Surah At-tur - Tajik Translation by Khoja Mirov
وَٱلطُّورِ
Ва Аллоҳ таъоло савганд ёд мекунад: Савганд ба кӯҳи Тур
Surah At-tur, Verse 1
وَكِتَٰبٖ مَّسۡطُورٖ
Ва савганд ба китоби навишташуда
Surah At-tur, Verse 2
فِي رَقّٖ مَّنشُورٖ
дар саҳифаҳои кушодашуда навишта шудааст, ки бар ҳеҷ оқил ва бинандае пӯшида нест
Surah At-tur, Verse 3
وَٱلۡبَيۡتِ ٱلۡمَعۡمُورِ
Ва савганд ба Байтулмаъмур, ки дар осмон аст ва малоикаҳои киром доим дар гирди он тавоф мекунанд
Surah At-tur, Verse 4
وَٱلسَّقۡفِ ٱلۡمَرۡفُوعِ
Ва савганд ба сақфи барафрошта ва он осмони дунё аст
Surah At-tur, Verse 5
وَٱلۡبَحۡرِ ٱلۡمَسۡجُورِ
Ва савганд ба дарёи пуркардашуда
Surah At-tur, Verse 6
إِنَّ عَذَابَ رَبِّكَ لَوَٰقِعٞ
Бегумон (эй Паёмбар), азоби Парвардигорат, бар кофирон ҳатман воқеъ шуданист
Surah At-tur, Verse 7
مَّا لَهُۥ مِن دَافِعٖ
Ва онро ҳангоми воқеъ шуданаш дафъкунандае нест
Surah At-tur, Verse 8
يَوۡمَ تَمُورُ ٱلسَّمَآءُ مَوۡرٗا
Рӯзе ки осмон сахт такон хӯрад ба такон хӯрдани сахт, пас низоми он вайрон ва аҷзояш пора пора шавад ва дар он вақт ҳаёти дунё ба охир расад
Surah At-tur, Verse 9
وَتَسِيرُ ٱلۡجِبَالُ سَيۡرٗا
Ва дар он рӯз кӯҳҳо аз ҷои худ канда зуд равон шаванд, мисли абрҳое, ки равон мешаванд
Surah At-tur, Verse 10
فَوَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Пас вой, (ҳалокӣ бод) дар он рӯз бар дурӯғбарорандагон
Surah At-tur, Verse 11
ٱلَّذِينَ هُمۡ فِي خَوۡضٖ يَلۡعَبُونَ
касоне, ки дар беҳудагӯӣ машғуланд ва динашонро ба бозию беҳудагӣ иваз мекунанд
Surah At-tur, Verse 12
يَوۡمَ يُدَعُّونَ إِلَىٰ نَارِ جَهَنَّمَ دَعًّا
Рӯзе, ки онҳоро ба қаҳр ва сахтӣ ба ҷониби ҷаҳаннам равона кунанд
Surah At-tur, Verse 13
هَٰذِهِ ٱلنَّارُ ٱلَّتِي كُنتُم بِهَا تُكَذِّبُونَ
Ба онҳо аз рӯи сарзаниш гуфта шавад: Ин аст он оташе, ки дар дунё дурӯғаш мешумурдед
Surah At-tur, Verse 14
أَفَسِحۡرٌ هَٰذَآ أَمۡ أَنتُمۡ لَا تُبۡصِرُونَ
Оё ин чизе, ки ҳам акнун мебинед ва мушоҳида мекунед (аз азоб), ҷоду аст ё шумо намебинед
Surah At-tur, Verse 15
ٱصۡلَوۡهَا فَٱصۡبِرُوٓاْ أَوۡ لَا تَصۡبِرُواْ سَوَآءٌ عَلَيۡكُمۡۖ إِنَّمَا تُجۡزَوۡنَ مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Ба оташ дароед. Хоҳ бар азоби он сабр кунед ё сабр накунед, баробар аст бар шумо, пас ҳаргиз аз шумо азобро сабук карда намешавад ва ҳаргиз аз он берун намеоед. Ҳароина, шумо дар баробари корҳое, ки дар дунё мекардаед, ҷазо дода мешавед
Surah At-tur, Verse 16
إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي جَنَّـٰتٖ وَنَعِيمٖ
Ҳароина, парҳезгорон дар биҳиштҳо ва нозу неъмат хоҳанд буд
Surah At-tur, Verse 17
فَٰكِهِينَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمۡ رَبُّهُمۡ وَوَقَىٰهُمۡ رَبُّهُمۡ عَذَابَ ٱلۡجَحِيمِ
