UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah At-Taubah - Tajik Translation by Khoja Mirov


بَرَآءَةٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦٓ إِلَى ٱلَّذِينَ عَٰهَدتُّم مِّنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

Аллоҳу паёмбараш безоранд аз мушриконе, ки бо онҳо аҳду паймон бастаед
Surah At-Taubah, Verse 1


فَسِيحُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَرۡبَعَةَ أَشۡهُرٖ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّكُمۡ غَيۡرُ مُعۡجِزِي ٱللَّهِ وَأَنَّ ٱللَّهَ مُخۡزِي ٱلۡكَٰفِرِينَ

Пас, - эй мушрикон, - чаҳор моҳ ба шумо мӯҳлат дода шуд, ки дар ин сарзамин бигардед ва бидонед, ки аз азоби Аллоҳ натавонед гурехт ва бидонед, ки Аллоҳ хоркунандаи кофирон аст дар дунё ба куштану асорат ва азоб дар охират
Surah At-Taubah, Verse 2


وَأَذَٰنٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦٓ إِلَى ٱلنَّاسِ يَوۡمَ ٱلۡحَجِّ ٱلۡأَكۡبَرِ أَنَّ ٱللَّهَ بَرِيٓءٞ مِّنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ وَرَسُولُهُۥۚ فَإِن تُبۡتُمۡ فَهُوَ خَيۡرٞ لَّكُمۡۖ وَإِن تَوَلَّيۡتُمۡ فَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّكُمۡ غَيۡرُ مُعۡجِزِي ٱللَّهِۗ وَبَشِّرِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ

Дар рӯзи ҳаҷҷи бузург (яъне, рӯзи иди қурбон) аз ҷониби Аллоҳу паёмбараш ба мардум эълон мешавад, ки Аллоҳу паёмбараш аз мушрикон безоранд. Пас, - эй мушрикон, - агар тавба кунед, бароятон беҳтар аст. Вале агар рӯй бигардонед аз қабули дини ҳақ, пас бидонед, ки аз Аллоҳ натавонед гурехт. Ва кофиронро ба азоби дардовар ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират хабар деҳ
Surah At-Taubah, Verse 3


إِلَّا ٱلَّذِينَ عَٰهَدتُّم مِّنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ثُمَّ لَمۡ يَنقُصُوكُمۡ شَيۡـٔٗا وَلَمۡ يُظَٰهِرُواْ عَلَيۡكُمۡ أَحَدٗا فَأَتِمُّوٓاْ إِلَيۡهِمۡ عَهۡدَهُمۡ إِلَىٰ مُدَّتِهِمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُتَّقِينَ

Магар он гурӯҳ аз мушрикон, ки бо онҳо паймон бастаед ва дар паймони худ ҳеҷ камбудие наёвардаанд (яъне, хиёнат накарданд) ва бо ҳеҷ кас бар зидди шумо набаромадаанд. Бо инҳо ба паймони хеш то поёни муддаташ вафо кунед, ҳамоно Аллоҳ парҳезгоронро (ононро, ки хиёнат намекунанд), дӯст медорад
Surah At-Taubah, Verse 4


فَإِذَا ٱنسَلَخَ ٱلۡأَشۡهُرُ ٱلۡحُرُمُ فَٱقۡتُلُواْ ٱلۡمُشۡرِكِينَ حَيۡثُ وَجَدتُّمُوهُمۡ وَخُذُوهُمۡ وَٱحۡصُرُوهُمۡ وَٱقۡعُدُواْ لَهُمۡ كُلَّ مَرۡصَدٖۚ فَإِن تَابُواْ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ فَخَلُّواْ سَبِيلَهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Пас чун моҳҳои ҳаром ба поён расанд, ҳар ҷо ки мушриконро ёфтед, бикушед ва бигиреду ба ҳабс афканед ва дар ҳама ҷо дар каминашон нишинед. Аммо агар тавба карданд ва бозгаштанд аз ширк ва исломро қабул карданд ва намозро барпо карданд ва закотро адо намуданд, пас раҳо кунед ононро, ки бародарони шумоанд дар Ислом. Ҳамоно Аллоҳ омурзандаи тавбакунандагон ва меҳрубон аст бар онон
Surah At-Taubah, Verse 5


وَإِنۡ أَحَدٞ مِّنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ٱسۡتَجَارَكَ فَأَجِرۡهُ حَتَّىٰ يَسۡمَعَ كَلَٰمَ ٱللَّهِ ثُمَّ أَبۡلِغۡهُ مَأۡمَنَهُۥۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَوۡمٞ لَّا يَعۡلَمُونَ

Ва агар касе аз мушрикон аз ту эй Паёмбар паноҳ талаб кунанд, паноҳ бидеҳ ӯро, то каломи Аллоҳро (Қуръон) бишнавад, сипас ба макони амнаш бирасон, ин ҳукм ба сабаби он аст, ки мушрикон гурӯҳеанд, ки намедонанд ҳақиқати Исломро
Surah At-Taubah, Verse 6


كَيۡفَ يَكُونُ لِلۡمُشۡرِكِينَ عَهۡدٌ عِندَ ٱللَّهِ وَعِندَ رَسُولِهِۦٓ إِلَّا ٱلَّذِينَ عَٰهَدتُّمۡ عِندَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۖ فَمَا ٱسۡتَقَٰمُواْ لَكُمۡ فَٱسۡتَقِيمُواْ لَهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُتَّقِينَ

Чӣ гуна мушриконро бо Аллоҳ ва паёмбари Ӯ аҳду паймоне бошад? Магар онҳое, ки назди Масҷидулҳаром (дар Ҳудайбия) бо онҳо паймони сулҳ бастед, чун бар паймонашон собиту устувор истоданд, пас шумо ҳам бар паймонатон собиту устувор биистед. Ҳамоно Аллоҳ парҳезгоронро (ононро, ки дар аҳдашон устувор меистанд), дӯст медорад
Surah At-Taubah, Verse 7


كَيۡفَ وَإِن يَظۡهَرُواْ عَلَيۡكُمۡ لَا يَرۡقُبُواْ فِيكُمۡ إِلّٗا وَلَا ذِمَّةٗۚ يُرۡضُونَكُم بِأَفۡوَٰهِهِمۡ وَتَأۡبَىٰ قُلُوبُهُمۡ وَأَكۡثَرُهُمۡ فَٰسِقُونَ

Чӣ гуна бошад мушриконро аҳду паймоне!? Зеро агар бар шумо пирӯз шаванд, ба ҳеҷ аҳду савганд ва хешовандӣ вафо накунанд. Ва шуморо фирефта накунад муомила карданашон аз тарси шумо, зеро ки онҳо бо забон хушнудатон месозанд ва қабул намекунад дилҳояшон ва бисёриашон аз дин хориҷанд ва аҳду паймонҳоро мешикананд
Surah At-Taubah, Verse 8


ٱشۡتَرَوۡاْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ ثَمَنٗا قَلِيلٗا فَصَدُّواْ عَن سَبِيلِهِۦٓۚ إِنَّهُمۡ سَآءَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Оёти Аллоҳро ба баҳои андаке аз моли дунё фурӯхтанд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва бадкорӣ карданд
Surah At-Taubah, Verse 9


لَا يَرۡقُبُونَ فِي مُؤۡمِنٍ إِلّٗا وَلَا ذِمَّةٗۚ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُعۡتَدُونَ

Аҳду савганд ва хешовандии ҳеҷ мӯъминеро риоят намекунанд ва инҳо (мушрикон) мардуми таҷовузкоранд
Surah At-Taubah, Verse 10


فَإِن تَابُواْ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ فَإِخۡوَٰنُكُمۡ فِي ٱلدِّينِۗ وَنُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ

Пас агар тавба карданд аз ибодати ғайри Аллоҳ ва калимаи тавҳидро бар забон ронданд ва намоз ба ҷой оварданд, бародарони динии шумо ҳастанд. Мо оёти Аллоҳро барои мардуме, ки аз доноӣ бархӯрдоранд, баён мекунем
Surah At-Taubah, Verse 11


وَإِن نَّكَثُوٓاْ أَيۡمَٰنَهُم مِّنۢ بَعۡدِ عَهۡدِهِمۡ وَطَعَنُواْ فِي دِينِكُمۡ فَقَٰتِلُوٓاْ أَئِمَّةَ ٱلۡكُفۡرِ إِنَّهُمۡ لَآ أَيۡمَٰنَ لَهُمۡ لَعَلَّهُمۡ يَنتَهُونَ

Ва чун баъди бастани паймон мушрикон савгандҳои худро шикастанд ва дар дини шумо таъна заданд, бо пешвоёни куфр ҷанг кунед, ки онҳоро иродаи савганд нигоҳ доштан нест. Бошад ки аз кирдори бади худ (яъне, таъна задан дар Ислом) бозистанд
Surah At-Taubah, Verse 12


أَلَا تُقَٰتِلُونَ قَوۡمٗا نَّكَثُوٓاْ أَيۡمَٰنَهُمۡ وَهَمُّواْ بِإِخۡرَاجِ ٱلرَّسُولِ وَهُم بَدَءُوكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةٍۚ أَتَخۡشَوۡنَهُمۡۚ فَٱللَّهُ أَحَقُّ أَن تَخۡشَوۡهُ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ

Оё намеҷангед бо мардуме, ки савганди худро шикастанд ва қасд карданд хориҷ кардани паёмбарро аз Макка ва онҳо бар зидди шумо аввалин шуда душманӣ (азият, озор ва ҷанг) оғоз карданд? Оё аз онҳо метарсед? Бояд аз Аллоҳ битарсед, агар мӯъмини воқеъӣ ва ҳақиқӣ бошед
Surah At-Taubah, Verse 13


قَٰتِلُوهُمۡ يُعَذِّبۡهُمُ ٱللَّهُ بِأَيۡدِيكُمۡ وَيُخۡزِهِمۡ وَيَنصُرۡكُمۡ عَلَيۡهِمۡ وَيَشۡفِ صُدُورَ قَوۡمٖ مُّؤۡمِنِينَ

Эй гӯруҳи мӯъминон, бо куффор биҷангед. Аллоҳ ба дасти шумо азобашон мекунад ва хорашон месозад ва шуморо пирӯзӣ медиҳад бар болои онон ва дилҳои мӯъминонро шифо мебахшад
Surah At-Taubah, Verse 14


وَيُذۡهِبۡ غَيۡظَ قُلُوبِهِمۡۗ وَيَتُوبُ ٱللَّهُ عَلَىٰ مَن يَشَآءُۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

Ва кина аз дилҳои мӯъминон дур кунад ва Аллоҳ тавбаи ҳар киро, ки бихоҳад, мепазирад. Ва Аллоҳ доност, медонад сидқи тавбаи тавбакунандагонро ва устуворкор аст дар корҳояш
Surah At-Taubah, Verse 15


أَمۡ حَسِبۡتُمۡ أَن تُتۡرَكُواْ وَلَمَّا يَعۡلَمِ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ جَٰهَدُواْ مِنكُمۡ وَلَمۡ يَتَّخِذُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلَا رَسُولِهِۦ وَلَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَلِيجَةٗۚ وَٱللَّهُ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ

Эй мӯъминон, оё гумон кардед, ки гузошта шавед бе ҳеҷ имтиҳон (яъне, таклифи амри ҷиҳод болоятон нашавад) ва ҳанӯз ҷудо насохта Аллоҳ аз шумо ононро, ки ҷиҳод карданд ва онон нагирифтанд ҳеҷ дӯстеро пинҳонӣ, ҷуз Аллоҳу паёмбараш ва мӯъминонро? Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст
Surah At-Taubah, Verse 16


مَا كَانَ لِلۡمُشۡرِكِينَ أَن يَعۡمُرُواْ مَسَٰجِدَ ٱللَّهِ شَٰهِدِينَ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِم بِٱلۡكُفۡرِۚ أُوْلَـٰٓئِكَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ وَفِي ٱلنَّارِ هُمۡ خَٰلِدُونَ

Мушриконро лоиқ нест, ки дар ҳоле, ки ба куфри худ иқрор мекунанд ва барои Аллоҳ шарик меоранд, масҷидҳои Аллоҳро обод созанд. Зеро амали ин кофирон ботил аст ва ҷовидонанд дар оташ
Surah At-Taubah, Verse 17


إِنَّمَا يَعۡمُرُ مَسَٰجِدَ ٱللَّهِ مَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَأَقَامَ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَى ٱلزَّكَوٰةَ وَلَمۡ يَخۡشَ إِلَّا ٱللَّهَۖ فَعَسَىٰٓ أُوْلَـٰٓئِكَ أَن يَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُهۡتَدِينَ

