Surah Al-Qamar - Tajik Translation by Khoja Mirov
ٱقۡتَرَبَتِ ٱلسَّاعَةُ وَٱنشَقَّ ٱلۡقَمَرُ
Қиёмат наздик шуд ва моҳ ба ду ним пора гардид
Surah Al-Qamar, Verse 1
وَإِن يَرَوۡاْ ءَايَةٗ يُعۡرِضُواْ وَيَقُولُواْ سِحۡرٞ مُّسۡتَمِرّٞ
Ва агар мушрикон мӯъҷизае бубинанд, ки бар сидқи паёмбарии Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам далолат кунад, аз имон овардан рӯй бигардонанд ва баъд аз ин далелҳои равшан бигӯянд: Ин «ҷодуи бузурге аст,» ки гузаро ва нопойдор аст
Surah Al-Qamar, Verse 2
وَكَذَّبُواْ وَٱتَّبَعُوٓاْ أَهۡوَآءَهُمۡۚ وَكُلُّ أَمۡرٖ مُّسۡتَقِرّٞ
Ва дурӯғ шумурданд кофирон паёмбарии Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро ва аз паи ҳавою ҳавасҳои хеш пайравӣ карданд. Ва ҳар коре, ки дар дунё анҷом мешавад аз неку бад барои соҳиби худ дар рӯзи қиёмат қароргоҳе дорад
Surah Al-Qamar, Verse 3
وَلَقَدۡ جَآءَهُم مِّنَ ٱلۡأَنۢبَآءِ مَا فِيهِ مُزۡدَجَرٌ
Ва ба таҳқиқ барояшон хабарҳое, ки омадааст, аз дурӯғ баровардани умматони пешина паёмбарони худро ва муҷиби азоб гардиданашон, барои кофирони Қурайш ибратест боздоранда, ки аз куфрашон бозистанд
Surah Al-Qamar, Verse 4
حِكۡمَةُۢ بَٰلِغَةٞۖ فَمَا تُغۡنِ ٱلنُّذُرُ
Ин Қуръоне, ки ба наздашон оварда шуд, ҳикмати расо ва басанда аст. Вале бимдиҳандагонро он қавмеро, ки аз Қуръон рӯ гардондаанд ва имон наовардаанд фоида надиҳад
Surah Al-Qamar, Verse 5
فَتَوَلَّ عَنۡهُمۡۘ يَوۡمَ يَدۡعُ ٱلدَّاعِ إِلَىٰ شَيۡءٖ نُّكُرٍ
Пас, эй Расул аз онҳо рӯй бигардон ва то рӯзи бузург мунтазир бош, ки дар он рӯз, ки он даъваткунанда (Исрофил) ононро ба чизе нохуш фаро мехонад ва он рӯз, рӯзи ҳисобу ҷазо аст
Surah Al-Qamar, Verse 6
خُشَّعًا أَبۡصَٰرُهُمۡ يَخۡرُجُونَ مِنَ ٱلۡأَجۡدَاثِ كَأَنَّهُمۡ جَرَادٞ مُّنتَشِرٞ
Дар ҳоле ки чашмонашон хору залил аст. Чун малахҳое пароканда аз қабрҳо берун меоянд ва ба сӯи ҳисоб бо шитоб мераванд
Surah Al-Qamar, Verse 7
مُّهۡطِعِينَ إِلَى ٱلدَّاعِۖ يَقُولُ ٱلۡكَٰفِرُونَ هَٰذَا يَوۡمٌ عَسِرٞ
Сарҳоро боло гирифта ба сӯи он даъваткунанда (Исрофил) мешитобанд. Кофирон мегуянд: «Ин рӯз бениҳоят рӯзи душворест!»
Surah Al-Qamar, Verse 8
۞كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ فَكَذَّبُواْ عَبۡدَنَا وَقَالُواْ مَجۡنُونٞ وَٱزۡدُجِرَ
Эй Расул, пеш аз инҳо (яъне, мушрикони қавмат) қавми Нӯҳ паёмбарашон Нӯҳро дурӯғ шуморида буданд. Пас бандаи Моро дурӯғгӯ шуморида ва гуфтанд: Ӯ «девона аст!» «Ва бо ӯ бо дуруштӣ рафтор шуд
Surah Al-Qamar, Verse 9
فَدَعَا رَبَّهُۥٓ أَنِّي مَغۡلُوبٞ فَٱنتَصِرۡ
Пас Нӯҳ дуъо кард ба ҷониби Парвардигори хеш, ки: «Ҳароина, ман мағлуб шудаам ва тавони муқобил шудани онҳоро надорам аз онҳо, интиқом бигир!»