Хушҳолшуда ба сабаби он ки онҳоро Парвардигорашон неъмат дод ва онҳоро аз азоби дӯзах нигоҳ дошт
Surah At-tur, Verse 18
كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Бихӯреду бинӯшед аз таъому шаробҳо хушу гуворо ба сабаби аъмоли неке, ки дар дунё анҷом медодед
Surah At-tur, Verse 19
مُتَّكِـِٔينَ عَلَىٰ سُرُرٖ مَّصۡفُوفَةٖۖ وَزَوَّجۡنَٰهُم بِحُورٍ عِينٖ
Бар он тахтҳои канори ҳам чида такя мезананд ва хонадор кунем онҳоро бо ҳурони зебою шаҳлочашм
Surah At-tur, Verse 20
وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱتَّبَعَتۡهُمۡ ذُرِّيَّتُهُم بِإِيمَٰنٍ أَلۡحَقۡنَا بِهِمۡ ذُرِّيَّتَهُمۡ وَمَآ أَلَتۡنَٰهُم مِّنۡ عَمَلِهِم مِّن شَيۡءٖۚ كُلُّ ٱمۡرِيِٕۭ بِمَا كَسَبَ رَهِينٞ
Касоне, ки худ имон оварда ва фарзандонашон дар имон пайравияшон карданд, фарзандонашонро бо онҳо дар ҷаннат бирасонем ва аз он подоши амалашон ҳеҷ кам накунем, ҳар кас дар гарави кору кирдори хештан аст ва гуноҳи касеро бар дӯши худ намегирад
Surah At-tur, Verse 21
وَأَمۡدَدۡنَٰهُم بِفَٰكِهَةٖ وَلَحۡمٖ مِّمَّا يَشۡتَهُونَ
Ва пайи ҳам ато кунем (зиёда кунем) ба аҳли ҷаннат, аз мева ва гӯшт ҳар навъе, ки мехоҳанд
Surah At-tur, Verse 22
يَتَنَٰزَعُونَ فِيهَا كَأۡسٗا لَّا لَغۡوٞ فِيهَا وَلَا تَأۡثِيمٞ
Дар ҷаннат аз дасти якдигар пиёлаву ҷомҳои шаробро мегиранд, ки баъди нӯшидани он шароб на беҳудагӯие бошад ва на гуноҳе
Surah At-tur, Verse 23
۞وَيَطُوفُ عَلَيۡهِمۡ غِلۡمَانٞ لَّهُمۡ كَأَنَّهُمۡ لُؤۡلُؤٞ مَّكۡنُونٞ
Ва барояшон навҷавононе ҳастанд, ки хушсурату покиза ва сафедрӯй гуё мисли гавҳаранд дар дохили садаф, бар гирдогирди онҳо биҳиштиён мегарданд ва ба хидмати онҳо омодаанд
Surah At-tur, Verse 24
وَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ يَتَسَآءَلُونَ
Ва аҳли ҷаннат рӯ ба якдигар рӯй оварда ва аз ҳоли гузаштаи якдигар мепурсанд; ки чӣ ранҷҳое дидаанд
Surah At-tur, Verse 25
قَالُوٓاْ إِنَّا كُنَّا قَبۡلُ فِيٓ أَهۡلِنَا مُشۡفِقِينَ
Гӯянд: «Албатта мо пеш аз ин дар дунё, дар миёни хонадони худ (аз азоби илоҳӣ) тарсон будем
Surah At-tur, Verse 26
فَمَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡنَا وَوَقَىٰنَا عَذَابَ ٱلسَّمُومِ
Пас, Аллоҳ бар мо миннат ниҳод, (яъне, ҳидоят ва тавфиқ дод) ва моро аз азоби самум нигаҳ дошт
Surah At-tur, Verse 27
إِنَّا كُنَّا مِن قَبۡلُ نَدۡعُوهُۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡبَرُّ ٱلرَّحِيمُ
Ҳароина, мо пеш аз ин Ӯро ба ягонагӣ мехондем ва Ӯро парастиш мекардем ва аз Ӯ мепурсидем, моро аз азоби самум нигаҳ дорад ва ба сарои неъмат бирасонад, пас дуоямонро қабул ва ҳоҷатҳоямонро баробар кард, ки албатта, Ӯ эҳсонкунандаву меҳрубон аст!» (Ва аз ҷумлаи некӣ ва меҳрубониаш ба мо ин аст, ки аз мо хушнуд гардид ва моро вориди биҳишт гардонд ва аз нохушнудии хеш ва азоби ҷаҳаннам наҷот дод)