Масҷидҳои Аллоҳро касоне обод мекунанд, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон овардаанд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва ҷуз аз Аллоҳ наметарсанд. Умед аст, ки инҳо аз ҳидоятёфтагон бошанд
Surah At-Taubah, Verse 18


۞أَجَعَلۡتُمۡ سِقَايَةَ ٱلۡحَآجِّ وَعِمَارَةَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ كَمَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَجَٰهَدَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ لَا يَسۡتَوُۥنَ عِندَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Оё об додан ба ҳоҷиён ва обод сохтани Масҷидулҳаромро монанди кори касе қарор додаед, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон оварда дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардааст? Дар назди Аллоҳ баробар нестанд ва Аллоҳ гурӯҳи ситамкоронро ҳидоят намекунад
Surah At-Taubah, Verse 19


ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَهَاجَرُواْ وَجَٰهَدُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ أَعۡظَمُ دَرَجَةً عِندَ ٱللَّهِۚ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَآئِزُونَ

Онон, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Аллоҳ бо молу ҷони хеш ҷиҳод карданд, бузургтаранд дар мартаба назди Аллоҳ ва инҳоянд ба матлаб расидаву комёбшаванда
Surah At-Taubah, Verse 20


يُبَشِّرُهُمۡ رَبُّهُم بِرَحۡمَةٖ مِّنۡهُ وَرِضۡوَٰنٖ وَجَنَّـٰتٖ لَّهُمۡ فِيهَا نَعِيمٞ مُّقِيمٌ

Мужда медиҳад ҳиҷраткунандагонро Парвардигорашон ба раҳмату хушнудии худ ва ба биҳиште, ки дар он неъматҳои ҷовид доимӣ бувад
Surah At-Taubah, Verse 21


خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدًاۚ إِنَّ ٱللَّهَ عِندَهُۥٓ أَجۡرٌ عَظِيمٞ

Дар он биҳишт ҷовидон бимонанд ва инҳо савобҳои он амалҳои солеҳе мебошанд, ки дар дунё карда буданд. Ҳамоно аҷру музди бузург дар назди Аллоҳ аст
Surah At-Taubah, Verse 22


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُوٓاْ ءَابَآءَكُمۡ وَإِخۡوَٰنَكُمۡ أَوۡلِيَآءَ إِنِ ٱسۡتَحَبُّواْ ٱلۡكُفۡرَ عَلَى ٱلۡإِيمَٰنِۚ وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمۡ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّـٰلِمُونَ

Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, агар падарону бародаронатон дӯст доранд, ки куфрро ба ҷои имон интихоб кунанд, онҳоро дӯст магиред ва сирру асрори мусулмононро ба онон фош накунед. Модоме, ки онон бар ақидаи куфрашон ҳастанд. Пас ҳар кас аз шумо дӯсташон бидорад, ҳамоно нофармонбардории Аллоҳ кардааст ва аз ситамкорон хоҳад буд
Surah At-Taubah, Verse 23


قُلۡ إِن كَانَ ءَابَآؤُكُمۡ وَأَبۡنَآؤُكُمۡ وَإِخۡوَٰنُكُمۡ وَأَزۡوَٰجُكُمۡ وَعَشِيرَتُكُمۡ وَأَمۡوَٰلٌ ٱقۡتَرَفۡتُمُوهَا وَتِجَٰرَةٞ تَخۡشَوۡنَ كَسَادَهَا وَمَسَٰكِنُ تَرۡضَوۡنَهَآ أَحَبَّ إِلَيۡكُم مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَجِهَادٖ فِي سَبِيلِهِۦ فَتَرَبَّصُواْ حَتَّىٰ يَأۡتِيَ ٱللَّهُ بِأَمۡرِهِۦۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ

Бигӯ (эй Расул): «Агар падаронатону фарзандонатон ва бародаронатону занонатон ва хешовандонатон ва молҳое, ки касб кардаед ва тиҷорате, ки аз беравнақии он метарсед ва хонаҳое, ки ба он дилхуш ҳастед, барои шумо аз итоати Аллоҳу паёмбараш ва ҷиҳод кардан дар роҳи Ӯ маҳбубтар аст, мунтазир бошед, то Аллоҳ фармони хеш биёварад». Ва Аллоҳ ононро, ки аз тоати Ӯ баромаданд, ҳидоят нахоҳад кард
Surah At-Taubah, Verse 24


لَقَدۡ نَصَرَكُمُ ٱللَّهُ فِي مَوَاطِنَ كَثِيرَةٖ وَيَوۡمَ حُنَيۡنٍ إِذۡ أَعۡجَبَتۡكُمۡ كَثۡرَتُكُمۡ فَلَمۡ تُغۡنِ عَنكُمۡ شَيۡـٔٗا وَضَاقَتۡ عَلَيۡكُمُ ٱلۡأَرۡضُ بِمَا رَحُبَتۡ ثُمَّ وَلَّيۡتُم مُّدۡبِرِينَ

Ҳамоно Аллоҳ шуморо дар бисёре аз ҷойҳо ёрӣ кард. Ва низ дар рӯзи Ҳунайн он гоҳ ки бисёрии адади лашкаратон шуморо ба тааҷҷуб оварда буд, вале барои шумо суде надошт ва замин бо ҳамаи васеӣ ва ҳамвориаш бар шумо танг шуд (ва ин ба он сабаб буд, ки дар аввали ҷанг шикаст хӯрда будед). Пас бозгаштед ва ба душман пушт гардондед ва по ба гурез ниҳодед
Surah At-Taubah, Verse 25


ثُمَّ أَنزَلَ ٱللَّهُ سَكِينَتَهُۥ عَلَىٰ رَسُولِهِۦ وَعَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَأَنزَلَ جُنُودٗا لَّمۡ تَرَوۡهَا وَعَذَّبَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۚ وَذَٰلِكَ جَزَآءُ ٱلۡكَٰفِرِينَ

Сипас Аллоҳ оромиши хешро бар Паёмбараш ва бар мӯъминон нозил кард ва лашкарҳоеро, ки онҳоро намедидед (яъне, фариштагонро), фурӯ фиристод ва кофиронро азоб кард (яъне, баъзе аз онон кушта ва баъзе дигарашон асир шуданд) ва ин аст ҷазои кофирон
Surah At-Taubah, Verse 26


ثُمَّ يَتُوبُ ٱللَّهُ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ عَلَىٰ مَن يَشَآءُۗ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Сипас баъд аз ин ҷанг касе аз куфри худ бозгашт ва дохили Ислом шуд, боз қабул мекунад Аллоҳ баъд аз ин (ҷанг) тавбаро бар ҳар кӣ мехоҳад. Ва Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст
Surah At-Taubah, Verse 27


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّمَا ٱلۡمُشۡرِكُونَ نَجَسٞ فَلَا يَقۡرَبُواْ ٱلۡمَسۡجِدَ ٱلۡحَرَامَ بَعۡدَ عَامِهِمۡ هَٰذَاۚ وَإِنۡ خِفۡتُمۡ عَيۡلَةٗ فَسَوۡفَ يُغۡنِيكُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦٓ إِن شَآءَۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ حَكِيمٞ

Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамоно мушрикон палиданд. Пас бояд, ки наздик нашаванд ба хонаи Каъба баъди ин сол (яъне, соли нуҳуми ҳиҷрӣ) ва агар метарсед аз камбағаливу дарвешӣ ба сабаби наёвардани мушрикон
Surah At-Taubah, Verse 28


قَٰتِلُواْ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَلَا بِٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَلَا يُحَرِّمُونَ مَا حَرَّمَ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ وَلَا يَدِينُونَ دِينَ ٱلۡحَقِّ مِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ حَتَّىٰ يُعۡطُواْ ٱلۡجِزۡيَةَ عَن يَدٖ وَهُمۡ صَٰغِرُونَ

Бо касоне аз ахли Китоб, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд ва чизҳоеро, ки Аллоҳу паёмбараш ҳаром кардааст, бар худ ҳаром намекунанд ва дини ҳақро намепазиранд, ҷанг кунед, то он гоҳ ки ба дасти худ дар ҳоли хорӣ ҷизя бидиҳанд
Surah At-Taubah, Verse 29


وَقَالَتِ ٱلۡيَهُودُ عُزَيۡرٌ ٱبۡنُ ٱللَّهِ وَقَالَتِ ٱلنَّصَٰرَى ٱلۡمَسِيحُ ٱبۡنُ ٱللَّهِۖ ذَٰلِكَ قَوۡلُهُم بِأَفۡوَٰهِهِمۡۖ يُضَٰهِـُٔونَ قَوۡلَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَبۡلُۚ قَٰتَلَهُمُ ٱللَّهُۖ أَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ

Яҳудиён гуфтанд, ки Узайр писари Аллоҳ аст ва насоро гуфтанд, ки Масеҳ (Исо) писари Аллоҳ аст. Ин суханест, ки асл надорад, монанди гуфтори касонест, ки пеш аз ин кофир буданд. Аллоҳ лаънат ва нобудашон кунад. Пас чӣ гуна аз ҳақ ба сӯи ботил баргардонида мешаванд
Surah At-Taubah, Verse 30


ٱتَّخَذُوٓاْ أَحۡبَارَهُمۡ وَرُهۡبَٰنَهُمۡ أَرۡبَابٗا مِّن دُونِ ٱللَّهِ وَٱلۡمَسِيحَ ٱبۡنَ مَرۡيَمَ وَمَآ أُمِرُوٓاْ إِلَّا لِيَعۡبُدُوٓاْ إِلَٰهٗا وَٰحِدٗاۖ لَّآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۚ سُبۡحَٰنَهُۥ عَمَّا يُشۡرِكُونَ

(Яҳуду насоро) олимону обидони хеш ва Масеҳ писари Марямро ба ҷои Аллоҳ маъбуд гирифтанд ва ҳол он ки маъмур буданд, танҳо як Аллоҳро бипарастанд, ки ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде барҳақ нест. Пок аст, аз он чи шарикаш месозанд
Surah At-Taubah, Verse 31


يُرِيدُونَ أَن يُطۡفِـُٔواْ نُورَ ٱللَّهِ بِأَفۡوَٰهِهِمۡ وَيَأۡبَى ٱللَّهُ إِلَّآ أَن يُتِمَّ نُورَهُۥ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡكَٰفِرُونَ

Кофирон мехоҳанд нури Аллоҳ (дини Ислом)-ро бо даҳони худ бо суханони дурӯғ ва шубҳаҳояшон хомӯш кунанд ва Аллоҳ қабул намекунад, магар он ки нури худ (дини Ислом)-ро комил созад. Ҳарчанд кофиронро хуш наояд
Surah At-Taubah, Verse 32


هُوَ ٱلَّذِيٓ أَرۡسَلَ رَسُولَهُۥ بِٱلۡهُدَىٰ وَدِينِ ٱلۡحَقِّ لِيُظۡهِرَهُۥ عَلَى ٱلدِّينِ كُلِّهِۦ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡمُشۡرِكُونَ

Аллоҳ Зотест, ки паёмбари худ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро барои ҳидояти мардум фиристод бо Қуръон ва дини дурусту барҳақ, то Исломро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро дини Ислом хуш наояд
Surah At-Taubah, Verse 33


۞يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلۡأَحۡبَارِ وَٱلرُّهۡبَانِ لَيَأۡكُلُونَ أَمۡوَٰلَ ٱلنَّاسِ بِٱلۡبَٰطِلِ وَيَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۗ وَٱلَّذِينَ يَكۡنِزُونَ ٱلذَّهَبَ وَٱلۡفِضَّةَ وَلَا يُنفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَبَشِّرۡهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٖ

Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамоно бисёре аз олимону обидони аҳли китоб амволи мардумро ба ноҳаққӣ (аз роҳи ришва ва ҳаром) мехӯранд ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ бозмедоранд. Ва касонеро, ки тиллову нуқра захира мекунанд ва дар роҳи Аллоҳ харҷаш намекунанд (яъне, закот намедиҳанд), башорат деҳ онҳоро ба азоби дардовар
Surah At-Taubah, Verse 34


يَوۡمَ يُحۡمَىٰ عَلَيۡهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ فَتُكۡوَىٰ بِهَا جِبَاهُهُمۡ وَجُنُوبُهُمۡ وَظُهُورُهُمۡۖ هَٰذَا مَا كَنَزۡتُمۡ لِأَنفُسِكُمۡ فَذُوقُواْ مَا كُنتُمۡ تَكۡنِزُونَ

Рӯзе, ки дар оташи ҷаҳаннам порае аз он тиллову нуқра гудохта шавад ва пешониву паҳлӯ ва пушташонро бо он доғ кунанд. Ва гуфта шавад: Ин аст ҷазои он чи захира намудед барои худ (яъне, закоташро надода будед), пас бичашед азоби он молеро, ки захира мекардед
Surah At-Taubah, Verse 35