Surah Al-Qamar, Verse 10
فَفَتَحۡنَآ أَبۡوَٰبَ ٱلسَّمَآءِ بِمَآءٖ مُّنۡهَمِرٖ
Пас мо дуъояшро иҷобат кардем ва дарҳои осмонро ба обе, ки бисёр ба шиддат резандааст, кушодем
Surah Al-Qamar, Verse 11
وَفَجَّرۡنَا ٱلۡأَرۡضَ عُيُونٗا فَٱلۡتَقَى ٱلۡمَآءُ عَلَىٰٓ أَمۡرٖ قَدۡ قُدِرَ
Ва аз замин чашмаҳо шикофтем, сипас об барои коре, ки муқаддар шуда буд, фароҳам омад
Surah Al-Qamar, Verse 12
وَحَمَلۡنَٰهُ عَلَىٰ ذَاتِ أَلۡوَٰحٖ وَدُسُرٖ
Ва ӯро (яъне, Нӯҳ ва қавмашро) бар он киштии аз тахтаҳову мехҳо сохта шудааст, савор кардем
Surah Al-Qamar, Verse 13
تَجۡرِي بِأَعۡيُنِنَا جَزَآءٗ لِّمَن كَانَ كُفِرَ
Киштӣ зери назари Мо равон шуд. Ва такзибкунандагонро ба сабаби куфрашон ғарқ кардем. Ин буд ҷазои касоне, ки куфр варзиданд
Surah Al-Qamar, Verse 14
وَلَقَد تَّرَكۡنَٰهَآ ءَايَةٗ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ
Ва албатта, қиссаи Нӯҳ бо қавми худ ва он киштиро барои ояндагон нишонае сохтем, то ибрат ва панд бигиранд. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст аз ин нишона панду ибрат бигирад
Surah Al-Qamar, Verse 15
فَكَيۡفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
Пас, азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд, барои касоне, ки куфр варзиданд ва паёмбаронро дурӯғ шумориданд
Surah Al-Qamar, Verse 16
وَلَقَدۡ يَسَّرۡنَا ٱلۡقُرۡءَانَ لِلذِّكۡرِ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ
Ва ҳамоно лафзи Қуръонро барои хондан ва ҳифзи он ва андеша намудан ва фаҳмидани маъноҳояш осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст
Surah Al-Qamar, Verse 17
كَذَّبَتۡ عَادٞ فَكَيۡفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
Қавми Од, ки паёмбарашон Ҳудро такзиб карданд, ба азоб гирифторашон кардем. Пас, бингаред, ки азоби Ман барояшон дар ҳоли куфрашон ва бим доданиҳои Ман бар дурӯғ шуморидани паёмбаронашон чи гуна буд
Surah Al-Qamar, Verse 18
إِنَّآ أَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ رِيحٗا صَرۡصَرٗا فِي يَوۡمِ نَحۡسٖ مُّسۡتَمِرّٖ
Ҳароина, Мо бар онҳо дар рӯзи шум барои ҳалок намуданашон пай дар пай боди сарди сахт фиристодем
Surah Al-Qamar, Verse 19
تَنزِعُ ٱلنَّاسَ كَأَنَّهُمۡ أَعۡجَازُ نَخۡلٖ مُّنقَعِرٖ
боде, ки мардумонро аз замин бармеканд ва бар сарҳояшон маҳкам бар замин мекуфт ва сарҳояшон аз баданҳояшон ҷудо мешуд ва гӯё, ки онҳо танаҳои дарахтони хурмои аз реша баркандае буданд
Surah Al-Qamar, Verse 20
فَكَيۡفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
Пас, азоби Ман барояшон дар ҳоли куфрашон ва бим доданиҳои Ман бар дурӯғ шуморидани паёмбаронашон чи гуна буд? (Оре, азоби бузургу дарднок буд)
