Surah An-Najm - Tajik Translation by Khoja Mirov
وَٱلنَّجۡمِ إِذَا هَوَىٰ
(Аллоҳ таъоло савганд ёд кардааст:) Савганд ба он ситора, ки чун дар охири шаб пинҳон шавад
Surah An-Najm, Verse 1
مَا ضَلَّ صَاحِبُكُمۡ وَمَا غَوَىٰ
Гумроҳ нашудааст Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва на ба роҳи каҷ рафтааст. Балки Ӯ хеле ҳам дар роҳи дуруст ва иътидол мебошад
Surah An-Najm, Verse 2
وَمَا يَنطِقُ عَنِ ٱلۡهَوَىٰٓ
Ва сухан аз рӯи ҳавою ҳавас намегӯяд
Surah An-Najm, Verse 3
إِنۡ هُوَ إِلَّا وَحۡيٞ يُوحَىٰ
Он чизе, ки бо худ оварда ва бо шумо дар миён ниҳодааст, ҷуз ваҳй чизи дигаре нест, ки бар ӯ фиристода мешавад
Surah An-Najm, Verse 4
عَلَّمَهُۥ شَدِيدُ ٱلۡقُوَىٰ
Таълим додааст ин Қуръонро ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фариштае, ки бисёр неруманд аст
Surah An-Najm, Verse 5
ذُو مِرَّةٖ فَٱسۡتَوَىٰ
Пас фариштаи неруманд дорои ахлоқи некӯ (Ҷабраил алайҳиссалом) рост ва дуруст истод
Surah An-Najm, Verse 6
وَهُوَ بِٱلۡأُفُقِ ٱلۡأَعۡلَىٰ
Ва ӯ худро нишон дод ба сурати аслиаш ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар канори баландии осмон
Surah An-Najm, Verse 7
ثُمَّ دَنَا فَتَدَلَّىٰ
Сипас Ҷабраил наздик шуд ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, онгоҳ фуруд омад ва наздиктар шуд
Surah An-Najm, Verse 8
فَكَانَ قَابَ قَوۡسَيۡنِ أَوۡ أَدۡنَىٰ
пас фосилаи ӯ ба Паёмбар ба қадри ду камон ё камтар буд
Surah An-Najm, Verse 9
فَأَوۡحَىٰٓ إِلَىٰ عَبۡدِهِۦ مَآ أَوۡحَىٰ
Ва Аллоҳ ба бандаи худ Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам ҳар чӣ бояд ваҳй кунад, ба воситаи Ҷабраил, ваҳй кард
Surah An-Najm, Verse 10
مَا كَذَبَ ٱلۡفُؤَادُ مَا رَأَىٰٓ
Дили Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам он чиро, ки чашмаш дида буд, дурӯғ нашумурд
Surah An-Najm, Verse 11
أَفَتُمَٰرُونَهُۥ عَلَىٰ مَا يَرَىٰ
Оё бо ӯ дар бораи чизе ки аз оёти Парвардигораш дидааст ситеза мекунеду дуруғ мебароред
Surah An-Najm, Verse 12
وَلَقَدۡ رَءَاهُ نَزۡلَةً أُخۡرَىٰ
Ва ба ростӣ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Ҷабраилро ба сурати ҳақиқиаш бори дигар дида буд
Surah An-Najm, Verse 13
عِندَ سِدۡرَةِ ٱلۡمُنتَهَىٰ
назди Сидрату-л- мунтаҳо
Surah An-Najm, Verse 14
عِندَهَا جَنَّةُ ٱلۡمَأۡوَىٰٓ
ки Ҷаннату-л-маъвои барои парҳезгорон ваъда шуда назди он қарор дорад
Surah An-Najm, Verse 15
إِذۡ يَغۡشَى ٱلسِّدۡرَةَ مَا يَغۡشَىٰ
Чун дарахти Сидраро он чӣ пӯшонда буд, фурӯ пӯшонд, он гоҳ, ки амри бузург аз сӯи Аллоҳ онро мепӯшонад, ки васф ва ҳолати онро ғайри Аллоҳи якто дигаре намедонад
Surah An-Najm, Verse 16
مَا زَاغَ ٱلۡبَصَرُ وَمَا طَغَىٰ
Ҳаргиз чашмаш каҷравӣ накард на росту на чап ва аз он чи ба он амр карда шуда буд ба диданаш таҷовуз накард
Surah An-Najm, Verse 17
لَقَدۡ رَأَىٰ مِنۡ ءَايَٰتِ رَبِّهِ ٱلۡكُبۡرَىٰٓ
Ҳамоно дид Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, шаби Меъроҷ, порае аз оёти бузург, (яъне, ҷаннат ва дӯзахро, ки далолат ба қудрати Аллоҳ мекунад)
Surah An-Najm, Verse 18