إِنَّ عِدَّةَ ٱلشُّهُورِ عِندَ ٱللَّهِ ٱثۡنَا عَشَرَ شَهۡرٗا فِي كِتَٰبِ ٱللَّهِ يَوۡمَ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ مِنۡهَآ أَرۡبَعَةٌ حُرُمٞۚ ذَٰلِكَ ٱلدِّينُ ٱلۡقَيِّمُۚ فَلَا تَظۡلِمُواْ فِيهِنَّ أَنفُسَكُمۡۚ وَقَٰتِلُواْ ٱلۡمُشۡرِكِينَ كَآفَّةٗ كَمَا يُقَٰتِلُونَكُمۡ كَآفَّةٗۚ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلۡمُتَّقِينَ

Ҳамоно шумораи моҳҳо аз рӯи ҳукм ва тақдири Аллоҳ, дар китоби Аллоҳ, - аз он рӯз, ки осмонҳову заминро биёфарида, - дувоздаҳ аст. Чаҳор моҳ моҳҳои ҳароманд. Ин аст дини ҳақ. Дар он моҳҳо ба сабаби ҷангҳои ноҳақ бар хештан ситам макунед. Ва ҳамчунон, ки мушрикон ҳамагӣ ба ҷанги шумо бархостанд, ҳамагӣ ба ҷанги онҳо бархезед. Ва бидонед, ки ҳамоно Аллоҳ бо парҳезгорон аст, ононро нусрат медиҳад ва пойдорашон мегардонад
Surah At-Taubah, Verse 36


إِنَّمَا ٱلنَّسِيٓءُ زِيَادَةٞ فِي ٱلۡكُفۡرِۖ يُضَلُّ بِهِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يُحِلُّونَهُۥ عَامٗا وَيُحَرِّمُونَهُۥ عَامٗا لِّيُوَاطِـُٔواْ عِدَّةَ مَا حَرَّمَ ٱللَّهُ فَيُحِلُّواْ مَا حَرَّمَ ٱللَّهُۚ زُيِّنَ لَهُمۡ سُوٓءُ أَعۡمَٰلِهِمۡۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡكَٰفِرِينَ

Ҳамоно ба таъхир андохтани мушрикон моҳҳои ҳаром ва тағйиру табдил додани ҷойҳои онҳо, як зиёдатиест дар куфр ки бо он кофирон гумроҳ гардонида мешаванд; он моҳро як сол ҳалол мешумурданд ва онро соли дигар ҳаром мешумурданд, то бо шумораи он чи ки Аллоҳ ҳаром сохтааст, мувофиқат кунанд. Пас, чизеро ҳалол созанд, ки Аллоҳ ҳаром сохтааст. Кирдорҳои бадашон барои онҳо ороста карда шудааст. Ва Аллоҳ қавми кофиронро ба сӯи ҳақ ҳидоят намекунад
Surah At-Taubah, Verse 37


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَا لَكُمۡ إِذَا قِيلَ لَكُمُ ٱنفِرُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ ٱثَّاقَلۡتُمۡ إِلَى ٱلۡأَرۡضِۚ أَرَضِيتُم بِٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا مِنَ ٱلۡأٓخِرَةِۚ فَمَا مَتَٰعُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا فِي ٱلۡأٓخِرَةِ إِلَّا قَلِيلٌ

Эй касоне, ки имон ба Аллоҳ ва расули Ӯ овардаед, чаро ҳангоме ба шумо гӯянд, ки дар роҳи Аллоҳ барои ҷанги душманонатон шитобон берун оед, танбалӣ карда аз хонаҳоятон берун намеоед? Оё ба ҷои зиндагии ҷовидонаи охират ба зиндагии дунё розӣ шудаед? Ҳамоно кайфу сафои ин дунёи гузаранда дар баробари неъматҳои ҷовидонаи охират ҷуз андаке нест
Surah At-Taubah, Verse 38


إِلَّا تَنفِرُواْ يُعَذِّبۡكُمۡ عَذَابًا أَلِيمٗا وَيَسۡتَبۡدِلۡ قَوۡمًا غَيۡرَكُمۡ وَلَا تَضُرُّوهُ شَيۡـٔٗاۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ

Эй мӯъминон, чун ба ҷанг сафарбар нашавед, Аллоҳ шуморо ба шиканҷаи дардноке азоб мекунад ва қавми дигареро ба ҷои шумо иваз мекунад ва ҳар гоҳ ба онон гуфта шавад, ки ба ҷанг бароед, онон ба ҷанг мебароянд ва итоати Аллоҳу расулаш мекунанд ва агар аз майдони ҷанг ақибнишинӣ кардед ба Аллоҳ зиёне намерасонед, чунки Аллоҳ ба шумо ниёзманд нест, балки шумо ба Ӯ ниёзмандед. Ва Ӯ бе мадади шумо ҳам дин ва паёмбарашро нусрат хоҳад дод, зеро ки Ӯ бар ҳар коре тавоност
Surah At-Taubah, Verse 39


إِلَّا تَنصُرُوهُ فَقَدۡ نَصَرَهُ ٱللَّهُ إِذۡ أَخۡرَجَهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ ثَانِيَ ٱثۡنَيۡنِ إِذۡ هُمَا فِي ٱلۡغَارِ إِذۡ يَقُولُ لِصَٰحِبِهِۦ لَا تَحۡزَنۡ إِنَّ ٱللَّهَ مَعَنَاۖ فَأَنزَلَ ٱللَّهُ سَكِينَتَهُۥ عَلَيۡهِ وَأَيَّدَهُۥ بِجُنُودٖ لَّمۡ تَرَوۡهَا وَجَعَلَ كَلِمَةَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلسُّفۡلَىٰۗ وَكَلِمَةُ ٱللَّهِ هِيَ ٱلۡعُلۡيَاۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

Эй ёрони Паёмбар, агар Паёмбарро шумо ёриву нусрат надиҳед чӣ суд? Ҳамоно Аллоҳ нусрат додааст ӯро, он гоҳ ки берун карданд ӯро кофирони қурайш аз Макка ва ҳамроҳаш каси дуввум (яъне, Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу) буд. Чун ин ду кас (Паёмбар ва Абубакр) дар ғор буданд, он гоҳ Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки ба ёри худ мегуфт: "Ғам махӯр, Аллоҳ бо мост". Пас, фиристод Аллоҳ оромиши худро ба Паёмбар ва нусрату қувват дод ӯро ба лашкарҳое, ки надиданд онҳоро (яъне, фариштагон) ва пасттару фурӯтар сохт сухани кофиронро ва сухани Аллоҳ суханест баланд. Ва Аллоҳ пирӯзманд аст дар мулкаш ва дурусткор аст дар тамоми корҳояш
Surah At-Taubah, Verse 40


ٱنفِرُواْ خِفَافٗا وَثِقَالٗا وَجَٰهِدُواْ بِأَمۡوَٰلِكُمۡ وَأَنفُسِكُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ

(Эй мӯъминон), ба ҷанг шитобон биравед дар роҳи Аллоҳ хоҳ бар шумо осон бошад, хоҳ душвор ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кунед. Ин ҷиҳод беҳтар аст шуморо, агар медонистед
Surah At-Taubah, Verse 41


لَوۡ كَانَ عَرَضٗا قَرِيبٗا وَسَفَرٗا قَاصِدٗا لَّٱتَّبَعُوكَ وَلَٰكِنۢ بَعُدَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلشُّقَّةُۚ وَسَيَحۡلِفُونَ بِٱللَّهِ لَوِ ٱسۡتَطَعۡنَا لَخَرَجۡنَا مَعَكُمۡ يُهۡلِكُونَ أَنفُسَهُمۡ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ إِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ

Агар нафъи зудҳосилшаванда ва сафари осон мебуд, аз пайи ту (мунофиқон) меомаданд, вале акнун, (он чи ба он даъват мекунӣ ба баромадан ба ҷанги Табук), ки масофати роҳ ба онҳо дур намуд ва ҳаво гарм аст, паймуданашро душвор меҳисобанд. Ва ба Аллоҳ қасам мехӯранд, ки агар метавонистем, ҳамроҳи шумо берун меомадем. Инҳо тан ба ҳалокат месупоранд (бо он савганди дурӯғашон). Аллоҳ медонад, ки мунофиқон дурӯғ мегӯянд
Surah At-Taubah, Verse 42


عَفَا ٱللَّهُ عَنكَ لِمَ أَذِنتَ لَهُمۡ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكَ ٱلَّذِينَ صَدَقُواْ وَتَعۡلَمَ ٱلۡكَٰذِبِينَ

Аллоҳ туро бубахшояд эй Паёмбар, чаро ба ҷиҳод набаромадани мунофиқон рухсат додӣ? Мебоист онҳое, ки рост мегуфтанд, ошкор шаванд ва ту дурӯғгӯёнро ҳам бишносӣ
Surah At-Taubah, Verse 43


لَا يَسۡتَـٔۡذِنُكَ ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ أَن يُجَٰهِدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡۗ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِٱلۡمُتَّقِينَ

Онон, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доранд, ҳаргиз барои ҷиҳод кардан бо молу ҷонашон дар роҳи Аллоҳ аз ту эй Паёмбар рухсат наметалабанд, балки мунофиқон рухсат металабанд ва Аллоҳ парҳезгоронро мешиносад
Surah At-Taubah, Verse 44


إِنَّمَا يَسۡتَـٔۡذِنُكَ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَٱرۡتَابَتۡ قُلُوبُهُمۡ فَهُمۡ فِي رَيۡبِهِمۡ يَتَرَدَّدُونَ

Ҳамоно касоне, ки аз ту рухсат мехоҳанд ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон надоранд ва амали солеҳ намекунанд ва дилҳояшонро шак фаро гирифтааст аз савоб ва иқоби рӯзи қиёмат ва ин шак онҳоро ба ҳайронӣ афкандааст
Surah At-Taubah, Verse 45


۞وَلَوۡ أَرَادُواْ ٱلۡخُرُوجَ لَأَعَدُّواْ لَهُۥ عُدَّةٗ وَلَٰكِن كَرِهَ ٱللَّهُ ٱنۢبِعَاثَهُمۡ فَثَبَّطَهُمۡ وَقِيلَ ٱقۡعُدُواْ مَعَ ٱلۡقَٰعِدِينَ

Агар мунофиқон мехостанд, ки барои ҷанг берун шаванд, барои хеш асбоби сафар омода мекарданд, вале Аллоҳ сафарбар шудани ононро написандид ва аз ҷанг онҳоро боздошт ва ба онҳо гуфта шуд, ки ҳамроҳи касоне, ки бояд дар хона бинишинанд, бинишинед
Surah At-Taubah, Verse 46


لَوۡ خَرَجُواْ فِيكُم مَّا زَادُوكُمۡ إِلَّا خَبَالٗا وَلَأَوۡضَعُواْ خِلَٰلَكُمۡ يَبۡغُونَكُمُ ٱلۡفِتۡنَةَ وَفِيكُمۡ سَمَّـٰعُونَ لَهُمۡۗ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِٱلظَّـٰلِمِينَ

Эй мӯъминон агар бо шумо ба ҷанг берун оянд, чизе ҷуз фасод миёни шумо намеафзуданд ва албатта, мешитофтанд ва кӯшиш мекарданд, ки дар байни шумо фасод ва фитна ангезанд ва шуморо аз ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ боздоранд. Ва (эй мӯъминон) дар миёни шумо суханчинонест, ки ахбори шуморо барои онҳо мебаранд. Ва Аллоҳ ба ҳоли ситамкорону мунофиқон огоҳ аст
Surah At-Taubah, Verse 47


لَقَدِ ٱبۡتَغَوُاْ ٱلۡفِتۡنَةَ مِن قَبۡلُ وَقَلَّبُواْ لَكَ ٱلۡأُمُورَ حَتَّىٰ جَآءَ ٱلۡحَقُّ وَظَهَرَ أَمۡرُ ٱللَّهِ وَهُمۡ كَٰرِهُونَ

Ҳамоно пеш аз ин ҳам (яъне, дар ҷанги Табук) фитнагарӣ мекарданд ва барои ту эй Паёмбар, корҳоро баръакс ва дигаргун ҷилва медоданд (яъне, кӯшиш мекарданд, ки ба ҳар роҳ аз пешрафти дини ту пешгирӣ кунанд), то он гоҳ ки ҳақ ғолиб омад ва фармони Аллоҳ ошкор шуд, дар ҳоле, ки онҳоро хуш намеомад, ки дин пирӯз шавад
Surah At-Taubah, Verse 48