Surah Al-Qamar, Verse 21
وَلَقَدۡ يَسَّرۡنَا ٱلۡقُرۡءَانَ لِلذِّكۡرِ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ
Ба ҳамоно лафзи Қуръонро барои хондан, ва ҳифзи он ва андеша намудан ва фаҳмидани маъноҳояш осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст
Surah Al-Qamar, Verse 22
كَذَّبَتۡ ثَمُودُ بِٱلنُّذُرِ
Қавми Самуд (яъне, қавми Солеҳ паёмбар) бимдиҳандагонро дурӯғгӯ бароварданд
Surah Al-Qamar, Verse 23
فَقَالُوٓاْ أَبَشَرٗا مِّنَّا وَٰحِدٗا نَّتَّبِعُهُۥٓ إِنَّآ إِذٗا لَّفِي ضَلَٰلٖ وَسُعُرٍ
Сипас гуфтанд: «Оё танҳо башаре аз худамонро пайравӣ кунем? Ӯ яккаву танҳост ва бар даъвати худ ҳеҷ пайравӣ надорад, ҳароина, мо дар ин сурат гумроҳу девона бошем
Surah Al-Qamar, Verse 24
أَءُلۡقِيَ ٱلذِّكۡرُ عَلَيۡهِ مِنۢ بَيۡنِنَا بَلۡ هُوَ كَذَّابٌ أَشِرٞ
Оё аз миёни ҳамаи мо каломи Аллоҳ хос ба ӯ нозил шудааст? Балки, ӯ дурӯғгӯи худписанде аст»
Surah Al-Qamar, Verse 25
سَيَعۡلَمُونَ غَدٗا مَّنِ ٱلۡكَذَّابُ ٱلۡأَشِرُ
Ба зудӣ фардо (яъне, дар вақти фуруд омадани азоб дар дунё ва рӯзи қиёмат онҳо) хоҳанд донист, ки чӣ касе дурӯггӯйи худписанд аст
Surah Al-Qamar, Verse 26
إِنَّا مُرۡسِلُواْ ٱلنَّاقَةِ فِتۡنَةٗ لَّهُمۡ فَٱرۡتَقِبۡهُمۡ وَٱصۡطَبِرۡ
Ҳароина, Мо мувофиқи талаботашон модашутурро аз санг берун оварандаем ва барои озмоиши онҳо фиристанда ҳастем. Пас, эй Солеҳ то фуруд омадани азоб мунтазири онҳо бош ва бар даъвати худ ва бар азиятдоданашон туро сабр кун
Surah Al-Qamar, Verse 27
وَنَبِّئۡهُمۡ أَنَّ ٱلۡمَآءَ قِسۡمَةُۢ بَيۡنَهُمۡۖ كُلُّ شِرۡبٖ مُّحۡتَضَرٞ
Ва ба онҳо бигӯй, ки об миёни онҳо ва шутур тақсим шудааст. (Яъне, рӯзе навбати шутур ва рӯзе навбати онҳо) навбати ҳар кадоме, ки бошад, танҳо он сари об меравад
Surah Al-Qamar, Verse 28
فَنَادَوۡاْ صَاحِبَهُمۡ فَتَعَاطَىٰ فَعَقَرَ
Ёрашонро барои куштани шутур нидо доданд, пас ӯ шамшер баргирифту онро бо дасти худ бикушт
Surah Al-Qamar, Verse 29
فَكَيۡفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
Пас, азоби Ман барояшон дар ҳолати куфрашон ва бим доданиҳои Ман барои касе, ки паёмбарони Маро нофармонбардорӣ кардааст, чи гуна буд
Surah Al-Qamar, Verse 30
إِنَّآ أَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ صَيۡحَةٗ وَٰحِدَةٗ فَكَانُواْ كَهَشِيمِ ٱلۡمُحۡتَظِرِ
Ҳароина, Мо бар онҳо як наъраи даҳшатнок фиристодем. Пас, монанди он алафҳои хушки оғили чаҳорпоён шуданд
Surah Al-Qamar, Verse 31
وَلَقَدۡ يَسَّرۡنَا ٱلۡقُرۡءَانَ لِلذِّكۡرِ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ
Ва ҳамоно лафзи Қуръонро барои хондан ва ҳифзи он ва андеша намудан ва фаҳмидани маъноҳояш осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст
Surah Al-Qamar, Verse 32
كَذَّبَتۡ قَوۡمُ لُوطِۭ بِٱلنُّذُرِ
Қавми Лут бимдиҳандагонро дурӯғгӯ бароварданд
Surah Al-Qamar, Verse 33
إِنَّآ أَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ حَاصِبًا إِلَّآ ءَالَ لُوطٖۖ نَّجَّيۡنَٰهُم بِسَحَرٖ
Ҳароина, Мо бар онҳо сангбоде фиристодем ва ҳамаро ҳалок кардем ғайри хонадони Лут, ки онҳоро саҳаргоҳ (яъне, дар охири шаб) наҷот додем
Surah Al-Qamar, Verse 34
نِّعۡمَةٗ مِّنۡ عِندِنَاۚ كَذَٰلِكَ نَجۡزِي مَن شَكَرَ
Ин наҷот додан неъмате буд аз ҷониби Мо бар Лут ва бар оли ӯ ва ононро, ки сипос гӯянд, чунин подош медиҳем
Surah Al-Qamar, Verse 35
وَلَقَدۡ أَنذَرَهُم بَطۡشَتَنَا فَتَمَارَوۡاْ بِٱلنُّذُرِ
Ва ҳақиқатан Лут онҳоро аз азоби Мо сахт бим дода буд, вале бар шакку гумони худ ба ӯ гӯш надоданд, балки бо бимдиҳандагон ба ҷидол бархостанд
Surah Al-Qamar, Verse 36
وَلَقَدۡ رَٰوَدُوهُ عَن ضَيۡفِهِۦ فَطَمَسۡنَآ أَعۡيُنَهُمۡ فَذُوقُواْ عَذَابِي وَنُذُرِ
Ва бегумон бо Лут дар бораи меҳмононаш (яъне, аз фариштагоне, ки ба сурати мардони ҷавон омада буданд), сухани зиште гуфтанд. Пас Мо чашмонашонро кӯр гардонидем чизеро дида натавонистанд. Ва барояшон гуфта шуд: Бичашед азобу бимдоданиҳои Маро
Surah Al-Qamar, Verse 37
وَلَقَدۡ صَبَّحَهُم بُكۡرَةً عَذَابٞ مُّسۡتَقِرّٞ
Ва ба таҳқиқ, бомдодон азоби пойдору бардавом ба суроғашон омад
Surah Al-Qamar, Verse 38
فَذُوقُواْ عَذَابِي وَنُذُرِ
Пас, ба сабаби куфру такзибатон азоби Ман ва бимдоданиҳои Маро, ки Лут алайҳиссалом ба шумо бим карда буд, бичашед
Surah Al-Qamar, Verse 39
وَلَقَدۡ يَسَّرۡنَا ٱلۡقُرۡءَانَ لِلذِّكۡرِ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ
Ва ҳамоно лафзи Қуръонро барои хондан, ва ҳифзи он ва андеша намудан ва фаҳмидани маъноҳояш осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст
Surah Al-Qamar, Verse 40
وَلَقَدۡ جَآءَ ءَالَ فِرۡعَوۡنَ ٱلنُّذُرُ
Ва ба ростӣ, бимдиҳандагони азоб назди хонадони Фиръавн омаданд
Surah Al-Qamar, Verse 41
كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا كُلِّهَا فَأَخَذۡنَٰهُمۡ أَخۡذَ عَزِيزٖ مُّقۡتَدِرٍ
Ҳамаи оёти Моро, ки далолат бар тавҳиди Мо ва ҳақиқати паёмбаронамон мекард, дурӯғ шумориданд. Он гоҳ Мо низ онҳоро азоб кардем, чун азоб кардани пирӯзманди пурқудрат
Surah Al-Qamar, Verse 42
أَكُفَّارُكُمۡ خَيۡرٞ مِّنۡ أُوْلَـٰٓئِكُمۡ أَمۡ لَكُم بَرَآءَةٞ فِي ٱلزُّبُرِ