أَفَرَءَيۡتُمُ ٱللَّـٰتَ وَٱلۡعُزَّىٰ
Оё эй мушрикон, он маъбудонеро, ки ибодаташон мекунед: Лот ва Узоро дидаед
Surah An-Najm, Verse 19
وَمَنَوٰةَ ٱلثَّالِثَةَ ٱلۡأُخۡرَىٰٓ
Ва Манот, он бути саввуми дигарро? Оё фоида ё зараре овард, то шарики Аллоҳ гардад
Surah An-Najm, Verse 20
أَلَكُمُ ٱلذَّكَرُ وَلَهُ ٱلۡأُنثَىٰ
Оё шуморо писар бошад, ки ба он розиед ва Аллоҳро духтар, ки дар ин сурат онро барои худ розӣ нестед
Surah An-Najm, Verse 21
تِلۡكَ إِذٗا قِسۡمَةٞ ضِيزَىٰٓ
Ин тақсими ситамкорона аст
Surah An-Najm, Verse 22
إِنۡ هِيَ إِلَّآ أَسۡمَآءٞ سَمَّيۡتُمُوهَآ أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُم مَّآ أَنزَلَ ٱللَّهُ بِهَا مِن سُلۡطَٰنٍۚ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَمَا تَهۡوَى ٱلۡأَنفُسُۖ وَلَقَدۡ جَآءَهُم مِّن رَّبِّهِمُ ٱلۡهُدَىٰٓ
Ин бутҳо чизе нестанд ҷуз номҳое, ки худ ва падаронатон аз рӯи ҳавову ҳаваси ботилатон ба онҳо додаед. Ва Аллоҳ таъоло ҳеҷ далеле барои тасдиқи даъвои шумо нафиристодааст. Танҳо он мушрикон аз паи гумону нафси хеш мераванд ва ҳол он ки аз ҷониби Аллоҳ бар забони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам роҳнамоияшон кардаанд, пас ба онҳо фоидае накард
Surah An-Najm, Verse 23
أَمۡ لِلۡإِنسَٰنِ مَا تَمَنَّىٰ
Оё ҳар чиро, ки одамӣ орзу кунад, аз шафоъати ин маъбудон ё ғайраш барояш ҳосил аст? (Ҳаргиз не)
Surah An-Najm, Verse 24
فَلِلَّهِ ٱلۡأٓخِرَةُ وَٱلۡأُولَىٰ
Оре, ҳам охират ва ҳам дунё аз они Аллоҳ аст
Surah An-Najm, Verse 25
۞وَكَم مِّن مَّلَكٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ لَا تُغۡنِي شَفَٰعَتُهُمۡ شَيۡـًٔا إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ أَن يَأۡذَنَ ٱللَّهُ لِمَن يَشَآءُ وَيَرۡضَىٰٓ
Ва чӣ бисёр фариштагони олиҳиммат дар осмонанд, ки шафоъаташон ҳеҷ фоидае надиҳад, магар аз он пас, ки Аллоҳ барои ҳар касе, ки бихоҳад ва писандад иҷозат диҳад
Surah An-Najm, Verse 26
إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ لَيُسَمُّونَ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةَ تَسۡمِيَةَ ٱلۡأُنثَىٰ
Ҳароина, аз кофирони араб онон, ки ба охират имон надоранд ва барои он рӯз амал намекунанд, албатта, фариштагонро ба номҳои занона номгузорӣ мекунанд
Surah An-Najm, Verse 27
وَمَا لَهُم بِهِۦ مِنۡ عِلۡمٍۖ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّۖ وَإِنَّ ٱلظَّنَّ لَا يُغۡنِي مِنَ ٱلۡحَقِّ شَيۡـٔٗا
Ва онҳоро ба он чӣ мегӯянд, ҳеҷ донише нест. Танҳо аз гумони худ пайравӣ мекунанд ва ҳароина, гумон барои шинохти ҳақиқат кофӣ нест
Surah An-Najm, Verse 28
فَأَعۡرِضۡ عَن مَّن تَوَلَّىٰ عَن ذِكۡرِنَا وَلَمۡ يُرِدۡ إِلَّا ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا
Пас, ту низ рӯй гардон аз касе, ки аз сухани Мо (Қуръон) рӯй мегардонад ва ҷуз зиндагии дунявӣ чизи дигареро намеҷӯяд
Surah An-Najm, Verse 29
ذَٰلِكَ مَبۡلَغُهُم مِّنَ ٱلۡعِلۡمِۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِمَنِ ٱهۡتَدَىٰ