وَمِنۡهُم مَّن يَقُولُ ٱئۡذَن لِّي وَلَا تَفۡتِنِّيٓۚ أَلَا فِي ٱلۡفِتۡنَةِ سَقَطُواْۗ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةُۢ بِٱلۡكَٰفِرِينَ

Баъзе аз мунофиқон касе аст, ки мегӯянд: «Маро барои боқӣ мондан дар Мадина рухсат деҳ ва ба фитна маяндоз маро. Огоҳ бош, ки инҳо худ ба сабаби нифоқашон ва нофармонии Аллоҳ ва Расулаш дар гуноҳи бузург афтодаанд ва ҳамоно оташи ҷаҳаннам кофиронро иҳота кардааст
Surah At-Taubah, Verse 49


إِن تُصِبۡكَ حَسَنَةٞ تَسُؤۡهُمۡۖ وَإِن تُصِبۡكَ مُصِيبَةٞ يَقُولُواْ قَدۡ أَخَذۡنَآ أَمۡرَنَا مِن قَبۡلُ وَيَتَوَلَّواْ وَّهُمۡ فَرِحُونَ

Агар неъмате (мисли пирӯзӣ ё ғанимат) ба ту эй Паёмбар, расад, андӯҳгин созад мунофиқонро ва агар ба ту мусибате расад, мегӯянд: «Мо чораи кори хеш пеш аз ин андешидаем». Ва хушҳолшуда бармегарданд
Surah At-Taubah, Verse 50


قُل لَّن يُصِيبَنَآ إِلَّا مَا كَتَبَ ٱللَّهُ لَنَا هُوَ مَوۡلَىٰنَاۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ

Бигӯ эй Паёмбар, барои ин мунофиқон: «Мусибате ба мо ҳаргиз нахоҳад расид, ҷуз он чиро Аллоҳ барои мо дар Лавҳи Маҳфуз навиштааст. Ӯ сарпарасти мост ва мӯъминон бояд, ки бар Аллоҳ таваккал кунанд»
Surah At-Taubah, Verse 51


قُلۡ هَلۡ تَرَبَّصُونَ بِنَآ إِلَّآ إِحۡدَى ٱلۡحُسۡنَيَيۡنِۖ وَنَحۡنُ نَتَرَبَّصُ بِكُمۡ أَن يُصِيبَكُمُ ٱللَّهُ بِعَذَابٖ مِّنۡ عِندِهِۦٓ أَوۡ بِأَيۡدِينَاۖ فَتَرَبَّصُوٓاْ إِنَّا مَعَكُم مُّتَرَبِّصُونَ

Бигӯ эй Паёмбар: «Оё ҷуз яке аз он ду некӣ (шаҳодат ё пирӯзӣ) интизори чизи дигареро барои мо доред? Вале мо мунтазирем азоберо, ки аз ҷониби Ӯ ба шумо бирасад ё ба дасти мо шуморо ҳалок, ё асир гардонад. Пас, шумо мунтазир бошед, мо низ бо шумо мунтазир мемонем»
Surah At-Taubah, Verse 52


قُلۡ أَنفِقُواْ طَوۡعًا أَوۡ كَرۡهٗا لَّن يُتَقَبَّلَ مِنكُمۡ إِنَّكُمۡ كُنتُمۡ قَوۡمٗا فَٰسِقِينَ

Бигӯ эй Паёмбар, барои мунофиқон: «Аллоҳ аз шумо намепазирад, чӣ аз рӯи розигӣ харҷ кунед ва чи аз рӯи норозигӣ, зеро дар динатон шак доред ва мардуми нофармон ҳастед»
Surah At-Taubah, Verse 53


وَمَا مَنَعَهُمۡ أَن تُقۡبَلَ مِنۡهُمۡ نَفَقَٰتُهُمۡ إِلَّآ أَنَّهُمۡ كَفَرُواْ بِٱللَّهِ وَبِرَسُولِهِۦ وَلَا يَأۡتُونَ ٱلصَّلَوٰةَ إِلَّا وَهُمۡ كُسَالَىٰ وَلَا يُنفِقُونَ إِلَّا وَهُمۡ كَٰرِهُونَ

Сабаби қабул нашудани харҷҳояшон ин буд, ки онҳо дар замири худ куфрро пинҳон доштанд ва Паёмбари Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ бароварданд. Ва ба намоз намеоянд, магар дар ҳоли танбалӣ ва харҷ намекунанд, магар дар ҳоле ки онҳо ночоранд. Онҳо умедвори савоби ин фарзшудаҳо надоранд ва ба сабаби куфрашон аз тарк кардани фарзҳои Аллоҳ хавф надоранд
Surah At-Taubah, Verse 54


فَلَا تُعۡجِبۡكَ أَمۡوَٰلُهُمۡ وَلَآ أَوۡلَٰدُهُمۡۚ إِنَّمَا يُرِيدُ ٱللَّهُ لِيُعَذِّبَهُم بِهَا فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَتَزۡهَقَ أَنفُسُهُمۡ وَهُمۡ كَٰفِرُونَ

Дороиву фарзандони мунофиқон туро эй Паёмбар, ба ҳайрат наандозад. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ мехоҳад ба онҳо дар ин дунё бо машаққату мусибатҳо дар молу фарзандонашон азобашон кунад ва ҷонашон дар ҳоле берун ояд, ки кофир бошанд
Surah At-Taubah, Verse 55


وَيَحۡلِفُونَ بِٱللَّهِ إِنَّهُمۡ لَمِنكُمۡ وَمَا هُم مِّنكُمۡ وَلَٰكِنَّهُمۡ قَوۡمٞ يَفۡرَقُونَ

Мунофиқон ба Аллоҳ савганди дурӯғ мехӯранд, ки аз дини шумоянд ва ҳол он ки аз дини шумо нестанд, валекин онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки метарсанд ақидаи куфрашонро барои шумо зоҳир кунанд
Surah At-Taubah, Verse 56


لَوۡ يَجِدُونَ مَلۡجَـًٔا أَوۡ مَغَٰرَٰتٍ أَوۡ مُدَّخَلٗا لَّوَلَّوۡاْ إِلَيۡهِ وَهُمۡ يَجۡمَحُونَ

Агар инҳо мунофиқон паноҳгоҳ ё ғор, ё даромадгоҳе меёфтанд, ки наҷоташон диҳад, аз шумо шитобон ба он ҷо рӯй меоварданд
Surah At-Taubah, Verse 57


وَمِنۡهُم مَّن يَلۡمِزُكَ فِي ٱلصَّدَقَٰتِ فَإِنۡ أُعۡطُواْ مِنۡهَا رَضُواْ وَإِن لَّمۡ يُعۡطَوۡاْ مِنۡهَآ إِذَا هُمۡ يَسۡخَطُونَ

Баъзе аз мунофиқон туро дар тақсими садақот ба зулм муттаҳам мекунанд, агар аз он садақот ба онҳо бисёр диҳанд, хушнуд мешаванд ва агар бисёр надиҳанд, хашм мегиранд
Surah At-Taubah, Verse 58


وَلَوۡ أَنَّهُمۡ رَضُواْ مَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ وَقَالُواْ حَسۡبُنَا ٱللَّهُ سَيُؤۡتِينَا ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦ وَرَسُولُهُۥٓ إِنَّآ إِلَى ٱللَّهِ رَٰغِبُونَ

Агар онон, ки туро дар тақсимоти садақот айбдор мекунанд, ба он чи Аллоҳу паёмбараш ба онон додааст, хушнуд бошанд ва бигӯянд: «Аллоҳ моро бас аст ва Аллоҳу паёмбараш моро аз фазли худ бенасиб нахоҳанд гузошт ва мо ба Аллоҳ рағбат мекунем?», ин барояшон беҳтар ва фоидаовар буд
Surah At-Taubah, Verse 59


۞إِنَّمَا ٱلصَّدَقَٰتُ لِلۡفُقَرَآءِ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱلۡعَٰمِلِينَ عَلَيۡهَا وَٱلۡمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمۡ وَفِي ٱلرِّقَابِ وَٱلۡغَٰرِمِينَ وَفِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِۖ فَرِيضَةٗ مِّنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ

Садақот (закоти фарзӣ) барои фақироне, ки чизеро аз мулк соҳиб нестанд ва барои мискиноне, ки дар зиндагӣ эҳтиёҷманданд ва барои коргузорони ҷамъоварии закот аст. Ва низ барои онҳое, ки дилҳояшон моил карда мешавад ба Ислом ва барои озод кардани ғуломону қарздорон ва харҷ дар роҳи Аллоҳ (яъне, ҷиҳод) ва мусофирони мӯҳтоҷ ва он ҳукм фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ ба маслиҳати бандагонаш доно ва дар таъин кардани фаризаи закот ҳаким аст
Surah At-Taubah, Verse 60


وَمِنۡهُمُ ٱلَّذِينَ يُؤۡذُونَ ٱلنَّبِيَّ وَيَقُولُونَ هُوَ أُذُنٞۚ قُلۡ أُذُنُ خَيۡرٖ لَّكُمۡ يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَيُؤۡمِنُ لِلۡمُؤۡمِنِينَ وَرَحۡمَةٞ لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنكُمۡۚ وَٱلَّذِينَ يُؤۡذُونَ رَسُولَ ٱللَّهِ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

Баъзе аз мунофиқон Паёмбарро меозоранду мегӯянд, ки ӯ ба сухани ҳар кас гӯш медиҳад ва бовар медорад. Бигӯ эй Паёмбар: «Муҳаммад барои шумо шунавандаи сухани хайр аст. Ба Аллоҳ имон дорад ва мӯъминонро дар суханонашон бовар дорад ва раҳматест барои онҳое, ки имон овардаанд. Ва онон, ки расули Аллоҳро ба ҳар навъе аз озорҳо биёзоранд, ба шиканҷае дардовар гирифтор хоҳанд шуд
Surah At-Taubah, Verse 61


يَحۡلِفُونَ بِٱللَّهِ لَكُمۡ لِيُرۡضُوكُمۡ وَٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥٓ أَحَقُّ أَن يُرۡضُوهُ إِن كَانُواْ مُؤۡمِنِينَ

Мунофиқон дар баробари шумо ба Аллоҳ савганди дурӯғ мехӯранд, то хушнудатон созанд ва ҳол он ки агар мӯъмин ҳастанд, шоистатар аст, ки Аллоҳу расулашро хушнуд созанд
Surah At-Taubah, Verse 62


أَلَمۡ يَعۡلَمُوٓاْ أَنَّهُۥ مَن يُحَادِدِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَأَنَّ لَهُۥ نَارَ جَهَنَّمَ خَٰلِدٗا فِيهَاۚ ذَٰلِكَ ٱلۡخِزۡيُ ٱلۡعَظِيمُ

Оё инҳо мунофиқон намедонанд, ки ҳар кас, ки ба Аллоху паёмбараш зиддият мекунад, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳад буд ва ин расвоии бузургест
Surah At-Taubah, Verse 63


يَحۡذَرُ ٱلۡمُنَٰفِقُونَ أَن تُنَزَّلَ عَلَيۡهِمۡ سُورَةٞ تُنَبِّئُهُم بِمَا فِي قُلُوبِهِمۡۚ قُلِ ٱسۡتَهۡزِءُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ مُخۡرِجٞ مَّا تَحۡذَرُونَ

Мунофиқон метарсанд, ки мабодо аз осмон дар бораи онҳо сурае нозил шавад ва аз он чи дар дил пинҳон кардаанд аз куфр, бохабарашон созад. Бигӯ эй Паёмбар, барояшон: «Масхара кунед, ки Аллоҳ он чиро, ки аз он метарсед, ошкор хоҳад сохт»
Surah At-Taubah, Verse 64


وَلَئِن سَأَلۡتَهُمۡ لَيَقُولُنَّ إِنَّمَا كُنَّا نَخُوضُ وَنَلۡعَبُۚ قُلۡ أَبِٱللَّهِ وَءَايَٰتِهِۦ وَرَسُولِهِۦ كُنتُمۡ تَسۡتَهۡزِءُونَ

Агар аз онҳо (мунофиқон) бипурсӣ, - эй Паёмбар, - аз он чи ки сухани дурӯғ гуфтанд? Мегӯянд: «Мо бо ҳам гап мезадем ва бозӣ мекардем». Бигӯ эй Паёмбар: «Оё ба Аллоҳ ва оёти Ӯ ва паёмбараш масхара мекардед?»
Surah At-Taubah, Verse 65


لَا تَعۡتَذِرُواْ قَدۡ كَفَرۡتُم بَعۡدَ إِيمَٰنِكُمۡۚ إِن نَّعۡفُ عَن طَآئِفَةٖ مِّنكُمۡ نُعَذِّبۡ طَآئِفَةَۢ بِأَنَّهُمۡ كَانُواْ مُجۡرِمِينَ