Surah At-tur, Verse 28
فَذَكِّرۡ فَمَآ أَنتَ بِنِعۡمَتِ رَبِّكَ بِكَاهِنٖ وَلَا مَجۡنُونٍ
Пас, эй Расул, панд деҳ инсонҳоро ба оятҳои Қуръон, зеро ту ба фазлу марҳамати Аллоҳ коҳин (ғайбгӯву) девона нестӣ! Чунонки кофирон ин гуна нисбатҳои дурӯғро бар ту мезананд
Surah At-tur, Verse 29
أَمۡ يَقُولُونَ شَاعِرٞ نَّتَرَبَّصُ بِهِۦ رَيۡبَ ٱلۡمَنُونِ
Ё мушрикон мегӯянд туро эй Расул: «Ӯ шоир аст, мунтазири марги ӯ ҳастем»
Surah At-tur, Verse 30
قُلۡ تَرَبَّصُواْ فَإِنِّي مَعَكُم مِّنَ ٱلۡمُتَرَبِّصِينَ
Бигӯ барояшон: Шумо мунтазири марги ман бимонед, ки ҳароина, ман низ азоби шуморо интизорӣ мекашам. Ва зуд аст, ки мебинед оқибати кор аз они кист
Surah At-tur, Verse 31
أَمۡ تَأۡمُرُهُمۡ أَحۡلَٰمُهُم بِهَٰذَآۚ أَمۡ هُمۡ قَوۡمٞ طَاغُونَ
Оё мушриконро ақлҳояшон ба ин суханҳои мутаноқиз амр мекунад. Ё ки онҳо худ қавми таҷовузкор ҳастанд
Surah At-tur, Verse 32
أَمۡ يَقُولُونَ تَقَوَّلَهُۥۚ بَل لَّا يُؤۡمِنُونَ
Ё, ки мушрикон мегӯянд: Қуръонро Муҳаммад аз пеши худ бофтааст! Балки, онҳо имон намеоваранд! Пас агар имон меоварданд, чунин суханҳоро намегуфтанд
Surah At-tur, Verse 33
فَلۡيَأۡتُواْ بِحَدِيثٖ مِّثۡلِهِۦٓ إِن كَانُواْ صَٰدِقِينَ
Пас, сухане монанди Қуръон биёваранд, агар ростгӯй бошанд дар даъвоҳояшон, (ки Муҳаммад онро аз назди худ бофтааст)
Surah At-tur, Verse 34
أَمۡ خُلِقُواْ مِنۡ غَيۡرِ شَيۡءٍ أَمۡ هُمُ ٱلۡخَٰلِقُونَ
Оё ин мушрикон бе ҳеҷ офаридагоре халқ карда шудаанд ё ки худашон офаридагоранд? Ҳарду эҳтимолот ботил ва номумкин мебошанд. Пас муъайян шуд, ки Аллоҳ таъоло худ онҳоро халқ кардааст ва Ӯ ягона сазовори ибодат аст
Surah At-tur, Verse 35
أَمۡ خَلَقُواْ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَۚ بَل لَّا يُوقِنُونَ
Оё осмонҳову заминро халқ кардаанд? На! Балки, онҳо боварӣ ба азоби Аллоҳ надоранд, пас онҳо мушриканд
Surah At-tur, Verse 36
أَمۡ عِندَهُمۡ خَزَآئِنُ رَبِّكَ أَمۡ هُمُ ٱلۡمُصَۜيۡطِرُونَ
Оё хазинаҳои Парвардигорат назди онҳост ҳар гуна, ки хоҳанд дар он тасарруф мекунанд, ё ки онҳо ғолибу пурқувват ҳастанд бар махлуқҳои Аллоҳ? На! ҳаргиз чунин нест, балки онҳо оҷизу нотавон ҳастанд
Surah At-tur, Verse 37
أَمۡ لَهُمۡ سُلَّمٞ يَسۡتَمِعُونَ فِيهِۖ فَلۡيَأۡتِ مُسۡتَمِعُهُم بِسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٍ
Оё нардбоне доранд, ки ба воситаи он ба сӯи осмон баромада асрори ваҳйро мешунаванд? Пас бояд шунавандаи онҳо бар ин даъво далелу ҳуҷҷати равшанеро биёрад, ки гӯё дар ҳақиқат хабардор аст аз амри Аллоҳ
Surah At-tur, Verse 38
أَمۡ لَهُ ٱلۡبَنَٰتُ وَلَكُمُ ٱلۡبَنُونَ
Оё Аллоҳро духтарон асту шуморо писарон чунонки даъвои дурӯғ мекунед
Surah At-tur, Verse 39
