Surah Al-Muddathir - Tajik Translation by Khoja Mirov
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡمُدَّثِّرُ
Эй ҷома дар сар кашида
Surah Al-Muddathir, Verse 1
قُمۡ فَأَنذِرۡ
бархез аз ҷои хобат, пас бим деҳ одамонро аз азоби Аллоҳ
Surah Al-Muddathir, Verse 2
وَرَبَّكَ فَكَبِّرۡ
Ва такбиру таъзиму ибодатро махсуси Парвардигорат гардон
Surah Al-Muddathir, Verse 3
وَثِيَابَكَ فَطَهِّرۡ
Ва ҷомаатро аз наҷосатҳо покиза дор
Surah Al-Muddathir, Verse 4
وَٱلرُّجۡزَ فَٱهۡجُرۡ
Ва давомат кун дурӣ ҷӯстанро аз бутҳо ва аз корҳои ширк, пас ба онҳо наздикӣ макун
Surah Al-Muddathir, Verse 5
وَلَا تَمۡنُن تَسۡتَكۡثِرُ
Ва чизе мадеҳ, ки беш аз он чашм дошта бошӣ
Surah Al-Muddathir, Verse 6
وَلِرَبِّكَ فَٱصۡبِرۡ
Ва барои розигии Парвардигорат бар амру наҳйҳояш собир бош
Surah Al-Muddathir, Verse 7
فَإِذَا نُقِرَ فِي ٱلنَّاقُورِ
Пас он гоҳ ки дар сур (карнай) барои аз нав зинда шудан, дамида шавад
Surah Al-Muddathir, Verse 8
فَذَٰلِكَ يَوۡمَئِذٖ يَوۡمٌ عَسِيرٌ
пас он рӯз рӯзи сахте хоҳад буд
Surah Al-Muddathir, Verse 9
عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ غَيۡرُ يَسِيرٖ
Барои кофирон осон нест, ки халос шаванд аз муноқишаи ҳисобу китоб
Surah Al-Muddathir, Verse 10
ذَرۡنِي وَمَنۡ خَلَقۡتُ وَحِيدٗا
Маро эй Паёмбар, бо он ки дар шиками модараш танҳояш бе молу фарзанд, офаридаам, вогузор
Surah Al-Muddathir, Verse 11
وَجَعَلۡتُ لَهُۥ مَالٗا مَّمۡدُودٗا
Ва ӯро моли бисёре додам
Surah Al-Muddathir, Verse 12
وَبَنِينَ شُهُودٗا
Ва писароне ҳама дар Макка назди ӯ ҳозир
Surah Al-Muddathir, Verse 13
وَمَهَّدتُّ لَهُۥ تَمۡهِيدٗا
Ва васоили зиндагиро аз ҳар ҷиҳат барои ӯ фароҳам сохтаам
Surah Al-Muddathir, Verse 14
ثُمَّ يَطۡمَعُ أَنۡ أَزِيدَ
Он гоҳ тамаъ мебандад, ки бар неъматаш биафзоям
Surah Al-Muddathir, Verse 15
كَلَّآۖ إِنَّهُۥ كَانَ لِأٓيَٰتِنَا عَنِيدٗا
Ҳаргиз, ки ҳамоно, ӯ дар баробари Қуръон ва оёти Мо саркашӣ карду ситеза ҷӯст
Surah Al-Muddathir, Verse 16
سَأُرۡهِقُهُۥ صَعُودًا
Зуд аст, ки ба сараш машаққатҳоеро аз навъҳои азобе, ки дар он роҳат нест меорем
Surah Al-Muddathir, Verse 17
إِنَّهُۥ فَكَّرَ وَقَدَّرَ
Ҳароина, ӯ андешид ва нақшае кашид
Surah Al-Muddathir, Verse 18
فَقُتِلَ كَيۡفَ قَدَّرَ
Пас марг бар ӯбод, чӣ гуна нақшае кашид
Surah Al-Muddathir, Verse 19
ثُمَّ قُتِلَ كَيۡفَ قَدَّرَ
Боз ҳам марг барӯ бод, чӣ нақшае кашид
Surah Al-Muddathir, Verse 20
ثُمَّ نَظَرَ
Сипас он гоҳ, ки нигарист, (яъне, фикр карду нақша кашид ва тайёрӣ дид дар таъна задани Қуръон)
Surah Al-Muddathir, Verse 21
ثُمَّ عَبَسَ وَبَسَرَ
Сипас рӯй турш кард ва пешонӣ дарҳам кашид. Баъд аз он, ки чизе наёфт, ки ба он Қуръонро таъна занад
Surah Al-Muddathir, Verse 22
ثُمَّ أَدۡبَرَ وَٱسۡتَكۡبَرَ
Сипас рӯй гардонид аз ҳақ ва гарданкашӣ кард аз эътироф шудан ба мағлубияташ
Surah Al-Muddathir, Verse 23
فَقَالَ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ يُؤۡثَرُ