Узр наёваред, - эй гурӯҳи мунофиқон, - аз узр овардани шумо фоидае нест. Пас, аз имонатон ба гуфтани ин мақолаи масхараомез кофир шудаед. Агар аз гуноҳи гурӯҳе аз шумо бигзарем, гурӯҳи дигарро, ки гунаҳкор шудаанд, азоб хоҳем кард
Surah At-Taubah, Verse 66


ٱلۡمُنَٰفِقُونَ وَٱلۡمُنَٰفِقَٰتُ بَعۡضُهُم مِّنۢ بَعۡضٖۚ يَأۡمُرُونَ بِٱلۡمُنكَرِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَقۡبِضُونَ أَيۡدِيَهُمۡۚ نَسُواْ ٱللَّهَ فَنَسِيَهُمۡۚ إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ

Мардони мунофиқ ва занони мунофиқ дар ошкор кардани имонашон ва пинҳон кардани куфрашон монанди якдигаранд. Ба корҳои зишт фармон медиҳанд ва аз корҳои нек манъ мекунанд ва дастҳои худро аз харҷ дар рохи Аллоҳ мебанданд. Аллоҳро фаромӯш кардаанд. Аллоҳ низ эшонро аз раҳмати худ фаромӯш кардааст, зеро мунофиқон аз роҳи ҳақ берунанд ва дар гумроҳӣ дохиланд
Surah At-Taubah, Verse 67


وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ وَٱلۡمُنَٰفِقَٰتِ وَٱلۡكُفَّارَ نَارَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ هِيَ حَسۡبُهُمۡۚ وَلَعَنَهُمُ ٱللَّهُۖ وَلَهُمۡ عَذَابٞ مُّقِيمٞ

Аллоҳ ба мардони мунофиқу занони мунофиқ ва кофирон ваъдаи оташи ҷаҳаннам додааст. Дар он ҷовидонаанд. Ҳамин барояшон бас аст. Лаънати Аллоҳ бар онҳо бод ва ба азоби пойдоре гирифтор хоҳанд шуд
Surah At-Taubah, Verse 68


كَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ كَانُوٓاْ أَشَدَّ مِنكُمۡ قُوَّةٗ وَأَكۡثَرَ أَمۡوَٰلٗا وَأَوۡلَٰدٗا فَٱسۡتَمۡتَعُواْ بِخَلَٰقِهِمۡ فَٱسۡتَمۡتَعۡتُم بِخَلَٰقِكُمۡ كَمَا ٱسۡتَمۡتَعَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُم بِخَلَٰقِهِمۡ وَخُضۡتُمۡ كَٱلَّذِي خَاضُوٓاْۚ أُوْلَـٰٓئِكَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ

Феълу хӯи шумо (эй мунофиқон дар тамасхур ва куфр) ба монанди касонест, ки пеш аз шумо нерумандтар ва дорои амвол ва фарзандони бештаре буданд, пас онҳо аз насиби хеш баҳраманд шудаед, ҳамчунон касоне, ки пеш аз шумо будаанд, аз насиби хеш баҳраманд шуда буданд. Шумо суханони ботил гуфтед, ҳамчунон, ки онҳо сухани ботил мегуфтанд. Аъмоли онон дар дунёву охират ночиз гардид ва зиёнманд шуданд
Surah At-Taubah, Verse 69


أَلَمۡ يَأۡتِهِمۡ نَبَأُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ قَوۡمِ نُوحٖ وَعَادٖ وَثَمُودَ وَقَوۡمِ إِبۡرَٰهِيمَ وَأَصۡحَٰبِ مَدۡيَنَ وَٱلۡمُؤۡتَفِكَٰتِۚ أَتَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِۖ فَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيَظۡلِمَهُمۡ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ

Оё инҳо мунофиқон хабари касонеро, ки пеш аз онҳо будаанд, чун қавми Нӯҳ, ки бо туфон ғарқ шуданд ва Од, ки ба боди сахти аз ҳадгузашта ҳалок карда шуданд ва Самуд, ки ба наъраи тунд ҳалок карда шуданд ва қавми Иброҳим, ки Намруд бо мулкаш сарнагун шуд, асҳоби Мадян, ки ба азоби рӯзи хорӣ ҳалок шуданд Муътафикаро, ки қавми Лут алайҳиссалом буд, заминро бар сарашон фурӯ афканд, нашунидаанд, ки паёмбаронашон бо нишонаҳои ошкор бар онҳо фиристода шуданд? Аллоҳ ба онҳо ситам намекард, онон худ бар худ ситам мекарданд! (Оё ин мунофиқон худро дар амон меҳисобанд ба тамасхур карданашон Аллоҳ ва оёти Ӯ ва Паёмбарашро)
Surah At-Taubah, Verse 70


وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۚ يَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَيُطِيعُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓۚ أُوْلَـٰٓئِكَ سَيَرۡحَمُهُمُ ٱللَّهُۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ

Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд дар дин. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоистагӣ бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Аллоҳу паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Аллоҳ инҳоро раҳмат хоҳад кард ва аз азобаш онҳоро наҷот хоҳад дод ва дохили биҳишташон хоҳад кард. Аллоҳ дар мулки худ пирӯзманд ва дар аҳкому шариаташ ҳаким аст
Surah At-Taubah, Verse 71


وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا وَمَسَٰكِنَ طَيِّبَةٗ فِي جَنَّـٰتِ عَدۡنٖۚ وَرِضۡوَٰنٞ مِّنَ ٱللَّهِ أَكۡبَرُۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ

Аллоҳ ба мардони мӯъмин ва занони мӯъмин биҳиштҳоеро ваъда додааст, ки ҷӯйҳо дар он ҷорист ва биҳиштиён ҳамеша дар он ҷоянд ва низ ба онҳо дар биҳишти ҷовидона хонаҳое некӯ ваъда додааст. Вале хушнудии Аллоҳ аз ҳама бузургтар аст, ки пирӯзии бузург хушнудии Аллоҳ аст
Surah At-Taubah, Verse 72


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ جَٰهِدِ ٱلۡكُفَّارَ وَٱلۡمُنَٰفِقِينَ وَٱغۡلُظۡ عَلَيۡهِمۡۚ وَمَأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ

Эй Паёмбар, бо кофирону мунофиқон биҷанг ва бо онон ба шиддат рафтор кун, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст, ки саранҷоми бадест
Surah At-Taubah, Verse 73


يَحۡلِفُونَ بِٱللَّهِ مَا قَالُواْ وَلَقَدۡ قَالُواْ كَلِمَةَ ٱلۡكُفۡرِ وَكَفَرُواْ بَعۡدَ إِسۡلَٰمِهِمۡ وَهَمُّواْ بِمَا لَمۡ يَنَالُواْۚ وَمَا نَقَمُوٓاْ إِلَّآ أَنۡ أَغۡنَىٰهُمُ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ مِن فَضۡلِهِۦۚ فَإِن يَتُوبُواْ يَكُ خَيۡرٗا لَّهُمۡۖ وَإِن يَتَوَلَّوۡاْ يُعَذِّبۡهُمُ ٱللَّهُ عَذَابًا أَلِيمٗا فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۚ وَمَا لَهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مِن وَلِيّٖ وَلَا نَصِيرٖ

Мунофиқон ба Аллоҳ савганд мехӯранд, ки нагуфтаанд чизеро, ки Паёмбар ва мусалмонон аз он нороҳат шаванд, вале калимаи куфрро бар забон рондаанд. Ва пас аз он ки ислом оварда буданд, кофир шудаанд. Ва бар қасд кор карданд, ки ба Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам зарарҳо оваранд, аммо ба он ноил нашуданд. Ва мунофиқон чизеро инкор накарданд, магар Аллоҳу паёмбарашро, ки аз ғаниматҳо сарватмандашон карданд. Пас, агар тавба кунанд, некиашон дар он аст ва агар рӯй гардонанд, Аллоҳ ба азоби дардноке дар дунёву охират азобашон хоҳад кард ва онҳоро дар рӯи замин на дӯстдоре хоҳад буд, ки азоби Аллоҳро аз онҳо боздорад ва на мададкоре, ки аз азоби Аллоҳ наҷоташон диҳад
Surah At-Taubah, Verse 74


۞وَمِنۡهُم مَّنۡ عَٰهَدَ ٱللَّهَ لَئِنۡ ءَاتَىٰنَا مِن فَضۡلِهِۦ لَنَصَّدَّقَنَّ وَلَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ

Баъзе аз мунофиқони камбағал бо Аллоҳ паймон бастанд, ки агар аз фазли худ моле насибамон кунад, закот медиҳем ва дар зумраи солеҳон медароем
Surah At-Taubah, Verse 75


فَلَمَّآ ءَاتَىٰهُم مِّن فَضۡلِهِۦ بَخِلُواْ بِهِۦ وَتَوَلَّواْ وَّهُم مُّعۡرِضُونَ

Чун Аллоҳ аз фазли худ моле насибашон кард, бахилӣ карданд ва эътирозкунон рӯй гардонданд аз Ислом
Surah At-Taubah, Verse 76


فَأَعۡقَبَهُمۡ نِفَاقٗا فِي قُلُوبِهِمۡ إِلَىٰ يَوۡمِ يَلۡقَوۡنَهُۥ بِمَآ أَخۡلَفُواْ ٱللَّهَ مَا وَعَدُوهُ وَبِمَا كَانُواْ يَكۡذِبُونَ

Пас, ин амали нифоқро то рӯзе, ки ба Аллоҳ вохӯранд дар дилҳояшон барқарор сохт ба сабаби он чи ки Ба Аллоҳ ваъда карда буданд (аз додани садақа) хилоф намуданд ва аҳдшиканӣ карданд ва ба сабаби он ки дурӯғ мегуфтанд
Surah At-Taubah, Verse 77


أَلَمۡ يَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ سِرَّهُمۡ وَنَجۡوَىٰهُمۡ وَأَنَّ ٱللَّهَ عَلَّـٰمُ ٱلۡغُيُوبِ

Оё намедонанд, ки ниҳонҳо ва роз гуфтани ин мунофиқонро Аллоҳ медонад, зеро Аллоҳ аз ниҳонҳо ва розҳо огоҳ аст
Surah At-Taubah, Verse 78


ٱلَّذِينَ يَلۡمِزُونَ ٱلۡمُطَّوِّعِينَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ فِي ٱلصَّدَقَٰتِ وَٱلَّذِينَ لَا يَجِدُونَ إِلَّا جُهۡدَهُمۡ فَيَسۡخَرُونَ مِنۡهُمۡ سَخِرَ ٱللَّهُ مِنۡهُمۡ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Аллоҳ мунофиқонеро мавриди масхара қарор медиҳад, ки бар мӯъминони ба рағбат садақа диҳанда ва беш аз тавоноии хеш чизе наёбанда, айб мегиранд ва масхараашон мекунанд (яъне, агар аз мӯъминон касе бисёр садақа кард, мунофиқон мегӯянд, ки ӯ дар садақа додан худнамоӣ мекунад ва агар касе кам диҳад, мегӯянд, ки Аллоҳ ба ин гуна садақаи ночиз мӯҳтоҷ нест). Ба мунофиқонро азоби дардовар аст
Surah At-Taubah, Verse 79


ٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ أَوۡ لَا تَسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ إِن تَسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ سَبۡعِينَ مَرَّةٗ فَلَن يَغۡفِرَ ٱللَّهُ لَهُمۡۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَفَرُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ

(Мехоҳӣ эй Расул,) барои мунофиқон бахшиш бихоҳ, мехоҳӣ бахшиш нахоҳ. Агар ҳафтод бор ҳам барояшон бахшиш бихоҳӣ, Аллоҳ барояшон нахоҳад бахшид, зеро ба Аллоҳу паёмбараш имон надоранд ва Аллоҳ мардуми фосиқро ҳидоят намекунад
Surah At-Taubah, Verse 80


فَرِحَ ٱلۡمُخَلَّفُونَ بِمَقۡعَدِهِمۡ خِلَٰفَ رَسُولِ ٱللَّهِ وَكَرِهُوٓاْ أَن يُجَٰهِدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَقَالُواْ لَا تَنفِرُواْ فِي ٱلۡحَرِّۗ قُلۡ نَارُ جَهَنَّمَ أَشَدُّ حَرّٗاۚ لَّوۡ كَانُواْ يَفۡقَهُونَ

Онон, ки дар хона нишастаанд ва аз ҳамроҳӣ бо расули Аллоҳ ақибнишинӣ карданд (дар Мадина), хушҳоланд. Ҷиҳод бо молу ҷони хешро дар роҳи Аллоҳ нохуш шумурданду ва ба ҳамдигар гуфтанд: «Дар ҳавои гарм ба ҷанг наравед!» Агар мефаҳманд, бигӯ бар онҳо эй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Гармии оташи ҷаҳаннам бештар аст!»
Surah At-Taubah, Verse 81


