِي بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ
Албатта, банӣ Исроилро дар макони некӯе ҷой додем ва аз покиҳо рӯзияшон додем ва то он ҳангом, ки соҳиби дониш нашуда буданд, ихтилофе надоштанд. Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф мекарданд, миёнашон ҳукм хоҳад кард
Surah Yunus, Verse 93
فَإِن كُنتَ فِي شَكّٖ مِّمَّآ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ فَسۡـَٔلِ ٱلَّذِينَ يَقۡرَءُونَ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلِكَۚ لَقَدۡ جَآءَكَ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُمۡتَرِينَ
Агар дар он чӣ бар ту нозил кардаем, дар шубҳа ҳастӣ, бипурс аз онҳое, ки пеш аз ту буданд, ки китоби Тавроту Инҷилро мехонанд ва аз омадани ту ихтилоф надоштанд, зеро ки дар китобҳояшон аз сифатҳои омадани ту хабардор буданд. Ҳароина, ҳақ аст он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст. Пас, набояд аз ҷумлаи шубҳакунандагон бошӣ
Surah Yunus, Verse 94
وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَتَكُونَ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ
Ва мабош (эй Расул) аз онон, ки оёти Аллоҳро дурӯғ мешуморанд; онгоҳ аз зиёнкороне шавӣ, ки Аллоҳ ғазаб ва гирифтори азобашон кард
Surah Yunus, Verse 95
إِنَّ ٱلَّذِينَ حَقَّتۡ عَلَيۡهِمۡ كَلِمَتُ رَبِّكَ لَا يُؤۡمِنُونَ
(Касоне, ки сухани Парвардигори ту 1). дар бораи онон собит шуд, имон намеоваранд
Surah Yunus, Verse 96
وَلَوۡ جَآءَتۡهُمۡ كُلُّ ءَايَةٍ حَتَّىٰ يَرَوُاْ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَلِيمَ
агарчи бар онҳо ҳар нишона ва мӯъҷизае биёяд, то он гоҳ ки азоби дардоварро бубинанд
Surah Yunus, Verse 97
فَلَوۡلَا كَانَتۡ قَرۡيَةٌ ءَامَنَتۡ فَنَفَعَهَآ إِيمَٰنُهَآ إِلَّا قَوۡمَ يُونُسَ لَمَّآ ءَامَنُواْ كَشَفۡنَا عَنۡهُمۡ عَذَابَ ٱلۡخِزۡيِ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَمَتَّعۡنَٰهُمۡ إِلَىٰ حِينٖ
Имон овардани ҳеҷ қавме ва миллате, дар вақти фуруд омадани азоби Парвардигор барояшон фоидае надод, магар қавми Юнус, ки чун имон оварданд азоби хоркунандаро дар дунё аз онон бардоштем ва эшонро то замони муайяне аз зиндагии дунё бархурдор кардем
Surah Yunus, Verse 98
وَلَوۡ شَآءَ رَبُّكَ لَأٓمَنَ مَن فِي ٱلۡأَرۡضِ كُلُّهُمۡ جَمِيعًاۚ أَفَأَنتَ تُكۡرِهُ ٱلنَّاسَ حَتَّىٰ يَكُونُواْ مُؤۡمِنِينَ
Эй Расул, агар Парвардигори ту бихоҳад, ҳамаи касоне, ки дар рӯи заминанд, имон меоваранд. Лекин Ӯро дар ин ҳикматест; касеро бихоҳад ҳидоят мекунад ва касеро бихоҳад мувофиқи ҳикматаш гумроҳ месозад. Оё ту мардумро маҷбурӣ вомедорӣ, ки имон биёваранд
Surah Yunus, Verse 99
وَمَا كَانَ لِنَفۡسٍ أَن تُؤۡمِنَ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۚ وَيَجۡعَلُ ٱلرِّجۡسَ عَلَى ٱلَّذِينَ لَا يَعۡقِلُونَ
Бе ҳукми Аллоҳ ҳеҷ кас наметавонад имон биёварад. Ва азобро бар касоне, ки хиради хеш ба кор намебаранд, муқаррар мекунад
Surah Yunus, Verse 100
قُلِ ٱنظُرُواْ مَاذَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَمَا تُغۡنِي ٱلۡأٓيَٰتُ وَٱلنُّذُرُ عَن قَوۡمٖ لَّا يُؤۡمِنُونَ
Бигӯ эй Расул, барои қавми худ: «Бингаред ва ибрат бигиред, аз чизҳое, ки дар осмонҳову замин аст аз нишонаҳои Парвардигор!» Ва ин оёту ҳушдориҳо қавмеро, ки имон намеоваранд, суде намебахшад
Surah Yunus, Verse 101
فَهَلۡ يَنتَظِرُونَ إِلَّا مِثۡلَ أَيَّامِ ٱلَّذِينَ خَلَوۡاْ مِن قَبۡلِهِمۡۚ قُلۡ فَٱنتَظِرُوٓاْ إِنِّي مَعَكُم مِّنَ ٱلۡمُنتَظِرِينَ
Оё ҷуз ин аст, ки интизории рӯзеро мекашанд, монанди рӯзҳое, ки пешиниёнашон мунтазираш буданд? Бигӯ эй Расул: «Интизорӣ бикашед, азоби Аллоҳро, ки ман низ бо шумо мунтазирам!»