أَمۡ تَسۡـَٔلُهُمۡ أَجۡرٗا فَهُم مِّن مَّغۡرَمٖ مُّثۡقَلُونَ
Оё ту эй Паёмбар аз мушрикон музде металабӣ барои таблиғи рисолат, пас онҳо аз додани он музд машаққат мекашанд
Surah At-tur, Verse 40
أَمۡ عِندَهُمُ ٱلۡغَيۡبُ فَهُمۡ يَكۡتُبُونَ
Ё илми ғайб пеши онҳост, пас онҳо ҳар чи бихоҳанд менависанд онро барои одамон ва хабардорашон мекунанд? Не, инчунин нест, пас ба дурустӣ намедонад ҳеҷ кас илми ғайбро дар замину осмонҳо, магар Аллоҳ
Surah At-tur, Verse 41
أَمۡ يُرِيدُونَ كَيۡدٗاۖ فَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ هُمُ ٱلۡمَكِيدُونَ
Ё мехоҳанд ба Расулаллоҳ ва мӯъминон ҳиллае кунанд? Пас онҳое, ки кофиранд, бармегардад ҳиллаашон ба худашон
Surah At-tur, Verse 42
أَمۡ لَهُمۡ إِلَٰهٌ غَيۡرُ ٱللَّهِۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يُشۡرِكُونَ
Ё онҳоро маъбудест, ки сазовори ибодат аст ғайр аз Аллоҳи барҳақ? Пок аст Аллоҳ аз ҳар чӣ шарикаш месозанд, пас нест Ӯро шарик дар подшоҳии Ӯ ва на дар ягонагии Ӯ ва на дар ибодати Ӯ
Surah At-tur, Verse 43
وَإِن يَرَوۡاْ كِسۡفٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ سَاقِطٗا يَقُولُواْ سَحَابٞ مَّرۡكُومٞ
Ва агар мушрикон, порае аз абрро аз осмон, барои азобашон афтода бубинанд, боз ҳам аз куфри худ боз намеистанд, балки мегӯянд: Ин абрест бар рӯи ҳам нишастааст ва аз нишонаҳое, ки мебинанд, ибрат намегиранд
Surah At-tur, Verse 44
فَذَرۡهُمۡ حَتَّىٰ يُلَٰقُواْ يَوۡمَهُمُ ٱلَّذِي فِيهِ يُصۡعَقُونَ
Пас, эй Паёмбар мушриконро ба ҳоли худ вогузор, то ба он рӯзе бирасанд, ки дар он рӯз аз сахтии он беҳуш мешаванд ва он рӯз қиёмат аст
Surah At-tur, Verse 45
يَوۡمَ لَا يُغۡنِي عَنۡهُمۡ كَيۡدُهُمۡ شَيۡـٔٗا وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ
Рӯзе, ки найрангашон чизе аз азоби Аллоҳро аз онон дур намекунад ва ба онҳо мададу ёрӣ дода намешавад
Surah At-tur, Verse 46
وَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُواْ عَذَابٗا دُونَ ذَٰلِكَ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
Ва ҳароина, барои касоне, ки ситам мекунанд, азобест дар дунё пеш аз омадани азоби қиёмат, вале бештаринашон намедонанд
Surah At-tur, Verse 47
وَٱصۡبِرۡ لِحُكۡمِ رَبِّكَ فَإِنَّكَ بِأَعۡيُنِنَاۖ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ حِينَ تَقُومُ
Ва эй Паёмбар дар баробари озору азияти кофирон ба фармони Парвардигорат сабр кун. Ҳароина, ту зери назари Мо ҳастӣ. Яъне, ҳамеша дар ҳифзи Мо мебошӣ. Ва чун аз хоб бармехезӣ, бо ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй
Surah At-tur, Verse 48
وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَسَبِّحۡهُ وَإِدۡبَٰرَ ٱلنُّجُومِ
Ва дар қисме аз шаб Ӯро ба покӣ ёд кун ва низ баъди ғоиб шудани ситорагон дар вақти саҳар ба покӣ ёд кун
Surah At-tur, Verse 49