فَلۡيَضۡحَكُواْ قَلِيلٗا وَلۡيَبۡكُواْ كَثِيرٗا جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ

Ба ҷазои аъмоли анҷом додаашон (мунофиқон) бояд ки андак биханданд ва бисёр бигирянд! (Яъне, дар ин дунёи гузаро баҳраманд шаванд ва ба лаззатҳои он хушҳол шаванд, зуд аст, ки бисёр бигирянд дар азоби дарднок ба сабаби он чи касб кардаанд дар дунё аз куфру нифоқ ва нофармонии амри Парвардишрашон)
Surah At-Taubah, Verse 82


فَإِن رَّجَعَكَ ٱللَّهُ إِلَىٰ طَآئِفَةٖ مِّنۡهُمۡ فَٱسۡتَـٔۡذَنُوكَ لِلۡخُرُوجِ فَقُل لَّن تَخۡرُجُواْ مَعِيَ أَبَدٗا وَلَن تُقَٰتِلُواْ مَعِيَ عَدُوًّاۖ إِنَّكُمۡ رَضِيتُم بِٱلۡقُعُودِ أَوَّلَ مَرَّةٖ فَٱقۡعُدُواْ مَعَ ٱلۡخَٰلِفِينَ

Эй Расул, агар Аллоҳ туро аз ҷанг бозгардонид ва бо гурӯҳе аз мунофиқоне, ки дар нифоқашон устуворанд, рӯ ба рӯ кард ва аз ту хостанд, ки барои ҷанги дигар берун оянд, бигӯ: «Шумо ҳаргиз бо ман ба ҷанг берун нахоҳед шуд ва ҳамроҳи ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо аз нахуст ба нишастан дар хона хушнуд будаед. Пас, акнун ҳам бо онон, ки аз фармони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гарданкашӣ кардаанд, дар хона бимонед!»
Surah At-Taubah, Verse 83


وَلَا تُصَلِّ عَلَىٰٓ أَحَدٖ مِّنۡهُم مَّاتَ أَبَدٗا وَلَا تَقُمۡ عَلَىٰ قَبۡرِهِۦٓۖ إِنَّهُمۡ كَفَرُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَمَاتُواْ وَهُمۡ فَٰسِقُونَ

Чун бимиранд, бар ҳеҷ яке аз мунофиқон намоз магузор ва бар қабрашон наист. Зеро онон ба Аллоҳ ва расулаш кофир шудаанд ва дар ҳолати ноитоатии фармон мурдаанд! (Ин ҳукм ом аст ба ҳар касе, ки нифоқаш маълум шудааст)
Surah At-Taubah, Verse 84


وَلَا تُعۡجِبۡكَ أَمۡوَٰلُهُمۡ وَأَوۡلَٰدُهُمۡۚ إِنَّمَا يُرِيدُ ٱللَّهُ أَن يُعَذِّبَهُم بِهَا فِي ٱلدُّنۡيَا وَتَزۡهَقَ أَنفُسُهُمۡ وَهُمۡ كَٰفِرُونَ

Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), бисёрии молу фарзандони онон туро ба ҳайрат наорад. Аллоҳ мехоҳад ба сабаби онҳо дар дунё азобашон кунад ва дар ҳолати куфр ҷон бисупоранд
Surah At-Taubah, Verse 85


وَإِذَآ أُنزِلَتۡ سُورَةٌ أَنۡ ءَامِنُواْ بِٱللَّهِ وَجَٰهِدُواْ مَعَ رَسُولِهِ ٱسۡتَـٔۡذَنَكَ أُوْلُواْ ٱلطَّوۡلِ مِنۡهُمۡ وَقَالُواْ ذَرۡنَا نَكُن مَّعَ ٱلۡقَٰعِدِينَ

Чун сурае бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуд, ки ба Аллоҳ имон биёваред ва бо паёмбараш ба ҷанг биравед, тавонгаронашон аз ту рухсат хостанду гуфтанд: «Моро бигзор, то бо онҳое, ки бояд дар хона нишинанд, дар хона бинишинем!»
Surah At-Taubah, Verse 86


رَضُواْ بِأَن يَكُونُواْ مَعَ ٱلۡخَوَالِفِ وَطُبِعَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَفۡقَهُونَ

Ба он розӣ шудаанд, ки ҳамроҳи хонанишинон бошанд, ба сабаби нифоқашон бар дилҳояшон мӯҳр ниҳода шуд ва намефаҳманд чӣ барояшон шоиста аст
Surah At-Taubah, Verse 87


لَٰكِنِ ٱلرَّسُولُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ جَٰهَدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡۚ وَأُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلۡخَيۡرَٰتُۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ

Вале Паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон овардаанд, бо молу ҷони худ дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карданд. Некиҳо аз они онҳост ва онҳоянд, наҷотёфтагон
Surah At-Taubah, Verse 88


أَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُمۡ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ

Аллоҳ барояшон биҳиштҳое омода кардааст, ки дар он ҷӯйҳо равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд. Ин аст наҷоти бузург
Surah At-Taubah, Verse 89


وَجَآءَ ٱلۡمُعَذِّرُونَ مِنَ ٱلۡأَعۡرَابِ لِيُؤۡذَنَ لَهُمۡ وَقَعَدَ ٱلَّذِينَ كَذَبُواْ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥۚ سَيُصِيبُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин омаданд ва аз сустӣ ва нотавонии худ узр пурсиданд, то онҳоро рухсат диҳанд, ки ба ҷанг нараванд ва онҳое, ки ба Аллоҳу паёмбараш дурӯғ гуфта буданд, дар хона нишастанд. Ба зудӣ ба кофиронашон азоби дардовар хоҳад расид, дар дунё ба қатл ва дар охират ба оташ
Surah At-Taubah, Verse 90


لَّيۡسَ عَلَى ٱلضُّعَفَآءِ وَلَا عَلَى ٱلۡمَرۡضَىٰ وَلَا عَلَى ٱلَّذِينَ لَا يَجِدُونَ مَا يُنفِقُونَ حَرَجٌ إِذَا نَصَحُواْ لِلَّهِ وَرَسُولِهِۦۚ مَا عَلَى ٱلۡمُحۡسِنِينَ مِن سَبِيلٖۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Бар нотавонону беморон ва онон, ки маводи ҷангии хешро намеёбанд, ҳар гоҳ дар амал барои Аллоҳу паёмбараш ихлос кунанд, гуноҳе нест, агар ба ҷанг наёянд, ки бар некӯкорон ҳеҷ гуна итобе нест ва Аллоҳ некӯкоронро бахшояндааст ва бо онон меҳрубон аст
Surah At-Taubah, Verse 91


وَلَا عَلَى ٱلَّذِينَ إِذَا مَآ أَتَوۡكَ لِتَحۡمِلَهُمۡ قُلۡتَ لَآ أَجِدُ مَآ أَحۡمِلُكُمۡ عَلَيۡهِ تَوَلَّواْ وَّأَعۡيُنُهُمۡ تَفِيضُ مِنَ ٱلدَّمۡعِ حَزَنًا أَلَّا يَجِدُواْ مَا يُنفِقُونَ

Ва низ гуноҳе нест бар онон, ки назди ту эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд, то барои набардашон саворӣ диҳӣ ва ту гуфтӣ, ки саворие надорам ва онҳо барои харҷ кардан ҳеҷ чизе наёфтанд ва ашкрезону ғамгин бозгаштанд
Surah At-Taubah, Verse 92


۞إِنَّمَا ٱلسَّبِيلُ عَلَى ٱلَّذِينَ يَسۡتَـٔۡذِنُونَكَ وَهُمۡ أَغۡنِيَآءُۚ رَضُواْ بِأَن يَكُونُواْ مَعَ ٱلۡخَوَالِفِ وَطَبَعَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ

Хашму азоби Аллоҳ бар касонест, ки дар ҳолати тавонгарӣ аз ту рухсат мехоҳанд ва онон мунофиқонанд ва ба он хушнуданд, ки бо хонанишинон дар хона бимонанд. Аллоҳ дар дилҳояшон мӯҳр гузоштааст ва оқибати бадашонро намедонанд, бо он чи ки аз гуноҳҳо касб кардаанд
Surah At-Taubah, Verse 93


يَعۡتَذِرُونَ إِلَيۡكُمۡ إِذَا رَجَعۡتُمۡ إِلَيۡهِمۡۚ قُل لَّا تَعۡتَذِرُواْ لَن نُّؤۡمِنَ لَكُمۡ قَدۡ نَبَّأَنَا ٱللَّهُ مِنۡ أَخۡبَارِكُمۡۚ وَسَيَرَى ٱللَّهُ عَمَلَكُمۡ وَرَسُولُهُۥ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَٰلِمِ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

Эй мӯъминон, чун шумо ба наздашон бозгардед, (барои нарафтанашон ба ҷиҳод) меоянду узр мепурсанд. Бигӯ: «Узр мапурсед, гуфторатонро ҳаргиз бовар надорем, ки Аллоҳ моро аз ахбори шумо огоҳ кардааст. Ба зудӣ Аллоҳу паёмбараш амали шуморо дар дунё хоҳанд дид. Оё шумо аз нифоқи худ тавба мекунед ё бар он пойдор меистед? Он гоҳ шуморо назди он Аллоҳе, ки донои ниҳону ошкор аст, мебаранд, то аз натиҷаи аъмолатон огоҳатон созад!»
Surah At-Taubah, Verse 94


سَيَحۡلِفُونَ بِٱللَّهِ لَكُمۡ إِذَا ٱنقَلَبۡتُمۡ إِلَيۡهِمۡ لِتُعۡرِضُواْ عَنۡهُمۡۖ فَأَعۡرِضُواْ عَنۡهُمۡۖ إِنَّهُمۡ رِجۡسٞۖ وَمَأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ

Эй мӯъминон, чун аз ҷанг ба назди инҳо мунофиқон бозгардед, бароятон савганд мехӯранд, то аз хатояшон даргузаред. Аз онҳо рӯй гардонед ва таркашон кунед, ки мардуме палиданд ва ба хотири аъмолашон ҷой дар ҷаҳаннам доранд
Surah At-Taubah, Verse 95


يَحۡلِفُونَ لَكُمۡ لِتَرۡضَوۡاْ عَنۡهُمۡۖ فَإِن تَرۡضَوۡاْ عَنۡهُمۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يَرۡضَىٰ عَنِ ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡفَٰسِقِينَ

Эй мӯъминон, ин мунофиқон бароятон савганд мехӯранд, то аз онон хушнуд шавед. Агар шумо ҳам хушнуд шавед, Аллоҳ аз ин мардуми нофармон хушнуд нахоҳад шуд
Surah At-Taubah, Verse 96


ٱلۡأَعۡرَابُ أَشَدُّ كُفۡرٗا وَنِفَاقٗا وَأَجۡدَرُ أَلَّا يَعۡلَمُواْ حُدُودَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ عَلَىٰ رَسُولِهِۦۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ

Арабҳои бодиянишин кофиртару мунофиқтар аз дигаронанд ва ба надонистани ҳукмҳое, ки Аллоҳ бар паёмбараш нозил кардааст, сазовортаранд. Ба Аллоҳ ба ҳамаи ҳоли онҳо доно ва дар тадбири кори бандагонаш дурусткор аст
Surah At-Taubah, Verse 97


وَمِنَ ٱلۡأَعۡرَابِ مَن يَتَّخِذُ مَا يُنفِقُ مَغۡرَمٗا وَيَتَرَبَّصُ بِكُمُ ٱلدَّوَآئِرَۚ عَلَيۡهِمۡ دَآئِرَةُ ٱلسَّوۡءِۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٞ

Баъзе аз арабҳои бодиянишин он чиро, ки нафақа мекунанд, чун зиёне мепиндоранд ва мунтазиранд, то ба шумо мусибате бирасад. Мусибати бад бар худашон бод ва Аллоҳ шунаво аст ба он чи мегӯянд ва доност ба ниятҳои вайронашон
Surah At-Taubah, Verse 98


وَمِنَ ٱلۡأَعۡرَابِ مَن يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَيَتَّخِذُ مَا يُنفِقُ قُرُبَٰتٍ عِندَ ٱللَّهِ وَصَلَوَٰتِ ٱلرَّسُولِۚ أَلَآ إِنَّهَا قُرۡبَةٞ لَّهُمۡۚ سَيُدۡخِلُهُمُ ٱللَّهُ فِي رَحۡمَتِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Ва баъзе аз арабҳои бодиянишин ба Аллоҳу рӯзи қиёмат имон доранд ва он чиро, ки дар роҳи Аллоҳ харҷ мекунанд сабаби наздикӣ ба Аллоҳ ва дуои Паёмбар медонанд. Бидонед, ки ҳамин нафақа кардан ва садақоташон ва низ дуоҳо ва омурзишхоҳии Паёмбар (саллалллоҳу алайҳи ва саллам) сабаби наздикияшон ба Аллоҳ хоҳад шуд ва Аллоҳ ба раҳмати хеш дохили биҳишташон хоҳад кард, зеро омурзандаву меҳрубон аст
Surah At-Taubah, Verse 99