Surah Yunus, Verse 102
ثُمَّ نُنَجِّي رُسُلَنَا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْۚ كَذَٰلِكَ حَقًّا عَلَيۡنَا نُنجِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Он гоҳ паёмбаронамон ва касонеро, ки имон овардаанд, аз азоби Худ наҷот медиҳем. Зеро бар Мо лозим аст, ки аз фазлу карами Худ мӯъминонро наҷот диҳем. Чунон ки паёмбарони гузаштаро бо ҳамроҳи имоноварандагонашон наҷот додем
Surah Yunus, Verse 103
قُلۡ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِن كُنتُمۡ فِي شَكّٖ مِّن دِينِي فَلَآ أَعۡبُدُ ٱلَّذِينَ تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلَٰكِنۡ أَعۡبُدُ ٱللَّهَ ٱلَّذِي يَتَوَفَّىٰكُمۡۖ وَأُمِرۡتُ أَنۡ أَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Бигӯ эй Расул: «Эй мардум, агар шумо дар ҳақ будани дини ман шак доред, ман чизҳоеро (аз бутон), ки ба ҷои Аллоҳ мепарастед, намепарастам. Ман Аллоҳро мепарастам, ки шуморо мемиронад ва амр шудаам, ки аз мӯъминон бошам!»
Surah Yunus, Verse 104
وَأَنۡ أَقِمۡ وَجۡهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفٗا وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ
Ва эй Паёмбар ба дини ислом ва яктопарастӣ рӯй овар ва аз мушрикон мабош, ки дар ибодати Парвардиюрашон шариконеро муқаррар сохтанд ва худро ба он сабаб ҳалок сохтанд
Surah Yunus, Verse 105
وَلَا تَدۡعُ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَنفَعُكَ وَلَا يَضُرُّكَۖ فَإِن فَعَلۡتَ فَإِنَّكَ إِذٗا مِّنَ ٱلظَّـٰلِمِينَ
Ба ҷои Аллоҳ чизеро, ки ба ту на фоида мерасонад ва на зиён, махон (яъне ибодат макун онҳоро ба умеди фоида дидан ва ё хавф бурдан аз онҳо)! Агар чунин кунӣ, аз ситамкорон (аз мушрикон) хоҳӣ буд
Surah Yunus, Verse 106
وَإِن يَمۡسَسۡكَ ٱللَّهُ بِضُرّٖ فَلَا كَاشِفَ لَهُۥٓ إِلَّا هُوَۖ وَإِن يُرِدۡكَ بِخَيۡرٖ فَلَا رَآدَّ لِفَضۡلِهِۦۚ يُصِيبُ بِهِۦ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦۚ وَهُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ
Ва агар Аллоҳ ба ту зиёне бирасонад, ҷуз Ӯ касе дафъи он натавонад кард. Ва агар барои ту хайре бихоҳад, ҳеҷ кас фазли ӯро боздошта натавонад. Аллоҳ фазли худро ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, мерасонад ва касе наметавонад монеъи он гардад ва Ӯ омурзандаи гуноҳони тавбакунандагон ва меҳрубон ба имондорони итоаткор аст
Surah Yunus, Verse 107
قُلۡ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ قَدۡ جَآءَكُمُ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكُمۡۖ فَمَنِ ٱهۡتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهۡتَدِي لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيۡهَاۖ وَمَآ أَنَا۠ عَلَيۡكُم بِوَكِيلٖ
Бигӯ: «Эй мардум, паёми ростин, ки Қуръон аст аз ҷониби Парвардигоратон тавассути паёмбари содиқи охирзамон бароятон омадааст. Пас, ҳар кас, ки ба роҳи рост ҳидоят ёбад, ҳидоят ба фоидаи ӯст. Ва ҳар кӣ аз ҳақ гумроҳ гардад, ба зиёни хеш ба гумроҳӣ афтодааст. Ва ман ӯҳдадори муроқиби аъмол ва масъули назорат бар афъоли шумо нестам ва қудрати онро надорам, ки шуморо аз куфр боздорам ва ба пазириши имон водор созам»
Surah Yunus, Verse 108
وَٱتَّبِعۡ مَا يُوحَىٰٓ إِلَيۡكَ وَٱصۡبِرۡ حَتَّىٰ يَحۡكُمَ ٱللَّهُۚ وَهُوَ خَيۡرُ ٱلۡحَٰكِمِينَ
Аз он чи ки бар ту ваҳй мешавад, пайравӣ кун ва сабр кун дар баробари азият ва озоре, ки дар роҳи таблиғи рисолати осмонӣ ба ту мерасад, то он ки Аллоҳ миёни ту ва дигарон доварӣ ва файсала кунад ва фармони худро содир намояд ва Ӯ беҳтарини ҳукмкунандагон аст
Surah Yunus, Verse 109