Эй ҷамоъати Қурайш, оё кофирони шумо аз онҳо (яъне, аз кофирони қавмҳои гузашта, ки ба сабаби такзибашон ҳалок шуданд,) бартаранд ё дар китобҳои нозилшудаи пешина омадааст, ки аз азоб илоҳӣ дар амон ҳастед? (На! Ҳаргиз чунин нест)
Surah Al-Qamar, Verse 43
أَمۡ يَقُولُونَ نَحۡنُ جَمِيعٞ مُّنتَصِرٞ
Балки кофирони Макка мегӯянд, ки мо ҳамагӣ муттаҳид ва шикастнопазир ҳастем ба интиқом бармехезем ва ҳеҷ гурӯҳ моро мағлуб натавонад кард
Surah Al-Qamar, Verse 44
سَيُهۡزَمُ ٱلۡجَمۡعُ وَيُوَلُّونَ ٱلدُّبُرَ
Ба зудӣ он ҷамъ аз кофирони Макка назди мӯъминон шикаст хоҳанд хӯрд ва пушт гардонда бозгарданд
Surah Al-Qamar, Verse 45
بَلِ ٱلسَّاعَةُ مَوۡعِدُهُمۡ وَٱلسَّاعَةُ أَدۡهَىٰ وَأَمَرُّ
Балки ваъдагоҳи онҳо қиёмат аст ва ба ҷазои мустаҳиқ гирифтор хоҳанд шуд ва азоби қиёмат аз азоби рӯзи Бадр сахттару талхтар аст
Surah Al-Qamar, Verse 46
إِنَّ ٱلۡمُجۡرِمِينَ فِي ضَلَٰلٖ وَسُعُرٖ
Ҳароина, гунаҳкорон дар гумроҳӣ ва девонагианд
Surah Al-Qamar, Verse 47
يَوۡمَ يُسۡحَبُونَ فِي ٱلنَّارِ عَلَىٰ وُجُوهِهِمۡ ذُوقُواْ مَسَّ سَقَرَ
Рӯзе, ки онҳоро ба чеҳраҳояшон дар ҷаҳаннам кашанд, барояшон гуфта мешавад: Бичашед азоби сақарро (дӯзахро)
Surah Al-Qamar, Verse 48
إِنَّا كُلَّ شَيۡءٍ خَلَقۡنَٰهُ بِقَدَرٖ
Ҳароина, Мо ҳар чизро ба андоза офаридаем! (Ва илми Мо дар он пеш рафтааст ва дар Лавҳи Маҳфуз сабт шудааст)
Surah Al-Qamar, Verse 49
وَمَآ أَمۡرُنَآ إِلَّا وَٰحِدَةٞ كَلَمۡحِۭ بِٱلۡبَصَرِ
Ва фармони Мо танҳо як фармон аст ва он гуфтани як калима аст: "Шав!" пас, мешавад, монанди чашм бар ҳам задан аст
Surah Al-Qamar, Verse 50
وَلَقَدۡ أَهۡلَكۡنَآ أَشۡيَاعَكُمۡ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ
Ва касоне, ки монанди шумо дар доираи куфр буданд, аз умматони гузашта албатта, онҳоро ҳалок кардем. Оё аз ин азобҳое, ки ба онҳо расид, пандгирандае ҳаст
Surah Al-Qamar, Verse 51
وَكُلُّ شَيۡءٖ فَعَلُوهُ فِي ٱلزُّبُرِ
Ҳар коре, ки кардаанд, аз неку бад дар дафтарҳост навишта ва сабтшуда бо дасти фариштагони маъмуре, ки ба ин кор амр шудаанд
Surah Al-Qamar, Verse 52
وَكُلُّ صَغِيرٖ وَكَبِيرٖ مُّسۡتَطَرٌ
Ҳар кори бузургу хурде, ки дар дунё кардаанд, дар дафтарҳои махсус навишта шудааст ва ба он ҷазо дода мешаванд
Surah Al-Qamar, Verse 53
إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي جَنَّـٰتٖ وَنَهَرٖ
Ҳароина, парҳезгорон рӯзи қиёмат дар боғҳои бузург ва ҷӯйборони васеъи биҳишт қарор доранд
Surah Al-Qamar, Verse 54
فِي مَقۡعَدِ صِدۡقٍ عِندَ مَلِيكٖ مُّقۡتَدِرِۭ
дар маҷлиси ростин, ки беҳудагӯӣ ва бадкорӣ дар он вуҷуд надорад назди подшоҳи тавоно, ки Офаридгори ҳамаи коинот аст
Surah Al-Qamar, Verse 55