وَٱلسَّـٰبِقُونَ ٱلۡأَوَّلُونَ مِنَ ٱلۡمُهَٰجِرِينَ وَٱلۡأَنصَارِ وَٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُم بِإِحۡسَٰنٖ رَّضِيَ ٱللَّهُ عَنۡهُمۡ وَرَضُواْ عَنۡهُ وَأَعَدَّ لَهُمۡ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي تَحۡتَهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ

Аз он гурӯҳи нахустин аз муҳоҷирон ва аҳли Мадина, ки пешқадам шуданд ва онон, ки ба хотири Аллоҳ ба некӣ аз онон пайравӣ карданд (дар эътиқод, гуфтор ва амалҳояшон), Аллоҳ хушнуд аст ва онҳо низ аз Аллоҳ хушнуданд. Аллоҳ барояшон биҳиштҳоеро омода кардааст, ки дар онҳо дарёҳо ҷорист ва ҳамеша дар он ҷо хоҳанд буд. Ин аст комёбии бузург
Surah At-Taubah, Verse 100


وَمِمَّنۡ حَوۡلَكُم مِّنَ ٱلۡأَعۡرَابِ مُنَٰفِقُونَۖ وَمِنۡ أَهۡلِ ٱلۡمَدِينَةِ مَرَدُواْ عَلَى ٱلنِّفَاقِ لَا تَعۡلَمُهُمۡۖ نَحۡنُ نَعۡلَمُهُمۡۚ سَنُعَذِّبُهُم مَّرَّتَيۡنِ ثُمَّ يُرَدُّونَ إِلَىٰ عَذَابٍ عَظِيمٖ

Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин, ки атрофи шуморо гирифтаанд, мунофиқанд ва гурӯҳе аз мардуми Мадина низ дар нифоқ исрор меварзанд. Ту онҳоро намешиносӣ, Мо онҳоро мешиносем ва ду бор азобашон хоҳем кард; ба қатл ва асир гирифтан дар дунё ва дар охират ба азоби бузург гирифтор мешаванд
Surah At-Taubah, Verse 101


وَءَاخَرُونَ ٱعۡتَرَفُواْ بِذُنُوبِهِمۡ خَلَطُواْ عَمَلٗا صَٰلِحٗا وَءَاخَرَ سَيِّئًا عَسَى ٱللَّهُ أَن يَتُوبَ عَلَيۡهِمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ

Ва гурӯҳи дигаре аз аҳли Мадина ба гуноҳи худ эътироф карданд, ки аъмоли некӯро бо корҳои зишт омехтаанд (ва он ақибнишинӣ кардан аз ҷанг ҳамроҳи Расули Аллоҳ ва дигар амалҳои бад аст). Шояд Аллоҳ тавбаашонро бипазирад, зеро Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст
Surah At-Taubah, Verse 102


خُذۡ مِنۡ أَمۡوَٰلِهِمۡ صَدَقَةٗ تُطَهِّرُهُمۡ وَتُزَكِّيهِم بِهَا وَصَلِّ عَلَيۡهِمۡۖ إِنَّ صَلَوٰتَكَ سَكَنٞ لَّهُمۡۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Аз молҳои тавбакунандагоне, ки аъмоли некӯро бо корҳои зишт омехтаанд, садақа (закот) биситон, то ононро поку муназзаҳ созӣ ва барояшон дуо кун, зеро дуои ту мояи оромиши онҳост ва Аллоҳ ба ҳар дуо шунаво ва ба аҳволи бандагон ва ниятҳояшон доност
Surah At-Taubah, Verse 103


أَلَمۡ يَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ هُوَ يَقۡبَلُ ٱلتَّوۡبَةَ عَنۡ عِبَادِهِۦ وَيَأۡخُذُ ٱلصَّدَقَٰتِ وَأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ

Оё ҳанӯз (инҳо ақибнишинандагон аз ҷиҳод ва дигарон) надонистаанд, ки Аллоҳ аст, ки тавбаи бандагонашро мепазирад, чун ба тоати Аллоҳ баргарданд ва садақотро қабул мекунад ва Аллоҳ аст, ки тавбапазиру меҳрубон
Surah At-Taubah, Verse 104


وَقُلِ ٱعۡمَلُواْ فَسَيَرَى ٱللَّهُ عَمَلَكُمۡ وَرَسُولُهُۥ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَۖ وَسَتُرَدُّونَ إِلَىٰ عَٰلِمِ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

Бигӯ: «Амал кунед, Аллоҳу паёмбараш ва мӯъминон аъмоли шуморо хоҳанд дид ва шумо ба назди донандаи ниҳону ошкоро бозгардонида мешавед ва Ӯ аз амалҳоятон огоҳатон хоҳад кард». Ва ин оят ваъда ба азоб аст барои онон, ки ҳамеша дар ботилу ситамкорианд
Surah At-Taubah, Verse 105


وَءَاخَرُونَ مُرۡجَوۡنَ لِأَمۡرِ ٱللَّهِ إِمَّا يُعَذِّبُهُمۡ وَإِمَّا يَتُوبُ عَلَيۡهِمۡۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ

Ва гурӯҳе дигар аз касоне, ки дар ҷанги Табук ақибнишинӣ карданд ва аз кардаи худ пушаймон шуданд ба машийяти (хости) Аллоҳ вогузошта шудаанд, ки ё азобашон мекунад, ё тавбаашонро мепазирад. Ва Аллоҳ доно аст, ки сазовори уқубат ё бахшиш аст ва дар гуфтору кирдораш бо ҳикмат аст
Surah At-Taubah, Verse 106


وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مَسۡجِدٗا ضِرَارٗا وَكُفۡرٗا وَتَفۡرِيقَۢا بَيۡنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَإِرۡصَادٗا لِّمَنۡ حَارَبَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ مِن قَبۡلُۚ وَلَيَحۡلِفُنَّ إِنۡ أَرَدۡنَآ إِلَّا ٱلۡحُسۡنَىٰۖ وَٱللَّهُ يَشۡهَدُ إِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ

Ва мунофиқон барои зиён расонидани мӯъминон ва куфр овардан ба Аллоҳ ва тафриқа афкандан миёни мусалмонон масҷиде бино карданд, то ки баъзеашон дар он намоз гузоранд ва масҷиди Қуборо, ки дар он мусалмонон намоз мегузориданд, тарк намоянд. Ва масҷиди бинокардаашон барои касоне, ки мехоҳанд бо Аллоҳу паёмбараш ҷанг кунанд, камингоҳе бошад Ва албатта, савганд мехӯранд, ки аз бинои ин масҷид ҳадафе ҷуз некӣ ва хайр надоштем. Вале Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо яқинан дурӯғгӯянд
Surah At-Taubah, Verse 107


لَا تَقُمۡ فِيهِ أَبَدٗاۚ لَّمَسۡجِدٌ أُسِّسَ عَلَى ٱلتَّقۡوَىٰ مِنۡ أَوَّلِ يَوۡمٍ أَحَقُّ أَن تَقُومَ فِيهِۚ فِيهِ رِجَالٞ يُحِبُّونَ أَن يَتَطَهَّرُواْۚ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلۡمُطَّهِّرِينَ

Эй Паёмбар, ҳаргиз дар он масҷид намоз магузор. Масҷиде, ки аз рӯзи нахуст бар парҳезгорӣ бунёд шуд ва он (масҷиди Расули Аллоҳ) шоистатар аст, ки дар он ҷо намоз гузорӣ. Дар он ҷо мардоне ҳастанд, ки дӯст доранд аз наҷосатҳову палидиҳо ва аз гуноҳҳову маъсиятҳо покиза бошанд, зеро Аллоҳ покизагонро дӯст дорад
Surah At-Taubah, Verse 108


أَفَمَنۡ أَسَّسَ بُنۡيَٰنَهُۥ عَلَىٰ تَقۡوَىٰ مِنَ ٱللَّهِ وَرِضۡوَٰنٍ خَيۡرٌ أَم مَّنۡ أَسَّسَ بُنۡيَٰنَهُۥ عَلَىٰ شَفَا جُرُفٍ هَارٖ فَٱنۡهَارَ بِهِۦ فِي نَارِ جَهَنَّمَۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Оё касе, ки бинои масҷидро бар тарсгорӣ аз Аллоҳ ва хушнудии Ӯ ниҳода, беҳтар аст ё он касе, ки бинои масҷидро бар канораи селроҳе ниҳодааст, ки об зери онро шуста бошад, то бо ӯ дар оташи ҷаҳаннам сарнагун гардад? Ва Аллоҳ мардуми ситамгарро ҳидоят намекунад
Surah At-Taubah, Verse 109


لَا يَزَالُ بُنۡيَٰنُهُمُ ٱلَّذِي بَنَوۡاْ رِيبَةٗ فِي قُلُوبِهِمۡ إِلَّآ أَن تَقَطَّعَ قُلُوبُهُمۡۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

Он биное, ки ( мунофиқон барои зарар расондани масҷиди Расули Аллоҳ- бунёд кардаанд, ҳамеша сабаби шакку шубҳа дар дилашон хоҳад буд, то он ҳангом, ки дилашон пора - пора гардад. Ва Аллоҳ доно аст ба мақсадашон, ҳаким аст дар тадбири корҳои бандагонаш)
Surah At-Taubah, Verse 110


۞إِنَّ ٱللَّهَ ٱشۡتَرَىٰ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ أَنفُسَهُمۡ وَأَمۡوَٰلَهُم بِأَنَّ لَهُمُ ٱلۡجَنَّةَۚ يُقَٰتِلُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَيَقۡتُلُونَ وَيُقۡتَلُونَۖ وَعۡدًا عَلَيۡهِ حَقّٗا فِي ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَٱلۡإِنجِيلِ وَٱلۡقُرۡءَانِۚ وَمَنۡ أَوۡفَىٰ بِعَهۡدِهِۦ مِنَ ٱللَّهِۚ فَٱسۡتَبۡشِرُواْ بِبَيۡعِكُمُ ٱلَّذِي بَايَعۡتُم بِهِۦۚ وَذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ

Аллоҳ аз мӯъминон ҷонҳову молҳояшонро харид, то биҳишт барои онон бошад. Дар роҳи Аллоҳ ҷанг мекунанд, чӣ бикушанд ё кушта шаванд, ваъдае, ки Аллоҳ дар Тавроту Инҷил ва Қуръон дода аст ба ҳақ бар ӯҳдаи Ӯст. Ва чӣ касе беҳтар аз Аллоҳ ба аҳди худ вафо хоҳад кард? Ба ин хариду фурӯхт, ки кардаед, шод бошед, - эй мӯъминон, - ки комёбии бузургест
Surah At-Taubah, Verse 111


ٱلتَّـٰٓئِبُونَ ٱلۡعَٰبِدُونَ ٱلۡحَٰمِدُونَ ٱلسَّـٰٓئِحُونَ ٱلرَّـٰكِعُونَ ٱلسَّـٰجِدُونَ ٱلۡأٓمِرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَٱلنَّاهُونَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَٱلۡحَٰفِظُونَ لِحُدُودِ ٱللَّهِۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Аз сифатҳое, ки барояшон башорат ба ҷаннат дода шудааст: тавбакунандагонанд, парастандагонанд, шукргузоронанд, рӯзадоронанд, рукӯъкунандагонанд, саҷдакунандагонанд, амркунандагон ба маъруф ва манъкунандагон аз мункаранд ва нигоҳдорандагони ҳудуди Аллоҳанд! Ва (эй Паёмбар), мӯъминонеро, ки дорои ин гуна сифатҳоянд мужда бидеҳ
Surah At-Taubah, Verse 112


مَا كَانَ لِلنَّبِيِّ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَن يَسۡتَغۡفِرُواْ لِلۡمُشۡرِكِينَ وَلَوۡ كَانُوٓاْ أُوْلِي قُرۡبَىٰ مِنۢ بَعۡدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمۡ أَنَّهُمۡ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَحِيمِ

Набояд Паёмбар (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва касоне, ки имон овардаанд, барои мушрикон, пас аз он ки донистанд, ки ба ҷаҳаннам мераванд, талаби бахшоиш кунанд, ҳарчанд аз хешовандон бошанд ҳам. Зеро Аллоҳ ҳукм кардааст, ки гуноҳони мушриконро намеомурзад
Surah At-Taubah, Verse 113