Ниҳояти донишашон ҳамин аст. Ҳароина, Парвардигори ту ба он касе, ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешавад оё ба роҳи ҳидоят (Ислом) меравад, донотар аст
Surah An-Najm, Verse 30
وَلِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ لِيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ أَسَـٰٓـُٔواْ بِمَا عَمِلُواْ وَيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ بِٱلۡحُسۡنَى
Аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, то бадкоронро дар баробари аъмолашон ҷазо диҳад ва некӯкоронро ба кирдори некашон подош (ҷаннат) диҳад
Surah An-Najm, Verse 31
ٱلَّذِينَ يَجۡتَنِبُونَ كَبَـٰٓئِرَ ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡفَوَٰحِشَ إِلَّا ٱللَّمَمَۚ إِنَّ رَبَّكَ وَٰسِعُ ٱلۡمَغۡفِرَةِۚ هُوَ أَعۡلَمُ بِكُمۡ إِذۡ أَنشَأَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ وَإِذۡ أَنتُمۡ أَجِنَّةٞ فِي بُطُونِ أُمَّهَٰتِكُمۡۖ فَلَا تُزَكُّوٓاْ أَنفُسَكُمۡۖ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَنِ ٱتَّقَىٰٓ
Онҳо касонеанд, ки аз гуноҳони бузургу беҳаёгиҳо парҳез мекунанд, ҷуз он ки гуноҳи хурде аз онҳо сар занад, бидонанд, ки ҳароина, омурзиши Парвардигори ту васеъ аст ва Ӯ ба аҳволи шумо он гоҳ ки аз замин биёфарид падаратон Одамро ва он гоҳ ки дар шиками модаратон пинҳон будед, огоҳтар аст. Хештанро бегуноҳ надонед ва худро таъриф накунед ба парҳезгорӣ. Ӯ ба парҳезгорон донотар аст
Surah An-Najm, Verse 32
أَفَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي تَوَلَّىٰ
Оё дидӣ эй Паёмбар ҳоли зишти касеро, ки аз тоъати Аллоҳ рӯй гардонидааст
Surah An-Najm, Verse 33
وَأَعۡطَىٰ قَلِيلٗا وَأَكۡدَىٰٓ
Ва каме аз моли худ доду баъд аз он бозистод ва сангдил шуд
Surah An-Najm, Verse 34
أَعِندَهُۥ عِلۡمُ ٱلۡغَيۡبِ فَهُوَ يَرَىٰٓ
Оё касе, ки аз хайр кардани молаш боз истод, ӯ илми ғайбро медонад ва ҳама чизро мебинад? (Ҳаргиз на, балки ин ба сабаби мумсикӣ ва сахтдилии ӯст)
Surah An-Najm, Verse 35
أَمۡ لَمۡ يُنَبَّأۡ بِمَا فِي صُحُفِ مُوسَىٰ
Ё ба он чӣ дар саҳифаҳои (Тавроти) Мӯсо омада, хабар дода нашудааст
Surah An-Najm, Verse 36
وَإِبۡرَٰهِيمَ ٱلَّذِي وَفَّىٰٓ
Ё аз саҳифаҳои Иброҳим, ки ба он чи амр карда шуда буд. Иброҳим ба ҳамааш, вафо кард ва расонид
Surah An-Najm, Verse 37
أَلَّا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰ
Яке аз муҳимтарин аҳкоме, ки дар саҳифаҳои Мӯсо ва Иброҳим омадааст, ин аст, ки ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш намегирад
Surah An-Najm, Verse 38
وَأَن لَّيۡسَ لِلۡإِنسَٰنِ إِلَّا مَا سَعَىٰ
Ва ин ки: барои мардум подоше ҷуз он чӣ худ касб кардаанд, чизи дигаре нест
Surah An-Najm, Verse 39
وَأَنَّ سَعۡيَهُۥ سَوۡفَ يُرَىٰ
Ва тамоми саъю кӯшиши инсон дар рӯзи қиёмат дида мешавад. Ва ҷудо карда мешавад некиҳояш аз бадиҳояш
Surah An-Najm, Verse 40
ثُمَّ يُجۡزَىٰهُ ٱلۡجَزَآءَ ٱلۡأَوۡفَىٰ
Сипас инсон ҷазои пурра дода мешавад бар тамоми амалҳояш
Surah An-Najm, Verse 41
وَأَنَّ إِلَىٰ رَبِّكَ ٱلۡمُنتَهَىٰ
Ва ҳароина, эй Паёмбар поёни роҳи бозгашти ҳама ба сӯйи Парвардигори туст
Surah An-Najm, Verse 42
وَأَنَّهُۥ هُوَ أَضۡحَكَ وَأَبۡكَىٰ
Ва ҳароина, Ӯ таъоло касеро, ки хоҳад дар дунё механдонаду хурсанд мекунад ва касеро, ки хоҳад мегирёнаду ғамгин месозад
Surah An-Najm, Verse 43
وَأَنَّهُۥ هُوَ أَمَاتَ وَأَحۡيَا
Ва ҳароина, Ӯ таъоло касеро, ки ирода кунад аз халқаш мемиронад ва касеро, ки ирода кунад зинда мекунад. (Пас Ӯ таъоло ягонааст дар зинда кардан ва миронидан)
Surah An-Najm, Verse 44
وَأَنَّهُۥ خَلَقَ ٱلزَّوۡجَيۡنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰ
Ва ҳароина, Ӯ таъоло, ки ҷуфтҳои нар ва модаро аз инсон ва ҳайвонот офаридааст
Surah An-Najm, Verse 45
مِن نُّطۡفَةٍ إِذَا تُمۡنَىٰ
аз нутфа, он гоҳ ки дар бачадони зан рехта мешавад
Surah An-Najm, Verse 46
وَأَنَّ عَلَيۡهِ ٱلنَّشۡأَةَ ٱلۡأُخۡرَىٰ
Ва ҳароина, бар ӯҳдаи Ӯст зинда гардонидани дубора. Ва он дар рӯзи қиёмат хоҳад шуд
Surah An-Najm, Verse 47
وَأَنَّهُۥ هُوَ أَغۡنَىٰ وَأَقۡنَىٰ
Ва ҳароина, Ӯ таъолост, ки касеро, ки хоҳад аз халқаш, ба мол сарватманд мегардонад ва онҳоро ба он розӣ мегардонад
Surah An-Najm, Verse 48
وَأَنَّهُۥ هُوَ رَبُّ ٱلشِّعۡرَىٰ
Ва ҳароина, Ӯст Парвардигори ситораи Шиъро
Surah An-Najm, Verse 49
وَأَنَّهُۥٓ أَهۡلَكَ عَادًا ٱلۡأُولَىٰ
Ва ҳароина, Ӯст, ки Оди нахустин, қавми Ҳудро ҳалок кард
Surah An-Najm, Verse 50
وَثَمُودَاْ فَمَآ أَبۡقَىٰ
Ва Самуд аз қавми Солеҳро ҳалок кард ва аз онҳо ҳеҷ боқӣ нагузошт
Surah An-Najm, Verse 51
وَقَوۡمَ نُوحٖ مِّن قَبۡلُۖ إِنَّهُمۡ كَانُواْ هُمۡ أَظۡلَمَ وَأَطۡغَىٰ
Ва низ пеш аз онҳо қавми Нӯҳро, ки ҳароина, ситамкортару саркаштар буданд, ҳалок кард
Surah An-Najm, Verse 52
وَٱلۡمُؤۡتَفِكَةَ أَهۡوَىٰ
Ва низ шаҳри Мӯътафикаро (қавми Лутро) нобуд кард
Surah An-Najm, Verse 53
فَغَشَّىٰهَا مَا غَشَّىٰ
Пас онҳоро ба он чӣ сазовор буданд аз азоби сангин ва дарднок пӯшонид
Surah An-Najm, Verse 54
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكَ تَتَمَارَىٰ
Пас, ба кадом як аз неъматҳои Парвардигорат эй инсони нобовар шак мекунӣ
Surah An-Najm, Verse 55
هَٰذَا نَذِيرٞ مِّنَ ٱلنُّذُرِ ٱلۡأُولَىٰٓ
Ин Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бимдиҳандаи барҳақест монанди бимдиҳандагони пешин. Пас паёмбари навпайдо шуда нест
Surah An-Najm, Verse 56
أَزِفَتِ ٱلۡأٓزِفَةُ
Қиёмат наздик гардидааст. Ҳеҷ касе ба ҷуз Аллоҳ таъоло онро дафъ карда наметавонад
Surah An-Najm, Verse 57
لَيۡسَ لَهَا مِن دُونِ ٱللَّهِ كَاشِفَةٌ
Касе ба ҷуз Аллоҳ таъоло ошкоркунандаи он нест ва надонад вақти воқеъ шудани қиёматро
Surah An-Najm, Verse 58
أَفَمِنۡ هَٰذَا ٱلۡحَدِيثِ تَعۡجَبُونَ
Оё эй мушрикон, аз ин Қуръон таъаҷҷуб мекунед, ки рост бошад
Surah An-Najm, Verse 59
وَتَضۡحَكُونَ وَلَا تَبۡكُونَ
Ва масхаракунон ба Қуръон механдеду ва аз тарси азоб гиря намекунед
Surah An-Najm, Verse 60
وَأَنتُمۡ سَٰمِدُونَ
Ва шумо дар ғафлат мондаед
Surah An-Najm, Verse 61
فَٱسۡجُدُواْۤ لِلَّهِۤ وَٱعۡبُدُواْ۩
Пас, Аллоҳро саҷда кунед ва Ӯро танҳо бо ихлос бипарастед ва тамоми корҳоятонро ба Ӯ таслим кунед
Surah An-Najm, Verse 62