Пас гуфт дар бораи Қуръон: «Ин чизе, ки Муҳаммад мегӯяд, ҷуз ҷодуе, манқул аз пешиниён ривоят шуда, ҳеҷ нест
Surah Al-Muddathir, Verse 24
إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا قَوۡلُ ٱلۡبَشَرِ
Ин сухани махлуқон аст, ки Муҳаммад онро таълим гирифтаасту, баъд аз он даъво мекунад, ки он аз назди Аллоҳ аст
Surah Al-Muddathir, Verse 25
سَأُصۡلِيهِ سَقَرَ
Ба зудӣ ӯро ба сақар (дӯзах) бияфканам. То бисӯзад дар оташаш
Surah Al-Muddathir, Verse 26
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا سَقَرُ
Ту чӣ медонӣ, ки сақар чи гӯна аст
Surah Al-Muddathir, Verse 27
لَا تُبۡقِي وَلَا تَذَرُ
На, гӯштеро боқӣ мегузорад ва на устухонеро раҳо месозад
Surah Al-Muddathir, Verse 28
لَوَّاحَةٞ لِّلۡبَشَرِ
Тағйирдиҳанда ва сиёҳкунандаи пӯст аст
Surah Al-Muddathir, Verse 29
عَلَيۡهَا تِسۡعَةَ عَشَرَ
Нуздаҳ фаришта барои азоби онҳо муваккаланд
Surah Al-Muddathir, Verse 30
وَمَا جَعَلۡنَآ أَصۡحَٰبَ ٱلنَّارِ إِلَّا مَلَـٰٓئِكَةٗۖ وَمَا جَعَلۡنَا عِدَّتَهُمۡ إِلَّا فِتۡنَةٗ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ لِيَسۡتَيۡقِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَيَزۡدَادَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِيمَٰنٗا وَلَا يَرۡتَابَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَلِيَقُولَ ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ وَٱلۡكَٰفِرُونَ مَاذَآ أَرَادَ ٱللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلٗاۚ كَذَٰلِكَ يُضِلُّ ٱللَّهُ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَمَا يَعۡلَمُ جُنُودَ رَبِّكَ إِلَّا هُوَۚ وَمَا هِيَ إِلَّا ذِكۡرَىٰ لِلۡبَشَرِ
Муваккалони дӯзахро ҷуз аз фариштагони сахтгир қарор надодем. Ва шумори онҳо ҷуз барои имтиҳони кофирон нест. То аҳли китоб (Яҳуд ва Насоро) бовар кунанд ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва ахди китобу мӯъминон шак накунанд. Ва то он мунофиқон ва кофирон, ки дар дилҳояшон маразест, бигӯянд: «Аллоҳ аз ин шумораи аҷоиб чӣ мехостааст?» Аллоҳ инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад роҳ менамояд. Ва шумори лашкари Парвардигоратро ҷуз Ӯ кассе надонад. Ва ин ҷаҳаннам ҷуз ҳушдор ва панде аз барои мардум нест
Surah Al-Muddathir, Verse 31
كَلَّا وَٱلۡقَمَرِ
Инчунин нест, ки онҳо мепиндоранд, савганд ба моҳ
Surah Al-Muddathir, Verse 32
وَٱلَّيۡلِ إِذۡ أَدۡبَرَ
Ва савганд ба шаб, чун пушт кунад рӯй ба рафтан орад
Surah Al-Muddathir, Verse 33
وَٱلصُّبۡحِ إِذَآ أَسۡفَرَ
Ва савганд ба субҳ, чун парда барафканад
Surah Al-Muddathir, Verse 34
إِنَّهَا لَإِحۡدَى ٱلۡكُبَرِ
ки ҳароина, ин дӯзах яке аз ҳодисаҳои бузург аст
Surah Al-Muddathir, Verse 35
نَذِيرٗا لِّلۡبَشَرِ
Тарсонандаи одамиён аст
Surah Al-Muddathir, Verse 36
لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَتَقَدَّمَ أَوۡ يَتَأَخَّرَ
Барои ҳар касе аз шумо, ки бихоҳад, наздик шудан ба Парвардигорашро бо амали нек ё бозпас монад бо куфру нофармонӣ
Surah Al-Muddathir, Verse 37
كُلُّ نَفۡسِۭ بِمَا كَسَبَتۡ رَهِينَةٌ
Ҳар кас гаравгони корест, ки кардааст, хоҳ нек аст, хоҳ бад аз он раҳо намеёбад, то он вақте ки ҳаққашро бидиҳад
Surah Al-Muddathir, Verse 38
إِلَّآ أَصۡحَٰبَ ٱلۡيَمِينِ
Ғайри мусалмонони холис онҳое, ки худашонро бо амалҳои шоиста наҷот доданд
Surah Al-Muddathir, Verse 39
فِي جَنَّـٰتٖ يَتَسَآءَلُونَ
Онҳо дар биҳиштҳо нишастаанд ва аз якдигарашон мепурсанд
Surah Al-Muddathir, Verse 40
عَنِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ
аз кофироне, ки дар ҳаққи худашон гуноҳ кардаанд
Surah Al-Muddathir, Verse 41
مَا سَلَكَكُمۡ فِي سَقَرَ
Чӣ чизҳое шуморо ба ҷаҳаннам даровард
Surah Al-Muddathir, Verse 42
قَالُواْ لَمۡ نَكُ مِنَ ٱلۡمُصَلِّينَ
Гӯянд гунаҳкорон: "Мо дар дунё аз намозгузорон набудем
Surah Al-Muddathir, Verse 43
وَلَمۡ نَكُ نُطۡعِمُ ٱلۡمِسۡكِينَ
ва ба дарвешону камбағалон таъом намедодем
Surah Al-Muddathir, Verse 44
وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ ٱلۡخَآئِضِينَ
ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем
Surah Al-Muddathir, Verse 45
وَكُنَّا نُكَذِّبُ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ
ва рӯзи қиёматро дӯруғ мешуморидем
Surah Al-Muddathir, Verse 46
حَتَّىٰٓ أَتَىٰنَا ٱلۡيَقِينُ
то марги мо фаро расид ва мо дар ҳамон гумроҳӣ будем
Surah Al-Muddathir, Verse 47
فَمَا تَنفَعُهُمۡ شَفَٰعَةُ ٱلشَّـٰفِعِينَ
Пас, шафоъати шафоаткунандагон фоидаашон набахшад. Зеро шафоъат барои онҳоест, ки Аллоҳ таъоло аз онҳо розист ва барои шафоаткунанда иҷозат додааст
Surah Al-Muddathir, Verse 48
فَمَا لَهُمۡ عَنِ ٱلتَّذۡكِرَةِ مُعۡرِضِينَ
Пас он мушриконро чӣ шудааст, ки аз Қуръон ва пандҳои он рӯй гардонанд
Surah Al-Muddathir, Verse 49
كَأَنَّهُمۡ حُمُرٞ مُّسۡتَنفِرَةٞ
Монанди харони ваҳшие, ки рамида
Surah Al-Muddathir, Verse 50
فَرَّتۡ مِن قَسۡوَرَةِۭ
аз шер мегурезанд
Surah Al-Muddathir, Verse 51
بَلۡ يُرِيدُ كُلُّ ٱمۡرِيٕٖ مِّنۡهُمۡ أَن يُؤۡتَىٰ صُحُفٗا مُّنَشَّرَةٗ
Балки ҳар як аз он мушрикҳо мехоҳанд, ки аз сӯйи Аллоҳ китоби кушодае ба ӯ дода шавад
Surah Al-Muddathir, Verse 52
كَلَّاۖ بَل لَّا يَخَافُونَ ٱلۡأٓخِرَةَ
На чунин аст, ки онҳо мепиндоранд, балки онҳо аз охират наметарсанд. Ва ба баъсу ҷазо боварӣ надоранд
Surah Al-Muddathir, Verse 53
كَلَّآ إِنَّهُۥ تَذۡكِرَةٞ
На чунин аст, ки онҳо дар бораи Қуръон меандешанд албатта, ки ин Қуръон пандест агар саъодати худро бихоҳанд
Surah Al-Muddathir, Verse 54
فَمَن شَآءَ ذَكَرَهُۥ
пас ҳар кӣ бихоҳад, онро бихонад ва аз он андарз бигирад ва аз ҳидояташ фоида бибарад
Surah Al-Muddathir, Verse 55
وَمَا يَذۡكُرُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ هُوَ أَهۡلُ ٱلتَّقۡوَىٰ وَأَهۡلُ ٱلۡمَغۡفِرَةِ
Ва панд нагиранд, магар ин ки Аллоҳ хоҳад ҳидояти онҳоро. Ӯ таъоло шоёни он аст, ки аз Ӯ битарсанд ва итоъаташ кунанд. Ва Ӯ шоёни омӯрзидан аст касонеро, ки ба Ӯ имон оранду итоъаташ кунанд
Surah Al-Muddathir, Verse 56