وَمَا كَانَ ٱسۡتِغۡفَارُ إِبۡرَٰهِيمَ لِأَبِيهِ إِلَّا عَن مَّوۡعِدَةٖ وَعَدَهَآ إِيَّاهُ فَلَمَّا تَبَيَّنَ لَهُۥٓ أَنَّهُۥ عَدُوّٞ لِّلَّهِ تَبَرَّأَ مِنۡهُۚ إِنَّ إِبۡرَٰهِيمَ لَأَوَّـٰهٌ حَلِيمٞ

Бахшоиш хостани Иброҳим барои падараш набуд, магар аз рӯи ваъдаҳое, ки ба ӯ дода буд. Ва чун барои ӯ ошкор шуд, ки падараш душмани Аллоҳ аст, аз ӯ безорӣ ҷуст ва барояш тарки омурзиши гуноҳ кард. Зеро Иброҳим бисёр худотарсу бурдбор буд
Surah At-Taubah, Verse 114


وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيُضِلَّ قَوۡمَۢا بَعۡدَ إِذۡ هَدَىٰهُمۡ حَتَّىٰ يُبَيِّنَ لَهُم مَّا يَتَّقُونَۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٌ

Аллоҳ қавмеро, ки ҳидоят кардааст, гумроҳ намекунад, то замоне ки он чиро бояд аз он бипарҳезанд, барояшон равшан намояд. Дар ҳақиқат, Аллоҳ бар ҳар чизе доност
Surah At-Taubah, Verse 115


إِنَّ ٱللَّهَ لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۚ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِن وَلِيّٖ وَلَا نَصِيرٖ

Фармонравоии осмонҳову замин аз они Аллоҳ аст! Ӯ дар офариниш ва тадбир ва парастиш ва шариаташ касеро шарик нагирифтааст. Зинда мекунаду мемиронад ва шуморо ҷуз Аллоҳ дӯстдоре нест, ки сарпарастиатон кунад ва мададгоре нест, ки бар душманатон шуморо ғолиб гардонад
Surah At-Taubah, Verse 116


لَّقَد تَّابَ ٱللَّهُ عَلَى ٱلنَّبِيِّ وَٱلۡمُهَٰجِرِينَ وَٱلۡأَنصَارِ ٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُ فِي سَاعَةِ ٱلۡعُسۡرَةِ مِنۢ بَعۡدِ مَا كَادَ يَزِيغُ قُلُوبُ فَرِيقٖ مِّنۡهُمۡ ثُمَّ تَابَ عَلَيۡهِمۡۚ إِنَّهُۥ بِهِمۡ رَءُوفٞ رَّحِيمٞ

Аллоҳ ба паёмбараш тавфиқашро арзонӣ кард ва муҳоҷирин ва ансорро ба тавба кардан мушарраф сохт, ки дар ғазваи Табук дар гармии сахт дар машаққату ташнагӣ пайравии ӯ карданд, баъд аз он ки қариб буд, ки дили гурӯҳе аз онон беҷо шавад ва шак кунад дар динаш ва аз ҷанг бигардад. Тавбаашонро пазируфт, зеро ба онҳо рауфу (мушфиқу) меҳрубон аст
Surah At-Taubah, Verse 117


وَعَلَى ٱلثَّلَٰثَةِ ٱلَّذِينَ خُلِّفُواْ حَتَّىٰٓ إِذَا ضَاقَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلۡأَرۡضُ بِمَا رَحُبَتۡ وَضَاقَتۡ عَلَيۡهِمۡ أَنفُسُهُمۡ وَظَنُّوٓاْ أَن لَّا مَلۡجَأَ مِنَ ٱللَّهِ إِلَّآ إِلَيۡهِ ثُمَّ تَابَ عَلَيۡهِمۡ لِيَتُوبُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ

Ва низ Аллоҳ пазируфт тавбаи он се тан (аз ансориҳо)-ро, ки аз ҷанг хонанишинӣ карда буданд, то он гоҳ ки замин бо ҳамаи кушодагияш бар онҳо танг шуд ва ҷон дар танашон намеғунҷид (ба сабаби ақибнишиниашон аз ҷанг) ва худ донистанд, ки ҷуз Аллоҳ ҳеҷ паноҳгоҳе надоранд, ки ба он рӯй оваранд. Пас, Аллоҳ тавбаи ононро пазируфт, то ба Ӯ бозоянд, ки тавбапазиру меҳрубон аст
Surah At-Taubah, Verse 118


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَكُونُواْ مَعَ ٱلصَّـٰدِقِينَ

Эй касоне, ки имон ба Аллоҳ ва расули Ӯ овардаед, аз Аллоҳ битарсед, фармудаҳояшро баҷо оред ва аз манъкардашудаҳояш бозистед ва бо росгӯён бошед
Surah At-Taubah, Verse 119


مَا كَانَ لِأَهۡلِ ٱلۡمَدِينَةِ وَمَنۡ حَوۡلَهُم مِّنَ ٱلۡأَعۡرَابِ أَن يَتَخَلَّفُواْ عَن رَّسُولِ ٱللَّهِ وَلَا يَرۡغَبُواْ بِأَنفُسِهِمۡ عَن نَّفۡسِهِۦۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ لَا يُصِيبُهُمۡ ظَمَأٞ وَلَا نَصَبٞ وَلَا مَخۡمَصَةٞ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَا يَطَـُٔونَ مَوۡطِئٗا يَغِيظُ ٱلۡكُفَّارَ وَلَا يَنَالُونَ مِنۡ عَدُوّٖ نَّيۡلًا إِلَّا كُتِبَ لَهُم بِهِۦ عَمَلٞ صَٰلِحٌۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Ахли Мадина ва арабҳои бодиянишини атрофи онро насазад, ки аз ҳамроҳӣ бо паёмбари Аллоҳ қафокашӣ намоянд ва набояд, ки аз Ӯ ба худ (яъне, аз Ӯ гузашта ба ҳифзи ҷони худ бошанд) пардозанд. Зеро дар роҳи Аллоҳ ҳеҷ ташнагӣ ва ранҷе бар онҳо нарасад ва ё ба гуруснагӣ дучор нашаванд, ё қадаме барнадоранд, ки кофиронро хашмгин созад, ё ба душман дастбурде назананд, магар он ки амали солеҳе барояшон навишта шавад, ки Аллоҳ подоши некӯкоронро нобуд намесозад
Surah At-Taubah, Verse 120


وَلَا يُنفِقُونَ نَفَقَةٗ صَغِيرَةٗ وَلَا كَبِيرَةٗ وَلَا يَقۡطَعُونَ وَادِيًا إِلَّا كُتِبَ لَهُمۡ لِيَجۡزِيَهُمُ ٱللَّهُ أَحۡسَنَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Ва ҳеҷ харҷеро, хоҳ кам хоҳ зиёд намекунанд ва ҳеҷ сарзаминеро намегузаранд, магар барояшон навишта мешавад, то ки Аллоҳ некӯтарини он чи ки мекарданд, ба онон подош диҳад
Surah At-Taubah, Verse 121


۞وَمَا كَانَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ لِيَنفِرُواْ كَآفَّةٗۚ فَلَوۡلَا نَفَرَ مِن كُلِّ فِرۡقَةٖ مِّنۡهُمۡ طَآئِفَةٞ لِّيَتَفَقَّهُواْ فِي ٱلدِّينِ وَلِيُنذِرُواْ قَوۡمَهُمۡ إِذَا رَجَعُوٓاْ إِلَيۡهِمۡ لَعَلَّهُمۡ يَحۡذَرُونَ

Ва мумкин нест мӯъминонро, ки ҳамагӣ барои ҷанги душманонашон ба сафар раванд. Пас, чаро аз ҳар гурӯҳе чанд нафаре ба сафар нараванд, то дониши дини хешро биёмӯзанд ва чун бозгаштанд (баъди илм гирифтан), мардуми худро бим кунанд. Бошад ки аз азоби Илоҳӣ битарсанд
Surah At-Taubah, Verse 122


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قَٰتِلُواْ ٱلَّذِينَ يَلُونَكُم مِّنَ ٱلۡكُفَّارِ وَلۡيَجِدُواْ فِيكُمۡ غِلۡظَةٗۚ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلۡمُتَّقِينَ

Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед, бо кофироне, ки наздики шумоянд, ҷанг кунед, то дар шумо шиддату дуруштӣ ёбанд ва бидонед, ки Аллоҳ бо мадад кардан ва нусрат доданаш бо парҳезгорон аст
Surah At-Taubah, Verse 123


وَإِذَا مَآ أُنزِلَتۡ سُورَةٞ فَمِنۡهُم مَّن يَقُولُ أَيُّكُمۡ زَادَتۡهُ هَٰذِهِۦٓ إِيمَٰنٗاۚ فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ فَزَادَتۡهُمۡ إِيمَٰنٗا وَهُمۡ يَسۡتَبۡشِرُونَ

Ва чун сурае нозил шавад, баъзе (аз мунофиқон ба қасди инкор ва тамасхур) мепурсанд: «Ин сура имони кадоми яке аз шуморо афзудааст?» Онон, ки имон овардаанд, ба имонашон афзуда шавад ва худ шодмонӣ мекунанд ба он чи ки Аллоҳ барояшон имону яқин арзонӣ намудаст
Surah At-Taubah, Verse 124


وَأَمَّا ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ فَزَادَتۡهُمۡ رِجۡسًا إِلَىٰ رِجۡسِهِمۡ وَمَاتُواْ وَهُمۡ كَٰفِرُونَ

Аммо онон, ки дар дилҳояшон (аз нифоқу шак) бемориест, ҷуз палидие бар палидиашон наяфзуд ва ҳамчунон кофир бимурданд
Surah At-Taubah, Verse 125


أَوَلَا يَرَوۡنَ أَنَّهُمۡ يُفۡتَنُونَ فِي كُلِّ عَامٖ مَّرَّةً أَوۡ مَرَّتَيۡنِ ثُمَّ لَا يَتُوبُونَ وَلَا هُمۡ يَذَّكَّرُونَ

Оё мунофиқон намебинанд, ки дар ҳар сол як ё ду бор мавриди озмоиш қарор мегиранд? Вале на тавба мекунанд ва на панд мегиранд
Surah At-Taubah, Verse 126


وَإِذَا مَآ أُنزِلَتۡ سُورَةٞ نَّظَرَ بَعۡضُهُمۡ إِلَىٰ بَعۡضٍ هَلۡ يَرَىٰكُم مِّنۡ أَحَدٖ ثُمَّ ٱنصَرَفُواْۚ صَرَفَ ٱللَّهُ قُلُوبَهُم بِأَنَّهُمۡ قَوۡمٞ لَّا يَفۡقَهُونَ

Ва чун сурае нозил шавад аз Қуръон ва дар он зикри айби мунофиқон аст баъзе ба баъзе дигар нигоҳ мекунанд ва баъд аз он мегӯянд: "Оё касе аз мӯъминон шуморо мебинад?». Ва агар касе онҳоро набинад аз назди расул бархоста, бозмегаштанд, зеро ки таҳаммули шунидани оётро надоранд ва қироати сура, ки дар он зикри айби онҳост, ба гӯшашон надаромад. Аллоҳ дилҳояшонро аз имон мунсариф сохта (баргардонда), зеро онҳо мардуме нофаҳманд
Surah At-Taubah, Verse 127


لَقَدۡ جَآءَكُمۡ رَسُولٞ مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ عَزِيزٌ عَلَيۡهِ مَا عَنِتُّمۡ حَرِيصٌ عَلَيۡكُم بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ رَءُوفٞ رَّحِيمٞ

Албатта, паёмбаре аз худи шумо бар шумо фиристода шуд, ки шумо вайро мешиносед, ҳар он чи шуморо ранҷ медиҳад, бар ӯ гарон меояд. Бар ҳидояти шумо бисёр ҳарис аст ва бо мӯъминон мушфиқу меҳрубон аст
Surah At-Taubah, Verse 128


فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقُلۡ حَسۡبِيَ ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ عَلَيۡهِ تَوَكَّلۡتُۖ وَهُوَ رَبُّ ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡعَظِيمِ

Агар мушрикон ва мунофиқон аз имон овардан ба ту рӯй гардонанд, бигӯ барояшон: «Аллоҳ барои ман кофист, маъбуде ҷуз Ӯ нест, бар Ӯ таваккал кардам ва ҳамаи амрамро ба Ӯ таслим намудам ва нусратдиҳанда ва мададгори ман аст ва Ӯст Парвардигори Арши бузург
Surah At-Taubah, Verse 129


Author: Khoja Mirov


<< Surah 8
>> Surah 10

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai